Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ Алюминийи аввалин дар шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азизов Хуршед дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷии Treks Munandislik ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 6,2 га замин бунёд шудааст. Корҳои бунёдӣ дар корхонаи маҳсулоти алюминӣ аз моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст. Иншооти нав дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бунёд шуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад. Иттиллоъ доданд, ки корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд. Бо ба кор даромадани корхона барои сокинони маҳаллӣ 160 ҷойи кори доимӣ омода шудааст. Маҳсулоти корхона ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, имкони содирот ба кишварҳои хориҷиро низ фароҳам месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо раванди истеҳсол, аз бахшҳои асосии корхона дидан намуда, ҷараёни технологӣ, сатҳи омодагии мутахассисон ва имкониятҳои рушди минбаъдаро таҳлил карданд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин корхонаҳои коркард қадами устувор дар ҷодаи саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Ифтитоҳи ҶДММ Алюминийи аввалин боз як қадами муҳими амалисозии сиёсати созандаи роҳбарияти давлат дар роҳи таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Дар фарҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дидан карданд. Дар он корхонаҳои маҳаллӣ маҳсулоти худ, навовариҳо ва имкониятҳои истеҳсолиашонро ба намоиш гузоштанд. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба рушди минбаъдаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, ба хусус алюминии аввалия, ивази воридот ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр дастуру тавсияҳо доданд. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ба таври фосилавӣ ба истифода додани 6 кӯдакистони хусусӣ дар шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода супоридани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин кӯдакистони хусусии Дунёи ширин дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, муассисаи томактабии Лабханди кӯдак дар деҳоти Регар, кӯдакистони Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода, боғчаҳои хусусии Шукуфа ва Лола”, ҳамчунин Муассисаи томактабии наздимуассисавии деҳаи Шӯрхокро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи томактабии хусусии Дунёи ширин аз ҷониби соҳибкори ватандӯст дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити муосир бунёд ёфтааст. Дар иншооти навбунёди таълимӣ 60 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва барои кор бо онҳо 6 мураббӣ ва ёварони мураббиён, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд. Дар кӯдакистони хусусии Лабханди кӯдак барои рушди зеҳнӣ, тарбиявӣ ва ахлоқии кӯдакон шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст. Бино дорои 12 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои дарсӣ ва методӣ, кории маъмурият, тиббӣ ва толори махсус барои машғулиятҳои варзишӣ ва рушди ҷисмонӣ мебошад. Ҳар як синфхона бо мебелу таҷҳизоти нав, васоити аёниву таълимӣ ва бозичаҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин кӯдакистон 23 омӯзгори соҳибтаҷриба бо кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин иқдом ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии занони шаҳр мусоидат мекунад. Муассисаи томактабии хусусии Ҷони бобо дар шаҳри Турсунзода барои рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Дар ин таълимгоҳ 350 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои хизматрасонӣ 30 мураббӣ ва ёварони онҳо ба кор ҷалб гардидаанд. Кӯдакистони Шукуфа дар шаҳри Турсунзода дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Бинои нави муассиса барои фаро гирифтани 100 кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншооти дигари соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, кӯдакистони хусусии Лола мебошад, ки бо саҳми соҳибкори ватандӯст сохта шудааст. Муассисаи томактабии назди муассисавии деҳаи Шӯрхок бошад, барои 50 кӯдак бунёд гардидааст. Дар раванди бунёди он сокинони маҳаллӣ бо  кори муваққатӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷовидони ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Шаҳриёрро тариқи фосилави мавриди истифода қарор доданд. Бинои кудакистони мазкур дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва сазовор аз ҷашни бузурги 35 солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабзода Шавкат пурра таъмиру таҷдид ва навсозӣ гардидааст. Ба Сарвари давлат итилло доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии Шаҳриёр барои 80 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Муассисаи таҳсилоти то мактаби 10 нафар мутахассисони маҳаллӣ аз ҳисоби занон ба кор таъмин гардидаанд. Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Муассисаи мазкур моҳи августи соли 2025 оғоз гардида моҳи декабри 2025 ба анҷом расидааст. Кудакистон ҳуҷраҳои барҳавои машғулият ва истироҳати бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун фароҳам оварда шудааст. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти 6 кӯдакистони хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкорони ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода дастур доданд, ки кӯдаконро бо таълими босифат фаро гирифта, барои ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷо кардани эҳтирому садоқат ба Ватан тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлоли шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлолро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Сохтмони муассиса моҳи феврали соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бунёд гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Муассисаи зебои тозабунёд барои 250 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Дар иншоот барои инкишофи зеҳнии кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзиш дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаи таҳсилоти томактабии наву замонавӣ дидан намуда, ба масъулин барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо доданд. Дар кӯдакистони нав 35 парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа бо кор таъмин шудаанд. Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти томактабии Ғунчаҳои Истиқлол як бахши муҳими тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ мебошад. Сохтмони чунин иншооти иҷтимоӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба кӯдакон – насли ояндасози миллат ба шумор меравад. Дар саҳни ҳавлии боғча 2 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, дар муассиса барои 6 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварии зимистона ва майдончаи бозӣ сохта шуда, ҳамчун туҳфаи арзанда ба кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ тақдим шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баҳри фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ саҳмгузор хоҳад буд. Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми накӯ арзи сипос намуданд. Аз мураббиён даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 30 тонна таъмин аст. Оби тозаи ошомиданӣ аз зери замин, аз чуқурии 150 метр бароварда шудааст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ ва генератори худкор низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Дар маҷмӯъ низоми гармидиҳии иншоот муосир буда, дар он фаршҳои гармидиҳии буғӣ васл карда шудааст. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи маҷозии 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод,  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаҳои нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас бунёд гардидааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ дар умум 8000 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 400 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии   № 23-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф бо саҳми сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст сохта шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида буд. Муассисаи нави соҳаи маориф имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад. 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳанд гузошт. Муассиса дорои компютерҳои пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет аст. Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари муассиса аст, ки барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обутоб ёфтани хонандагон мусоидат хоҳад кард. Ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудааст ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад. Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд. Аз ин хотир ба сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос карда, омӯзгоронро ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят намуданд. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани марҳилаи дуюми ҶДММ Алюмин Проф дар шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюмин Проф бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд. Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  26 августи соли 2021 зимни ифтитоҳи марҳилаи якум ба бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузошта буданд. Аснои боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона 100 фоиз содирот карда мешавад. Корхона аз ҷумлаи иншооти саноатӣ ба ифтихори ҷашни бошукуҳи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба амалишавии босамари солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат мусоидат мекунад. Фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуди маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лулаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад. Ҳоло барои фаъолияти самарабахш ва коркарди босифати маҳсулоти корхона зиёда аз 80 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид, ки 35 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои пластикӣ ва резин барои васли қисмҳои алоҳидаи дару тиреза, насби қисмҳои гуногуни мебел, лулаҳои пластикӣ барои интиқоли об дар биноҳои баландошёна ва боз чандин номгӯи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки барои боз ҳам зиёд намудан ҳаҷми истеҳсол, беҳсозии сифати маҳсулот ва  коҳиш додани нархи он таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад. Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди марҳилаи сеюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюмин Проф муаррифӣ карда шуд. Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи сеюм аз 4 коргоҳ иборат буда, тавассути он коркарди солонаи алюминий ба 8000 тонна расонда мешавад. Пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи сеюми корхона, шумораи кормандон ба 300 нафар расонида мешавад. Дар марҳилаи баъдӣ дар ин корхона номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ аз алюминий истеҳсол карда мешавад. Масъулин аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи саноат миннатдорӣ намуда, барои афзун кардани ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи босамари соҳа дастуру тавсияҳои мушаххас гирифтанд. Ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти онҳо дар 10 моҳи  соли  2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Хабарҳо

Вохӯрии намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ходимони дини ноҳияи Хуросон.

Санаи 6-уми декабри соли 2025 бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, инчунин нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марамбеков Марамбек ва сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Марказ, Наҷотзода Мутеъулло бо аҳли ҷамоатчигӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ходимони дин баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ифтихор аз тоҷик будан, таҳкими ваҳдати миллӣ, муқовимат бо ифротгароии хушунатомез, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар фарҷом байни иштирокчиёни мулоқот табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Иштирок ва суханронии муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон дар семинари илмӣ

Санаи 5-уми декабри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки кормандони мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳо, бахшҳои ҷавонону занон, омӯзгорону фаъолони ҷомеа, раисону кӯчаю маҳаллаҳо ва ходимони масҷидҳои ҷомеъ ва паҷвақта семинари илмӣ дар мавзуи ” Ифтихор мекунам, ки аввал ман тоҷикам баъд мусулмон” барузор гардид. Дар семинари илмӣ Абдураҳмон Ваҳобзода – муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокиров Ҳусейн – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ ва Абдулазиззода Бурҳониддин-мутахассиси раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои мубрами рӯз аз ҷумла, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, давлати дунявӣ, “Таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати эътиқодӣ аз нигоҳи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ”, суистифодаи воситаҳои технологӣ ва рақамии иттилоотӣ дар олами муосир ва таъсири манфии он дар рушди мафкураи динӣ, “Ман ифтихор мекунам, ки аввал ман тоҷикам баъд мусулмон”, Ҳаҷ набудани умра ва ҳоҷӣ нагардидани адокунандаи умра баромад карданд. Дар фарҷом байни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифт.

Хабарҳо

Вохӯрии муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод.

Рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли 2025 бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, инчунин нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод бо иштироки мудирон ва сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолони ҷомеа ва ходимони дин мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор карда шуданд. Дар мулоқотҳо масъалаҳои ифтихор аз тоҷик будан, таҳкими ваҳдати миллӣ, муқовимат бо ифротгароии хушунатомез, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар фарҷоми мулоқотҳо табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ЗЕРИ ШИОРИ “МАН ИФТИХОР МЕКУНАМ, КИ МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ БАЪДАН МУСУЛМОН” МУЛОҚОТИ САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР ГАРДИД.

4-уми декабри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар доираи нақшаи якҷояи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони маҳалла, масъулини кор бо ҷавонон, занон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, сархатибон, омӯзгорону донишҷӯёни фаъол, аъзоёни Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, масъулини як қатор кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори оммаи ноҳия мулоқот баргузор гардид. Нахуст раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – Амирзода Маҳмуд Ҳамид, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми сокинон дар ободонии ноҳия изҳори сипос намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар идома, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин дар доираи амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳим Холиқзода суханронии худро зери шиори “Ман ифтихор мекунам, ки ман аввал тоҷикам баъдан мусулмон” оғоз намуда, ҳамзамон масъалаҳои пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, зиёдаравӣ нанамудан ва пешгирӣ аз таассуби динӣ миёни сокинон, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро ва пос доштани арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ дар замони истиқлолият баромад намуданд. Қайд карданд, ки “Истиқлоли давлатӣ моро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо орзую омол, мақсаду ҳадафҳо, манфиату талаботи насли дирўзу имрўз ва фардои кишвар ҳамчун миллати сиёсии комили реша ба таърих муаррифӣ кард. Ҳамаи ин нишона ва завлонаи ногузири худшиносии миллӣ ва ватандўстии миллати мост ва мо уҳдадор ҳастем, ки ба он хотираи пуртуғёни миллӣ, ба он ганҷинаи ғановатманди ниёгон арҷ гузорем ва накҳати нусратбахши онро вобаста ба замону макон ҳамчун ғизои маънавии мафкураи миллии худ ҳифз ва таҳким бахшида, ба оянда мероси пурарзиш гузорем”. Дар идомаи мулоқот, Амирзода Маҳмуд Ҳамид – Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зери таассурот ва бардошт аз суханронии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳим Холиқзода баромад намуда, ҷиҳати ба роҳбарӣ гирифтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи минбаъдаи амалии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати назорати ҳаракати ободонӣ ва пешбурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, тақвияти фаъолияти гурӯҳи тарғиботии ноҳия аз ҳисоби фаъолони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ибрози андеша намуданд. Дар фарҷом чанде аз сокинони ноҳия, собиқадорон, ҷавонони фаъол иродаи сиёсии хешро муайян намуда, ба ҳозирин ҷиҳати ташкили чунин мулоқоти сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх