Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд. Идомаи фаъоли муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, таъмини рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун муҳим дониста шуд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сухан бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарм Садир Жапаров барои пазироии самимӣ ва танзими хуби кори ҳамоиш изҳори сипос намуда, қолаби СҲШ+ро “заминаи хуби рушди ҳамкории бисёрҷониба ва нишонаи эътибори афзояндаи Созмони ҳамкории Шанхай” номиданд. Дар идома гуфта шуд, ки “имрӯз ҷаҳон бо мухолифатҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм, инчунин мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯбарӯ аст”. Бо изҳори нигаронӣ аз авзои ҷаҳони имрӯза Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ҳамчунин, таъкид доштанд, ки “таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар ба назар мерасад ва моро водор мекунад, ки нерӯҳои худро муттаҳид кунем ва стратегияи вокуниши муштарак таҳия намоем”. Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо аз пешниҳоди нави Тоҷикистон дар бораи “Барномаи чаҳорчӯбаи Душанбе оид ба об” барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 ёдовар шуданд, ки дар баробари чаҳорчӯбҳои муҳиме чун “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо” ҷавобгӯи ормонҳои аҳли башар дар ин масир хоҳад буд. Зикр гардид, ки “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ҳам, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии СММ пешбарӣ шудааст, ҳамчун як чаҳорчӯби байналмилалии матлуб рушд мекунад. Изҳори итминон карда шуд, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд. Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2027 Тоҷикистон нақша дорад дар доираи ин даҳсола якҷоя бо СММ аввалин Конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва аз шарикони байналмилалӣ даъват карданд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок варзанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки “Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба пешбурди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ таъкид мекунад, ки муколамаи байни тамаддунҳо ва тақвияти сулҳ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ воситаҳои муҳими муқовимат ба тафриқа, экстремизм ва радикализм мебошанд”. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки СММ ва СҲШ бар асоси арзишҳо ва принсипҳои муштараки ҳамкории созанда метавонанд дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии одилона, фарогир ва устувор нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошанд. Гуфта шуд, ки “Тоҷикистон омода аст дар пешрафти ин раванди созанда якҷоя бо ҳамаи давлатҳо дар доираи “СҲШ+”, СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ саҳмгузор бошад”.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак”

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак”  иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ба Роҳбари он Садир Жапаров барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва ташкили  сатҳи баланди ҳамоиш изҳори сипос намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи “Панҷгонаи Шанхай” ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирокдори фаъол дар таҳаввули онҳо, бунёдгузории созмон ва таҳкими обурӯи байналмилалии он буду ҳаст. Сарвари давлати мо аз шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар мушкилоти кунунӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки  таъмини амният дар ин авзоъ корбурдҳои бештар муассирро тақозо менамояд. “Дар фурсатҳои наздиктарин фаъол гардондани кори Маркази зидди маводи нашъадор ва Маркази универсиалии мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ метавонад аз ҷумлаи табдирҳои муштараки муассир дар ин самт бошад”, – изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳал намудани ҳамаи низоъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Ҷумҳурии Исломии Эронро, таъкид намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии устувори Тоҷикистонро ба пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот таъкид дошта, ба сарони давлатҳои шарик барои дастгирии ташаббуси кишвари мо дар эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” арзи сипос намуданд. Дар идомаи сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи созмонро аз авлавиятҳои дигар номида, зарур донистанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ такони бештар дода шавад. Гуфта шуд, ки густариши иқтисоди рақамӣ, навоварӣ ва технологияҳои баланд, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба рушди дарозмуддат мусоид мекунад. Бо назардошти танишҳо дар бозорҳои энергетикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, даъват карда шуд, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи энергетикаи анъанавӣ ва пешбурди лоиҳаҳои гузариш ба неруи “сабз” тақвият дода шавад. Пешниҳод гардид, ки таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ ва Платформаи минтақавии рақамии агроэкологӣ дар минтақаи СҲШ омӯхта шавад. Аз пешрафт дар таъсиси Бонки рушди СҲШ истиқбол карда шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии вайроншавии замин ва таъмини амнияти экологиро дар шароити имрӯза аз ҳадафҳои стратегии рушди устувор номиданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самтҳо минбаъд низ мавриди дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир Ҷумҳурии Исломии Покистонро барои қабули раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳният гуфта, ҷонибдории худро аз иқдоми эълони шаҳри Лоҳур чун пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2026-2027 изҳор намуданд.

МАҚОЛАҲО

Зиёдаравию таассуб ва сахтгирию ифрот аз ислом нестанд!

Дар фазои илмӣ-таҳқиқотии ҷомеаи мо коршиносон мавзуи ифротгаройии динӣ ва хатари онро ба субот ва амнияти ҷомеа бисёр баррасӣ менамоянд ва мавриди таҳқиқу таҳлили ҷиддии илмӣ қарор медиҳанд. Аммо мавзуи таассуби динӣ ва хатари он ба ҷомеа, аз чӣ бошад, ки аз назари эшон дар канор мемонад. Вақте ба таассуби динӣ ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ назар меандозем ва кӯшиш менамоем, ки моҳият, сабаб ва пайомадҳои онро таҳқиқ намоем, дармеёбем, ки хатари он аз ифротгаройии динӣ камтар нест. Зимни таҳқиқи ҳар ду падида ва таҳлили муқоисавии онҳо ба осонӣ метавон дарёфт, ки онҳо ба ҳамдигар хеле шабоҳат доранд ва ҳатто метавон гуфт, ки ҳадафи ягонаро пайгирӣ менамоянд, зеро дар бисёр ҳолатҳо маҳз таассуб замина ё маншаи ташаккули ақидаю ҳадафҳои ифротиро ташкил менамояд. Аз ин нуқтаи назар, хатари таассуби динӣ барои субот ва амнияти ҷомеа аз ифротгаройии динӣ камтар нест. Таҳқиқи илмии моҳияти таассуби динӣ, яъне ошкор намудани чистияти он ва пайомадҳои хатарбори он ба суботу амнияти ҷомеа имкон медиҳад, ки дар баробари муқовимат эҷод намудан ба раванди ташаккулу интишори ифротгаройии динӣ ҳамзамон ба таҳкими суботу оромии ҷомеа низ саҳмгузорӣ карда шавад. Агарчанде таассуби динӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар таърихи тамоми динҳо дар ҳамаи марҳилаҳои он ба мушоҳида мерасад, аммо мафҳуми “таассуб”-ро дар шакли аврупоии фанатизм (лат. fanaticus «ҳаяҷони шадид, шадиднок”») бори аввал воиз ва фақеҳи фаронсавӣ Жак-Бенин Боссюэ (1627-1704) ба фазои илмӣ ворид намудааст. Ӯ протестантҳоро, ки таълимоташон на аз қоидаҳо ва муқаррароти калисо, балки пурра аз Худо вобаста аст, мутаассиб ҳисобидааст (Ru.wikipedia.org/wiki/ Религиозный_фанатизм. Рӯзи муроҷиат: 27.07.2026). Аз чунин нуқтаи назари Жак – Бенин Боссюе чунин бардошт ҳосил мегардад, ки ҳар андеша ва мавқеи бегона, чун қобили қабул нест (агарчи беасос нест, яъне аз лиҳози мантиқ асоснок ва қобили қабул аст, зеро дигар ҷониб низ ҳақ дорад, ки объекти эътиқод дошта бошад), он таассуб маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, хатари таассуби динӣ барои ҳар гуна ҷомеа дар шароити ҳар чӣ бештар интишор ёфтани низоми гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамзистии фарҳангҳои мухталиф ва тарзи дунявии зисту пешбурди ҳаёт дар он ифода меёбад, ки он ҳама гуна афкору ақоиди бегонаро номақбул ҳисобида, бар зидди он мубориза бурданро ҳатмӣ мешуморад. Чунин нигоҳ ва мавқеъ барои ҷомеаҳои дунявию мардумсолорӣ аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки он сарчашмаи низоъ ба ҳисоб рафта, метавонад омили пайдоиши даргириҳои хунини мазҳабӣ шавад. Қобили зикр аст, ки вожаи “таассуб” арабӣ буда, ба маъноҳои “муҳаббати беандоза ба авлод, миллат ва ҳар чизе, ки худист” ва “дилбастагии кӯр-кӯрона ” тарҷима мешавад. Ҳамин тариқ, бо дарназардошти маънои луғавӣ ва истилоҳӣ таассуби диниро метавон ҳамчун дилбастагии аз ҳад зиёд ва кӯр-кӯрона ба ғояҳои динӣ ва кӯшишу талоши зиёд барои пайравии ҳатмӣ ба онҳо дар ҳаёти амалӣ, ҳамзамон муносибати манфӣ ва бетаҳаммулона ба дину афкори бегона таъриф дод. Пайгирии мавзуи мазкур дар таълифоти муҳаққиқон бар он далолат мекунад, ки мафҳумҳои таассуб ва зиёдаравӣ аз ҷиҳати маъно ва таъиноташон ба ҳам наздиканд. Бинобар ин, иддае аз коршиносони соҳаи мазкур онро якҷо истифода мебаранд. (Ниг. Мавқеи имомҳои ислом дар нисбати таассуби мазҳабӣ ва зиёдаравӣ дар дин ва талоши онҳо барои таъмини эътидол”, (ба забони арабӣ), search. mandumah. Com /Record /1174540; “Таассуб, зиёдаравӣ ва фарҳанги эътидол”,(ба забони арабӣ ), alsabaah.ig/24016-.html.). Иддаи дигари коршиносон бар он назаранд, ки “зиёдаравӣ ба ташаддуд (дар луғат: дар чизе сахт истодагарӣ кардан), ки он таассуб аст, меоварад. Ҳамзамон бар он ишора менамоянд, ки ташаддуд ва таассуб ба татарруф (дар луғат: эътиқоди ифротӣ доштан), меоваранд, яъне асли татарруф ташаддуд ва таассуб аст, ки сабаби асосияшон зиёдаравӣ дар дин аст”. (ниг. http://www. elbalad. news/ 6275184)05.-8.2026). Сарчашмаи зикршуда, доир ба мафҳумҳои зикршуда маълумоти бештар пешниҳод намуда, ҳамзамон таъкид менамояд, ки зиёдаравӣ дар луғат “аз ҳад гузаштан аст” ва онро ном танаттуъ (дар луғат: аз ҳад зиёд сахтгир будан), ташаддуд ва тасаллуб(дар луғат: яхбаста будан) аст. Ҳамин тариқ, зимни таҳлилу таҳқиқи андешаи коршиносон доир ба таассубу зиёдаравӣ ба чунин хулосае хоҳем расид, ки онҳо дар забони арабӣ ҳангоми баррасии мафҳумҳои зикршуда инчунин мафҳумҳои ташаддуд, тасаллуб, татарруф ва танаттуъро истифода бурда, ба мавҷудияти алоқамандии маъноии онҳо ишора менамоянд. Ба қавли дигар, ҳама гуна таассубу зиёдаравӣ ҳамчун амали фитна тадриҷан ба сахтгирию ифрот оварда расонида, омили низоъю тафриқа дар ҷомеа хоҳанд шуд. Бинобар ин, дини ислом ҳама гуна зиёдаравию таассуб ва сахтгирию ифротро маҳкум намуда, дар муқобили онҳо роҳи васат ва эътидолро роҳи дуруст ва муфиди пайравӣ аз дин тавсия додааст: “ Ва ҳамчунин шуморо гурӯҳе васат (ҳамоне, ки мавқеи мобайниро ишғол менамояд -А.К.) сохтем, то бар мусулмонон гувоҳ бошед ва то расул бар шумо гувоҳ бошад” (Бақара, 143). Қобили зикр аст, ки коршиносон ба се маънои мафҳуми “Васат” ишора мекунанд: Аввал, он маънои адл ва адолатро ифода мекунад, яъне мақсад аз васат таъмини адл аст. Дуюм, бо такя бо мазмуни оятҳои 110 аз сураи “Оли Имрон” ва ояти 28 аз сураи “Қалам” он маънои беҳтаринро медиҳад, яъне бо ишғоли мавқеи васат шахс, гурӯҳ ё ҷомеа аз ҷумлаи беҳтаринҳо маҳсуб меёбад. Сеюм он ба ишғол намудани мавқеи мобайнӣ ишора менамояд, яъне байни ғулув (зиёдаравӣ) ва тақсир (саҳлангорӣ), байни ифрот ва тафрит, байни исроф ва хасисӣ (сарфакории аз ҳад зиёд). (Ал-васатияту фил-ислом. Islamweb.net. 24.08.2026. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки вожаи “Васат”, ки аз забони арабӣ ба маъноҳои “мобайн, марказ, миёна” тарҷима мешавад, дар баъзе тарҷимаҳои тоҷикӣ “мухтор”, дар базеи дигар “беҳтарин” ва дар тарҷимаи Э. Кулиев ба маънои “ҷамоае, ки мавқеи мобайниро ишғол менамояд” омадааст. Ҳамин тариқ, дини ислом зиёдаравию сахтгириро маҳкум намуда, онҳоро аз амали ғайриисломӣ маҳсуб медонад ва бар ивази онҳо, чуноне, ки Қуръон мефармояд “ Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад”. Бақара, 185.) осонгириро тавсия медиҳад. Маънии мазкур дар ҳадис низ бо забони фасеҳ баён ёфттааст: Осонгирӣ кунед, сахтгирӣ накунед. Мардумро башорат диҳед, онҳоро тарсонда, нагурезонед. Паёмбари ислом хатари таассуб, зиёдаравӣ ва ифротгароиро дарк намуда, барои пешгирӣ аз зиёдаравӣ ва таассуб фармудааст: Аз зиёдаравӣ дар дин эҳтиёт кунед. Ҳар оина онҳое, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок шуданд. Дар ҳадиси дигар низ фармудааст: Ҳар оина дин сабукӣ аст. Пайғамбар ҳамчунин мефармояд: Дин матин, устувор аст. Ба он бо мулоимӣ ворид шавед, яъне сайр кунед. Дар дилҳоятон ба сабаби ибодати Аллоҳ ба дин буғзу кина, бадбинӣ эҷод накунед.Ҳар оина мусофирро роҳаш қатъ гардид, аммо ҳадаф иҷронашуда монд.

Президент, Хабарҳо

Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад. Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад. Интихоби 31 август аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд. Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин ташаббус саҳми муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, мавқеи фаъоли кишварро дар истифодаи технологияҳои навин ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният инъикос менамояд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои кӯчманчиён

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар маросими ифтитоҳи тантанавии бозиҳои 6-уми ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд. Бозиҳои кӯчманчиён дар варзишгоҳи Бишкек Аренаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 31 август то 6 сентябр идома меёбад. Он ба рӯзи истиқлолияти ин кишвар ва ҳамоиши ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост омад. Ба иштирокдорони чорабинӣ намоиши театрикунонидашудаи инъикосгари таъриху анъанаҳои ин бозӣ пешкаш карда шуд. Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои СҲШ ва дигар сарони ҳукуматҳо, аз ҷумла бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф,  дидору суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд. Дар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки робитаҳои мардумони ду кишвар решаҳои куҳани таърихӣ ва тамаддуниву фарҳангӣ доранд. Ба масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетиĸа, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Рушди ҳамĸории фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Авзоъ дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон бо тамаркуз ба роҳҳои ҳалли сиёсии низоъҳои минтақа дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дошт. Табодули афкор, ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, сурат гирифт.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Никол Пашиниянро барои аз нав таъйин гардидан ба мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрик намуда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид доштанд. “Мо барои талошҳои минбаъдаи муштарак баҳри ғанӣ гардонидани муносибатҳои байни кишварҳоямон бо муҳтавои нави амалӣ омодаем”- изҳор доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Тавре зикр гардид, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арманистон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди бемайлони онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар таъмини рушди савдои дуҷониба, робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили форумҳои тиҷоратӣ зарур шумурда шуд. Дар ин робита зарурати баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид гардид. Масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои бисёрҷониба низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳри Бишкек бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Зимни мулоқот нахуст ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ирсоли барқияи шодбошӣ дар мавриди қабули Қатънома дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” ва дастгириҳои пайвастаи Созмон дар робита ба иқдомоти байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки дастрасӣ ба ҳадафҳои ин Даҳсола ба тақвияти минбаъдаи сулҳу субот дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Антониу Гутерриш дар навбати худ, аз ҷумла чунин изҳор доштанд: “Барои ман ҳамеша мояи хушнудии бузург аст, ки имкони мулоқот бо Шумо ва изҳори сипос аз нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар ҳалли бархе аз муҳимтарин масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосирро дорам. Маҳз ба шарофати Тоҷикистон масъалаи об ба яке аз мавзӯъҳои марказии баҳсҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳамчунин, маҳз Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаи пиряхҳо нақши пешсаф дорад. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон бо қабули ин қатънома барои мо заминаи мусоид фароҳам овард, то идомаи талошҳои худро дар самти ислоҳоти созмон ба роҳ монем ва ҳамзамон ба оянда, бахусус ба наслҳои ҷавон, ки як андозаи нави ин равандро муаррифӣ мекунанд, назар андозем. Мо ҳамеша аз ташаббусҳои Шумо ҷонибдорӣ мекунем. Ҳамзамон, дар робита ба Тоҷикистон, ҳар коре, ки аз дастамон барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди кишвар меояд, мо ҳамеша омодаи анҷом додани он ҳастем. Ман дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Комиссари Олӣ ва Дабири кулл баъзе аз беҳтарин лаҳзаҳои фаъолияти худро ҳангоми сафар ба кишвари Шумо аз сар гузаронидаам. Меҳмоннавозии Шумо воқеан бемисл аст. Шумо на танҳо меҳмоннавозии хоссаи шахсӣ доред, балки соҳиби як кишвари аҷиб бо мардуми олиҷаноб ва неруи бузурги созанда ҳастед. Ман инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Ва умедворам, ки дар оянда, дар ҳар мақоме, ки насибам гардад, ҳатто агар танҳо ҳамчун як шаҳрванди одии ҷаҳон бошад ҳам, имкони боздид аз Тоҷикистонро пайдо хоҳам кард, то бори дигар нақши бисёр муҳимеро, ки Тоҷикистон имрӯз дар умури байналмилалӣ бар уҳда дорад, аз наздик эҳсос намоям”. Дар идома Президенти кишвари мо  изҳор намуданд, ки Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Созмон дар раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, барқарорсозии эътимод ва рафъи ихтилофоту низоъҳо дар паҳнои олам ва вокуниш ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, пешгирӣ аз нестшавии гуногунии биологӣ, беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо комилан истиқбол менамояд. Истифодаи муассир аз технологияҳои рақамии рушдёбанда, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, барои дарстрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор муҳим дониста шуд ва таъкид гардид, ки “Тоҷикистон зимни пешниҳоди тарҳи Қатънома оид ба “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” ҳамин ҳадафҳоро ба асос гирифтааст. Тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиш ёфтани захираҳои об ва афзоиши хатарҳои офатҳои табиӣ аз таҳдидҳои асосии ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид ва талошҳои пайвастаи Тоҷикистон барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба беҳтаргардонии ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу иқлим дар доираи “Раванди оби Душанбе” таъкид шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз иқдомоти минбаъдаи Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла ташкил ва баргузории босамари Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе пешниҳод намуданд, ки “Чаҳорчӯбаи оби Душанбе” ҳамчун механизми роҳнамоии стратегӣ таъсис дода шавад. Дар мулоқот масъалаҳои дигари минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳон, узви Кумитаи Сенат доир ба масоили захираҳои энергетикӣ ва табиӣ Стив Дейн мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ  мавзуъҳои мубрами ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон нақши механизми “С5+1”-ро ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамкории минтақавӣ баланд арзёбӣ менамояд”. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла эҷоди фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика, саноат ва маъданҳои нодиру муҳим, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доштанд. Масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҳамчунин, табодули афкор доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.  

Прокрутить вверх