Хабарҳо

Хабарҳо

Суханронии намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, равобити адабӣ ва тарҷума дар замони муосир».

27-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, АДАБИЁТШИНОСӢ, РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ТАРҶУМА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР» баргузор гардид. Дар кори конференсия муҳаққиқону донишмандон ва мутахассисони соҳа аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни баргузории конференсия Шарифамо Одинаева – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Забони тоҷикӣ – забони сулҳу арзишҳои волои инсонӣ” суханронӣ намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Иштирок ва суханронии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим дар семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм: заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ”.

Санаи 27-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун, сархатибони масҷиди ҷомеъи шаҳри Хуҷанд, семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм:заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ” бо раисони маҳалла, масъули кор бо занон, ҷавонон, нозирони минтақавӣ, сархатибон, омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Семинарро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки барои ҳар як сокини шаҳри Хуҷанд барои мубориза бурдан бо амалҳои номатлуб аз ҷумла бо ифротгароӣ ва терроризм, ки таҳдиди воқеӣ ба осоиштагӣ ва бехатарии миллӣ аст ҳарруза саҳми худро мегузоранд ва дар якҷоягӣ барои решакан намудани ин амалҳои номатлуб чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар идомаи семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим зимни суханронии худ моҳияти шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, андешаронӣ намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад. Ин падидаҳо боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли онҳо ба арзишҳои бегона гаштааст. Аз сабаби он, ки ифротгароӣ ва терроризм барои амнияти миллии ҳар як кишвар таҳдиди воқеӣ ба ҳисоб меравад, зарурати назорат ва пешгирии паҳншавии рӯҳияи ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ, балки вазифаи тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ (маориф, муассисаҳои хусусӣ, санъат, варзиш, сиёсати ҷавонон ва ғ.), тамоми аҳли ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд аст. Дар идома ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Назарзода Парвиз иброз намуд, ки ҷомеаи муосир равандҳои геополитикӣ ва бо шиддат тағйир ёфтани авзои ҷаҳон, ба амал омадани даргириҳо ва таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву радикалӣ ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро ҳифз намоем ва баҳри дифои марзу буми Ватани азизамон омодаи хизмат бошем! Ҳамзамон, муовини Раиси Шулои уламои Тоҷикистон Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода баромад намуда, ба ҳозирин дар мавриди тарзи либоспӯшӣ аз нигоҳи шариат, намуди зоҳирии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз паҳншавии фарҳанги бегона ҳарф зада, иштирокдорони мулоқотро барои таҳкими ваҳдати мазҳабӣ ва таҳаммулпазирии динӣ даъват намуданд. Дар охир Ҷалолзода Хайёмиддин мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғаффуров ба иштирокдорон ва барои ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

Вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт

Нимаи дуюми рӯзи 26 ноябри соли равон вохӯрии намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ноҳия ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо кормандони бахши идеологии ноҳия, баргузор гардида, дар он роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор баргузор гардид. Қабл аз вохӯрӣ намояндагон доир ба рафти корҳои ободониву созандагии ноҳия шинос гардида, барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва иқдомҳои неки Раиси ноҳия ободонии як гушаи диёрамонро бо сарҷамъии тамоми сокинон ва фаъолон муттаҳид гашта, дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузург, ободу зебо намудани кӯчаву қабристонҳо ва дигар корҳои хайр саҳмгузор буданд дидан карданд. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ноҳияи Ҷалилӣ низ ширкат варзида, иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки баҳри амнияту пойдории сулҳу субот, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷиноӣ, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тадбирҳои мушаххас андешем. Намояндаи Прокуратураи ноҳия, ҷиҳати пешигирии шомилшавии ҷавонон аз оқибатҳои терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак»-ро ба иштирокдорон маънидод намуд. Намояндагони Маркази исломшиносӣ ба сухан баромада ба саҳми мардум расонидани моҳияти асосии шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ суҳбат карданд. Дар рафти вохӯрӣ раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, омӯзгорон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории аҳли ҷомеа бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳои дахлдорро дар пешгирии ҷинояткорӣ, зиёдаравӣ хурофот ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ба роҳ монда, барои нигоҳ доштани оромиву осоиштагӣ ва рушди суботи кишвар саъйю талош хоҳанд кард. Вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирӣ аз омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баҳри пешгирии зуҳуротҳои номатлуб мусоидаткунанда мебошад ва нақши марказӣ доштани саҳми ҳар як шаҳрвандро дар пешравӣ ва ободии диёри азизамон мебошад. Чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Ноҳияи Ашт: вохӯрии гурӯҳи корӣ бо имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва зиёиёни шаҳраки Шайдон

Санаи 26 ноябри соли 2025 мувофиқи ҷадвали Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ноҳияи Ашт бо шаҳрвандон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва зиёиёни шаҳраки Шайдон зери шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, фаҳмонидани мақсаду ҳадафи ҚҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҚҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин дар мавзуҳои пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ вохурии судманд баргузор гардид. Нахуст, муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса меҳмононро ба ноҳияи Ашт хайра мақда гуфата, онҳоро муаррифӣ намуд. Одинашоҳ Вализода ва Мирзозода Азизулло кормандони масъули Марказ баромад намуда, ҷиҳати ба саҳми мардум расонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва фаҳмонида додани муҳтавои шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”-ро ба самъи ҳозирин расониданд. Дар идома, намояндаи Прокуратураи ноҳия Усмонзода Исмоил дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшавии гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳамзамон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” суҳбат карданд. Ҳамзамон, Сафарзода Диловар намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёдаравии баъзе шаҳрвандон ҷиҳати ташкили тӯю маъракаҳо, ҳаҷҷи такрорӣ ва дигар масъалаҳо ҷиҳати ислоҳи ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт баромад намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН

Санаи 25 ноябри соли 2025 дар асоси нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД- и шаҳри Конибодом мулоқоти навбатӣ баргузор гардид. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Одинашоҳ Вализода ва Мирзозода Азизулло кормандони масъули Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Прокуратураи ноҳия, Сафарзода Диловар – намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Баромадкунандагон дар суханрониҳои худ атрофи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дар ҳошияи суханони Пешвои миллат, ки “Аввал ман тоҷикам, баъд мусулмон” – шарҳу тавзеҳ дода, нақши онҳоро дар таҳкими ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал ва тақлид ба фарҳангҳои бегона ва боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ мешаванд, зикр карда шуд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамкории мардум бо мақомоти давлатӣ ва тарғиби сиёсати давлатӣ мусоидат менамоянд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муҳтарам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам ҷаноби Президент, Хабари талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти сангин бар асари боришот ва обхезиҳои шадид дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, боиси андуҳи амиқи мо гардид. Вобаста ба пайомадҳои ин ҳодисаи харобиовар ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комилу оҷил хоҳонем». 24.11.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

24 ноябри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан, фаъолони шаҳр, масъулини самти робита бо ҷомеа ва танзими ҷашну маросими ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва имомхатибон масҷидҳо вохурӣ баргузор гардид. Вохӯриро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан оғоз намуда, меҳмононро хайра мақдам намуд. Дар идома, Мирзозода Азизулло – мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, Одинашоҳ Вализода – сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Худойдодзода Илҳом – мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросим мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суханронӣ намуда, дар мавзӯъҳои «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон»-и Пешвои миллат, тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ, пешгирии ҳаҷу умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро маълумот доданд. Таъкид гардид, ки мулоқоти мазкур баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9-уми марти соли 2024 дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баён доштанд, баргузор гардида истодааст. Дар фарҷоми вохӯрӣ аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба ҳама гуна амалҳои номатлуб бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки дар ҷодаи нигоҳдоштани ахлоқу одоб ва ҳушёру зирак будани сокинон саҳмгузор бошанд. Бознашр аз сомонаи  МИҲД – и шаҳри Истаравшан

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям. Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад. Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад. Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад. Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад. Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад. Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем: Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ, Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ. Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш, Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш». Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст. Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст. Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад. Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд. Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад. Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад. Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд. Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад. Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад. Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад. Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст. Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем. Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям. Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз! 24.11.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ХАТАРИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ БА ҶОМЕА

Таҳти ин унвон санаи 20.11.2025 муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Абдухалилзода К.А. дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо донишҷӯёни курси якуми факултаи тиббӣ вохӯрӣ гузаронида, суҳбат орост. Зимни суҳбат Абдухалилзода К. дар бораи моҳияти ифротгароии динӣ, шаклҳои зуҳури он дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик, сабабҳои ҷалбшавии иддае аз ҷавонон ба ҳаракату равияҳои гуногуни ифротӣ ва оқибатҳои манфури он ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои шахси ифротгарою аҳли оилаи он маълумоти васеъ ва дақиқ пешниҳод намуд. Донишҷӯён суханронии Абдухалилзода К.А. – ро бо мароқи том шунида, бо андешаҳои созанда қаноатмандии худро аз муҳтавои суханронӣ изҳор доштанд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И

22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Чин яке аз шарикони калидии иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буда, дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар ин зимн ба масъалаи тавсеаи ҳамкории судманди гуногунҷанба дар доираи шарикии стратегӣ таваҷҷуҳи муносиб зоҳир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти натиҷаҳои силсилаи мулоқотҳои пурмазмун бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро дар соли равон махсус қайд намуданд. Дар навбати худ Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳор дошт, ки «Ман ба дастовардҳои нави кишвари шумо ва пойтахти шумо эътимод кардам. Рушди босуръат дар ҳама ҷо ба назар мерасад. Ҷаноби Президент, Шумо ҳамчун асосгузори давлати худ ва Пешвои миллат, бо дилу ҷонатон барои рушди кишвари худ талош менамоед. Шумо мардумро аз ҳама чиз боло гузоштаед. Мо ба консепсияи идораи давлатии Шумо бисёр арҷ мегузорем». Пуштибонии Тоҷикистон аз ташаббусҳои нави ҷаҳонии роҳбарияти олии Чин, аз ҷумла “Идораи глобалӣ” таъкид карда шуд. Ҷонибҳо аз фаъолияти босамари абзорҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Гуфта шуд, ки дар даҳ моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зиёда аз ду миллиард долларро ташкил дод. Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо имрӯз соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, инчунин энергетика ва кишоварзиро фаро мегиранд. Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ҷалби технологияҳои “сабз” изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон, ҳавасмандии Тоҷикистон барои афзоиши номгӯй ва ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин иброз гардид. Ҳамкории муштараки кишварҳо дар соҳаи амният аз мавзуъҳои алоҳидаи суҳбат буд. Дар ин зимн ба масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, ҷинояткории киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ пайвастагии рушди робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаро қайд карданд. Ба Ҳукумати Чин барои ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба донишҷӯёни тоҷик изҳори сипос карда шуда, ҳавасмандии Тоҷикистон ба афзоиши шумораи квотаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин дар ихтисосҳои талаботаш дар кишвари зиёд, таъкид гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.Ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар сиғаи Осиёи Марказӣ-Чин баррасӣ шуданд. Пешвои миллат ба ҷониби Чин барои дастгирии таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори сипос намуданд. 22.11.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх