Мақолаи панҷум:Бардоштҳои маънавӣ аз воқеияти фазои интернетӣ
Инсони муосир нисбат ба одамони қаблӣ бамаротиб бештар тобеи иттилоот аст. Ин нишонаи кашфи сифатҳои нави инсон аст ва ё бедории узвҳои хуфтаи эҳсосотии вай аст, ки бо шароити муайяни технологӣ ба худшиносию худнамоӣ оғоз карданд. То асри иттилоот, агар одамон эҳтиёҷмандии худро ба ақлу хирад ҳамчун зинаи баланди тафаккур, воситаи ҳалли мушкилоти зиндагӣ ва воситаи дастрасӣ ба саодати дорайн медонистанд, акнун дар бисёр аз масъалаҳои усулии ин шоҳроҳ ҷойи ақлу хирадро мақоми узвҳои эҳсосотӣ ва фарзандони вай лаззати эҳсосотӣ, кашишҳои нафсонӣ, роҳати завқҳо, қонеи кашишҳои савқи табиӣ ва амсоли инҳо ишғол намудаааст. Ин ҳолат заминаи воқеии рушди ақлу хирадро, омилҳои такондиҳандаи онро зоҳиран ва ботинан касод намуда, ба рушди кашишҳои савқи табиӣ хизмат менамояд. Тамоюли мазкур дар маҷмуъ дар майдони афзалияти ҷаҳонбиниҳо мавқеи шаклҳои мураккаби танзиманомояндаю арзишии ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва эътиқодиро заиф мегардонад. Бинобар он қадами муҳофизати ин навъ ҷаҳонбиниҳо фаъол шуданашон дар истифодаи технологияҳои рақамӣ ва иттилоотонӣ аст. Қадами сонӣ бошад дуруст камин гирифтан дар масъалаи ҳимояи хирад ва унсурҳои қувватбахши ирода, ихтиёр ва истифодаи мақсадноки озодиҳо таҳти таъсири ақл ва қонуниятҳои мантиқӣ. Маҳз фаъолнокии ҳамин навъи тамоюли ҷаҳонбиниҳо мавқеи ақлу хирад, иродаю ихтиёри инсониро дар партави озодиҳои табиӣ ва сиёсӣ устувор намуда, ғулғулаи ҳангуфти савқи табииро бо лашкари саркаши эҳсосотиаш дар асри иттилоот ба манфиатҳои аслию созанда ва мантиқию бунёдии инсон тобиш медиҳад. Иттилоот на танҳо дар фазои муносибати инсон бо олами атроф, бо воситаҳои дониш ва усулҳои он тағйиротҳо ворид карда, сарчашмаҳои донишро табдил дод, инчунин олами беканори диданашавандаи даврии дар фаслҳои мухталифи сол қарордоштаи одамонро ба як деҳи хурди ҳамдигарро назораткунанда табдил дод. Яъне иттилоот мазмунан вақтро кутоҳ кард, масофаро бекор намуд, пардаҳоро гирифт миёни зиёд аз эҳтиёҷотҳо монеаҳоро бардошта, ҷойи таваккалу тааммул ва сабру интизорӣ омодагӣ барои муборизаро яқин намуда, сарчашмаи муноқишаю муқовиматро барои муборизаи дастрасӣ ба неъматҳо ногузир ва бебозгашт намуд. Иттилоот дар қатори ҳама хизматҳо ва сабукиҳояш барои инсони муосир таҳдидҳо эҷод кард. Кутоҳ шудани масофа, буридани вақт, сарфаи неру агар аз як ҷониб ба лаззати зиндагии инсон мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар ба нафъи манфиати молии иддае ин масофаро табдил дода, имкону фурсати андешаро аз байн бурда, вақти бахшиши гунаҳро лағв намуда, неруи ҷушзанандаи сарфашударо берун аз сарҳади манфиати умум ба худнамоӣ гузошт. Ҷаҳон ба дараҷае хурд шуд, ки хабару маълумотҳои як гўшаи олам ба нуктаи дигари он дар сонияҳои ба шумор мерасад. Истифодаи ин хабар зиёд аз масъалаҳои ҳалталаби башарӣ ва рафъи мушкилиҳою пасомадҳои вазнини молию маънавиро имконпазир намуд. Вале дар баробари ин, боз ҳам манфиати инсон, утилитаризми бентамӣ аз ин вазъият барои худ дигар аз роҳатҳои зиндагиро пайдо кард, ки реҷаи адлу инсоф ва баробарию бародариро вазнинтару пурчолиштар кард. Равшан аст, ки дар асри иттилоот қудрату имкони ибтидоии хабар ва густариши он на дар дасти қудрати ҳар инсони ҷудогона ва низоми мувозанаи узвҳои эҳсосотии ў бевосита қарор дорад, балки он дар дасти интиқолдиҳандаи хабар, маблағгузорандаи алоқа ва таъминкунандаи иртиботи иттилоотӣ, зери таъсири селобаи савқи табиӣ қарор дорад. Пас ҳаққоният ва дурустии он низ зери назорати ҳамон неруи интиқолдиҳандаи иттилоот ва кашишҳои нафсонии инсон печида мемонад. Чунки асри ақлгароӣ бо худкомагиҳояш ва даврони ақлгароии танқидӣ бо таҳлилҳои бунёдиаш аз тафаккури Кант то Сартр ва Хабермас бо ғояи ҳамзистии осоиштааш ҳанўз ситораи бахтро наёфта буд, ғояи демократия бо озодиҳо ва давлати ҳуқуқӣ бо консепсияи тақсимоти қудрату дастрасӣ ба адолати умумаш дар қалби халқҳо аз роҳи хирад роҳ наёфта буд, ки боз ғулғулаи бозагашт ба асри ҷаҳонсозӣ дар заминаи эҳсосот бо истифодаи иттилооти рақамӣ рўи кор омад. Хабари нолозимии ақли эҷодгари худшиносу худфаҳму мубориз аз ин қарина бо баҳонаи кумак ва дастгирӣ ба ў дар шакли ақли сунъӣ, кўшишу ғайрат ва марому мақсади онро дар пешгоҳи иқдомҳо печидатар кард. Тарс аз он аст, ки мантиқи зиндагӣ ва хулосаи дискурсивӣ дар чунин ҳолатҳо натиҷаи нигароникунандаро пешниҳод доранд. Ҳикматҳои ду кадбону шавад хона норуфта мемонад, ду ёрдамчӣ шавад хўҷаин коргар мешавад ва ғ. ҳ. водор ба он дорад, ки дар ин самт бепарвоӣ ва саҳлангорӣ нашояд, балки тақсими дурусти вазоифу сарҳади амалкардҳо шарт ва зарур аст. Ба зеҳни сунъӣ такя карда ақли табииро аз кор мондан хиёнат ба ақлгароӣ аст. Инсон бештари донишу маълумотҳоро аз дигар сарчашмаҳо мегирад, иддае аз онҳоро аксаран намебинад. Ў аслан зиндагӣ бо шунидаю дидаю хондаҳояш мекунад. Бо вуҷуди муассир будани далели дидаҳояш, ки то домони донишҳои таҷрибавӣ мерасад, ў дар баъзе аз ҳолатҳо афзалиятро ба шунидаю хондаҳояш низ медиҳад. Дидаҳо ва мушоҳидаҳо албатта, дар ҳаёт асаргузоранд, вале дар қатори дигар аз омилҳо то рафт иттилооти рақамӣ низ нуфузи онҳоро кам менамояд. Иттилооти мусавварӣ ва намоишдиҳанда бошад, мисли суратгирони касбӣ ҳамон нуктаҳои мувофиқу мусоиди манфиати худро аккосӣ карда, манзараҳои сохтаро чун ҳақиқати том пешниҳод мекунанд. Ин саҳнасозӣ то таърихсозӣ идома ёфта қимати донишҳои дидашавандаро ба касодӣ мекаашад. Иттилоот ва технологияи рақамӣ дар қатори хизмати бузурги саҳловариаш дар каминаш яроқи вазнин шикасти манбаи донишҳои моро низ доро аст. Ва ин яроқ зери фишори манфиатҳо аллакай васеъ истифода мешаванд. Тақсимоти нави ҷаҳонӣ ҳатто ба таҳрифи сабабу омили ҷангҳои ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он даст зада, дониши андўхтаи чанд насли инсониро аз решааш табдил медиҳад. Ин ҳама ҳолатҳое ҳаст, ки на танҳо ба худшиносии инсони нав таъсир мерасонад, балки бештар аз он ба сарчашмаҳои дониши вай ва беқурбшавии онҳо назди хирад саволҳои вазнини арзишӣ мегузорад. Гўши мо, ба сони сурохии табиии қабули итилооти дурўғин ва мафкураи мо бо донишҳои андўхтаамон ва сатҳи саводнокиамон ба ҷаҳонбинии мо хизмат намуда, дар асорати ороиши дурўғҳо ва фантазияҳои нерухои мухталифи олам қарор мегирад. Инсони муосир дар чунин ҷаҳони ноором, ки абарқудратон зери манфиатҳои миллии худ ва иштиҳои ҷаҳонхоҳиашон ба иттилооти олам рангпардозӣ ва таъсиррасонӣ мекунанд, ҳақиқатро на ҳамеша дуруст мебинад, вале дурўғро то рафт бештар мешунавад ва чун ҳақиқат мехонад. Ҳақиқати дигари ноқисии хиради инсон он аст, ки бо шунидани такрории як ҳодиса онро ба сони ҳақиқат назди идрок, бозпас ба узвҳои эҳсосотӣ ва натиҷаҳои дониш рўнамо мекунад. Магар ин ғизои носолим ба мафкураи инсон асар намегузорад, ўро аз воқеият дур намекунад? Албатта, дар чунин шароит воситаҳои ҳуқуқии манъи ин дурўғпардозиҳо дар сатҳи давлатҳои миллӣ бинобар авомили мухталифи молию технологӣ назаррас нест. Аммо воситаҳои ахлоқии монеъшавии онҳо дар замири фарҳангҳои миллӣ кам нестанд. Гузашта аз он,









