Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

РИОЯИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ – БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Аксарияти қонунҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасанд, асосан, ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мешаванд. Бинобар ин, риоя ва эҳтироми он аз тарафи аҳолии кишвар шарт ва зарур мебошад. Яке аз қонунҳое, ки мардуми тоҷик онро хуб пазируфтаанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки соли 2007 қабул гардидааст. Ба тасвиб расидани ин қонун дар замони Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик басо муҳим буд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қисми зиёди хароҷоти зиёдатӣ, сарфаи беҳуда ва риёкории мардум нуқта гузошт. То қабули Қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд [2]. Барои дарк кардани нақши бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пеш аз ҳама мо бояд вазъи татбиқёбии анъана ва ҷашну маросимҳои сершумори милливу таърихии тоҷикон дар солҳои охирини замони шӯравӣ ва давраи то қабул шудани ин қонун дар замони истиқлолиятро ба хотир оварем. Масалан, чӣ тавре, ки дар хотир дорем, дар он даврони сипаришуда анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ба ҳадде зиёд буданд, ки мардум намедонист кадоме аз онҳоро иҷро кунад. Илова бар ин, баъзе анъана ва ҷашну маросимҳо бо унсурҳои зиёди хурофотӣ ва бо дину фарҳанги миллии тоҷикон бегона то ба ҳадде олуда шуда буданд, ки аз ҳам ҷудо кардани унсурҳои худӣ ва бегона, зарурӣ ва нолозим дар таркиби онҳо хеле мушкил буд. Инчунин, аксарияти анъанаҳо ва ҷашну маросим ба таври маҷбурӣ ва бетартибона татбиқ мешуданд. Ҳатто, бархе аз онҳо, масалан, ҷашни хонадоршавӣ, барои бархе аз мардуми доро ба як маъракаи худнамоӣ, табдил ёфта буданд. Дар ҷашнҳои арӯсӣ истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо, бо маблағи калон даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди анвои нӯшокиву хӯрок, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада буданд, ки аслан ба ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкории бемаънӣ маъно ва моҳияти дигаре надоштанд. То қабули қонун маросимҳои азодорӣ низ тадриҷан моҳияти аслии худро гум карда, дар бисёр маврид хароҷоти онҳо аз хароҷоти ҷашни хонадоршавӣ камтар не, балки зиёдтар буд. Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид [3]. Ҷашну маросими миллӣ яке аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ҳамчун шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Чӣ тавре, ки шоҳидем тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амали гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд. Рафъи ин мушкилот, пеш аз ҳама, зарурати танзими расму оинҳои милливу диниро тақозо менамуд. Бо назардошти ҳамин талабот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими анъанаҳо ва ҷашну маросими милливу диниро ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб гирифта, тамоми саъю талоши худро дар ин самт барои қабули қонунҳои саривақтӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум равона намуд. Имрӯз сарфакорӣ, истифодаи мақсадноку самараноки имкониятҳои молию пулии ҳар як фард, ҳар як оила ҳукми зарурати ҳаётиро гирифтааст ва манфиатҳои фардиву хусусии одамон дар доираи манфиати омма ба назар гирифта мешаванд. Агар кас нек бияндешад, дарк мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои тамоми халқу кишварро ҳимоя намуда, ба насли имрӯза дарси илму адаб, ақлу амал, аҳду вафо, афву хирад, сабру саховат, шукру сипос, сарфаю сариштакориро омӯзонид ва шароите ба вуҷуд овард, ки тафаккури нави миллӣ пайдо шавад. Натиҷаи роҳнамоии падаронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки дар кишварамон насле ба камол расида истодааст, ки соҳиби дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, ихтисоси баланд, забондону соҳибмаърифат мебошанд ва барои тарққиёту ободии Ватан содиқона хизмат карда истодаанд [1]. Бо эътимоду боварӣ гуфтан мумкин аст, ки аксарияти ҷавонони соҳибмаърифату шарафманди даврони имрӯза аз марҳалаи ҷӯяндагиву тарҳрезӣ ба созандагӣ гузашта, пайваста сифатҳои инсонии худро такмил медиҳанд, ки назаррасу пурсамар аст. АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА 1. Вализода О. Қонуни танзим иқдоми саривақтиву зарурӣ буд. Қонуни танзим – омили рушди мафкураи миллӣ: маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (ш.Душанбе, 06 июни соли 2024). 2. Гулов Ш.М. Танзими ҷашну маросим баракати зиндагист! Сомонаи интернетии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. www.tnu.tj 3. Муродов Амиршоҳ. Танзими анъана ва ҷашну маросим, дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон. Сомонаи интернетии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. www.tgpu.tj Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамкорони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон! Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон, ки яке аз муқаддастарин ҷашнҳои динии мардуми мусулмон мебошад, табрику таҳният менамоям. Иди Қурбон таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ меҳру муҳаббат, инсондӯстӣ, хайру саховат, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ин иди муборак моро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар, дастгирии ятимону ниёзмандон ва анҷоми амалҳои неку шоиста ҳидоят менамояд. Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ин ҷашни муқаддасро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегиранд. Бешубҳа, ин ҳама самараи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа пайваста талош менамоянд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки фарҳанги таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва диниву маънавӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин асосҳои пешрафти ҷомеа мебошанд. Маҳз бо шарофати чунин сиёсати оқилона имрӯз дар Тоҷикистони азизамон тамоми шаҳрвандон дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои муқаддаси динӣ зиндагӣ ва фаъолият доранд. Иди саиди Қурбон барои ҳар як инсон фурсати беҳтаринест, ки ба аёдати падару модар, дастгирии ниёзмандон, пос доштани арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва таҳкими робитаҳои неки инсонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Зеро фарҳанги миллии мо ҳамеша бар меҳрубонӣ, эҳтиром ва накӯкорӣ асос ёфтааст. Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба ҳамаи Шумо, ҳамкорони гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори орому осуда, файзу баракати зиндагӣ, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти меҳнатиятон комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям. Бигзор Иди саиди Қурбон ба ҳар хонадон нуру сафо, меҳру муҳаббат, баракат ва хушбахтӣ оварад ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушду шукуфоӣ намояд. Иди саиди Қурбон муборак!

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва  муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикот анҷом доданд. Пешвои миллат ба  муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳо хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд. Президенти Тоҷикистон    ҷараёни мусбати имрӯзаи густариши робитаҳои ду кишвар ва аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро бахусус таъкид карданд. Ҳамзамон, президентҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи ҷорӣ  дар минтақаи Халиҷи Форс мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар ин замина Сарвари давлати мо бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути  муколамаи созанда изҳори умед намуданд.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати иди Қурбон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо саломативу хушҳолӣ ва дар хонадонатон осоишу оромӣ орзу менамоям. Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад. Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд. Яъне ин ид дар баробари он, ки маросими сирф эътиқодӣ мебошад, фурсати муносибе барои анҷом додани амалҳои хайру савоб ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи иди Қурбон мардуми тоҷик мутобиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ се амалро ба иҷро мерасонанд: аввалан, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек мекунанд, баъдан ба зиёрати падару модар, беморону ниёзмандон ва азодорон мераванд ва шахсоне, ки имкони мусоиди молиявӣ доранд, расми қурбониро ба ҷо меоваранд. Қурбонӣ кардан – ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон ва дастгирии оилаҳои камбизоат аз ҷониби онҳое воҷиб мебошад, ки имкону тавони хайру садақа карданро доранд ва дар масъалаи таъминоти аҳли оилаи онҳо мушкиле вуҷуд надорад. Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест! Дар Қуръони маҷид амалҳои исрофкорона ва хароҷоти беҷое, ки муъмин бар зарари худ ва наздиконаш анҷом медиҳад, 23 маротиба қатъиян маҳкум шудааст. Умуман, ҳамаи амалҳое, ки Худованд ба бандагонаш роиҷ донистааст, дар доираи имконияту шароити зиндагии инсон аст. Дар ояти 286-уми сураи «Бақара» ин масъала возеҳан зикр шудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад»! Дигар ин, ки дар шариати дини мубини ислом қурбонӣ кардани чорво дар давоми се рӯз ҷойиз аст. Бинобар ин, шарт нест, ки ин кор дар як рӯз бо издиҳому бенизомӣ анҷом дода шавад, балки беҳтар аст, ки забҳи чорво дар ҷойҳои муқарраршуда ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сурат гирад. Хотирнишон месозам, ки дастгирии эҳтиёҷмандон, ятимону маъюбон ва камбизоатҳову беморон на танҳо як амали савоб, балки нишонаи имони комил, ахлоқи ҳамида ва масъулияти иҷтимоии афроди ҷомеа дар назди ҳамдигар мебошад. Қобили зикр аст, ки тақрибан ду даҳсола қабл дар кишвари мо Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки он дар роҳи ба низоми муайян даровардани фарҳанги баргузории маъракаҳо ва пешгирӣ кардани зиёдаравию исрофкорӣ нақши назаррас гузошт. Дар асоси муқаррароти ин қонун мо бояд ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ва хусусан дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва маросими диниву эътиқодиро, ки мардумро ба хайру саховат ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят мекунад, ба намоиши хурофоту таассуб табдил насозем. Сарфаи маблағҳо ва худдорӣ кардан аз хароҷоти беҳуда ба оилаҳо имконият медиҳад, ки ба таълиму тарбияи фарзандон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли хонадон ва ободонии рӯзгори хеш таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Аз