Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

“МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ БАЪД МУСУЛМОН” – ИН ШИОР БО ЭЪТИҚОД ДАР ТАЗОД НЕСТ, БАЛКИ ҲАМГИРОИИ МИЛЛИЯТУ ДИН АСТ.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз миллатҳои қадимтарини олам аст. Албатта, дар давраҳои тӯлонии таърихӣ дар доираи қавму миллатҳои ориёӣ, эронӣ шинохта мешуд, аммо то имрӯз аллакай тоҷик ҳамчун миллат ва соҳиби таъриху тамаддуну ҳуввияти миллӣ комилан шакл гирифтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати тоҷик ва давлати мустақили тоҷик Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст. Аз ин рӯ, шинохти ҷанбаҳо ва хусусиятҳои миллат барои худшиносӣ ва худогоҳию мустаҳкам нигоҳ доштани унсурҳои давлатдорӣ сахт муҳим аст. Дар ин замина, қайд кардан мумкин аст, ки шиори пурифтихоре, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Ман ифтихор мекунам, ки ман аввал тоҷикам баъд мусулмон” ироа гардид, ҷанбаи худшиносӣ ва таъриху фарҳангшиносӣ дорад. Аслан, тавре қайд кардем “Тоҷик” миллат аст, аммо “Ислом” ё “Мусулмонӣ” дину эътиқод аст. Имрӯз маҳз тоҷик ҳамчун миллат шакл гирифтан ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тоҷикон шакл гирифтанаш сабаб гаштааст, ки ормонҳои эътиқодию динии шаҳрвандони кишвар озодона амалӣ карда шавад. Яъне, ҳамгироӣ миёни ин ду вуҷуд дорад, ки ҳамватанони мо бояд ин нуктаро дуруст дарк кунанд. Дар ҷомеае, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги оламгир ва мардуми тамаддунсозу тамаддундор аст, шинохти шахсияти инсон аз ду унсури асосӣ таркиб меёбад: ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъати идеологияҳои бегона, дуруст муайян кардани ҷойгоҳи ин ду арзиш ва муътадил нигаҳ доштани ин ду пояи шинохти инсон барои ҳифзи ҳастии миллат зарурати таърихӣ аст. Тавре Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, “миллате, ки гузаштаи худро намешиносад, оянда надорад!” Абдулло Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа масъалаи мазкурро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, ишора мекунад, ки мо миллате ҳастем, ки ишораи пайғамбарӣ ба сӯи миллияти мост. Ин бисёр ифтихорбахш аст. Яъне ҳадиси саҳеҳи «Агар илм ва ё имон дар сурайё бошад, мардоне аз ин қавм (яъне форсҳо) ба он мерасанд» ин ҳақро ба мо медиҳад, ки аз тоҷик-форс будани хеш ифтихорманд бошем. Имрӯз так-таки ҳамватанони мо бояд аз таърих, фарҳанг, давлатдории қадим, шаҳрсозию тамаддунофарии гузаштаи худ, ки ба 6000-7000 ҳазор сол ва ҳатто беш аз он бармегардад огоҳ бошанд. Шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо моро водор месозад, ки ба масъалаҳои миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем. Ин таҷрибаро кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишини дигари дунё кайҳо роҳандозӣ карда, миллату давлати худро аз гирдобҳои хатарнок ва аз вартаҳои нестшавӣ наҷот дода истодаанд. Намунаи гуфтаҳои боло кишварҳои Нимҷазираи Араб мебошанд, ки бо вуҷуди маҳд ва гаҳвораи дини Ислом будан, анъанаҳои миллии қабл аз исломӣ, унсурҳои фарҳангии худро эҳё намуда, рушд дода истодаанд. Онҳо пеш аз ҳама ба миллатсозию ҳуввиятсозӣ машғуланд. Чунки дарк кардаанд, ки агар миллату давлаташон аз байн равад, дигар наметавонанд ормонҳои имонию эътиқодии худро амалӣ кунанд. Дар ин баробар қавму миллат ва забонҳои гуногуни дунёро сароҳатан китоби осмонӣ – Қуръони Карим таъйид мекунад, ки фармудаи Худованди Бузург аст. Аз ҷумла, дар сураи Ҳуҷрот, ояти 13 омадааст : “Эй мардум! Мо шуморо аз як мард ва як зан офаридаем. Ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ҳамоно, бузургвортаринатон назди Худо парҳезгортаринатон аст.”. Инчунин , дар Сураи Рум, ояти 22 ишора шудааст : “Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва гуногунии забонҳо ва рангорангии шумо мебошад. Бешубҳа, барои донишварон (фарзонагон) нишонаҳое ҳаст.” Яъне, имрӯз ки забонро мо рукни асосии фарҳанг ва фарҳангро ҳастии миллат унвон мекунем Парвардигори Бузург дар ояти мазкур онро таъкид кардааст. Бо назардошти ин ишораҳои сареҳ ва таъкидҳо ҳифзи миллат, давлат ва асолати миллӣ ниҳоят зарур ва амри воҷиб арзёбӣ мешавад. Касоне, ки маросиму анъанаҳои миллиро ҳамчун чорабиниҳои ғайриисломӣ унвон мекунанд ё мутаассибоне, ки ҳаром ҳукм мекунанд, худашон аз асли дини Ислом ва мазҳаби таҳаммулпазирии Имоми Аъзам огоҳ нестанд. Чунки мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам урф мавриди эътибор аст ва лозим ба ишора аст, ки анъанаҳои миллии мо хилофи анъанаҳои дини Ислом намебошад. Қобили зикр аст, ки тоҷикон ҳанӯз то омадани дини Ислом ба Осиёи Миёна таъриху фарҳанги бой доштанд ва фарҳанги исломӣ, ки баъди асрҳои миёна ба сарзамини мо омад, ҷузъи фарҳанги ниёгони мо шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Бешубҳа, шинохти ҷойгоҳи дурусти дин дар фарҳанг ва мафкураи миллӣ метавонад ба истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлати миллӣ мусоидат карда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти суботу оромӣ ва амнияту устувории ҷомеа гардад.” Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки ифтихор намудан аз тоҷик будан, ҳеҷгоҳ ихтилоф доштан ба арзишҳои динӣ ва эътиқодӣ набуда, балки ифтихор аз соҳибмиллатӣ ва соҳибдавлатие мебошад, ки бо вуҷуди онҳо мо ба ормонҳои имонию эътиқодии худ даст меёбем. Абдусаломов Мирзошариф.

Хабарҳо

ХАТАРИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ БА ҶОМЕА

Таҳти ин унвон санаи 20.11.2025 муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Абдухалилзода К.А. дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо донишҷӯёни курси якуми факултаи тиббӣ вохӯрӣ гузаронида, суҳбат орост. Зимни суҳбат Абдухалилзода К. дар бораи моҳияти ифротгароии динӣ, шаклҳои зуҳури он дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик, сабабҳои ҷалбшавии иддае аз ҷавонон ба ҳаракату равияҳои гуногуни ифротӣ ва оқибатҳои манфури он ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои шахси ифротгарою аҳли оилаи он маълумоти васеъ ва дақиқ пешниҳод намуд. Донишҷӯён суханронии Абдухалилзода К.А. – ро бо мароқи том шунида, бо андешаҳои созанда қаноатмандии худро аз муҳтавои суханронӣ изҳор доштанд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

МАҚОЛАҲО

Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!

Парчам вобаста ба давру замон хусусиятои хоси он давронро инъикос мекунад ва аз сохти давлатдорӣ, фарҳанг ва хусуиятҳои хоси иҷтимоии он давлат шаҳодат медиҳад. Дар фарҳанг ва таърихи Пешдодиён ва Каёниён дирафш ё парчам ҷойгоҳи бисёр муқаддас дошт. Он на танҳо аломати шоҳӣ, балки рамзи қудрат, ягонӣ ва ҳимоягари мардум ҳисоб мешуд. Дар замони Пешдодиён Дирафш рамзи фарри шоҳӣ (хварна) буд ва нишонаи баракати илоҳӣ ба шумор мерафт. Дар давраҳои пешдодӣ ҳанӯз артиш созмони пурра надошт, бинобар ин, дирафш бештар рамзи ҳокимият ва ҷашнҳои динӣ буд. Ҷамшед ҳамчун бунёдгузори бисёр суннатҳои фарҳангӣ шинохта мешавад ва баъзе манобеъ истифодаи парчамро низ ба ӯ нисбат медиҳанд. Каёниён (бо шоҳигариҳои Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав ва дигарон) дар ривоятҳои эронӣ бештар бо ҷанг ва давлатдории муназзам алоқаманданд. Аз ин сабаб, дар бораи парчам дар давраи онҳо маълумот равшантар аст. Шоҳони каёнӣ дар ҷангҳо парчамҳои хос доштанд, ки ҳамчун рамзи фарри шоҳӣ ва нерӯи пирӯзӣ истифода мешуданд. Дирафши Ковиён аз ривояти Коваи оҳангар бармеояд. Ӯ пешбанди чармии кории худро ҳамчун нишони исёни миллӣ бар зидди Заҳҳок боло карда буд. Кайхусрав ё Фаридун онро бо зару ҷавоҳир зинат доданд. Ин дирафш то дер рамзи давлатдории эрониҳо буд. Дар сарчашмаҳои бостонӣ ва ривоятҳои таърихӣ зикр мегардад, ки Дирафши ковиёнӣ дорои сохти хос ва рамзияти амиқи фарҳангии ориёист. Он асосан аз матои чармӣ ё бофтаи устувор омода мегардид ва сипас бо зари холис, сим ва нақшу нигори ҳунармандони бомаҳорат оро дода мешуд. Дар рӯйи дирафш рамзҳои офтоб, ситора, моҳ ва дигар нақшҳои муқаддаси ориёӣ ҷой дода мешуданд, ки ҳар яке дорои маънии рамзӣ, аз ҷумла нур, нерӯ, барори кор ва ҳимояти хонадон ё шоҳаншоҳ маҳсуб меёфт. Гузашта аз ин, ҳар як подшоҳи ориёӣ ё сулола нишони хоси худро дар шакл ва ороиши дирафш дошт, то ки муҳофизони вазоратӣ ва сипоҳиёни мулк онро аз дигар дирафшҳо фарқ кунанд. Ба ин тарз, дирафш на танҳо як аломати ҷангӣ, балки рамзи соҳибихтиёрӣ, шукӯҳ ва ҳувияти давлатдорӣ ба шумор мерафт. Дирафш рамзи давлатдории ориёӣ буд. Он нишони ваҳдат, илоҳият, фарри шоҳӣ ва ҳимояи мардум буд. Дар ҷангҳо, корвонҳои расмӣ, ҷашнҳои давлатӣ, маросимҳои шоҳӣ мавриди истифода ќарор мегирифт. Дирафш дар давраи Пешдодиён бештар ҷанбаи динӣ ва шоҳӣ дошт ва ҳанӯз ба парчами низомӣ табдил наёфта буд. Аммо дар давраи Каёниён, махсусан бо пайдоиши Дирафши Ковиён, он ба рамзи асосии давлатдории ориёӣ, истиқлол ва қудрати ҳарбӣ табдил ёфт. Мавқеи дирафш дар давлати Ҳахоманишиён ва Сосониён хеле баланд буда, на танҳо ҳамчун рамзи низомӣ, балки ҳамчун аломати ҳувият, қудрат ва ваҳдати давлат хизмат мекард. Ҳахоманишиён яке аз аввалин давлатҳое буданд, ки ба дирафш аҳаммияти сиёсиву идеологӣ медоданд. Дирафш бештар ҳамчун нишони шоҳӣ истифода мешуд, ки ҳокимияти барҳақ ва илоҳии подшоҳро нишон медод. Дар лашкарҳои Ҳахоманишӣ дирафш яке аз муҳимтарин унсурҳо буд. Ҳар қавм ва гурӯҳи низомӣ парчами худро дошт. Парчами ягонаи шоҳӣ ҳангоми ҷанг рамзи муттаҳидкунандаи сарбозон буд ва дар даст доштани он маънои зинда будани қувваи шоҳиро дошт. Дар давраи Сосониён дирафш ба сатҳи рамзи миллию давлатӣ баланд шуд. Дирафши Ковиён машҳуртарин парчами миллӣ буд ва ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ истифода мешуд ва дар ҳамгирои миллӣ ҷойгоҳи идеологӣ дошт. Агар, ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон назар кунем, албатта, он ба яке аз муҳимтарин нишонаҳои муқаддаси миллат ва давлатдорӣ табдил шудааст. Он асоси ҳувияти миллӣ, рамзи соҳибдавлатӣ ва ифодаи ягонагии халқро таҷассум мекунад. Дар давлатдории муосири Тоҷикистон Парчам мақоми конститутсионӣ дошта, ҳамчун рамзи истиқлолият ва давомияти таърихии давлатдорӣ хизмат мекунад. Наботов М.А. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И

22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Чин яке аз шарикони калидии иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буда, дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар ин зимн ба масъалаи тавсеаи ҳамкории судманди гуногунҷанба дар доираи шарикии стратегӣ таваҷҷуҳи муносиб зоҳир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти натиҷаҳои силсилаи мулоқотҳои пурмазмун бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро дар соли равон махсус қайд намуданд. Дар навбати худ Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳор дошт, ки «Ман ба дастовардҳои нави кишвари шумо ва пойтахти шумо эътимод кардам. Рушди босуръат дар ҳама ҷо ба назар мерасад. Ҷаноби Президент, Шумо ҳамчун асосгузори давлати худ ва Пешвои миллат, бо дилу ҷонатон барои рушди кишвари худ талош менамоед. Шумо мардумро аз ҳама чиз боло гузоштаед. Мо ба консепсияи идораи давлатии Шумо бисёр арҷ мегузорем». Пуштибонии Тоҷикистон аз ташаббусҳои нави ҷаҳонии роҳбарияти олии Чин, аз ҷумла “Идораи глобалӣ” таъкид карда шуд. Ҷонибҳо аз фаъолияти босамари абзорҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Гуфта шуд, ки дар даҳ моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зиёда аз ду миллиард долларро ташкил дод. Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо имрӯз соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, инчунин энергетика ва кишоварзиро фаро мегиранд. Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ҷалби технологияҳои “сабз” изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон, ҳавасмандии Тоҷикистон барои афзоиши номгӯй ва ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин иброз гардид. Ҳамкории муштараки кишварҳо дар соҳаи амният аз мавзуъҳои алоҳидаи суҳбат буд. Дар ин зимн ба масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, ҷинояткории киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ пайвастагии рушди робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаро қайд карданд. Ба Ҳукумати Чин барои ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба донишҷӯёни тоҷик изҳори сипос карда шуда, ҳавасмандии Тоҷикистон ба афзоиши шумораи квотаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин дар ихтисосҳои талаботаш дар кишвари зиёд, таъкид гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.Ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар сиғаи Осиёи Марказӣ-Чин баррасӣ шуданд. Пешвои миллат ба ҷониби Чин барои дастгирии таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори сипос намуданд. 22.11.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Абдурауфи Фитрат “Қиёмат”

Абдурауф Фитрат (с.т. 1886, Бухоро – с.в.1937, Тошканд), нависанда ва олими шинохта буда, фаъолияти ӯ яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи навинро ташкил медиҳад. Ҳарчанд Фитрат дар замони бисёр душвори барои адибону нависандагони он замонаи Бухоро умр ба сар бурдааст, вале, боз ҳам тавонистааст масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ-сиёсии он давраро ба риштаи танқид кашад. АБДУРАУФ ФИТРАТ ҚИЁМАТ Дӯсти ман лақаби «Почомир»-ро аз кӯкнорхона гирифтааст. Азбаски вай одами ҳушёр, ҳозирҷавоб ва гапзан буд, аҳли кӯкнорхона ба ӯ меҳрубон шуда, ин лақабро ба ӯ муносиб диданд. Номи худаш Рӯзиқул аст. Ин Рӯзиқул ба яке аз хасистарини бойҳои Бухоро, ки Аҳмадбой ном дошт, хизматгор буд. Бо вуҷуди зиракӣ ва ҳушёрӣ ба дин ва диндорӣ эътиқоди тамом дошт. Хасис ва фиребгар будани хӯҷаинашро Рӯзиқул хуб медонист. Лекин бисёр намоз хондан, тиловати Қуръон кардан ва ҳар вақт аз охират ва ҷаннат сӯҳбат намудани ӯро нағз медид. Аҳмадбой гоҳо рӯй ба қибла меистод, дастҳояшро мебардошт, “дар ҳаққи ҷумла бандаи мӯъмин”, ба қатораш дар ҳаққи Рӯзиқул ҳам дуо мекард ва “давлати охират” металабид. Ин кори ӯ ба Рӯзиқул хуш меомад ва: «Хайр, ҳақ надиҳад ҳам, дуояш ғанимат аст” гуфта мемонд. Бо ин ҳама, баъзан бо роҳи бадиҳагӯй ва ҳозирҷавобӣ хӯҷаини хасиси худро чунон хафа мекард, ки… Чунончи, рӯзе аз куҷо як каллаи арзон ёфта, шӯрбо пухта буданд. Хӯҷаин шӯрборо хӯрда, каллаашро барои пагоҳ нигоҳ дошта буд. Ба Рӯзиқул, гӯштро он сӯ гузоред, аз шӯрбои он ҳам як қатра надоданд. Шаб, ки бой ба хоб рафт, Рӯзиқул калларо гирифт. Майнаашро кофта нӯши ҷон кард. Боз ҳамон тавре буд, печонида ба ҷояш монд. Бой саҳар калларо аз тоқча гирифта, гӯштҳои вайро пора кард, ҳамин ки навбат ба майнаи он расид, фарёд баровард: – Рӯзиқул, ҳой Рӯзиқул! – Ҳа, лаббай! – Ба ман нигоҳ кун, ба ин сар кӣ даст зад?! – Ба кадом сар? – Ана, ба сари ин гӯсфанд. – Бегоҳ худатон даст зада будед-ку! – Аҳмақ, гапро гирифта нагурез! Майнаи инро ту хӯрдӣ-мӣ? – He! – Кӣ хӯрдааст? – Ман чӣ донам. Аслан, бемайна будагист… – Ин чӣ гап! Сари бемайна ҳам ҳаст-мӣ? – Агар ин сар майна медошт, дар ин хона ҳаргиз намеистод. Аҳмадбой аз ин ҷавоб хиҷил шуд, хун ба сараш давид, нафасашро гирифт ва чизе нагуфт… Рӯзиқули диндор аз хӯҷаини қуръонхони худ фақат ба воситаи ҳамин гуна суханҳои тез интиқом мегирифт ва ба ҳамин қадарҳо қаноат мекард… Рӯзиқул бисёртарин умри худро дар хизматҳои сиёҳи ҳамин Аҳмадбой гузаронид, пир ҳам шуд. Дар як зимистони бисёр сахт барои барфтозакунӣ ба бом баромада буд. Якбора ғалтида, пояш шикаст. Як-ду нафар аз хидматгорони бойҳое, ки ҳамсоя буданд, омада нигоҳубин карда истоданд, доруҳо доданд. Рӯзиқул сиҳат ёфта аз ҷой бархост. Лекин як пояш бекор шуда буд. Рӯзиқул, ки дар болои пирӣ пояш ҳам шикастааст, баъд аз ин ба Аҳмадбой ҳеч даркорӣ надошт. Аҳмадбой, ки ҳар вакт гирён-нолон Қуръон мехонд ва даст ба дуо бармедошт ва бо ин ҳилаҳо худашро ба мардум меҳрубон ва раҳмдил нишон дода тавониста буд, ин дафъа чеҳраи ҳақиқии худро кушод ва чашм ба чашми як хизматгори ихлосманд, муфткори биступанҷ сол хизматкардаи худ духта, бо камоли бешармӣ: – Ту аз ин ҳавлӣ рав! гуфт. Рӯзиқул аз оҳанги бераҳми ин ҷумлаи бешарм рӯҳи нопоки Аҳмадбойро хонда тавонист, аммо ҳеҷ чизе нагуфту ҷомаашро ба китфи худ партофта, бо камоли ғазаб ва асабият баромад. Ҷояш нест, ҳеҷ касаш нест. Куҷо равад? Чӣ кунад? Гадоӣ? – Намехоҳад. Боз ба хидмати ягон бой дарояд, намегиранд. Рӯзиқул хеле фикр кард, фикр карду ночор ба яке аз кӯкнорхонаҳои маълуми Бухоро омад. Он вақтҳо барои касоне, ки монанди Рӯзиқул бошанд, ягона сарпаноҳ ҳамин ҷой буд. Рӯзиқул ба як вазъияти андешанок даст ба дар расонида, онро ним кушоду сарашро хам намуда, ба ҳар ҷониби ин хонаи зиндамурдагон нигоҳ кард: буғи самовор дар ҷӯш буд, дуди чилимҳои пай дар пай ва бӯи талхи кӯкнор, ки дар ҳар шикастаи сафолӣ, бо ҷунбиши танбалонаи дастҳои бехун, фишор меёфт, дар ин чордевори паст як ҳавои заҳрноке ҳосил карда буд. Ҳамин, ки Рӯзиқул дарро нимкушо кард, як-ду овози хоболуд шунида шуд: – Биёед, бародар, биёед. Ҳой Ҷумъатағо, ба меҳмон ҳам як чои талх дам карда биёред. Баъд аз чунин меҳмоннавозии гарм, ғайр аз даромадан дигар чорае нест. Рӯзиқул даромад. Чой оварданд. Камтар кӯкнор такдим намуданд. Ин муҳити хушчақчақ ва беқайд ба Рӯзиқул, ки аз дунё димоғаш сӯхта буд, хеле хуш омад ва зуд бо аҳли кӯкнорхона омӯхта шуд. Худаш хам, ки хеле хушгап ва ҳозирҷавоб аст, ҳурмат ва диққати аҳли кӯкнорхонаро ба худ кашида тавонист. Лақаби «Почомирӣ» ҳам аз ҳамин таърих ба ӯ дода шуда буд. Почомир тамоми рӯз дар кӯкнорхона нишаста, дар зери нашъаи заҳрноки кӯкнор, дандонхалол метарошид ва ба бозор бароварда мефурӯхт, пулашро ба нон, чой ва кӯкнори ҳаррӯза медод. Аҳли кӯкнорхона аз мобайни худхошон қиссахон низ пайдо кардаанд. Ҳар рӯз, баъд аз нушидани кӯкнор, қиссахонӣ сар мешавад. Гоҳо аз ҷангномаҳои Рустам ва Абӯ-Муслим ва гоҳо аз афсонаҳои «Меъроҷнома» мехонанд. Баъзе ҷойҳои аҷиби ҷангномаҳо, масалан: дар майдон даромадани Рустам ва Абӯ-Муслим, бардоштани амуди гарони понсадмани ва гард-гард кардани душманон тамоми кӯкнорхонаро дар ларза меоварад. Тамоми кӯкнориён, дар қатори онҳо албатта, Почомир ҳам, яковоз шуда – «э, зан ҷонашба», гуфта фарёд мекарданд. Аммо афсонаи «Меъроҷнома» бештар ба суол ва ҷавобҳои хандаомез ва хушчақчақҳо сабаб мешуд. Почомир, агарчӣ аввалҳо ба ин суол ва ҷавобҳо тарсида гӯш медод, лекин баъдҳо нотарстар ва далеронатар иштирок кард. Зотан, баъд аз ҳамон зарбаи беинсофӣ, ки аз Аҳмадбой диндори куръонхон хурда буд, имони Почомир хеле суст шуда буд. Як рӯз дар кӯкнорхона рӯзи палав буд. Палавро хӯрданд, кӯкнорро нушиданд, чойҳоро дам карданд. Ҳар кас руймолчаи чиркини сиёҳи худро кушод ва ба тарошидани чубпораҳо машғул шуд. Қиссахон Меъроҷномаашро кушод. Гап дар болои таърифи ҷаннат мерафт: «Ба ҳар кас аз» «Ҳур» ном духтарҳо 75 ҳазор… аз «Ғилмон» ном бачаҳо 75 ҳазор… ҷӯйҳои асал ва шароб ва шир… Дар замини ҳар ҷӯй, ба ҷои лой ва санг – тилло ва ҷавоҳир…» Ҷумъатағо, ки онҳоро мешунид, дар пеши самовор истода гуфт: – Ҳай баракалло… Ҳамин қадар давлат-ку будааст, то онҳоро дар таҳти ҷӯйҳо партофта исроф кардана, ба мо фиристонанд намешавад! – Эҳтимол, ки роҳ дурӣ карда бошад. – Хотирҷамъ, агар роҳ наздик ҳам мешуд, на ба моён, балки ба Аҳмадбойҳо

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди вилоят 12 ҳазору 66 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст, ки ин 100,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб, ба мардум ва соҳибкорони бонангу номуси вилоят барои заҳмати ватандӯстона изҳори сипос намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи 92 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 19 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо 2,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст. Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои зикргардида асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, рушди соҳаи энергетика, таҳкими соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ ва ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути бунёди долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ равона шудааст. Зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли равон таъкид гардид, ки ҳарчанд дар вилоят дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 106 фоиз иҷро гардидааст, аммо бақияи қарзи андоз тамоюли афзоиш дорад, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд. Сарвари давлат дар робита ба вазъи соҳаи саноат дар вилоят ба масъулин супориш доданд, ки барои ҷалби бештари сармоя, рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Аз натиҷаи машварати кории Роҳбари давлат, ки 25 апрели соли равон вобаста ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика баргузор гардида буд, ёдовар шуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд. Баҳри иҷрои пурра ва самараноки барномаҳои давлатии бахши кишоварзӣ роҳбарони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили зироатҳои тирамоҳӣ, бахусус, пахта, инчунин, пешгирӣ намудани талафот дар соҳаи парандапарварию занбӯриасалпарварӣ чораҷӯйӣ намоянд. Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, доир ба омодасозии заминҳои кишт, мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дода шуд. Зимни таҳлили вазъи соҳаи маориф Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар баробари бунёди даҳҳо иншооти соҳаи маориф, дар ҳудуди вилояти Суғд биноҳои 54 муассисаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 32 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Инчунин, дар 4 муассисаи таълимӣ хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд. Масъулини сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки доир ба бартарафсозии мушкилоти зикршуда ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳа чораҳои мушаххас андешанд. Дар вилояти Суғд 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии беш аз 10 ҳазор хонанда ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 23 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вале заминаҳои моддиву техникии ин муассисаҳо, бахусус, озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти таълимию истеҳсолии онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо менамояд. Раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки барои таъмиру таҷдиди муассисаҳои мазкур тадбирҳои амалӣ андешида, барои касбомӯзии шаҳрвандон шароити мусоиди таълимию истеҳсолӣ муҳайё созанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ дастур доданд, ки бо истифода аз неъматҳои бебаҳои табиат, бахусус ҳазорҳо намуди растаниҳои шифобахш, аз ҷумла растаниҳои доруворӣ барои ташкили корхонаҳои дорусозӣ бо истифодаи технологияву стандартҳои муосир чораҳои мушаххас андешанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва интизоми хизматиро муҳокима намуда, таъкид доштанд, ки дар вилоят чандон қонеъкунанда нест. Ҳолатҳои зиёди талафоти беасоси қувваи барқ, напардохтан ё азонихудкунии маблағи истифодаи он ва зиёд гардидани қарздории истифодаи қувваи барқ аз масъалаҳои ташвишовар дар ин соҳа номида шуд. Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарону фаъолони вилоятро ба масъалаи истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем то ба хотири таҳкими минбаъдаи мавқеи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш талош намоем ва заҳмат кашем. Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Суғд оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисобот доданд. 19.11.2025 шаҳри Гулистон

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд аз се ошёна иборат буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва қабули шаҳрвандон мебошад. Дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст. Ин иншооти навбунёд дар доираи корҳои созандагӣ  ба  истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, туҳфаи арзишманд барои кормандон арзёбӣ мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалби аъзои фаъоли ҳизб — соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд гардидааст. Тибқи иттилои масъулин, ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11384 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 73 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад. Қомат афрохтани бино ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидаанд. Ҳамзамон, дар арафаи  31 солагии таъсисёбии ҲХДТ ба сохторҳои маҳалии ҲХДТ дар 18 шаҳру ноҳияҳои кишвар мошинҳои хизматӣ тақдим карда шуд. 19.11.2025 ноҳияи Ҷаббор Расулов

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд. Иншооти нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ёфта, дар муддати муайян бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои меъмории миллӣ анҷом дода шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави шуъбаи маориф аз 34 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Дар ошёнаи сеюми бино маҷлисгоҳ барои 100 нафар бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд буда, минбаъд баргузор намудани вохӯрӣ, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ дар он имконпазир хоҳад буд. Дар иншооти нав, ҳамчунин китобхона, бойгонӣ ва як қатор ҳуҷраҳои  ёрирасон дигар низ ҷойгир карда шудааст. Баробари ба истифода супоридани бинои шуъбаи маориф барои кормандони соҳа шароити муносибу замонавии корӣ фароҳам оварда шуд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 43 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 31 ҳазору 772 хонанда амал мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати боло бурдани сатҳи таълим, истифодаи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд. Иттилоъ дода шуд, ки 80 дарсади омӯзгорони ноҳияи Ҷаббор Расуловро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 16 хатмкунандаи ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар қабул шудаанд, ки 8 касашон духтарон мебошанд. Дар панҷ соли охир 40 духтари ноҳия бо истифода аз квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил  шудаанд. 19.11.2025 ноҳияи Ҷаббор Расулов

МАҚОЛАҲО

ТАРҒИБИ САЛАФИГАРОӢ : ВАЗЪ ВА ПАЁМАДҲО

Пешрафти улуми дақиқ ва дастрасӣ ба технологияи муосир муносибат, пайванди итиилоотии ҷомеаи гуногунвазъро имконпазир гардонида, барои рушди иқтисодӣ – иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ шаклҳои нави муносибатҳоро тарҳрезӣ намуда истодааст, ки шояд на ҳамаи он ба манфиати ҷомеа ё давлат бошад. Хусусан дастрасӣ ба воситаҳои иттилоотӣ дар замони ҳозирро метавон яке аз дастовардҳои беҳтарини инсоният дар тўли таърих шумурд. Воқеан ҳам чунин аст. Вале истифодаи васоити иттилоотӣ хусусан воситаи шабакаи иҷтимоии «Интернет» вобаста ба манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, динию- идеологӣ шаклу усулҳои хосро касб карда, дар баъзе мавридҳо чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ин шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз барои ҳамин тарғиботи ғояҳои муноқишаву ҷангҳо сохта шудаанд. Вале дар асл вазифаи ҳама гуна дастоварди илмӣ, пеш аз ҳама, беҳдошти ҳаёти инсоният, роҳнамоӣ барои зиндагии шоиста, тавони истеҳсоли сунъӣ ва истифодаи дурусти он, ҳифзи саломатии инсон ва бунёди ҷомеаи инсонпарварона мебошад. Айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи тамоми улуму ахбороти дунё маълумот пайдо кардан мумкин аст. Мақсад аз баёни андеша дар нишон додани шаклу усули тарғиби андешаҳои тундагароёна ва салафигароӣ мебошад. Аз таҳлилу таҳқиқи маводи шабакаҳо бармеояд, ки 70% маводи дорои мазмуну моҳияти динидошта, ки дар шабакаҳо ва сомоноҳо давр мезананд, бевосита ба таълимоти ҷараёнҳои сиёсӣ-идеологӣ ва ҷунбишҳои бунёдгароёни динӣ – салафигароӣ мансубанд. Хусусан маводи дорои мазмуни салафигароӣ хеле зиёд аст. Чаро? Идеологияи салафӣ бар пояи изҳороте асос ёфтааст, ки ҳадафи наҷот додани исломро дорад. Чаро? Аз диди инҳо ҷаҳони ислом бо кулли мусулмонон аз роҳи рости дин дур шуданаанд ва ба бўҳрон афтодаанд. Роҳи ягонаи наҷоти ҷомеаи мусулмонӣ ин “ба шакли эътиқод, тафаккур ва бунёди низоми давраи ибтидоии ислом баргаштан, то барқарор кардани шукӯҳ ва шаҳомати уммат имконпазир гардад”. Аз ин дидгоҳ лоиҳаи салафӣ бо таъкид ба барқарор кардани гузаштаи уммат ҷолиб аст. Қобили зикр аст, ки рӯҳияи инқилобӣ ва самти бунёдгароии он яке аз муҳимтарин фарқиятҳо байни низоми динӣ ва дигар намудҳои низоми сиёсӣ, монархия, режимҳои консервативии авторитарӣ мебошад. Ба гуфтаи муҳаққиқи рус А. Малашенко, “Салафияи имрӯза вазифаи ҷубронкунандаи возеҳ муайяншуда дорад: даъвати он барои бозгашт ба “асри тиллоӣ” эътирофи нокомиҳои рушди ҷаҳони мусулмонон ва ҷустуҷӯи роҳнамоиҳои нав (аммо “кӯҳна”) мебошад. Аммо дар паси андешаҳои наҷоти уммат ва ислом ҳадафҳои сиёсии қудратҳо нуҳуфтаанд, ки мо таҷрибаи амалии ин идеологияро дар Қафқоз дидем”. Аксарияти мубаллиғони салафигароӣ даъво бар он доранд, ки онҳо “исломи ноб” доранд ва мехоҳанд онро паҳн кунанд. Агар аз назари мафҳумҳои қуръонӣ ҳам нигоҳ кунем, мафҳум бо номи “исломи ноб” ҳамчун мафҳуми муаррификунандаи покӣ ва ҳақиқати ислом вуҷуд надорад. Савол, ба миён меояд, пас чаро чунин мафҳум ба таври сунъӣ сохташудааст? Ин мафҳум барои он сохта шудааст, ки ҷойгузини мафҳумҳои дигари аслии дин гардад. Барои ҳамагон маълум аст, ки мафҳумҳои қуръонӣ, ба мисли парҳезгорӣ, тақво, ҳақиқат, имон, рост гуфтан, ки дар Қуръон 9- 109; 5-2 -8; 4-1; 49-13; 9-119 сареҳан такрор ба такрор таъкид шудаанд, дурустанд, вале то чӣ андоза дуруст шарҳу тафсир мешаванд ва истифодаи онҳо дар миёни уммат дар кадом сатҳ қарор дорад, инро танҳо мубаллиғони салафигаро муайян карда метавонанд. Баҳс дар бораи он аст, ки мардум намоз мехонанд, вале дуруст будани намоз ва ё гирифтани аҷру савоби онро инҳо муайян мекунанд. Чун дар таълимоти ақидаи ҳамаи ҷараёнҳои сиёсӣ-динӣ ба мафҳумҳои қуръонӣ, ки принсипи муносибатҳоро дар миёни инсоният, миёни пайравони ин дин ва миёни имондорон ва Худо танзим мекунанд, аслан диққат дода намешавад ва таълимоти салафия низ аз ҳамин гурўҳҳо мебошад. Чаро? Агар меъёрҳои диниро асос қарор диҳанд, “ҳақиқати исломи ноб” ботил мешавад ва рафъи мушкилоти уммати исломӣ на ба ғояи “бозгашт ба давраи гузашта ва тақлид”, балки такя бар таъкиди Қуръон ба ду мафҳуми меҳварии он “ақл” ва “илм” асос қарор мегиранд. Зеро дар Қуръони Карим танҳо калимаҳое, ки ба ақл алоқаманданд, 49 маротиба таъкид шуда бошанд, инчунин бо калимаҳои “андеша” 18 маротиба, “тадбир” 4 маротиба ва калимаи “улул-ал-боб” 16 маротиба такрор шудааст. Худованди Мутаол борҳо ба соҳибони ҳикмат хитоб кардааст, ки ин ишораҳо нишон медиҳанд, ки ақл дар Қуръон мақоми баланд дорад. «Ақл қудратест, ки бо он некӣ ва адолати моддӣ ва маънавӣ шинохта мешавад ва ақл пурқувваттарин воситаи ба даст овардани хушбахтӣ ва расидан ба камол аст, ба тавре ки бидуни он ҳеҷ зоҳидӣ нахоҳад дошт». Паёмбари гиромӣ (с) фармуданд: «Худои Мутаол чизеро беҳтар аз ҳикмат дар байни бандагонаш тақсим накардааст”. Намунаи таъкиди Қуръон барои мақом ва мартабаи ақл дар сураҳои 2-242 «Худо оятҳои Худро барои шумо чунин баён мекунад, то шумо тафаккур кунед»; 3-190 «Дар офариниши осмонҳо ва замин ва иваз шудани шабу рӯз, барои соҳибони хирад нишонаҳо вуҷуд дорад ва ҷуз онҳое, ки хирад доранд, касе панд намегирад». Вожаи «ақл» ва калимаҳои ҳаммаънои он дар Қуръон борҳо ба кор рафтаанд ва Худованди мутаъол дар оятҳои сураи Бақара, Оли Имрон, Анъом, Аъроф, Юнус, Ҳуд, Юсуф, Анбиё, Мӯъмин, Нур, Шуъаро, Қасас, Анкабут, Моида, Анфол, Раъд, Наҳл, Ҳаҷ, Фурқон, Рум, Зумар, Ҷосия, Ҳуҷурот , Ҳашр ва ғайра аз онҳо ёд кардааст. Аз нигоҳи Қуръон, ростқавлии ваҳй бо ақли солим дарк карда мешавад. Нишонаҳои камолоти ақл инҳоянд: Паёмбар (с) фармуданд: «Оқилтарини мардум касоне ҳастанд, ки бо мардум сабрпазиртаранд»; (Ғурр-ул-Ҳакам, 199, саҳ. 277). Дар Қуръони Карим инчунин мафҳуми “илм”, “дониш” ва калимаҳои дигари ҳамаъно ба онҳо тақрибан 775 маротиба истифода шудааст. Аз ин шумора, 161 маротиба сифатҳои “дониш” нисбат ба зоти муқаддаси Худо истифода шудаанд ва боқимондааш ба инсоният ва хусусан ба онҳое, ки имон овардаанд, дахл дорад. Пас аз Қуръон бармеояд, ки пояи бақои инсон ва имон ба ду омили асосӣ “ақл” ва “илм” вобаста будааст. Аммо барои таълимоти ҳаракатҳои бунёдгароӣ ин мафҳумҳои меҳварӣ дуввумдараҷа буда, таъсиси низоми теократӣ ва итоат аз он дар ҷои аввал меистанд. Дар чунин ҳолат, яъне тафовут миёни арзишҳо заминаи муноқишаҳои динӣ хоҳад буд. Зеро аксарияти пайравони дин агар худро мусулмон маҳсуб донанд, аз нигоҳи таълимоти гурўҳҳои сиёсӣ-динӣ мусулмонии онҳо зери суол қарор мегирад. Меъёрҳои мусулмониро инҳо дар тарозуи худсохтаашон муайян мекунанд. Ин таҷрибаи нав набуда, аз рўзи аввали ибтидои ислом вуҷуд дошт. Дар айни замон пайравони аксарияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротӣ танҳо худро дар майдони дин мусулмон мебинанд ва амалҳои диниро мувофиқи таълимоти худашон анҷом медиҳанд. Сарчашмаи ғоявии онҳо андешаҳои Ибни Таймия мебошанд. Аз нигоҳи Ибни Таймия ва пайравонаш қариб касе аз мусулмон намонд, ки кофир ва мушрик эълон нашуда

Хабарҳо

СЕМИНАРИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

Санаи 17 – уми ноябри соли 2025 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор семинари илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар семинар роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд. Тоҷиддин Ғуломов – доктори илмҳои таърих, мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Парчам ва моҳияти таърихии он” маърӯзаи илмӣ намуд. Лозим ба зикр аст, ки вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақшгардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирўманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад». Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таърих фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун ливои озодӣ дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳур буд ва то ҳол ин аҳамиятро доро мебошад. Дар фарҷом байни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифт. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Прокрутить вверх