Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Боздид аз хоҷагии деҳқонии боғи Сомони шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Ҳоло дар хоҷагӣ майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар буда, ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷараён дорад. Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад. Шумораи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии боғи Сомон зиёда аз 1100 кас буда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 4 ҳазор сокин ба кори мавсимӣ даъват мешаванд. Ҳоло дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 барқарорсозии 50 гектар боғи куҳнаи ангури хоҷагии деҳқонии боғи Сомон ҷараён дорад. Бо ин мақсад ҷиҳати васеъ кардани имкониятҳои содиротӣ асосан ангури навъҳои шоҳона, президент, аватар ва кардинал шинонида мешавад, ки дар бозорҳои байналмилалӣ талабгорони зиёд доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, риояи нозукиҳои парвариш, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва афзунсозии имкониятҳои содиротӣ ҷалб карданд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо дастгирию таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар майдони 2 ҳазору 730 гектар токзори нав бунёд гардидааст, ки дар онҳо асосан навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд. Имсол токпарварони шаҳр аз майдони 3 ҳазору 970 гектар ҳосили ангур ҷамъоварӣ мекунанд. Аз ин майдонҳои васеъ бо истифода аз фаровонии ҳосил дар сардхонаи хоҷагии деҳқонии боғи Сомон то давраи сардиҳо 3 ҳазор тонна маҳсулот барои дар фаслҳои зимистону баҳори солҳои 2026-2027 ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардан, захира мешавад. Танҳо давоми бештар аз 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода 33 сардхонаи нав бунёд гардида, теъдоди онҳо ба 83 адад расонда шуд ва ҳоло барои захира кардани 26 ҳазору 470 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам омодааст. Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар, таҳкими ҳамкорӣ миёни илму истеҳсолот, мукаммалшавии таҷрибаи меҳнаткашон, муосиргардонии раванди кишту парвариши зироат боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гардид. Танҳо дар 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати муосиргардонии раванди истеҳсолот дар майдони 67,4 гектар гармхона бунёд гардида, имрӯз майдони умумии онҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 84 гектар расидааст. Ҳоло дар 4 фасли сол раванди кишту парвариши сабзавот таъмин аст, ки натиҷаҳо дар ин самт ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва қонеъгардонии талаботи бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои зимистону баҳор мусоидат кардааст. Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати содироти маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ дар анбору сардхонаҳо, дар як сол аз замин гирифтани 3 -4 ҳосил ба масъулину кишоварзони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дастуру ҳидоятҳо доданд. Пешниҳоди маҳсулот дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо таҷассумгари меҳнатдӯстии сокинони ин диёри зархез ва фаровонии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ буда, амалишавии намунавии ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияти ғизоӣ собит мекунад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи 30 иншоот тариқи фосилавӣ ва муаррифии лоиҳаи бунёди 1 иншоот дар шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Умари Хайём оғоз бахшиданд. Дар корхонаи Амиго истеҳсоли пахтаи минералӣ, ки барои нагузаронидани гармиву хунукӣ, истифода мешавад, ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 40 ҳазор тонна мерасад. Дар ин ҷо барои 50 сокини маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Умеди Сафияро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи навтаъсис бо истифода аз технологияи муосири дӯзандагӣ ба истеҳсоли 10 намуд либоси мактабӣ машғул буда, барои 30 кас ҷойи нави корӣ фароҳам овардааст. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Муҳаммадзоҳид мебошад. Корхона дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 2 миллиону 600 ҳазор дона хишти аълосифат мерасад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 25 мутахассиси маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти дигаре, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар деҳоти Работ мебошад. Сардхона бо иқтидори нигоҳдории 5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар нигоҳдории маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин муассисаи томактабии хусусии Афсона ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Кӯдакистон аз 6 синфхона, 6 ҳуҷраи хобу истироҳат, 3 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва толори варзишии муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот дорои шароити муосир буда, барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Муассисаи томактабии хусусии IDT KIDS International низ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода сохта шуда, шароити фароҳамгардида дар он ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Иншоот барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Дар 12 синфхонаи кӯдакистон тамоми лавозимоти зарурӣ муҳайё гардида, шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода низ муассисаи томактабии хусусии Донояк ифтитоҳ гардид, ки дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Кӯдакистон бо тарҳи зебо ва шароити муосир сохта шуда, дар 4 синфхонаи муҷаҳҳази он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 120 кӯдак мавҷуд аст. Ҳамзамон бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури Истиқлол ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бинои боғча барои тарбияи зиёда аз 110 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъмории миллӣ мутобиқ ба шавқу завқи кӯдакон бунёд гардида, бо тамоми шароиту лавозимоти зарурӣ, мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон таъмин мебошад. Дар деҳаи Нақшбандони деҳоти 10-солагии Истиқлол низ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Марҷона ифтитоҳ ёфт. Ин муассисаи томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани зиёда аз  200 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Бино дорои 14 ҳуҷраи барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон аст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғчаи мазкур 22 мутахассиси маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бинои нави Маркази ҷавонон ва мактаби варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот аз се ошёна иборат буда, дорои 20 ҳуҷраи корӣ ва 6 толори варзишӣ мебошад. Дар иншооти мазкур 30 мураббӣ фаъолият карда, ба зиёда аз 800 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш тамрин медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатиро дар деҳоти 10-солагии Истиқлолият ифтитоҳ намуданд. Қасри фарҳанг дорои 230 ҷойи нишаст буда, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ ва адабӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар саҳни Қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ низ бунёд шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 35 метр насб гардида, атрофи он бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ зебу зинат дода шудааст. Боғи фарҳангию фароғатӣ бошад, бо тарҳи зебо ва муҳити дилнишин бунёд гардидааст. Ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Исмоили Сомонии деҳоти 10-солагии Истиқлол пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Мактаб баъд аз 30 соли фаъолият, ки ба таъмир ниёз пайдо карда буд, баъди азнавсозӣ барои 1700 хонанда дар ду баст имкони таҳсилро фароҳам овардааст. Яке аз иқдомҳои муҳим дар доираи навсозии муассиса бунёди 12 манзили истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон мебошад. Иншооти дигаре, ки тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, бинои ҷамоати деҳоти Сешанбе мебошад. Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Маҷмааи хизматрасонии сайёҳӣ ва хоҷагии моҳипарварии Аҳмад-гулмоҳӣ низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Масоҳати умумии маҷмаа 12,7 гектарро фаро гирифта, дар 3,7 гектари он пойгоҳи сайёҳӣ ташкил карда шудааст. Иншоот бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ин минтақа сохта шуда, аз 2 меҳмонхонаи замонавӣ бо 8 ҳуҷра, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 ифтитоҳ гардид. Бино аз ду ошёна ва 26 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 барои 1200 хонанда пешбинӣ шуда, дорои синфхонаҳои фаннӣ, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат мебошад. Ҳоло дар муассисаи мазкур ба 1070 хонанда 70 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дар деҳаи Асбоби деҳоти Работ низ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 66 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави мактаб дорои 24 синфхона буда, барои 1150 хонанда пешбинӣ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 115-ро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави соҳаи маориф дар деҳаи Нурафшон аз 32 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, озмоишгоҳ ва китобхона иборат буда, дар он мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1150 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар деҳаи 1

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 дар шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар бунёд ёфта, барои 1920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур дорои 41 синфхона буда, аз ин шумора 21-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии лингофонӣ, биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳи таълимӣ ва толори маҷлис бо 144 ҷойи нишаст аст. Дар иншооти таълимӣ маркази инкишофи кӯдак барои қабули 60 наврас низ фаъолият мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва омӯзгорон даъват намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос намоянд. Баробари ифтитоҳи муассисаи таълимии муосир 45 мутахассиси соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода ба кор ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 44 омӯзгорро занону духтарон ташкил медиҳанд. Мактаб аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Расул Усмонзода бунёд гардида, туҳфаи арзишманд ба таълимгирандагон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати гарму самимӣ омӯзгоронро ба рушди илмҳои муосир, истифодаи самараноки техника ва технологияҳои нав, инчунин омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд. Дар ҳамин ҷо, ба масъулини ҷумҳуриявию шаҳрӣ оид ба соҳаи маориф дастур доданд, ки бо назардошти вуҷуди аҳолии узбекзабон дар шаҳри Турсунзода дар ин ҷо муассисаҳои таълимии узбекӣ ҳам бунёд намуда, бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ бо забони модариашон таъмин намоянд. Дар шафати бинои муассисаи навбунёд майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ низ омода шудааст. Саҳни муассиса пурра сабзкорию чароғон ва роҳравҳои он сафолакпӯш ардида, ба як макони зебо мубаддал шудааст. Хонандагони деҳоти атроф қаблан дар бинои солҳои пеш бунёдгардида таълиму тарбия мегирифтанд. Ба иттилои масъулин, ҳоло дар шаҳри Турсунзода 132 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 78 ҳазору 863 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар доираи сазовор истиқбол намудан аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду ба истифода додани 24 муассисаи соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 19 бинои таълимӣ бо 8 ҳазору 185 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ва ба истифода додани корхонаи Ноқили Турсунзода

14 август  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар масоҳати 14000 метри мураббаъ ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600  тоннаро ташкил медиҳад. Зимнан иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи навтаъсиси ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 30 ва дар маҷмуъ 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, дар он 5 хатти истеҳсолӣ мавҷуд мебошад. Ин ноқилҳо дар шабакаҳои барқии дохили биноҳо истифода мешаванд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар ин ҷо кор дар се баст сурат мегирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва коҳиши воридот баҳои баланд доданд. Дар оғози боздид иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни умумумиллӣ 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 530 иншооти нав сохта ба истифода дода шуд. Ин шумора аз нақшаи тасдиқгардида хело зиёд аст, зеро онро бунёди 460 иншоотро дар назар дошт. Дар ҳамаи иншоот дар маҷмуъ зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст. Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш карда шуд.

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо раиси ноҳияи Дарвоз

Субҳи 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси  ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Аснои суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи модари ҷавон Ятимзода Жасмина ҳамдардӣ баён намуда, барои расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд. Иттилоъ дода шуд, ки Ятимзода Жасмина 13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст. Вобаста ба ҳолати рухдода сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз намудаанд.

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед муовини вазири корҳои дохилӣ ва Азиззода Абдусаттор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардиданд. Аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассусу варзида роҳбари намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, намояндаи ваколатдори ВКД дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Синои шаҳри Душанбе, Мурғобу Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардиданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, муомилаи хуш бо шаҳрвандон, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва дар маҷмуъ таъмини волояти қонун, ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҳама ҳолат манфиати давлат ва мардуми кишвар бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии 7 мактаби миёна, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, биноҳои меҳмонхона ва маҷмааи солимгардонӣ, шуъбачаи милитсия, Қасри ҳоким ва 4 корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 барои 672 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи нави таълимӣ дорои 17 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон мебошад. Ҳамзамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар деҳаи Руҷони деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 барои 384 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимӣ аз 8 синфхона, кабинетҳои таълимӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин мебошад. Дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Ҳисор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 барои 434 хонанда дар ду баст кушода шуд. Бинои муассиса бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, аз 9 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Дар деҳаи Баракати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 барои 768 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он барои омӯзиши як қатор фанҳои муҳим, аз ҷумла биология, математика, технологияи иттилоотӣ ва забони англисӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар идомаи тадбирҳо дар деҳаи Турдиқишлоқи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 576 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст. Ҳамзамон дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 бо имкони дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани то 576 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ ва як ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Ҳисор Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури истиқлол барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он таълиму тарбияи кӯдакон бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Хадича барои 140 кӯдак ифтитоҳ гардид. Бино аз 8 ҳуҷраи барҳавои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд. Дар доираи тадбирҳо дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара дар масоҳати 5 ҳазору 500 метри мураббаъ ҷойгир буда, имкониятҳои истироҳатӣ, солимгардонӣ ва варзиширо дар як маҷмаа муттаҳид менамояд. Дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ бинои нави шуъбачаи милитсияи деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ифтитоҳ ёфт. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шаҳодати идомаи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба рушди инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Инчунин дар ҳамин рӯз дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Қасри Ҳоким ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон хизмат хоҳад кард. Дар сохтмон ва ороиши он унсурҳои хоси меъмории таърихӣ ба назар гирифта шуда, ҳамзамон барои истифодаи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар деҳаи Деҳи Нави деҳоти Мирзо Ризо Корхонаи коркарди оҳан ва пластикаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ҳоҷӣ Шариф ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 1 ҳазору 200 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки дар бозори дохилӣ талабот ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин гардида, вобастагӣ аз воридоти баъзе намудҳои маҳсулот коҳиш дода шавад. Дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод корхонаи зотпарварии парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АРК АГРО мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳудуди корхона 9 коргоҳи истеҳсолӣ ва биноҳои ёрирасон бо масоҳати умумии беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир мебошанд. Дар ҳудуди деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли масолеҳи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Барх мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур дар масоҳати 3 ҳазору 897 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни часпак барои кошин, санги мармар, сафол, гранити керамикӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки дар маҷмуъ 60 номгӯйи маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол гардад. Дар деҳаи Боғистони деҳоти Сомон корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Босфор Тиҷорат ифтитоҳ ёфт. Дар раванди сохтмони иншоот беш аз 50 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст. Корхона дорои се хатти истеҳсолӣ буда, имкони истеҳсоли 14 номгӯй маҳсулотро дорад. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 80 килограмм донаи офтобпараст, 50 килограмм картошкаи хушк ва 50 килограмм ҷуворимаккаро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5136 хонанда дар ду баст, 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 640 кӯдак, 8 корхонаи саноатӣ, 4 иншооти сайёҳӣ, 3 иншооти хизматрасонӣ, дар умум бо таъсиси қариб 700 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Хамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 58 км роҳ мумфарш карда шуд. Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Ҳисор бояд 1809 иншоот сохта мешуд.  То имрӯз 1848 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 102,2% нақшаро ташкил медиҳад. Баъди бунёди иншоот 1034 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани Муассисаи томактабии Сафия дар деҳоти Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии Сафияро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исломиддин Абдуқодирзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст. Дар муассиса 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 16 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 32 касро ташкил медиҳад. Бино дорои 21 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 8 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳо бо мақсади инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бинои кӯдакистон бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад. Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, ба соҳибкори меҳандӯст барои иқдоми созанда изҳори сипос карданд. Сарвари давлат дастур доданд, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятимону бепарасторон бо сару либос ва лавозимоти хониши ройгон таъмин карда шаванд. Саҳни бинои Муассисаи томактабии Сафия бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороиш ёфта, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст ва барои бедор сохтани ҳисси зебоипарастии кӯдакон муассир мебошад. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст. Соҳибкори ҳимматбаланд Исломиддин Абдуқодирзода иттилоъ дод, ки ояндаи наздик барои омӯзгорони муассисаи томактабӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон ва масъулон, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

11 август пас аз ифтитоҳи Гулгашти Дуои модар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нав дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ бунёд гардидааст. Бино бо назардошти талаботи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор ва бо мақсади мутобиқ намудани намои он ба муҳити меъмории мавҷуда дар шакли классикӣ тарҳрезӣ шудааст. Дар ороиши дохилию берунии он унсурҳои миллӣ ва санъати баланди шаҳрсозӣ ба таври васеъ истифода гардидааст. Дар бинои мазкур барои фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор шароити зарурӣ фароҳам шудааст. Иншоот дорои 11 ҳуҷраи корӣ, ду толори маҷлис ва ҳуҷраҳои дигар мебошад. Яке аз бахшҳои муҳими бино китобхона мебошад, ки дар он маҷмӯи васеи адабиёти илмиву бадеӣ, осори арзишманд ва асарҳои Пешвои миллат гирд оварда шудааст. Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, узви фаъоли Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёдкор Сохтмон Мироҷиддин Ёров амалӣ гардидааст. Сарвари давлат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст баҳои баланд дода, ин иқдомро намунаи равшани ҳамкории давлату ҷомеа ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар корҳои ободониву созандагӣ арзёбӣ намуданд. Дар воқеъ рушди инфрасохтори муосир ва бунёди иншооти иҷтимоиву маъмурӣ на танҳо симои шаҳру ноҳияҳоро тағйир медиҳад, балки барои фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолияти кормандон ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ замина мегузорад. Дар бинои нав, ҳамчунин, барои тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби бештари сокинон ба ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастур доданд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, дар фаъолияти худ масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва ҳисси баланди ватандӯстиро бештар намоянд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани Гулгашти Дуои модар дар шаҳри Ҳисор

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ба анҷом расонида шуданд. Гулгашт дар масоҳати 0,40 гектар ҷойгир буда, ҳангоми иҷрои корҳои ободонӣ 27 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Гулгашти Дуои модар дорои муҳити сабзу хуррам буда, дар ҳудуди он гулҳои рангоранг, дарахтони сояафкан ва дигар навъҳои растаниҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Чароғонкунии гулгашт низ ба симои он ҳусни тоза бахшида, шароити мусоидро барои сайругашт ва истироҳати сокинон фароҳам овардааст. Дар маркази он муҷассамаи модар қомат афрохтааст, ки ифодагари эҳтироми самимӣ ба бузургтарин сарчашмаи меҳру муҳаббат — модар мебошад. Модар нахустин омӯзгори фарзанд, тарбиятгар ва роҳнамои роҳи зиндагӣ ба шумор меравад. Маҳз, бо ҳамин ҳадаф гулгашт номи рамзии Дуои модарро гирифтааст. Зимни шиносоӣ бо гулгашти Дуои модар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти мақоми модар ва эҳтироми ӯ ҳамчун муқаддастарин шахс дар ҳаёти ҳар инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки модар шахсияти бузург ва муқаддас буда, эҳтиром ва қадрдонии ӯ қарзи фарзандии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад.

Прокрутить вверх