Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳи 2 иншоот дар шаҳри Роғун

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар кӯчаи ба номи Олим Карими шаҳраки Оби Гарм бинои нави ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи асри 21 мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти нав дар шаҳраки Оби Гарм аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Бинои осоишгоҳ дорои ҳуҷраҳои табобатию истироҳатӣ, ҳавзҳои оби шифобахш, ошхона ва толори варзишӣ буда, барои қабули то 40 истироҳаткунанда дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар раванди сохтмон 21 нафар бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Дар деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун бинои нави Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр мавриди истифода қарор гирифт. Бино дорои 9 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва 19 ҳуҷраи истироҳатӣ мебошад. Ҳоло техникаи роҳнигоҳдорӣ тавассути GPS назорат шуда, дар ояндаи наздик муассиса ба низоми рақамӣ пайваст хоҳад гардид.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нозироти андози шаҳри Роғун

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти андоз инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст. Бинои нави нозироти андоз аз 10 ҳуҷраи корӣ, компютерӣ, машваратӣ, толори калони маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зиддисухтор ва техникӣ иборат аст. Тавре аён гардид, дар бинои нозироти андоз барои беҳсозии фаъолияти кормандон ва ворид кардани технологияҳои рақамӣ шароити корӣ фароҳам гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани бинои наву муосири мақомоти андоз ба рушди инфрасохтори мақомоти мазкур нигаронида шуда, дар самти татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Бинои нави нозироти андоз дар шаҳри Роғун дар доираи сиёсати созандагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтиттоҳ гардида, туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нави Нозироти андоз ба сифати сохтмон баҳои баланд доданд.

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Роғун ва ифтитоҳи бинои Прокуратураи шаҳри Роғун

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳри Роғун Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Роғун ва фаъолон бо эҳтирому самимияти беандоза пешвоз гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд. Дар бинои нав 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд аст. Дар баробари таъмини шароити корӣ, ҳамчунин, дар иншоот ҳуҷраҳои зист низ барои кормандон муҳайё гардидааст. Сохтмони бино бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Бинои нави хизматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукуҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандони прокуратура арзёбӣ гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои прокуратура ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни суҳбат бо масъулин Пешвои миллат барои тақвият бахшидани фаъолият, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд. Талаб карда шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани шароити фаъолият ва мукаммалсозии инфрасохтор ба кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти хуштарҳу замонавии хизматӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода мешавад.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи «Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти кишвар, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъсиси Шуро идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти навсозии иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ мебошад. Зикр гардид, ки эълон шудани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва тасдиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030 барои пешбурди ин раванд заминаи зарурӣ фароҳам овардааст. Сарвари давлат иброз доштанд, ки рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд. Таъкид гардид, ки дар мамлакат низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ роҳандозӣ шудаанд, вале фаъолияти ҷудогонаи онҳо, такроран талаб намудани маълумот, мавҷудияти расмиёти коғазӣ ва номуайянии натиҷаи баъзе лоиҳаҳо ҳанӯз мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, ҳамгироии низомҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, шаффофияти хароҷот ва риояи принсипи «маълумот танҳо як маротиба» аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид. Муовини Раиси Шуро, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ гузориш дод. Дар идома Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода вобаста ба ҷалби сармоя ва механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои рақамӣ ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода оид ба омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ иттилоъ дод. Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо вобаста ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот пешниҳодҳо манзур кард. Зимни муҳокима таъкид гардид, ки ҳар як пешниҳоди марбут ба рақамикунонӣ бояд ба натиҷаи мушаххас, муҳлати иҷро, манбаи маблағгузорӣ ва масъулияти роҳбарон пайваст карда шавад. Барои солҳои 2027 – 2030 ҳадафҳои солона ва натиҷаи ниҳоӣ муайян гардида, аз таҳияи чорабиниҳои такрорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои беасос пешгирӣ карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки рақамикунонӣ дар асоси чор принсипи асосӣ – натиҷаи мушаххас барои инсон ва иқтисод, роҳандозии сохтори ягонаи рақамии давлат, пешниҳоди маълумот танҳо як маротиба ва дастрасии баробари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда шавад. Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ ташкили низоми ягонаи идоракунии равандҳои рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, ташкили низоми миллии маълумот ва ҳамгироии феҳристҳои давлатӣ, пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии бахшҳои воқеии иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ, соҳибкории рақамӣ ва инноватсия, ҷалби сармоя, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти киберӣ муайян гардиданд. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки масъулони сатҳи техникиро барои ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди низомҳои рақамӣ муайян намуда, дар ин самт бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд. Ба мақомоти давлатии хизматрасон супориш дода шуд, ки барои ворид намудани хизматрасониҳои худ ба портали ягона ва пешниҳоди пурраи онҳо дар шакли электронӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Пеш аз электронӣ намудани ҳар як хизматрасонӣ тартиби он содда гардида, талаботи зиёдатӣ, ҳуҷҷатҳои такрорӣ ва муроҷиати беасос ба чанд мақом барҳам дода шаванд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор гардид, ки нақшаи марҳала ба марҳала пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои афзалиятноки давлатиро пешниҳод намояд. Таъкид гардид, ки Хадамоти алоқа якҷо бо мақомоти дахлдор бояд иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи рушди соҳаи алоқаро таъмин намуда, диққати асосиро ба баланд бардоштани сифат ва фарогирии интернет, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, равона созад. Ба Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор харитаи гузариш ба расмиёти пурра бекоғазро таҳия ва татбиқ намояд. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардиданд, ки оид ба ҷалби сармояи хусусӣ ва рушди соҳибкории рақамӣ пешниҳодҳо манзур намоянд. Таъкид гардид, ки дастгирии давлатӣ бояд шаффоф, рақобатнок ва ба натиҷа нигаронида шуда, барои иштироки ширкатҳои ватанӣ ва ба кор даровардани маҳсулоти инноватсионӣ имконияти бештар фароҳам оварда шавад. Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳоро ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ созад. Таъкид гардид, ки дар баробари малакаҳои касбӣ, тадбирҳо барои баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ низ бояд тақвият дода шаванд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд. Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳоро аз рӯйи натиҷаҳои рақамикунонӣ арзёбӣ намояд. Таъкид гардид, ки роҳбарон барои ҳамгироии низомҳо, сифати маълумот, соддагардонии хизматрасониҳо, истифодаи самараноки маблағ ва натиҷаҳои воқеии лоиҳаҳои рақамӣ масъулияти шахсӣ доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, таъкид доштанд, ки Шуро бояд майдони қабули қарорҳои стратегӣ, бартараф намудани монеаҳои байниидоравӣ ва назорати қатъии натиҷаҳо гардад.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб

Муҳтарам табибону кормандон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик мегӯям. Интихоби зодрӯзи донишманди бузургу фарзонаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамчун ҷашни касбии шумо нишонаи возеҳи арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба заҳмати содиқонаву софдилонаи кормандони соҳаи тиб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷоти ҳаёти инсон мебошад. Заҳмати шабонарӯзӣ ва садоқати шумо ба Савганди табиб асоси солимӣ ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Табиб шахсияти соҳибкасбест, ки тамоми донишу таҷриба ва неруи зеҳнии худро барои ҳифзи саломатии мардум ва таҳкими солимии ҷомеа бахшидааст. Аз ин рӯ, касби табиб пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Имсол Рӯзи кормандони тандурустӣ дар айёме таҷлил мегардад, ки мардуми Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои озоду ободи кишвар ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар гардида, то имрӯз дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаи наву замонавии тиббӣ бунёд карда шудаанд. Муассисаҳои тиббии кишвар ҳоло бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат карда истодааст. Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаам, ки саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад. Вобаста ба ин, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат ҳадафи аслии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар баробари рушди инфрасохтор, рақамикунонии соҳа низ босуръат пеш меравад. Ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилооти тандурустӣ, истифодаи сабтҳои электронии тиббӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар солҳои наздик сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар хоҳанд кард. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва зиёд шудани давомнокии умри аҳолӣ мусоидат менамоянд. Муҳтарам табибон! Шумо намояндагони касбе мебошед, ки бо умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад. Ҳар як шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад. Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар як беморро талаб менамояд. Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар як табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд.   Ҳамзамон бо ин, рушди босуръати тибби муосир аз ҳар як мутахассис тақозо менамояд, ки донишу малакаҳои худро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро аз худ намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад. Илм ҳамеша дар ҳоли ҳаракату пешрафт аст ва табиби муваффақ бояд омӯзандаи ҳамешагӣ бошад. Муҳтарам кормандони соҳаи тиб ва олимону донишмандон! Бузургдошти номи Абуалӣ ибни Сино – фарзанди фарзонаву чеҳраи барҷастаи миллати тоҷик дар кишвар ва ҷомеаи мо танҳо як эҳтироми рамзӣ нест. Тавре ки дар яке аз вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тиб гуфта будам, нуфузи ибни Сино дар таърихи тиб бо нуфузи Арасту дар таърихи фалсафа қобили муқоиса аст. Хизмати ибни Сино дар рушди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла илми тиб ниҳоят бузург буда, ному осори ӯ на танҳо ифтихори миллати тоҷик, балки мояи сарфарозии тамоми инсоният гардидааст. Ба шарофати ақлу заковат, донишу истеъдоди фавқулода ва заҳмати шабонарӯзӣ номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи башарият ва илми ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Аз миёни осори арзишманди ӯ китоби машҳури «Қонуни тиб» яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои илми тиб мебошад, ки машҳуртарин асари тиббӣ дар тамоми таърихи инсоният ба шумор рафта, зиёда аз 600 сол ҳамчун дастури бунёдии таълимӣ дар донишгоҳҳои пешрафтаи олам истифода гардидааст. Бузургиву ҷовидонагии ибни Сино дар он аст, ки ӯ саломатии инсонро арзиши олӣ медонист ва пешгирии бемориро аз табобати он муҳимтар мешуморид. Ҳанӯз ҳазор сол пеш ӯ дар бораи аҳаммияти ҳавои тоза, оби босифати нӯшокӣ, ғизои солим, покизагии муҳити зист, фаъолияти ҷисмонӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии модару кӯдак андешаҳои муҳимму судманди илмӣ баён кардааст. Ҳоло ин андешаҳо заминаи устувори илми тибби муосир, тандурустии ҷамъиятӣ, беҳдошт ва тибби профилактикиро ташкил медиҳанд. Ба ҳамин хотир, мероси гаронбаҳои илмии Абуалӣ ибни Сино барои мо мояи ифтихори милливу таърихӣ мебошад. Маҳз ҳамин эҳтирому гиромидошт ба мероси беназири ӯст, ки имрӯз номи Абуалӣ ибни Синоро дар муҳимтарин муассисаҳои илмиву таълимии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҷовидона гардонидааст. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки беш аз ҳашт даҳсола барои мамлакати мо ва кишварҳои дигар ҳазорҳо мутахассисони баландихтисоси тиббиро омода намудааст, идомадиҳандаи анъанаҳои мактаби илмии ин нобиғаи оламшумули тоҷик мебошад. Имрӯз бо номи ӯ дар пойтахти кишварамон яке аз калонтарин ноҳияҳо ва яке аз зеботарин хиёбонҳо номгузорӣ шудааст. Инчунин, дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кӯчаҳои марказӣ ва яке аз баландтарин қуллаҳои Помир бо баландии 7134 метр ба номи Абуалӣ ибни Сино сабт шудаанд. Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳо Маркази синошиносӣ таъсис дода шудааст, ки кормандони он ба омӯзишу тарҷумаи осори ибни Сино машғул мебошанд. Дар кишвари мо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника таъсис дода шудааст, ки дар ду сол як маротиба ба олимону донишмандон барои асарҳои шоиста дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ; биология ва кишоварзӣ; илмҳои тиббиву фарматсевтӣ ва ҷомеашиносиву гуманитарӣ супорида мешавад. Имсол бо Фармони Президенти мамлакат Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Хотирнишон менамоям, ки ин ҷоиза танҳо як қадрдониву мукофоти илмӣ нест. Он рамзи эҳтироми амиқи мо ба мероси гаронбаҳои яке аз бузургтарин донишмандони миллати тоҷик ва таърихи инсоният мебошад. Ин иқдоми бесобиқа Тоҷикистонро ба маркази муколамаи илми тибби ҷаҳонӣ табдил дода, олимону табибони барҷастаи дунёро барои кашфиёту навовариҳо дар соҳаи тиб қадрдонӣ менамояд. Гуфтаҳои боло нишони эҳтироми амиқи давлат ва мардуми Тоҷикистон ба шахсияте мебошад, ки бо илму хиради худ номи миллати тоҷикро дар таърихи тамаддуни башар ҷовидона гардонидааст. Табибони муҳтарам! Бори дигар такрор мекунам, ки ҳамчун Рӯзи кормандони тандурустӣ интихоб гардидани санаи таваллуди ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ дар кишвари мо тасодуфӣ нест. Шумо – ворисони ин олиму табиби бузург – вазифадор ҳастед, ки бо пайравӣ аз мактаби андешаи ӯ илми тибби ватаниро ба қуллаҳои нав бароред ва номи Тоҷикистони азизамонро дар

МАҚОЛАҲО

Бо ин Ватан бифахрам!

Солҳо сипарӣ мегардад ва кас ба саҳифаҳои 35 – соли охири тайшудаи ҳаёт назар андохта, дастовардҳои беназири таърихии 35 – соли даврони Истиқлолият ва душвориҳои дар ин марҳилаи 35 солаи тайшударо пеши назар меорад. Дастовардҳо пеши назаранд ва инқадр меҳмонону саёҳони кишвар аз ин шоҳидӣ медиҳанд… Дар тўли 70- соли Иттиҳоди Шуравӣ аз забону фарҳангу динамон дур шуда истода будем. Ба масҷидҳо танҳо муйсафедон мерафтанду ҷавонон аз тарси оқибатҳо аз он дур монда, мансабдорону роҳбарон пинҳонӣ дар хонаҳояшон (бо дарҳои баста) намоз мехонданд, зеро аксарашон узви ҳизби ҳукмрони коммунистӣ буданд. Агар каси нокасе ба ҷои даркорӣ хабар медод: Алвидоъ эй вазифа! Роҳбарони ҳизбиро бе ҷаноза ва дар тобут (гроб) ба хок месупориданд. Аз ин лиҳоз соҳибони майит ўро пешакӣ шуста, пинҳонӣ ҷаноза мекарданду, баъди ба хок супоридан, қабрро дубора кофта, ҷасадро аз тобут бароварда, ба кафан печонда, лаҳад канда, дубора майитро ба хок месупориданд ва оёти қуръонӣ мехонданд. Хуллас, пинҳонӣ расму оини исломӣ ба ҷо меоварданд. Зеро дар даврони шуравӣ шиор “Дин – афсуни халқ!” буд! Ҳангоми суханронии мансабдорону халқи оддӣ 50 фисади калимаҳои таркиби забон русӣ буду забони тоҷикӣ дуюмдараҷа маҳсуб мегашт. Урфу одат, анъанаҳои миллӣ дар марҳилаи аз байн рафтан буд. Ҷашнгирии динҳои исломӣ ва миллӣ барои соҳибвазифаҳо қатъиян манъ буду агар ид ба рўзи корӣ рост меомаду коргар аз кор мерафт, муҷозот мешуд. Чопи китобҳои динӣ – роҳхат ба маҳбас! Ҳангоми хонадоршавӣ: Иҷозат танҳо қайд дар “Макони сабти ҳолати шаҳрвандон” бо кардани ангуштпона ба ангушт, тибки расми масеҳиён! Никоҳи мусулмонӣ мамнуъ! Гуш кардани радиоҳои Эрону Афғонистон ғайриимкон буд, зеро бо таҷҳизоти лозима мавҷҳоро мезаданд! Бо ҳамзабонони бурунмарзии хеш сухан рондан: Душмани давлат! Боз ҳазорҳо ҳолоти дигарро овардан мумкин аст, зеро соҳиби ин сатрҳо худ шоҳиди ҳамаи ин аҳвол буд! Шукри Худованд, ҳазорҳо роҳбарони соҳибвазифаи миллатдўсте буданд, ки баъзеҳо барои барқарории адолат шаҳид шудану баъзе роҳбарони хирадманд баъзе камбудиҳои мазкури одамонро нодида мегирифтанду бисёр сахтгирӣ намекарданд… Шукри Худованд соҳибдилоне, ба мисли Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомали Раҳмон, адолатро барқарор намуда истодаанду номи фидокорону шаҳидони муборизи ин миллати соҳибтамаддуни азизро дубора зинда намуда, онҳоро қадрдонӣ менамоянд, хоки мазори поки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва Нисор Муҳаммад Юсуфзайро ба Ватан, он ватане, ки ҷони хешро баҳри он нисор намудаанд, оварданд. Ҳоло бошад, озод ва бе ҳарос мусулмонони Тоҷикистону Самарқанду Бухоро, Афғонистон ва ғайра ба оромгоҳи Лучоб рафта ба арвоҳи шаҳидони мазкур оёти қуръонӣ тиловат намуда, бо ин эҳтироми беандозаи хешро нисбат ба шодравонон иброз медоранд. Вале, аминам, шумораи ашхосе, ки дар роҳи истиқлолияти Ватан ва барқарории адолат ҷонбозиҳо намудаанду баъзе шаҳид шудаанд зиёданд ва таърих ҳар чизро дар ҷойи хеш мегузораду фарзандони фарзонаи Ватан адолатро барқарор мекунанд! Мутаассифона, аз рўзҳои аввали истиқлолият, боз мисли Файзуллохоҷаевҳои хоин зархаридоне пайдо шуданду бо дасисаву дастурҳои хоҷагони хориҷии хеш тухми кинаву адоватро дар байни мардум кошта, ба аланга сузишворӣ пошиданд. Афзус, он нафароне, ки қобилияти таҳлилгароию саводи кофӣ надоштанд, фирефтаи дасисаҳои душманон гаштанд. Натиҷа он шуд, ки ин ҷанги таҳмилӣ, ҷанге, ки бар гардани халқи шарифи Тоҷикистон бор карда шуд, ҳазорҳо бегуноҳону олимону соҳибтахассусонро аз байн бурд ва иқтисодиёти кишварро ба даҳсолаҳо ақиб андохт. Бисёр сокинони Ватан, махсусан русҳо, таҷҳизоти гарону нодирро дар сандуқ (контейне)-ҳо пинҳон карда, ба Русия бурданд. Ба ин кор ба эшон бисёр масъулони ватанӣ, бо гирифтани порае, кумак карданд: Чашми бинояшон кур шуду дар дохили сандуқҳо дастгоҳҳои нодирро надиданд… Нисбат ба эксковатору мошинҳои боркашу таҷҳизоти аз НБО-и Роғун аз ҷониби ширкати Гидроспетсстрой (албатта бо кумаки баъзе мансабдорони ватанӣ) аз хоки Тоҷикистон баровардашуда ҳоҷати гап нест… Шукри Худованд, бо дастгирии дўстон ва ҷоннисории шахси абармарди таърихӣ, ки ҷони хешро ба хатар андохта, барои истиқрори сулҳу салоҳ дар сарзамини тоҷикон ба Афғонистон рафт ва бо роҳбари мухолифон Абдуллоҳи Нурӣ сари созиш омада, барои таҳкими сулҳу субот дар кишварамон замина фароҳам оварданд, оташи ҷанги хонумонсўзро хомуш намуда, ба ободсозии кишвар заминаи лозима гузошта шуд. Ҳар сол шоҳиди ободиҳои нав ба наву дастовардҳои таърихӣ гардида истодаем. Тасдиқи ҳамаи ин суханҳоро дар таҳсину офаринҳои дар васоити ахбори оммаи хориҷӣ, шабакаи интернет, суханрониҳои зоирону сайёҳони ба кишварамон омада дида метавонем ва ҳамчун миллатдўсту ватандўст аз ин меболему мефахрем. Ҳамаи ин натиҷаи роҳбарии оқилонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати ҳалоли аҳолии кишвар ва соҳибкорони ватандўсти мо мебошад! Шукри Худованд, баъди зиёда аз ҳазор сол боз соҳибдавлат шудему давлати мустақилем ва Сарвар дорем! Сарваре дорем, ки ободкор, ятимнавоз, дастгир ва ғамхор аст! Роҳбаре дорем, ки масоили гуногуни вобаста ба муносибатҳои давлат ба дин, тамоюлҳои номатлуби динию мазҳабии халалдоркунандаи оромию субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию диниро доимо мавриди таҳлилу баррасии ҳаматарафа қарор дода, доир ба ислоҳи камбудию норасоиҳои мавҷудаи ҳозираи ҷомеа пешниҳодҳои зарурӣ матраҳ менамояд. Ба зумраи дастовардҳои дар зарфи 35 – соли даврони истиқлолияти Тоҷикистон бадастомада ин таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатӣ додан ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва сохтани бинои нави он, роҳҳои мумфарш, корхонаҳои саноатии мухталиф, кандани нақбҳо, нашри Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ, китобҳои “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”-и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, таҷлили 1310- солагии пешвои мазҳаб Имоми Аъзам ва дигару дигар амалҳои анҷомдодашударо зикр намудан мумкин аст. Дар муқоиса бо шароити даврони шўравӣ зикр намудан ба маврид аст, ки шумораи масҷидҳо аз 17 адади он замон, ҳоло ба зиёда аз 4 ҳазор, бунёди калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, теъдоди ҳоҷиён аз 30 каси даврони шуравӣ, тақрибан ба зиёда аз 250 ҳазор нафар расидааст. Ифтитоҳи Маркази фарҳангии исмоилиён дар ш.Душанбе ва фаъолияти 73 ибодатгоҳи пайравони мазҳаби исмоилия дар ҷумҳурӣ тибқи талаботи қонун, фаъолияти бемонеаи ибодатгоҳҳои намояндагони динҳои ғайриисломӣ, нишонаи возеҳи ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии Тоҷикистон ва асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ арзёбӣ мегардад. Танҳо дар даврони истиқлолият бо ғамхории ҳамаҷонибаи Сарвари давлат ҷашнгирии идҳои исломӣ, ғайрикорӣ эълон кардани рўзҳои ид, имконияти озодонаи зиёрати Хонаи Худо, чопу интишори адабиёт ва маводи муҳтавои динидошта, бунёди мадрасаву донишкадаҳои динӣ, мусоидати амалии давлат дар ташаккули фарҳангу маорифи солими динӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон муяссар гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро доим ба арҷгузории арзишҳои волои миллию динии худ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақили кунунӣ ва ҳамчунин ба ҳифзи шоистаи давлату миллат ва ваҳдату ягонагӣ, таълиму тарбияи дурусти

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайданварзода Раҳмоналӣ Сайданвар ва Иброҳимзода Муҳаббат Мирзовалӣ муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд. Аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассусу варзида сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии кумита, ҳамчунин сардорони  раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва вилоятҳои Суғду Хатлон таъин карда шуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба тақвияти омодагии доимии касбӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиию техногенӣ ва бартарафсозии пайомадҳои онҳо, омодасозии босифати кадрҳо ва ҷузъу томҳои наҷотдиҳӣ, баланд бардоштани тайёрии қисмҳои низомии соҳа, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаю таҷҳизоти дахлдор, омӯзиши забонҳои байналмилалию технологияҳои муосир ва ҳамчунин, доир ба тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан ва мардуми кишвар, ҳидоят намуданд.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз хоҷагии деҳқонии боғи Сомони шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Ҳоло дар хоҷагӣ майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар буда, ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷараён дорад. Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад. Шумораи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии боғи Сомон зиёда аз 1100 кас буда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 4 ҳазор сокин ба кори мавсимӣ даъват мешаванд. Ҳоло дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 барқарорсозии 50 гектар боғи куҳнаи ангури хоҷагии деҳқонии боғи Сомон ҷараён дорад. Бо ин мақсад ҷиҳати васеъ кардани имкониятҳои содиротӣ асосан ангури навъҳои шоҳона, президент, аватар ва кардинал шинонида мешавад, ки дар бозорҳои байналмилалӣ талабгорони зиёд доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, риояи нозукиҳои парвариш, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва афзунсозии имкониятҳои содиротӣ ҷалб карданд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо дастгирию таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар майдони 2 ҳазору 730 гектар токзори нав бунёд гардидааст, ки дар онҳо асосан навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд. Имсол токпарварони шаҳр аз майдони 3 ҳазору 970 гектар ҳосили ангур ҷамъоварӣ мекунанд. Аз ин майдонҳои васеъ бо истифода аз фаровонии ҳосил дар сардхонаи хоҷагии деҳқонии боғи Сомон то давраи сардиҳо 3 ҳазор тонна маҳсулот барои дар фаслҳои зимистону баҳори солҳои 2026-2027 ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардан, захира мешавад. Танҳо давоми бештар аз 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода 33 сардхонаи нав бунёд гардида, теъдоди онҳо ба 83 адад расонда шуд ва ҳоло барои захира кардани 26 ҳазору 470 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам омодааст. Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар, таҳкими ҳамкорӣ миёни илму истеҳсолот, мукаммалшавии таҷрибаи меҳнаткашон, муосиргардонии раванди кишту парвариши зироат боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гардид. Танҳо дар 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати муосиргардонии раванди истеҳсолот дар майдони 67,4 гектар гармхона бунёд гардида, имрӯз майдони умумии онҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 84 гектар расидааст. Ҳоло дар 4 фасли сол раванди кишту парвариши сабзавот таъмин аст, ки натиҷаҳо дар ин самт ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва қонеъгардонии талаботи бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои зимистону баҳор мусоидат кардааст. Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати содироти маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ дар анбору сардхонаҳо, дар як сол аз замин гирифтани 3 -4 ҳосил ба масъулину кишоварзони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дастуру ҳидоятҳо доданд. Пешниҳоди маҳсулот дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо таҷассумгари меҳнатдӯстии сокинони ин диёри зархез ва фаровонии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ буда, амалишавии намунавии ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияти ғизоӣ собит мекунад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи 30 иншоот тариқи фосилавӣ ва муаррифии лоиҳаи бунёди 1 иншоот дар шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Умари Хайём оғоз бахшиданд. Дар корхонаи Амиго истеҳсоли пахтаи минералӣ, ки барои нагузаронидани гармиву хунукӣ, истифода мешавад, ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 40 ҳазор тонна мерасад. Дар ин ҷо барои 50 сокини маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Умеди Сафияро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи навтаъсис бо истифода аз технологияи муосири дӯзандагӣ ба истеҳсоли 10 намуд либоси мактабӣ машғул буда, барои 30 кас ҷойи нави корӣ фароҳам овардааст. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Муҳаммадзоҳид мебошад. Корхона дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 2 миллиону 600 ҳазор дона хишти аълосифат мерасад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 25 мутахассиси маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти дигаре, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар деҳоти Работ мебошад. Сардхона бо иқтидори нигоҳдории 5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар нигоҳдории маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин муассисаи томактабии хусусии Афсона ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Кӯдакистон аз 6 синфхона, 6 ҳуҷраи хобу истироҳат, 3 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва толори варзишии муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот дорои шароити муосир буда, барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Муассисаи томактабии хусусии IDT KIDS International низ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода сохта шуда, шароити фароҳамгардида дар он ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Иншоот барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Дар 12 синфхонаи кӯдакистон тамоми лавозимоти зарурӣ муҳайё гардида, шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода низ муассисаи томактабии хусусии Донояк ифтитоҳ гардид, ки дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Кӯдакистон бо тарҳи зебо ва шароити муосир сохта шуда, дар 4 синфхонаи муҷаҳҳази он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 120 кӯдак мавҷуд аст. Ҳамзамон бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури Истиқлол ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бинои боғча барои тарбияи зиёда аз 110 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъмории миллӣ мутобиқ ба шавқу завқи кӯдакон бунёд гардида, бо тамоми шароиту лавозимоти зарурӣ, мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон таъмин мебошад. Дар деҳаи Нақшбандони деҳоти 10-солагии Истиқлол низ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Марҷона ифтитоҳ ёфт. Ин муассисаи томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани зиёда аз  200 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Бино дорои 14 ҳуҷраи барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон аст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғчаи мазкур 22 мутахассиси маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бинои нави Маркази ҷавонон ва мактаби варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот аз се ошёна иборат буда, дорои 20 ҳуҷраи корӣ ва 6 толори варзишӣ мебошад. Дар иншооти мазкур 30 мураббӣ фаъолият карда, ба зиёда аз 800 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш тамрин медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатиро дар деҳоти 10-солагии Истиқлолият ифтитоҳ намуданд. Қасри фарҳанг дорои 230 ҷойи нишаст буда, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ ва адабӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар саҳни Қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ низ бунёд шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 35 метр насб гардида, атрофи он бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ зебу зинат дода шудааст. Боғи фарҳангию фароғатӣ бошад, бо тарҳи зебо ва муҳити дилнишин бунёд гардидааст. Ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Исмоили Сомонии деҳоти 10-солагии Истиқлол пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Мактаб баъд аз 30 соли фаъолият, ки ба таъмир ниёз пайдо карда буд, баъди азнавсозӣ барои 1700 хонанда дар ду баст имкони таҳсилро фароҳам овардааст. Яке аз иқдомҳои муҳим дар доираи навсозии муассиса бунёди 12 манзили истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон мебошад. Иншооти дигаре, ки тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, бинои ҷамоати деҳоти Сешанбе мебошад. Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Маҷмааи хизматрасонии сайёҳӣ ва хоҷагии моҳипарварии Аҳмад-гулмоҳӣ низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Масоҳати умумии маҷмаа 12,7 гектарро фаро гирифта, дар 3,7 гектари он пойгоҳи сайёҳӣ ташкил карда шудааст. Иншоот бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ин минтақа сохта шуда, аз 2 меҳмонхонаи замонавӣ бо 8 ҳуҷра, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 ифтитоҳ гардид. Бино аз ду ошёна ва 26 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 барои 1200 хонанда пешбинӣ шуда, дорои синфхонаҳои фаннӣ, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат мебошад. Ҳоло дар муассисаи мазкур ба 1070 хонанда 70 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дар деҳаи Асбоби деҳоти Работ низ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 66 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави мактаб дорои 24 синфхона буда, барои 1150 хонанда пешбинӣ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 115-ро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави соҳаи маориф дар деҳаи Нурафшон аз 32 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, озмоишгоҳ ва китобхона иборат буда, дар он мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1150 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар деҳаи 1

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 дар шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар бунёд ёфта, барои 1920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур дорои 41 синфхона буда, аз ин шумора 21-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии лингофонӣ, биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳи таълимӣ ва толори маҷлис бо 144 ҷойи нишаст аст. Дар иншооти таълимӣ маркази инкишофи кӯдак барои қабули 60 наврас низ фаъолият мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва омӯзгорон даъват намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос намоянд. Баробари ифтитоҳи муассисаи таълимии муосир 45 мутахассиси соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода ба кор ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 44 омӯзгорро занону духтарон ташкил медиҳанд. Мактаб аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Расул Усмонзода бунёд гардида, туҳфаи арзишманд ба таълимгирандагон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати гарму самимӣ омӯзгоронро ба рушди илмҳои муосир, истифодаи самараноки техника ва технологияҳои нав, инчунин омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд. Дар ҳамин ҷо, ба масъулини ҷумҳуриявию шаҳрӣ оид ба соҳаи маориф дастур доданд, ки бо назардошти вуҷуди аҳолии узбекзабон дар шаҳри Турсунзода дар ин ҷо муассисаҳои таълимии узбекӣ ҳам бунёд намуда, бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ бо забони модариашон таъмин намоянд. Дар шафати бинои муассисаи навбунёд майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ низ омода шудааст. Саҳни муассиса пурра сабзкорию чароғон ва роҳравҳои он сафолакпӯш ардида, ба як макони зебо мубаддал шудааст. Хонандагони деҳоти атроф қаблан дар бинои солҳои пеш бунёдгардида таълиму тарбия мегирифтанд. Ба иттилои масъулин, ҳоло дар шаҳри Турсунзода 132 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 78 ҳазору 863 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар доираи сазовор истиқбол намудан аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду ба истифода додани 24 муассисаи соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 19 бинои таълимӣ бо 8 ҳазору 185 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Прокрутить вверх