Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Кӯмак ба осебдида – қарзи динии ҳар мусулмон

Таърихи рушди ҷомеаи башарӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар гоҳе фарде ё қисмате аз ҷомеаро мусибате фаро гирифта бошад, ҷомеа тавонистааст ба зудӣ оқибати он мусибатро бартараф намуда, ба осебдида дар идомаи зиндагӣ кӯмаки муҳими ҳам моддию ҳам маънавӣ расонидааст. Намунаи равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи заминларзаи Тошкант дар соли 1966 мебошад. Тошканти харобгардидаро мардуми собиқ шуравӣ новобаста аз мансубияти миллию динияш тавонист дар муддати сею нимсол аз нав боз ҳам зеботару васеътар барқарор намояд. Дар робита ба ин сиришти созандаю инсонпарваронаи насли башарӣ шоири бузурги форсу тоҷик Шайх Саъдӣ барҳақ таъкид намуда буд: Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Бо таассуфи зиёд бояд қайд намуд, ки заминларзаи мудҳише, ки дар миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар минтақаи Рашт рух дод, тамоми аҳли ҷомеаи моро ғамгин гардонид. Аҳли ҷомеа бо ҳар роҳу восита ҳамдилию ҳамдардии худро ба мардуми зарардида иброз доштанд. Аммо хеле зарур аст, ки ба мардуми осебдида ғайр аз дастгирии маънавӣ боз кӯмаки моддӣ низ расонида шавад. Хушбахтона, мардуми мо, ки ҳамагӣ мусулмонанд ва аз таълимоти ахлоқии дини ислом ба хубӣ огоҳ ҳастанд, қарзи динии худро дарк намуда, дар баробари дастгириҳои моддию маънавии ҳукумат аз ҷониби худ низ дарҳол ба кӯмаки ниёзмандон шитофтанд. Зеро кӯмак ба ниёзмандон дар таълимоти дини ислом мақоми хеле баланд дошта, ҳам дар аҳодис ва ҳам оятҳои қуръонӣ такрор ба такрор зикр шудааст. Дар ҳадиси саҳеҳ, ки ҳам аз номи Бухорӣ ва ҳам Муслим ривоят мешавад, гуфта мешавад, ки «Ҳеҷ яке аз шумо имон надоред, вақте шумо сер бошеду ҳамсояатон гурусна». Дар робита ба фармудаи ҳадиси мазкур бояд зикр намуд, ки шахси хонаю манзилаш осебдида моҳиятан аз гушнаҳо ҳам бояд гушнатар бошад, зеро эҳтимол аст, ки аз гулӯи чунин шахси осебдида чизе гузарад. Сониян, агар ба мазмуни ҳадис таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки пайғамбари ислом дастгирии ҳамсояро шарти имон ҳисобидааст. Яъне, пайғамбар ба аркони имон даст накофта, кӯмак ба шахси гуруснаро шарти зуҳури имон ҳисобидааст, ки албатта, аз ҷанбаи хеле инсонпарваронаи таълимоти пайғамбар шаҳодат медиҳад. Агар матлабро ба дигар навъ баён намоем, чунин натиҷагирӣ хоҳем намуд, ки агар бандаи мусуломон намозу рӯзаю ҳаҷро адо намояду ба ҳамсояи гуруснаю ниёзмандаш кӯмак нанамояд, ин ибодатҳои ӯ беарзиш хоҳанд гардид. Пас, кӯмак ба ҳамсояи гуруснаю ниёзманд шарти қабули ибодатҳои динӣ мебошад. Дар робита ба мақоми баланди ҳамсоя ҳамчунон месазад, ки ҳадиси саҳеҳи дигарро низ, ки ҳам аз Бухорӣ ва ҳам Муслим ривоят шудаанд, ёдовар шавем. Оиша нақл мекунад, ки ба Пайғамбар Ҷабраил нозил шуд ва ӯро дар бораи ҳамсоя он қадар насиҳат намуд, ки гумон кардам ҳамсояро меросхӯр таъин менамояд. То ба ин сатҳ мақоми баланд доштани ҳамсоя дар таълимоти ислом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фарзанди одамӣ бояд тамоми мушкилоти зиндагиро дастаҷамъона пасисар намуда, дар хурсандиҳои ҳамдигар шарик бошад. Дар робита ба кӯмаки ҳамдигарӣ сухан ронда ҳатман бояд аз мундариҷаи ояти 36 аз сураи «Нисо» низ бояд ёдовар шуд. Дар ояти мазкур баъд аз талаби ибодат накӯкорӣ намудан дар ҳаққи падару модар, хешовандон, ятимон, мискинон, ҳамсояҳои наздику бегона ва ҳамнишини наздику мусофир амр карда мешавад. Мазмуни оят моҳиятан ба он нукта ишорат менамояд, ки дар ҳолати даст додани имконият ҳар фард бояд ба ҳар шахси ниёзманд бидуни истисно кӯмак намояд. Зеро оят баъд аз падару модар хешовандонро бо ҳамсояҳои наздику бегона ҳамчун объекти кӯмак таъкид намудааст, ки он моҳиятан фарогир буда, тамоми аҳли ҷомеаи ниёзмандро дар назар дорад. Дар робита ба ҷанбаи инсонпарваронаи таълимоти дини ислом сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки дар як қатор сураҳои Қуръон имон овардан бо амали солеҳ, ки ифодаи олии инсонпарварист, якҷоя зикр шудааст. Дар ояте (Каҳф, 18:110) амали солеҳ ҳатто пеш аз имон таъкид мешавад, ки бешак аз мақоми баланди некуию накӯкорӣ дарак медиҳад. Бо боварии том метавон гуфт, ки ҳадису оятҳои инсонпарваронаи мазкурро мардуми шарифи кишвар ба роҳбарӣ гирифта, мушкилоти осебдидагонро дар муддати кӯтоҳ бартараф менамояд. Акс аз сомонаи боз. Абдухалилзода К.А. Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Хабарҳо

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1155 солагии олим, мутафаккири бузурги тоҷик таҳти унвони «Абумансури Мотуридӣ” баргузор менамояд. Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд: • Зарурат ва аҳамияти ҷашн гирифтани 1155 солагии мутафаккири (олими) бузурги тоҷик Абумансури Мотуридӣ; • Абумансури Мотуридӣ бунёдгузори мактаби каломи Мовароуннаҳр; • Нақши каломи Мотуридӣ дар ҳифзи арзишҳою манфиатҳои миллӣ; • Масоили дунявият дар таълимоти Мотуридӣ; • Мотуридӣ пайвандгари дустии халқҳои Мовароуннаҳр; • Нақши Мотуридӣ дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ; • Ақлгароӣ дар таълимоти Мотуридӣ; • Мотуридия ва усулҳои илмии худошиносӣ; • Назари Мотуридия ба фалсафаи Юнону Рими Қадим; • Нақши Мотуридӣ дар рушди фарҳангу тамадуни исломӣ; • Таълимоти Мотуридӣ дар муқобили ҳама гуна зуҳуротҳои террористӣ, ифротӣ ва хурофотии динӣ; • Мотуридия ва илми ҳуқуқ • Мотуридия ва ахлоқи башарӣ Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд: ҳуруфи шакли Times New Roman (русӣ), Times New Roman Тj (тоҷикӣ) бо андозаи-14; сатри якум – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН; сатри дуюм – насаби муаллиф ҳарфи аввали ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят; сатри сеюм – матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа; ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 9 саҳифа зиёд бошад; рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад; ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд. Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 15 майи соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад. Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ арабӣ ва англисӣ. Суроғаи мо: 992372 ш. Душанбе, кўчаи Шодмонї, 58/1, почтаи электронӣ, E-mail: jalolozodas@mail.ru Шахси масъул барои гирд овардани мавод – Ҷалолов Суҳроб тел: 224 09 96, 902326662 ватсап ва телеграм; 935817886

МАҚОЛАҲО

Давлати дунявӣ ва масъалаҳои муносибати он ба дин

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба озодии виҷдон кафолат медиҳад, ки бо хусусияти дунявӣ доштани давлат алоқаманд аст. Дар Конститутсия равшану возеҳ омадааст, ки «ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ҳеч як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлати эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд» (моддаи 8-и Конститутсия). Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал карданро ифода менамояд. Аммо ҷудо эълон кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад. Диндорон аз ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа дур карда намешаванд. Ҳама шаҳрвандон сарфи назар аз эътиқоди динӣ баробарҳуқуқ буда, Конститутсия ба онҳо ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат медиҳад. Дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (моддаи 26-и Конститутсия). Масъалаи таносуби дин ва давлати дунявӣ дар низоми сиёсии ҷомеаи мусулмонии муосир, ки таваҷҷўҳ ба дин зиёд буда, дин ҷузъи ҷудонашавандаи равандҳо ва сиёсатҳои минтақавӣ мебошад, яке аз мавзўъҳои басо муҳим, вале мураккабу баҳснок ба ҳисоб меравад. Доир ба муколамаи дину давлати дунявӣ, таносуби онҳо, баъзе ҷанбаҳои ҳамкории дину давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқотҳои илмӣ, гузоришҳои коршиносон мунтазам оммавӣ мегарданд. Дар онҳо роҳҳои устувор кардани боварӣ дар байни намояндагони ҷаҳонбинии динӣ ва арзишҳои дунявӣ ва диалектикаи онҳо дар даврони бунёди давлати миллӣ нишон дода шудааст. Гарчанде таҳқиқотҳо ва баррасиҳои файласуфон, олимон ва рӯҳониён оиди ин масъала зиёд ҳастанд, вале ҷанбаҳои баҳснок вуҷуд доанд ва бояд мавриди назар бошанд. Дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, ҳудуди миллӣ ва минтақавӣ- ҷуғрофӣ надорад. Дар тўли таърих дар минтақаҳои гуногун ҳар кадом халқу миллати соҳибдавлат аз он мувофиқи хусусиятҳои миллӣ- мадании худ истифода кардаанд. Аз ин рў, ҳангоми ҳамчун сифати давлат қабул кардани дунявият ва онро бидуни ягон тарҳрезӣ, дар шакли ғарбӣ татбиқ намудан нодуруст буда, ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои миллию динии ҳар минтақа яке аз шартҳои муҳими ҳифзи дунявият ва рушди ҷомеаи демократӣ мебошад. Барои ҳамин сарфи назар намудани ин ҷанбаи масъала метавонад дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ душвориҳо эҷод намояд. Олимон хеле барвақт сари ин масъала фикрҳои ҷолиб баён намудаанд. Ҳанўз дар ибтидои солҳои шастуми садаи XX шарқшиноси Шўравӣ Конрад Н.И. дар мақолаи «Старое востоковедение и его новые задачи» бар хилофи сиёсати аврупоимарказият таърихи башарро ҳамчун як раванди умумитаърихӣ баррасӣ карда, нақши бонуфузи тамаддуни Шарқро дар ин раванд нишон додааст. Ў тафовути таъриху маданияти Шарқу Ғарбро таъкид карда, мегўяд: «Аврупомарказият дар худ ҳамеша хавфи ба тариқи механикӣ ба ҳаводиси таърих ва маданияти Шарқ кўчонидани он мақулотеро дорад, ки хоси таърих ва маданияти Ғарбанд… Афкори назариявии Шарқро дар ҳамаи соҳоти илм роҷеъ ба инсон ва ҷомеа ба ҳисоб гирифтан зарур аст…Яке аз вазифаҳои илмҳои инсонӣ ва ҷомеашиносӣ имрўз – бартараф кардани аврупомарказият дар илм аст….Ин на танҳо хавфи аврупомарказияти илмиро бартараф мекунад, ҳамчунин хавфи осиёмарказиятро пешгирӣ менамояд». Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист, ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ мебозад. Ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муайян шуда, роҳҳои ҳалли онҳо пешбинӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо сармояи асосӣ зиёиён ва мутафаккирон ба ҳисоб мераванд. Ҷомеаи дунявии илмгаро танҳо ба андешаи инсоният, қудрату неруи зеҳнии он такя мекунад ва мушкилотро аз роҳи илму мантиқи зинда ҳаллу фасл менамояд. Шаҳрвандони ин навъи ҷомеа ҳар кадоме дорои ҳувият, шахсият ва андешаи худ буда, бо роҳи хираду дониш сатҳу сифати зиндагии хешро аз роҳи ақлу хирад боло мебаранд. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои бештари кишварҳои шарқӣ, ки бештар ҷаҳонбинии динӣ ва донишҳои диниро ба гунаи асолат ва мутлақ қабул менамоянд, неруҳои зеҳнии инсонро маҳдуд карда, онро ба мавҷуди вобаста, бефоида, паст ва тарсанда табдил медиҳанд. Ақлгароӣ ба таасуб табдил меёбад. Гарчанде ҳазорсолаҳо қабл муттафакирони тоҷикзабон хавфи онро таъкид карда буданд. Вале худ мавриди шиканҷаву азоб қарор гирифтанд. Ҳамин аст, ки ҷомеаҳое, ки низоми теократӣ доранд, инсонҳоро саркӯб месозанд. Дар онҳо ҳараҷу мараҷ ниҳоят зиёд буда, сатҳи донишҳои илмӣ ниҳоят маҳдуд аст. Муносибат ба одамон дар сатҳи баланди дискриминатсионӣ (ҷинсӣ, динӣ – мазҳабӣ, табақавӣ) вуҷуд дорад. Аксари ин навъи кишварҳо вопасгаро, мардумонаш фақир ва пуртаззоду ноустувору осебпазиранд. Ҳамин гуна вазъро метавон дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ба осонӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ин кишварҳо аз лиҳози захоири табиӣ кишварҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд, вале набуди сатҳи баланди донишҳои илмӣ ва ҳокимиятҳои теократие, ки дар ин кишварҳо ҳукмрон аст, бошандагони ҷомеаро ба нафарони таассубзадаву хурофотӣ табдил дода аст. Аз тарафи дигар захоири саршори табии дар ин кишварҳо мавҷудбуда бо сабаби набуди ҷомеаи ақлгаро ва илммеҳвар дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мешавад. Низоми дунявият- низомест, ки шоистагии зиндагии инсонро таъмин намуда, ҳуқуқ ва озодиҳояшро кафолат медиҳад. Агар ба таърихи башар назар афканем, фақат инсоният дар дараҷаи ҷомеаи дунявӣ тавонистааст истеъдод ва сиришти хешро пурра ошкор намояд. Зеро меҳвари ҷомеаи дунявиро инсонсолорӣ ва гуманизм ташкил медиҳад. Ҳадафи зиндагии инсонӣ бошад, озодии инсон аст ва инсонҳо танҳо дар ҷомеаи дунявӣ метавонанд озодии хешро ҳифз кунанд ва дар саодат ва ҳамзистии осоишта ба сар бибаранд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки дар дигар навъи ҷомеаҳо, ки меҳвари онҳоро на арзишҳои баланди инсонӣ, балки арзишҳои динӣ ташкил медиҳанд, озодиҳои инсон маҳдуд гардида, хираду заковат ва истеъдодҳои инсон саркӯб мешаванд. Барои равшан намудани бартарияти ҷомеаи дунявӣ баъзе аз хусусиёти низоми динӣ-теократиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Д. Баҳромбеков – сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Хабарҳо

ҚАДРДОНӢ

 5-уми майи 2025 аз ҷониби роҳбарияти баталиёни махсуси комендатии қисми ҳарбии 051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саҳми арзанда дар баланд бардоштани ҳисси миллӣ, садоқат ба халқу миллат, ватандӯстӣ ва савияи дониши афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ Абдуллоҳи Қодирӣ-сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент

Суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод

Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама,  доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд. Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав муташаккилона идома дорад. Раисони ҳарду ноҳия бо арзи сипос ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ хуб идома дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки корҳо бо сифати хуб ва суръати баланд ба роҳ монда шаванд ва кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти мардуми зарардида муҳайё гардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштукори баҳорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба муташаккилона, саривақт ва босифат ба роҳ мондани корҳо ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки аз он ҳосили фаровон рӯёнда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ҳамчунин бо роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои дахлдор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ба онҳо низ барои суръат бахшидан ба корҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас доданд. 05.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар

2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродализода Далер Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмонзода Иноятулло Муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Раҳмон Исломиддин Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Раҷабзода Ҳайдаралӣ Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Каримзода Насимҷон Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Норзода Шариф Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Ашурализода Абдураҳмон Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Олимзода Зоҳир Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Қурбонзода Усмоналӣ Муовини якуми Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Сатторзода Бобоҷон Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардиданд. Ба ҳамин тартиб ҳамчунин роҳбарони “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” бо кадрҳои ҷавону варзида иваз карда шуданд. Бо дастури   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Абдуллозода Исматулло ва муовинони ӯ дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд. Дар мувофиқа бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ дар сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кадрҳои ҷавону варзидаи соҳибтахассуси ин соҳаҳо таъин гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат нахуст ба кадрҳои дар бахшҳои мудофиа ва ҳифзи сарҳади давлатӣ таъиншуда муроҷиат намуда, онҳоро, пеш аз ҳама, ба пурзӯр намудани назорати интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии доимии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ, аз худ намудани забонҳои байналмилалӣ ва техникаю технологияи муосири ҳарбӣ ва бахусус ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуданд. Дастуру тавсияҳои мушаххас, ҳамчунин, доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии  он дода шуд. Таъкид гардид, ки ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ба хусус дар мақомоти назоратӣ, ба савияи донишу маҳорат, касбият ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. 02.05.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

Иштирок ва суханронии намояндагони Маркази исломшиносӣ дар Конференсияи байналмилалии “Мотуридия – мактаби таҳаммулпазир, мактаби маърифат ва эътидол”

Санаи 30 – юми апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конференсияи байналмилалии “Мотуридия – мактаби таҳаммулпазир, мактаби маърифат ва эътидол” ба кори худ оғоз кард. Дар кори конференсия муовини директори Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода А. ва котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М., ки аз тарафи Кумитаи дини назди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Маркази омўзиш ва таҳқиқи осори Мотуридии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон даъват карда шуда буданд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, ба конференсияи мазкур олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи исломшиносӣ аз 24 давлати дунё даъват карда шудаанд. Конференсияро мушовири Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Русланбек Давлатов ифтитоҳ намуда, паёму табрикоти Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистонро ба аҳли нишаст расонда, ба кори конференсия муваффақият таманно намуд. Дар қисмати ҷаласаи ифтитоҳӣ намояндагони давлатҳои Мисри Араб, Ӯзбекистон, Марокаш, Туркия, Озарбойҷон ва раиси ташкилоти исломии ICESCO суханронӣ карданд. Дар қисмати пленарӣ тибқи барнома муовини директори Маркази исломшиносӣ дар мавзўи “Хусусиятҳои мактаби каломи Мовароуннаҳр: нақши ақл ва мантиқ дар таълимоти Абумансури Мотуридӣ” маърўза кард. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таълимоти Абумансури Мотуридӣ беш аз 1100- сол инҷониб мардумро муттаҳид сохта, заминаи мусоид барои ҳифзи пояҳои давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ арзёбӣ мегардад. Дар интиҳои баромади худ муовини директори Марказ даъват ба амал оварданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, баҳри пешгирии ихтилофоти мазҳабӣ ва ифротгароии динӣ ҳамагонро лозим аст, ба таълимоти Абумансури Мотуридӣ рўй оваранд. Зеро мактаби каломи Мотуридӣ ба тамоми равия мазҳаб ва фирқаҳои исломӣ арҷ гузошта, дар ин таълимот омилҳои барангезандаи ифрот ҷой надоранд. Инро таҷрибаи беш аз ҳазорсола собит сохтааст. Сипас, баъди нисфирўзӣ идомаи конференсия дар сессияҳои алоҳида баргузор гардид. Тибқи барнома дар сессияи сеюм котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М. дар бораи “Тавсифи китоби Пандномаи Мотуридӣ” суханронӣ кард. Дар рафти гузориш таъкид гардид, ки дар баробари дигар мероси Мотуридӣ “Панднома” ягона китоби муаллиф ба забони тоҷикӣ мебошад. Ин китоб аз аввал ба номи Мотуридӣ мансуб дониста шуда буд, ҳарчанд баъзе муҳақкиқон мансуб будани онро ба Мотуридӣ қабул надоштанд. Вале дар китобҳои дигари муаллиф низ калимаҳои тоҷикӣ зиёд истифода шудаанд ва ин бори дигар собит намуд, ки муаллиф бо забони тоҷикӣ пурра шинос будааст. Зеро масъалаи мансубияти Мотуридӣ ба ин ё он миллат низ масъалаи баҳсбарагез буда, дар ин маврид низ фикрҳои зиёд мавҷуданд. Дар идома ба иттилои иштироккунандагон расонида шуд, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Маркази исломшиносӣ китоби “Тавҳид” ва “Панднома”-и Имом Мотуридӣ таҳқиқ ва ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дар ҳамоиши илмӣ бахшида ба таҷлили 1150 – солагии муаллиф ба мухлисон тақдим мегардад. Кори конференсия идома дорад… Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Хониши сиёсӣ дар баталёни махсуси комендатии қисми ҳарбии 051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 1- уми майи 2025 дар баталёни махсуси комендантии қисми ҳарбии  051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ, садоқат ба халқу миллат, муносибатҳои    байниҳамдигарӣ , интизоми ҳарбӣ, даст назадан ба худкушӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин баланд бардоштани савияи дониши афсарону сарбозони  Гвардияи миллӣ дарси хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва дар мавзуи ” Ифротгароии рақамӣ” ва ” Худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром аст”, баромад намуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт: Бо рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва паҳншавии интернет, фазои рақамӣ ба яке аз муҳитҳои калидии мубориза барои мағзи афкори ҷомеъа табдил ёфтааст. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои хабарии ғайрирасмӣ ва платформаҳои паёмрасонӣ (мессенҷерҳо) ба воситаи васоити фавқулодда дастрас ва таъсиргузор табдил ёфта, ба воситаи онҳо паёмҳои таблиғотии гурӯҳҳои ифротӣ ба таври системавӣ ва ҳадафнок ба гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ, махсусан ҷавонон равона мегарданд. Ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ бо истифодаи забони содда, тарҳҳои ҷаззоб, мусиқӣ ва видеоҳои эмотсионалӣ сурат мегирад, ки ин раванд шиносоӣ ва фаҳми нодурусти мазмунро душвор месозад. Илова бар ин, гурӯҳҳои ифротӣ аз имкониятҳои афзояндаи шабакаҳои торик (dark web), паёмрасонҳои рамзгузоришуда ва платформаҳои махфӣ истифода мебаранд, ки назорат ва маҳдудсозии онҳо  мушкил мегардад. Дар натиҷа, таблиғоти экстремистӣ шаклҳои нави рақамиро касб намуда, ба як мушкилии ҷиддӣ ба амнияти миллии кишварҳо ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин омил зарурати муборизаи ҳамаҷониба, қотеъона ва ҳамоҳангшударо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба миён овардааст, ки дар он на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми сохторҳои ҷомеа, аз ҷумла ВАО, муассисаҳои таълимӣ, таҳлилгарон ва корбарони оддӣ нақши фаъол мебозанд. Дар идома А.Қодирӣ оид ба худкушӣ суҳбат намуда, андешаҳои худро чунин иброз дошт: яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи муосир масъалаи худкушӣ ба ҳисоб меравад. Дар тӯли таърих ҷомеаи башарӣ ба намудҳои гуногуни он рӯ ба рӯ шудааст. Ҳар як инсони оқилу солимфикр бояд бидонад, ки ҳаёти одамӣ беҳтарин ва бузургтарин неъмати Парвардигор аст. Вале, афсӯс нафароне ҳастанд, ки ба ин неъмати бузург ношукрӣ намуда, даст ба худкушӣ мезананд ва ба амонати илоҳӣ хиёнат менамоянд. Бо ин васила на фақат худ балки аҳлу оила ва тамоми  наздиконашонро сархам мекунанд. Инсон на фақат ҳақ надорад, ки ҷони худро аз байн бубарад, балки барояш воҷиб аст то онро посдорӣ ва ҳифз намояд. Дар фарҷом байни афсарону сарбозон  табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром аст!

Яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи муосир масъалаи худкушӣ ба ҳисоб меравад. Дар тӯли таърих ҷомеаи башарӣ ба намудҳои гуногуни он рӯ ба рӯ шудааст. Ҳар як инсони оқилу солимфикр бояд бидонад, ки ҳаёти одамӣ беҳтарин ва бузургтарин неъмати Парвардигор аст. Вале, афсӯс нафароне ҳастанд, ки ба ин неъмати бузург ношукрӣ намуда, даст ба худкушӣ мезананд ва ба амонати илоҳӣ хиёнат менамоянд. Бо ин васила на фақат худ балки аҳлу оила ва тамоми наздиконашонро сархам мекунанд. Инсон на фақат ҳақ надорад, ки ҷони худро аз байн бубарад, балки барояш воҷиб аст то онро посдорӣ ва ҳифз намояд. Худованди мутаъол дар каломи хеш мефармояд: ”Ва худро накушед…Ва ҳар кас чунин кунад аз рӯйи таҷовуз ва ситам, пас ба зудӣ вайро дар оташ дармеоварем ва ин кор бар Худо осон аст”. (Сураи Нисо, ҷузъе аз ояти 29ва 30). Паёмбари ислом (дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд: “Ҳар нафаре, ки худро бо чизе ба қатл мерасонад, фардо рӯзи қиёмат бо ҳамон чиз азоб дода мешавад”. (Бухорӣ, Муслим). Дар ҳадис омадааст: “Ҳар кӣ заҳре бинӯшад, пас бимирад, он заҳрро дар оташи дӯзах низ менӯшад дар ҳоле ки дар азоби он абадӣ мемонад. Ҳар кӣ худашро аз баландие партофта бимирад, пас ӯ дар оташи дӯзах андохта мешавад, дар ҳоле, ки дар он абадӣ мемонад”. Пайғамбари бузургвор мефармоянд: “Миёни умматҳои пеш аз шумо марде ҷароҳате бардошт ва аз шиддати дард корде гирифт ва бо он дасташро буррид ва аз рафтани хуни зиёд мурд, пас Худованд фармуд: Бандаам дар гирифтани ҷони худ бар Ман пешдастӣ кард, ҳар оина биҳиштро бар ӯ ҳаром кардам”. Сабабҳои худкушӣ дар чист? Проблемаҳо дар ҳаёти шахсӣ: – ҷангҳои оилавӣ, талоқ; – номувафақиятӣ дар муҳаббат; – марг ё аз даст додани шахси наздик, бемории шахси наздик; – танҳо мондан, бе нигоҳу бин мондан аз ҷониби наздикон; – ҳолатҳои рӯҳие, ки бо сабаби моҷароҳои оилавӣ рух медиҳанд; – комёб нашудан дар кор ё дар таҳсилот; – гум кардани пулҳои бисёр, ё муфлисшавӣ; – аз даст додани манбаъ ва сарчашмаи рӯзгузаронӣ; – бемории руҳӣ; Кадом омилҳо як шахсро ба худкушӣ оварда мерасонанд? – қасдан зиён расонидан, туҳмат, таҳқир, ва пастзадани инсон; – таҷовуз, масхара кардан, лату кӯб кардан, монда шудан аз зиндагӣ, – надоштани шавқу ҳавас ба зиндагӣ ва ҳаёт. – сарсупурда ё фанати дин шудан, – тариқи ҷиҳод ба худкушӣ даст задан. – маҷбуран худкушӣ кардан (бо ҳукми суд, аз тарси марги пур азоб). – тарс аз ҷазо (дар ҷинояткорон, тарс аз таҳқири наздикон ва ҷамъият, баъди ҷиноят, тарс аз ҳукми суд ва ҷазо). -худмуҳокимакунӣ барои ягон амали нодуруст. – худкушӣ барои ҳимояи виҷдон. – дар маҳбасхона. Аз далелҳои овардашуда бармеояд, ки худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром буда, аз гуноҳони кабира маҳсуб меёбад. Абдуллоҳи Қодирӣ -сардори шуъбаи иттилот ва ташхиси диншиносӣ

Президент

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази рушди саноатӣ” оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода гузориш дод. Гуфта шуд, ки мақсади таҳия ва қабули лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар пешбинӣ мегардад. Таъкид гардид, ки масъалаи бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук, инчунин таъмини шуғли пурмаҳсул, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, дар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дарҷ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур зиёда аз 5500 шаҳрванди кишвар бо кор таъмин хоҳанд шуд. Баъди муҳокима лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки созишнома дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо ба имзо расонда шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Доир ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши роҳбарони як қатор сохторҳо шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарор барои дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пешниҳод шудааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла идора ва назорати самараноки истифодаи замин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ба иҷрои дастурҳои маҷлиси навбатӣ, супоришҳои қаблии Ҳукумати кишвар, инчунин вусъати ободонию созандагӣ, корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишту кори баҳорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. 30.04.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх