Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу, Шумо ва мардуми дӯсти Озарбойҷонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Арманистон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям. Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳаммияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем. Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзумандам». 09.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд. Дар намоишгоҳ гӯшаҳои намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он номгӯи зиёди молҳои корхонаҳои саноатии кишвар, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд. Дар намоишгоҳи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд. Павилиони Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад. Аснои шиносоӣ бо гушаи таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи Тоҷикистон Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд. Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар гушаи молҳои саноатӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, обҳои рангаи ташнашикан, маҳсулоти рангуборкунӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд. Мавриди зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кутоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд карда шуд. Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд. Дар намоишгоҳ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро ба маъраз гузоранд. Зимни муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд. Баъди боздид аз намоишгоҳ Сарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиби консертӣ устодони санъати тоҷик, овозхонон, мутрибон ва раққосаҳои хушхироми ансамблҳои кишвар муаррифӣ намуданд. 05.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳем. Дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид. Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ намоянд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода карда шаванд. Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш аз мавзуоти дигари суҳбат буд. Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карданд. 05.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар кори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст. Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад. Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад. Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад. Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад. Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард. Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд. Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард. 05.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар минтақаи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон мулоқоти сарори давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар мулоқот, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Сарвазири Қирғизистон баргузор гардид, як зумра масоили вобаста ба омодагӣ ба мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки тирамоҳи имсол баргузор хоҳад гашт, баррасӣ шуд. Дар охири нишаст Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Фармони Президенти Туркменистон бо ордени “Барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкорӣ” сарфароз гардонда шуд. 05.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Туркменбошӣ бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Туркменбошӣ хайра мақдам гуфта, барояшон хоҳони будубоши хуш ва боздиди пурмаҳсул шуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фурсати муносиб барои дидору гуфтугӯ бо роҳбарияти Туркманистони дӯст изҳори қаноат намуда, ба кори конфронси байналмилалии басо муҳим ба бародарони туркман барору комёбӣ хостанд. Зимнан доир ба доираи васеи масоили вобаста ба мунобатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст гуфтугӯи судбахш сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид. Ҳамчунин, доир ба як зумра мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. 04.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Туркманистон

4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 3-юмин Конфронси Созмони Милали Мутаҳҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок менамоянд. 04.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Туркманистон

4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 04.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 гузориши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил мебошад. Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур бунёди 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки сохторҳои марбута барои амалисозии нақшаи амали Барнома тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол ба Ҳукумати кишвар оид ба рафти амалишавии он маълумот пешниҳод намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба низоми электронии идораи соҳа ва таълиму тарбия тезонда шуда, ҳарчи зудтар ин тарзи корбарӣ роҳандозӣ гардад. Таъкид гардид, ки татбиқи барномаи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамаи соҳаҳо ҳарчи зудтар ва бо самар таъмин карда шавад. Дар кори маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва фаъолият барои омӯзгорон ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар баҳри онҳо мебошад. Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бошад, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва ҳамгунасозии меъёрҳои пешбининамудаи онҳо аст. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва дар бораи Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029 баррасӣ шуда, аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид. Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсили солҳои 2025-2026 ва вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд. 31.07.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

ҶАНБАҲОИ КАЛОМИИ «КИТОБ АТ-ТАВҲИД»-И АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ УСУЛИ ЭЪТИҚОДИИ АҲЛИ СУННАТ ВА ҶАМОАТ

Абумансур Муҳаммад ибн Муҳаммад ибн Маҳмуд ал-Мотуридӣ (вафот: 333 ҳ.қ. / 944 м.) яке аз бузургтарин мутакаллимон ва фақеҳони асри сегонаи ҳиҷрӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи тафаккури исломӣ нақши барҷастае гузоштааст. Зодгоҳи ӯ Мотурид, яке аз маҳаллаҳои қадимаи Самарқанд мебошад. Дар муҳити зодааш, ки маркази муҳими илмӣ ва мазҳабии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, уламои зиёде парвариш ёфта буданд ва равишҳои гуногуни фикрӣ, аз ҷумла ҳанафия, муътазила, шиъа ва ақидаҳои ғайрисуннӣ миёни донишмандон ва омма дар гардиш буданд. Мотуридӣ дар чунин муҳити пурњаяљон ва изтиробангез ба камол расид ва дар мактаби фикрии Абуҳанифа, ки бар мантиқ ва истифодаи ақл дар шарҳу тафсири матнҳои динӣ таъкид дошт, таълим гирифт. Ӯ шогирди мустақими Абубакр ал-Ҷурҷонӣ ва Муҳаммад ибни Муқотил Аррозӣ ва дигар уламо буд, ки силсилаи илмии онҳо ба Имом Абуҳанифа мерасад. Бо такя ба ин анъанаи илмии ҳанафия, Мотуридӣ мактаби мустақили каломии худро ба вуҷуд овард, ки баъдан бо номи мактаби Мотуридия машҳур гашт. Замони Мотуридӣ, яъне садаи сеюми ҳиҷрӣ, яке аз муҳимтарин давраҳо дар ташаккули мактабҳои каломӣ ва густариши баҳсҳои эътиқодӣ буд. Ин давра ба замони давлатдории Сомониён рост меояд, ки аз як сӯ пуштибони илму фарҳанг буданд ва аз сӯйи дигар, ба таъмини суботи мазҳабӣ ва рушди тафаккури аҳли суннат ва ҷамоат таваҷҷуҳ доштанд. Дар ҳамин давра, муътазилиён бо такя ба мансабҳои давлатӣ дар хилофати Аббосиён дар Бағдод нуфузи қавӣ доштанд ва бо услуби фалсафӣ ба тафсири ақидаи исломӣ мепардохтанд. Дар муқобили онҳо, аҳли ҳадис ва ашъариён ба таври ҷиддӣ мавқеъ гирифта, равишҳои дигареро пеш гирифтанд. Мотуридӣ дар чунин муҳити пурбаҳси каломӣ, бо такя ба усули мазҳаби ҳанафӣ, талош кард ақидаи аҳли суннатро аз диди ақлӣ ва мантиқӣ ҳимоя намояд. Вай, дар муқоиса бо мактаби муътазила, ки ба ифроти ақлгароӣ моил буданд ва мактаби ашъария, ки нақлро бар ақл тарҷеҳ медоданд, роҳи миёнаро баргузид. Аз назари ӯ, ақл воситаи муҳим барои фаҳми дин аст, вале бояд дар чорчӯби Қуръон ва суннат истифода шавад. Ин равиши мутавозин ба Мотуридӣ имкон дод, ки мактаби мустақили каломӣ таъсис диҳад ва дар миёни равияҳои замони худ ҷойгоҳи хос пайдо кунад. Абусансури Мотуридӣ натанҳо як мутакаллим буд, балки фақеҳ, муҳаддис, ва муфассир низ буд, ки дар тамоми илмҳои исломӣ дониши фарох дошт. Агарчи шумораи асарҳои боқимондааш маҳдуд аст, машҳуртарини онҳо «Китоб ат-Тавҳид» ва тафсири «Таъвилоту аҳли-с-суннат» мебошад, ки таъсири афкори ӯ дар тамоми таърихи баъдии мактаби ҳанафия эҳсос мешавад. Пас аз ӯ, бузургони каломии ҳанафӣ мисли Абулмуин ан-Насафӣ, Наҷмиддин ан-Насафӣ ва дигарон фикри ӯро шарҳ ва густариш додаанд. Нақши Мотуридӣ дар таърихи ақидаи исломӣ то имрӯз маҳфуз мондааст. Ӯ бо мувозинати амиқи байни ақл ва нақл, моделеро барои фаҳми имон ва ақида пешниҳод кардааст, ки то имрӯз дар сарзаминҳои васеъ, ба вижа дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Ҳинду Покистон, Туркия ва минтақаи Балқон мавриди қабул ва пайравӣ гардидааст. «Китоб ат-Тавҳид» ягона асари маъруфи Абумансури Мотуридист, ки дар соҳаи калом то замони мо расидааст. Агарчи дар муқоиса бо асарҳои баъдии каломӣ матни он мухтасартар аст, аммо аз лиҳози тарзи истидлол, интихоби мавзуъҳо ва низоми фикрӣ намунаи барҷастаи ақидаи муътадили аҳли суннат ва ҷамоат маҳсуб мешавад. Асар бо услуби далелпарварӣ ва мантиқнигорӣ таҳия шудааст. Мотуридӣ дар он бештар аз ақл ва қиёс истифода мекунад, ҳарчанд манбаъҳои нақлӣ низ аз Қуръон ва ҳадис ҷойгоҳи муҳим доранд. Хусусияти аслии услуби ӯ дар ин аст, ки ӯ масъалаҳоро бо саволу ҷавоб, ҳамроҳ бо нақли шубҳаҳо ва радди онҳо баён мекунад, як равиши илмии беназир, ки ҷанбаи диалогӣ (ҳиворӣ, муколамавӣ) дорад ва хонандаро ба андеша ва тафаккур кардан водор месозад. Мотуридӣ дар муқаддимаи китоб таъкид мекунад, ки ба ҳимояи ақидаи дурусти исломӣ дар баробари аҳли илҳод, муътазила (инкоркунандагони сифоти Худо) ва дигар фирқaҳои ботил машғул аст. Ӯ бо низоми қавии далелҳо ақлро ба сифати василаи муҳими шинохти Худованди таборак ва таъоло ва таъйини ҳақиқат муаррифӣ мекунад. Мавзуи меҳварии «Китобу-т-тавҳид» масъалаҳои эътиқодиро дар бар мегирад. Тавре ки аз номи китоб пайдост, ҳимоя ва тавзеҳи тавҳид (яъне ягонагии Худованд) ҳадафи аслии муаллиф аст. Мотуридӣ тавҳидро на танҳо ба маънои инкори ширк, балки ба маънои амиқтари фаҳми сифоти Худованди таъоло мефаҳмондааст. Ӯ исбот мекунад, ки Худованди таъоло дорои сифатҳои зотӣ ва феълӣ мебошад, вале ин сифот на ҷузъи зоти Ӯянд ва на хориҷ аз зоти Ӯянд, балки «ғайруҳу, ло ҳува» мебошанд. Мотуридӣ дар масъалаи сифоти Худованд бар хилофи ақидаи муътазилиҳо меистад, ки онҳо вуҷуди сифоти мустақилро рад мекарданд. Ба гуфтаи Мотуридӣ, Худованди Таъоло, Доно, Қодир, Зинда ва Соҳибирода аст ва ин сифатҳо абадӣ ва азалӣ мебошанд. Мотуридӣ дар масъалаи сифоти илоҳӣ ба як тафсири каломӣ рӯ меоварад, ки на ба ташбеҳ (монанд донистани чизе ба Худованд) меанҷомад ва на ба таътил (инкори сифот), балки роҳи миёна ва муътадилро интихоб мекунад. Яке аз мавзуъҳои асосии «Китоб ат-Тавҳид» баҳси ақл ва нақл аст. Ӯ дар ин асараш чунин мегуяд: «إن العلم بالله وبأمره عرض لا يدرك إلا بالاستدلال» «Маърифати Худованди таъоло ва фармонҳои Ӯ, як арзишест, ки фақат бо андеша ва истидлол ба даст меояд» саҳ: 137. Мотуридӣ ақлро ба унвони василаи аввалияи шинохти Худованди таъоло муаррифӣ мекунад ва исбот менамояд, ки инсон бо ақлаш ҳатто пеш аз ирсоли пайғамбарон метавонад ба вуҷуд ва ягонагии Худованди таъоло пай бибарад. Аммо барои фаҳми шариат ва мукаммал шудани ақидаи дуруст, фиристодани пайғамбарон зарурист. Дар ин дидгоҳ, Абумансури Мотуридӣ мавқеи мутавозин ва миёнаро ихтиёр мекунад, ки ҳам аз равиши ашъариён фарқ дорад ва ҳам аз назари муътазилиён. Ӯ бар хилофи ашъариён, ки нақлро бар ақл тарҷеҳ медиҳанд, ва муътазилиён, ки ақлро дар тамоми масоили динӣ мустақил ва кофӣ меҳисобанд, бар он назар аст, ки ақл василаи муҳим ва зарурии дарки маорифи динӣ мебошад, аммо на ягона манбаи маърифати дин. Ба таъбири дигар, Мотуридӣ миёни нақл ва ақл тавозуни методологӣ ба вуҷуд оварда, нақш ва аҳаммияти ҳар кадомро дар доираи муносиби он таъйин мекунад. Аз мавзуъҳои печидаи каломӣ, ки Мотуридӣ ба таври муфассал онро баррасӣ мекунад, масъалаи тақдир ва иродаи инсон аст. Ӯ кӯшиш мекунад миёни қудрати мутлақи илоҳӣ ва озодии инсон робитаи мутавозинро нишон диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Худованди таъоло офарандаи аъмоли инсон аст, вале инсон касби ихтиёрӣ дорад, яъне инсон аъмолро ихтиёр мекунад ва бо ҳамин ҷавобгар аст. Ин назари «касб», ки баъдан аз ҷониби

Прокрутить вверх