хотир набарорем, ки Худованд дар маркази ҳама фарзиёту воҷибот ва маросиму ойинҳои эътиқодӣ манфиат ва саодати инсонро гузоштааст! Ҳамватанони азизи мо аз вазъияти ноорому буҳронии ҷаҳони муосир хуб огоҳанд. Маҳсулоти ғизоӣ дар бисёр кишварҳои олам рӯз ба рӯз камчин ва нархҳо босуръат боло рафта истодаанд. Дар чунин шароит мо бояд, қабл аз ҳама, ба рушди иқтисоди ватанӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин диққати аввалиндараҷа дода, дар фикри захираи дусолаи маводи ғизоӣ, яъне таъмини фарзандон ва аҳли оилаи худ бошем. Мо бояд бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза амал кунем, бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва амнияти озуқавории кишварамонро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад, таъмин намоем. Дар робита ба ин, такроран таъкид менамоям, ки иди Қурбон тӯй нест, балки як маросими динӣ ва ойини эътиқодӣ аст, ки бояд дар асоси арзишҳои ахлоқӣ ва бо риояи меъёрҳои сарфаю сариштакорӣ баргузор карда шавад. Ҳамдиёрони азиз! Ислом динест, ки ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии инсон равона шуда, ҳадафи он ташаккули инсони солеҳу донишманд ва худшиносу накукор аст. Паёмбари ислом дар ҳадиси саҳеҳ таъкид намудаанд: «Ман фиристода шудам, то ахлоқи башарро комил гардонам». Ахлоқу одоби инсонӣ, дар навбати худ, аз саводу дониш ва маърифатнокиву худшиносии ҳар як инсон вобаста мебошад. Ин аст, ки дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст. Каломи раббонӣ ба бандагони Худо 70 маротиба аз тоату ибодат паём додааст, вале 779 маротиба аз зарурату аҳаммияти илму дониш ва ақлу хирад ҳукм кардааст. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мақоми илму дониш ва маърифату саводнокӣ дар назди Худованд баландтар аз ҳар ибодат аст. Бори дигар таъкид менамоям, ки мардум бояд арзишҳои асили эътиқодиро аз таассубу хурофот фарқ кунанд ва ин кор ба инсон танҳо тавассути саводу маърифат ва илму дониш муяссар мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, дини мубини ислом мақоми илму донишро ҳамчун воситаи саодати инсон баланд муқаррар намуда, возеҳан эълом медорад, ки ба даст овардани илму маърифат ба ҳар фарди мусулмон – хоҳ зан ва хоҳ мард – фарз аст. Худованд дар каломи осмонии худ дар мавриди тарғиби илму дониш фармудааст: «Онҳое, ки медонанд (яъне саводу дониш доранд) ва онҳое, ки намедонанд (яъне саводу маърифат надоранд), баробар нестанд». Воқеан, вазифаи ҳама пайғамбарон ва ҷавҳари таълимоти ҳама динҳои ҷаҳонӣ низ ба роҳи саодат ҳидоят кардани мардум аз тариқи илму дониш ва ахлоқи ҳамида мебошад. Ҳамватанони азиз! Ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддас ҳар як фарди соҳибватан ва бонангу номуси ҷомеа вазифадор аст, ки дар таҳкими дастовардҳои истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузорад ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намояд. Истиқлол дастоварди бузургу таърихӣ мебошад ва ҳимояи он масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии ҳар яки мо ба шумор меравад. Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр ҳастем ва ба шарофати давлати соҳибистиқлоламон ҳуқуқу озодиҳо ва боварҳои эътиқодии худро амалӣ менамоем. Шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки он дар амали ҳаррӯзаи созандаи ҳар яки мо ва дар хизмати содиқона ба Ватан ифода меёбад. Итминон дорам, ки кулли мардуми шарифи кишвар минбаъд низ саъйу талоши худро аз ҳар як хонаву кошона сар карда, барои ободии Ватани маҳбубамон, ҳимояи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон ва болоравии мақоми Тоҷикистон дар

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдон

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд. Аҳамияти зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, рушди зерсохторҳои муосир ва таҳкими ҳамдастӣ дар масоили вобаста ба обу иқлим дода шуд. Дар робита ба вазъи бениҳоят ҳассос ва печида дар минтақаи Халиҷи Форс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори идомаи талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ҳалли осоиштаи ин ин буҳрон бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад.

МАҚОЛАҲО

Бунёдгароии динӣ-ҳамчун заминаи зуҳури ифротгароӣ дар ҷаҳони ислом (қисми 2)

Ҳодисаҳои солҳои охир дар минтақа собит намуданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ба бархӯрди манфиати абарққудратҳои ҷаҳонӣ вобаста аст. Ширкат варзидани шаҳрвандони аксари кишварҳои мантиқа дар ин задухӯрдҳои мусаллаҳона аз он шаҳодат аз он медиҳад, ки хусусияти умумимусулмонӣ касб кардани ин ҷангҳо имконияти интиқоли онҳоро ба минтақаҳои дигари мусулмоннишини ғайриараб зиёдтар мекунад. Профессори унверситети Коҳира Ҳасан Ҳанафӣ таъкид дорад, ки «дар вазъи кунунӣ гуфтан ғайриимкон аст, ки «ояндаи кишварҳои мо фундаментализм аст ё либерализм”. Низоми демократӣ барои рушди ниҳодҳои ҷомеа шароити мусоид фароҳам овардааст, вале дар амал ин имкониятро гурӯҳҳои ифротгаро бо таблиғи идеяи фаромиллӣ будани ислом хеле моҳирона истифода мебаранд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар стратегияи бунёдгароён саволи «ояндаи кишварҳо чӣ гуна хоҳад буд», беҷавоб мемонад. Аз ин чунин бармеояд, ки нақшаи фаъолияти ояндаи сиёсии онҳоро дигарон тарҳрезӣ мекунанд ва инҳо ҳамчун як элементи ин низом онҳоро амалӣ мекунанд. Намунаи амалии ин стратегия дар зери шиори «мубориза бо комунизм» ташкил кардани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ дар кишварҳои Африқои Шимолӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ва ё шиори «дифои хоки мусулмонон аз кофирон» дар Афғонистон ва боз чандин ҳодисаҳои дигарро метавон инҷо баён кард. Аксари сиёсатмадорони кишварҳои араб бар ин ақидаанд, ки «бунёдгароии исломӣ идеологияи коммунистиро иваз кард ва як қувваи асосӣ дар муқобили Fарб дар Шарқ» ташаккул ёфта истодааст. Инчунин баъзе муҳаққиқони ғарбӣ ва араб кишвари Эронро барои интишори бунёдгароӣ айбор медонанд. Аммо низоми динии эронӣ маънои инкор ё ҷанг бо дастовардҳои муосири илму техника, рушди давлат надорад ва ҳадафи асосӣ ин пешгирӣ намудани таҷовузи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсии ғарб алайҳи мардуми Эрон аст. Наметавон тафаккури асри миёнагии аморати Толибонро бо дигар низомҳои динӣ муқоиса кард. Аммо принсипи асосӣ дар низоми Эрон ин низоми сотсиализм бо идеяи барҳам задани моликияти хусусӣ ва каптализм барои татбиқи сиёсати мустамликадорӣ дар давлатдории Эрон мавриди қабул нестанд.[1:22-26] Аввал, миёни ислом ҳамчун дин ва исломикунонии ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳамчун раванди сиёсӣ фарқ гузошт. Дар адабиёти муосири ғарбӣ ин раванд бо номи исломгароӣ (исламизм) зикр мешавад. Зеро ислом на ҳамчун дин бо арзишҳои худкифои ахлоқӣ- маънавӣ вориди ин раванд мегардад, балки ифротикунонии тафаккури динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ омили низоӣ дохилӣ шуда, ин кишварҳоро ба сиёсати байналмилалӣ ва муборизаҳои геополитикӣ мепайвандад. Бинобар ин, дар давраи начандон тӯлонӣ ин гурӯҳҳои бунёдгаро хоҷагони зиёд пайдо карда, дастпарварони зиёде тарбия карданд, ки ҳодисаҳои кишварҳои Миср, Сурия, Афғонистон, Судон, Қафқоз ва ғайра онро собит кард. Муаммо дар чист? То ҳол ягон назарияи дақиқи таъмини ҳамзистии арзишҳои миллӣ ва динӣ, ки мушкилоти ҷаҳони исломро аз байн барад, аз ҷониби роҳбарони ин гурӯҳҳои бунёдгарои динӣ коркард нашудааст. Қисме аз уламои дин ба мисли Ибни Таймия, Абдулваҳҳоб, Мавдудӣ шиори «бозгашт исломи ибтидои»-ро тарғиб карда, бо зикри аз оятҳои Қуръон; 39-3, 72-18, 7-30, 17-57 онро асоснок мекунанд ва барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳоро болои ҷомеа таҳмил мекунанд. Ислоҳотхоҳони исломӣ ба монанди Саид Қутб, Ҳасани Бано, Афғонӣ бошанд бо шиори «ба пеш бо Қуръон» ба майдони бозиҳои сиёсӣ даромаданд. Идеяи ислоҳотхоҳони ҷадиди исломӣ, бунёди як хилофати исломӣ дар асоси инкори мансубиятҳои миллӣ-этникӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, ва айняти сиёсату дин буд. Мутаассифона, ба назар нагирифтани воқеияти ҳаёти мусулмонони минтақа, хусусияти давлатдории кишварҳои мусулмоннишин, мавҷудияти таърихии миллатҳо, низоми сиёсии ҷаҳони муосир ин консепсияҳо натанҳо сабаби низоъи динӣ- мазҳабӣ гардиданд, балки барои рушди давлатдории миллӣ мушкилоти нав эҷод карданд. Дар таҷрибаи таърихии мусулмонон ба сари қудрат омадани гурӯҳҳое, ки худро сирф исломӣ муаррифӣ мекарданд, зиёд буданд. Аммо баъди ба сари қудрат расидан, фаъолияти онҳо аз пешиниҳо, ки худашон онҳоро барои истибдоди мусулмонон сарнагун карда буданд, бадтар мешуд. Аз даврони давлатдории Уммавиён то Шайбонихони манғит, (ба ҷуз аз давлати Дайламиҳо ва Сомониён) ҳар як гурӯҳи аҷнабие, ки ба сари қудрат мерасид, ҳатман пешинаро мушрику бидъаткор ва кофир эълон карда, даъвои аз олудагиҳо пок кардани исломро мекарданд. Танҳо дар даврони давлатдории Дайламиҳо ва Сомониён ба рушди илм ва фарҳанги исломӣ, таъмини ҳамзистии арзишҳои миллӣ ва динӣ дар сатҳи давлатдорӣ диққат дода шуда буд. Он мероси пурғановати илмие, ки тоҷикон ва халқҳои дигар ба ҷаҳониён доданд, маҳз ба ҳамин давраҳои давлатдорӣ рост меояд. Баъзе коршиносон бар ин ақидаанд, ки бунёдгароӣ падидаи иҷтимоӣ буда, таърихи бештар аз садсола надорад ва падидаи муваққатӣ аст. Ин ҳаракат дар таъарруз ба таҳаввулоти модернӣ ва афкори муосир буда, аз дохили ҷунбишҳои ислоҳталабонаи исломӣ дар муқобили ғарбгароӣ бархост.[2:8] Чунон, ки роҳбари исломгароёни Тунис Рошид Ғануш мегӯяд: «Оё мусулмонон метавонанд дар як низоми секулории демократӣ мушорикат кунанд, ҳангоме ки аз таъсиси як низоми исломӣ оҷизанд? Не! Чаро ки вазифаи ҳар як мусулмон чӣ фарду, чӣ ҷомеа дар таъсиси низоми сиёсии исломӣ худро бояд мабзул донад. Низоми демократияи ғарбӣ ба мисли як санг дар пеши по аст, ки барои ҳаракат ба пеш монеа мебошад ва «пешрафти демократия дар Ховари Миёна бидуни пазириши абъоди исломӣ муддати зиёд идома нахоҳад дошт». [3:176] Аммо дар ин масъала, Анвар Иброҳим (вазири молияи Малайзия) чунин назар дорад: «Мо одат кардаем, ки ҳама вақт Fарб ва низоми мустамликадории асрҳои пешинро айбдор кунем, вале ҳамдигарро қатлу куштор кардани мусулмононро намебинем. Мо танҳо бо шиорҳо ва даъватҳои баланд аз номи ислом бозӣ дорем, вале мусулмонон наметавонанд ҳамдигарро оромона гӯш кунанд ва барои ҳалли проблемаҳои ҷомеа ягон амали дуруст анҷом диҳанд».[4:40-41] Дар натиҷаи сайри мухтасар дар таърих ва шиносоӣ бо ҳадафҳои онҳо метавон гуфт, ки бунёдгароён гурӯҳҳое мебошанд, ки дар ҷомеаи суннатӣ ҳам бо мусулмонон ва уламои дин ва ҳам бо равшанфикрони дунявӣ дар ситезанд. Ҳар як гурӯҳҳои идеологӣ-динӣ, аз дохили гурӯҳҳои дигари пешин ҷудо шуда, худро берун аз он низоми шаклгирифтаи динӣ муаррифӣ мекунанд. Аз ҷумла, инкор кардани мазҳабу мактабҳои фиқҳӣ аз нигоҳи дин асоснок шуда, таълимоти худро ҷаҳонбинии исломӣ маҳсуб медонанд. Аммо дин чунон таҳриф шудааст, ки мусулмонон онро пазируфта наметавонанд ва намунаи он андешаҳои динии гурӯҳҳои такфирӣ мебошад. Аксарияти гурӯҳҳои ифротгаро ҳам аз миёни ҷомеаи мусулмонон бархостаанд ва кӯшиш мекунанд, ки аз мавҷудияти худ дар ҷомеа дарак диҳанд. Бинобар ин, дар амалҳои иҷтимоӣ, тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ, муносибат бо дигарон онҳо кӯшиш доранд, ки аз руҳонияти суннатӣ тафовут дошта бошанд. Ин гурӯҳҳо ба ин ақидаанд, ки ақибмондагии мусулмонон ин истибдоди дохилӣ, хориҷӣ ва тамаддуни фурӯрехтаи мусулмонон дар замони модерн аст [5:11] ва барои ҳамин ҳама гуна навовариро аз нигоҳи ислом ҳукм мекунанд, ҳарчанд баъзе масъалаҳо сирф

