Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

РӮДАКИ ДАР ОСОРИ МУҲАҚҚИҚОНИ АРАБ

Рӯзгор ва осори сардафтари адабиёти форсу точик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дер боз аз тарафи адабиётшиносону шарқшиносони кишварҳои гуногун омӯхта мешавад. Ҳаёт ва эчодиёти устод Рӯдакиро натанҳо дар Ирону Афғонистон, Ҳинду Покистон, Инглистону Фаронса, Олмону Итолиё ва ғайра меомӯзанд, балки дар доираҳои илмию адабии мамлакатҳои араб низ ба он таваҷҷӯҳи махсусе зоҳир менамоянд. Мутаассифона, солҳои пешин ба сабаби кам будани донандагони забони арабӣ ва дастнорас будани аксари таълифоте, ки дар кишварҳои араб оид ба адабиёти мо, алалхусус адабиёти замони Рӯдакӣ, ба табъ мерасид, бештари адабиётшиносон ва хонандагони тоҷик аз нуқтаи назару ақоид ва дастоварду бозёфтҳои муҳаққиқони араб бебаҳра мемонданд. Бояд эътироф кард, ки масъалаи омӯзиши адабиёти форсу тоҷик, алалхусус осори устод Рӯдакӣ, аз мадди назари муҳаққиқони араб тамоман берун намондааст. Нахустин иқдоми некро дар ин бобат устоди арабшиносии тоҷик шодравон Ҳасан Иброҳим ан-Наққош гузошта буд. Ў аз фаъолияти олими ироқӣ Ҳусайн Алӣ Маҳфуз мақолае таҳти унвони «Паҳнкунандаи шӯҳрати Рӯдакӣ дар Шарқи Араб» ба табъ расонида, дар он хизмати Ҳусайн Али Маҳфузро дар кори тадқиқ ва нашри осори суханварони бузурги форсу точик, аз ҷумла Рӯдакӣ, ҳамаҷониба мавриди баҳс қарор додааст. Дар тӯли даҳсолаҳои охир дар кишварҳои араб як чунбишу майле ба омӯзиши забони форсӣ ва нашри осори намояндагони нахустдараҷаи тамаддуни форсу тоҷик ба амал омад ва боиси афзоиши адади тарҷумаҳову тадқиқоти илмию оммавӣ гардид. Дар ибтидои ин ҷунбиши фарҳангӣ зарурати ташкил додани бахшҳои забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳҳои мамолики араб ба миён омад ва аввалини онҳо факултаи забонҳои шарқ дар Донишгоҳи Қоҳира буд, ки соли 1944 таъсис ёфта, шӯъбаи забон ва адабиёти форсӣ низ дошт, ки камина ҳангоми дар донишгоҳи номбурда таҳсил кардан инро бо чашми сар мушоҳида кардам. Минбаъд ҳамин гуна шӯъбаҳо дар донишкадаҳои як қатор давлатҳои дигари араб ба монанди Сурия, Лубнон, Мағриб, Ироқ, Кувайт ва ғайра таъсис гардиданд. Ба ғайр аз ин доираҳои ҳукуматию маъмурии баъзе давлатҳои араб дастаҳоеро чавонон аз ба донишкадаҳои Ирон ва мамолики Аврупо баҳри омӯхтани забону адабиёти форсӣ иъзом карданд. Аз байни ин чавонон ба мурури замон мутахассисони соҳаи забон, адабиётшиносон, мутарчимон ба камол расиданд, ки тамоми фаъолияти эҷодиашонро ба тарғибу ташвиқи осори адабию илмии асримиёнагии форсу тоҷик дар сарзамини Шарқи Араб бахшиданд. Дар аксари китобу мақолаҳои адабиётшиносони муо- сири араб мақоми Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсу точик, дар офариниш ё инкишофи жанрҳову намунаҳои гуногуни адабӣ таъкид шудааст. Масалан, муҳаққиқи тазкираи «Харидат ал-қаср ва ҷаридат ал-аср»-и Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, олими ироқӣ Муҳаммад Баҳҷат ал- Асарӣ дар ҳошияи яке аз ҷилдҳои он, ки дар бораи ҳаёт, эҷодиёт ва намунаҳои осори шуарои ироқӣ дар асри ХІІ баҳс мекунад, «дубайт»-ро барои хонандагони араб тавзиҳ дода таъкид менамояд, ки вазни ин навъи шеър ба авзони араб дохил набуда, ибтикороти сухансароёни форс мебошад ва аз миёни онон нахустин ин вазнро дар шеъри форсӣ Рӯдакӣ ба кор бурдааст. Аз ин лиҳоз дар мавзӯи муносибати устод Рӯдакӣ бо адабиёти араб як ҷанбае вучуд дорад, ки таваҷҷӯҳи баъзе аз муҳаққиқони арабро ба худ ҷалб наму- дааст. Он ҳам бошад қаробати мазмун ва оҳангу васоили тасвир миёни қасидаҳои хамрияи Абунувос ва дигар шои- рони асрҳои миёнаи араб ва қасидаи «Модари май»- и Рӯдакӣ ва ҳатто баъзе абёти дар васфи маю майгусорӣ гуфтаи онҳост. Дар тадқиқи ин ҷанба пеш аз ҳама саҳми адабиётши- носи мисрӣ, донандаи хуби робитаҳои адабии араб ва форсу точик Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол шоёни таҳсин аст. Бояд гуфт, ки ба қалами ў якчанд асари илмии ба таърихи ин робитаҳо бахшида тааллуқ дорад. Аз ҷумла маҷмӯае, ки худи ў зери унвони «Мунтахаби шеъри форсӣ» тартиб додааст, мухтасари тарчумаи ҳол ва намунаҳои ашъори қариб си шоири форсу тоҷик ва дар навбати аввал Рӯдакиро дар бар мегирад. Ба мақсади хабардор сохтани хонандаи араб аз маз- мун ва ғояву бадеиёти шеъри форсу точик М. Г. Ҳилол намунаҳоро ба забони арабӣ тарҷумаи озод кардааст. Аз ашьори Рӯдакӣ дар ин маҷмӯа ҳаждаҳ намуна (аз чумла қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ» ва «Модари май» пурра) бо шарҳу тавзеҳоти лозима ба чоп расидааст. Муҳаққиқ баъзе байтҳои Рӯдакиро бо байтҳои шоири араб аз Андалусия Иб- ни Зайдун (1003-1071) аз ҳайси мавзӯъ ва тарзи баёну ифода муқоиса намуда миёни онҳо ҳамоҳангие дидааст, ки нисбати қасидаи «Модари май» ў чунин ишора мекунад, ки Рӯдакӣ дар эҷоди он аз офаридаҳои Абунувос оид ба тавлиди май илҳом гирифтааст. Бинобар ин М. Г. Ҳилол хонандаро ба мақолаи махсусе ки бевосита ба муқоисаи хамриёти Абуну- вос ва Рӯдакӣ бахшидааст ва он моҳи июли соли 1962 дар маҷаллаи мисрии «ал-Котиб» интишор ёфтааст, ҳавола месозад. Хулоса. Боиси мамнуният ва сипас он аст, ки онҳо бо ин заҳамоти содиқонаи худ робитаи ногусастании фарҳангу адабиёти форсу точик ва арабро ва уму- ман ҳамбастагии фарҳангу адаби исломиро дар мисоли ме- роси устод Рӯдакӣ ба оламиён нишон додаанд. АДАБИЁТ 1. Абдулмунъим, Муҳаммад Нуриддин. Диросот фи-ш- шеър ал-форсӣ ҳатто-л-қарн ал-хомис ал-ҳиҷрӣ. Ал- Қоҳира, 1976. 2. Аззом, Абдулваҳҳоб. ал-Луға ал-форсия фи-л-Ҳинд. – ал-Қоҳира, 1947. 3. Алтунҷӣ, Муҳаммад. ал-Маҷмуъа ал-форсия. Димашқ. Ат-Табъа ас-салиса, 1389/1969. 4. Алтунчи, Муҳаммад. Ҳавла-л-адаб фи-л-аср ас- салчуқӣ. Ат-Табъат ал-ула. Бенғозӣ: Мактабат Курина, 1974 (c. 112-113) 5. Бадави, Амин Абдулмачид. ал-Қисса фи-л-адаб ал- форсӣ. ал-Қоҳира, 1964. 6. Баккор, Юсуф Хусейн. Адаби форсӣ дар кишварҳои араб // Сухан. Давраи бисту саввум. Теҳрон, соли 1353, шумораҳои 7. Баккор, Юсуф Хусейн. Шуаро фурс фи-л-адаб ал- арабӣ. / Нашриёти Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исло- мии Машҳад. Шумораи 2. Баҳори 1351 шамси. 8.Тоҷиддин Мардонӣ – М-85 Рӯдакӣ ва адабиёти араб.-Душанбе: “Ирфон”, 2010,-128 саҳ. Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Умедҷон

МАҚОЛАҲО

ТАҲАВВУЛИ ҲУҚУҚ ВА ШАХСИЯТИ ЗАН ДАР ИСЛОМ

Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳ намудан лозим аст, ин аст, ки оё мактаби ислом мақоми зан ва мардро баробар медонад? Аз дидгоҳи ислом манзалати зан ва мард ба унвони як «инсон» дар пешгоҳи Худованд баробар аст. Барои тасдиқи ин фикр ба нахустин ояти сураи «Нисо» ишора мекунем: «Эй мардум! Аз Парвардигоратон бипарҳезед! Ҳамоне ки шуморо аз як нафси воҳида (яъне, аз як ҷон) офарид ва ҷуфти онро аз ҳамон (нафси воҳида) халқ кард. Ва аз он ду мардон ва занони фаровоне мунташир сохт…» [4, 4:1]. Тавре ки аз мазмуни ояти зикршуда ҳувайдост, маншаи пайдоиши инсон, ҳам мард ва ҳам зан, ҳақиқате ба унвони «нафси воҳида», ки ҳамон «рӯҳи қудсӣ» мебошад, дониста шуда, ҳеҷ тафовут ё фарқияте миёни мард ва зан ба унвони як инсон вуҷуд надорад. Бинобар ин, рӯҳи мард ва зан дар пешгоҳи Худованд аз манзалати яксон ё баробар бархурдор ҳастанд ва баробарии онҳо дар мақоми хилқат ё ин ки аз ҷиҳати маншаи пайдоиш мавриди таъкиди Қуръон қарор дорад. Нуқтаи муҳиме, ки ин ҷо тавзеҳ додани онро ҷоиз мешуморем, ин аст, ки тафовутҳои ҷисмонии зан ва мард танҳо ба хотири ин аст, ки занҳо ва мардҳо мукаммали якдигар ҳастанд ва бар ин асос ҳар як аз онон дорои камолоти хоси худ мебошанд, вале дар инсоният ва камолоти инсонӣ бо ҳам баробаранд. Бинобар ин тафовутҳои ҷисмонии миёни мард ва зан далеле барои бартарии якеи онҳо бар дигаре аз онҳо нест. Масъалаи дигари мавриди таваҷҷуҳ дар таълимоти ислом мавзуи баробарии ҳамаи инсонҳо дар пешгоҳи Худо мебошад. Худованд дар Қуръон ҳамаи мардон ва занонро ба унвони «инсон» мухотаб қарор дода, мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед! Ҳаройина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст; Худо Донои Хабардор аст” [4, 49:13]. Бар асоси ин ояти шарифа, ҳамаи инсонҳо, чӣ мард бошанд ва чӣ зан, чӣ сиёҳ бошанд ва чӣ сафед, дар назди Худованд баробар ҳастанд. Танҳо меъёре, ки муҷиби бартарӣ ва афзалии мақоми як инсон нисбат бар дигар инсон дар пешгоҳи Худованд мегардад, порсоӣ ва парҳезкорӣ мебошад. Ин ҷо саволе бармеояд: чаро Қуръон мардонро ба унвони «қаввомун» номидааст? Оё ин унвони мардон далели бартарии онҳо бар занон нест? Ба манзури посух ба ин пурсишҳо, матни оятеро меорем, ки дар он мардон «қаввомун» тавсиф шудаанд ва тарҷумаю шарҳи он оятро аз назари таҳлил гузаронидан мумкин аст. Худованд мефармояд: “Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додааст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корсози тасаллутёфта шудаанд. Пас, занони некӯкор фармонбардоранд ва дар ғайбат (-и шавҳар) нигоҳдорандаи чизеанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст” [4, 4:33]. Барои тавзеҳи мафҳуми воқии ин оят, ба маънои луғавии калимаи «қаввомун» таваҷҷӯҳ намуданро лозим медонем. Маънои калимаи арабии «қаввом» чунин аст: касе, ки татбиқ ё пойдории амре бар ӯ эътимод карда мешавад. Дар луғатҳои тафсирии забони арабӣ маънои калимаи «қаввом»-ро «ал-мутакаффил би-л-амр» (дар коре тасаллутдошта) навиштаанд. Яъне, ал-мутакаффил би-л-амр – касест, ки масъул ё ӯҳдарои коре мебошад. Аз сабаби он, ки вазифаи таъмини маош ва пуштибонии моддиву молии хонавода, аз назари ислом, бар уҳдаи мардон мебошад, Худованд дар ин ояти шарифа аз Қуръон мардонро ба унвони пуштибонҳои занон, ки масъулияти таъмини хазинаи зиндагии аъзои хонаводаро ба уҳда доранд, муаррифӣ кардааст. Бинобар ин, ояти мазкур ба маънои фазилат ва бартарӣ додан ба мардон дар муқобили занон нест, балки баёни як вазифаро барои мардон дар баробари хонавода дар бар дорад. Пас аз исботи баробарии мақом ва манзалати мард ва зан дар пешгоҳи Худованд аз дидгоҳи дини мубини ислом, зарур аст, ба саволҳои дигаре, ки дар ин замина матраҳ мешаванд, монанди масъалати мероси зан ва мард, муқаррароти издивоҷ, теъдоди ҳамсарон, ҳаққи талоқ ва амсоли он аз дидгоҳҳои таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ посух дода шавад. Ниҳоят, барои дарки дурусти назари мунсифона ва эҳтиромонаи ислом ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои занон, саҳми зан ва мард аз меросро ба ҳайси намуна дар асоси баъзе санадҳои ҳуқуқи исломӣ муқоиса кардан бамаврид мебошад. Ҳуқуқи мерос дар ислом маҷмӯае аз қонунҳо ва муқарраротеро дар бар мегирад, ки муҳаққиқ бидуни шиносоии амиқ бо онҳо, дар бораи моҳият ва мазмуни ҳуқуқи мероси исломӣ ба таври саҳеҳ қазоват карда наметавонад. Таҳлили амиқи масъалаи ирс дар санадҳои гуногуни ҳуқуқи исломӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам, дар бархе санадҳои ҳуқуқи исломӣ саҳми мард ду баробари зан мебошад, вале дар баъзе санадҳои дигар саҳми зан чанд баробари мард будааст. Инчунин санадҳое низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо саҳми баробари мард ва зан дар мерос эълом шудааст. Паёмбари ислом замоне ба танзими масъалаи мерос ва таъмини шароити ҳуқуқӣ ҷиҳати ноил шудани занон ба ҳуқуқи мерос камари ҳиммат баст, ки мардуми нимҷазираи Арабистон ҳуқуқи занон ба меросро ба расмият намешинохтанд. Ҳатто занон дар бисёр сарзаминҳои дигар, ба монанди Эрон дар замони ҳукмронии Сосониён, аз мерос маҳрум буданд. Олими маъруфи эронӣ Саид Нафисӣ дар китоби «Таърихи иҷтимоии Эрон» дар ин хусус менависад: «Духтаре ки шавҳар мекард, дигар аз падар ё кафили худ ирс намебурд ва дар интихоби шавҳар ҳеҷ гуна ҳаққе барои ӯ қоил набуданд» [5, 65]. Акнун барои тавзеҳи бештари низоми мерос дар ҳуқуқи исломӣ, баъзе ҷанбаҳои ин низомро аз назари таҳлил мегузаронем. Бояд эътироф намуд, ки низоми мероси исломӣ низоми табақотии «хешовандмеҳвар» мебошад. Бар асоси қонунҳо ва муқаррароти меросӣ дар шариати исломӣ касоне, ки ба воситаи хешовандӣ мерос мебаранд, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якум – падар, модар ва фарзандони майит мебошанд ва дар сурати набудани фарзандон – наберагон, дар сурати надоштани фарзанд ё набера – аберагон ва бо ҳамин усул ҳарчи шаҷараи хешовандии майит дарозтар бошад, ҳамон аз авлодаш ҳуқуқи меросро ноил мешавад, ки бо ӯ наздиктар аст. Баъд аз падару модар ва авлоди майит, ягона шахсе, ки ҳуқуқи меросро соҳиб мешавад, ҳамсари майит мебошад, он ҳам агар шарту талаботи дар санадҳои шаръӣ таъйиншударо риоя карда бошад. Гурӯҳи дуюм – падаркалонҳо (бобою момои падарӣ) ва модарбузургҳо (бобою момои модарӣ) ва бародарону хоҳарони майит, дар сурати набудани хоҳару бародар – авлоди онҳо – мебошанд. Гурӯҳи сеюм – аммаю амак ва тағою холаи майит, дар сурати набудани онҳо – авлоди онҳо мебошанд. Мероси гурӯҳи якум. Барои дарки

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ “МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ” БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

16-уми апрели соли 2025 Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Абдураҳим Холиқзода, дар ҳузури намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ Икромов Манучеҳр ва намояндагони Марказ, сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт. Дар раванди мулоқот, ки дар фазои озод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз муносибати имрӯзаи миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва зикр карданд, ки дар натиҷаи муносибаи дӯстонаи ду кишвар муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвари бо ҳам дӯст, дар минбаъда низ таҳким меёбанд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ  

Хабарҳо

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

  Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 10-уми апрели соли 2025 ду вохӯрӣ бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзуи «Бегонапарастӣ ва майл ба он – омили манфӣ ва зараррасон ба иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ» баргузор гардид. Қисми якуми вохӯрӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ гузаронда шуд. Ҷаласаро раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматулло ҳусни ифтитоҳ бахшид. Тибқи барнома дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ -Рудобаи Мукаррам, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон – Давлат Сафар, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чаманоро Одиназода, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар доираи мавзуи пешниҳодгардида андешаҳои худро иброз доштанд. Аз ҷумла, профессор Абдураҳим Холиқзода таъкид доштанд, ки тамоми донишмандону бузургони миллати тоҷик, аз қабили устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусраву Абӯали ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддин Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд. Бинобар ин, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд. Ҳамчунин, аҳли маҷлисро ба масъалаи пойдории оилаҳои ҷавон, омода намудани фарзандон ба зиндагии мустақилона, хубу аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ даъват кард. Дар қисмати дуюми вохӯрӣ дар деҳаи Чоргултеппаи ноҳия баргузор шуд, номзади илмҳои педагогӣ  – Вализода Одинашоҳ баромад намуда, дар бораи моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин татбиқи онҳоро дар амал бо далелҳои дақиқу оммафаҳм ба саҳми иштирокчиён расонид. Таъкид доштанд, ки бояд омили маънавии рушди ҷомеа аз дигар омилҳо бартарӣ дошта бошад, зеро барои расидан ба ҳаёти маънавӣ заминаи моддиву техникӣ, иқтисоди пешрафта, фарҳанги баланди сиёсӣ ва дониши мукаммали кишвардорӣ лозим аст ва ҳар яки моро водор месозад, ки барои татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат бошем. Дар қисмати охири мулоқотҳо дар доираи мавзуъ саволу ҷавоб баргузор гардид ва иштироккунандагон пешниҳод доштанд, ки чунин мулоқотҳо пайваста баргузор карда шавад.        ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ СЕМОҲАИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 7-уми апрел ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025-и Марказ, ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа Директори Марказ Холиқзода Абдураҳим, муовинон, сардорони шуъба ва дигар кормандони Марказ иштирок намуданд. Нахуст, оид ба ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти Марказ ҳисобот аз ҷониби муовини директор – Ваҳобзода Абдураҳмон ба таври муфассал шунида шуд. Ишора гардид, ки Марказ ҳамчун ниҳоди илмӣ-таҳқиқотӣ соли ҷорӣ тибқи 17 адад нақшаҳои илмии корӣ ва 1 адад Барномаи илмии соҳавӣ, инчунин дар доираи мавзӯи «Таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва вазъи геополитикӣ ба ташаккули тафаккури динӣ дар давлатҳои миллӣ-дунявӣ: вазъ ва дурнамо дар Тоҷикистон» фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ин давра, ҳайати илмии Марказ тибқи Нақшаҳои корӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма, нашри мақолаҳо дар сомонаҳои интернетӣ, гузоришҳои таҳлилӣ, суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва баромадҳо дар телевизион ва радиои кишвар корҳои мушаххасро ба анҷом расонида, ҳамчунин кормандони Марказ ҷиҳати омода намудани 2 монографияи илмӣ ва тарҷумаи 1 китоби илмӣ-фалсафии мутафаккири барҷастаи тоҷик Абумансури Мотурудӣ тайи давраи ҳисоботӣ машғули кор буданд. Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025, №АП-713 ҷашнвораи 1155-солагии олими бузурги тоҷик Абумансури Мотурудӣ дар нимаи дуюми моҳи майи соли 2025 дар назар аст. Бахшида ба солгарди Абумансури Мотурудӣ китоби “Тавҳид”-и ин мутафаккири бузург ва асосгузори мактаби каломӣ аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва тақдими иштирокчиён мегардад. Таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода нишондиҳандаи фаъолияти корӣ сол аз сол ба маротиб беҳтар шуда истодааст. Таҳлили фаъолияти корӣ аз соли 2021 инҷониб собит намуд, ки теъдоди мақолаҳои илмиву оммавӣ, мулоқоту вохӯриҳо, таҳия ва нашри монографияҳо рӯ ба афзоиш буда, хусусан сатҳу сифати кор беҳтар гаштааст. Директори Марказ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025 – ро натиҷагирӣ карда, ҷиҳати боз ҳам рушди бештари соҳа, фаъолияти илмии самаранок ва иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатӣ ба кормандон дастуру супоришҳо доданд.   ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ  

Хабарҳо

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

18-уми марти соли 2025 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки А. Холиқзода – Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвиз Дамдорзода – намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматулло Давлатзода – муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, бо сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занону ҷавонон, собиқадорон, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин ва аҳолӣ, вохӯрӣ доир гардид. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода оғоз гардид. Муовини раиси ноҳия меҳмононро хайрамақдам гуфта, мавзӯи вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дод. Сипас, Парвиз Дамдорзода – намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои “Муҳтавои Паёми Пешвои миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила”, баромад намуд. Дар идома, Холиқзода Абдураҳим – Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аввал ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуд, сипас дар бораи хатарнокии терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар бораи додани фитри рӯза ба ятимону ниёзмандон, маъюбон, паст кардани нарху наво дар бозорҳои ноҳия дар арафаи иди Фитр ба иштирокдорон маънидод намуд. Қайд карда шуд, ки ҳар нафаре, ки аз оромиву сарсабзии ин сарзамин, амнияту сулҳ, ваҳдату ягонагӣ ношукрӣ дорад, инсони комил буда наметавонад. Донистани фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромӣ доштани онҳо, муттаҳид будан, шукргузорӣ кардан аз миллату давлати обод, рисолати ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон бояд фирефтаи дасисаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нашаванд ва дар фазои сулҳу субот зиндагиву фаъолият кунанд. Чорабинӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, иштирокдорон аз рафти баргузории он қаноатманд гардиданд.

Хабарҳо

Мулоқоти судманд бо сокинони шаҳри Турсунзода

13-уми марти соли равон дар шаҳри Турсунзода мулоқот бо мудиру сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳотӣ, фаъолони ҷомеа, имомхатибони масҷидҳои марказӣ, ҷомеи имомони панҷвақтаи шаҳри Турсунзода, дар мавзӯи “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 баён доштанд, баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро Остоназода Саидамин Ҳазрат, муовини раиси ноҳияи шаҳри Турсунзода, оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас, Холиқзода Абдураҳим Ғафор – Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 баён намуд ва масъалаҳои муҳимми тарбияи ҳуқуқию ахлоқӣ ва маънавии шаҳрвандон баромад намуд. Дар идомаи баромади хеш, Абдураҳим Холиқзода қайд намуд, ки имрӯз мо бо шукӯҳ ва сарфарозӣ аз сулҳ ва амнияти кишвар шукр мекунем, бештари эътиборро ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва мубориза ҷиҳати пешгирӣ аз зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшем, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ даъват намоем. Ҳамзамон, Назариён Мансур Ниёзӣ – сармутахассиси раёсати ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” баромад намуд. Дар охири чорабинӣ бо аҳли нишаст сӯҳбати озод гузаронида шуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Без рубрики

Рамзҳои давлатӣ

ИҚТИБОС АЗ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”  БОБИ 2 ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Моддаи 5. Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад: – дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; – дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд; – дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; – дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; – дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад: – дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; – дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ; – дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо; – ҳангоми эълони мотам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мотамӣ афрохта мешавад: ба чӯбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд. Дар сурати ба чӯбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаста хам карда мешавад. Дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рӯи эҳтироми ҳарбӣ, ки Оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад. Пас аз гӯронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад. Моддаи 6. Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад: – дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд; – дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ; – дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; – дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат; – дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ; – дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ; – дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. АЛОМАТҲОИ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст) Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии

Без рубрики

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.   МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.   Боби якум АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ   Моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.   Моддаи 2 Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.   Моддаи 3 Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.   Моддаи 4 Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.   Моддаи 5 Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.   Моддаи 6 Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.   Моддаи 7 Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.   Моддаи 8 Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.   Моддаи 9 Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.   Моддаи 10 Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.   Моддаи 11 Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад.   Моддаи 12 Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.     Моддаи 13 Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.   Боби дуюм ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД   Моддаи 14 Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.   Моддаи 15 Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад. Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.   Моддаи 16 Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст. Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.   Моддаи 17 Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ,

Без рубрики

ЭЪЛОМИЯИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

  Соли 1991 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таносуби манфиатҳои геополитикию геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ дигар шуд. Дар таърихи башар марҳалаи нави сиёсӣ, давраи нави зери нуфузи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор гирифтани қисматҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро расид. Бар асари қатъ гардидан ё коста шудани пайвандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва дигар робитаҳо байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин бархӯрди манфиатҳои неруҳои қудратталаби минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гирифтор шуд. Ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон низ ба ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ рост омад. Дар рӯзҳои вопасини салтанати давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои милливу сиёсӣ аланга мезаданд, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи 24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихиро оғоз кард. Агарчи эъломияи мазкур ҷойи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Шӯравии нав медид ва бовар дошт, ки «пайванди озодона ва баробарҳуқуқии миллатҳои Шӯравӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистии навшуда ба инкишофи ҳаматарафаи онҳо кафолат медиҳад». Мувофиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонист дар қаламрави худ тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ба ҷуз аз ваколатҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ вогузор шуда буданд, мустақилона ҳаллу фасл намояд. Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъул сохта буд, ки ҳуқуқи дахлнопазирии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқиро эҳтиром ва эътироф намояд. Ин эъломия бо ҳама фазилат ва аҳаммияти худ ҳанӯз маънии истиқлоли комили давлатиро ифода намекард, зеро дар моддаву бандҳои ҷудогонаи он нукоте таъкид шуда буданд, ки вобастагиҳое ба ҷумҳуриҳои дигарро тақозо менамуданд. Дар муддати як соли аз қабули эъломия сипаригашта Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бо дарназардошти воқеияте, ки босуръат ҷараён мегирифт ва таҳаввулоти азими ғайримунтазирро ба вуҷуд меовард, ба мазмуну муҳтавои истиқлоли худ аз нав рӯй оварданд ва барои дарёфти истиқлоли комил бо қатъият талош варзиданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарки зарурати тағйиру иловаҳо ба Эъломияи 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 сентябри соли 1991 ин андеша чунин ифода гардид: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Дар ин баёнот ду матлаби муҳим ироа шудааст, ки тасмими қатъии Тоҷикистонро дар роҳи касби истиқлоли пурраи мамлакат равшан нишон медиҳад: якум, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр барои аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ; дувум, такмили мафҳуми «истиқлол» бо истилоҳи «давлатӣ», ки арзиш ва моҳияти байналмилалӣ дошт. Маҳз бо такя ба ин мавқеъгирӣ изҳороти мазкур Тоҷикистонро ба сифати субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ карда буд. Мутаассифона, раванди амалисозии гузариш ба низоми нави сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, таҷзияи шохаҳои ҳокимият, ислоҳоти сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия бар асоси меъёр ва қонунҳои ҷомеаи демократӣ, ки оғози он дар Эъломия эълон гардида буд, дар натиҷаи муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ, оғози ҷанги шаҳрвандӣ, мудохила ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои моҷароҷӯйи дохилӣ ва берунӣ шикаст хӯрд ва ноком шуд. Соли 1992 дар Тоҷикистон гурӯҳҳои тундрави ифротгаро чун неруи қавии қудратталаб шакл гирифта, мавқеи неруҳои демократиро заиф сохтанд ва бо сӯйиистифода аз фурсат ва имконоти равандҳои демократӣ ва озодихоҳӣ ба муборизаи ошкоро шурӯъ намуданд. Мардуми бехабар аз бозиҳои сиёсӣ ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои дохиливу хориҷӣ ба ду сангар тақсим шуданд. Дар ду майдони ҳамшафати маркази шаҳри Душанбе, ки он вақт, яке «Шаҳидон» ва дигаре «Озодӣ» номида мешуд, гирдиҳамоиҳои серодам ташкил ёфтанд. Талабу дархостҳои ҷонибдорони ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буданд. Дар чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар башиддат мураккаб шуд. Тавҳину таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамомадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифтанд, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳаммули фикру ақидаи ҳамдигарро надоштанд. Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталошӣ кашидани мардуми одӣ, ки аз умқи ин сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар огоҳии комил надоштанд, яке аз сабабҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои фоҷиабори он замон ба шумор меравад. Муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, хусусан мардуми одии гирдиҳамомада, гумон ҳам надоштанд, ки кор то ҷанги бародаркушӣ мерасад. Гурӯҳҳои тундрави ифротгаро бо дастуру фармоиши хоҷагони хориҷии худ барои ба қудрати сиёсӣ расидан солҳои зиёд омода шуда буданд ва аз рафтору гуфторашон баръало аён буд, ки аз ҳеҷ гуна пайомади муборизаи ҳадафмандонаашон ҳарос надоранд. Ҳамин тавр, сарриштаи муборизаҳои сиёсии неруҳои демократии кишвар, ки хуб ташаккул наёфта буданд ва таҷрибаи кофии сиёсӣ низ надоштанд, ба зудӣ ба дасти гурӯҳҳои тундрав гузашт. Онҳо бо суханпардозиҳои моҳиронаву соҳирона мардуми одиро чунон ба доми худ кашида буданд, ки дигар майдони андешаи солим танг шуд. Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби неруҳои мухолифи Ҳукумат як созмоне бо номи «Ситоди наҷоти Ватан» ташкил шуд, ки аслан, як дастгоҳи истинтоқу шиканҷаи шахсони ба кор ва афкори онҳо муқобил буд. Моҳи апрели соли 1992 гурӯҳҳои тундрави мухолифон кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумат ва Шӯрои Олии мамлакат, аз ҷумла 15 нафар вакилони Шӯрои Олӣ ва 2 нафар муовини Раиси Шӯрои вазирони мамлакатро гаравгон гирифтанд. Роҳбари Гвардияи президентӣ генерал Баҳром Раҳмонов ба ҷониби иттиҳоди мухолифони Ҳукумат гузашт. Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз ҳисоби гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» Гвардияи нави миллӣ ташкил намуд. Ҳамин тариқ, намояндагони ҳар ду майдон аввал бо калтаку белу каланд, баъдан, бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуданд. Дар миёни ду майдон, аниқтараш дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ (имрӯза кӯчаи ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур), ки дар наздикии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» воқеъ аст, ҳатто як тӯпхона – аслиҳаи вазнини артилерӣ низ рӯ ба ҷониби майдони «Озодӣ» гузошта шуд. 5 майи соли 1992 бори нахуст, дар рӯйи ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ тирпарронӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа сармуҳаррири нашрияи парлумонии «Садои мардум» Муродулло Шерализода қатл карда шуд. Худи ҳамон рӯз дар деҳаи «Олӣ Совет»-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) бар асари нахустин тирпарронии ду гурӯҳи мусаллаҳи ба ҳам муқобил якчанд нафар ҷавонони бегуноҳ ҳалок гардиданд. Он рӯз муборизаи сиёсӣ ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфт ва ҷанги хунину нангини шаҳрвандии бародаркуш оғоз шуд. Ба хотири авҷ нагирифтани амалиёти ошкорои ҷангӣ дар шаҳри Душанбе ва пешгирӣ аз хунрезии зиёд, гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ»

Прокрутить вверх