Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он, нахуст, дар бораи лоиҳаи Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва  лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд. Таъкид гардид, ки Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 бо мақсади коҳиш додани гирифторшавӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал, мукаммалсозии ёрии махсуси эндокринологӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳама намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ таҳия шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои пешгирии самарабахш аз бемории қанд дар баробари чораҳои анъанавӣ, ҳамчунин рӯ овардан ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла аз тариқи машғулшавӣ ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва сайру гашт дар боғҳои фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои кишвар, басо муҳим аст. Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва қабули он фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, рушди устувори саноати дорусозӣ дар асоси технологияҳои муосир, зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ бо дору ва молҳои тиббии ватанӣ, ба роҳ мондани парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахш, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳа мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои бумисозии истеҳсоли доруворӣ дар дохили кишвар ва дастгирии соҳибкорони тавлидгари ин маҳсулот аз имконоти мавҷуда васеъ истифода бояд кард. Дар идомаи маҷлис Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, дар бораи лоиҳаи Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориш дод. Зикр гардид, ки ҳадаф аз қабули ин лоиҳа таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои зуроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин, беҳтар намудани шароити нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти марбутаро дар ин самти кор ғайриқаноатбахш номида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд. Сипас барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 баррасӣ ва қабул шуд. Зимнан таъкид гардид, ки раванди рақамикунонӣ дар ин соҳа тезонда шавад. Дар кори Маҷлис, ҳамчунин вазъи истеҳсоли семент ва масъалаҳои вобаста ба таъмини бозори кишвар бо ин маҳсулот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки семент имрӯз яке аз маҳсулоти муҳими рушди инфрасохтор, саноат ва сохтмон ба ҳисоб рафта, таъмини устувори бозори дохилӣ бо он аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Зикр карда шуд, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар иқтидорҳои истеҳсолии соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли семент аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст. Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат ба вазъи кунунии бозори семент, аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Гуфта шуд, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол, дар фаъолияти як қатор сохторҳои соҳавӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи иқтидорҳо, танзими бозор ва назорати фаъолияти шабакаҳои фурӯш камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои таъмир боздошта шуда, инчунин, фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад. Баъд аз баррасии масъала ба мақомоти масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо ва ташкили низоми доимии мониторинги бозорро таъмин намояд. Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо мақомоти марбута дастур дода шуд, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор диҳанд. Ҳамчунин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология, Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста ба таъмини устувори бозор, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани логистика, таъмини неруи барқ ва риояи меъёрҳои экологӣ супоришҳои дахлдор дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазорату идораҳои масъул бояд барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва таъмини рушди устувори соҳаи сохтмон чораҳои амалӣ андешанд. Ба роҳбарони Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дастур дода шуд, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фуруши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд. Дар робита ба вазъи бозори дохилӣ ба роҳбарони ширкатҳои истеҳсолкунандаи семент барои ба низом даровардани корҳои таъмириву истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд. Масъулини соҳа супориш гирифтанд, ки вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, дар муддати як ҳафта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд. Таъкид гардид, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ болобарии нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири даромади муфт ба миён оварда мешавад, ҷиддан пешгирӣ карда шавад. Дар фароварди маҷлис ба Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо дода шуд. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад.

Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамкорони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон! Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон, ки яке аз муқаддастарин ҷашнҳои динии мардуми мусулмон мебошад, табрику таҳният менамоям. Иди Қурбон таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ меҳру муҳаббат, инсондӯстӣ, хайру саховат, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ин иди муборак моро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар, дастгирии ятимону ниёзмандон ва анҷоми амалҳои неку шоиста ҳидоят менамояд. Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ин ҷашни муқаддасро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегиранд. Бешубҳа, ин ҳама самараи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа пайваста талош менамоянд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки фарҳанги таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва диниву маънавӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин асосҳои пешрафти ҷомеа мебошанд. Маҳз бо шарофати чунин сиёсати оқилона имрӯз дар Тоҷикистони азизамон тамоми шаҳрвандон дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои муқаддаси динӣ зиндагӣ ва фаъолият доранд. Иди саиди Қурбон барои ҳар як инсон фурсати беҳтаринест, ки ба аёдати падару модар, дастгирии ниёзмандон, пос доштани арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва таҳкими робитаҳои неки инсонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Зеро фарҳанги миллии мо ҳамеша бар меҳрубонӣ, эҳтиром ва накӯкорӣ асос ёфтааст. Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба ҳамаи Шумо, ҳамкорони гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори орому осуда, файзу баракати зиндагӣ, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти меҳнатиятон комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям. Бигзор Иди саиди Қурбон ба ҳар хонадон нуру сафо, меҳру муҳаббат, баракат ва хушбахтӣ оварад ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушду шукуфоӣ намояд. Иди саиди Қурбон муборак!

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва  муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикот анҷом доданд. Пешвои миллат ба  муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳо хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд. Президенти Тоҷикистон    ҷараёни мусбати имрӯзаи густариши робитаҳои ду кишвар ва аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро бахусус таъкид карданд. Ҳамзамон, президентҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи ҷорӣ  дар минтақаи Халиҷи Форс мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар ин замина Сарвари давлати мо бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути  муколамаи созанда изҳори умед намуданд.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати иди Қурбон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо саломативу хушҳолӣ ва дар хонадонатон осоишу оромӣ орзу менамоям. Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад. Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд. Яъне ин ид дар баробари он, ки маросими сирф эътиқодӣ мебошад, фурсати муносибе барои анҷом додани амалҳои хайру савоб ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи иди Қурбон мардуми тоҷик мутобиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ се амалро ба иҷро мерасонанд: аввалан, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек мекунанд, баъдан ба зиёрати падару модар, беморону ниёзмандон ва азодорон мераванд ва шахсоне, ки имкони мусоиди молиявӣ доранд, расми қурбониро ба ҷо меоваранд. Қурбонӣ кардан – ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон ва дастгирии оилаҳои камбизоат аз ҷониби онҳое воҷиб мебошад, ки имкону тавони хайру садақа карданро доранд ва дар масъалаи таъминоти аҳли оилаи онҳо мушкиле вуҷуд надорад. Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест! Дар Қуръони маҷид амалҳои исрофкорона ва хароҷоти беҷое, ки муъмин бар зарари худ ва наздиконаш анҷом медиҳад, 23 маротиба қатъиян маҳкум шудааст. Умуман, ҳамаи амалҳое, ки Худованд ба бандагонаш роиҷ донистааст, дар доираи имконияту шароити зиндагии инсон аст. Дар ояти 286-уми сураи «Бақара» ин масъала возеҳан зикр шудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад»! Дигар ин, ки дар шариати дини мубини ислом қурбонӣ кардани чорво дар давоми се рӯз ҷойиз аст. Бинобар ин, шарт нест, ки ин кор дар як рӯз бо издиҳому бенизомӣ анҷом дода шавад, балки беҳтар аст, ки забҳи чорво дар ҷойҳои муқарраршуда ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сурат гирад. Хотирнишон месозам, ки дастгирии эҳтиёҷмандон, ятимону маъюбон ва камбизоатҳову беморон на танҳо як амали савоб, балки нишонаи имони комил, ахлоқи ҳамида ва масъулияти иҷтимоии афроди ҷомеа дар назди ҳамдигар мебошад. Қобили зикр аст, ки тақрибан ду даҳсола қабл дар кишвари мо Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки он дар роҳи ба низоми муайян даровардани фарҳанги баргузории маъракаҳо ва пешгирӣ кардани зиёдаравию исрофкорӣ нақши назаррас гузошт. Дар асоси муқаррароти ин қонун мо бояд ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ва хусусан дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва маросими диниву эътиқодиро, ки мардумро ба хайру саховат ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят мекунад, ба намоиши хурофоту таассуб табдил насозем. Сарфаи маблағҳо ва худдорӣ кардан аз хароҷоти беҳуда ба оилаҳо имконият медиҳад, ки ба таълиму тарбияи фарзандон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли хонадон ва ободонии рӯзгори хеш таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Аз хотир набарорем, ки Худованд дар маркази ҳама фарзиёту воҷибот ва маросиму ойинҳои эътиқодӣ манфиат ва саодати инсонро гузоштааст! Ҳамватанони азизи мо аз вазъияти ноорому буҳронии ҷаҳони муосир хуб огоҳанд. Маҳсулоти ғизоӣ дар бисёр кишварҳои олам рӯз ба рӯз камчин ва нархҳо босуръат боло рафта истодаанд. Дар чунин шароит мо бояд, қабл аз ҳама, ба рушди иқтисоди ватанӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин диққати аввалиндараҷа дода, дар фикри захираи дусолаи маводи ғизоӣ, яъне таъмини фарзандон ва аҳли оилаи худ бошем. Мо бояд бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза амал кунем, бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва амнияти озуқавории кишварамонро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад, таъмин намоем. Дар робита ба ин, такроран таъкид менамоям, ки иди Қурбон тӯй нест, балки як маросими динӣ ва ойини эътиқодӣ аст, ки бояд дар асоси арзишҳои ахлоқӣ ва бо риояи меъёрҳои сарфаю сариштакорӣ баргузор карда шавад. Ҳамдиёрони азиз! Ислом динест, ки ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии инсон равона шуда, ҳадафи он ташаккули инсони солеҳу донишманд ва худшиносу накукор аст. Паёмбари ислом дар ҳадиси саҳеҳ таъкид намудаанд: «Ман фиристода шудам, то ахлоқи башарро комил гардонам». Ахлоқу одоби инсонӣ, дар навбати худ, аз саводу дониш ва маърифатнокиву худшиносии ҳар як инсон вобаста мебошад. Ин аст, ки дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст. Каломи раббонӣ ба бандагони Худо 70 маротиба аз тоату ибодат паём додааст, вале 779 маротиба аз зарурату аҳаммияти илму дониш ва ақлу хирад ҳукм кардааст. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мақоми илму дониш ва маърифату саводнокӣ дар назди Худованд баландтар аз ҳар ибодат аст. Бори дигар таъкид менамоям, ки мардум бояд арзишҳои асили эътиқодиро аз таассубу хурофот фарқ кунанд ва ин кор ба инсон танҳо тавассути саводу маърифат ва илму дониш муяссар мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, дини мубини ислом мақоми илму донишро ҳамчун воситаи саодати инсон баланд муқаррар намуда, возеҳан эълом медорад, ки ба даст овардани илму маърифат ба ҳар фарди мусулмон – хоҳ зан ва хоҳ мард – фарз аст. Худованд дар каломи осмонии худ дар мавриди тарғиби илму дониш фармудааст: «Онҳое, ки медонанд (яъне саводу дониш доранд) ва онҳое, ки намедонанд (яъне саводу маърифат надоранд), баробар нестанд». Воқеан, вазифаи ҳама пайғамбарон ва ҷавҳари таълимоти ҳама динҳои ҷаҳонӣ низ ба роҳи саодат ҳидоят кардани мардум аз тариқи илму дониш ва ахлоқи ҳамида мебошад. Ҳамватанони азиз! Ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддас ҳар як фарди соҳибватан ва бонангу номуси ҷомеа вазифадор аст, ки дар таҳкими дастовардҳои истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузорад ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намояд. Истиқлол дастоварди бузургу таърихӣ мебошад ва ҳимояи он масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии ҳар яки мо ба шумор меравад. Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр ҳастем ва ба шарофати давлати соҳибистиқлоламон ҳуқуқу озодиҳо ва боварҳои эътиқодии худро амалӣ менамоем. Шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки он дар амали ҳаррӯзаи созандаи ҳар яки мо ва дар хизмати содиқона ба Ватан ифода меёбад. Итминон дорам, ки кулли мардуми шарифи кишвар минбаъд низ саъйу талоши худро аз ҳар як хонаву кошона сар карда, барои ободии Ватани маҳбубамон, ҳимояи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон ва болоравии мақоми Тоҷикистон дар

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдон

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд. Аҳамияти зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, рушди зерсохторҳои муосир ва таҳкими ҳамдастӣ дар масоили вобаста ба обу иқлим дода шуд. Дар робита ба вазъи бениҳоят ҳассос ва печида дар минтақаи Халиҷи Форс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори идомаи талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ҳалли осоиштаи ин ин буҳрон бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро, ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Зимнан, таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои маъдан, дорусозӣ, нассоҷӣ, коркарди пахта, пашму пӯст, мувофиқи мақсад дониста шуд. Вобаста ба вазъи  Ховари Миёна гуфта шуд, ки мушкилоти бавуҷудомада танҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ва музокирот метавонанд ҳаллу фасл гарданд. Аз ин лиҳоз, бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз идомаи талошҳои сиёсӣ ва муколамаи созанда дар роҳи ҳалли осоиштаи ин ва дигар низоъҳо таъкид гардид.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд. Сарвари давлат дар оғози суҳбат ба  Ли Ҷунҳуа, ки ҳамраиси “Раванди оби Душанбе” мебошад, барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар конфронси мазкур ва ҳам аз саҳми намоёни доимияш дар ин раванд арзи қаноатмандӣ намуданд. Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо СММ, бахусус бо Дафтари созмон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва кор бо паёмадҳои онҳо  баррасӣ шуд. Оид ба татбиқи натиҷаҳои ҳамоишҳои қаблӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор, ҳадафманд анҷом додани конфронси кунунӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои дигари байналмилалии ин самт дар соли равон ва соли 2028 гуфтугӯи судбахш ҷараён гирифт. Ба кори “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҷонибҳо таваҷҷуҳ карда, изҳори бовар намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими имкониятҳои он саҳми назаррас хоҳанд дошт. Гуфтугӯи судбахш, ҳамчунин доир ба  фаъол нигоҳ доштани Гурӯҳи дӯстони об ва пиряхҳо дар Ню-Йорк ва абзорҳои дигари рушди ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, сурат гирифт.  

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Конфронс бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ оғоз гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ташрифи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин конфронсро қадами муҳим дар ҳалли яке аз проблемаҳои ҳассоси замони муосир – дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба об номиданд. Зикр шуд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин ҷода тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои мо барои баланд бардоштани мақому аҳамияти об – сарвати бебаҳои ҳаёт равона гардида, Тоҷикистон дар ин самт ҷонибдори бархӯрди мутавозин ва фарогир аст. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштарак мебошад. Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки мо дар доираи ташаббуси “Раванди оби Душанбе” ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома медиҳем. Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба мушкилиҳое ҷалб намуданд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор монеаҳо эҷод кардаанд. Таъкид гардид, ки ҳоло миллиардҳо нафар ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надошта, наздик ба 4 миллиард сокини сайера ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Ин тамоюлҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оянда дастрасӣ пайдо накардани мардуми ба оби ошомиданӣ ба таври назаррас зиёд хоҳад шуд. Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал то 25 дарсад зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд. Ҳамзамон бо ин, ба таъкиди Роҳбари давлат аз рӯи пешбиниҳо дар ин давра қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гарданд ва соҳаҳои наву босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард. Дар ин замина, гуфта шуд, ки ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро бештар месозад. Президенти кишвар аз иқдомҳои Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ ҷаҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қабул гардидаанд. Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳад. То соли 2040 дар нақша аст, ки дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба 90 дарсад расонад. Ҳамчунин, Тоҷикистон азм дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки онро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад. Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳамияти хоса дода, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими об ҳамеша кӯшиш менамоем. Дар ин раванд, Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор нигариста, дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказиро зарур мешуморад. Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мо бояд аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем ва иқдомҳо бояд аз дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд. Сарвари кишвари мо ёдовар шуданд, ки дар солҳои охир Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам оварданд. Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем. Гуфта шуд, ки имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст. Ба ин мақсад пешниҳод гардид, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад. Ин чаҳорчӯб метавонад заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад. Дар хотимаи сухан  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем. Тавре таъкид гардид, ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст. Аз кафкӯбии пурмавҷи ҳозирин аён гардид, ки ин пайғом мавриди дастгирии аҳли толор қарор гирифт. Баъд аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд, аз ҷумла  Сарвазири Ҷумҳурии Бурунди Нестор Нтахонтуэ,  раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири кишоварзӣ ва саноати коркард Эрлист Акунбеков, муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев, фиристодаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид хонум Ретно Марсуди, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ли Ҷунҳуа, раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Лок Баҳодур Тапа, Ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Марк Боуман, муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) Армида Салсия Алисҷаҳбана ва Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, муовини Дабири кулли СММ, профессор Тшилидзи Марвала баромад карданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар Кохи Сомони бустонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2500 иштирокдор аз 110 кишвар, намояндагони воломақоми 75 созмони байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд аз 170 муассисаи илмиву таҳқиқотии ҷаҳон ҷамъ омаданд. Ғайр аз

Президент, Хабарҳо

Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ

25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид. Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, тавсиби Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим супурда шуд. Зимнан, саҳми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафмандонаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028″, қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ ва пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, махсус таъкид гашт. Ёдовар бояд шуд, ки Ҷоиза бо фармони Ректори Донишгоҳи Сулҳи Созмони Милали Муттаҳид доктор Франсиско Рохас Аравена 19 майи соли 2026 ба имзо расида, аз ҷониби Намояндаи доимии ин Донишгоҳ, Сафир Дэвид Фернандес Пуйана ба Пешвои миллат тақдим гардид. Он барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва кишварҳое, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ таъсис ёфтааст. Ин эътироф гувоҳи шахсияти таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақа ва талошҳояшон барои суботи сартосариву пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим аст, ки аз ҷониби яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои олам муҳри тасдиқ ёфт.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ ҷаноби Мартин Чунгонг

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайра мақдам гуфта, аз робитаҳои фаъоли Иттиҳоди байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон дар масъалаҳои захираҳои об ва тағйирёбии иқлим изҳори қадрдонӣ намуданд. Тавре зикр гардид, Иттиҳоди байнипарлумонӣ имрӯз ҳамчун як василаи муассир барои пешбурди ташаббусҳои сулҳомез ва ҳалли мушкилоти глобалӣ дар саросари ҷаҳон хизмат мекунад. Зимнан нақши дипломатияи парлумонӣ ҳамчун василаи муҳим барои тақвияти муносибатҳои миёни кишварҳо дар масъалаҳои шаффофият, устувории усулҳои демократия, таъмини рушди устувор ва дигар меъёрҳо таъкид гардид. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои осоиштаи ҳалли низоъҳои ҷаҳони имрӯза сурат гирифт.

Прокрутить вверх