Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ПОЯИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР

  Забон танҳо воситаи муоширати инсонҳо нест. Он хотираи таърихии миллат, воситаи нигоҳдории фарҳанг, василаи интиқоли дониш аз як насл ба насли дигар ва яке аз муҳимтарин унсурҳои худшиносии инсон ва ҷомеа мебошад. Агар таърих рӯйдодҳои гузашта ва роҳи тайкардаи миллатро ҳифз кунад, забон таҷриба, андеша, ҷаҳонбинӣ, эҳсос ва фарҳанги ин миллатро дар худ нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, мақоми забони тоҷикӣ дар ҳаёти миллати тоҷикро на танҳо аз дидгоҳи забоншиносӣ, балки аз нуқтаи назари таърих, фарҳанг, давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи муосир бояд арзёбӣ кард. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дорад. Ин мақом дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар шудааст: моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон карда, ҳамзамон ҳуқуқи миллату халқиятҳои сокини кишварро ба истифодаи озоди забони модариашон эътироф менамояд [1]. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян намуда, истифодаи онро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар танзим мекунад. Тибқи моддаи 3-и қонун, забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, давлат истифода, ҳимоя ва рушди онро таъмин менамояд; забони давлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад [2]. Барои дарки аҳаммияти забони тоҷикӣ дар замони имрӯз бояд ба роҳи таърихии он назар афканд. Аз нигоҳи забоншиносӣ, забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои форсии нав тааллуқ дошта, дар муҳити таърихии Хуросону Мовароуннаҳр ташаккул ва рушд кардааст. Тадқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки форсии нав аз асрҳои VIII–X ба тадриҷ ташаккул ёфта, дар асрҳои миёна ба яке аз забонҳои муҳими адабиёт, идоракунӣ ва дониш табдил ёфт. Хуросон ва Мовароуннаҳр дар ин раванд нақши махсус доштанд [3]. Дар ин замина, давраи Сомониён аҳаммияти хос дорад. Дарбори Сомониён дар Бухоро ба яке аз марказҳои муҳими рушди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ табдил ёфта, забон барои шеър, таърихнигорӣ ва осори илмӣ васеъ истифода мешуд. Тадқиқот собит месозанд, ки маҳз дар муҳити Сомониён эҳёи забони форсӣ ҳамчун воситаи адабиёт, дониш ва таърихнигорӣ суръати тоза гирифт [4]. Дар ин раванд номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ дар дарбори Сомониён фаъолият карда, ба яке аз чеҳраҳои асосии адабиёти форсӣ табдил ёфт. Манбаъҳои илмӣ Рӯдакиро аз барҷастатарин шоирони давраи Сомонӣ медонанд ва осори ӯро аз нахустин намунаҳои бузурги назми форсӣ мешуморанд [5]. Аммо бузургии забони мо танҳо дар шеър маҳдуд нашудааст. Ин забон тавонист ба забони андешаи фалсафӣ, тиббӣ, таърихӣ, ахлоқӣ ва илмӣ низ табдил ёбад. Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон дар муҳити форсизабони асримиёнагӣ осори илмӣ офаридаанд. Ҳамин омил нишон медиҳад, ки забон танҳо воситаи баён кардани андеша нест, балки он худ метавонад ба муҳити тавлид, ҳифз ва интиқоли дониш табдил ёбад. Аз ҳамин нуқтаи назар, мероси Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургони илму адаб барои мо танҳо мероси адабӣ ё таърихӣ нест. Ин осор шаҳодати имкониятҳои бузурги забон дар ифодаи андешаҳои мураккаб, эҷоди асарҳои мондагор ва интиқоли дониш мебошанд. Забон ҳамчун хотираи фарҳангии миллат. Забон фарҳангро танҳо номгузорӣ намекунад, балки онро дар худ нигоҳ медорад. Дар таркиби луғавӣ, ибораҳо, мақолҳо, зарбулмасалҳо, истилоҳот, номҳои ҷойҳо ва осори хаттӣ қабатҳои гуногуни таҷрибаи таърихии халқ ҳифз шудаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи забон маънои ҳифзи танҳо қоидаҳои грамматикӣ ё имлоро надорад. Ҳифзи забон ҳамзамон ҳифзи осори адабӣ, фарҳанги китобхонӣ, истилоҳоти илмӣ, ганҷинаи луғавӣ ва қобилияти ба забони модарӣ ба вуҷуд овардани андешаи муосир мебошад. Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли 2025 таъкид карданд, ки забони тоҷикӣ дар рушди таърихии худ «ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат» нақши муҳим доштааст. Дар ҳамин паём таъкид мешавад, ки забони тоҷикӣ дар давраи Сомониён мақоми устувори расмӣ пайдо намуда, баъдан олимон ва адибон дар тӯли асрҳо ба рушди он саҳм гузоштаанд [6]. Ин андеша моро ба як масъалаи муҳими имрӯз мерасонад: агар забон мероси гузашта бошад, пас вазифаи насли имрӯз танҳо ҳифзи он нест – балки рушди он низ ҳаст. Яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати забонӣ дар замони муосир маҳз ҳамин аст: забони тоҷикӣ бояд на танҳо забони адабиёт ва фарҳанг, балки забони фаъоли илм, таҳсил, технология, иқтисод, ҳуқуқ ва муоширати муосир низ бошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон истифодаи забони давлатиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон, қонун истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад ва ҳуқуқи миллату халқиятҳоро ба истифодаи озоди забони модариашон эътироф мекунад [2]. Ин муқаррарот як андешаи муҳимро нишон медиҳад: мақоми баланди забони давлатӣ бо эҳтиром ба дигар забонҳо мухолифат надорад. Баръакс, ҷомеаи босубот бояд ҳам забони давлатиро рушд диҳад ва ҳам ба гуногунии забонӣ эҳтиром гузорад. Ҷавони тоҷик бояд забони модарии худро хуб донад, аммо донистани забони тоҷикӣ набояд ӯро аз омӯзиши англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои ҷаҳонӣ боздорад. Баръакс, забони модарӣ бояд заминаи устувори аз худ кардани донишҳои ҷаҳонӣ бошад. Бояд ба ин нукта аҳаммияти махсус дод, ки рӯзи забони давлатӣ танҳо рӯзи таҷлили як сана нест. Ин рӯз бояд фурсати андешидан дар бораи муносибати ҳар яки мо ба забони модарӣ бошад. Барои давлат вазифаи асосӣ фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифз ва рушди забон аст. Барои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ — рушди забони илм, истилоҳот ва фарҳанги забондонӣ. Барои адибон ва рӯзноманигорон — истифодаи забони равону саҳеҳ ва тавлиди муҳтавои босифат. Барои омӯзгорон — омӯзонидани забон на танҳо ҳамчун маҷмуи қоидаҳо, балки ҳамчун воситаи андешидан ва маърифат. Ва барои ҳар як шаҳрванд — эҳтиром, омӯзиш ва истифодаи дурусти забони давлатӣ. Сарвари мамлакат дар паёми Рӯзи забони давлатӣ дар соли 2025 низ таъкид карданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд тавассути забони давлатӣ ва дар баробари донистани хуби забони тоҷикӣ сурат гирад. Ҳамчунин ба китобхонӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, маърифат ва ҷаҳонбинӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд [6]. Пас, эҳтиром ба забон танҳо бо суханони пурмуҳаббат ифода намеёбад. Агар мехоҳем забони тоҷикӣ дар асрҳои минбаъда низ забони зинда, тавоно ва созандаи дониш бошад, бояд ба он илм, китоб, истилоҳоти муосир, технология ва муҳтавои босифат ворид созем. Забон вақте зинда ва неруманд мемонад, ки наслҳои нав онро танҳо мерос намегиранд, балки бо он меандешанд, менависанд, таҳқиқ мекунанд, ихтироъ менамоянд ва бо ҷаҳониён

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб

Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иншооти дигари тозабунёд дар маркази шаҳри Кӯлоб мебошад, ки 4 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин бинои бисёрошёна барои кормандони 20 шуъба ва гурӯҳҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб шароити муосири хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд шуда, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба кормандони ин мақомот гардид. Дар ин ҷо барои мутахассисони шуъбаву гурӯҳҳо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, ҳуҷраи хоб ва дигар шароити зарурӣ таъмин шудааст. Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 354 курсӣ, ошхона, меҳмонхона, толори варзиш, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои зарурӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандони соҳа, онҳоро ба хизмати софдилона ба Ватан ҳидоят намуданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар замони ҷаҳонишавӣ бояд ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушёру зирак бошад, донишу малакаи худро сайқал диҳад, дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ софдилонву содиқона хизмат намояд.

Президент, Хабарҳо

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб нахуст бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотеҳаи нек намуданд. Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои 14 ва 15-и мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст. Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат дар солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.

Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд. Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукуҳ ва ҷалоли хоса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд. Истиқболи гарму самимӣ ва шодию нишоти намояндагони сершумори аҳолии ҷомеа дар фазои сафобахши Ватан шаҳодати ифтихор ва шукргузории мардуми Тоҷикистон аз сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, суруду таронаҳои дилангез ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар ва комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд.

Президент, Хабарҳо

Ба таври фосилавӣ ба истифода додани 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои меҳмонхонаи Эҳсон дар ноҳияи Восеъ, 20 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 кӯдакистон, 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов, марказҳои хизматрасонӣ ва забономӯзӣ, бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳоти Миралиобод, корхонаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ,  корхонаи истеҳсоли хишти Бадахшон-Тур, корхонаи истеҳсоли хишти Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ ва 70 километр роҳи мумфаршгардидаи маҳаллиро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Бобошоҳиён ҷойгир буда, дар он 960 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад.  Муассисаи нави таълимӣ дорои 16 синфхона, аз ҷумла 6 кабинети фаннӣ, ошхона бо 50 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Иншоот бо маблағгузории Раёсати сохтмони вилояти Хатлон сохта шуда, дар он 41 омӯзгор ва 13 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 воқеъ дар деҳоти Худоёр Раҷабов ҷойгир буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон мавҷуд мебошад. Муассисаи наву замонавӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва Кумитаи падару модарон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ сохта шудааст. Бо ба истифода додани иншооти нави соҳа 25 омӯзгори соҳибтахассус ва 15 корманди техникӣ ба кор ҷалб гардид. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76 дар деҳаи Навдеҳ барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда,  бо саҳми сокинону соҳибкорони саховатпеша бунёд гардидааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар 9 синфхонаи наву барҳаво хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 30 омӯзгор ба кор ҷалб шуд. Иншооти дигари соҳа бинои нави кӯдакистон дар деҳаи Тосқалъа мебошад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Камол Ҳабибуллозода барои 80 кӯдак сохта шудааст. Иншоот дорои 8 синфхона, ошхона бо 40 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бо мақсади таълими дӯстрӯякон 15 парастор ба кор ҷалб гардид. Дар 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, ки  дар доираи лоиҳаи “Рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таълимӣ дар шаҳраки Ҳулбук ва деҳаҳои Меҳробод, Баҳористон, Гулистон, Навобод, Анористон, инчунин дигар маҳаллаҳо бунёд гардидаанд, барои ба таълим фаро гирифтани 325 тарбиятгиранда ва 26 ҷойи нави корӣ замина фароҳам омад. Бинои нави шуъбаи милитсия дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Мирзоализода бунёд гардидааст. Бинои нав дорои 13 ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои кормандон ҷойи хобу истироҳат низ пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои кории дорои шароити муосир ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин сохтор мусоидат менамояд. Бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад . Маркази савдо ва хизматрасонии Восеъ-Мол, ки дар ҳамин рӯз аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид, дар кӯчаи Султони Кабир ҷойгир буда, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои хариду фурӯш ва пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун ба сокинон ва меҳмонони ноҳия бунёд шудааст. Иншоот ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Назарзода сохта шудааст. Маркази хизматрасонии Нур дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Нуриддин Сатторзода бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимӣ ба сокинон пешбинӣ шудааст. Дар маркази хизматрасонӣ бахши дандонпизишкӣ фаъолият менамояд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар бино маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаъолият менамояд. Барои ташкили раванди таълим панҷ синфхонаи муҷаҳҳаз пешбинӣ гардида, дар як вақт имкони ба омӯзиш фаро гирифтани то 70 нафар мавҷуд аст. Корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ бо 10 ҷойи корӣ дар деҳаи Пушиёни Миёнаи деҳоти ба номи Худоёр Раҷаб ҷойгир буда, барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва сокинон бо маҳсулотӣ гӯштӣ  мусоидат хоҳад кард. Ду корхонаи хиштбарорӣ, Бадахшон-Тур ва Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ бо таъсиси 60 ҷойи корӣ дар деҳаҳои Гулистон ва Тугарак бунёд гардида, дар амалигардонии саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти сохтмонӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаи Бадахшон-Тур 24 миллион дона ва аз Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ 30 миллион дона хишт  мебошад. Дар идомаи иқдомҳои созанда бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 70 километр роҳҳои мумфаршгардидаи маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва интиқоли молу маҳсулот ва бехатарии воситаҳои нақлиёт имконият медиҳад. То охири сол дарозии умумии роҳҳои мумфаршгардида ба 100 километр расонида мешавад. Дар маҷмуъ, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот зиёда аз 390 ҷойи нави корӣ барои сокинон муҳайё гардид. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 540 хонанда ҷойи нишаст ва дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 400 тарбиятгиранда шароит фароҳам гардид, ки ҳамаи ин нишонаи возеҳи сиёсати созанда, ғамхорӣ ва ҳидоятҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Президент, Хабарҳо

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, аз ноҳияи Фархор ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳар як ташрифи Роҳбари давлат ба ин ё он гӯшаи кишвар барои фароҳам гардидани инфрасохтор, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии 8 иншоот дар ноҳияи Фархор

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор, 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор шинос шуданд. Иншооти нахустине, ки дар ин ноҳия ба таври фосилавӣ кушода шуд, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Фархор дар деҳаи Ориён мебошад. Ин иншооти муҳими маъмурӣ шароити мусоиди кориро барои кормандони ҷамоат ва хизматрасонии босифат ба сокинони маҳаллӣ фароҳам меорад. Бинои мазкур бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, дорои шароити зарурӣ мебошад. Иншооти дигар бинои маъмурии Маркази бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Фархор аст, ки ба таври фосилавӣ кушода шуд. Ин иншооти муҳими соҳавӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сифати назорати маҳсулоти кишоварзию хӯрокворӣ бунёд шудааст. Бинои нав аз ҳуҷраҳои кории барҳаво ва озмоишгоҳҳои муосир иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ ва технологияҳои муосири назоратӣ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-ро дар деҳаи Дӯстии деҳоти Фархор ба истифода доданд. Бинои иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, мушкилоти норасоии ҷойи нишастро дар муассиса аз байн мебарад. Дар иншооти нав шароит мутобиқ ба талаботи замон оварда шудааст. Иншооти дигари соҳаи маориф, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 дар деҳаи Муродбахши деҳоти Истиқлол мебошад. Дар ин бинои таълимӣ метавонанд 384 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии муассисаи таълимӣ хонандагон таҳсилро дар шароити замонавӣ идома хоҳанд дод. Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзишӣ, майдончаи варзишии болопӯшида ва маҷлисгоҳро дар деҳаи Бобосафоли деҳоти Гулшан тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба ҷалби таваҷҷуҳи сокинон, бахусус ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард. Ду маркази саломатӣ низ дар деҳаҳои Хуросон ва Дарқади ноҳияи Фархор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дар деҳаҳо дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ин марказҳои саломатӣ барои қабули беморон, гузаронидани муоинаи тиббӣ, ташхиси ибтидоӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва иҷрои дигар корҳои зарурӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Гулистон-Фархор, ки 29,6 километр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад, шинос шуданд. Нақши ин роҳ дар рушди боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани лоиҳа вазифадор намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 109 километр роҳҳои мумфаршгардидаи байни деҳаҳои ноҳияи Фархорро, ки аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони боҳиммату ватандӯсти ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфарш гардидаанд, мавриди истифода қарор доданд. Сокинон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободониву созандагии ноҳия саҳмгузорӣ намуда, роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш намудаанд. Иншооте, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва дар маҷмуъ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия замина хоҳанд гузошт.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои нави Маркази адлия дар ноҳияи Фархор

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Баъди ба истифода супоридани бинои нав Маркази адлия дар ноҳияи Фархор бо равзанаи ягона пайваст гардид. Марказ дорои китобхона, толори ақди никоҳ, ҳуҷраҳои кории барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон аст. Барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равзанаи ягона бо муҳимтарин дастгоҳ ва лавозимоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ таъмин шудааст, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кӯтоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд. Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд аст, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия васеъ истифода хоҳанд кард. Толори ақди никоҳ вобаста ба маросими домодию арусӣ оро дода шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷраҳои кории идораи нотариалии давлатӣ, муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ дар бинои нав дорои шароити хуби корӣ ҳастанд. Дар бинои нав меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки бо 4 ҳуҷраи барҳаво барои қабули 8 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳо стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Дар таҳхонаи иншоот бойгонии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст. Дар умум дар бинои Маркази адлияи ноҳияи Фархор 10 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуд аст. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Маркази адлия қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори мақомоти адлия буда, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо мусоидат хоҳад намуд. Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бино баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукукии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ бештар фаъолият намоянд. Иншооти хуштарҳи навбунёд туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти адлия дар ноҳияи Фархор арзёбӣ гардид.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Фархор

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор  бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст. Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст. Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд. Барои роҳату осонии истифодаи бино лифти замонавӣ насб гардида, инфрасохтори муҳандисии он низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ карда шудааст. Бунёди  иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз  гардида, дар раванди сохтмон 40  сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан сабзкорӣ шуда, суҳбаткадаю   майдончаи бозӣ бунёд гардидааст. Таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон, таъмини онҳо бо манзили хизматӣ ва муҳити зарурии кору зиндагӣ, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани самаранокии хизмат ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳавӣ нигаронда шудааст.

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо шодиву сурур ва муҳаббату самимияти бепоён пешвоз гирифтанд. Аз ҷониби аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз инъикос мекунанд, пешниҳод гардид.  

Прокрутить вверх