Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи ҳамкорӣ бо Ҷопонро дар чаҳорчӯби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) баланд арзёбӣ мекунад. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллии кишвари мо, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Аз имзои ду созишномаи нави грантӣ оид ба лоиҳаҳои сохтмони як зеристгоҳ ва муосирсозии таҷҳизоти сканерии борҳо дар дидбонгоҳи гумрукӣ истиқбол карда шуд. Ҷалби сармояи мустақими ҷопонӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзноки иенӣ, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. Рушди энергетикаи “сабз” аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Барои тавсеаи бахшҳои Барномаи “JDS” дар соҳаҳои тиб, нанотехнология, технологияҳои иттилоотӣ, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсиси Маркази инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистону Ҷопон дар кишвари мо изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. 19.12.2025 Ҷопон

Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ МЕРОСИ ТАМАДДУНҲОИ БОСТОНӢ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТҲОИ МУОСИРИ МИЛЛӢ”

18-уми декабри соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ”, баргузор гардид. Дар кори конфронс директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., профессор Холиқзода А.Ғ., директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода, инчунин намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён дошт. Ӯ таъкид кард, ки Пешвои миллат бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар самти эҳё ва муаррифии мероси тамаддунии ниёгон, аз ҷумла тавассути бунёди Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мавқеи давлати миллии моро ҳамчун вориси тамаддунҳои куҳан, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ, равшан намуданд. Дар идома директори Маркази исломшиносӣ д.и.ҳ., профессор Холиқзода Абдураҳим дар бораи “Методологияи илмии муносибати давлати миллии муосир ба хотираи таърихии ҳуқуқӣ ва сиёсии халқ” баромад намуда, таъкид намуданд, ки давлатсозӣ ва миллатсозӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки дар ҳар ҷомеа аҳамияти хоси худро дошта, дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ бо умумиятҳо ва соҳибихтиёрии худ фарқ мекунанд. Таъсис ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, сохтори маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва муайян намудани сарҳад ва ҳудуди давлат ба раванди давлатсозӣ дар низоми нави муносибатҳо дохил гардида, раванди миллатсозӣ ба мутаҳидсозии омма тавассути умумиятҳои забон, фарҳанг, таърих, ташаккули ҳувияти миллӣ, ҳамзамон ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Бардоштҳои маънавӣ, сиёсӣ ва таърихӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 декабри соли 2025)

Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 садо дод, бо дарназардошти таҳлили рушди даҳсолаи фазои иқтисодӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, мақом ва тамоюли рушди вазифавии ниҳодҳои давлатиро вобаста ба манфиатҳои миллату давлат барои соли 2026 ва солҳои оянда муқаррар ва муайян кард. Паём бо факту рақамҳо нишон дод, ки чи тавр давлати Тоҷикистон бо вуҷуди ҳама мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ, дохилию хориҷӣ зина ба зина ба самти пеш, дар шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ ҳаракат карда, иқтисоди миллиро ҳамчун машинаи бузурги таъминоти моддии худкифои халқ ташаккул дода, асолат, ҳувият ва рисолати таърихии давлатдории миллатро бо масъулияти таърихии бунёди ҷомеаи адолатнок тадриҷан ба самти саодати халқи Тоҷикистон рушд дода истодааст. Дар марҳалаи кунунии рушди давлатдории халқи тоҷик Президенти мамалакат самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар ислоҳи маънавии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди ҷиддии соҳаи илму маориф, ташаккули мафкураи солими миллии ҷавонону бонувон маҳсуб дониста, мубориза бар зидди хурофот ва таассуби динӣ, бедории миллӣ ва ҳушёрии фикрӣ ва илмиро гарави наҷоти миллати соҳибдавлат эълон намуданд. Дар самти иқтисодӣ идомаи рушди саноатикунонии босуръат, рақамикунонии иқтисодиётро вазифагузорӣ карда, ҳифзи рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар умум суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз нигоҳ доштанашро масъалагузорӣ намуданд. Ҳамчнунин, дар Паём ҷиҳати сафарбарии самараноки фаъолияти мақомоти давлат бо мақсади ба итмом расонидани ҳадафҳои марказии Тоҷикистони соҳибистиқлол-таъмини амният ва истиқлолияти комили озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Афзалияти сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф Дар самти ислоҳоти маънавии ҷомеа нуктаи калидӣ ва асосӣ ин эълони қатъии афзалияти сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф буд. Пешвои миллат садоқат ва боварии худро ба неруи илму маърифат қатъиян таъкид намуда, онро ҳамчун воситаи асосии ҳастии арзандаи миллат ва давлат эълон намуданд.“Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.” Дастгирии давлатии соҳаи маориф дар соли 2026 ба маблағи 14 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки он нисбат ба соли гузашта 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд карда шудааст. Роҳбари давлат дар паёмашон ба падару модарон, омӯзгорон ва ба кулли шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, таъкид намуданд, дар масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.” Роҳбари давлат консепсияи машҳури дар паёми соли 2021 эълоншударо, ки «Маориф пояи миллат аст» расман бо факту рақам собит намуда, “ояндаи давлату миллатро дар умум ба сатҳу сифати маориф” васл намуданд. Ташаккули худшиносии миллӣ Дигар аз нуктаҳои муҳимми паёми имсола дар қатори ҳама дастовардҳои бузургу таърихии иқтисодию иҷтимоияш ин таваҷҷуҳ ба ислоҳоти ногузири фазои маънавии кишвар, ташаккули ҳувият ва худшиносии миллӣ буд. Мо хуб медонем, ки дар шароити муосири рушди давлатҳои миллӣ вазифаи ҳимояи маънавии давлатҳо зери фишори таҳдиду хатарҳо ба вазифаи мубрами ҷомеаҳои давлатдор табдил ёфтааст. Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир, таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳусну қубҳи арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо, ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо зери хатару таҳдидҳо мондааст. Ҷаҳонишавӣ дар заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо, ба фарҳанг ва анъанаҳои миллиямон, ба сару либосамон, урфу одатамон ва забонамон фишор меорад. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз табдил меёбад. А. Ҳифзи унсурҳои миллӣ Пешвои миллат ба маврид таъкид намуданд, ки бегонапарастӣ аввал “сару либосамонро, баъд забон ва сипас истиқлоли миллиамонро зери хатар мегузорад.” Маҳз ба ҳамин хотир ба модарону хоҳарон тавсия дода, умедворӣ намуданд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо (яъне занону бонувони мамалакат А.Х.) дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.” Ин даъват даъвати одӣ не, балки иҷрои рисолати таърихии миллат аст, ки як рункни муҳиммаш ба дасти зан – модари тоҷик афтидааст. Зан – модари тоҷик дар лаҳзаҳои вазнини бедавлатӣ, дар шароитҳои мушкили таърихӣ, дар ѓарибиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун аз сарзаминҳои аҷдодӣ тайи тақрибан ҳазор сол на танҳо қаҳрамонҳо, абармардони илму фанро тавлиду тарбия карда, ба осиёби илми ҷаҳонӣ об рехта, ба бедавлатон далатдорӣ, ба бефарҳангон фарҳанг ва безабонон забон омўхт, инчунин онҳо сару либоси миллӣ ва забони модариро дар ҳалқаи оила то даргоҳҳои олии сиёсӣ ҳамчун забони илм, тарбия ва ахлоқи баланд ҳифз карданд ва бар дигарон намуна буданд. Вале имрўз чӣ шудааст, ки дар шароити давлати озод, демократӣ, ҳуқукбунёду дунявӣ занону бонувони мо муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ – либоси миллиро ҳифз карда наметавонанд? Ин даъвати Пешвои миллат даъвати сиёсӣ, ахлоқӣ ва миллатсозӣ аст. Фаҳм ва дарки дурусти он рисолати зани давлатдор ва ватаншинос аст. Модар на танҳо фарзандро, балки вай миллатро низ тарбият мекунад. Дигар ин ки имрўз сару либос ин танҳо рамзи фарҳанг не, балки иттилоот аст, иттилооти сиёсӣ, рамзи мафкура ва тамоюли тафаккури халқ аст. Ин аст, ки вай, яъне сару либос чун воситаи таъсиррасонӣ ва фишороварӣ, мақсаднок дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо истифода мешавад. Дар ҷараёни манфиатхоҳии кишварҳои бузург ва алангаи ночаспониҳои фарҳангӣ забон, илм, санъат, тарзи ҳаёти иҷтимоӣ, сарулибос, симои зоҳирӣ ва ботинии миллати мо ҳамчун унсурҳои фарҳанги миллӣ, миллати эҷодгар таҳти зарбаи устувори маънавӣ қарор мегирад. Сиёсӣ сохтани эътиқод ва боварии мардум оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга дод. Бегона кардани сару либос ва хароб кардани решаҳои фарҳангии миллат ҷанги мафкуравии миллати муосирро бедор карда олами ботинии миллати соҳибдавлатро хароб мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир муроҷиати Президент ин муроҷиати таърихӣ ва ҳидояти тақдирсоз аст, ки ҳар зан – бонуи Тоҷикистон бояд ба

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари расмӣ ба Ҷопон

18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» вориди шаҳри Токиои Ҷопон шуданд. Дар саҳни фурудгоҳи Ҳанеда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷопон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд. 18.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Сафари расмӣ ба Ҷопон

18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Без рубрики, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон  Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Гурӯҳи байнипарлумониро дар таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ намуданд. Ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, илм ва маориф, нақлиёт, кишоварзӣ ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси технопаркҳо, дастгирии бизнес-инкубаторҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи IT таваҷҷуҳ намуданд. Соҳаи гуманитарӣ бахши муҳимми ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуд. Масъалаҳои рушди табодули фарҳангӣ ва зиёд кардани квотаҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон, инчунин, тавсеаи давраҳои омӯзишӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд. Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон бо ин, боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллии аҳолӣ бар пояи таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ маҳсуб меёбад. Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басо муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистони куҳанбунёд, вале тозаистиқлоли мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ сарҷамъона фаъолият намуда, корҳои бузурги ободониву созандагиро ба анҷом расонида истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз беш аз 26 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо бо саҳми соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд гардидааст. Инчунин, мо бояд дар заминаи шинохти амиқтари таъриху фарҳанги бостонии худ ва пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгони давлатсозу тамаддунофари хеш ба истиқболи ин ҷашни муқаддас корҳои ободониву созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ, ки худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият мебахшанд, доир намоем. Дар ин раванд, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, ба таъмиру тармим, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро, аз марказҳо то дурдасттарин деҳот, фаро гирифта, ба як амали ҳамешагӣ ва фарҳанги умумимиллӣ табдил ёбад. Яъне, ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас дар роҳи пешрафти давлат ва ободии Ватани азизи худ саҳми шоиста гузошта, бо анҷоми амалҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ ва рафтори шоиста фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва асолати миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тақвияти ҳисси худогоҳиву худшиносии ҳар як сокини кишвар вазифаи муҳимми рӯз ба ҳисоб рафта, татбиқи корҳои амалии назаррасро тақозо менамояд. Ҳадафи ниҳоии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, инчунин, ошноии бештар пайдо кардан бо таърихи пурғановати миллӣ, фарҳанги бостонии оламшумул ва худшиносу худогоҳ будан маҳсуб меёбад.

Президент, Хабарҳо

Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 17 декабри соли 2025 №1102

Президент, Хабарҳо

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд,  имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  ва «Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувору босуръати  иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмини волоияти қонун ва некуаҳволии мардум равона шудаанд. Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.

Президент, Хабарҳо

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд, Самандари Қаландар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, Давлатзода Нозим Исрам аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд. 2. Шарифзода Манижа Мурод бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шавад. 3. Табарзода Қамариддин Мумин аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд. 4. Шарифзода Бадриддин Нуриддин бинобар вафоташ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 17 декабри соли 2025 №1101

Прокрутить вверх