Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Суиистифода аз иттилоот – яке аз чолишҳои ҷиддии асри муосир

Асри муосирро бе муболиға метавон асри иттилоот номид. Пешрафти технология ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам овардааст, ки ҳар шахс ба манбаи паҳнкунандаи хабар табдил ёбад. Иттилоот имрӯз қувваи бузург мебошад, он метавонад ҷомеаро муттаҳид созад, сатҳи маърифати мардумро баланд бардорад ва ба рушди давлат мусоидат кунад. Аммо дар баробари ин, агар иттилоот бо нияти бад ва ғаразнок истифода шавад, метавонад ба амну субот, ваҳдати миллӣ ва нуфузи давлат зарари ҷиддӣ расонад. Мавриди зикр аст, ки озодии баён яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Аммо ин озодӣ бо масъулият ҳамроҳ аст. Пеш аз паҳн кардани иттилоот ҳар шахс бояд дар бораи паёмадҳои иҷтимоии он андеша кунад. Эҳтиром ба ватан, миллат ва арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо яке аз пояҳои устувории ҷомеа буда, вазифаи муштараки ҳамаи мост. Аммо мутаассифона дар ҳар ҷомеа афроде дида мешавад, ки ба ҷойи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, тухми кинаву адоват мекоранд. Ингуна шахсонро фитнагар меноманд. Фитнагар касест, ки бо суханони бардурӯғ, овозаҳои беасос ва рафтори ноодилона миёни мардум низоъ меандозад ва оромии ҷомеаро халалдор месозад. Фитнагар маъмулан худро дӯсту хайрхоҳ нишон медиҳад, аммо дар асл мақсади ӯ барҳам задани муносибатҳои нек аст. Ӯ сухани якеро ба дигаре тағйир дода мерасонад, воқеиятро таҳриф медиҳанд ва онро ба чашми мардум нодуруст муаррифӣ мекунанд. Бо ин роҳ байни як ҷомеаи ором, дӯстон, хешовандон ва ҳатто ҳамкорон кинаву нофаҳмӣ ба вуҷуд меорад. Таъсири фитнагарӣ бисёр зараровар аст. Аввалан, эътимоди байни одамон коҳиш меёбад. Дувум, муҳити солим ба муҳити пур аз шубҳа ва нооромӣ табдил меёбад. Саввум, ҷомеа аз рушду пешрафт бозмемонад, зеро нерӯ ва вақт ба ҷанҷолҳо сарф мешавад. Фитнаангезӣ бо истифода аз иттилоот яке аз чолишҳои ҷиддии асри муосир мебошад. Шахсе, ки бо нияти бад иттилоотро бар зидди ватан ва миллат истифода мебарад, метавонад ба субот ва ваҳдати ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аммо ҷомеаи дорои маърифати баланд, тафаккури интиқодӣ ва эҳтироми мутақобил метавонад ба чунин чолишҳо муқовимат намояд. Барои пешгирӣ аз фитнагарӣ, ҳар як инсон бояд ҳушёр бошад. Пеш аз бовар кардан ба ҳар хабар, дурустии онро санҷидан зарур аст. Агар касе сухани нохубе дар бораи дигаре гӯяд, беҳтар аст мустақиман бо ҳамон шахс суҳбат намояд. Илова бар ин, тарбияи ахлоқӣ ва эҳтироми якдигар нақши муҳим дорад. Инчунин барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва рушди устувор зарур аст, ки сатҳи маърифати расонаӣ баланд бардошта шавад, фарҳанги муколамаи созанда ташаккул ёбад ва ҳар як шаҳрванд масъулияти сухан ва амали худро эҳсос намояд. Танҳо дар ин сурат ҷомеа метавонад ба чолишҳои иттилоотии замони муосир посухи муносиб диҳад. Хулоса иттилоот дар асри муосир яке аз соҳаи пурқудрат ба ҳисоб меравад. Он метавонад барои рушд ва ваҳдат хизмат кунад ё баръакс, барои барангехтани фитна ва тафриқа истифода шавад. Шахсе, ки бо нияти бад иттилоотро бар зидди ватан ва миллат истифода мебарад, ба субот ва ҳамдигарбоварии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, фитнагарӣ амали носолим ва хатарнок аст. Ҷомеае, ки дар он ростқавлӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, барои фитнагарон ҷой намемонад. Пас, биёед бо рафтори нек ва сухани дуруст сулҳу оромиро дар ҷомеаи худ ҳифз намоем. Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.

МАҚОЛАҲО

Дарки дурусти таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар (с)

Зимни андешаи ҷиддӣ дар бораи таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ба чунин бардошти эҳтимолан баҳснок хоҳем расид, ки мутаассифона, мусулмонон то ҳанӯз моҳияти таъйиноти мазкурро дуруст дарк накардаанд. Ба андешаи ин ҷониб, дуруст надонистани асли таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар сабаб гардидааст, ки мардуми мусулмон ҷавҳари таълимотро монда, арзишҳои дуюмдараҷаро пайгирӣ намоянд. Воқеияти ҳоли имрӯзаи мусулмононро ба таври рамзӣ метавон чунин муаррифӣ намуд, ки ба сабаби ноогоҳӣ аз моҳияти матлаби зикршуда мардуми мусулмон дар умум калларо монда дар пайи салла афтидаанд. Яке аз намунаҳои равшани дуруст нашинохтани ҷавҳари таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ва иштибоҳан омехта намудани “каллаю салла” дар тақлиди кӯр-кӯрона аз суннати Паёмбар ифода меёбад. Тақлиди кӯр-кӯрона ва муғризона аз суннати паёмбар дар он ифода меёбад, ки мардуми мусулмон дар самти пешгирифтаи худ собитқадам набуда, танҳо он суннатеро интихоб ва пайравӣ мекунанд, ки барояшон мушкилзо нестанд. Ногуфта намонад, ки дар зери мафҳуми «Суннати Паёмбар (с)” дар олами ислом одатан гуфтору кирдори Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро мефаҳманд. Албатта, чунин фаҳмиш, аз як нигоҳ, мушкилии ҷиддие надорад. Аммо ин ҷо мавзуи мавриди таваҷҷӯҳ ва тааммулу таҳқиқ аз он иборат аст, ки мардуми мусулмон дар кишвари мо ва берун аз он дар зери суннати Паёмбар кадом гуфтору рафтори ӯро чун рафтори зарурӣ ва барои ҷомеаи мусулмонон муҳим мепазиранд, пайравӣ менамоянд ва онҳоро аз ҷумлаи вижагиҳои фарқкунандаи дини ислом ба қалам медиҳанд. Ҳангоме мавзуи моҳияти суннати Паёмбарро ҷиддӣ таҳқиқ менамоем, мебинем, ки мусулмонони мо, мутаассифона, масоили хеле кучак, ночиз, зоҳирӣ, дуюмдараҷа ва аз аҳамияти иҷтимоӣ ва таълимию тарбиявӣ ориро мавриди таваҷҷуҳу пайгирӣ қарор медиҳанд. Масоили номбаршуда асосан аз мондани риш, бардоштани ангушту даст дар баъзе ҳолатҳои намоз, хӯрдани хурмо зимни рӯзакушоӣ ва амсоли инҳо иборат аст. Дар ин ҳолат сарулибоси Паёмбар, хӯрду хӯроки ӯ, ҷойи хобу василаи ҳаракаташ аз маконе ба маконе аз ҷониби “суннатдӯстдорон”, албатта, ҳамчун суннат пазируфта ва пайравӣ карда намешавад. Онҳо пазируфта нашудани суннатҳои мазкурро одатан ба тағйирёбии замона рабт медиҳанд. Яъне, чун замона дигар шудааст, “суннатдӯстдорон”- ро аз ҳамқадамӣ бо замона чорае нест. Воқеан ҳам хеле тааҷҷубовар аст, ки имрӯз “суннатдӯстдорон” баъзе аз рафтори Паёмбарро чун намунаи ибрат пазируфта, пайравӣ менамоянд, аммо иддаи дигари рафтори Паёмбарро ба сабаби тағйирёбии замона на танҳо пайравӣ намекунанд, балки огоҳона ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд. Пурсида мешавад, ки чунин муносибат магар қобили қабул аст? Агар ба гуфтору рафтори Паёмбар беғаразона, бо нигоҳи системавӣ ва равиши диалектикӣ назар андозем, мо дар он амалкарду ҳадафҳои хеле муҳим ва зарурию ногузирро пайдо менамоем, ки бешак моҳияти таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбарро барои мо равшану возеҳ боз мекунанд. Дар оғоз мехоҳем таъкид намоем, ки ин ҷо “нигоҳи системавӣ” гуфта, фаъолияти Паёмбарро ҳамчун як барномаи томи ахлоќї-иљтимої дар назар дорем. Дар зери “равиши диалектикӣ” бошад, мо амалкардҳои Паёмбарро дар робита ба муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳукмрону зарурати тағйирёбии онҳо мефаҳмем. Воқеан ҳам баъзе амалҳо дар рафтори Паёмбар хусусияти ҷузъӣ дошта, баъзеи дигар хусусияти куллӣ доранд, яъне пайгирӣ аз ҳадафи асосӣ ва марказие мебошанд, ки паёмбар барои расидан ба он бо иродаи матин ҳама гуна монеаҳои сунъию табииро бартараф намудааст. Ба андешаи мо бардоштани ангушту мондани ришу бо хурмо кушодани рӯза ва амсоли инҳо аз ҷумлаи аъмоли ҷузъӣ мебошанд. Онҳоро мавриди амалкарди ҳатмӣ ва нишони пайравии исломи воқеӣ муаррифӣ кардан нишони танҳо биниши маҳдуд, равиш (метод)-и ғайриилмии таҳқиқ ва нуқси илму дониш метавон донисту халос. Зеро амалҳои номбурда мазмуну ҳадафи асосии Паёмбарро муайян наменамоянд. Қобили зикр аст, ки донишмандони ислом дар тули асрҳои зиёди сипаригардида, аз як тараф, ба сабаби пойбандӣ ба такаббуру тафохур, аз тарафи дигар, ба сабаби дур будан аз дониши фалсафию надоштани тафаккури диалектикӣ таълимоти исломро, махсусан суннати Паёмбарро ҳамчун таълимоти зидди куштору таркиш, таълимоти сулҳофару инсонпарвар, ислоҳсозандаи ҷомеаю барои рушду пешрафт таҳрикдиҳанда дарк карда натавонистанд. Қишри номбурда ба сабаби таассуби динию яхбастагии афкору ақида таълимоти мазкурро аксаран зиддиилмӣ муаррифӣ намуда, олами исломро ба ботлоқи ҷаҳолат ғӯтавар гардониданд, ки оқибати он имрӯз дар шароити пешрафти босуръати илму технологияи ҷаҳонӣ равшан эҳсос мегардад. Воқеан ҳам, ҳамин нигоҳи яктарафа, борик, сатҳӣ, орӣ аз принсипи ягона, маҳдуду танҳо ба ҷузъиёт вобастаи донишмандони исломӣ сабаб гардидааст, ки олами ислом дар давоми зиёда аз ҳазор сол ҷомеаи хоболуд, қафомонда, аксаран дур аз илму маърифат, ниёзманд, дастнигар ва шахшудамонда боқӣ монад, дар ҳолате, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар аҳодиси Паёмбар оятҳою ҳадисҳои зиёде ҳастанд, ки манфиати инсонро дар маркази таълимот қарор дода, сабукии зиндагӣ ва пайгирӣ аз илму донишро, ки муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбанд, пайваста тарғиб менамоянд. Агарчанде дарки асли таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ба донишмандони исломӣ ба сабаби надоштани тафаккури диалектикӣ муяссар нагардид, лекин шинохти воқеии таъйиноти мазкур ба донишмандони ғайриисломӣ, ки воқеан ҳам нигоҳ ва биниши васеъ доштанд, муяссар шуд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки баъзе муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ ба нақши Муҳаммад (с) дар рушди ҷомеа баҳои баланд дода, хосияти пешбарандагию таҳрикдиҳандагӣ ва мутобиқ ба рушду пешрафт будани дини исломро махсус қайд намудаанд. Аз ҷумла, шарқшиноси маъруф В.В.Бартолд менависад, ки “… ислом дар тули ҳаёти асосгузори худ раванди пешрафту рушдеро паси сар кард, ки онро дини буддоӣ аз замони Шакямуни то Ашока, ва дини масеҳӣ аз замони Исои Масеҳ то Константини Бузург паси сар карда буд”. (Ниг. (Бартольд В.В. Ислам.//Акад. Бартольд В.В. Соч. Т.6. – М. : Наука, 1966. Саҳ. 81). Ин ҷо барои хонанда ёдовар мешавем, ки Паёмбари ислом соли 570 таваллуд шуда, соли 632 фавтидааст. Аммо давраи нубувватии ӯ, ки бевосита муассир будааст, аз соли 610 оғоз ёфта, то охири умраш тул кашидааст. Ин давра ҳамагӣ 22 солро фаро мегирад. Аз гуфтаи муҳаққиқи маъруф В.В. Бартолд бармеояд, Муҳаммад (с) дар давоми 22 сол ҷомеаро ҳамон қадаре пеш бурд, ки барои дини буддоӣ ва масеҳӣ тақрибан 400 сол лозим омад. Ба андешаи ин ҷониб, асли таъйиноти рисолати иҷтимоии Паёмбари ислом Муҳаммад (с) маҳз дар ислоҳи ҷомеа, таъмини пешрафти ҷомеаю ҳамқадами замон гардондани он ифода меёбад. Аммо, мутаассифона, вақте зимоми ҷомеа ба дасти “уламо” ё “ворисони Паёмбар” афтод, ҷомеаи исломӣ дар давоми қариб ҳазор соли охир, манзури мо давраи баъди аҳди Сомониён, эҳтимол як қадам ҳам пеш ҳаракат накарда бошад. Аз суннатгароён ва қишри ба ном “уламо ё ворисони Паёмбар” пурсида мешавад, ки сабаби чунин шахшудамондагӣ ва беҳаракатӣ дар ҷомеаҳои исломӣ дар тули ҳазор соли охир чист? (Ин ҷо

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, фарҳанг, мақомоти Прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, мулоқот намуданд. Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовини вазири адлия, муовини вазири фарҳанг, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзида таъин гардиданд. Дар асоси банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Бобохонзода Асомуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан» ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд. Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудан ва ба вазифаи муовини Раиси Палатаи ҳисоб таъин намудани Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад, дар бораи ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадшарифзода Парвиз Маҳмадшариф ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, Прокуророни ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, сардорони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт иваз карда шуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо доир ба суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ, пешгирӣ аз хурофот, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионию гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини адолати судию волоияти қонун ва муомилаи хуб бо мардум вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Таъкид гардид, ки ҳар яки онҳо ва умуман ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бояд бо риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, оинномаву низомномаҳои соҳавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳӣ дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Рафиқон генералҳо, афсарон, сержантҳо ва сарбозони шуҷои Ватан! Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям. Бо сарфарозиву қаноатмандӣ иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеа ҳамчун сипари боэътимод хизмат карда истодаанд. Ҷашни ҳомиёни Ватан, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад, таҷассумгари эътимоду эҳтироми баланди мардуми Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро ҳамчун рисолати муқаддас ва масъулияти пурифтихор иҷро менамоянд, ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба хубӣ дарк мекард, ки таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа бе доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муҷаҳҳаз бо техникаву лавозимоти ҷангӣ ва хизматчиёни ҳарбии далеру ҷасур ва содиқ ба Ватан ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ мо Артиши миллиро таъсис додем ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин гузашти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор гардид. Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар шароити сахту сангин ташаккул ва обутоб ёфтанд, таҷриба ва маҳорати ҷангӣ ба даст оварданд. Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз имтиҳони садоқат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд, амнияти давлат ва бехатарии мардуми Тоҷикистонро ҷавонмардона таъмин карданд. Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям. Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, авҷгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо танҳо кадрҳое метавонанд амнияту давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд. Дар ин раванд, мунтазам баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ вазифаи ҳаррӯзаи тамоми хизматчиёни ҳарбӣ – аз ҳайати фармондеҳӣ то сарбози қаторӣ мебошад. Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат ва халқи мамлакат сарбаландона иҷро менамояд. Бори дигар тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомии мамлакатро ба ифтихори рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани маҳбубамон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям. Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

МАҚОЛАҲО

Ҳифзи Ватан аз гӯшаи имондорист

“Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем ва барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем”. Эмомалӣ Раҳмон. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ ватанро ҷойи таваллуд ва нашъунамо, зодгоҳ, меҳан маънидод намудаанд. Саъдии Шерозӣ дар васфи ватан чунин мефармояд: Саъдиё ҳубби ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ, Натавон мурд ба хорӣ, ки ман инҷо зодам. Вожаи Ватан барои ҳар як шахси бонангу номус муқаддас ва арзишманд аст. Ватан маконест, ки инсон дар он ҷо худро орому осуда ва соҳиби кошона эҳсос мекунад ва ба он менозаду меболад. Ватандорӣ арзиши муқаддаси инсонӣ ба ҳисоб меравад. Муҳаббат ба ватан эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқатро дар қалби кас бедор месозад. Масъулият бошад амали мушаххасест, ки дар худ эҳтироми арзишҳои миллӣ, волоияти қонун ва риояи онҳо, саҳмгузорӣ дар рушди он ва ҳифзи истиқлолиятро дар худ инъикос мекунад. Ҳақ бар ҷониби адиби ватансаро Муҳаммад Ғоиб аст, ки мегуяд: Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам, Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам. Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист, Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам. Хасисон низ мебахшанд баҳри ҳифзи меҳан ҷон, Ватан касро кунад ҳотам, ватан дорам, ватан дорам… Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам, Садоям бишнавад олам, ватан дорам, ватан дорам. Шоир бисёр самимона ва бо ифтихор ба камиву костии зиндагӣ нигоҳ накарда, бо як иродаи баланд аз таъриху фарҳанг, арзишу муқаддасот сухан мекунад, ҳотамиву бурдбории хешро аз доштани ватан медонад. Бо ба даст омадани истиқлолияти сиёсиву давлатӣ мафҳуми ватандорӣ мазмуни нав касб намуд. Мардуми шарифи кишвар танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳиби давлати миллӣ гардиданд. Аммо истиқлолият танҳо ҳуқуқ ва ифтихор нест, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои имрузаву ояндаи миллат аст. Моро зарур аст музаффариятҳои онро ҳифз кунем, ваҳдати ягонаи миллӣ ва суботи ҷомеаро мустаҳкам намоем. Шоир М.Ғоиб дар ҷойи дигар бо ҳамин маънӣ чунин мефармояд: Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист, Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист. Ба хуни ноф ҳар хоке шавад олуда, ҷон дорад, Танеро бе ғами ҷонаш намебинам, ватандорист. Дар шароити ҷаҳонишавии бемайлон ва бо ҳам омадани тамаддунҳои гуногун, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои фарҳангӣ мубрамияти бештар пайдо мекунад. Ҳифзу ҳимояи ватан аз нигоҳи дини ислом низ ҷойгоҳи хос дорад ва Офаридгор мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем. Дар таълимоти дини мубини ислом иборае мављуд аст, ки дўст доштани ватанро ба њама вољиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз имон аст. Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурӯҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан» иттифоқ доранд. Муҳаққиқ Фахриддин Насриддинов дар пешгуфтори таҳияи китоби Маҳмуд ибни Умари Замахшарӣ «Хираднома» (Ҳазору як гуфтор аз «Робеъ-ул аброр ва нусус-ул ахбор») аз ҷумла овардааст, ки ин асар аз ҷумлаи шоҳкориҳои миллати тоҷик аст, ки мақоми ҷаҳонӣ дорад ва бешак аз донишу биниши фарохи муаллиф шаҳодат медиҳад. Матлабҳои китоби мазкур фарогири мавзуъҳои муҳими ҳаёти ҷомеа буда, дар он мавзуъҳои ватану ватандорӣ мақоми хосеро дорост. Дар боби меҳри ватан ва иштиёқу дилбастагӣ ба он чунин ривояти ҷолибро овардааст: Абон ибни Саид (асҳоби киром) аз Макка ба Мадина ба назди Расуллоҳ (с) омад. Ҳазрат аз ў пурсиданд: Эй Абон, вақте, ки аҳли Маккаро тарк намудӣ, онҳо дар чӣ ҳол буданд? Гуфт: дар ҳоле, ки борони нарму хуш бар сарашон мерехт ва изхир (гиёҳи хушбў) шоха бармекашид ва сумом (гиёҳи хордоре, ки гулҳои шабеҳи сунбул дорад) сарсабз гардида буд. Бо шунидани ин суханон аз чашмони мубораки Пайғамбар (с) ашк равон гардид. Ин матлаб шаҳодати онро дорад, ки Расули акрам ҳамеша ба ёди зодгоҳаш будааст ва аз дурии он ранҷ мебурдааст, Дуруст ва саҳеҳ будани ҳадиси дар боло зикршударо ривояти мазкур тасдиқ намуда, дигар шубҳае дар ин боб боқӣ намемонад. Дӯст доштани ватан, ҳифзи он, хизмат ба ватан, обод кардани он, садоқат ва ҷоннисорӣ ба он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст, хоҳ мард бошад хоҳ зан. Пас адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ин на фақат ҳифзи марзу буми ватан, балки иҷро намудани фармудаи шариат ҳам мебошад. Зеро Офаридгор муҳофизони ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, барояшон савоби ҷорияи беандоза муқаррар кардааст. Ҳифзи ватан барои онҳое, ки хизмати Ватан- модарро адо менамоянд, баҳри зиндагии осоиштаи мову шумо шабњо бедорхобӣ мекашанд, гуё фарзу суннатро иҷро карда истодаанд. Аммо баъзе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ рўй тофта, ба ҳар роҳу васила аз хизмати Ватан – модар худдорӣ мекунанд. Чунин ашхос фармудаҳои офаридгорашро нодида мегиранд, ки чунин амалро метавон хиёнат ба ватан номид. Хушбахтона аксари ҷавонони мо ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ҳамасола садҳо ҷавонони далеру шуҷоъ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро имрӯз давлати мо муқтадир гашта, барои адои хизмат барои афсарону сарбозон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Мо дар арафаи фарорасии яке аз идҳои муҳим, рӯзи Артиши миллӣ, ки зомини якпорчагии давлату кишвар мањсуб мешавад, қарор дорем. Таманно мекунем, ки ватани азизамон бо шарофати Артиши корозмуда ва бо силоҳи ҷангии мудерн муҷаҳҳаз, ки асоси онро ҷавонони бонангу номуси кишвар ташкил медиҳанд ва зомини фазои орому осудаи кишвар ҳастанд, ҳамеша бегазанд аз ҳама хатарҳо бошад. Мушовири директори Марказ А. Мирзозода

МАҚОЛАҲО

АРТИШИ МИЛЛӢ – ШАРАФИ ВАТАНДОРӢ

Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони Истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт. Нахустин кушиш дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Баъдтар 04-уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-уми июни соли 1992 Фармон «Дар бораи таъсиси Фронти халқӣ» ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд ҳам, вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози Истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Зеро дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сарулибос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли инҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии нерӯҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд. Ба тасвиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард. 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузории парад, яъне 23-юми феврал – Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 33-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлоли давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Артиши миллии Тоҷикистон 33 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд. Бо шарофати кушишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷанг дида ва кор озмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи сулҳу суботи кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент, Хабарҳо

Ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шурои амният муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шурои амнияти кишвар баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзои доимӣ ва аъзои Шурои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони Котиботи Шурои амният иштирок намуданд. Дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба фаъолияти мақомот ва сохторҳо дар соли 2025 шунида шуд. Президенти мамлакат бо дарназардошти вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон ба роҳбарону масъулин ҷиҳати таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас доданд. Диққати роҳбарони мақомоту сохторҳо ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, алалхусус дар самти содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ҷалб карда шуд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо чораҳои қатъӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои низомӣ вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати тарбияи кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо, омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар самти истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир, рушди саноати мудофиавии кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберии давлат, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд. Оид ба масъалаҳои дар ҷаласаи Шурои амният муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. 19.02.2026 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон – айёми файзу баракат, хайру саховат, сабру таҳаммул, бахшиши гуноҳҳо ва ҳидояти мардум ба амалҳои неку шоиста самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар яки шумо рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва дар ҳамаи корҳо ва фазилатҳои инсонӣ муваффақияту комёбӣ орзу менамоям. Моҳи шарифи Рамазон бо ҳикматҳои худ дар таълимоти дини мубини ислом ҷойгоҳи хосса дорад, зеро Худованд дар ин моҳ сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва хайру саховатро аз миёни дигар ибодатҳо интихоб кардааст ва ба онҳо мақоми махсус додааст. Дар хотир бояд дошт, ки ҳикмати рӯзаи моҳи Рамазон танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва ибодат кардан иборат нест, балки дар ин моҳи муборак покизагии ботину зоҳир, дурӣ ҷустан аз кинаву адоват, ихтиёрдории нафс ва бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад. Парҳезгорӣ, саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавону имкон кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд. Шахсе, ки дар ин моҳи муборак як амали нек ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Махсусан бояд таъкид намуд, ки дини ислом эҳтиром гузоштан ба мақому манзалати падару модарро аз ҷумлаи арзишҳои баланд дониста, хизмат ба онҳоро аз ҳамаи ибодатҳо боло гузоштааст. Ба ин маънӣ дар ҳадис омадааст, ки некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷҷу умра мебошад. Яке аз амалҳои хайре, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки тибқи таълимот ва аҳкоми дини мубини ислом ба гирифтани фитри рӯза, дар навбати аввал, ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат ҳақдор мебошанд. Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Фаромӯш набояд кард, ки шарти қабули амалҳои хайр анҷом додани онҳо аз рӯйи ихлос буда, дар иҷрои онҳо бояд ҳадди эътидол риоя гардад ва ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва худнамоиву зиёдаравӣ роҳ дода нашавад. Хусусан, риояи инсоф дар хариду фурӯши молу маҳсулот, худдорӣ кардан аз оростани дастархони серхарҷ ва истеъмоли аз меъёр зиёди хӯроки серғизо дар ин моҳ бисёр муҳим аст, зеро амалҳои зикршуда ба моҳияти ин моҳи муборак умуман созгор нестанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳикматҳои моҳи Рамазонро дуруст дарк намуда, бо нияти нек ва қалби пок ба тоату ибодат машғул шуда, фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар кишвари азизамон боз ҳам мустаҳкам мегардонанд. Ҳамватанони гиромӣ! Моҳи мубораки Рамазон ба давраи оғози мавсими киштукори баҳорӣ рост меояд. Ин аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ба истифодаи самараноки рӯзҳои баҳорӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода, барои иҷрои саривақтиву босифати корҳои кишоварзӣ кӯшиш намоем. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва дигар омилҳо бисёр кишварҳои дунё ба мушкилоти нарасидани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо рӯ ба рӯ гардидаанд, масъалаи таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Дар чунин шароит истифодаи оқилона ва самараноки ҳар як ваҷаб замин бо мақсади афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани бозори дохилӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ вазифаи муҳим ва масъулияти имониву инсонии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад. Яъне ҳамаи мо бояд дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат тавассути заҳмати софдилона, истифодаи самараноки обу замин, тухмиҳои аълосифат ва рӯёнидани ҳосили фаровон саҳмгузор бошем. Дар баробари ин, вусъати корҳои кишоварзӣ, фароҳам овардани ҷойҳои кории нав, бунёди боғу токзорҳо ва иҷро кардани амалҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ хизмат мекунанд, дар дини мубини ислом ҳукми садақаи ҷорияро дорад. Илова бар ин, мо бояд бо дарназардошти вазъияти ҳассоси ҷаҳони муосир ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва исрофкориву зоҳирпарастӣ эътибори доимӣ диҳем. Мо бояд дар фикри аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандони худ бошем. Инчунин, таълиму тарбияи фарзандон, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидани онҳо вазифа ва қарзи ҳар яки мо мебошад. Зеро омӯзиши илм чароғест, ки дар ҳар давру замон инсонро ба роҳи дуруст ва ояндаи нек роҳнамоӣ мекунад. Ва аввалин ояте, ки дар Қуръони маҷид нозил шудааст, «иқра», яъне таъкид ба хондан ва аз худ кардани илм мебошад. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ташвиқи фарзандон ба илмомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар фармудаи аҳкоми дин ва беҳтарин хизмат дар тарбияи насли наврасу ҷавон ба ҳисоб меравад. Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти омӯзонидани илму дониш ва касбу ҳунар ба наврасону ҷавонон иқдомоти зиёдеро амалӣ карда истодааст, вале бояд падару модарон низ вазифаи муқаддаси худро дар таълиму тарбия ва босаводу соҳибмаърифат гардонидани фарзандон, яъне ба хотири ояндаи босаодати онҳо иҷро намоянд. Ҳамватанони азиз! Ҳоло кишвари мо марҳалаи ташаккул ва такомули давлати миллиро тай карда истодааст. Қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозо мекунад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллӣ бояд дар тақвияти суботу оромӣ ва осоишу саодати мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд. Имсолро мо ба ифтихори ҷашни муқаддас ва  бузурги миллӣ – 35-солагии соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудем. Ин соли пурифтихор барои ҳар як фарди ҷомеа имкониятест, ки бо заҳмату амали созандаи худ дар пешрафти давлат ва шукуфоиву ободии Ватани маҳбубамон саҳм гузорад. Ба ин васила мо на танҳо ҷашни бузурги соҳибистиқлолиро таҷлил менамоем, балки ояндаи дурахшони кишварро низ барои наслҳои оянда бунёд мекунем. Дар хотир бояд дошт, ки корҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистонҳо ба садақаи ҷория дохил мешаванд ва тибқи таълимоти дини мубини ислом барои анҷомдиҳандаи онҳо савобу самараи зиёдро фароҳам месозанд. Ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад як кори нек анҷом диҳад, як гӯшаи диёрро обод созад ва ҳисси ватандӯстиву ифтихор аз ватандории худро дар амал нишон диҳад. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам миннатдории самимии худро ба мардуми шарифи кишвар, хусусан, соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар чунин корҳои хайру савоб саҳмгузорӣ карда, ҳазорҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла роҳу пулҳо ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бунёд карда истодаанд,

МАҚОЛАҲО

Раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти арзишҳои динӣ дар кишварҳои мусулмоннишин: сиёсисозии ислом ва исломикунонии сиёсат.

Қисмати 1. Раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти фарҳанги сиёсӣ дар ҷаҳони ислом. Раванди ҷаҳонишавӣ ки дар тӯли чоряк қарни охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-динӣ дигаргуниҳои воқеан инқилобиро дар ҷаҳони имрўз оварда истодааст, кишварҳо онро бо мушкилоти аз сар гузаронидаанд. Хусусан афзоиши теъдоди аҳолӣ дар кишварҳои мусулмоннишин ва муҳоҷирати онҳо ба кишварҳои дигар ба ин раванд шакли дигар дод. Таъсиси ҳаракатҳои сершумор таҳти парчами ислом дар саросари ҷаҳони Ғарб, аз ҷумла дар ҷойҳое, ки мусулмонон аксариятро ташкил намекунанд, дар се даҳсолаи охир хос буданд. Ин ҷунбишҳо ба кишварҳои ғарбӣ расида, эҳсоси “хатари исломӣ”-ро ба вуҷуд оварда, “тафсири бемантиқтарин”-ро ба вуҷуд оварданд. Вазъи ҷомеъа наздик ба ваҳм афтод ва дар тӯли чанд сол аз формулаи оромбахши футурологи маъруф Фукуяма, ки аз пирӯзии ҷаҳонии демократия ва “охири таърих” истиқбол кард, ба фарзияи Самуэл Ҳантингтони амрикоӣ дар бораи ногузирии “ҷангҳои тамаддунҳо” гузашт . Ин ҳолати рӯҳиро ҷомеашиноси фаронсавӣ Оливье Монгин беҳтарин таъриф кардааст: “Барои муайян кардани яке аз даҳшатноктарин таҳдидҳо ба демократия ва ҷумҳурӣ, аслан ҳама истилоҳот ба осонӣ омехта шуданд – суннатпарастӣ, исломгароӣ, фундаментализм, радикализм аст . То имрўз ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ барои таҳлили вазъ ва тасниф кардани ҷараёнҳои мухталифи ислом, аз миллатгароӣ ва дунявият то “суннатгароии мусалмонӣ” ва ҳатто (ба қавли З.И.Левин) “максимализми мусулмонӣ” талошҳои оромтаре сурат гирифт, аммо вазъи рӯҳӣ дар Ғарб асосан ҳамоно боқӣ монд1 . Баъзе муаллифон барои тавсифи тафаккури муосири мусулмонон ва хусусан тафаккури ашхоси ифротӣ ва амалҳои террористии ҷангиёни исломӣ, кӯшиш доранд сарчашмаи онро ба мисолҳо аз таърихи асримиёнагии ҳаёти сиёсии мусулмонон пайдо кунанд. Ҳарчанд нооромиҳо ва ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳо, ба хусус, Афғонистон, Қафқоз, Алҷазоир, Босния, Лубнон, Ироқ, Судон, Сурия, Яман, Индонезия ва ҳатто то андозае дар Осиёи Ҷанубӣ ва Арабистон, ба эътидол омада бошад ҳам, ба таври гуногун бо назардошти манфиати тарафҳо инъикос мешавад. Мусулмонон аз хушунат, демагогия, табаддулоти низомӣ ва дарборӣ, саркӯбҳои оммавӣ ва амалҳои ғайриинсонии режимҳои авторитарӣ, диктатураҳои шахсӣ ва «фарҳанги сиёсии шахшуда» низомиён ё рӯҳониён (аксар вақт аз ҷониби як шахс ё гурўҳ намояндагӣ мекунанд), хоҳ дар қудрат ва ҳам дар маҳалҳо хаста шудаанд . Кепел ин падидаро дақиқ мушоҳида карда, роҳи ҳалли худро дар пайдоиши «як навъ демократияи мусулмонӣ» мебинад, ки метавонад «фарҳанг ва динро бо воқеиятҳои сиёсиву иқтисодӣ пайваст» ва «шуури шахшударо имрӯз тақсим кунад, ки фардо бузургтар шавад». Ин рисолаи охир хеле шубҳанок аст. Ба ҷуз аз давлатҳои истихроҷи нафт, пеш аз ҳама монархияҳое, ки ба демократия ва ҳатто конститутсионӣ майл надоранд, дар ҷаҳони мусулмонӣ қариб ҳеҷ кишваре вуҷуд надорад, ки “сарчашма”, яъне даромади баланд доранд. Аз ин рў, масъалаи тақсимоти ҳамин «сарчашмаи ягона»-и дар кишварҳои исломӣ ҳамчун маҷмўи мушкилоти иҷтимоъӣ, моддию иқтисодӣ, молиявӣ яке аз масъалаҳои баҳс талаб аст. Гузашта аз ин, таърихан давлатҳои сулолавӣ ва қавмӣ дар иқтисоди ин кишварҳо ҳамеша нақши муҳим дошта, аксаран бо сабабҳои гуногун (аз ҷумла динӣ) фаъолияти озод ва рушди иқтисодии кишварро монеъ мешуданд ва баръакс бойгарии ин кишварҳоро ба ѓорат мебурданд. Дар чунин вазъ ба эътиқоди бисёре аз уламои исломӣ, исломи сиёсӣ пайдо шуд ва дар ҳама ҷо барои “мувозинат” байни раҳбарияти ҳукумат ва бахши хусусӣ талош мекунанд, ки “мехоҳанд капитализмро дар чаҳорчӯби солими идоракунии иқтисод, ки бо пайдоиши низоми солими иқтисодӣ оварда мерасонад алоқаманд нигоҳ доранд” . Аммо дар ду асри ахир ба истисноҳои нодир, доираҳои ҳокими кишварҳои исломӣ ба таҳаввул ба сӯйи рушди иқтисод ва низоми демократӣ таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд ва зоҳир намекунанд. Аввалан, аксарияти аҳолии ин кишварҳо камбизоат боқӣ мемонанд ва камбизоатӣ як заминаи заиф барои демократия аст. Вакте ки шумо барои неъматхои моддие, ки ба ҳама намерасад, мубориза мебаред, барои қонун, баробарӣ ва адолат, рушди маориф вақт нест. Дуввум, худи табиати элитаи ҳоким дар ҷаҳони ислом имкони демократисозии онҳоро истисно мекунад. Дар давоми дахсолахо 30—40 фоизи даромади миллиро шахсони дар сари хокимият буда азхуд кардаанд ва нияти ба касе тақсим карданро надоранд. Дар бисьёр ин давлатҳо бюрократизм ва буржуазия амалан муттаҳид шуда, аз роҳи ғайриқонунӣ ва фасод ба даст овардани сарват як амалӣ муқаррарӣ гардидааст . Вазъияти Шарқи мусулмониро бо вазъияти Шарқи Дур ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ муқоиса кардан мумкин аст, ки дар он ҷо синтоизм, буддизм, даосизм ва конфуцийизм таваҷҷуҳи бештар ба ахлоқ,ҷаҳони ботинӣ ва меъёрҳои рафтори одамон дода, ҷомеа аз рўи низоми маорифи муосир ва системаи иқтисодии муайян пеш меравад. Ҳарчанд ин давлатҳо ҳам давраҳои ҷанги дохилӣ, мустамликадорӣ аз сар гузаронданд. Дар умум дар ҷаҳони шарқӣ давраи мустамликадорӣ, ки дар асрҳои 16—19 оғоз ёфт, муносибати созандаи ¬Ғарбро бо тамоми Шарқи мусулмонӣ дур кард. Ин таъсири манфӣ ба равобити ҷаҳони ислом ва Ғарб дошт ва дорад, зеро мусулмонон тамоми бадиҳои мустамликадориро аз призмаи анъанаҳои ҳазорсолаи ҷангҳо, муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ бо натиҷаҳои гуногун,пирӯзиҳо ва шукӯҳи империяҳои мусулмонони Димишқ, Бағдод, Кордугар ва шикасти империяи Усмонӣ, Қоҳир аз сар гузарондан. Мусулмонон, ки нисбат ба дигар халқҳои Шарқ бештар бо андеаши динии аврупоӣ ихтилоф доштанд ва бар зидди онҳо мубориза мебурданд, нисбат ба онҳо низ зулму истибдод зиёдтар буд. Дар охири асри 19 қариб ҳамаи кишварҳои исломӣ ё ба ниммустамликаҳои ғарбӣ ё ба давлатҳои вобаста табдил ёфтанд. Табиист, ки чунин вазъият боиси сар задани табаддулоти ичтимоию сиёсй буд. Ислом дар омода намудан ва амалӣ намудани муборизаҳои сиёсӣ нақши бузурге бозид, зеро он на танҳо як дин, балки фалсафа, ҷаҳонбинӣ, маҷмӯи қоидаҳои ахлоқӣ ва рӯзгор ва дастури амалии ҳаёти рӯзмарра ва соҳаҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ буд . Котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М. Идома дорад…

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов

17 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардид. Роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи он баррасӣ шуд. Тамоюли мусбати афзоиши тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Дар ин замина, Пешвои миллат ба имкониятҳои зиёд барои пешрафти минбаъдаи ин раванд дар соҳаҳои гуногуни саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ишора карданд. Ҷонибҳо инчунин ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Роҳбари давлат кори муассири Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро, ки ҷаласаи охирини он имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, таъкид карданд. Ҷонибҳо аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва боэътимоди байнидавлатиро дар тамоми самтҳои рӯзномаи дуҷониба зикр карданд. Дар ин замина, таваҷҷуҳи хос ба таъмини омодагии босифат ба мулоқотҳо ва музокироти сатҳи олии дарпешистода равона гардид. Доир ба ҷадвали ташкил ва гузарондани чунин чорабиниҳои байнидавлатӣ дар соли равон мубодилаи афкор сурат гирифт. 17.02.2026 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх