Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Заминаҳои зуҳури ғояҳои ҳаракатҳои ифротӣ дар фазои динии кишварҳои шарқӣ ва воситаҳои мафкуравии муқовимат бо он дар Тоҷикистон. Ҷамоати Ансоруллоҳ

  Равияи ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ё «Ансоруллоҳ» соли 2011 дар Афғонистон аз ҷониби яке аз мухолифони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ( Radio Azattyq (Радиои «Озодӣ», 30.07.2021).  «Ҷамоат» калимаи арабии «جماعة‎» буда, маънои «иттиҳод, ташкилот, иттифоқ»-ро дошта (Х.К.Баранов. Арабско-русский словарь. Москва,1977), мафҳуми «иттиҳоди гурўҳи мусулмонон бо мақсади омўзиши якҷоягии дини ислом, адо намудани воҷиботи динӣ, кумаки якдигар ва мубодилаи афкор»-ро ифода менамояд. «Ҷамоат» теъдоди мухталифи диндорони дар як масҷиди муайян барои адои намоз ҷамъшударо метавонад муттаҳид намояд. Роҳбарияти «Ҷамоат»-ро имоми масҷид ба уҳда дорад. Ибораи «Ансоруллоҳ» (أنصار الله‎ ) низ арабӣ буда, он аз калимаҳои «Ансор» ва «Аллоҳ» иборат аст. Калимаи «Ансор» шакли ҷамъи калимаи «Носир» буда, маънои «ҳаводор, пайрав, тарафдор, ёрдамчӣ…»-ро ифода мекунад (Шарбатов. Арабско- русский словарь. Москва, 1977). Калимаи «Ансор» дар фарҳанги «Ар-роид» чунин шарҳ дода шудааст: «Аҳли Мадина, ки Пайғамбари ислом ва ёрони Вай аз аҳли Маккаро ёрӣ карданд» (Ҷуброн Масъуд. Фарҳанги алифбоиӣ арабӣ –форсии  Ар-роид. Машҳад, 1380 ҳ.қ.) Аз соли 2006 то 2015 роҳбарии ташкилоти террористии мазкурро зодаи Тоҷикистон – Амриддин Табаров ва аз соли 2015 то ба имрўз роҳбарии онро Муҳаммад Шарипов ба уҳда дорад. Аз рўзҳои аввали пайдоиши хеш роҳбарони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» муносиботи душманонаи хешро нисбати Тоҷикистон оғоз кардаанд. Дар ин маврид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми сентябри соли 2023 дар панҷумин мулоқоти машваратии президентҳои ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ дар ш.Душанбе иброз намуданд: «Солҳои охир мо бо кушишҳои воридшавӣ ва убури ғайриқонунии убури сарҳади давлатӣ, аз ҷониби гурўҳҳои террорристии мухталиф, рў ба рў шудаем.  Чанде пеш ду кўшиши убури марз аз ҷониби силоҳбадастон пешгирӣ гардид. Онҳо мақсади анҷом додани амалиёти террористиро дар пойтахт ва дигар манотиқи кишварро доштанд». Ниҳоди қудратии масъули ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҳануз 5 сентябри соли 2023 хабар дода буд, ки 3 нафар аъзои ташкилоти байналхалқии террористӣ шаби 29-ум ба 30-юми моҳи август ғайриқонунӣ хатти марзи байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақаи ҳамсарҳад бо деҳаи Кеврони самти ноҳияи Дарвоз убур намуданд. 26 апрел бошад, Маркази алоқа бо ҷомеаи КАМ ҶТ аз несту нобудсозии 2 нафар аъзои «Ансоруллоҳ» ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ хабар дода буд. Ногуфта намонад, ки «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ягона ташкилоти террористиест, ки аъзоёни он аз шаҳрвандони фирории Тоҷикистон иборатанд, ки аз аввалин рўзҳои таъсисёбии хеш зери роҳбарии «Толибон» ҷангидаанд. Ҳаракати «Толибон» баъди ба даст гирифтани зимоми давлатдории дуюмбораи Афғонистон, моҳи августи соли 2021 ба силоҳбадастони «Ансоруллоҳ» масъулияти ҳимояи яке аз минтақаҳои марзи байни Афғонистону Тоҷикистонро супоридаанд. Каме пештар, моҳи июни соли соли 2021, вақте ки «Толибон» гузаргоҳи назоратии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар Бадахшон зери назорат гирифтанд, насби парчами «Толибон»-ро дар ин мавқеъ ба яке аз силоҳбадастони тоҷиктабор Маҳдӣ Арсалон супориш доданд. Маҳдӣ Арсалон ин исми мустаори Муҳаммад Шарипов мебошад. Ў зодаи деҳаи Шербегиёни ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 29 сол дорад. Ҳукумати «Толибон» ба гурўҳи Муҳаммад Шарифов масъулияти назорати 5 ноҳияи Бадахшони Афғонистон (Куфоб, Хвахан, Маймай, Нусай ва Шикай)-ро вогузоштааст. Дар Афғонистон Арсалон ва дигар размандагони тоҷик ҳамчун «толибони тоҷик» маъруфанд. Дар асли ҳол онҳо аъзоёни равияи ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мебошанд. Аъзоёни ин равияи ифротгаро бо сарварии Муҳаммад Шарипов якҷоя бо «толибон» чандин маротиба дар задухўрдҳои сарҳадӣ бо марзбонони тоҷикистонӣ иштирок намудаанд (1.Радио «Озодӣ», Фарангиз Наҷибулло, 30.07.2021, 13:33. 2.Sweet, Julia (2022). “Jamaat Ansarullah (JA) Commander, Mahdi Arsalan, Ready To Invade the Shamsiddin Shokhin District (Shuroabad) in Khatlon region of Tajikistan – 06 October 2021”. TRAC. Retrieved 2023-02-14). Ногуфта намонад, ки ҳар як фаъолияти ифротгароёнаи аъзоёни равияи мазкур аз масъулони ниҳодҳои қудратии тоҷикистонӣ пўшида нест. Бисёр аъзоёни ин равия дар ҷангҳои дохилии Афғонистон ва ё задухўрдҳо, ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба ҳалокат расидаанд ва ё асир гардидаанд. Охирон кўшиши убури марзи Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти террористӣ аз ҷониби гурўҳи сенафараи мусаллаҳонаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ, низ ба бод рафта, роҳбарияти «Толибон», минҷумла сухангўи «Толибон» Забиҳулло Муҷоҳид, аз маълумот доштан ва алоқа доштан бо «Ҷамоати Ансоруллоҳ», дар сафҳои гуруҳҳои ҷангҷуи ифротии Афғонистон иштирок намудани тоҷикистониҳо, инчунин таҳдид накардан ба кишварҳои ҳамсарҳади хеш ва иҷозат надодан ба ҳуҷуми ягон гуруҳи мустақар дар Афғонистон даъво мекунанд, аммо ин ҳама ботил аст. Зеро «Ҷамоати Ансоруллоҳ» бо дигар равияҳои ифротгарою ҷангҷуи Афғонистону Покистон, «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Алқоида», «ДИИШ» ва ғайра алоқаи зич дошта, тамоми фаъолияти хешро зери сарпарастии роҳбарияти «Толибон» анҷом медиҳанд. Гарчанд роҳбарияти «Толибон» даъво доранд, ки иҷозат намедиҳанд заминҳои Афғонистон барои амалиёти низомии зидди кишварҳои ҳамсоя истифода шавад, вале ҳақиқат ҳол дигар аст. Гуруҳи ҳарбии «Ансоруллоҳ»-и шиъаҳои зайдӣ (шиъаҳои зайдӣ яке аз шохаҳои муътадили мазҳаби ташайюъ буда, асосгузори он Зайд ибни Алӣ (набераи Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб)  дар асри 8-уми милодӣ мебошад. Ин шоха ба асосҳои мазҳаби ҳанафӣ қаробат дорад-Большая советская энциклопедия. Москва, 1978) дар Яман низ фаъолият дорад. Онҳо соли 2004 бар зидди ҳукумати Яман ошуби ҳарбӣ барпо намуда, қисмате аз заминҳои қисмати ҷанубии Яманро зери тасарруфи хеш дароварданд. Онҳо дар инқилоби соли 2011 низ ширкат варзиданд, ки дар натиҷаи он президенти Яман Али Абдулло Солиҳ ба истеъфо рафт ва 4 декабри соли 2017 ба қатл расонида шуд. Соли 2015, баъди ба даст гирифтани пойтахти Яман- Санъо ва ташкили Шўрои инқилобӣ, роҳбари Шўро Муҳаммад Алӣ Алҳусӣ интиҳоб гардид. Аз ин сабаб дар ВАО (васоити  ахбори омма) истилоҳи «яманиҳои ҳусӣ» ва ё «ҳусиҳо» истифода мешавад. (Густерин П. Йемен в переходный период. На пути к миру или распаду? — Саарбрюккен, 2014. — ISBN 978-3-659-28300-0).   Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари  шуъбаи пажўҳиши исломи муосир      

МАҚОЛАҲО

Дар пайи ҳаёти ҷовидон

Аз китоби Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз “Маснавии маънавӣ” Марде ҳаким бо забони рамзу истиора ба дӯстони худ гуфт:- Дар Ҳиндустон дарахтест, ки ҳар кас аз меваи он бихӯрад, на пир мешавад  ва на мемирад. Ин сухан ба гӯши подшоҳ мерасад ва сахт шефтаи он дарахт мегардад. Аз ин рӯ, қосиде[1] ба сӯи Ҳиндустон мефиристад, то ҳар гуна, киҳаст, он дарахтро биёбад. Қосидсолҳо дар он сарзамин ҷустуҷӯ мекунад ва нишони он дарахтро аз ҳар касе мепурсад, аммо ҳамагон ӯро масхара мекунанд ва мегӯянд, чунин дарахте вуҷуд надорад: Шаҳр- шаҳр аз баҳри ин матлуб гашт, Не ҷазира монду не кӯҳу на дашт. Ҳар киро пурсид, кардашт ришханд, К-ин кӣ ҷӯяд? Ҷуз магар маҷнуни банд. Муддатҳо гузашт ва шоҳ мураттаб барои ӯ пул мефиристод, то ба ҷустуҷӯ идома диҳад, аммо ӯ ҳарчи бештар ҷустуҷӯ мекард, камтар ба натиҷа мерасад. Саранҷом, азми бозгашт кард: Пас саёҳат кард он ҷо солҳо, Мефиристодаш шаҳаншаҳ молҳо. Чун басе дид андар он ӯурбат таъаб,[2] Оҷиз омад охируламр аз талаб. Кард азми бозгаштан сӯйи шоҳ, Ашк мебориду мебурид роҳ. Дар яке аз манозили роҳ фурӯд омад, то каме истироҳат кунад. Ногаҳон бо олиме раббонӣ рӯ ба рӯ шуд. Достони худро барои ӯ бозмегӯяд, то гиреҳ аз кораш бикшояд. Он олим пас аз шунидани суханони ӯ мегӯяд: -Эй содадил, он дарахт дарахте нест, ки дар саҳрову биёбон ва боғу бӯстон бошад, балки мақсуд аз он дарахт дарахти илму маърифати аст. Шайх хандиду бигуфташ:- Эй салим! Ин дарахти илм бошад дар Алим, Бас баланду бас шигарфу бас басит,[3] Оби ҳайвоне зи дарёи муҳит. Ин гавҳарро номҳои гуногуне аст, гоҳе ба он дарахт мегӯянд, гоҳе офтоб, гоҳе дарё ва гоҳе абр ва ҳазорон хосият дорад, ки яке аз онҳо умри ҷовидон аст: Гаҳ дарахташ ном шуд, гоҳ офтоб, Гоҳ баҳраш ном гашту гаҳ саҳоб. Он яке, к-аш сад ҳазор осор хост, Камтарин осори ӯ умри боқист. Ту аз ин рӯ гумроҳ шудӣ ва ба натиҷа нарасидӣ, ки дар пайи ному сурат рафтӣ ва аз ҳақиқату маънӣ бозмондӣ. Гарчанде ҳадафи мутафаккир аз ин ривоят дониши динист, чун ӯ дар асри миёна зиндаги карда буд, аз ин ривоят бо назардошти хусусиятҳои рушди имрӯзаи ҷомеа бардошти дурбинона ва оқилона бояд ҳосил намуд. Дар фазои пурталотуми рақобатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ рӯ ба улуми табиатшиносӣ овардан василаи беҳтарини таъмини умри ҷовидона барои миллат буда, кафили амну осоиш ва хушбахтии воқеӣ барои фарзандони он мебошад.   Гирдоваранда: Исоев Н.сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

25 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва дигар сохторҳо таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Ба вазифаҳои муовини якум ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  муовини вазири адлия, муовини вазири кишоварзӣ, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун», муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида таъин гардиданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, истифодаи босамару беталафи обу неруи барқ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навтарини илму техника ва зеҳни сунъӣ дар идораи корҳо ҳидоят намуданд. Дастур дода шуд, ки дар тарбияи кадрҳои ҷавон ба омӯзиши амиқи технологияи навтарин, рақамисозӣ, забонҳои муоширати байналмилалӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад. Бо назардошти авзои пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муомилаю муошират манфиати давлати соҳибистиқлол ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад. 25.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Федератсияи Русия боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем”. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

ТАБИАТИ ДУНЯВИИ ДИНИ ИСЛОМ

Дин дар моҳияти худ авлавияти неруи фавқуттабиа ва мақоми тобеъ ва дуюмдараҷа доштани олами моддиро бо тамоми арзишҳояш нуҳуфтааст. Аммо нигоҳу назари уқобӣ ба таъиноти дин ба он далолат менамояд, ки ҳадафи охирини дин боз ҳам олами моддию арзишҳои он маҳсуб меёбад. Дуруст аст, ки худи дин таъиноти мазкурро ошкоро эълом намедорад, лекин ин таъинот аз тааммулу тааққул, аввалан, дар болои сабабҳои пайдоиши дин, сониян, дар болои дастуроти динӣ бармеояд. Ба қавли дигар, агар дар ҷомеа дар зинаҳои муайяни рушди он мушкилоти ҳалталаб дар ҳаёти моддию маънавии инсон вуҷуд намедошт, на дин пайдо мегардид, на зарурат ба он. Яъне, зарурат ба дину ҳалли мушкилоти инсон тавассути дин усули қадима ва асримиёнагии мушкилоти инсон маҳсуб меёбад. Аз ин нуқтаи назар, ҳеҷ яке аз диният орӣ аз ҳалли мушкилоти дунявии инсон нест. Инсон, аз як тараф, ба хотири посух додан ба ҳисси кунҷковию, аз тарафи дигар, қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавияш динро офарид. Ҳамин тариқ, асли таъиноти дин аз бароварда сохтани талаботи дунявии инсон бо усули ба дин хос иборат мебошад. Дар заминаи мантиқи баёнгардида дунявият ҳамчун зуҳури ҳадафу манофеи дунявии инсон унсури муҳим, асосӣ, вале ниҳонии ҳар гуна диният маҳсуб меёбад. Вай вобаста ба шароитҳою заминаҳои моддию маънавии пайдоиши дин дар сатҳҳои гуногун аз худ дарак медиҳад. Агар вобаста ба матлаби баёнгардида шароити пайдоиши динҳои сомӣ – динҳои яҳудӣ, масеҳӣ ва исломро муқоиса намоем, мебинем, ки вобаста ба шароити пайдоишашон таъиноти дунявии онҳо низ гуногун будааст. Дини яҳудӣ дар замоне ташаккул ёфт, ки халқи яҳуд дар зери тазйиқу фишори сахти халқҳои бегона қарор доштанд. Аз ин рӯ, мундариҷаи асосии китобҳои пайёмбарони ин динро мубориза бо бегонаҳо ва ҳифзи ҳувияти сиёсию миллию динии халқ ташкил менамояд. Ба қавли дигар, муҳтавои асосии таълимоти дини яҳудӣ аз касб намудани мақоми сазовор дар байни халқиятҳои сершумор иборат мебошад. Дини масеҳӣ бошад, дар муҳите дар байни халқи яҳуд пайдо шуд, ки халқ боз ҳам дар зери фишори сахти римиҳо қарор дошт. Масеҳиёни аввал баръакси дигар фирқаҳои бар зидди зулми римиҳо муборизабаранда хостаанд, ки мушкилоти дунявии худ – зулму беадолатиҳои замона, татбиқи баъзе орзую хоҳишҳои моддӣ, дастрасӣ ба арзишҳои муайяни дунявӣ ва ғайраро тавассути гӯшанишинию парҳезгорӣ ҳал намоянд. Яъне, иҷтиноб аз ҳаёти фаъолонаи моддӣ, қаноатмандӣ ва умед ба лаззатҳои моддии ухравӣ роҳе маҳсуб ёфт, ки тавассути онҳо ҳама гуна арзишҳои моддии заминӣ аҳамияти воқеии худро гум кард. Ҳамин тариқ, муҳити сиёсӣ-иҷтимоӣ таъиноти дунявии дини масеҳиро муайян намуд. Мардуми аз ҳаёти моддии хушбахтона ноумедгардида кӯшиш намуданд, ки ба ин хушбахтӣ тавассути дин ноил шаванд. Ин хушбахтӣ дар ворид шудан ба малакути Худо ифода ёфт ва ба таври маҷозӣ мушкилоти мухталифи иҷтимоию сиёсии мардумро ба осонӣ паси сар намуд. Дар заминаи мантиқи баёнгардида, агар шароити пайдоиши дини исломро воқеъбинона мавриди таҳқиқ қарор диҳем, мебинем, ки шароити пайдоиши он аз шароити пайдоиши ду дини ёдшуда комилан фарқ менамояд. Тафовути мазкур, пеш аз ҳама, дар шароитҳои зерин ифода меёбад: Аввалан, мардуми Ҳиҷоз чун мардуми яҳуд дар зери истисмори сахти бегонаҳо қарор надошт, ки аз мубориза дилхунук шуда, гӯшанишиниро ихтиёр намояд, агарчанде чанде пеш таҳдиди ғасби минтақа ва вайрон кардану кӯчондани Каъба ҳамчун сарчашмаи муфти даромад ба Яман аз тарафи Абраҳа сурат гирифта буд. Сониян, дар нимҷазира афзоиши муттасили нақшҳои