Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Фазилат ва вижагиҳои моҳи шарифи Рамазон

Моҳи шарифи Рамазон яке аз муқаддас ва пурбаракаттарин моҳҳо дар дини мубини Ислом ба шумор меравад. Ин моҳ на танҳо замони рӯза доштан, балки мактаби тарбияи ахлоқ, поксозии рӯҳ, тақвияти ирода ва наздикшавӣ ба Худованди Мутаол аст. Дар ин моҳ мусалмонон бо ихлос ва муҳаббат ибодат мекунанд, аз гуноҳон парҳез менамоянд ва барои ислоҳи нафс талош меварзанд. Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи раҳмату мағфират ва наҷот аз оташи ҷаҳаннам мебошад. Тавре ки дар Қуръони карим омадааст, рӯза барои парҳезгорӣ фарз гардонида шудааст. Ин моҳ имконияти нодирест барои худшиносӣ, поксозии ботин ва таҳкими робитаи инсон бо Парвардигор. Дар бораи маъно ва ҷойгоҳи моҳи Рамазон дар Ислом чунин метавон гуфт, ки моҳи Рамазон моҳи нӯҳуми тақвими ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Номи он аз решаи «рамзо» гирифта шуда, маънои гармии сӯзонро дорад, ки ба поксозӣ ва сӯхтани гуноҳон ишора мекунад. Рӯзаи моҳи Рамазон яке аз панҷ рукни асосии Ислом мебошад, ки дар ҳадиси машҳури Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) баён шудааст. Ин рукн дар канори шаҳодатайн, намоз, закот ва ҳаҷ қарор дорад. Рӯза дар соли дуюми ҳиҷрат фарз гардида ва аз ҳамон замон то имрӯз барои тамоми мусалмонони болиғу оқил фарз аст. Мақсади аслии рӯза, тибқи ояти маъруфи сураи «Бақара», расидан ба тақво (парҳезгорӣ) мебошад.Тақво ҳолати худназоратии ботинӣ ва эҳсоси ҳузури доимии Худованд аст. Рӯза инсонро водор месозад, ки ҳатто дар танҳоӣ аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ намояд. Ин таҷриба эҳсоси масъулияти ахлоқиро тақвият мебахшад ва инсонро ба худназоратӣ одат медиҳад. Аз нигоҳи илмҳои ахлоқ, худназоратӣ яке аз асосҳои ташаккули шахсияти комил мебошад. Рӯза ҳамчун як тартибу қоидаи амалӣ ин қобилиятро тақвият медиҳад. Мавриди зикр аст, ки яке аз бузургтарин фазилатҳои ин моҳ нузули китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон мебошад. Худованд мефармояд, ки Қуръон дар моҳи Рамазон нозил гардидааст, то ҳидоятгари мардум бошад. Дар ин моҳ тиловати Қуръон савоби чандинкарата дорад. Бисёре аз мусалмонон кӯшиш мекунанд, ки дар давоми моҳ ҳадди ақал як маротиба хатми Қуръон намоянд. Ин амал рӯҳро равшан ва дилро ором мегардонад. Дар мавриди фарзияти рӯза ва ҳикмати он инро метавон баён дошт, ки рӯза худдорӣ аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар амалҳои ботилкунанда аз тулӯи субҳ то ғуруби офтоб мебошад. Дар баробари ин яке аз муҳимтарин ҳикматҳои Рамазон поксозии рӯҳ аз олудагиҳои ахлоқӣ мебошад. Рӯза инсонро аз ғазаб, ҳасад, кина, такаббур, дурӯғ ғайбат, сухани бад, ва дигар амалҳои ношоиста дур месозад. Дар илми тасаввуф, нафс манбаи асосии майлҳои манфӣ дониста мешавад. Маҳдуд сохтани ниёзҳои ҷисмонӣ боиси суст гардидани ҳукмронии нафс мегардад. Аз ин рӯ, Рамазон як марҳилаи амалии «тазкияи нафс» (поксозии ботин) мебошад. Ҳамчунин рӯза дорои як қатор ҳикматҳо мебошад. Аз ҷумла тарбияи тақво, қавӣ гардидани ирода, эҳсоси ҳолати камбизоатон, покшавии ҷисм ва рӯҳ, таҳкими сабру таҳаммул Дар умум метавон гуфт, ки Рамазон инсонро ба ростқавлӣ, покдоманӣ ва хоксорӣ даъват мекунад. Худдорӣ аз ғазаб, кина ва сухани носазо яке аз шартҳои қабул шудани рӯза мебошад. Ин моҳ муҳити ахлоқиро дар ҷомеа беҳтар намуда, равобити байни инсонҳоро устувор месозад. Дар баробари ин фазилатҳо, Рамазон моҳи раҳмат ва мағфират мебошад. Дар ҳадисҳо омадааст, ки моҳи Рамазон ба се қисм ҷудо мешавад, даҳ рӯзи аввал раҳмат, даҳ рӯзи дувум – мағфират, даҳ рӯзи сеюм наҷот аз оташи ҷаҳаннам мебошад. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешаванд,, то инсон имкони бештар барои ибодат ва хайру садақа дорад. Исоев Н, сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев

4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон муҳтарам Тангригули Атахаллиевро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешвои миллат бо қаноатмандӣ ҷараёни рушди мусбати ҳамкории ду кишварро зикр карда, ба имкониятҳои бузург ҷиҳати пешбурди ин раванд дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамлу нақл, инчунин соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳамзамон ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар самтҳои варзиш ва сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва ҷавонон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Сарвари давлати мо аҳамияти идомаи кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматиро ҷиҳати таъмини ҳамкории самарабахши ду кишвар дар ин ва дигар самтҳо таъкид карданд. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои нигоҳ доштани муколамаи мунтазами байнидавлатӣ оид ба тамоми маҷмуи рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкории зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда

  4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат Масато Кандаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Бонк табрик гуфта, ташрифи нахустини мавсуфро ба Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ин ниҳоди молиявӣ ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд. Дар ҷараёни суҳбат ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии кишвари мо ба шумор рафта, давоми солҳои ҳамкорӣ барои татбиқи зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар саҳм гузоштааст. Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи нави шарикии Бонк ва Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки самтҳои асосии он, аз ҷумла рушди энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими бахшҳои иҷтимоию хусусӣ, ба ҳадафҳои миллии Тоҷикистон комилан тавъам мебошанд. Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат барои дастгирии буҷети давлатӣ ва пешбурди ташаббусҳо дар самти ташаккули иқтисоди «сабз» ба Бонк изҳори сипос карданд. Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина ҷалби маблағгузории иловагӣ ва идомаи ислоҳоти сохторӣ барои рушди сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти экологии минтақа зарур дониста шуд. Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мусоидати муассир хоҳад кард.

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

2 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Бо камоли таассуф ва андӯҳи амиқ хабари шаҳодати Роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулини давлатӣ ва фармондеҳонро дарёфт кардем. Бо арзи маротиби таслият ба миллати шарифу сарбаланди Эрон бинобар ин талафоти бузург, мехоҳам бар нақши мондагори шаҳид Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ дар рушди равобити ҳамаҷониба ва созандаи Тоҷикистону Эрон ва таҳкими ҳамкориҳои ду миллати бостонӣ ва тамаддунофар таъкид намоям. Дар ин айёми фоҷеабор барои мардум ва кишвари бародари Эрон ғамшарикии мардуми Тоҷикистонро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди маннон барои ҳамаи он шаҳидон, ки дар ҷавори раҳмати Илоҳӣ ҷой гирифтаанд, ғуфрони абадӣ ва барои ҳамаи пайвандони азизи онҳо сабри ҷамил дар ин мусибати ҷонкоҳ масъалат дорам».

Президент, Хабарҳо

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд. 2. Моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд. 5. Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд. 6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд. 7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 28 феврали соли 2026 №1143

МАҚОЛАҲО

Раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти арзишҳои динӣ дар кишварҳои мусулмоннишин:

2. Фарҳанги сиёсӣ ё мушкилоти ташаккули фарҳанги сиёсӣ дар кишварҳои мусулмоннишин (Аввалаш дар шумораи гузашта) Ташаккули фарҳанги сиёсӣ заминаи асосии ҳаёти сиёсии ҷомеа буда, меҳвари самти талаботи ҷомеаро муайян ва роҳнамоӣ мекунад. Ба фарҳанги сиёсӣ ва аҳамияти он чӣ дар гузашта ва чӣ дар раванди имрӯза вобаста ба вазъи умумии ҷомеа баҳо дода мешавад. Таҷриба собит намуд, ки раванди ташаккули муайяни иҷтимоӣ бевосита ҳадафҳои иқтисодиро ба вуҷуд меоранд, ки амалӣ шудани онҳо минбаъд моҳияту мазмуни раванди сиёсиро муайян мекунанд. Фарҳанги сиёсӣ дар навбати худ аз тариқи истифодаи усул ва воситаҳои дар ихтиёрдошта мушкилоти ба миёномадаро ҳаллу фасл менамояд. Агар аз гузаштаи таърих то имрӯзро мавриди назар қарор диҳем, мебинем, ки “як шахс метавонад ба моҳият ва рафтору татбиқи сиёсат таъсир расонад ва ба он самти муайян диҳанд” Сиёсат як соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ аст, ки бо ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи қудрат, инчунин фаъолияти идоракунии давлат ва тақсимоти захираҳо байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаманд аст.1 Моҳияти сиёсат дар ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳалли низоъҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои муҳими сиёсӣ-иҷтимоӣ мебошад. Мафҳуми сиёсат аллакай дар замонҳои қадим масалан, рисолаи Арасту дар бораи идоракунии давлатӣ “Сиёсат” ном дошт. Муддати тӯлонӣ мафҳумҳои сиёсат хусусияти меъёрӣ доштанд, ки мувофиқи он он ҳамчун “мубориза барои тартиботи одилона” ё ҳамчун воситаи ноил шудан ба манфиати умумӣ муайян карда мешуд. Аз нигоҳи сохторӣ-функсионалистӣ, сиёсат унсури муҳими ҳар як созмони ҷамъиятӣ буда, мустақиман муқаррар кардани ҳадафҳо, маҷбуркунӣ ва нигоҳ доштани низоми сиёсӣ дар ҷомеа алоқаманд аст. Он ҳам метавонад рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро танзим кунад ва ҳам ҳамчун монеа дар тағйироти пешрафти онҳо амал кунад. Бояд эътироф кард, ки бар асоси ин таъриф, зӯроварӣ -ҳамчун фарҳанги сиёсии аксари кишварҳо тавсиф мешавад, зеро дар таърихи ҳар як давлати ҷаҳон аз мисолҳои бераҳмӣ ва задухӯрдҳо (дар ҷангҳои бешумори хориҷӣ), истилоҳо, задухурдҳои оммавӣ, шӯришҳои халқӣ, репрессияхои сиёсӣ, зиддиятҳои динӣ, мавҷуданд. Вале аз ин таҷрибаи душвори таърихӣ на факат хулосаҳои дахлдор набароварданд, балки зўроварӣ тадриҷан ақли башариятро бурд ва фарҳанги сиёсиро бо зўроварӣ тавъам кард ва дар тӯли таърихи ҷаҳон ин таҷриба борҳо тасдиқ шудааст. Дар ҳақиқат, тақрибан 250 давлат, 7 миллиард нафар бо 4000 забон ҳарф мезананд ва дар марҳилаҳои гуногуни рушд дар натиҷаи низоъҳои доимӣ ба вуҷуд омадаанд. Муборизаи шадидтарин байни афрод ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар соҳаи сиёсӣ ва динӣ ба амал меояд. Дар айни замон сабаби шиддат гирифтани муносибатҳои сиёсӣ дар заминаи андешаҳои динӣ ва динӣ-сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани низоъ фалокати минбаъдаи иҷтимоиро ба бор меорад. Аз ҷумла, муқовимати идеологии ҷомеаи мусулмонӣ бо Ғарб фундаментализми исломиро ба вуҷуд овард, ки ба ақидаи баъзе ҷомеашиносони ғарбӣ, ба “қабатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар сектори пеш аз капиталистии истеҳсолот ва гурӯҳҳои иҷтимоие, ки аз он тарбия ёфтаанд” алоқаманд аст, дар ҳоле ки ба ақидаи дигар, он ба “категорияҳое, ки дар натиҷаи навсозӣ, кормандони ҷомеаи исломӣ, мусулмонӣ, дар ин соҳа ба вуҷуд омадаанд” алоқаманд аст. Дар таҷрибаи шарқи мусулмонӣ ҳамаи ҳадафҳои сиёсӣ зери шиори озодӣ ва адолат саршуда, тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ новобаста аз касбу кор исломро байрақи талабҳои худ мегардонанд. Ин ҳолатро донишманди фаронсавӣ Оливье Рой чунин қайд кардааст, “зеро фарҳанги сиёсӣ бевосита ба маданияти хоси сиёсии ҷахони ислом алоқаманд аст”. Дар аксари мавридҳо масъалаи диндории воқеӣ ё самимии муҳандисон, омӯзгорон, устодони донишгоҳҳо барои сиёсатмадорон ё он гурӯҳҳое, ки ин низоъҳои сиёсиро зери шиори дин ташкил мекунанд, муҳим нест. Зеро аз нигоҳи ҷаҳонбинӣ ва муносибат ба арзиҳои эътиқодӣ инҳо аз пайравони созмонҳои бунёдгароии ислом куллан фарқ доранд. Барои онҳо, пеш аз ҳама, ислом аслиҳаи сиёсӣ аст, ки ҳамзамон на он қадар ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши ҷаҳонро мутамарказ мекунад, балки ҳуввияти динӣ ва иртиботи маънавӣ бо уммат, садоқат ба анъанаҳои динӣ ва рамзи зиддиғарбӣ мебошад. Дар солҳои 50-70 асри гузашта дар баъзе кишварҳои исломӣ, ки таҳти таъсири Ғарб қарор доштанд, гурӯҳҳои модернистҳои ғарбӣ пайдо шуданд, ки роҳи озодии халқҳои худро дар «ғарбшавӣ» ва бо суръат азхудкунии ҳадди аксар арзишҳои ғарбӣ дар сиёсат, илм, фарҳанг, ҳаёти ҳаррӯза ва амалиёти иқтисодӣ медиданд. Аммо дар шарқи мусулмонӣ аксарият ба онҳо пайравӣ накарданд. Баръакс онҳо ояндаи худро худро дар «бозгашт ба решаҳои» навбатии покии аслии ислом, ки ҷаҳони ислом аз замони пайдоишаш, бахусус дар давраҳои муқовимат бо ғайр аз сар мегузаронад ва таҳдидҳоро ба тарзи зиндагӣ ва низоми иҷтимоии он амиқ эҳсос мекард, диданд. Нахустин вокуниши мусалмонон ба экспансияҳои мустамликадории Ғарб, чолишҳои ҳарбию сиёсӣ ва фарҳангӣ-идеологии он исломгароӣ (панисломизм) буд, ки муттаҳид шудани тамоми мусулмононро бо рафъи ихтилофоти ақидавӣ ва дигар дар байни ҷунбишҳо ва фирқаҳои мухталифи онҳо талаб мекард. Исломгароии муосирро султонҳои усмонӣ, ки худро халифаи тамоми мусалмонон медонистанд, ба таври муассир истифода бурданд. Барои нигоҳ доштани қудрати худ, онҳо ба маҳкум кардани ҳама чизи ғарбӣ ташвиқ мекарданд ва зарурати ягонагии тамоми мусулмононро аз Марокаш то Шинҷон дар зери сарпарастии Истамбул ташвиқ мекарданд. Бисёре аз идеологҳои панисломистӣ дар пайдоиши ҳизбу созмонҳо дар кишварҳои исломӣ саҳм гузоштанд, ки муттаҳид шудани тамоми мусалмонон (аз ҷумла дар давлатҳои ғайриисломӣ) зери нуфузи Султон-халифаро бо шиорҳои «эҳёи хилофат» таблиғ мекарданд. Маҳдуд будани манфиати туркҳо натавонист ин шиорро умумисломӣ кунад. Бинобар ин, дар муборизаҳои идеологӣ панисламизм шикаст хўрда, тадриҷан ҷои онҳоро ҷараёнҳо ва назарияҳои дигари мусулмонӣ, исломи сиёсӣ, пеш аз ҳама бунёдгароии исломӣ гирифтанд. Мақсади асосии ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ таъмини адолати иҷтимоӣ, ки татбиқ ва таъмини онро бо Қуръон асос мекарданд. Дар майдони сиёсӣ ва идеологӣ дар шарқи мусулмонӣ ба ғайр аз идеяи адолати мутлақи дин ва ғояҳои каптализм инчунин гояҳои адолати социализм низ ворид гардид. Ин идеяҳо ва таълимотро баъзе миллатгароён ва сарварони давлатҳои исломии асри 20 (Носир Содот дар Миср, Бен Белла дар Алҷазоир, Каззофӣ дар Либия, Зулфикар Бхутто дар Покистон, Алии Шариатӣ дар Эрон) пайравӣ карданд, зеро ин идея мусулмононро ба таври органикӣ муттаҳид мекарданд. Дар ин маврид, ҳаракатҳои миллатгаро дар кишварҳои мусулмонӣ аз ақидаи ҷамъияти мусалмонон комилан ҷудо нашуда буданд, балки пайвастагии доимӣ доштанд. Ҳатто пешвоёни миллатгаро, ки эътиқоди дунявӣ доштанд, маъмулан саъй мекарданд, ки хоҳиши бунёди давлати дунявии миллиро бо ғояҳои модернизми исломӣ муттаҳид кунанд. Дар Миср бунёдгароии динӣ дар шакли як ташкилоти мутамарказ. “Ихвонул муслимин” бо сохтани як давлати исломӣ, ҳанӯз дар солҳои 1928 ба майдони сиёсӣ ворид шуда буд. Чунин ҷараёни сиёсӣ “Анҷумани уламои ислоҳталаб” дар Алҷазоир ташкил ёфт, ки зери шиори миллати

Хабарҳо

Боздиди корманди Маркази исломшиносӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

27-уми феврал кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона дидан намуда, оид ба маъхазҳои асосии мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози кори маҷлиси ҳукумати кишвар нахуст гузориши вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 шунида шуд. Таъкид шуд, ки барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки барномаи мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ баҳри таъмини рушди устувори низоми таҳсилоти томактабӣ таҳия гардида, татбиқи он ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон равона карда шудааст. То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар кишвар бояд ба зиёда аз 50% расонда шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва нақшаи амалигардонии он тасдиқ ва оид ба амалигардонии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад. Таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то деҳоти дурдаст дар ҳама ҷо бояд вуҷуд дошта бошанд. Дар кори маҷлис оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мирзо Хуршед шунида шуд. Таъкид гардид, ки барнома масири ояндаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути мушаххасу дақиқ муайян намудани самтҳои дахлдори афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлати алоқаманд, муқаррар менамояд. Зикр карда шуд, ки барои татбиқи барнома 2 миллиарду 366 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зарур аст ва он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки вазорату идораҳои дахлдор амалигардонии барнома ва нақшаи татбиқи онро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. Дар кори маҷлис дигар масъалаҳои муҳим низ баррасӣ ва аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои масъалаҳои муҳокимашуда ба Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истифодаи самараноки заминҳои кишт, вусъати киштукори баҳорӣ, бахусус пахта, картошка ва ҷуворимаккаю лубиёгиҳо, афзоиши содироти меваю сабзавоти барвақтӣ, ниҳолшинонию гулпарварӣ, таъминоти барқ, гузариш ба низоми биллингии ҳисоби истифодаи барқ, ҷоннок намудани тадбирҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб карда шуд.

МАҚОЛАҲО

Суиистифода аз иттилоот – яке аз чолишҳои ҷиддии асри муосир

Асри муосирро бе муболиға метавон асри иттилоот номид. Пешрафти технология ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам овардааст, ки ҳар шахс ба манбаи паҳнкунандаи хабар табдил ёбад. Иттилоот имрӯз қувваи бузург мебошад, он метавонад ҷомеаро муттаҳид созад, сатҳи маърифати мардумро баланд бардорад ва ба рушди давлат мусоидат кунад. Аммо дар баробари ин, агар иттилоот бо нияти бад ва ғаразнок истифода шавад, метавонад ба амну субот, ваҳдати миллӣ ва нуфузи давлат зарари ҷиддӣ расонад. Мавриди зикр аст, ки озодии баён яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Аммо ин озодӣ бо масъулият ҳамроҳ аст. Пеш аз паҳн кардани иттилоот ҳар шахс бояд дар бораи паёмадҳои иҷтимоии он андеша кунад. Эҳтиром ба ватан, миллат ва арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо яке аз пояҳои устувории ҷомеа буда, вазифаи муштараки ҳамаи мост. Аммо мутаассифона дар ҳар ҷомеа афроде дида мешавад, ки ба ҷойи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, тухми кинаву адоват мекоранд. Ингуна шахсонро фитнагар меноманд. Фитнагар касест, ки бо суханони бардурӯғ, овозаҳои беасос ва рафтори ноодилона миёни мардум низоъ меандозад ва оромии ҷомеаро халалдор месозад. Фитнагар маъмулан худро дӯсту хайрхоҳ нишон медиҳад, аммо дар асл мақсади ӯ барҳам задани муносибатҳои нек аст. Ӯ сухани якеро ба дигаре тағйир дода мерасонад, воқеиятро таҳриф медиҳанд ва онро ба чашми мардум нодуруст муаррифӣ мекунанд. Бо ин роҳ байни як ҷомеаи ором, дӯстон, хешовандон ва ҳатто ҳамкорон кинаву нофаҳмӣ ба вуҷуд меорад. Таъсири фитнагарӣ бисёр зараровар аст. Аввалан, эътимоди байни одамон коҳиш меёбад. Дувум, муҳити солим ба муҳити пур аз шубҳа ва нооромӣ табдил меёбад. Саввум, ҷомеа аз рушду пешрафт бозмемонад, зеро нерӯ ва вақт ба ҷанҷолҳо сарф мешавад. Фитнаангезӣ бо истифода аз иттилоот яке аз чолишҳои ҷиддии асри муосир мебошад. Шахсе, ки бо нияти бад иттилоотро бар зидди ватан ва миллат истифода мебарад, метавонад ба субот ва ваҳдати ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аммо ҷомеаи дорои маърифати баланд, тафаккури интиқодӣ ва эҳтироми мутақобил метавонад ба чунин чолишҳо муқовимат намояд. Барои пешгирӣ аз фитнагарӣ, ҳар як инсон бояд ҳушёр бошад. Пеш аз бовар кардан ба ҳар хабар, дурустии онро санҷидан зарур аст. Агар касе сухани нохубе дар бораи дигаре гӯяд, беҳтар аст мустақиман бо ҳамон шахс суҳбат намояд. Илова бар ин, тарбияи ахлоқӣ ва эҳтироми якдигар нақши муҳим дорад. Инчунин барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва рушди устувор зарур аст, ки сатҳи маърифати расонаӣ баланд бардошта шавад, фарҳанги муколамаи созанда ташаккул ёбад ва ҳар як шаҳрванд масъулияти сухан ва амали худро эҳсос намояд. Танҳо дар ин сурат ҷомеа метавонад ба чолишҳои иттилоотии замони муосир посухи муносиб диҳад. Хулоса иттилоот дар асри муосир яке аз соҳаи пурқудрат ба ҳисоб меравад. Он метавонад барои рушд ва ваҳдат хизмат кунад ё баръакс, барои барангехтани фитна ва тафриқа истифода шавад. Шахсе, ки бо нияти бад иттилоотро бар зидди ватан ва миллат истифода мебарад, ба субот ва ҳамдигарбоварии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, фитнагарӣ амали носолим ва хатарнок аст. Ҷомеае, ки дар он ростқавлӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, барои фитнагарон ҷой намемонад. Пас, биёед бо рафтори нек ва сухани дуруст сулҳу оромиро дар ҷомеаи худ ҳифз намоем. Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.

МАҚОЛАҲО

Дарки дурусти таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар (с)

Зимни андешаи ҷиддӣ дар бораи таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ба чунин бардошти эҳтимолан баҳснок хоҳем расид, ки мутаассифона, мусулмонон то ҳанӯз моҳияти таъйиноти мазкурро дуруст дарк накардаанд. Ба андешаи ин ҷониб, дуруст надонистани асли таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар сабаб гардидааст, ки мардуми мусулмон ҷавҳари таълимотро монда, арзишҳои дуюмдараҷаро пайгирӣ намоянд. Воқеияти ҳоли имрӯзаи мусулмононро ба таври рамзӣ метавон чунин муаррифӣ намуд, ки ба сабаби ноогоҳӣ аз моҳияти матлаби зикршуда мардуми мусулмон дар умум калларо монда дар пайи салла афтидаанд. Яке аз намунаҳои равшани дуруст нашинохтани ҷавҳари таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ва иштибоҳан омехта намудани “каллаю салла” дар тақлиди кӯр-кӯрона аз суннати Паёмбар ифода меёбад. Тақлиди кӯр-кӯрона ва муғризона аз суннати паёмбар дар он ифода меёбад, ки мардуми мусулмон дар самти пешгирифтаи худ собитқадам набуда, танҳо он суннатеро интихоб ва пайравӣ мекунанд, ки барояшон мушкилзо нестанд. Ногуфта намонад, ки дар зери мафҳуми «Суннати Паёмбар (с)” дар олами ислом одатан гуфтору кирдори Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро мефаҳманд. Албатта, чунин фаҳмиш, аз як нигоҳ, мушкилии ҷиддие надорад. Аммо ин ҷо мавзуи мавриди таваҷҷӯҳ ва тааммулу таҳқиқ аз он иборат аст, ки мардуми мусулмон дар кишвари мо ва берун аз он дар зери суннати Паёмбар кадом гуфтору рафтори ӯро чун рафтори зарурӣ ва барои ҷомеаи мусулмонон муҳим мепазиранд, пайравӣ менамоянд ва онҳоро аз ҷумлаи вижагиҳои фарқкунандаи дини ислом ба қалам медиҳанд. Ҳангоме мавзуи моҳияти суннати Паёмбарро ҷиддӣ таҳқиқ менамоем, мебинем, ки мусулмонони мо, мутаассифона, масоили хеле кучак, ночиз, зоҳирӣ, дуюмдараҷа ва аз аҳамияти иҷтимоӣ ва таълимию тарбиявӣ ориро мавриди таваҷҷуҳу пайгирӣ қарор медиҳанд. Масоили номбаршуда асосан аз мондани риш, бардоштани ангушту даст дар баъзе ҳолатҳои намоз, хӯрдани хурмо зимни рӯзакушоӣ ва амсоли инҳо иборат аст. Дар ин ҳолат сарулибоси Паёмбар, хӯрду хӯроки ӯ, ҷойи хобу василаи ҳаракаташ аз маконе ба маконе аз ҷониби “суннатдӯстдорон”, албатта, ҳамчун суннат пазируфта ва пайравӣ карда намешавад. Онҳо пазируфта нашудани суннатҳои мазкурро одатан ба тағйирёбии замона рабт медиҳанд. Яъне, чун замона дигар шудааст, “суннатдӯстдорон”- ро аз ҳамқадамӣ бо замона чорае нест. Воқеан ҳам хеле тааҷҷубовар аст, ки имрӯз “суннатдӯстдорон” баъзе аз рафтори Паёмбарро чун намунаи ибрат пазируфта, пайравӣ менамоянд, аммо иддаи дигари рафтори Паёмбарро ба сабаби тағйирёбии замона на танҳо пайравӣ намекунанд, балки огоҳона ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд. Пурсида мешавад, ки чунин муносибат магар қобили қабул аст? Агар ба гуфтору рафтори Паёмбар беғаразона, бо нигоҳи системавӣ ва равиши диалектикӣ назар андозем, мо дар он амалкарду ҳадафҳои хеле муҳим ва зарурию ногузирро пайдо менамоем, ки бешак моҳияти таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбарро барои мо равшану возеҳ боз мекунанд. Дар оғоз мехоҳем таъкид намоем, ки ин ҷо “нигоҳи системавӣ” гуфта, фаъолияти Паёмбарро ҳамчун як барномаи томи ахлоќї-иљтимої дар назар дорем. Дар зери “равиши диалектикӣ” бошад, мо амалкардҳои Паёмбарро дар робита ба муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳукмрону зарурати тағйирёбии онҳо мефаҳмем. Воқеан ҳам баъзе амалҳо дар рафтори Паёмбар хусусияти ҷузъӣ дошта, баъзеи дигар хусусияти куллӣ доранд, яъне пайгирӣ аз ҳадафи асосӣ ва марказие мебошанд, ки паёмбар барои расидан ба он бо иродаи матин ҳама гуна монеаҳои сунъию табииро бартараф намудааст. Ба андешаи мо бардоштани ангушту мондани ришу бо хурмо кушодани рӯза ва амсоли инҳо аз ҷумлаи аъмоли ҷузъӣ мебошанд. Онҳоро мавриди амалкарди ҳатмӣ ва нишони пайравии исломи воқеӣ муаррифӣ кардан нишони танҳо биниши маҳдуд, равиш (метод)-и ғайриилмии таҳқиқ ва нуқси илму дониш метавон донисту халос. Зеро амалҳои номбурда мазмуну ҳадафи асосии Паёмбарро муайян наменамоянд. Қобили зикр аст, ки донишмандони ислом дар тули асрҳои зиёди сипаригардида, аз як тараф, ба сабаби пойбандӣ ба такаббуру тафохур, аз тарафи дигар, ба сабаби дур будан аз дониши фалсафию надоштани тафаккури диалектикӣ таълимоти исломро, махсусан суннати Паёмбарро ҳамчун таълимоти зидди куштору таркиш, таълимоти сулҳофару инсонпарвар, ислоҳсозандаи ҷомеаю барои рушду пешрафт таҳрикдиҳанда дарк карда натавонистанд. Қишри номбурда ба сабаби таассуби динию яхбастагии афкору ақида таълимоти мазкурро аксаран зиддиилмӣ муаррифӣ намуда, олами исломро ба ботлоқи ҷаҳолат ғӯтавар гардониданд, ки оқибати он имрӯз дар шароити пешрафти босуръати илму технологияи ҷаҳонӣ равшан эҳсос мегардад. Воқеан ҳам, ҳамин нигоҳи яктарафа, борик, сатҳӣ, орӣ аз принсипи ягона, маҳдуду танҳо ба ҷузъиёт вобастаи донишмандони исломӣ сабаб гардидааст, ки олами ислом дар давоми зиёда аз ҳазор сол ҷомеаи хоболуд, қафомонда, аксаран дур аз илму маърифат, ниёзманд, дастнигар ва шахшудамонда боқӣ монад, дар ҳолате, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар аҳодиси Паёмбар оятҳою ҳадисҳои зиёде ҳастанд, ки манфиати инсонро дар маркази таълимот қарор дода, сабукии зиндагӣ ва пайгирӣ аз илму донишро, ки муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбанд, пайваста тарғиб менамоянд. Агарчанде дарки асли таъйиноти иҷтимоии рисолати Паёмбар ба донишмандони исломӣ ба сабаби надоштани тафаккури диалектикӣ муяссар нагардид, лекин шинохти воқеии таъйиноти мазкур ба донишмандони ғайриисломӣ, ки воқеан ҳам нигоҳ ва биниши васеъ доштанд, муяссар шуд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки баъзе муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ ба нақши Муҳаммад (с) дар рушди ҷомеа баҳои баланд дода, хосияти пешбарандагию таҳрикдиҳандагӣ ва мутобиқ ба рушду пешрафт будани дини исломро махсус қайд намудаанд. Аз ҷумла, шарқшиноси маъруф В.В.Бартолд менависад, ки “… ислом дар тули ҳаёти асосгузори худ раванди пешрафту рушдеро паси сар кард, ки онро дини буддоӣ аз замони Шакямуни то Ашока, ва дини масеҳӣ аз замони Исои Масеҳ то Константини Бузург паси сар карда буд”. (Ниг. (Бартольд В.В. Ислам.//Акад. Бартольд В.В. Соч. Т.6. – М. : Наука, 1966. Саҳ. 81). Ин ҷо барои хонанда ёдовар мешавем, ки Паёмбари ислом соли 570 таваллуд шуда, соли 632 фавтидааст. Аммо давраи нубувватии ӯ, ки бевосита муассир будааст, аз соли 610 оғоз ёфта, то охири умраш тул кашидааст. Ин давра ҳамагӣ 22 солро фаро мегирад. Аз гуфтаи муҳаққиқи маъруф В.В. Бартолд бармеояд, Муҳаммад (с) дар давоми 22 сол ҷомеаро ҳамон қадаре пеш бурд, ки барои дини буддоӣ ва масеҳӣ тақрибан 400 сол лозим омад. Ба андешаи ин ҷониб, асли таъйиноти рисолати иҷтимоии Паёмбари ислом Муҳаммад (с) маҳз дар ислоҳи ҷомеа, таъмини пешрафти ҷомеаю ҳамқадами замон гардондани он ифода меёбад. Аммо, мутаассифона, вақте зимоми ҷомеа ба дасти “уламо” ё “ворисони Паёмбар” афтод, ҷомеаи исломӣ дар давоми қариб ҳазор соли охир, манзури мо давраи баъди аҳди Сомониён, эҳтимол як қадам ҳам пеш ҳаракат накарда бошад. Аз суннатгароён ва қишри ба ном “уламо ё ворисони Паёмбар” пурсида мешавад, ки сабаби чунин шахшудамондагӣ ва беҳаракатӣ дар ҷомеаҳои исломӣ дар тули ҳазор соли охир чист? (Ин ҷо

Прокрутить вверх