Имя автора: pressa

Президент

Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй

https://www.president.tj/event/news/50651 29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид. Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд. Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” ва “Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал” то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт. Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – “Гӯсфанди зоти “ҳисорӣ” ва “Ангури навъи “тоифӣ – гулобӣ” ва  ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) миннатдорӣ  изҳори сипос карданд. Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид. 29.04.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Меҳрубонии мо метавонад зиндагии як нафарро тағйир диҳад…

Дар ҳама давру замон мардуми шарафманду саховатпешаи миллати тоҷик, дасти кумак дароз кардан ба мардуми камбизоат ва дармондаро пешаи худ карда, ин амали некро шоистаи ситоиш ва дарки баланди масъулият медонанд. Мусаллам аст, ки миллати тоҷик бо ҳамин гуна фарзандонаш аз қадим то имрӯз бо кору пайкори хеш барои ноил шудан ба озодӣ бо созандагиву бунёдкорӣ, бо ақлу заковати нобиғагонаш дар саросари олам ва кишвари азизамон ном баровардааст. Ҳамаи ин дастовардҳо дар рушд ва пешравиҳои ногузини миллат ва ташаккули давлатдории миллӣ, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият аст. Имрӯз замоне расидааст, ки ин ҳама бовариву назари некбинонаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ намоем бо забон не, балки бо амалу рафтори созгорамон нишон диҳем. Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардиданд. Аз айёми сар задани зарари фоҷиаборе, ки ба сари мардуми водии Рашт омад, ҷомеаи моро хушбахтона ҳисси масъулияти шаҳрвандии мардуми кишварамон баланд шуда, дарҳол ба кумак ва ба мардуми зарардидаи ин минтақа дасти ёрӣ дароз намуданд. Дар ҳамин радиф аз ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар доираи имконот барои мардуми зарардида аз офати табии водии Рашт дасти ёрӣ дароз кунанд. Муссалам аст, ки аз ҷумлаи он анъанаи неке, ки аз Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ба умматашон мерос мондааст, ба ниёзмандон хайру саховат кардан дар рӯзҳои мушкил мебошад. Ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини мубини ислом низ мардуми ҷаҳонро ба ваҳдат, иттиҳоду бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва муҳаббату дўстӣ даъват менамоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар яке аз ҳадисҳои мубораки Паёмбари ислом Муҳаммад (с) омадааст, ки “Сахӣ ба Худо наздик аст, ба биҳишту ба мардум наздик аст; бахил аз Худо дур аст, аз биҳишт дур аст, ба дўзах наздик аст”. Пас амали инсон замоне садақа маҳсуб мешавад, ки агар он воқеан аз рӯи ихлосу имон ва ақидаи устувор дар роҳи расидан ба ормонҳои динӣ ва шостаи муҳаббату дӯстии Худованд бошад. Вақте Худованд барои шахс бузургтарин неъмат – неъмати имонро насиб кард ва аз молу дороии дунё низ ўро рўзӣ гардонид, пас тибқи фармудаи шариат бояд ба шукронаи ин ду неъмат бо дасту дили кушод хайру садақа анҷом диҳад. Ҳамаи мо ба хуб медонем, ки ҷавҳари дини мубини исломро таҳаммулпазирӣ, хайрандешӣ ва инсондўстӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин мо боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарфи назар аз мансубияти миллию динӣ ва мавқеи иҷтимою иқтисодӣ беш аз ҳарвақта ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро пеша менамояд. Мо бояд дар зери парчами ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, ба рўйдодҳои замон аз мавқеи хирад баҳо диҳем ва ба ояндаи кишвару миллати хеш хушбинона назар кунем ва дар рӯзҳои мушкил дастгири якдигар бошем. Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ, К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ? Абулқосим Лоҳутӣ Ҷалолов Сӯҳроб Рустамович– мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Президент

Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА хонум Пиа Лииса Каума

https://www.president.tj/event/news/50647 29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи ҳар се ченак – низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон авлавиятҳои раёсати Финляндияро дар самти пешгирӣ аз низоъҳо дар паҳнои САҲА, эҷоди эътимод, мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ ва дигар мавзуъҳо дастгирӣ менамояд. Зимни баррасии масоили амниятӣ таҳкими шарикӣ дар муқовимат ба хавфу таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, муҳим дониста шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳалли мушкилоти амниятӣ ҳамоно андешидани тадбирҳои минбаъдаи ҳамоҳангро тақозо менамояд. Вобаста ба ченаки иқтисодӣ-муҳитизистӣ таҳкими ҳамкорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои муассир мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус ҷиҳати тақвияти бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохтор ва рушди минтақаҳо мувофиқи мақсад дониста шуд. Масъалаҳои вобаста ба мудирияти захираҳои обиву энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ низ аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳамкорӣ номида шуд. Таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи ширкати занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буд. Таъкид гардид, ки дар ченаки инсонӣ ҷониби Тоҷикистон омода аст, ҳамкориро бо Созмон дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038  идома диҳад. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба мавзуъҳои алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани буҳронҳои мавҷуда ва эҷоди фазои боварию эътимод дар паҳнои масъулияти САҲА, сурат гирифт. 29.04.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Ногузирии таҳаввулоти динӣ дар Арабистони Марказӣ дар арафаи пайдоиши дини ислом

Дарёфти мавқеи дуруст дар фазои маънавии ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии ба сатҳи рушди ҷомеаи башарӣ тақозо менамояд, ки аз таҳқиқи барои дингароён одатшудаи масоили таърихӣ (бо истифода аз нерўҳои фавқуттабиа шарҳу баррасӣ намудани ҳаводиси таърихӣ-иҷтимоӣ) канорагирӣ намуда, усули таърихият ва воқеънигориро ба роҳбарӣ гирем ва сабабҳои пайдоиши дини исломро чуноне, ки ҳаст, пешкаш намоем. Усули одатшударо зимни таҳқиқи масоили таърихӣ- иҷтимоӣ ду сад сол пеш маорифпарварони фаронсавӣ чун усули барои қуруни вусто хос мазаммат карда буданд. Ба андешаи маорифпарвари намоёни фаронсавӣ Шарл де Монтескье таърих дар Фаронса ҳанўз ҳам чун дар асрҳои миёна бо руҷуъ ба манбаи фавқуттабиӣ тавсиф карда мешавад. Мутафаккир анъанаи мазкурро бепоя мехонад ва мутмаин мегардад, ки шиносоӣ бо таърих хонандаро аз хурофотҳояш озод менамояд ва барои бунёди ҷомеаи имрўза мусоидат менамояд. (Eighteenth Centuries Enlightenment Philosopfers// http://www. fsmitha.com/h3/h29-phil2.htm / Санаи муроҷиат. 25.04.2025. Вақт 15-00. Қобили зикр аст, ки маорифпарварони фаронсавӣ дар шароите зиста буданд, ки ҷомеа аз лиҳози илму технология аз сатҳи имрўза хеле фарқ менамуд. Имрўз, дар ҳолате, ки иддае аз мардум дар сайёраҳои дигар барои худ макони иловагие ҷустуҷў доранд, мутаассифона, дар ҷомеаи мо аз тарафи иддае аз ашхос усули мазкур истифода мегардад. Аз нигоҳи ин ҷониб аз усули анъанавии баёни ғайриилмии масъалаи пайдоиши дини ислом иҷтиноб намуда, воқеъбинона арзёбӣ намудани масъала ҳам тибқи фармудаи Қуръон (Ояти 10 аз сураи Бақара барои дурўғгу азоби дарднок ваъда медиҳад) хоҳад буду ҳам хонандаро ба андешаи амиқ доир ба ин масъала водор мекунад ва тадриҷан дили ўро бо ҳақиқати илмӣ равшан мегардонад. Ба дарназардошти мантиқи байёнгардида тасмим гирифтем ногузирии пайдоиши дини исломро мухтасаран пешкаши хонанда намоем. Дар арафаи пайдоиши дини ислом Арабистони Марказӣ на танҳо аз лиҳози сохтори сиёсӣ, балки аз лиҳози фазои маънавӣ, махсусан шакли эътиқоди динӣ низ хеле қафомонда буд ва ба як таҳаввулоти ҷиддӣ ниёз дошт. Новобаста ба таъсири зиёд ва афзояндаи динҳои бегона дар охири қарни VI дар нимҷазирраи Арабистон бутпарастӣ бартарият дошт. Арабҳо ситораҳоро мепарастиданд ва ба бутҳо дар шакли сангҳо эътиқод доштанд. Дар Каъба (парастишгоҳ дар шакли куб)-и Гайман (шаҳр дар Арабистони Ҷанубӣ) худо дар шакли «санги сурх», дар Каъбаи ал-Абалата дар шакли «санги сафед» мавриди парастиш қарор дошт. Дар Макка бошад, «санги сиёҳ» мавҷуд буд. Каъбаи шаҳрҳои зикршуда ҳам аз рӯи шакл ва ҳам мундариҷа якхела буданд. Дар Каъбаи Макка 360 бут мавҷуд будааст. Дар қисмати шарқии бино «санги сиёҳ» – метеорити обгардида маҳкам гардидааст. Дар марказ бути Ҳубал ҷойгир будааст. Дар ҳамшафатии Каъба ду теппаи на он қадар калон ас-Сафо ва ал-Марва қарор доштаанд. Дар теппаи якум бути Исаф ва дар теппаи дуюм бути Наил мавҷуд будаанд. Ҳар як қабила худо-нигаҳбони худро доштааст. Ба ҷумлаи худоҳое, ки арабҳо мепарастидаанд, Аллоҳ низ дохил будааст. Номи мазкур аз калимаи «илоҳ» бо пайваст намудани артикли муайянии «ал» ташаккул ёфтааст. Тибқи фармудаҳои Қуръон бутпарастон аксаран зимни дар баҳр будан ба кӯмаки Аллоҳ ниёзманд мешудаанд. Баъзе худо-занҳои парастандашаванда – ал-Лот (шакли ҷинси занона аз Аллоҳ), ал-Узза (бузург) ва Манат (замон) «духтарони Аллоҳ» маҳсуб меёфтаанд. Дар тасаввуроти динии арабҳо инчунин ҷинҳо ва шайтонҳо, ки байни олами одамон ва олами худоҳо миёнҷӣ маҳсуб меёфтанд, мақоми муҳимро ишғол менамудаанд. Ин рӯҳҳои нек ва бад тибқи иродаи худоҳо ба одамон рафтору пиндорро талқин менамудаанд. Чунин ҳисобида мешуд, ки онҳо ба одамони муқаррарӣ аҳён-аҳён зоҳир мегарданд, лекин боз одамоне будаанд, ки тавассути онҳо ба дигарон пешгӯӣ менамудаанд. Онҳо Арроф (пешгӯикунандаҳо) ва коҳинон номида мешудаанд. Онҳо ояндаро пешгӯӣ менамудаанд, чизи гумшударо меҷӯстаанд, чизи пинҳонро дармеёфтаанд. Ҳар як қабила арроф ё коҳини худро доштааст. Тасаввуроти аксари арабҳои минтақаи мазкур дар марҳилаи пайдоиши ислом хеле оддӣ буд. Араби бадавӣ ба зиндагии ухравӣ, ҳаёти баъд аз марг ва рӯзи ҳашр бовар надошт. Чун зиндагии ӯ дар саҳроҳо дар фақирию муҳтоҷӣ мегузашт, дар хотири ӯ барои рӯҳи диёнат ва ҳисоби охират ҷое набуд. Яъне, тамоми ҳастии ӯ барои таъмини моддии зиндагияш нигаронида шуда буд. Агар бутҳои худро парастиш мекард ва аҳёнан ҳадя ва қурбонӣ ба онҳо тақдим менамуд, ин ҳам барои рафъи ниёзмандиҳои моддӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои дигари хеш буд. Баъзан ба бути хеш назр мекард, ки агар хатареро аз вай дафъ кунад, гӯсфанде ё шутуреро қурбонӣ мекунад. Аммо чун хатар мегузашт, ба ҷои гӯсфанду шутур, ки назди араб қимати зиёдтар дошт, оҳуи саҳроиеро сайд намуда, мекушт. Ӯ бовар дошт, ки бут намефаҳмад ва байни қурбониҳо тафовут гузошта наметавонад. Аммо дар бисёр ҳолатҳо вақте ҳоҷати ӯ раво намегашт ва ё қурбонии ӯ мақбул намешуд, ба хашм меомад ва бутҳои худро дашном дода, онҳоро сангсор менамуд. Ҳато дар ҳолатҳои тангдастии сахт худои худро, ки солҳо ибодат карда буду аз орду хурмо иборат буд, мешикаст ва мехӯрд. Дар баъзе мавридҳо араб буташро аз мақоми «Худо будан» маҳрум карда, сохтаю ночиз будани онро ошкор ба ӯ гушзад мекард (Абдулҳусайни Зарринкуб, Таърихи Эрон баъд аз ислом. Чопми даҳум. Теҳрон. 1983, Ҷилди 3, саҳ. . (Қобили зикр аст, ки дар Қуръон низ сохта будани бут, ба офариниш қодир набудани он, надоштани қудрат на барои манфиат ва на барои зарар дар оятҳои зерин зикр шудаанд: (5:76); (7:191,192); (10:18); (19:42); (21:66); (22:12)). Ин бутҳо баъзе ба ин ё он хонавода тааллуқ доштанд ва баъзеи дигар аз они тамоми қабила буданд. Дар Макка аҳли ҳар хонае буте дошт, ки парастиш мекард. Пеш аз сафар рафтан ва баъди бозгашт аз сафар бути худро масҳ мекарданд. Ҳар кӣ аз Макка сафар мекард, санге ҳамроҳи худ мебурд ва дар макони нави худ сангро насб карда, гирди он тавоф менамуд. Ба ғайр аз бутҳои хонагӣ боз бутҳое низ вуҷуд доштанд, ки онҳоро як ё якчанд қабила ибодат мекарданд. Баъзе бутҳо аз санг тарошида шуда буданд. Боз пормасангҳое низ буданд, ки арабҳо онҳоро ҷо-ҷо насб мекарданду гирди он тавоф мекарданд. Хуну чарби қурбониро бар он мемолиданд. Ҳар яке аз ин бутҳо дар миёни қабила «хона» ё маъбаде дошт ва онро хидматгузоре буд. Чунон ки маъбади Лот дар Тоиф парастишгоҳи муътабар буд, маъбади Фалас дар байни қабилаи Тай макони эътибори махсус буд, Каъба парастишгоҳи бути Ҳубал бут, ки чун Уззо назди Қурайш ва аҳли Макка парастиш мешуд. Маъбади Уззо дар беруни Макка қарор дошт. Манот буте буд, ки онро дар Ясриб қабилаҳои Авс ва Хазраҷ ибодат мекарданд. Араби тоисломӣ дар бодия ҳафтаҳо сафар мекард. Гуруснагӣ ва гармои

МАҚОЛАҲО

КУМАК БА НИЁЗМАНДОН АЗ ДИДГОҲИ ҚУРЪОНУ ҲАДИС

Кумак ба ниёзмандон дар Қуръони Карим ҳамчун яке аз волотарин амалҳо муаррифӣ шуда, бар дӯши муъминон на танҳо ҳамчун як насиҳати ахлоқӣ, балки вазифаи динӣ низ гузошта шудааст. Қуръони Карим тавассути оятҳое чун ояти 273-и сураи Бақара бар аҳамияти вижа ба ниёзмандон таъкид карда, онро яке аз роҳҳои аслии коҳиши фақру бенавоӣ дар ҷомеа арзёбӣ кардааст. Ин амал на танҳо боиси поксозии дороиҳо ва афзун гардидани неъматҳои молӣ мегардад, балки ҳамчун пуле байни одамон амал карда, ҳамбастагӣ ва ваҳдати иҷтимоиро таҳким мебахшад. Дар Қуръони Карим ҳадя ва кӯмак ба ниёзмандон танҳо ба маънии додани пулу мол нест, балки навъҳои мухталифи ёриҳо, аз қабили ташвиқ, қонеъ кардани ниёзҳои аввалия, аз қабили ғизо ва либос ҳатто таълим барои беҳбуди шароити зиндагии мардумро дар бар мегирад. Ин аъмоли хайр дар баробари кӯмак ба дигарон, барои покизашавии нафс ва камолоти маънавии фард мусоидат намуда, дар роҳи наздикшавӣ ба Худо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, аз дидгоҳи Қуръони Карим ёрӣ ба ниёзмандон фарзи илоҳист, ки бояд бо нияти холис ва бидуни интизори подоши дунявӣ анҷом дода шавад. Ин амалҳои хайр натанҳо ба ниёзмандон рафоҳу осоиш меоранд, балки барои муъминон сармоягузорӣ дар охират маҳсуб мешаванд, ки подошаш дар охират кафолат дода мешавад. Ҳадисҳо дар бораи кӯмак ба дигарон: Дар ҳадисҳои набавӣ низ аҳамияти некӣ ва хайрхоҳӣ таъкид шудааст. Паёмбари Ислом (с) фармудаанд: «Некӣ ин аст, ки Худоро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад». Ин ҳадис таъкид мекунад, ки корҳои хайр бояд бо нияти пок анҷом дода шавад ва гӯё Худованд ба аъмоли мо шоҳид бошад. Эҳсону некӯкори дар Қуръони Карим фаротар аз як амали хайрхоҳонаи сода, ба унвони як асли меҳварӣ дар зиндагии муъминон матраҳ шудааст. Ин амалҳо на танҳо василаи беҳбуди зиндагии дигарон, балки роҳи рушду нумӯи шахсият ва наздиктар шудан ба Худованди мутаъол аст. Аз ин рӯ, кӯмаку хайру садақа бояд ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзгори ҳар як муъмин дониста шавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бинобар сабаби омилҳои табиӣ ва заминларзаи бавуҷуъ омада дар минтақаи Рашт як қатор хонаю манзилҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои хизматӣ вайрону валангор гардиданд. Вобаста ба бартараф кардани ҳолатҳои хароби бавуҷудомада, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои башардӯстонаи кӯмак ва дастуру супоришҳои фаврӣ ба масъулин сурат гирифт. Иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони хайрхоҳу ташаббускор барои ҳамагон намунаи ибрат мебошад. Албатта, тавре Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки қудрати миллати тоҷик дар иттиҳоду ваҳдат аст. Аз ин хотир, имрӯз мебояд дар пайравӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ба зарардидагони минтақаи Рашт барои барқарор кардани хонаю манзил ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ кӯмаки худро дареғ надорем. Исоев Насим – сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

ХАЙР КАРДАН ҶАВҲАРИ ИМОНИ МОСТ

Дар шариати ислом дар бобати анҷом додани амалҳои хайру эҳсон, созандагию ободкорӣ, ҳамчунин пуштибонии ятимону бенавоён фармудаҳои зиёд мавҷуданд. Паёмбар (с) фармудааст: «Маҳбубтарини шумо ба ман ва наздиктаринатон дар рӯзи қиёмат хушхулқтарин ва мутавозуътарини шумост». Некию некӯкорӣ, худшиносию худогоҳӣ, дӯстию рафоқат мафҳумҳое мебошанд, мисли гӯшту нохун бо ҳам пайванданд ва дар қалби инсони ботамкину бофарҳанг ҳисси инсондӯстӣ, одаму одамгариро эҳё намуда, маънавиёти моро тақвият медиҳанд. Некӣ кардан яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонист. Дар ин дунёи фонӣ ба ҷуз кори некӯ, номи накӯ дигар ҳеҷ чиз аз одамизод боқӣ намемонад. Дар Қуръони карим дастгирии ятимону мӯҳтоҷон ва кӯмак ба пирону ниёзмандон борҳо таъкид гардида, ин амали хайр вазифаи ҳар мусулмон ҳисобида шудааст. Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр, З-он пештар, ки бонг барояд: фалон намонд. (Саъдӣ) Вожаи “х а й р” аз забони арабӣ гирифта шуда, ба маънои хубӣ, некӣ, нағзӣ кардан омодааст. Аз ҷиҳати мазмун ва маъно ин калима маънои кори хайр, нек ва амали савобро дорад. Дар фаҳмиши имрӯза “хайр” амал ё кори ихтиёриест, ки баҳри дастгирӣ ва кӯмаки афроди заъифу нотавон, дардманду бечора, ятиму бекас, бепарастору маъюб умуман аз ҷиҳати моддӣ ниёз дошта, анҷом дода мешавад. Мафҳуми “хайр” дар Қуръони карим бозгукунандаи яке аз сифатҳои Худованд аст ва ҳама кору амали хубу нек ва ҳасанаро (амалҳои солеҳро) хайр меномад. Худованди мутаъол дар каломи худ мардуми накӯкорро ситоиши зиёд карда, бар ивази он барояшон мартаба ва мақоми арзишмандро дар дунё ва охират ваъда кардааст: “Инналлоҳа маъал муҳсинина” (Худованд ҳамроҳи накӯкорон аст.) ва ё “Иналлоҳа юҳиббул муҳсинина”(Худованд накӯкоронро дӯст медорад.) ва ё ки “Инно ло нузиъу аҷрал муҳсинина”(Ҳар оина мо подоши накӯкоронро зоеъ намекунем) ва ё “Инна раҳматаллоҳи қарибун минал муҳсинина”(Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст). Дар Қуръони карим дар ояҳои 177 ва 215 -уми сураи “ал-Бақара” чунин омадааст: “Некӣ он нест, ки рӯйи худро ба сӯйи машриқ ва мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи охират ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро бо он ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигзораду закот бидиҳад… “ “Эй Паёмбар аз ту мепурсанд, ки чӣ инфоқ кунанд? Бигӯ “Он чи аз моли худ инфоқ мекунед, барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону раҳгузарон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Худо ба он огоҳ аст.” Ҳадисҳои пайғамбар (с) низ саршор аз тарғибу ташвиқи амалҳои хайр буда, инсонро ба иҷрои онҳо фаро мехонанд ва ҳамзамон аҷру подошашонро дар дунё ва охират бозгӯ мекунанд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо чанд сухане аз пайғамбарро мисол меорем: – Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки дар роҳи хайр боз шавад. – Ҳар кори неке садақа аст. – Ҳаё сар то ба по хайр аст. – Накӯкорони дунё накӯкорони охиратанд. – Беҳтарини шумо касест, шуморо ба кори хайр даъват кунад. – Дастҳо се гунаанд: гиранда, диҳанда ва нигоҳдоранда. Аз ҳама беҳтар дасти диҳанда аст. – Саховатманд се аломат дорад: афви бо қудрат, адои закот, дӯст доштани тасаддуқ (садақа)… Хайру саховат агар дар ҷомеа ҷойгоҳи баланд намедошт, дар хусуси Ҳотами Той садҳо қиссаву ривоят гуфта намешуд. Дар шеъру адаби гузаштаву муосир ин қадар таърифу тавсиф намешуд. Аксари ин гуфтаҳо ва навиштаҳо дар бораи ҳиммати шахсони саховатманд воқеият доранд. Чунончи дар ин мисраъҳо омадааст: Дар рухи марди сахӣ нури сафост, З-он, ки дар ҷаннат қарини Мустафост. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мӯъмину мусулмон бояд нисбат ба сокинони зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, бетараф набошанд ва барои барқарорсозӣ ва беҳбудии вазъи иқтисодиву иҷтимоии онҳо кӯмак намоянд. Дар қатори он, ки намозу рӯза ва ҳаҷро адо мекунем ба ӯҳдаи мову шумост ба касоне, ки имрӯз бар асари заминларза бехонаву дар гаштаанд ва муҳтоҷи дастгирии мову шумо мебошанд, кӯмак намоем. Мазҳаби пешвои рӯҳонии мо Имоми Аъзам – ҳанафия бо такя ба Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ мафҳумҳои хайру садақот, ҳамдигарфаҳмӣ, баробариву бародарӣ ва таҳаммулпазириро аз амалҳои волои исломиву инсонӣ мешуморад. Дар хайру саховат худи Имоми Аъзам ҳамто надошт. Беҳуда хонаи ӯро «Байт –ул-барака» нагуфтаанд. Ӯ пеш аз ҳама, ба фақирону барҷомондагон ва ятимону мӯҳтоҷон хайру саховат мекард. Тайи ҳазорсолаҳо амали хайру саховат ба қисми таркибии ҳаёти мардуми тоҷик мубаддал гардидааст. Бар асари заминларзаи рӯзи 12 апрели соли 2025 дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод қисме аз мардуми мо зарари ҷиддии моддӣ дида, ба кӯмаку дастгирӣ ниёз доранд. Дар ҳадиси набавӣ омадааст: чизи аввале, ки Худованди мутаол дар тарозуи амал мегузорад, ахлоқи нек ва саховат аст. Боварии комил дорам, ки шахсони саховатпешаи мо, ки шумораи онҳо дар мамлакатамон кам нестанд, бо эҳсону накӯкории худ ба зарардигони минтақаи Рашт ҳамеша дасти мадад дароз мекунанд. Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Дастгирии осебдидагони Рашту Тоҷикобод

Яке аз сифатҳои ҳамидаи миллати тоҷик ин дастгирии ҳамдигар дар ҳолатҳои душвори вобаста ба ҳолатҳои табиӣ ва ё дигаре рухдода мебошад. Заминларзаи ба наздикӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба вуқуъ пайваставу талафоти ҷониву зарари молии ба сокинони ин ноҳияҳо расонида, аввалан қазову қадари илоҳӣ будаву дувум мо бандагонро бо ин амал месанҷад. Худованд моро месанҷад, ки дар баробари ин душвориҳо чи аъмоле аз худ зоҳир месозем, чи гуна метавонем дасти осебдидагонро бигирему яке аз хислатҳои бисёр хуби инсониро, ки ҷавонмардӣ мебошад, аз худ нишон бидиҳем. Ин сифати инсонӣ дар «Васиятнома»-и Имоми Аъзам ба шогирдаш Абуюсуф зикр шудааст. Дар «Васиятнома» Имоми Аъзам шогирди худро бо таваҷҷўҳ ба шароиту талаботи фардӣ ва иҷтимоии ҷомеа роҳнамоӣ намудааст. Дар як фарози ин васиятнома дар бораи парҳез аз баъзе хислатҳо ва рафторҳои ношоистаи инсонӣ сухан ба миён омада, ба ҷавонмардию сарбаландӣ даъват намудааст. Он порчаи васиятнома ин аст: «Аз бухлу ҳасад бипарҳез, зеро бахилӣ одамиро расво мекунад. Тамаъкору дурўғгўву ҷангандоз мабош, балки дар тамоми корҳо ҷавонмард бош… Агар ниёзманд ҳам бошӣ иззати нафсро аз даст надеҳ…». Дар ин ҷо ба чанд хислати қабеҳ ишора шудааст, ки ҳар кадом аз ин хислатҳо ба танҳоӣ метавонад инсонро ба нобудӣ бикашонад. Ба хотири аҳамияти ин хислатҳо дар зиндагии инсон, Имоми Аъзам парҳез аз онҳоро дар ин васиятнома овардааст. Зеро, бахилӣ ин муқобили саховат аст. Дар Қуръони карим дар чанд маврид ба ин масъала ишора шуда, бахилӣ сахт накўҳиш шудааст. Дар ояти 183-и сураи «Оли Имрон» омадааст: «Ва касоне, ки дар бахшидан (садақа додан ва кўмак кардан ба бенавоён) он чи ки Худованд аз фазлу карамаш ба онҳо додаас бахилӣ мекунанд, фикр накунанд, ки ин кор ба фоидаи онҳост, балки ин кор барои онҳо бисёр бад аст. Зуд аст, ки дар рўзи растохез он чизҳое, ки аз додани онҳо бахилӣ карда буданд, тавқи гарданашон шавад». Яъне агар Худованд ба мо молу сарвати фаровон додааст, набояд бахилӣ намуда, аз ҳаққи бенавоён, ниёзмандон, осебдидагон ва мардуми камбизоат ғофил шавем. Ҳатман бояд ҳаққи онҳоро бипардозем, то шукронаи ҳақиқии ин молу сарватро ба ҷо оварда бошем. Дар ояти 37-ми сураи «Нисо» Худованди бузург бахилонро ба кофирон баробар медонад, онҳоро ба азоби сахт таҳдид кардааст. Дар сураи «Ҳадид», ояти 24 бахилонро нисбат ба фармони Худо нофармон донистааст. Дар сураи «Муҳаммад», ояти 38 бошад Худованд таҳдид мекунад, ки агар дар ҷомеа мардуми сарватманд аз додани садақа ва кўмак ба мардуми камбизоат бахилӣ кунанд, онҳоро аз байн мебарад ва ба ҷои онҳо инсонҳои саховатпешаву хайрхоҳро рўи кор меорад. Бинобар ин, ҳар як ҷавонмарди саховатманду олиҳимат метавонад имрўз бо дастгирии хеш ба осебдидагони ноҳияҳои мазкур охирати хешро обод сохта, обруманди ин дунё гардад. Акс аз сомонаи боз: Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи исломи муосир

Президент

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Ҷаноби Олӣ, Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам”.

Хабарҳо

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ “МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ” ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИВӢ

Санаи 24-уми апрели соли 2025 бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба “Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм, терроризм ва татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур олимону муҳаққиқон, коршиносон аз вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, шарикони рушд ва донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ширкат варзида, доир ба пешгирии экстремизм, тероризм ва оқибатҳои он баромад намуданд. Дар кори конференсия директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим иштирок ва дар мавзӯи “Нақши ислом ва ташкилотҳои динӣ дар пешгирии фаъолияти тундгароӣ ва экстремизми динӣ” баромад намуд. Зимни баромад Абдураҳим Холиқзода қайд карданд, ки “Дин ва иттиҳодияҳои динӣ, хоссатан исломӣ мутобиқ ба сарчашмаҳои илмӣ ва таҷрибавӣ на танҳо имкон доранд пешгирии ифрот ва террорро дар фаъолияти рӯзмарраи худ ама  лӣ намоянд, балки бештар аз он вазифадоранд, ки ҳамчун ҷузъи рисолати эътиқодӣ, созандагӣ ва тарбиявии худ пайваста ин амалро анҷом диҳанд”. Пас аз ироаи маърузаҳо аз ҷониби иштирокдорони конференсия пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.     ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

70 СОЛАГӢ МУБОРАК!

Муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ! Бо камоли эҳтирому самимият, роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуморо ба муносибати Рӯзи фархундаи мавлудатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии ҳамешагӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамояд. Саҳми Шумо ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ва сиёсатмадори варзида дар пешрафту ободии кишвар ва рушди соҳаҳои гуногун ниҳоят бузург аст. Зеро аз аввалин рӯзҳои Истиқлол Шумо, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, дар паҳлӯи Пешвои муаззами миллат барои тарғиб ва татбиқи ҳадафҳои созандаи абармарди сиёсат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона фаъолият намудед ва ба боварии халқу Ватан сазовор шудед. Аз инҷост, ки шахсият ва корномаи Шумо намунаи равшани худшиносиву ватандӯстӣ ва намоди садоқат ба Президенти кишвар ва миллату давлат эътироф гардидааст. Бигзор ҳамеша саломату сарбаланд ва саодатманду комёб бимонед, устоди гиромӣ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ! Саноӣ барҳақ гуфтааст: Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб, Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман. Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ, Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан. Зодрӯз муборак бод ! Бо эҳтиром, Холиқзода А.Ғ. Диретори “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Прокрутить вверх