Мунтахаби “футуҳу-л-булдон”-и Балозурӣ
Мутарҷим: Муҳаммади Таваккул. Баргардонкунанда аз хатти форсӣ ба кириллӣ Тоҷиддин Ғуломов (Аввалаш дар шумораи гузашта) 14. БАЛОЗУРӢ АЗ ЯК ХОНАДОНИ ФОРС АСТ Ин баҳсро бархе аз андешамандони ғарбӣ оғоз кардаанд, аз он ҷумла (ва шояд нахустини онон) Жан Соваже – ховаршиноси фаронсавӣ аст, ки Балозуриро аз як хонадони эронӣ медонад. “Доирату-л-маъорифи ислом” зимни мақолаи асосии худ дар бораи Балозурӣ ба вуҷуди ин эътиқод ишора карда, лекин онро ба таври ҷиддӣ таъкид накарда ва афзудааст, ки агар ҳам ин гуфта дуруст бошад, бояд гуфт ба ҳар тақдир, Балозурӣ комилан “арабиза” шуда будааст. “Доирату-л-маъорифи бузург”-и Иттиҳоди Шуравӣ ва низ “Доирату-л-маъорифи Амриконо” эронӣ будани Балозуриро ба вузуҳ таъйид кардаанд. Лекин “Доирату-л-маъорифи Бритонико” ва низ “Ларусси бузург” Балозуриро як араб муаррифӣ кардаанд. Вазъи манобеъи арабӣ дар даврони муъосир низ дар ин замина қобили зикр ва аз ҷиҳате қобили таваҷчуҳ аст. Аз ҷумла, доктор Салоҳуддини Мунаҷҷид зимни муқаддимае, ки бар яке аз чопҳои матни арабии “Футуҳу-л-булдон” нигошта, эрониуласл будани Балозуриро пазируфтааст (ҳарчанд ки дар айни пазируфтан аз неш задан ва ҳатто иҳонати ғайримустақим ба Балозурӣ, ба сабаби надоштани насаби арабӣ, худдорӣ накардааст). Бахши аъломи китоби “Маъруфу-л-Мунаҷҷид” зимни чопи соли 1960 ба ҳеҷ ваҷҳ суҳбат аз араб будани Балозурӣ ба миён наёварда, лекин дар чопи соли 1980 ҳамон китоб таъкид шудааст, ки вай араб будааст. Манзур аз зикри ин шавоҳид ишора ба ихтилофи назарест, ки дар бораи табор ва миллияти Балозурӣ вуҷуд дорад. Мутарҷими китоби ҳозир таҳлилу истидлоли зерро дар ин замина ироа медорад: а) Муаррихону зиндагиноманависон ҳамдостонанд, ки Балозурӣ аз гурӯҳи мутарҷимони осори форсӣ ба арабӣ будааст ва аз ҷумлаи корҳои вай дар ин замина китоби «Аҳди Ардашер» аст. Бино ба далоиле, ки зимни баҳс роҷеъ ба ин китоб зикр хоҳем кард, Балозурӣ тарҷумаи «Аҳди Ардашер»-ро дар ҷавонӣ анҷом додааст. Ин маънӣ ҷуз бо фарзи ин ки Балозурӣ дар як хонадони эронӣ рушд карда, қобили тасаввур нест. Иддиъои ин ки мумкин аст вай худ араб буда ва сипас забони форсиро омӯхта бошад, дар муҳити он замон ғайри қобили бовар аст. Барои он ки битавон наҳваи тафаккури ғолиб дар даврони султаи банӣ Умайя ва банӣ Аббосро ба дурустӣ истинбот намуд, кофист ба ду шоҳиди таърихӣ ишора кунем. Аз ҷумлаи равшанфикрону муаллифони бисёр маъруфи ҳамон аср, ки худ яке аз шуюхи Балозурӣ ба шумор мерафта ва ӯ порае аз нукоти таърихии китоби «Футуҳу-л-булдон»-и худро аз вай ривоят карда, Абуубайд Қосим ибни Салом будааст. Вай аҳли Ҳирот ва табъан форсизабон ва ба истилоҳи аъроб, худ як «аҷамӣ» будааст. Маъазолик, дар асари бисёр маъруфи худ ба номи «Ғарибу-л-ҳадис» дар баҳс роҷеъ ба вожаи “аҷам” менависад: «Ал-фасеҳу-л-инсон ва-л-аъҷаму-л-баҳима» шоҳиди дигар матлабест, ки Мубаррад дар боби 32-и китоби «ал-Комил»-и худ нигоштааст. Вай менависад, бархе мардумон ҳастанд, ки дар пайдо ва ошкор шудани назар ва бар ҳасби зоҳир бояд ҳукм ба бузургзодагии эшон кард, магар ин ки баъдан хилофи он собит шавад, аз ҷумла, касе, ки ба арабӣ фасеҳ сухан гӯяд ва ё аз ӯ бӯи атр ба машом расад, ё савор бар асп гузар кунад. Дар муқобил касоне ҳастанд, ки дар назари аввал бояд ҳукм ба ҳақорат ва бесарупойии эшон кард, магар ин ки халофи он собит шавад, аз ҷумла, касе, ки дар як шаҳри арабӣ ба забони форсӣ сухан гӯяд. Ёдовар мешавад, ки Мубаррад дуруст ҳамасри Балозурӣ буда ва таърихи фавти он ду фақат чаҳор сол ихтилоф доштааст. Чунин будааст тарзи тафаккури ҳоким бар муҳите, ки Балозурӣ дар он нашву намо ёфтааст. Дар чунон муҳите имкон ин ки як фарди араб ангезае барои фаро гирифтани забони форсӣ дошта бошад, фарзест, қариб ба муҳол. б) Балозурӣ илова бар соири фазоил, дар илми ансоб низ мақоми бас манеъ дошта ва нисобае бузург ба шумор мерафтааст. Вай дар ҳамин китоби «Футуҳу-л-булдон» борҳо насаби мардони беқадру қиматеро ба тафсил зикр кардааст, ҳол он ки дар мавриди хеш аз марзи падару ҷад фаротар нарафтааст (нигоҳ кунед ба нахустин иборати китоби “Футуҳу-л-булдон”). Қобили тасаввур аст, ки дар сурати фаротар рафтан ба номҳои эронӣ ва форсӣ мерасидааст ва ин дар он даврон мояи фахре ба шумор намерафтааст. в) Хонадони Балозурӣ уҳдадори умури девонӣ будаанд. Ба ривояти Ҷаҳшиёрӣ, ниёи вай котиби Хасиб – ҳокими Миср будааст ва ин ҳирфа ҳамон гуна ки медонем, дар асри Аббосӣ беш аз ҳама миёни хонадонҳои эронӣ ривоҷ доштааст. г) Ин ҳақиқат, ки Балозурӣ осори худро ба арабӣ нигошта, муғоирате бо эронӣ будани ӯ надорад ва чунонки медонем, эрониёни бисёри дигаре низ ба ҳамин тартиб амал кардаанд. “Доирату-л-маъорифи Амриконо” дар ҳамин замина менависад: «Дар садди азиме аз бузургтарин номҳо дар заминаи шеъру дониши араб, аз қабили Башшор ибни Бурд ва Абунуввос ва Себӯяи наҳвӣ ва Балозурии муаррих эрониёне будаанд, ки бархе аз эшон кӯшиши худро сарфи он карданд, ки масоилу мавзуъоти эрониро ба ҷаҳони араб интиқол диҳанд ва малоими табъи онон арза доранд». Ва билохира, ҳамон гуна ки гуфта шуд, ба назари муртарҷим, хонадони Балозурӣ мансуб ба шаҳр ё қарияи Балозур аз тавобеъи Дайлам будаанд. Бино ба ин далоил, мутарҷими китоби ҳозир муътақид аст, ки Балозурӣ аз хонадони эронӣ буда ва ба хилофи иддиъои мазкур, дар “Доирату-л-маъорифи ислом” «арабиза» нашуда ва балки забони модарии вай форсӣ будааст. АЪЗОИ ДИГАРИ ХОНАДОНИ БАЛОЗУРӢ Пештар гуфтем, ки номи падари Балозурӣ Яҳё ва номи падари ӯ Ҷобир ва номи падари Ҷобир Довуд будааст ва низ гуфтем, ки Ҷаҳшиёрӣ дар асари худ ба номи “Китобу-л-вузаро ва-л-куттоб” аз Ҷобир – ниёи Балозурӣ ном бурда ва ӯро низ Балозурӣ хондааст. Кунияи Ҷобир бино ба ҳамин ривоят, Абуабдулҳамид будааст ва аз ин рӯ, метавон ҳадс зад, ки Ҷобир илова бар Яҳё – падари Балозурӣ, фарзанди дигаре ба номи Абдулҳамид доштааст. Ҷобир худ дар замони Ҳорунаррашид котиби Хасиби ҳукмрони Миср будааст, чунонки аз навиштаҳои Ҷаҳшиёрӣ бармеояд, хасиби шуарову донишмандонро дар дастгоҳи худ гирд оварда ва силаҳо додааст. Мутаассифона, беш аз ин огоҳии дигаре дар боби аъзои хонадони Балозурӣ дар даст надорем. МАҚОМИ БАЛОЗУРӢ ДАР ДАСТГОҲИ ХИЛОФАТИ АББОСӢ Ҳамон гуна ки қаблан зикр шуд, манобеъи таърихии мавҷуд ҳокӣ аз ин аст, ки Балозурӣ Маъмунро мадҳ гуфта ва ин нишонаи он аст, ки вай дар оғози ҷавонӣ ба дарбори ин халифа роҳ доштааст. Аз замони марги Маъмун то хилофати Мутаваккили Аббосӣ, яъне тайи даврае қариб чаҳордаҳ сол номе аз ӯ ба унвони муқаррабони









