Хабарҳо

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

Асри иттилооот: манфиат ва таҳдидҳо аз назари илми ҳуқуқ

Холиқзода А.Ғ. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақолаи дуввум: Боби 2. Иттилоот: манфиат ва таҳдидҳо аз назари илми ҳуқуқ 1. Иттилоот ва намоҳои табиию ҳуқуқии он дар фазои ҳуқуқи миллӣ «Ҳеҷ як компютери муосир он чизеро ки худи ў иҷро менамояд фаҳм намекунад, мо инсонҳо низ дар бештари мавридҳо аснои иҷрои амалҳо моҳияти онҳоро дарк наме-кунем.» Марвин Минский «Инсон ақли сунъиро баровард, вале ҳанўз барои таҳияи эҳсосоти сунъӣ қудрат надорад. Таҳияи эҳсосоти сунъӣ аз зеҳни сунъӣ мушкилтар аст. Ин ҳолат далолат бар он дорад, ки эҳсосот ва узвҳои эҳсосотӣ ҳамчун маҳсули савқи табиӣ ҳодисаи мураккабтар ва олитар аз ақли эҷодгар будааст. Асоситарин унсуре, ки ба зеҳни сунъӣ намерасад, ин худшиносӣ ва дарки манфиати худ аснои ҳалли масъалаҳо аст. Вуҷуди ин унсур дар воситаҳои рақамӣ инсонро ҳамчун ҳодисаи нолозим ба марг ва тамаддунро бо фоҷиаи ногу-зир таъмин мекард.» Қабл аз он, ки ба моҳияти асри иттилоот аз назари ҳуқуқӣ наздик шавем, моро зарур аст, ки тибқи қонуни нахустини мантиқӣ худи мафҳуми марказии ин даврон «иттилоотро» аз назари ҳуқуқӣ фаҳм намоем, паҳно ва таъиноти истифодаи онро дар ин рисола дуруст амиқ созем. Саволи марказии ин вазифа дар он ифода меёбад, ки зери вожаи «иттилоот» мо чи равандҳоеро дарк менамоем. Иттилоот ҳамчун ливои пешбарандаи тамаддуни муосир тайи сад соли охир бо вуҷуди нуқс ва иллатҳои касбкардааш дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инқилобҳои илмӣ – техникӣ дунёро идора мекунад ва ин симати ўро бузургони илм эҳсос карда роҷеъ ба нуфуз ва қудрати он асарҳо ҳам навиштаанд . Иттилоот тибқи андешаи онҳо неруи аслии ҳаракат, намои рушди ҷомеаи муосир аст, ки ба сони маҳаки асосии чархзанандаи тамаддун ҳама дастовардҳои навро на танҳо атрофи худ тобеъ менамояд, инчунин ба тавлиду рушди онҳо замина фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки нуктадонон ва мазмунбахшони муосири илми сиёсати ҷаҳонӣ андеша доранд, ки тақдири оянда аз иттилоот ва ақли сунъӣ сахт вобастагӣ дорад. А. Иттилоот қудрат ва қувват аст Имрўз ҷойи шубҳа нест, ки иттилоот ва доштани маълумот ин қувват ва то ҷое қудрат аст. Иттилоот неруи бузурги ҳастӣ аст, ки имкон дорад дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳатто муқовимату рақобатҳои иқтисодиву ҳарбӣ ғолибияти гуруҳи инсонҳои соҳибиттилоъро таъмин гардонад. Ба ёд оред ғолибияти Авраам Линколнро дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861- 1865 дар Амрико, ки чи тавр бо кашидани ҳазорҳо км. хатти алоқа ва огоҳона идора намудани раванди майдони ҷанг ғалабаи Шимолро бар Ҷануб таъмин намуд. Оянда насиби касест, ки иттилоъ дар дасти ўст, мегўянд муҳандисони улуми иҷтимоӣ . Ба қавли Мавлонои Балхии мо, ки ба дарки ин нукта 800 сол муқаддам аз аврупоиҳо расидааст: Иқтизои ҷон чу эй дил огаҳист, Ҳарки огаҳтар бувад ҷонаш қавист. Инсон дар тамоми таърихи мубориза барои ҳаёти арзандааш кўшиш мекард, ки ғояи баробариро ҳамчун унсури зояндаи адлу ин-соф талқин намояд. Вале дар ҳаёти воқеӣ муҳаррики асли рушд вуҷуди нобаробарӣ ва мубориза барои баробаршуданҳо нақши бориз мебозид. Баробари пайдо шудани моликияти хусусӣ даҳҳо ҳазор сол қабл аз мову шумо унсури нобаробарӣ ҳамчун воситаи рушди зиндагии иҷтимоӣ тадриҷан зуҳур кард. Инқилоби аграрӣ ва муносибатҳои феодалӣ моликият ба заминро ҳамчун асос ва ҷавҳари нобаробарӣ рўи кор овард, сипас инқилобҳои буржуазӣ бо мошинаю мануфактураҳо ва заводу фабрикаҳо нобаробариро афзоиш дода, чархи таърихро ба пеш ба ҳаракат дароварда васати байни баробарию нобаробариро дар ҳадди эътидоли сармоядорону коргарон, гўё нигоҳ дошт. Акнун инқилоби биоинжинерӣ ва рушди ақли сунъӣ дар асри иттилоот ба назари Ю.Н. Харарӣ имкон дорад масофаи байни мардуми доро ва одамони лозим ва нолозимро ба маротиб ва ғайричашмдошт тавсеа бахшида, нуфузи нобаробариро ба таври ҳангуфт афзоиш диҳад. Мушкилии асосии аз иттилоот ва инқилобҳои биотехнологӣ рўхзананда он аст, ки раванди иттилоот ба мазмуни моликият ва арзиши иқтисодии тўдаи мардум тағйирпазириро зам намуда, қиммат ва манзалати халқро дар коркарди маҳсулоти зарурӣ камназар намуда, нобаробарии иқтисодиро ба нобаробарии биологӣ табдил доданашон имконпазир аст. Ба назари муҳаққиқони ояндабин агар дар гузаштаи дур сарвати асосӣ ва сармояи бузурги таснифкунандаи одамон ба дорою нодор ин замин буд ва неруҳои асосии сиёсӣ барои азхуд кардани заминҳои ҳосилхез мубориза мебурданд, дар асри нав ҷойи заминро техника ва воситаҳои истеҳсолот мошину заводҳо гирифтанд. Дар арси ХХ1 бошад, ҷойи машину заводҳоро иттилоот ва маълумот мегирад. Сиёсатмадорон ҷиҳати дар даст доштани иттилооти зарурӣ мубориза мебаранд. Иттилоот дар дасти касе бошад ояндаро ў муқаррар мекунад. Нозукии замони иттилоот низ он аст, ки агар муттаҳид шудани замин ва заводу фабрикаҳои олам ҳамчун сарвати асосии ҷаҳонӣ дар дасти теъдоди нисбатан хурди башар мушкилот дошт, акнун муттаҳид шудани сарвати нав – иттилоот дар дасти бениҳоят ками шахсон имконпазир аст. Ин ҳолат нобаробариро бениҳоят вазнин ва адлро зери фишори дастовардҳои биотехнологӣ бо услубҳои табиию биологӣ ба кастаю навъҳои нави гушношунид таснифбандӣ менамояд. Ширкатҳои бузурги рақамӣ бо пешниҳоди иттилооти бемаблағ таваҷҷуҳи моро ҷалб намуда, сипас онро ба бозори рекламаҳо ба фурўш мемонад. Вале бо вуҷуди он ҳадафи асли онҳо на дар гирифтани фоида аз ин фуруши таваҷҷуҳи мо аст, балки бештар аз он онҳо дар бораи мо бештар маълумот ҷамъ менамоянд ва моро истифодабарандагони торномаро мисли маҳсулот ҳарвақт хоҳанд идора мекунанд, мегўяд Ю.Н. Харарӣ. Яъне мо танҳо муштарии маблағсупор нестем, балки бештар аз он маҳсулоти истифодашавандаем. Маҳсулоте, ки тавассути воситаҳои равонӣ ва эҳсосотӣ дар зинаи интеллект ба ғуломӣ табдил меёбем. Ин навъи ғуломкунонии фикрӣ аз тобеияти ғуломии даврони ғуломдорӣ, деҳқонони крепостноии замони феодалӣ ва пролетарҳои беҳуқуқӣ ҷомеаи сармоядорӣ вазнинтару сангинтар аст. Зеро ин тобеият ва ғуломӣ бо мол ва сарват набуда, дар доираи меъёри қонун маҳдудшаванда нест, ки фикр ва ғурури инсонӣ дар қалби одамон муборизаро бо ин навъ беадолатӣ тавлид месозад. Тобеияти иттилоотӣ ин навъи ғуломии мафкуравӣ ва то ҷое биологӣ аст, ки дар тафаккури инсон бо унсурҳои эҳсосотӣ ворид шуда, то дарки ақл ва хирад сироят намуда, инсонро дар тафаккураш ғулом месозад ва ҳамагуна эътирозу муноқишаи фикриро бо ин ҳолат ботинан маҳв менамояд. Чунки вай бо эҳсосоту ақлаш ин шакли ғуломиро пазируфтааст. Ин навъи ғуломӣ ўро аз худ розӣ медорад, чунки калиди худшиносӣ ва барои ҳаққи худ мубориза бурдан дар вай ботинан иваз шудааст. Б. Иттилоот аз воситаи асосии муноқиша то ҷанги когни-тивӣ Дар таърихи башар иттилоот таърихан нақши вижа ва яроқи мафкуравии муқовимат ва ҷангу ҷидолҳоро низ бозидааст. Ба назари муҳаққиқон ин раванди истифодаи иттилоот аз даврони Троя то асри

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин”

17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯза метавонад дар расидан ба тамоми ҳадафҳои созандаи мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир гузорад. Таъкид гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ, бе шубҳа, яке аз унсурҳои асосии робитаҳои судбахш мебошад. “Дар ин самт мо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи тиҷоративу иқтисодии мо нигаронида шудаанд, аҳамияти хоса медиҳем”, изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бахшҳои энергетика, аз ҷумла рушди энергетикаи “сабз”, саноат, коркарди минералҳои муҳим, нақлиёт, васеъ кардани долонҳои транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли бор ҳамчунин, рушди кишоварзӣ, аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳо номида шуд. Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаи рушди пайвасти рақамикунонӣ, аз қабили ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии тиҷорат, аз ҷумла тиҷорати электронӣ ҳамчун омили таконбахши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамоҳоеро, ки ба шарофати рушди технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ барои иқтисодиёти кишварҳои мо кушода мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2024 дар бораи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд, ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди минбаъдаи ҳамкории нақлиётию логистикӣ дар минтақа, соддагардонии расмиёти ҳамлу нақли мултимодалии борҳо ва афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила низ ба рушди иқтисодии минтақавӣ такони пурқуввате хоҳанд дод. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таҳияи Барномаҳои рушди кластерҳои саноатӣ (комплексҳо)-ро, ки барои ҷалби сармоя ва технология, ҳавасмандгардонии маҳаллисозии истеҳсолот, шароити иловагӣ фароҳам меорад, ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои пешбурди “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати таъмини рушди устувор, ҳамкории минбаъда дар ин соҳа андешаронӣ намуданд. Таъмини амнияти озуқаворӣ, тавсеаи иқтидори содиротии минтақа ва логистикаи таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули иқтисоди “сабз” дар минтақа, инчунин, ҳамоҳангсозии меъёрҳои фитосанитарӣ ва байторӣ аз мавзуъҳои муҳими суханронии Роҳбари давлати мо буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкории судмандро дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро зарур арзёбӣ намуданд. Таҳкими сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осоишта дар минтақа ва атрофи онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба номиданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо бо мақсади ба даст овардани шароити муътадил ва пешгӯишавандаи беруна дар атрофи кишварҳоямон ба хотири некӯаҳволии наслҳои ҳозира ва оянда ҳастем”. Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза бомуваффақият ва пурсамар хоҳад буд. Дар ҳамоиш, ки бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷараён гирифт, муҳимтарин масоили вобаста ба рушди ҳамкории муштарак баррасӣ гардид. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва алоқамандии кишварашро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалияти волои сиёсати хориҷии Чин мебошад. Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки Чин омода аст таҷриба ва технологияҳои худро барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас намояд. Дар фароварди ҳамоиш ба таври фосилавӣ Маркази ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ-Чин ифтитоҳ ёфт. Аз рӯи натиҷаи кори Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла Паймони ҳамсоягии абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ ва Эъломияи Остона ба имзо расид. 17.06.2025 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сафари таърихии давлатии Шумо ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард”. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ менамояд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, ки соли гузашта ҷараён дошт, бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб самарабахш хоҳад буд. Раиси Чин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим баҳои баланд дода, Сарвари давлати моро бо баргузорсозии босамари нахустин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфтанд. Муҳтарам Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид доштанд, ки Чин минбаъд ҳам рушди ҳамаҷониба ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард. Ба масоили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз рушди ҳамкории минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Гуфта шуд, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад. Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзии мо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад. Бо назардошти рушди босуръати саноат, бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ амри муҳим дониста шуд. Ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химия дар Тоҷикистон, зарур шумурда шуд. Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин самти ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Доир ба рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ табодули андеша сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд. Аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар соли равон истиқбол карда шуд. Cатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” таъкид гардид. Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таъмини амният алоқамандии худро таъкид доштанд. Аз руи натиҷаи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид: – Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ; – Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030; – Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ; – Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин; – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин; – Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин. 17.06.2025 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. 16.06.2025 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 16.06.2025 17.50 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” асарҳои композиторони тоҷик ва ҷаҳон бо иштироки хонандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев иҷро гардид. Дар нахустин консерти ҳунармандони навраси Оркести давлатии симфонӣ шеърҳои шоирони маҳбубу шинохтаи кишвар Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Ҷамолиддин Каримзода ва Даврони Давлат дар васфи Тоҷикистон, Модар, Душанбе ва оҳангҳои композиторони ҷаҳонӣ Мотсарт, Бетховен, Камбиз Муждаҳӣ, оҳангсозони тоҷик Фарҳод Зикир, Ибодулло Машраб, Саидқул Билолов, Амирбек Мӯсозода, Далер Тиллоев, Шуҳрат Ашуров ва Бахтовар Давлатов бо санъати воло иҷро карда шуд, ки аз тарафи иштирокдорони чорабинӣ бо кафкубиҳои пурмавҷ истиқбол ёфт. Мавриди зикри хос аст, ки “Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон” дар ҳайати кӯдакону наврасони лаёқатманд ба ҳайси захираи кадрҳои академии санъат бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 феврали соли 2024 дар назди Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии  симфонӣ” таъсис дода шуда буд. Ҳоло теъдоди ҳунармандони ин оркестри симфонӣ 78 кӯдаку наврасро ташкил медиҳад. Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис ёфта буд. Оркестри кӯдакон ва наврасон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри шиносоӣ бо олами мусиқии касбӣ,  тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ ва рушди қобилияти навозандагии ҷавонон таъсис дода шудааст. Бояд гуфт, ки аксари ҳунармандони имрӯза ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва барандагони барнома ҷоизадорони озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, мебошанд. Ҳунарнамоии волои ин ҳунармандони наврас бори дигар собит менамояд, ки иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълону роҳандозии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳадафи аслиашон дарёфту кашфи чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дар миёни кудакону наврасон мебошад, меваҳои ширин ба бор овардаанд ва минбаъд ҳам хоҳанд овард. Ёдовар бояд шуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Оркестри давлатии симфонӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ва бинои алоҳида таъмин гардид. Бино бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба фаъолияти эҷодии муассиса таъмир карда шуда, аз ибтидои соли 2018 расман ба истифода дода шуд. Ҳоло ба ҳайати оркестр зиёда аз 127 мутрибу мутахассиси ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ҷалб карда шудаанд. Ба Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутрибони касбӣ-тахассусӣ аз ҳисоби хатмкардагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун шомил гаштаанд. Оркестри давлатии симфонӣ дар тӯли фаъолияти худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ба давлатҳои хориҷ, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Баъди анҷоми барномаи нахустини консертии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди ромишгарон баҳои баланд доданд. Зимни суҳбати самимӣ бо аҳли ҳунар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги кишвар ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд. 13.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Ҷаноби Олӣ, Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин кард. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям”. 12.06.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ХУШХАБАР!

 Одинаева Шарифамо Назримадовна – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Андешаҳои забоншиносии форсӣ-тоҷикӣ дар фарҳанги “Анҷуманорои Носирӣ” ва муқоисаи онҳо бо “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ””, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хоҷаев Давлатбек барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд. Раёсат ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаева Шарифаморо барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳо таманно менамоянд.

Хабарҳо

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ”

12- уми июни соли 2025 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ” бо иштироки олимон ва коршиносон баргузор гардид. Дар ҳамоиш директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иштирок ва дар мавзуи “Андеша перомуни се омили муҳаррики Ваҳдати миллӣ” суханронӣ намуд. Директори Марказ ёдовар шуданд, ки “То расидан ба ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат то расидан ба Ваҳдати миллӣ ором набуд. Дар ҳақиқат қаҳрамон буд, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон буд. Худованд, табиат, замона ва таърих дер ҳам бошад садои дили ин миллати азияткашидаро шунида, ба ӯ фарзанди асили бардорандаи бори таърих ва замонаро дода буд”. Дар фарҷом байни иштирокчиёни ҳамоиш табодули афкор сурат гирифта, бо супоридани туҳфаҳо ба итмом расид. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ

11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазъи кунунӣ дар ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба ҳифзи амну субот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ, таҳкими интизому риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии босифати кадрҳои ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 11.06.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх