Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус

Тоҷик, тоҷикият, коронавирус
ва нангу номус
 
Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.
Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафаршаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд.

Мусоҳибаи директори Маркази исломшиносӣ бо магистрҳо ва донишҷўён.

23 апрели сол 2020 директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Муродулло Исмат бо магистрҳо ва донишҷўёни факултаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Таҳлили омилҳои афзоиши равияҳои ифротгароии динӣ аз лиҳози муносибат бо давлатдории дунявӣ» мусоҳиба гузаронид.

Ҷавонмарди эҳёгар ва созанда

Умри миллату давлатдории тоҷикон дар кулл ҳарчанд таърихи чандинҳазорсола дорад, вале таърихи навини давлатдории миллии онҳо баъди тобеъияти ҳазорсола ба арабу турку муғул дар садаи ХХ аз нав эҳё гашт ва ҳанӯз садсола нашудааст. Гумон мекунам, ки таърих бори дигар ба тоҷикон имконият дод, ки давлати миллии хешро бунёд созанд ва тоҷикон бояд ин имконияти таърих ба онҳо ҳадякардаро ҳамаҷониба ва самаранок истифода баранд.

Зарарнок будани афкору ақоиди ислоҳотгарони динӣ барои ҷомеаи мо

Афкору ақоиди ислоҳотгарони динии охири қарни XIX ва ибтидои қарни XX метавонанд объекти маърифат бошанд, аммо онҳо на танҳо орӣ аз аҳамият ва мубрамиятанд, балки барои ҷомеаи солими инсонмеҳвар ҳатто дар қарни XIX низ зарарнок маҳсуб меёбанд.

Муносибати ислом ба варзиш

Имрӯзҳо шоҳиди густариши риштаҳои гуногуни варзиш дар Тоҷикистони азизамон ҳастем. Ҳазорҳо нафар ҷавонону наврасон ба варзиш машғуланд, ё худ мухлису муҳибби ин ё он намуди варзиш мебошанд. Соҳаи варзиш дар Ҷумҳурӣ барои пешбурди рушду афкори маънавии ҷавонон дар мадди аввал меистад. Пешвои муаззами миллат зарурати рушди варзишро таъкид намуда, дар ин маврид чунин гуфтаанд: “Ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа мебошад”.

Костагии диндорӣ

 

Нигоҳе ба эътиқоду суннатҳои қадимаи динӣ-сиёсии эронитаборон ва инъикоси онҳо дар фарҳанги исломӣ

Тибқи яке аз боварҳои анъанавию суннатии зардуштӣ, ки дини мардуми эронитабор дар даврони қабл аз ислом буд, адли илоҳӣ тавассути шоҳоне, ки аз баракати фарри эзадӣ бархӯрдор ҳастанд, дар ҷаҳон татбиқ мегардад. Чунин боварӣ дар бораи нақши ҳокимон дар татбиқи адли илоҳӣ минбаъд дар таълимоти динҳои дигар, аз ҷумла насрония ва ислом низ, дар шакли гуногун ифода ёфтааст.

Зарурати таблиғи улуми дунявӣ

Мусаллам аст, ки сабабгори асосии қафомонии кишварҳои мусулмоннишин дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳз дар ҳошия қарор додани илму донишҳои дунявӣ маҳсуб меёбад. Мутаассифона, дар фазои маънавии кишвари мо дар муддати тӯлонии ҳукмронии комили дин ва арзишҳои динӣ (аз пайдоиши ислом то инқилоби Октябр) фарзияти таълими донишҳои динии ба дарди ҷомеа нахӯранда дар мафкураи мардуми мусулмон то андозае ҷо гирифт, ки онро на танҳо низоми илммеҳвари шӯравӣ, балки зарурати фазои илмии имрӯза эҷоднамуда низ зудуда натавониста истодааст.

Страницы