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро, ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Зимнан, таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои маъдан, дорусозӣ, нассоҷӣ, коркарди пахта, пашму пӯст, мувофиқи мақсад дониста шуд. Вобаста ба вазъи  Ховари Миёна гуфта шуд, ки мушкилоти бавуҷудомада танҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ва музокирот метавонанд ҳаллу фасл гарданд. Аз ин лиҳоз, бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз идомаи талошҳои сиёсӣ ва муколамаи созанда дар роҳи ҳалли осоиштаи ин ва дигар низоъҳо таъкид гардид.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд. Сарвари давлат дар оғози суҳбат ба  Ли Ҷунҳуа, ки ҳамраиси “Раванди оби Душанбе” мебошад, барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар конфронси мазкур ва ҳам аз саҳми намоёни доимияш дар ин раванд арзи қаноатмандӣ намуданд. Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо СММ, бахусус бо Дафтари созмон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва кор бо паёмадҳои онҳо  баррасӣ шуд. Оид ба татбиқи натиҷаҳои ҳамоишҳои қаблӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор, ҳадафманд анҷом додани конфронси кунунӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои дигари байналмилалии ин самт дар соли равон ва соли 2028 гуфтугӯи судбахш ҷараён гирифт. Ба кори “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҷонибҳо таваҷҷуҳ карда, изҳори бовар намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими имкониятҳои он саҳми назаррас хоҳанд дошт. Гуфтугӯи судбахш, ҳамчунин доир ба  фаъол нигоҳ доштани Гурӯҳи дӯстони об ва пиряхҳо дар Ню-Йорк ва абзорҳои дигари рушди ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, сурат гирифт.  

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Конфронс бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ оғоз гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ташрифи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин конфронсро қадами муҳим дар ҳалли яке аз проблемаҳои ҳассоси замони муосир – дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба об номиданд. Зикр шуд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин ҷода тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои мо барои баланд бардоштани мақому аҳамияти об – сарвати бебаҳои ҳаёт равона гардида, Тоҷикистон дар ин самт ҷонибдори бархӯрди мутавозин ва фарогир аст. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштарак мебошад. Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки мо дар доираи ташаббуси “Раванди оби Душанбе” ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома медиҳем. Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба мушкилиҳое ҷалб намуданд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор монеаҳо эҷод кардаанд. Таъкид гардид, ки ҳоло миллиардҳо нафар ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надошта, наздик ба 4 миллиард сокини сайера ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Ин тамоюлҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оянда дастрасӣ пайдо накардани мардуми ба оби ошомиданӣ ба таври назаррас зиёд хоҳад шуд. Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал то 25 дарсад зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд. Ҳамзамон бо ин, ба таъкиди Роҳбари давлат аз рӯи пешбиниҳо дар ин давра қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гарданд ва соҳаҳои наву босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард. Дар ин замина, гуфта шуд, ки ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро бештар месозад. Президенти кишвар аз иқдомҳои Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ ҷаҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қабул гардидаанд. Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳад. То соли 2040 дар нақша аст, ки дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба 90 дарсад расонад. Ҳамчунин, Тоҷикистон азм дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки онро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад. Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳамияти хоса дода, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими об ҳамеша кӯшиш менамоем. Дар ин раванд, Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор нигариста, дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказиро зарур мешуморад. Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мо бояд аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем ва иқдомҳо бояд аз дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд. Сарвари кишвари мо ёдовар шуданд, ки дар солҳои охир Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам оварданд. Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем. Гуфта шуд, ки имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст. Ба ин мақсад пешниҳод гардид, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад. Ин чаҳорчӯб метавонад заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад. Дар хотимаи сухан  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем. Тавре таъкид гардид, ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст. Аз кафкӯбии пурмавҷи ҳозирин аён гардид, ки ин пайғом мавриди дастгирии аҳли толор қарор гирифт. Баъд аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд, аз ҷумла  Сарвазири Ҷумҳурии Бурунди Нестор Нтахонтуэ,  раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири кишоварзӣ ва саноати коркард Эрлист Акунбеков, муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев, фиристодаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид хонум Ретно Марсуди, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ли Ҷунҳуа, раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Лок Баҳодур Тапа, Ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Марк Боуман, муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) Армида Салсия Алисҷаҳбана ва Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, муовини Дабири кулли СММ, профессор Тшилидзи Марвала баромад карданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар Кохи Сомони бустонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2500 иштирокдор аз 110 кишвар, намояндагони воломақоми 75 созмони байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд аз 170 муассисаи илмиву таҳқиқотии ҷаҳон ҷамъ омаданд. Ғайр аз

Президент, Хабарҳо

Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ

25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид. Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, тавсиби Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим супурда шуд. Зимнан, саҳми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафмандонаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028″, қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ ва пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, махсус таъкид гашт. Ёдовар бояд шуд, ки Ҷоиза бо фармони Ректори Донишгоҳи Сулҳи Созмони Милали Муттаҳид доктор Франсиско Рохас Аравена 19 майи соли 2026 ба имзо расида, аз ҷониби Намояндаи доимии ин Донишгоҳ, Сафир Дэвид Фернандес Пуйана ба Пешвои миллат тақдим гардид. Он барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва кишварҳое, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ таъсис ёфтааст. Ин эътироф гувоҳи шахсияти таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақа ва талошҳояшон барои суботи сартосариву пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим аст, ки аз ҷониби яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои олам муҳри тасдиқ ёфт.

Прокрутить вверх