Мақола

Ҷаннат зери қудуми модарон аст

Модар! Чи калимаи бузург ва зебост, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон меорем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.
 

МАҚОМИ ЗАН ДАР ИСЛОМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда чунин гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.

Мафҳуми ихтилоф ва навъҳои он дар таълимоти исломӣ

Аз замони Абурайҳони Берунӣ то имрӯз диншиносии муқоисавӣ ҳамчун як илми муҳим дар ҷомеа шинохта мешавад. Аммо дар замони муосир дар баробари муқоисаи андешаҳои динҳои мухталиф, омӯзиши андешаҳои мактабҳо ва ҷараёнҳои як дин ба вуҷуд омадааст. Чун мавзӯи баҳси мо муқоисаи усули каломии Ҳаким Самарқандӣ ва Абумансурӣ  Мотуридӣ аст ва табиӣ аст, ки дар миёни андешаҳои ин ду донишманд, баъзе масъалаҳои ихтилофии ҷузъӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, ба хотири вуруд ба асли мавзуъ, аз мафҳуми ихтилоф, анвои он ба таври бисёр кӯтоҳ баҳс намоем. 

ФАРҲАНГ – МУАРРИФГАРИ СИМОИ МИЛЛАТ

«Фарҳанг ҳофизаи таърихии миллатро устувор мегардонад». Эмомалӣ Раҳмон.

Яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумии моро ба миён овардааст. Таърих собит намудааст, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буданд ва ҳастанд. 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.02.2024

29 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар маҷлис ҳисоботи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаи фаъолияти мақомот дар солҳои 2018-2023 шунида шуд.

Бахшида ба Соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ»: Эътидоли расму оинҳо сарчашмаи тақвияти нируи инсонӣ

ҲИФЗИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Ҷаҳонишавӣ дар баробари муваффақияту дастовардҳояш дар замони муосир ба давлатҳои миллии рӯ ба рушд ҳушдор медиҳад, ки таҳдид ба тамоми инсоният, низоъҳо, ҷангҳо ва талафоти ҷонӣ, таҳдиди демографӣ, ҳукмронии ноадолатӣ, маҳдудсозии ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ, таҳдид ба манфиатҳо ва арзишҳои миллии давлатҳо, таҳдид ба пошхӯрии оила ва аз байнравии ахлоқ, таҷовузи инсондӯстӣ, инқилобҳои фармоишӣ, бо ҳар роҳу восита поймоллкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дом ва фиреб барои давлатҳои суст тараққикунанда ва таҳдиди эрозияи истиқлоли давлатиро ба бор овардааст.

«Таърихи Бухоро» ҳамчун сарчашмаи муҳим ва нодири таърихӣ

Страницы

Яндекс.Метрика