динҳои ғайр, чун яҳудияю масеҳияю зардуштия ва тадриҷан танг гардидани фазои бутпарастии аҷдодӣ тавассути динҳои номбурда таҳаввулоти диниро ногузир гардонида буд, ки бевосита аз заминаи дунявии ташаккули дини ислом дарак медиҳад. Сеюм, агар таълимоти дини яҳудӣ дар заминаи таълимоти худои қавми Яҳуд – Яҳве, ки худои ҷанговар буд, ва Худои Изроил Элоҳим ташаккул ёфта бошад, таълимоти дини масеҳӣ дар заминаи эътирофи танҳо лафзии таълимоти пайғамбарони яҳудӣ ва вобаста ба шароит руҳи гӯшанишиниро ихтиёр намудани Исо-пайғамбари масеҳия ташаккул ёфта бошад, пас дини ислом дар заминаи синкретизми анъанаҳои халқии мардуми Ҳиҷоз ва динҳои масеҳияю зардуштия пайдо шуд. Яъне, Муҳаммад таълимоти теологии динҳои баёнгардидаро ба муҳити динии Ҳиҷоз мутобиқ гардонд. Ҳамчунин ӯ иддае аз анъанаю тасаввуротҳои тоисломиро, ки воқеан ҳам дар муқоиса бо фарҳангҳои муҳитҳои пешқадам хеле қафомонда буданд, бекор гардонд. Ҳамин тариқ, дини ислом низ дар заминаи омилҳои муҳими дунявӣ, чун ногузирии ислоҳоти динӣ, зарурати муттаҳид намудани қавм, ниёзмандӣ ба ташкили умумияти сиёсӣ, эҳтиёҷ ба ислоҳи ахлоқӣ, мутамарказ намудани даромади динӣ ба вуҷуд омада, дар қатори ҳалли мушкилоти динӣ ҳалли як идда масоили дунявиро низ мундариҷаи таълимоти худ қарор дод. Чун таҳқиқи ҳалли тамоми масоили дунявӣ дар ислом аз доираи имконоти як мақолаи хурд берун аст, ин ҷо мо бо овардани чанд далели муҳим ва муътамад кӯшиш менамоем, ки табиати воқеан ҳам дунявии дини исломро то ҳадди имкон барҷаста ба маъраз гузорем. Аз имконияти мусоид истифода намуда, таъкид намудан мехоҳем, ки дар навиштаи мазкур мафҳуми «дунявӣ» ба маънои фаҳмиши муосири он, ки онро нависандаи англис Ҷорҷ Ҳолук асос гузоштаасту он дар луғатномаҳои сершумори англисӣ таъкид мегардад ва ҳамчунин фаҳмише, ки аз афкори доишманди маъруфи олами ислом Муҳаммад Ғазолӣ бармеояд, истифода мегардад. (Ниг. Ниг. علمانية / http:// ar.wikipedia,org /w/index.phr; Аҳмад Идрис ат-Таъон. Ал-алмонийюна в-ал Қуръон-ул-карим. Ар-Риёз, 1428. Саҳ. 127; Имом Муҳаммад Ғазолӣ. Китоб-ул-арбаин. (Ба хати форсӣ). Тарҷумаи Бурҳониддин Ҳамдамӣ. Интишороти иттилоот. Теҳрон-1381. Саҳ. 147. Oxford Advanced Leaner’s Dictionary of Current English.Seventh Edition. A S Hornby Oxford University Press. – С.1371; Oxford Encyclopedic English dictionary. Clarend press. Oxford.1991. – С.1311; Collins Cobuild Advanced Learner’s English Dictionary. New Edition. Canada.2006. – С. 1301). Дар заминаи фаҳмиши баёншуда аввалин ва муътамадтарин далел доир ба табиати дунявии дини ислом боз ҳам ҳамон ояти дар байни аҳли ҷомеаи мо маъруфи «Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидеҳ» (Бақ, 2: 201) ифода меёбад. Вожаи «неъмат», ки дар шакли арабии оят вожаи «ҳасана» истифода шудааст, дар тафсири Ибни Касир маъноҳои зеринро ифода менамояд: «Саломатӣ, меҳмонхона, зани хуб, мулки васеъ, донишҳои хуб, аъмоли нек, нақлиёти хуб, номи нек» ва амсоли инҳо (Ниг. http://play.google.com>store>apps>details. Коран.Перевод Э.Кулиева (Т. ас-Саади и Ибн Касира). Маънои баёншуда ҳамчунин дар «Сура» – и «Қасас», ояти 77 «Насибатро аз дунё фаромӯш макун» низ таъкид мегардад. Ибни Касир дар тафсири худ дар робитьа ба амри мазкур таъкид месозад, ки сухан дар бораи «Хӯрок, нӯшокӣ, либос, истиқоматгоҳ, занҳо ва он чӣ Худо ҷоиз шуморидааст, меравад» (Ҳамон ҷо). Агар шарҳи муфассири маъруфи эътирофшударо зимни фаҳмиши ду

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати рӯзи таваллудашон табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо ба манфиати мардуми бародари Узбекистон орзу намуданд. Пешвои миллат рушди устувори Узбекистон ва нуфузи пайваста афзояндаи онро дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев таъкид намуданд. Омодагии ҷонибҳо ба талошҳои минбаъдаи муштарак барои ноил шудан ба натиҷаҳои нав дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон таъкид гардид. Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту тамосҳоро дар ҳошияи чорабиниҳои дарпешистодаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор анҷом дода шуд. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон

24 июл дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ оростанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ таъкид доштанд, ки мо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намудем. Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки санадҳои нави ҳамкории баимзорасида, ба тақвияти бештари заминаи ҳуқуқии рушди робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун равона гардидааст. Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб аз афзоиши ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҷонибдорӣ намуданд. Масъалаи тавсеаи бештари тамосҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои кишварҳо ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Гуфта шуд, ки ҳар ду ҷониб ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Роҳбари давлати мо оид ба ҳавасмандии ду кишвар дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисоди ду кишвар, аз ҷумла саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, инчунин, кишоварзӣ, хусусан чорводорӣ, изҳори андеша намуданд. Зарурати рушди ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар, густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъкид гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки масъалаҳои вобаста ба амният, муқовимати муассир ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт. Гуфта шуд, ки масъалаҳои коҳиш додани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, пешбурди рӯзномаи  “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор муҳокима гардид. Ҳамкории созанда ва дастгирии ҳамдигарии Тоҷикистону Муғулистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар заминаи ниҳодҳои бисёрҷониба низ мавриди тазаккур қарор гирифт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди сухан таъкид намуданд, ки зимни музокироти сатҳи олӣ шарикии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон дар Қасри миллат бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо гузоштанд. Ҳамчунин, 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон; – Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ; – Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ; – Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; – Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ; – Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон; – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон; – Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”; – Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон ва – Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон. Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Қасри миллат

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом зимни мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадр, Президенти Муғулистон ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистони дӯст таъкид карданд. Сарвари давлати мо изҳори боварӣ намуданд, ки табодули афкори судманди имрӯза ба раванди   таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар такони мусбат хоҳад бахшид. Зимни ёдоварӣ аз аҳамияти муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва  тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ҷонибҳо бар зарурати фаъол гардонидани кори Гурӯҳи муштараки дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун василаи муҳими густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид намуданд. Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи маҷмӯи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷониби Тоҷикистон  таҳия ва қабули Барномаи ҳамкориҳо ва Роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик пешниҳод кард. Ҳамзамон, таъсиси Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Дар ин зимн баргузории мунтазами ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ду кишвар муҳим дониста шуд. Ҳамоиши аввалини доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷонибҳо, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, иқдоми муҳим дар ин самт арзёбӣ гардид. Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши чорводорӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доштанд. Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, ҳамчунин, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардид. Масъалаи пешбурди рӯзномаи “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди назари ду ҷониб қарор дошт. Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ соҳаи сайёҳӣ номида шуд. Дар ин зимн Пешвои миллат имкониятҳои фарохи Тоҷикистонро ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва офиятбахшӣ алоҳида қайд карданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаи рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҳамчун шакли муассири  густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ зоҳир гардид. Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо ишора ба нақши муҳими  Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳои Тоҷикистону Муғулистон, зарурати шурӯи фаъолияти онро дар ояндаи наздик салоҳ донистанд. Ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ  таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон  дар Тоҷикистон қадами аввали муҳим дар ин самт арзёбӣ шуд. Тарафҳо, ҳамчунин, аз тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм, маориф, васоити ахбори омма, осорхонаҳо, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, дар робита ба масъалаҳои мубрами  рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар ин ҷода дар доираи ниҳодҳои бисёрҷониба, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он ҷонибдорӣ карданд. Сарвари давлати мо аз мусоидати пайвастаи ҷониби Муғулистон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карда,  хостори ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳои амниятӣ гардиданд. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

Бегоҳии 23 июл Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 24 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона истиқбол намуда, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Муғулистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд. Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон то 26 июл дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Дар доираи  он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин,  рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегардад. 24.07.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх