ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН (ШАРҲИ ЯКЕ АЗ МАТОЛИБИ МУБРАМИ ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА МО ҶТ)

Яке аз хусусиятҳои вижаи замони муосир – ноустуворӣ ва тағйирпазирии аксари вақтҳо ногаҳонӣ ва пешбининашудаи вазъи умумии ҷаҳон имрӯза ба шумор меравад. Чунин хусусияти ҷаҳони имрўза омилҳо ва сабабҳои гуногуни ичтимоӣ ва табиӣ дорад.
Масалан, намунаи равшани омили табиии тағйирёбии вазъи ҷаҳони муосир, пайдоиш ва густариши вируси сироятии Ковид-19 мебошад, ки ҷони садҳо ҳазор одамонро рабуда, ба миллионҳо нафари дигар сироят намуда, ҳам ба иқтисодиёти миллии кишварҳо ва ҳам ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарари бузург расонида истодааст.
Аммо, дар баробари чунин омилҳои табиӣ, омилҳои дигари вайронкунандаи вазъу набзи муътадили ҷаҳон низ вуҷуд доранд, ки онҳоро на муҳити табиӣ, балки муҳити иҷтимоӣ тавлид намудааст. Мисоли возеҳи чунин омили иҷтимоии халалдоркунандаи ҷаҳон ва набзи муътадили ҳаёт дар ҳар як дилхоҳ кишвари ҷаҳон, чӣ хеле ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2021) ба таври амиқу дақиқ шарҳу тавзеҳ додаанд, - хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд. Ин омили хатарноку ҳалокатбор моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Сарвари давлат зимни суханронии худ ҷиҳати тақвият бахшидан ба муқовимат алайҳи фаъолияти тахрибкоронаи пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирии таҳдиди он ба амнияти миллию давлатии Тоҷикистон ба макомоти масъули ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои дахлдор як қатор супоришҳо ва тавсияҳои муҳим доданд, ки иҷрои онҳо барои аз фазои амну осоиштаи иҷтимоии Тоҷикистон пурра дафъ кардани хатари эктремизму терорризми фаромиллӣ мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шудааст, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд. Маҳз хусусияти фаромиллӣ доштани терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ҳар як кишвари соҳибистиқлолро водор мекунад, ки дар самти мубориза бо ин гуна ҷиноятҳо ҳамкориро бо давлатҳои ҳамсоя, шарикони стратегӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вусъат бахшад. Зимнан, тавре, ки Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз кишвари бо мо ҳамсояи Афғонистон, ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Дар Паёми Сарвари давлат Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, инчунин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд. Аз мазмуни Паёми Сарвари давлат чунин хулосаи мантиқӣ бармеояд, ки вазифаи аз ҳама мушкилу масъулиятнок ва калидӣ дар муқовимат бо экстремизму терроризм ва аз байн бурдани хатари ин омилҳои харобиоварро Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҷро мекунанд. Маҳз ҳамин сохторҳо вазифаи пуршарафи ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятиро ба дўш доранд.
Чӣ тавре Сарвари давлат таъкид карданд, барои тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, мунтазам баланд бардоштани рўҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ зарур мебошад.
Сарвари давлат дар суханронии худ бо як ҳисси ифтихор зикр карданд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таълими низомӣ таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан – Модар содиқона хизмат карда истодаанд. Хамзамон, Сарвари давлат таъкид карданд, ки бо дарназардошти шароити имрӯза низоми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бояд такмилу азнавсозӣ ва бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин карда шаванд.
Дар идомаи суханронии худ Сарвари давлат хотирнишон карданд, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад. Аз ин рў, ба Вазорати мудофиа супоиш дода шуд, ки барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ тадбирҳои заруриро андешад ва дар амал татбиқ намояд. Вазорати мудофиа, инчунин, вазифадор карда шудааст, ки корро бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ тақвият бахшида, омӯзонидани онҳоро аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монад ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад. Сарвари давлат роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор карданд, ки ҷиҳати муҳайё кардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангӣ, омӯзиши касбии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан таваҷчуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуда, риояи қатъии интизоми хизматӣ, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан, кирдорҳои коррупсионӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро ба таври қатъӣ назорат кунанд. Матлаби муҳиме ки Президенти кишвар дар Паёми худ ба он ишора кардаанд, ин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ - кафили амнияти миллию давлатӣ, сулҳу субот ва рушди осоиштаи ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳақиқат, Артиши миллии Тоҷикистон аз оғози даврони истиқлолият то имрўз вазифаи пуршарафи худро содиқона ва бо муваффақият иҷро карда, барои ба фазои осоиштаи Тоҷикистон роҳ надодани экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва умуман, бартараф кардани ҳамагуна омилҳои хатарнок хизмати бузургеро анҷом дода истодааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон имрўз воқеан ҳам сипари боэътимоди Ватан, миллати озод ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Имрўз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои ҳифзи хоки муқаддаси Тоҷикистон ва давлату миллати соҳибистиқлоли тоҷик аз ҳар гуна омилҳои хатарнок, мисли фаъолияти тахрибкоронаи ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҳаматарафа тайёру омода мебошад ва ин вазифаро сарбаландона иҷро карда, намегузорад, ки ҳаёти амну осоишта ва рушди босуботи ҷамъиятию иқтисодии кишвари моро хатаре таҳдид кунад. Аз ин рў, тамоми афсарону сарбозони Ватанро ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо ҳам дар ҳаёти шахсӣ, ҳам дар ҷодаи хизмат ба Ватан комёбию сарфарозиро таманно мекунем.
Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажуҳиши анъанау маросим ва диншиносии муқоисавӣ.

Яндекс.Метрика