Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Никол Воваевич, Шумо ва мардуми дӯсти Арманистонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям. Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳаммияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем. Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Арманистон орзумандам». 09.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу, Шумо ва мардуми дӯсти Озарбойҷонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Арманистон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям. Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳаммияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем. Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзумандам». 09.08.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

ФАРҲАНГ МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ АСТ

  «Фарҳанг ҳофизаи таърихии миллатро устувор мегардонад». Эмомалӣ Раҳмон Яке аз падидаҳои муҳимми фарҳанги миллии тоҷикон ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумии моро ба миён овардааст. Таърих собит намудааст, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буданд ва ҳастанд. Мардуми тоҷик аз давраҳои пеш бо одату анъанаҳои хеш дар санъати тасвирӣ, ҳунарҳои халқӣ-меъморӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва ғайраҳо машҳур гардида буданд. Дар асарҳои меъморӣ, ҳунарҳои халқӣ – ҳунармандон бо истифода аз рангу тобишҳои гуногун, арзишҳои миллӣ, табиати зебои кишвар, боигариҳои моддию маънавӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти худро тасвир намуда, дар рушди фарҳангу маданият, касбу ҳунари мардумӣ нақши муҳим бозидаанд. Мо онро дар асарҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, чӯбкорӣ, кулолгарӣ, дӯзандагии чирадастони тоҷик мебинем, ки Тоҷикистонро ба ҳунару касби худ дар дунё муаррифӣ менамоянд, ба рушди тахайюлоти эҷодии кӯдакону наврасон таъсир расонида, онҳоро ба эҷодкорию созандагӣ даъват менамоянд. Баргузории идҳо, ки аз қадим ба мо мерос мондаанд, шакли махсуси ифода намудани қаноатмандии якҷояи мардум дар қонеъ гардидани талаботи моддию маънавии хеш аст. Пайдоиш, мазмун ва арзишмандии идҳоро истифодабарии арзишҳои моддию маънавӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияти меҳнатӣ ва маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоию фарҳангии ҳар як давру замон муайян мекунад. Сарвари давлатамон шахсияти фарҳангдӯстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёгон аҳаммияти хоса зоҳир менамояд. Зинданамоии намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони Истиқлол суръати хосро пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгӯи анъанаҳо ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш меёбанд. Махсусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар кулли минтақаҳои кишвар инкишоф меёбанд, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат кардани пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор мераванд. Ҷои инкор нест, ки дар давоми даҳсоли охир ҳунари чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар намуди суннат ва анъанаҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда гаштаанду дар паи рушд қарор доранд. Пешвои миллат дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз саҳнаҳои намоиши ин ҳунару анъанаҳо махсусан дидан менамояд. Бо аҳли ҳунар суҳбату пурсишҳо анҷом медиҳад. Аз асрори касбу ҳунарҳои мардумӣ воқиф мешавад ва дастуру маслиҳатҳои худро барои пешрафту нумӯи ин ҳунарҳо дареғ намедорад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии моливу маънавии Сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар ба тамошо гузошта мешаванд, ки як навъ муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад. Аз ташаббусу бунёдкориҳои Пешвои миллат аст, ки имрӯз як қатор анъанаву суннатҳои мардумӣ ва фарҳангӣ шомили Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ҳамчун мероси фарҳангӣ қабул гардиданд ва симои миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ баромад мекунанд. Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, моддию маънавӣ ва бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузоштани дастовардҳои он, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу худогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Президент, Хабарҳо

Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд. Дар намоишгоҳ гӯшаҳои намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он номгӯи зиёди молҳои корхонаҳои саноатии кишвар, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд. Дар намоишгоҳи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд. Павилиони Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад. Аснои шиносоӣ бо гушаи таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи Тоҷикистон Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд. Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар гушаи молҳои саноатӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, обҳои рангаи ташнашикан, маҳсулоти рангуборкунӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд. Мавриди зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кутоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд карда шуд. Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд. Дар намоишгоҳ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро ба маъраз гузоранд. Зимни муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд. Баъди боздид аз намоишгоҳ Сарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиби консертӣ устодони санъати тоҷик, овозхонон, мутрибон ва раққосаҳои хушхироми ансамблҳои кишвар муаррифӣ намуданд. 05.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳем. Дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид. Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ намоянд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода карда шаванд. Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш аз мавзуоти дигари суҳбат буд. Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карданд. 05.08.2025 Туркманистон

МАҚОЛАҲО

ОИД БА ТАЪРИХИ ЗУҲУРИ НАШЪАМАНДИЮ МАЙХОРАГӢ ДАР ҶОМЕА ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИ КАРДАНИ ОНҲО

Ин мақола ба  шарҳи мухтасари таърихи зуҳури нашъамандӣ ва  майхорагӣ – ду  навъи маъмултарин ва           дар тамоми кишварҳои ҷаҳон густаришёфтаи каҷрафторӣ ва хусусиятҳои хоси зуҳури онҳо дар таърихи гузаштаи халқи тоҷик бахшида шудааст. Нашъамандӣ. Нашъамандӣ аз нуқтаи назари илми тиб вобастагии равонии инсон аз маводи мухаддир ва сахттаъсири мадҳушкунанда, яъне, як навъ беморӣ мебошад, ки инсон ба он дар натиҷаи ба истеъмоли маводи нашъаовар одат кардан мубтало мешавад, то ҳадде ки бе истеъмоли маводи нашъаовар сару калобаашро аз даст дода, асабаш хароб ва ҳолаш табоҳ мешавад. Азбаски нашъамандӣ на танҳо барои ҳаёти шахси мубталои ин дард хатарнок аст, балки барои ҷомеа низ оқибатҳои зиёди манфӣ дорад, бинобар ҳамин дар фалсафаи иҷтимоӣ сотсиология, криминология ва девиантология он яке аз намудҳои каҷрафторӣ маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва адабиёти илмӣ, истеъмоли банг, афюн, тарёк, маъҷун ва маводи дигари нашъаовар дар ҳудуди Осиёи Марказӣ собиқаи хеле тўлонии таърихӣ дорад. Бангдона (каннабис[1], ба форсӣ – шоҳдона) растаниест, ки аз давраҳои қадим дар манотиқи марказии Осиё парвариш карда  мешуд. Мардуми таҳҷоии ин минтақа дар тӯли таърихи худ қариб ҳар як қисми ин растаниро барои эҳтиёҷоти худ истифода мебурд – нахҳояш барои бофтани матоъ, равғанаш барои ғизо, барг, гул ва қатронаш – ҳамчун дору ва албатта ҳамчун воситаи психотропӣ истифода мешуд. Ҳашиш, ки аз қатрони бангдона таёр карда шудааст, маводи мухаддири пурқувват маҳсуб мешавад. Истеҳсоли он дар Афғонистон танҳо дар нимаи дуюми асри XX аз доираи бозорҳои анъанавии кишвар берун баромад. Дар бораи таърихи парвариши бангдона ва тавлиди ҳашиш дар Афғонистон дар адабиёти таърихӣ ва муосир, ба таври пароканда ҳам бошад, маълумоти муфассал вуҷуд дорад. Набототшиноси рус Н. И. Вавилов дар асари худ «Пайдоиш ва ҷуғрофиёи растаниҳои парваришшаванда» қайд мекунад: «Гуфтан хело душвор аст, ки кишти бангдона кай оғоз шудааст ва дар он киҳо саҳм гузоштаанд, фақат дар асоси маълумоти мавҷуда тахмин кардан мумкин аст, ки ватани ин растанӣ (яъне бангдона) Осиё аст»[2]. Олимони набототшинос, дар асоси таҳлилу муқоисаи натиҷаи таҳқиқотҳои марбут ба таърихи пайдоиши наботот, муайян кардаанд, ки минтақаи пайдоиши бангдонаи парваришшаванда, эҳтимолан, қисмати шимолу ғарбии Ҳиндустон (Кашмир), Покистон (музофоти Панҷоб ва шимолу ғарб), тамоми Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва қисми ғарбии Тиёншон дар Чини имрӯза мебошад. Дар замони муосир ҳам канаби ваҳшӣ ва ҳам парваришшаванда тақрибан дар ҳама қитъаҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мавҷуд аст: ҳадди ақал 172 кишвари ҷаҳон канабиси худро асосан барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ парвариш ва истеҳсол мекунанд. Дар Атҳарваведа – яке аз қисматҳои Ведаҳо – китоби муқаддаси дини ҳиндуия, бҳанга (банг) ҳамчун як растании фоиданоке, ки тарсу ҳарос ва ташвишу изтиробро аз истеъмолкунанда дур мекунад, тавсиф шудааст. Ҳиндуҳо ин растаниро бо ду маъбуди асосии худ – Кришна ва Шива алоқаманд мекунанд. Яке аз номҳои Шива «Молики бҳанга» мебошад, зеро, ба эътиқоди ҳиндуҳо, маҳз Шива хосиятҳои фавқуттабии ин гиёҳро кашф кардааст. Тибқи устураҳои ҳиндуӣ, Шива бҳангро аз Ҳимолой барои хурсанду қаноатманд кардани одамон фуруд овардааст.   Дар баъзе ноҳияҳо ва деҳоти Ҳиндустон одамон бангдонаро ба мақсади дармони бемориҳои гуногун фаровон истифода мебаранд.  Чунин шуморида мешавад, ки истеъмоли меъёрноки бангдона офтобзарба, табларза, исҳоли хунин (дизентерия) ва баъзе бемориҳои дигарро аз байн мебарад, барои ҳазми хӯрок кӯмак мекунад, иштиҳоро мекушояд, нуқсонҳои нутқиро рафъ месозад, кори узвҳои ҳаракати баданро фаъол месозад.[3] Парвариш ва истифодаи бангдона ва хосиятҳои шифобахши он дар ёддоштҳо ва гузоришҳои муаррихону сайёҳони асримиёнаги Ховари Наздик ва аврупоӣ низ инъикос ёфтааст. Дар асоси маълумоти мавҷуда тасдиқ кардан мумкин аст, ки халқу қабилаҳои Осиёи Шарқӣ ва Миёна аз қадимулайём дар бораи таъсири сахти психоактивии бангдона медонистанд ва дар тӯли асрҳо аз он истифода мебурданд. Вавилов менависад, ки «ба ҳайси ҳашиш истифода бурдани бангдона аз одам ҷидду ҷахди зиёдеро талаб намекард. Ҳангоми сӯзондани пояҳо ва баргҳои бангдона одамон таъсири бузурги масткунандаи онро ҳис накарда наметавонистанд».  Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи истифодаи банг (ҳашиш) дар доираҳои сӯфиёну дарвешони узви тариқатқои ифротӣ  ба эҳтимоли зиёд, мӯътамад мебошад. Бархе сӯфиёни ифротгаро, ки тамоюли дунёбезорӣ доштанд, аксаран нисбат ба шариат ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ чандон ҳам эҳтиром нишон намедоданд ва аксаран рафторҳояшон хилофи меъёрҳои шаръӣ ва ахлоқӣ буд. Ал-Мақризӣ зикр мекунад, ки ҳадафи аслии бархе аз сӯфиён ҳангоми истифода аз банг кам кардани ё коҳиш додани хоҳишҳои шаҳвонӣ ва ба ин васила диққати худро ҳар чӣ бештар ба маърифати Ҳудо равона кардан аст. Чӣ тавре ин муаррих иттилоъ медиҳад, хусусияти мадҳушкунандагии ҳашишро аввалин бор суфии хуросонӣ Қутбиддини Ҳайдар (соли ваф. 1221) кашф кардааст ва истеъмоли онро ба аҳли ҷамоати худ иҷозат додааст. Минбаъд даровеш ва фуқарои дигар низ ин маводи мухаддирро истеъмол мекарданд[4].         Асосгузори сулолаи Муғулҳои Бузург дар Ҳиндустон –  Бобур (1483–1530), зиёфатбози маъруф ва ҷамъкунандаи навъҳои гуногуни шароб, дар асари ёддоштии худ «Бобурнома» истифодаи маъҷун, як навъ маҳсулоти қаннодӣ аз омехтаи асал, хурмо, равған, ҳанут ва афюн (ҳашиш)-ро тавсиф кардааст[5]. Сайёҳони ғарбие, ки дар асрҳои XIX ва XX ба Афғонистон сафар кардаанд, аксар вақт ба истифодаи банг ишора кардаанд. Дар «Гузориши Элфинстоун дар бораи Салтанати Кобул», ки соли 1809 нашр шудааст[6], маълумот дода мешавад, ки дар Кобул мардум бангро дар таркиби нӯшокию таомҳо зиёд истифода мебаранд.Ҳашиши Бухоро аз ҷониби истеъмолкунандагони ҳиндӣ дар ибтидои солҳои 1800 ҳамчун ҳашиши дорои сифати олӣ эътироф шуда буд. Бештари ҳашиши Бухоро ба Кобул ва Пешовар содир карда мешуд.  Дар забони гуфтугӯӣ ва адабии тоҷикӣ вожаҳои «банг»  ва «бангӣ» (нашъаманд) истеъмол мешаванд. Вожаҳои мазкур ва муродифҳои дигари тоҷикию арабии онҳо, инчунин, вожаҳои «кӯкнор», «тарёк», ки ҳамаи онҳо ифодакунандаи номи гиёҳҳо ва маводҳои махмуру мадҳушкунандаи аз кӯкнору бангдона тайёршударо ифода мекунанд, дар ашъори сӯфиёна ва умуман адабиёти классикии тоҷику форс хеле зиёд истифода шудаанд ва  ин далели дар он замонҳо дар байни табақаҳо ва қишрҳои муайяни аҳолии кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла дар байни мардуми тоҷик,  то як дараҷа вуҷуд доштани падидаи нашъамандӣ мебошад. Абдулқодири Гелонӣ, муассиси тариқати қодирия, ки дар Тоҷикистон шумораи зиёди пайравони худро дорад ва бо тахаллуси «Имоми Ғавсул-Аъзам» низ машҳур аст,       дар як ғазали худ ба ин масъала (нашъамандию шаробхорагӣ) ишора карда, муридонашро чунин насиҳат мекунад:                                          Гар шаробу банг хӯрдӣ, тавба кун, «Аллоҳ» гӯй, Ёди Ӯ кун, чун даҳонат, пуршаробу банг нест. Чуноне, ки устод Садриддин Айнӣ,

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар кори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст. Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад. Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад. Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад. Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад. Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард. Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд. Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард. 05.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар минтақаи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон мулоқоти сарори давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар мулоқот, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Сарвазири Қирғизистон баргузор гардид, як зумра масоили вобаста ба омодагӣ ба мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки тирамоҳи имсол баргузор хоҳад гашт, баррасӣ шуд. Дар охири нишаст Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Фармони Президенти Туркменистон бо ордени “Барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкорӣ” сарфароз гардонда шуд. 05.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Туркменбошӣ бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Туркменбошӣ хайра мақдам гуфта, барояшон хоҳони будубоши хуш ва боздиди пурмаҳсул шуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фурсати муносиб барои дидору гуфтугӯ бо роҳбарияти Туркманистони дӯст изҳори қаноат намуда, ба кори конфронси байналмилалии басо муҳим ба бародарони туркман барору комёбӣ хостанд. Зимнан доир ба доираи васеи масоили вобаста ба мунобатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст гуфтугӯи судбахш сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид. Ҳамчунин, доир ба як зумра мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. 04.08.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Туркманистон

4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 3-юмин Конфронси Созмони Милали Мутаҳҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок менамоянд. 04.08.2025 Туркманистон

Прокрутить вверх