Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва истиқболи гарм изҳори сипос намуданд. Аз рушди мунтазами муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ ва рушди робитаҳо дар самти технологияҳои инноватсионӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо ёдоварӣ аз афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 440 миллион доллари амрикоӣ расидааст, таъкид гардид, ки имконияти кофӣ барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод мавҷуд аст. Таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ва самараи назарраси он таъкид гардид. Робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва башарӣ дорои мавқеи хос дар муносибатҳои ду кишвар дониста шуд. Таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштараки кишварҳо бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Ҳамчунин, оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт. 15.11.2025 Узбекистон  

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд-Ҳумо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд. 15.11.2025 Узбекистон

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. 15.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи вазири рушдииқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Завқизода З.А. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Завқизода Завқӣ Амин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1083 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америкаозод намудани Ҳамрализода Ф.М. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка озод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1084 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрияозод намудани Қаландар И. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Қаландар Идибек бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руминия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Венгрия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Норвегия ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналхалқӣ озод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1085 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсияозод намудани Убайдулло Ҷ.М. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия озод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1086 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи вазири рушдииқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Абдураҳмонзода А.С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1087 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америкатаъин намудани Завқизода З.А. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Завқизода Завқӣ Амин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1088 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австриятаъин намудани Ҷобир Манучеҳр Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Ҷобир Манучеҳр Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1089 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсиятаъин намудани Ҳомидзода Ҷ.Т. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Ҳомидзода Ҷамшед Тағай Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1090 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италиятаъин намудани Убайдулло Ҷ.М. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1091 https://khovar.tj/…/farmon-oi-prezidenti-um-urii-to…/

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқзода Завқӣ – аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки дорои собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид. Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезонидани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд. Супоришҳои дахлдор, ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои номбурда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, дода шуд. 14.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули  муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд. Ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз натиҷаҳои сермаҳсули сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон, ҳамзамон, мулоқотҳои сатҳи олии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия” изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба идомаи таҷрибаи созандаи ҳамкорӣ дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт. 14.11.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад Дар ҳар ҷомеа, бахусус дар давраҳои буҳронӣ ва гузариш ниёзи шадид ба роҳбаре эҳсос мегардад, ки масъулияти наҷоти давлат, истиқлолу озодии мардум, таъмини сулҳу субот ва мувозинати қувваҳои дар ҷамъият мавҷуда, инчунин таҳкими пояҳои истиқлолияти сиёсиро тавонад бо иродаи қавӣ, шикастнопазир ва дарку ҳимояи танҳо манфиатҳои миллӣ бар зиммаи худ бигирад. Таърихи давлатдории тоҷикон низ мавридҳоеро, ки боиси зуҳури пешвоёни сиёсӣ шудаанд, борҳо таҷриба кардааст. Аз ҷумла, баъди истилои арабҳо дубора дар сарзамини Мовароуннаҳр ва Тоҷикистони таърихӣ Исмоили Сомонӣ ҳамчун Пешвои миллӣ зуҳур ва мардумро дар атрофи ормонҳои миллӣ муттаҳид карда, давлати тоҷиконро ташкил намуд. Бо гузаштани марҳилаи муайяни таърихӣ миллати тоҷик боз дар ҳолати шадиди буҳронӣ қарор гирифт. Чун Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт ва тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар ин сарзамин амалӣ гардид, вуҷуди тоҷикон ҳамчун миллати алоҳида ва дорои сарзамину қаламрави алоҳида зери суол рафт. Дар чунин шароити тақдирсоз низ фарзандони фарзонаи миллат, ҳарчанд ба сурати ҷудогона ҳам бошад, масъулияти пешкориро ба хотири миллат, бо вуҷуди он ки ҳамарӯза хатари воқеӣ ба ҷони худу хонаводаашон таҳдид мекард, ба уҳда гирифтанд. Агар он рӯзгор Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ ба сифати пешвоёни маънавии замон баромад карда бошанд, ба сифати роҳбарони сиёсӣ Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум ба он мусоидат карданд, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёбад. Дар шароити буҳронии солҳои навадуми асри гузашта низ боз ба Тоҷикистони тозаистиқлол хатари нобудӣ таҳдид кард. Дар мамлакат вазъияти бениҳоят мураккаб эҷод гардида, дар хориҷ ва дохили мамлакат масъалаи аз байн бурдани давлате бо номи Тоҷикистон ба таври густурда баррасӣ мегардид. Маҳз дар чунин вазъият дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои нави мардумӣ ба майдони сиёсат ворид шуд, ки фаъолияти минбаъдаашон на танҳо бо роҳбарии сиёсӣ, балки бо эҳёи як институти нави миллӣ – Падидаи Пешво тавъам гардид. Ин институт ба сифати падидаи таърихию сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ ҷараёни давлатсозии муосири тоҷиконро тавзеҳ дода, ба унсури устувори ҳувияти миллӣ ва низоми сиёсӣ табдил ёфт. Барои равшанӣ андохтан ба мавзуъ моро зарур аст нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар он шароит мухтасар баён намоем. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар таърихи давлати навини тоҷикон пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои бениҳоят муҳим ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия ҳамчун нуқтаи гардиш дар роҳи аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани халқи Тоҷикистон, хомӯш сохтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бартараф кардани буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон арзёбӣ мешавад. Заминаҳои сиёсиву иҷтимоии баргузории ин иҷлосия асосан буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, фалаҷшавии сохторҳои давлатӣ ва хатари нест шудани давлати миллӣ буданд. Чунин шароит зарурати ташкили маркази идоракунии қонунӣ ва қудратмандро ба вуҷуд овард. Дигар нуктаи муҳим- ин қабули қарорҳои сарнавиштсоз дар ин иҷлосия буд. Махсусан, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ҳамзамон бо ин, сохтани пояҳои сохтори давлатдорӣ, масъалаи барқарор кардани низоми қонунии идоракунии давлат ва мақомоти амнияти миллӣ аз ҳамин иҷлосияи таърихӣ оғоз шуданд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия сухане гуфтанд, ки хусусияти пешвоӣ доштани ӯро ба намоиш гузошт ва таърихӣ шуд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ, агар лозим шавад, ҷонамро фидо мекунам!» Дар он шабу рӯз пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ҳамчун маркази идоракунии давлатӣ аз лиҳози бехатарӣ ғайри қобили қабул дониста мешуд. Аз ин рӯ, бисёре аз вакилон таклиф карданд, ки бигзор ҷумҳурӣ аз дигар минтақаи мамлакат идора карда шавад. Аммо Пешвои муаззами миллат бозгардондани ҷойгоҳи пойтахтро ба шаҳри Душанбе муҳим дониста, бо ин кор ба барқарор кардани фаъолияти воҳидҳои ҳукуматӣ мусоидат намуданд. Дар илми таърих ин иҷлосия ҳамчун “нуқтаи ибтидоии давлатдории навини тоҷикон”, “поягузори ваҳдати миллӣ” ва “қадами аввалини барқарорсозии сохти ҳокимияти қонунӣ”, “заминаи ташаккули давлати муосир ва мутамаркази тоҷикон”, “Иҷлосияи наҷоти миллӣ” ва ғайра шинохта мешавад. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, хусусияти фардияшон, андешаву фаҳмишҳои сиёсӣ ва иродаи қавию мавқеъгириҳо, бахусус далерию шуҷоати бемисл нишон доданашон дар чашми мардуми ранҷкашида, дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарордошта ва роҳро ба сӯи оянда гумкарда Пешвои халқиро ба намоиш гузошт. Раиси нави Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ҷавонӣ тавонистанд бо истодагарӣ дар қабули қарорҳои муҳим худро ҳамчун Лидери ҳақиқӣ, ки метавонад вазъияти комилан хатарборро зери назорат гирифта, рафъ намояд, муаррифӣ намоянд. Аз ин рӯ, Илосияи XVI на танҳо рӯйдоди сиёсӣ, балки дар симои Эмомалӣ Раҳмон саҳнаи зуҳури шахсияти сиёсие шуд, ки тавонист миллатро дар шароити буҳронӣ муттаҳид созад, рамзи эътимод, умед ва ниёзи ҷомеа ба як роҳбари ягона гардад. Ин раванд бори дигар собит кард, ки дар фарҳанги давлатдории шарқ, хусусан, фарҳанги ниёгони мо нақши Пешвои сиёсӣ дар идоракунии давлат ниҳоят муҳим ва калидӣ арзёбӣ мегардад. Пешвоӣ ҳамчун мафҳум ва воқеият решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Дар таҷрибаи давлатдории шашҳазорсолаи тоҷику форс роҳбари халқӣ на танҳо намояндаи қудрат, балки рамзи адолат, виҷдон ва ваҳдат будааст. Аз замони Пешдодиён то Каёниён, аз Сосониён то Сомониён ва то давраҳои минбаъда ниёгони тоҷик ба роҳбарони хирадманди худ на ҳамчун мансабдор, инчунин ба сифати ифодаи иродаи мардум ва қудрати маънавии давлат менигаристанд. Аз ҳамин рӯ, фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқии тоҷикон ҳамеша арзиши шахсияти муттаҳидкунанда, ҳифзкунанда ва ҳидояткунандаро боло мегузошт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон заминаҳои таърихии анъанаҳои неки давлатдорӣ имкони дубора эҳё шуданро пайдо намуданд, аммо дар баробари он ҷанги шаҳрвандӣ низ зуҳур кард, ки ин хатари нестшавии давлатро ба миён овард. Маҳз дар чунин шароит зарурати таърихӣ ва иҷтимоӣ ташаккули шахсияти муттаҳидкунанда, қавиирода, қудратманд ва дорои иродаи сиёсии созанда ва васлкунандаро талаб мекард. Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар муҳити пурошӯби мамлакат, ки дар боло ишора кардем, на танҳо нақши роҳбарро иҷро кунанд, балки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва идеологии давлатдориро барқарор намоянд. Ҳамзамон бо раванди сулҳсозӣ ва ваҳдат тавонистанд асоси як идеологияи нави давлатиро гузоранд, ки дар меҳвари он сулҳ, ваҳдат, истиқлолият ва эҳёи миллӣ қарор дорад. Аз ҳамин ҷо мафҳуми «Пешвои миллат» на ҳамчун унвони шахсӣ, балки ҳамчун рукни рамзии давлатдорӣ шакл гирифт. Яъне, мафҳуми Пешво дар заминаи тафаккури фарҳанги миллӣ ва бо такя ба таҷрибаи давлатсозии тоҷикон шакл гирифта, пайдоиш ва рушди институти он дар Тоҷикистон натиҷаи ниёзи ҷомеа

МАҚОЛАҲО

ФАЛСАФАИ РОҲБАРӢ ДАР ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мардуми кишвар ҳар сол 16 ноябр Рӯзи Президентро бо шукуҳу тантана таҷлил мекунанд ва ин ҷашн арҷгузорӣ ба хидмату заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷоннисорию сарсупурдагиҳо дар роҳи ба даст овардан ва таҳкими сулҳу субот, созандагию бунёдкории кишвар бо мақсади рақобатпазирии он, ташаббусҳои доимии сатҳи ҷаҳонӣ бо мақсади эҳтирому эътибору эътирофи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, эҳёи дубораи ҳофизаи таърихӣ, ҷашну маросими мардумӣ ва фарҳанги миллист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тӯли солҳои истиқлолият ба рушди давлатдорӣ, поягузории низоми устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар равона шудаанд. Ин сана рамзи ваҳдату худшиносии миллӣ буда, таҷассумгари иродаи мардум ва хирадмандии роҳбарест, ки тақдири миллатро бо андешаи стратегӣ ва диди ояндабинӣ ба сӯйи суботу шукуфоӣ тадбир месозанд. Аз нигоҳи фалсафии таърих, чунин ҷашн на танҳо арҷгузорӣ ба хидматҳои шахсияти сиёсист, балки таҷассумгари пайванди миёни инсону таърих, роҳбар ва миллат, хирад ва амал мебошад. Дар шахсияти Пешвои муаззами миллат арзишҳои умумибашарӣ, ба монанди адолат, масъулият, худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватан барҷаста таҷассум ёфтаанд. Дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон балки чун меъмори маънавии давлат, қувваи муттаҳидкунандаи мардум ва рамзи наҷоти миллии тоҷикон шинохта шудаанд. Дар фаҳмиши фалсафии ҷомеаи муосир Рӯзи Президент таҷдиди назар, ба маънои роҳбарӣ, адолати иҷтимоӣ ва рисолати инсон дар роҳи созандагӣ мебошад. Зеро дар асри буҳронҳои маънавӣ ва ҷаҳонишавии босуръат шахсияти роҳбари хирадманд метавонад меҳвари субот ва кафолати ҳастии давлат гардад. Аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки дар сарнавишти ҳар миллат рӯзе аст, ки дар он руҳи мардум ба хотири ҷустуҷӯйи маънои ҳастии худ аз хоб бедор мешавад. Барои миллати тоҷик ин бедорӣ бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, бо номи шахсе, ки дар замони фоҷеа ва парокандагӣ бо нури хирад ва муҳаббат бархост, то аз миёни хокистари ҷанг миллатро ба фардои ором ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ кунад. Сулҳ, ваҳдат ва эҳёи давлатдорӣ дар Тоҷикистон на бо зӯр, балки бо хирад, сиёсати созанда ва дурбинона ба даст омадаанд. Он гоҳ ки ҷаҳолат бар дилҳо соя андохта буд, Роҳбари давлат сухани сулҳро аз дил гуфтанд, аз минбари баланд дар нахустин рӯзҳои роҳбариашон ва аз ҳамин сабаб суханонашон бар умқи дилҳо нишаст. Феномени роҳбари миллӣ агар ба зоҳир як падидаи сиёсӣ намояд ҳам, дар асл, зуҳуроти маънавию таърихӣ ва иҷтимоиест, ки реша дар шинохти худи миллат ва зеҳни он дорад. Миллат вақте ба марҳалаи худшиносии таърихӣ мерасад, ки роҳбари худро на танҳо интихоб мекунад, балки ӯро аз зеҳн ва руҳи худ меофарад. Роҳбар дар чунин ҳолат ба мисли оинаест, ки дар он хирад, ормон ва иродаи мардум инъикос меёбад. Пешвои миллат ҳамчун таҷаллии иродаи таърихии халқи тоҷик дар замоне зуҳур намуданд, ки ҷомеа ба роҳнамое ниёз дошт, ки тавонад хатти таърихро аз парокандагӣ ба ваҳдат, аз шубҳа ба бовар, ва аз фурӯпошӣ ба эҳё барад. Ин на танҳо вазифаи сиёсӣ, балки рисолати фалсафии роҳбарист, яъне ҳидоят кардани миллат ба сӯйи худшиносӣ ва худсозӣ. Фикр мекунам ва шояд дуруст ҳам бошад, ки зуҳури чунин роҳбарон на рӯйдоди тасодуфӣ, балки зарурати таърихист. Зеро таърих низ мисли табиат қонуни тавозун дорад: вақте хатар зиёд мешавад, хирад низ боло мегирад; вақте миллат дар ҳоли аз даст додани худшиносист, шахсияте зоҳир мешавад, ки онро боз ба сӯйи худ фаро мехонад, аммо на дар ҳама ҳолат ва на дар ҳар давру замон ва на барои ҳар як халқу миллат. Пас, ба хулосае меоям, ки ҳамин зарурати таърихӣ, ки тасодуфаш намедонам, маҳз ба бахти баланди миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст. Зеро садҳо халқу миллатҳое ҳастанд, ки зери хатару фишор буда дар орзуи чунин зарурати таърихианд ва ё умеде ба тасодуф доранд. Ҳамин тавр, Пешвои миллат дар заминаи чунин қонуни таърих зуҳур карда, бо ормони ваҳдат, адолат, эҳёи худогоҳию худшиносӣ тавонистанд миллатро ба ояндае роҳнамоӣ кунанд, ки дар он илму маърифат, адолат ва озодӣ арзиши аслии давлатдорӣ гардиданд. Пешвои миллат роҳбариро аз хидмат ба халқу давлати худ оғоз карданд. Давлатро барои хидмат диданд, на барои ҳукумат. Барои Пешво роҳбарӣ масъулияти маънавист, ки ин аз ҳифзи Ватан, бедории миллат иборат аст. Пешвои миллат борҳо таъкид доштаанд, ки давлат бе инсон маъно надорад ва инсони бе Ватан бе реша мемонад. Аз ҳамин дидгоҳ буд, ки Президенти кишвар давлатро ба шакли нав, яъне давлатдории хирад, маърифат ва ахлоқ табдил доданд. Фалсафаи роҳбарии Пешво бар меҳвари хирад аст. Пешво ба хирад ҳамчун нерӯи ҳаётбахш менигаранд, ки инсонро аз торикӣ ба рӯшноӣ мебарад. Дар андешаи Пешво хирад танҳо донишу таҷриба нест, балки виҷдон аст, дил аст, муҳаббат аст. Ҳамин хирад буд, ки Пешвои муаззами миллат ҷангро хотима доданд, ба кишвар сулҳ оварданд ва дар дили миллат тухми итминон ба фардо коштанд. Худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар дидгоҳи Пешвои миллат реша дар бовар ва таърихи худ дорад. Пешво мегӯянд, ки миллате, ки худро мешиносад, ҳеҷ гоҳ сарнагун ва дар дарозои таърих гум намешавад. Худшиносӣ маънои донистани таърих нест, балки дарки масъулият барои идомаи он аст. Аз ин рӯ, забон, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ дар сиёсати Пешвои миллат ҷойгоҳи муқаддас пайдо намудаанд. Пешво таъкид мекунанд, ки забон руҳи миллат аст ва фарҳанг пояи ҳастӣ. Ба ҳамин хотир, забони давлатӣ, адабиёти миллӣ, фарҳанги суннатӣ ва мероси маънавии ниёгон дар замони роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё ва устувор гардиданд. Бо ҳамин ҷаҳонбинӣ Тоҷикистон ба давлати худшиносу соҳибистиқлоли комилу ҳуқуқбунёд табдил ёфт. Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, Артиши миллӣ, пули миллӣ рамзҳои худшиносии давлатанд, ки бо шарофати хиради Пешво маънои воқеӣ пайдо карданд. Имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар бо ифтихор мегӯяд, ки тоҷик аст ва Ватан дорад. Пас аз сулҳ, вақте ки мардум аз фоҷиа ба ҳаёти нав қадам мегузоштанд, Пешво кишварро аз нав сохтанд, роҳҳо кушоданд, пулҳоро барқарор карданд, неругоҳҳо ва муассисаҳои навро бунёд намуданд. Барномаи эҳёи миллӣ бо сохтмони НБО “Роғун” маънои рамзӣ гирифт. “Роғун” танҳо иншооти энергетикӣ нест, он рамзи ирода ва хиради миллати тоҷик аст. Вақте ки Пешвои миллат гуфтанд: “Роғун ояндаи миллат аст”, ин танҳо шиор набуд, эътиқод ба худшиносӣ буд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки Ватан мисли модар муқаддас ва ягона аст. Пешво дар ҳар гӯшаи ин сарзамин руҳи таърихро эҳсос мекунанд: дар кӯҳҳои Бадахшон, дар сарзамини Кӯлоб, дар хоки Хатлон, дар водии Зарафшон ва дар шаҳрҳои Ҳисору Душанбе. Пешво ҳамеша таъкид менамоянд, ки Ватан танҳо хок нест, балки ин хотира, таърих, забон, хирад ва ҳастии миллат аст. Фалсафаи роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таълимоти маънавии ниёгони тоҷикон пайванди амиқ дорад. Пешво мисли давлатдорон, файласуфон ва донишмандони гузашта, аз Ҷамшеду Куруши Кабир то Исмоили Сомонию Рӯдакию Синову Фирдавсӣ танҳо ба хирад ва ахлоқ такя мекунанд. Аз диди Пешвои миллат давлат бе ахлоқ пойдор нест ва ҳар роҳбар бояд намунаи виҷдон бошад, бинобар ин Пешво бо ростқавлӣ ва хоксорию

МАҚОЛАҲО

Бознигарии тафаккур: аз миллат то дин ё аз тоҷик то мусулмон.(Дар ҳошияи суханони Пешвои миллат “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”

Сухани Пешвои миллат “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дар айни замон як стратегияи идеологии бисёр муҳим барои нигоҳдории давлати миллӣ аст. Зеро решаи таърихи миллат ба таъсиси аввалин давлатдории тоҷикон Пешдодиён ва Каёниён пайваст гардида, силсилаи тамаддуни миллат новобаста аз душвортарин лаҳзаҳо аз насл ба насл ба мерос гузошта шуда, дар шакли мукаммал аз фарҳангу маънавиёт, арзишҳои умумибашарӣ то ба имрӯз расидааст. Дар ин давраи таърихӣ бо қабул кардани дини ислом инчунин арзишҳои динӣ низ дар низоми таркибии фарҳанги миллӣ ҷойгузин шуданд ва дар тӯли ин давра бо ҳам омехта шуда, фарҳанги миллиро боз ҳам қавитар гардондаанд. Аммо бартарият додани арзишҳои динӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ як падидаи нав набуда, барои амалӣ намудани ин ғоя чандин кӯшишҳо дар таърих шуда гузаштанд ва он иддаое, ки теъдоди муайяни одамон имрӯз ҳам доранд, ба ғайр аз низоъҳои навбатӣ чизе дигаре ба бор нахоҳад овард ва ин як таҷрибаи талх аст, ки миллати тоҷик ҳам аз сар гузаронид ва барои ҳамаи мо ин бояд дарси ибрат бошад. Таҷдиди тафаккур ё таҳкими андешаи миллӣ барои бунёди низоми сиёсии миллӣ, як раванди мураккаб ва давомдори таърихӣ аст, ки дар сурати дуруст тарҳрезӣ нагардидани заминаи иҷтимоии он ё дар шакли иҷборӣ амалӣ намуданашон метавонад натиҷаи низоъҳо байни идеологияҳои гуногуни сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва этникӣ гардад, чун бартариятиҷуӣ дар шарқи мусулмонӣ бештар зери ниқоби дин ва идеяи таъсиси низоми динӣ асос меёбад. Зӯроварии мусаллаҳона, таъқибу таҳқири миллатҳои дигар, мардумро водор кард, ки роҳи наҷоти худро пайдо кунанд, ки ин раванд давраи ташаккули тафаккури таъсиси давлатҳои миллиро оғоз бахшид. Дар ин росто масъалаи меҳварӣ таъсиси давлати миллӣ бо кам кардани таъсири низоми сиёсии арабиасос буд, зеро мафҳуми низоми теократӣ барои мардуми форсу тоҷик куллан бегона буд, вале онро бо дин айният медоданд ва итоат аз онро дар кишварҳои нав истилогардида итоат аз дин ҳукм мекарданд. Ҳар як мардуми ғайриараб дар ин ё он шакл бо ин мушкилот рӯ ба рӯ шуда буд. Дар таърихи мардуми форсу тоҷик низ чунин равандҳои сиёсӣ рӯи кор омаданд ва масъалаи таъсиси низоми сиёсӣ ҳадафи ниҳоӣ қарор гирифт. Дар ин давра, пас аз фатҳи қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон бар асари табъизи иҷтимоӣ нисбат ба ғайриарабҳо (хусусан форсу тоҷик) ҳаркати Шуубия ҳамчун як ҷунбиши зеҳнӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва сиёсӣ пайдо шуд. Ба андешаи аксарияти муҳаққиқони гузашта ва муосир ҳаракати шуубия дар аввалҳои асри VIII-и мелодӣ пайдо шуда, то аввалҳои асри XII-и мелодӣ давом кардааст. Баъди асри XII ин ҳаракат ба ҷараёнҳои дигари иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ омехта гардид. Ин ҳаракат бо инкори бартарии нажоди араб бар дигар мусулмонон ва таъкид бар баробарии ҳамаи инсонҳо, хост фарҳанг ва таърихи мардуми форсизабонро ҳифз ва эҳё кунад ва дар муқобили сиёсатҳои арабгароӣ истодагарӣ кунад. Зеро заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ барои таъсис ва ташаккули он дар ҷомеа ҷой доштанд. Хусусан, бадбинии нажодӣ, бартарии нажоди араб ва таҳқири маволиҳо (ғайриарабҳо) аз давраи сиёсати уммавиён ҷойгузини баробарӣ ва адолати динӣ шуданд. Албатта, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, таҳдиду фишор ба фарҳангӣ миллӣ, зарурияти ҳифзи ҳувияти миллиро пеш овард ва мардум барои аз даст надодани ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии худ муқовимат карданд. На ҳамаи муқовиматҳо ва низоъҳо натиҷаи дилхоҳ доданд, вале мазмуну моҳияти ин муборизаҳо шуури миллиро ташаккул дода, роҳро барои эҷоди асарҳои бузурги сиёсӣ, илмӣ ва адабӣ кушод. Аз ҷумла, дар ин давра теъдоди зиёди китобҳо дар мавзӯи озодандешӣ, эҳёи қаҳрамонони таърихӣ, зинда кардани мероси фарҳангӣ навишта шуданд. Хусусан барои эҳёи фарҳанг, ҳифзи марзу бум ва ватан ва ҳифзи забони форсӣ нақши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, беҳамтост: Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба эҳёи чанд масъалаҳои меҳварии даврони худаш таъкид дошт, ки минбаъд барои ҳазорсолаҳо шиори озодихоҳии миллати форсу тоҷик гардид: – зинда кардани низоми сиёсии таърихии миллат, яъне низоми шоҳаншоҳӣ ва шоҳигарӣ бар ивази рад кардани низоми ҳукмронии арабҳо дар зери низоми хилофат; – эҳёи забон ва фарҳанг ҳамчун меҳвари ҳаракатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ дар баробари муқобилият бо идеологяи арабгароӣ ва мазмуни эътирозӣ гирифтани адабиёт; – даъватҳо ҷиҳати ташкили бардавоми муборизаҳои муташаккили илмӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ ба муқобили таассубгароии араб ва дар ин замина ташкил ёфтани мактабҳои фалсафӣ ба мисли муътазилия ва бародарони Сафо; – ташаккул додани тафаккури миллӣ ва соҳибихтиёрӣ дар баробари аз байн бурдани тафаккури ғуломӣ ба араб ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ; – миллатгароӣ ва ҳувияти миллӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва ҳукумати миллӣ дар муқобили низоми теократӣ. Яке аз муҳаққиқони бузург, таърихшинос ва бостоншиноси фаронсавӣ Роман Гиршман мегӯяд: “Миллати форс, дар муқобили ҳамлаҳои мақдуния, арабҳо, муғулҳо ва туркҳо, тавонист истодагарӣ кунад, марзу буми давлат ва фарҳангу забонашро ҳифз кард, бақои миллати худро нигоҳ дошт, инчунин унсурҳои бегонаро дар дохили фарҳанги миллӣ ҳазм кард”. Албатта дар сафи пеши ин мубризаҳо дар шакли умумӣ ҳаракати Шуубия буд, ки барои таъсиси чандин ҷунбишу ҳаракатҳои дигар намунаи ибрат дар самти мухолифати форсҳо бар зидди халифаҳои араб аст. Профессор Голдзиер, шарқшиноси олмонӣ, Шуубияро ба гурӯҳҳо ё ҳизбҳои мухолиф муаррифӣ кард ва мегӯяд: “Бояд донист, ки ин ҳизб аз ҷониби як тудаи мухолифон ва авбошон ташкил нашудааст, балки гурӯҳе аз нависандагон, адибон, шоирон ва элитаи зиёиён аз ҷумлаи эҷодкорони он буданд. Давраи шукуфоии ин ҳаракатро метавон асрҳои дуюм ва сеюми ҳиҷрӣ номид”. Бояд изҳор намуд, тасарруф кардани як мулки дигар ва ба зӯрӣ тобеъ кардани он маънои мустамликаро дорад. Фарқ нест дар кадом шакл ва ба кадом маъно онро асос мекунанд. Дар ибтидо араб ҳам ба ғайр аз идеяи паҳн кардани дин стратегияи мустамликадории арабиро дошт. Зеро нест кардани мероси фарҳангии қавмҳо, забони онҳо, ба ғорат бурдани молу дории онҳо ва дар ниҳият ғулом кардани мардуми кишварҳои ғайриараб мустамликадорӣ аст. Дар зери шиори дини ислом, ки хусусияти космополитикӣ ё фаромиллӣ дошт, араб мекӯшид, ки ҳувияти миллатҳоро инкор кунад. Араб дар зери шиори паҳн кардани ислом ба кишварҳои гирду атроф ҳуҷум карда онҳоро тасарруф ва тобеъ кард. Вале аҷиб ин буд, ки аксарияти мардуми ин кишварҳо барои истиқлолияту озодии худ мубориза набурданд, балки баъдан дар зери ин туфон ҳамчун миллатҳои алоҳида куллан аз байн рафтанд ва аз арзишҳои миллию фарҳангии онҳо чизе боқӣ намонд. Дар тафаккури араб чунин андеша ҷой гирифта буд, ки ҳар ҷое, ки расиданд, мардум бояд

МАҚОЛАҲО

Дин ва миллат: бархӯрд ва ҳамгироӣ (дар ҳошияи сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмонам)

Баъди аз байн рафтани Идттиҳоди Шуравӣ бо идеологияе, ки муносибати шаҳрвандонро бо дин маҳдуд мекард, чун дигар ҷамоҳири мусулмоннишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зарурат ба ташаккули низоми нави давлатдорие пеш омад, ки муносибати эътиқодиро дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва бовариву эътиқоди холисона, на муғризонаи динӣ ҳал намояд ва дар як вақт барои тақвият додани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, озодии виҷдон ҳамчун асос  баромад кунад. Ин давра аз марҳилаи нави миллатсозӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт, ки асосан бо аз нав баҳодиҳии гузашта, эҳё ва барқарор намудани арзишҳои анъанавӣ ва суннатҳои динӣ ҳам алоқамандӣ дошт. Маълум аст ки дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихсозӣ,  давлатҳои дорои  тамаддуни  куҳанбунёд ва соҳиби  фарҳангу  забон  ва  арзишҳои  таърихӣ  дар худшиносӣ бо ду унсури тақдирсоз –  ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ рӯ ба рӯ гаштанд. Вале таҷрибаи талхи ҳама гуна давлатдориҳо, ки хостанд бо истифода аз эътиқоди  кӯркӯронаи динӣ ҳувиятсозӣ ва давлатсозӣ кунанд, ба нокомӣ дучор гаштанд. Тоҷикистони нав соҳибистиқлолгашта ҳам чунин нокомиро хеле талх аз сар гузаронид. Бояд қайд намуд, ки дар ҳеҷ давру замон дин барои миллатҳои тамаддуниву  соҳиби  таърихи  қадима  омили  ҳувиятсозӣ, давлатсозӣ ва иттиҳоду иттифоқ буда наметавонад. Давлатҳои Аврупо ҳанӯз дар  асрҳои миёна инро хуб дарк намуданд ва даврони Эҳё, Нав ва Реформатсияро дар давлатсозӣ ва миллатсозии худ поя гузоштанд. Ҳамин буд, ки  муттафакирони ин даврон ғояи “дини шаҳрвандӣ”- ро пешниҳод ва мавриди таҳлили илмӣ қарор доданд. Алъон, ки дар олами ҷаҳонишавӣ қарор дорем, хатари зери фишори модию маънавии давлатҳои абарқудрат ҳамчун миллат ва давлат аз байн рафтанамон хеле бузург аст. Пас, ҳар як тоҷики мусулмон бояд аз худ пурсад, ки оё ҳуввияти диниамон ё ҳуввияти миллиамон наҷотбахши мо шуда метавонад? Маълум аст, ки миллати тоҷик бо давлати соҳибистиқлоли ҷавони худ агар ҳувияти миллии худро аз даст диҳад ё  ҳувияти диниашро афзалият бахшад, он ба ҳеҷ ваҷҳ дигар ҳамчун миллати соҳибдавлат арзи вуҷуд карда наметавонад. Барои давлати мо, ки зиёда аз 90 фоизи онро мусулмонон ташкил медиҳанд, дар ҷаҳони пурталотуми муосир мавқеъ ва ҷойгузинии ҳар ду арзиши бузрг -– ҳувияти миллӣ ва ҳувияти диниро баробар дар қиболи сиёсати хирадмандони Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон барои ҳастиву амнияти миллӣ ва давлатӣ оқилона истифода бурданамон зарур аст. Албатта, барои баъзе  одамон  дин  асоси ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва маънои ҳаёташон аст. Барои дигарон, миллати онҳо (забон, фарҳанг, таърих, анъанаҳо ва ғайра) дар иҷтимоишавии шахсияташон нақши муҳимтар мебозад. Вале, агар сухан сари ҳастии миллат равад, бешак афзалият бояд ба ҳуввияти миллӣ дода шавад. Шахс метавонад худро асосан мусалмон, масеҳӣ, буддоӣ ва ғайра ҳисоб кунад, лекин оё амнияту вуҷуд доштани ӯ ҳамчун шахс, аниқтараш шаҳрванди комилҳуқуқ дар ин ҳолат кофолат дода мешавад? Албатта не! Яъне дар ҳолате, ки метавонад мутааллиқи миллати тоҷик, қазоқ, рус, тотор, ва ғайра, ки соҳиби давлати эътирофшуда ё ҳатто эътирофнашуда (масалан Фластин ё миллати курдҳо) бошанд, тавассути ҳувияти миллиашон арзи ҳастӣ намоянд ва фақат давлат инро кафолат дода метавонад. Албатта, баъзан ин ҳувиятҳо бо ҳам ҳамоҳанг ва баъзан бо ҳам мухолифанд. Рисолати таърихии тоҷикон ҳамчун миллат маҳз дар ҳамин ифода меёбад, ки ҷойгоҳи ҳар дуи ин арзишҳоро фаҳмад ва ба он ҳамчун ду пояи устувор, баҳри ҳифзи миллат арҷ гузорад. Чунки давлатҳои муосир аксар вақт ба ҳувияти миллӣ ё шаҳрвандӣ такя мекунанд. Дин масъалаи шахсии шаҳрванд аст, дар ҳоле ки миллат (ё шаҳрвандӣ) асоси ваҳдати иҷтимоӣ аст. Дар чунин вазъияти ҳассос чунин хулосагирӣ намудан ғайриимкон аст, ки “миллат аз дин муҳимтар аст” ё баръакс. Пас ин аз арзишҳои шахс ва заминаи ҷомеа вобаста аст. Вале, мансубияти миллати куҳанбунёди тоҷик ба як халқ, фарҳанг, арзишҳои анъанавӣ, шахсиятҳои таърихӣ ва забон моро водор месозад, ки ба ҳувияти миллиамон афзалият дода бошем. Дар байни халқҳои  Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дини ислом решаҳои амиқи таърихӣ дорад, вале  ҳувиятҳои миллӣ фаъолона рушд мекунанд, чунки решаи он хеле қадимтар буда, ин халқҳо асолати миллии худро аз даст доданӣ нестанд, то ки ҳамчун давлат аз байн нараванд. Дини ислом як ҷузъи  манбаи ҳувияти миллиашон буда, дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии мардум нақши бузурге дорад. Он дар минтақа дар асрҳои 8 ва 9-и милодӣ қабул шудааст ва аз он вақт инҷониб ҷузъи муҳими ҳувияти мардуми ин сарзаминҳо ва боз  даҳҳо давлатҳои дигар  гардидааст. Ислом на танҳо дин, балки ҷузъи муҳими анъанаҳои фарҳангӣ ва таърихӣ низ мебошад. Ба ғайр аз ин, бисёре аз ҷанбаҳои зиндагии мардуми Осиёи Марказӣ бо дин алоқаманданд: аз ҷумла- анъанаҳо ва расму оинҳо, идҳо, маросимҳои мусалмонӣ ё ахлоқ ва ҳукми шариат дар муносибат ба оила, кор ва муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин бисёре аз матнҳои қадимӣ бо забони арабӣ навишта шудаанд ва истилоҳоти динӣ дар суханронии ҳаррӯза мавриди истифодаанд ва ғайра. Пас, кушишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимоят намудан аз дини ислому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии тоҷикон ва такмил додани ин арзишҳо дар ҳувиятсозии миллӣ бояд як ҳидояти пешвоёна барои ҳар фарди миллат бошад. Хулоса, дар Тоҷикистон дин ва миллат ду сутуни асосии ҳувияти миллӣ мебошанд. Миллат реша дар таърих ва забон дорад, дин бошад, ба он маънавият ва ҳамбастагӣ мебахшад. Ҳамзистии ин ду арзиш — заминаи сулҳу ваҳдат ва суботи иҷтимоии кишвар аст. Садори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳромбеков Д.А.

Прокрутить вверх