Таҷассумёбии арзишҳои миллии ҳуқуқӣ дар баъзе аз принсипҳои асосии қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (бардоште аз китоби тозанашри доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. «Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ». Дар 2 китоб. Душанбе: «Эр-граф», 2025) Боиси хурсандиовар аст, ки аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ватанӣ ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ганҷинаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ кӯшишу харҷҳое зиёде сарфа мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои наздик асари тозанашри устоди гиромии мо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор зери унвони «Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ» дар 2 китоб аз чоп баромад. Гуфтан ҷоиз аст, ки муаллиф дорои қалами ҳамешасабз буда, ҳамасола чандин мақолаю китобҳоро дар мавзуҳои мубрами ҳаёти ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии давлат ва фалсафаи ҳуқуқ, нашр намуда, хонандагонро ҷиҳати андеша намудан оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносӣ, таърих ва фалсафа водор намуда, пешниҳоду бинишҳои худро ҷиҳати масъалаҳои гуногун дарҷ мекунанд. Ин аст, ки дар китоби нави худ низ муаллиф вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии давлати миллии демократӣ дар шароити шиддат гирифтани ҷаҳонишавии манфиатҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мубрами давлат ҳам аз нигоҳи таърих, ҳам аз нигоҳи фалсафаи ҳуқуқ ва ҳам аз нигоҳи назарияи ҳуқуқ дар қолаби манфиатҳои миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ, ақидаҳои дар ҳақиқат ҷолиби илмиро рӯйи қалам овардаанд. Дар китоби мавриди назар оид ба таносуби масъалаҳои мубрами давлати миллӣ, манфиатҳои миллӣ бо арзишҳои демократию башарӣ фикрҳои ҷолиби илмӣ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва илми давлатшиносӣ ироа шудаанд. Муаллиф оид ба масъалаҳои мубрами таъсири ҷаҳонишавӣ ба ташаккули манфиатҳои миллӣ, андешаҳои созандаю бунёдии давлати миллии демократӣ, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ дар давлати миллӣ ва худшиносии миллӣ, заминаи маънавии ташаккули давлати миллии демократӣ, нақши инсон ва илм дар ташаккули давлати миллӣ, ташаккули зиёии муосир, холигиҳо ва дастовардҳои бунёди давлат ва ҳуқуқи миллӣ дар тамаддуни шарқӣ ва ғарбӣ бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун андеша ва назарҳои тоза ва сабақомӯз пешниҳод намудаанд. Эҳсос мешавад, ки мавзуҳои баррасишавандаи китоб натиҷаи ҷамъбасти мобайнии таҳлилу омӯзиши масъалаҳои илмие мебошанд, ки муаллиф дар фаъолияти илмиашон дар самти таърих, назария ва фалсафаи ҳуқуқ ва давлат тайи чанд соли охир таълиф кардаанд, мебошанд. Хотимаи умедбахши китоби дуюм шаҳодат бар он дорад, ки силсилаи таҳқиқоти илмии муаллиф дар самти омӯзиши масъалаҳои давлат ва ҳуқуқи миллӣ идома доранд. Яке аз масъалаҳое, ки муаллиф дар китоб дарҷ менамоянд, ин саҳми илми ҳуқуқ дар раванди эъмори давлати миллии демократӣ ва таҳкими рушди минбаъдаи он, инчунин вазифаҳои зиёии муосир дар ин равандҳо мебошанд. Дар ҷараёни ошноӣ бо китоб дарк карда мешавад, ки муаллиф масъалаи бисёр ҳам мубрам – чӣ гуна давлати миллӣ бояд дар ин ҷаҳони пуртаззоду гуногунравиш манфиатҳои миллии худро ҳимоя намояду дар баробари ин дар раванди ҷаҳонишавӣ эҳёи арзишҳои миллии худро боз ҳам рушд намояд, чун мавзӯи асосии баррасӣ қарор додаанд. Масъалаи мазкур дар ҳақиқат ҳам масъалаи мубрами на танҳо илмҳои сиёсатшиносӣ ва дигар илмҳои ҷомеашиносӣ, балки илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ мебошад. Зеро, ноил шудан ба ҳадафҳои давлат маҳз дар замина ва кӯмаки ҳуқуқ ва меъёрҳои он, чӣ низоми ҳуқуқи миллӣ ва чӣ низоми ҳуқуқи байналмилалӣ, сурат гирифта, давлатҳо ҳамеша манфиатҳои миллии хешро рӯйи саҳнаи муносибатҳо мегузоранд. Пас, дар ин равандҳои гуногун, ки аз як тараф давлатҳо рӯй ба ҷаҳонишавӣ ва рушди технология доранду, аз тарафи дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии гуногун эътироф карда шудаанд, чӣ гуна метавон арзишу манфиатҳои миллии худро ҳимоя намуд? Бо ибораи дигар, чӣ гуна метавон ҳам аз рушди ҷомеаи муосир қафо намонду ҳам арзишҳои миллии худ, аз ҷумла арзишҳои миллии ҳуқуқии худро, ки маҳаки асли соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлатиро неру мебахшанд, эҳё, ҳифз ва паҳн намуд? Фикр мекунем, ки ҷиҳати ноил шудан ба мақсади рушди эҳёи арзишҳои миллӣ дар раванди инкишофи ҷомеаи муосир пеш аз ҳама мо бояд арзишҳои миллӣ, аз он ҷумла арзишҳои миллии ҳуқуқии худро ба хубӣ донему дарк намоему онҳоро ҳимоя намоем. Дар ин ҷо, мо зери арзишҳои миллӣ, инчунин арзишҳои миллии ҳуқуқӣ тамоми он ақидаҳо, ғояҳо ва принсипҳое, ки аз шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» бармеоянд, мефаҳмем. Аз як нуқтаи назар, моҳияти шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» то андозае ба ҳамагон маълум мебошад, аммо ошноӣ ва дарки фалсафаи амиқи он имкон медиҳад, ки онро инчунин ҳамчун принсипи асосӣ ва бунёдии низоми ҳуқуқии муосир эътироф намоем. Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки худ таркиби мафҳуми «арзишҳои миллии ҳуқуқӣ» дарбаргирандаи се мафҳумҳои гуногун, аз қабили «арзиш», «миллӣ» ва «ҳуқуқӣ» мебошанд. Дар алоҳидагӣ, ин мафҳумҳо дорои хусусиятҳои худ буда, вобаста аз моҳияти масъала тобишҳои дахлдорро соҳиб мегарданд. Аммо, дар ҳамҷоягӣ вақте сухан дар бораи арзишҳои миллии ҳуқуқӣ меравад, пас дар ин асно сухан дар бораи он ақидаҳо, ғояҳо ва принсипҳое, ки дар тӯли таърих аз ҷониби ин ё он миллат истифода шуда, таҷассуми худро дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва одатӣ дарёфт намудаанд, бояд равад. Пас, арзишҳои миллии ҳуқуқӣ худ ба сифати он ақидаҳо, ғояҳое ва принсипҳое, ки миллати мушаххас дар тӯли рушди худ соҳиб гардида, такмил ва татбиқ намуда, онҳоро ҳамеша муаррифӣ мекунад, бояд пазируфта шаванд. Дар ин асно, арзишҳои миллии ҳуқуқӣ заминаи меъёрҳои ҳуқуқиро дар худ таҷассум намуда, моҳият ва фалсафаи тамоми унсурҳои низоми ҳуқуқиро бунёдгузорӣ мекунанд. Бояд қайд намуд, ки арзишҳои миллии ҳуқуқӣ ва арзишҳои миллии давлат байни худ робитаи ногусастанӣ дошта, вақте сухан дар бораи арзишҳои миллии давлат меравад, ин аз он ҷумла арзишҳое мебошанд, ки ба сифати арзишҳои миллии ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар муқаррароти меъёрҳои гуногуни он (ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам одатӣ) таҷассум ва дарҷ карда мешаванд. Бо ин назардошт, мехостем оид ба дарҷи моҳияти шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек»-ро аз диди баъзе аз принсипҳои асосии қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 3 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КМ) дарҷ карда шудаанд, баррасӣ намоем. Умуман, вақте сухан оид ба ҳуқуқи маданӣ дар маҷмуъ ва принсипҳои асосии қонунгузории маданӣ меравад, мо ҳамеша аз он бармеоем, ки ҳуқуқи мадании муосир дар бештари қисми худ дастоварди ҳуқуқи Рими қадим буда, институтҳои асосии ҳуқуқи мадании муосир маҳз аз ҷониби ҳуқуқшиносони Рими қадим коркард шудаанд. Ин, албатта, бешакку шубҳа мебошад, зеро дастовардҳои илми ҳуқуқшиносии Рими қадим, ки худ ҳуқуқи римиро чун «ақли навишташуда» («ratio scripta») меномиданд, дар рушди минбаъдаи ҳуқуқи мадании муосир ва қонунгузории маданӣ заминаи мустаҳкамро гузоштааст. Зеро, асосан ретсепсияи