Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Муҳаммад Ал-Аттия

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро баланд арзёбӣ намуда, аз муҳтавои робитаҳо дар сатҳу зинаҳои гуногун, ба хусус дар сатҳи олӣ, изҳори қаноат намуданд. Муҳаммад Ал-Аттия, пеш аз ҳама, салому дуруди Амири Давлати Қатарро ба Сарвари давлати Тоҷикистон ироа намуда, аз имкони дидор ва баррасии роҳҳои тавсиаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш изҳори хушҳолӣ намуд. Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо,  кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф ва истифодаи зеҳни сунъӣ низ аз роҳҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар номида шуд. Доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавию ҷаҳонӣ ҳам табодули андеша сурат гирифт. 23.06.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ

Барои дарки моҳияти созандагии Ваҳдати миллӣ моро зарур аст эътироф намоем, ки фазои имрўзаи сулҳу оромӣ дар фазои кишвар, пайваста рух додани маъракаю чорабиниҳои мухталифи хурсандибахши мардум дар саросари кишвар, фаровонии бозору мағозаҳо аз молҳои гуногуни ниёзи мардум, пур гардидани на танҳо роҳҳои автомобилгарди шаҳр, балки кўчаю тангкўчаҳо дарманотиқи дурдасти кишвар аз мошинҳои гуногунтамғаи ҳозиразамон маҳсули Ваҳдати миллӣ мебошанд. Ваҳдати миллист, ки иқтисодиёти кишвар бомаром ҳар сол 7-8 дар сад пешрафт карда истодааст. Ваҳдати миллист, ки сатҳи накўаҳводии мардум пайваста беҳ гардида, давр байни қисмате аз аҳолӣ фарбеҳшавӣ ҳамчун нишонаи фаровонию серию пурӣ раванди маъмулӣ гардида, дар байни дигар қишрҳои аҳолӣ низ интишор ёфта истодааст. Ваҳдати миллист, ки имрўз варзишгарони кишвар дар соҳаҳои мухталифи варзиш парчами давлатро баланд бардошта, миллатро ҳамчун умумияти этникии тамаддунпарвару фарҳангсоз муаррифӣ карда истодаанд. Ахиран, Ваҳдати миллӣ ба миллати тоҷик муҳимтарин ва пурқиматтарин арзиши сиёсӣ – истиқлоли давлатиро эҳдо намуд. Аз ин нуқтаи назар, муносибати байни Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатии кишвар муносибати байни сабабу натиҷа мебошад ва нақши тақдирсози Ваҳдати миллиро амалан таъкид менамояд. Албатта, ҳамаи он падидаҳои хурсандибахше, ки зикр гардиданду бояд муҷиби шукргузории аҳли ҷомеа бошанд, бидуни муттаҳидӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рух намедоданд. Маҳз ҳамин муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва сафарбар намудани тамоми нерў баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Президенти кишвар ҷомеаи моро ба чунин рўзҳои саид ва фараҳбахш – оромию осудагӣ дар фазои сиёсии кишвар ва серию пурӣ дар ҳар хонадони кишвар оварда расонидааст. Вақте дар бораи аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ сухан меронем, пеши назари мо беихтиёр ҳамон кўшишу талошҳои қишри хиёнатпешаи миллат дар солҳои ҷанги таҳмилӣ ҷилвагар мешавад, ки бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои сиёҳи худу хоҷагони хориҷияшон қариб буд кишварро пора-пора намоянд. Бузургон мегўянд, ки «шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст». Ҳамчунин мо медонем, ки миллати курд баъд аз парокандашавии худ то ҳол имкон надорад, ки боз бо ҳам омада, худро ҳамчун як умумияти сиёсӣ муаррифӣ намояд. Аз ин рў, хушбахтии беканори халқи тоҷик аст, ки мардуми кишвар дар солҳои ҷанги таҳмилӣ дар атрофи нерўҳои созанда ва миллатдўсти кишвар ҷамъ омаданду миллатро аз парокандагӣ ҳифз намуданд ва ба ин рўзҳои саид расиданд. Қобили зикр аст, ки ҳаводиси сиёҳи гузашта, агарчанде, паси сар гаштанд, ҳамзамон як мактаби омўзишие гардиданд, ки аз онҳо бояд хулосаи зарурӣ баровард ва барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳамеша бояд омода буд. Аввалин сабақи хотирмони он ҳаводиси сиёҳ дар он ифода меёбад, ки барои шахс ё қишри хиёнатпеша на таъриху фарҳанг ва на имрўзу ояндаи миллат ҳеҷ арзише надоштааст. Дар рагу пайванди қишри зикршуда аз номуси худшиносию ватандорӣ асаре ба мушоҳида намерасад. Аз ин рў, чунин қишр ба сабаби ҷаҳолат арзишҳои миллии худро ба осонӣ қурбони арзишҳои бегона мегардонад. Дар пешорўи таҷлили солгарди Ваҳдати миллӣ бо дарки амиқи аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ мехоҳем қайд намоем, ки дар ҷомеа имрўз раванду ҳодисаҳое аз худ дарак дода истодаанд, ки аҳамияти бузурги Ваҳдати миллиро барои ҳар фарди худшинос ва меҳанпараст садчанд зиёд мегардонанд. Аз нигоҳи мо ба ҷумлаи чунин раванду ҳаводиси таҳрикдиҳанда дохил мешаванд: – нерў гирифтани раванди ҷаҳонишавии фарогир; -тезутунд гардидани муносибатҳои байналмилалӣ ва дар заминаи он сурат гирифтани тақсимоти нави ҷаҳон; -идома ёфтани таъсири нерўҳои ифротии динӣ ба зеҳни насли ҷавон; -дар ҷомеа якбора ба маротиб зиёд гардидани раванди дингароӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ онро наметавон раванди мусбат номид (дар ин замина набояд аз мадди назар дур сохт, ки дар ҷомеаи мо чанде пеш дар тўли ҳафтод сол идеологияи дунявӣ ҳукмрон буд, аммо ғайричашмдошт дини дар камин ноайён хобида, чун шери гурусна зуд сари худро баланд кард ва ҷомеаро дар як муддати кўтоҳ зери таъсири афкори номатлуби худ дароварда, оқибатуламр яке аз сабабҳои ҷанги бародаркуш гардида буд.); – дар ҷомеа имрўз насли ҷавоне ба воя расида истодааст, ки зеҳни он моҳият ва зарурати Ваҳдати миллиро ба сабаби ноогоҳӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилӣ дуруст ва амиқ дарк наменамояд. Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, махсусан ҳаводиси сиёсии даҳсолаҳои охир дар манотиқи мухталифи дунё ҳар як фарди миллатдўсту меҳанпарвари кишварро воҷиб мегардад, ки зимни фаъолияти тарғиботӣ доир ба аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ ба самтҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд: – Сухани Пешвои муаззами миллат: «Мо аслиҳаи ядроӣ надорем, лекин Ваҳдати миллӣ дорем, ки аз он ҳам нерумандтар аст» ро – дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври равшан бояд шарҳу эзоҳ дод; – Сиёсати муқаддам будани арзишҳои миллӣ, махсусан Ваҳдати миллиро дар муқоиса бо дигар анвои арзишҳо, ҳатто арзишҳои илмию динӣ пайваста бояд ҷорӣ кард; – Барои даст ёфтан ба Ваҳдати комили миллӣ авло будани манофеи миллиро аз манофеи шахсию гурўҳӣ пайваста дар зеҳни аҳли ҷомеа ҷой намуд; – Ба насли ҷавони ба воярасидаистода аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллиро пайваста бо мисолҳои мушаххаси таърихӣ бояд шарҳ дод то дар зеҳнашон эҳсоси баланди худшиносию меҳанпарварӣ ба таври устувор ташаккул ёбад. Абдухалилзода К.А. Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Тиргон

Ҳамватанони гиромӣ! Фарорасии ҷашни бостонии Тиргон – ёдгори пурарзиши тамаддуни бостонии ориёиро ба ҳамаи шумо самимона табрик менамоям. Тиргон дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад. Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд. Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад. Ин ойини бостонӣ ифодакунандаи арзишҳои ҷовидонаи инсонӣ – умед ба фардои нек, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамкории фарҳангу ойинҳои гуногуни башарӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити пурҳаводиси ҷаҳони муосир посдории чунин арзишҳо беш аз ҳар замони дигар метавонад таконбахши талошҳои муштарак барои тақвияти дӯстиву ҳамкории тамаддуну фарҳангҳо ва дар айни замон ҳифзи мероси маънавии миллии мо бошад. Ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст. Яъне Тиргон пайвандгари наслҳои имрӯза бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагон аст. Таҷлили он аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд. Бояд гуфт, ки об дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойгоҳи хос дорад. Ниёгонамон дар айёми ҷашни Тиргон хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд ва беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд. Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки ҷашнҳои миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтаанд. Орзумандем, ки ҷашни Тиргон низ дар наздиктарин фурсат ба чунин мақом сазовор гардад. Дар ин росто, моро зарур аст, ки хусусиятҳои барҷаста ва манфиатовари онро боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем. Ҳамватанони азиз! Аҳаммияти об дар замони мо хеле муҳим арзёбӣ гардида, яке аз масъалаҳои глобалии сайёра ба шумор меравад. Созмони Милали Муттаҳид се ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об қабул кард, ки қатъномаҳои дар ин масъалаҳо қабулкардаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд. Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки бо масъалаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об, робитаи мустақим дорад, ҳамчунин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки ин ҳама пешниҳоду ташаббусҳо саҳми кишвар ва мардуми мо дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ ва беҳтар сохтани шароиту имкониятҳои зиндагӣ барои сокинони сайёра мебошад. Мардуми мо, ки соҳиби суннатҳои бостонӣ ва созандагиву ободкорӣ ҳастанд, беҳуда обро манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ободӣ нагуфтаанд. Ба ин маънӣ, ҷашни Тиргон ойини покиву тозагӣ, ободкориву созандагӣ ва идомаи мантиқии ҷашни Наврӯз мебошад. Итминон дорам, ки мардуми бонангу номуси кишвар бо истифода аз суннату анъанаҳои деринаи миллӣ тамоми саъю кӯшиши худро минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон – сарзамини куҳанбунёди аҷдодии хеш равона месозанд. Фарорасии ҷашни Тиргонро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Орзумандам, ки арзишҳои неки ҷашнҳои бостонӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша устувору пойдор бошанд. Ҷашни Тиргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” дар шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” боздид намуданд. Гармхонаи мазкур дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд гардида, таҷҳизоту дастгоҳҳо барои парвариши сабзавот тибқи таҷрибаи нав аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки гармхонаи мазкур доимамалкунда буда,  ҳарорати муътадили дохили он бо усули муосир таъмин карда мешавад. Қабл аз бодиринг дар гармхона помидор парвариш ва ҳосили он ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахт пешниҳод гардида буд.  Ҳоло ҳосили бодиринг дар гармхона фаровон аст ва ин бозгӯи он аст, ки кормандони Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед”, ки 10 – нафарро ташкил медиҳанд, дар кишт ва парвариши сабзавот таҷрибаи ғанӣ андухтаанд. Интихоби навъҳои ба иқлими кишвар мутобиқ низ аз роҳҳои дигари фаровонҳосилӣ аст. Обёрӣ дар гармхонаҳо бо усули қатрагии ба роҳ монда шудааст. Бо найчаҳои обдиҳии қатрагӣ ба сабзавот, ҳамчунин, маводи ғизоӣ дода мешавад. Технологияи нигоҳубини сабзавот дар гармхона ба таври худкор амал намуда, ҳосилнокиро баланд мебардорад. Таввасути турҳои муҳофизатӣ сабзавот аз таъсири офатҳои табиӣ, ба монанди гармии аз меъёр зиёд ва ҳашароти заррарасон эмин нигоҳ дошта мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои заҳмати сабзавотпарварон ва намоиши маҳсулот аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” бо кормандон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила васеъ намудани масоҳати гармхона, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифат дастуру тавсияҳои муфид доданд. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст. Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар замин қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” сомон ёфта, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Саҳн ва атрофи бинои Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст. Дар ин иншоот толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезиологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст. Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чашм ҷой дода шудаанд. Марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад. Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омода намудани маводи доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд. Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи донишгоҳ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии донишҷуён мусоидат менамояд. Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи 28-солагии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем. Бояд таъкид дошт, ки маҳз ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи мазкур мо миллати тоҷик ба ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагӣ ва ба оромию осудагии имрӯзаи ватани маҳбубамон зафарёб гардидем. Воқеан, ваҳдат сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳои миллат аст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб 40 моҳ идома ёфтанд, ба имзо расид. Роҳи сулҳ роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо намунаи тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати дуввумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 26-уми июни соли 1999 таъкид доштанд, ки «Бе ҳеҷ муболиға метавон гуфт, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ғалабаи фақат миллати тоҷик ва тоҷикистониён не, балки ғалабаи тамоми тоҷикони дунё, пирӯзии дӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон буд. Зеро ин амал якпорчагии Тоҷикистон, истиқлолияти он ва умуман миллатро аз хатари нобудшавӣ эмин дошта тавонист». Саъю талоши шабонарӯзии Сарвари ҷавони мамлакат ба хотири сулҳу ризоияти миллӣ, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ва бо роҳи ғайринизомӣ, яъне музокироти сиёсӣ хомӯш кардани оташи ҷанги дохилӣ барои насли имрӯза як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи таърихӣ ва нотакрори давлату давлатдорӣ гардид, ки имрӯз ҷавонон аз он таҷрибаи пурарзиши фарҳанги сулҳро омӯхта ва онро бо ҷону тан ҳифз карда истодаанд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки фармудааст: «Дар Рӯзи ваҳдат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сари як масъала амиқ андеша кунад: ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд. Аниқтараш, сарчашмаи истиқлолият ваҳдат аст. Мо бояд истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем». Дар воқеъ, ваҳдат маънои ягонагӣ, муттаҳидиву ҳамфикрии миллатро дорад ва имкон медиҳад, ки миллат орзӯҳои худро дар бораи пешрафти кишвараш амалӣ созад. Аз инҷост, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолият заминаи кафолати пешрафти кишвар ва якпорчагии Ватан гардидааст. Сулҳу оромии ҷомеа имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Шукронаи он мекунем, ки Ватани ободу давлати пешрафта ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро соҳиб гаштаем. Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод! Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Корманди шоистаи Тоҷикистон

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон» дар шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати 15 моҳ ҷавобгӯи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст. Муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бо тарҳи муосир ва харҷи 20 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шуда, дар вақти сохтмони он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд. Муассисаи тозабунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, машғул шудани онҳо бо бозиҳои гуногуни шавқовар ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар кӯдакистони нав 24 парастор ва кормандони соҳаи педагогӣ ва 21 корманди маъмуриву техникӣ дар маҷмуъ 45 нафар ба кор таъмин шудаанд. Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 12 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои хоб, ҳаммом, толорҳои варзишӣ, мусиқӣ, рақс, хореографӣ, рассомӣ, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда, он дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ ва босаводу донишманд гардонидани онҳо ҳидоят намуданд. Мувофиқи нақшаи генералӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд. Дар ин замина қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири ҳамин сол дар пойтахт 10 кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода хоҳад шуд. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд” бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 майи соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис дода шудааст. Бинои нав доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст ва дар он зиёда аз 200 нафар бо кор таъмин мегарданд. Дар ин бино барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст. Бино дар масоҳати 63 садяк замин сохта шуда, аз 94 утоқи корӣ, 4 маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 чойи нишаст, Маркази коркарди маълумот, Маркази назоратӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Тасмим аст, ки Маркази коркарди маълумот қобилияти нигоҳдории ҳаҷми калони маълумотро доро буда, он бо насли нави технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Барои нигоҳдории маълумот дар он зиёда аз 120 пойгоҳи ҳифзи иттилоот васлу насб карда мешавад. Маркази назоратӣ бошад, дар масоҳати 200 метри мураббаъ сохта шудааст, ки дар он 35 нафар оператор, кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе шабонарӯзӣ фаъолият карда, амнияти шаҳрвандон ва назорати фаъолияти инфрасохтори пойтахти кишварро таъмин менамоянд. Китобхонаи барҳавою муҷаҳҳаз ва толори машқварзӣ барои кормандон аз имкониятҳои дигари иншооти нав ба ҳисоб меравад. Аснои муаррифии тарҳу лоиҳаҳои тавассути корхона амалишаванда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» сохторест, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва коммуникатсия ба роҳ монда мешавад. “Шаҳри ҳушманд”, ин консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният ва ғайра мебошад. Таъкид гардид, ки ташкили “Иқтисоди рақамӣ”, “Нақлиёти ҳушманд”, “Тибби ҳушманд”, “Таълими ҳушманд”, “Рӯшноии ҳушманд”, “Иқтисоди сабз” (Шаҳри сабз), “Харитаи электронӣ” ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” роҳандозӣ шудааст. Рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе насби сутунпояҳои алоқаи мобилӣ, амалисозии Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi, тарҳи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он”, таҳияи “Харитаи электронӣ”, “Рақамикунонии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе-«Нақлиёти ҳушманд»”, фаъолсозии “Шаҳри бехатар” ва ғайраҳо аз зумраи корҳоест, ки тариқи Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳоли иҷро қарор доранд. Дар корхона барои анҷоми амалиётҳо тавассути технологияи иттилоотӣ беҳтарин мутахассисони ҷавон, ки аксарияташон хатмкардаҳои муассисаҳои олии таълимии ватаниву хориҷӣ буда, донандагони хубӣ забонҳои хориҷиву кор бо технологияи иттилоотӣ мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ошноӣ бо имкониятҳои бинои наву замонавии КВД “Шаҳри ҳушманд” ва суҳбат бо мутахассиосни соҳа, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки ба хотири амалишавии самараноки лоиҳаҳои ҳушманд ва ба шаҳри инноватсионӣ табдил додани Душанбе, ҷалби шарикони рушд ва сармояи дохилӣ васеъ ба роҳ монда шавад. 20.06.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ – ДАР АСРИ ҶАҲОНИШАВӢ

Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Бо дарназардошти муқаррароти мазкур аз ҷониби давлат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, таъмини вазъи хуби манзил ва ғизо, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, музди муносиби меҳнат, хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёти шаҳрвандон тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ мегарданд. Яке аз чораҳои муассир дар ин самт бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ба шумор меравад. Дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат иброз гардид: “Мақсади Роҳбари давлат низ аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар шароити боз ҳам беҳтар ва хонаву дари ободу зебо умр ба сар барад ва барои муҳайё намудани зиндагии шоиста талош намояд”. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар ба номи поки Худо, шири сафеди модар, нону намаки дастурхони пиру ҷавон ва обу хоки муқаддаси Ватан қасам ёд карда, масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро ба дӯш гирифтанд, ки самимияту садоқат ва қатъияту устувории Пешвои миллатро ба қавлу сухан вақт тасдиқу таърих дар саҳифаҳои худ ҷовидон дарҷ намудааст. Воқеият ва марҳилаи сипаришуда собит намуд, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат ва ба ин васила қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар самтҳои зерин нақши барҷаста гузоштааст: Боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ, эҳё ва ба фазои фарҳангӣ ворид гардидани ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргону Сада. Ба низом даровардани суннатҳои диниву мардумӣ ва мушаххасу дақиқ намудани анъана ва ҷашну маросим, зеро Қонун номгӯйи маросими хусусияти сирф миллӣ ва диниро нигоҳ дошта, маросими хусусияти хурофотӣ ва барои фарҳанги мо бегонаро истисно намуд. Ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ. Ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи зуҳуроти бегонапарастиву тақлид, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд. Аз байн рафтани норизоият миёни қишрҳои мухталифи кишвар ва ба эътидол овардани адолати иҷтимоӣ миёни шахсони сарватманд ва камбизоат ҳангоми маъракаороӣ ва азодорӣ. Ба таври шоиста муаррифӣ гардидани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён. Кам шудани ҳодисаҳои бетартибӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, ҳуқуқвайронкуниву авбошӣ дар ҷашну маъракаҳо, аз байн рафтани садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод. Болоравии маданияти гузаронидани маъракаҳо ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниҳо. То андозае кам гардидани одати гирифтани қарз барои баргузории маросиму маъракаҳо, беҳтар шудани вазъи молиявии хонаводаҳо ва зиёд гардидани пасандози аҳолӣ дар бонкҳо. Ба ҳукми анъана даромадани эҳсонкорӣ ва баргузории маъракаҳои хайриявӣ, дар ин замина озод гардидани оилаҳои камбизоат аз ташвишу хароҷоти баргузории ҷашну маросим. Беҳбудии муносибати байниҳамдигарии одамон, зеро Қонун ба принсипи инсондӯстӣ асос ёфтааст. Боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум ва арҷи бештар гузоштан ба забону фарҳанги миллӣ. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Қонун марому мақсад ва орзуву омоли чандинсолаи шаҳрвандонро дар худ таҷассум намудааст, зеро барои таъмини зиндагӣ ободу осуда ва саодати халқ равона гардидааст. Айни замон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пайванд шудани низоми ҳуқуқи миллӣ ба байналмилалӣ, ки дар натиҷа марзи миллию фарҳангӣ таҳти таъсири осебпазир қарор дорад, риояи қатъии Қонун аҳамияти дучанд касб менамоянд. Аз ҷониби давлату ҳукумат ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти Қонун як қатор чораҳо амалӣ гардидааст, аз ҷумла: – бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2007, №253 Шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросим дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент таъсис дода шуд; – бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №321 дар сохтори дастгоҳҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ “Бахши танзими анъана ва ҷашну маросим” таъсис ва дар сохтори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1 воҳиди басти кории сармутахассис оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҷудо гардид; – бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 226 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, низомномаи он тасдиқ карда шуд; – бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №95 ва №96 низомномаҳои намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тасдиқ гардиданд; – ба якчанд санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, вайрон намудани тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҳамчун асос барои аз вазифа озод гардидани хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътироф гардид; – дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуд. Дар баробари тадбирҳои аз ҷониби давлат амалишуда, ҳар як шаҳрванди соҳибватан ва бонангро зарур аст муқаррароти қонунгузориро бечунучаро риоя намуда, фарҳангу таърих, забону маънавиёт ва дигар мероси бебаҳои ниёгони худро пос дорад ва дар даврони тазоди манфиатҳо гирифтору побанди равияҳои гуногуни манфӣ нагардад. Зеро, пӯшида нест, ки халқи тоҷик дар тӯли таърих бо имтиҳону санҷишҳои сахту сангини аз байн бурдани миллат, забону адабиёт, фарҳангу санъат, илму маориф ва умуман ҳуввияту худшиносӣ рӯ ба рӯ гардида, тӯфонҳои пуршиддату харобкори зиндагиро бо эҳсоси баланди худогоҳиву худшиносӣ, озодандешиву ободкорӣ ва неруи созанда паси сар намуд. Новобаста ба мушкиливу монеаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо ҳазорсолаҳо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд ва ба мо мерос гузоштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор менамоянд. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллат, расму анъана, хотираи таърихии халқ, инчунин, таҳкимбахши пояи маънавиёт ва рукни давлатдорӣ ба шумор рафта, дорои арзиши беназиру ниҳоят бузург аст. Маҳз дастовардҳои моддиву маънавӣ, ақлу хиради азалӣ, маданияти баланди шаҳрдориву шаҳрнишинӣ, тамаддунсозиву маърифатбунёдии миллати тоҷик боиси шуҳратёбии он дар арсаи ҷаҳон гардида, комёбиҳои дирӯзу имрӯз аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар масъулияти баландро дар назди наслҳои гузашта ва оянда тақозо менамояд. Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ОМИЛИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Ҳамасола дар моҳи июн бахшида ба рӯзи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» аз ҷониби Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш, мизи мудаввар ё конференсия бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ташкил карда мешавад. 18 июни соли 2025 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Қонуни танзим – омили худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ» бо иштироки васеи коршиносону мутахассисон, ходимони дин ва донишмандони соҳа баргузор гардид. Дар кори конференсия Додарзода Илҳом намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҷамшедзода Ҷамшед, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Рустамзода Дилафрӯз Абдусалом, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Бобоҷон, корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” барои зиндагии шоистаи мардум равона шудааст. Зиндагӣ собит сохт, ки Қонуни миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат пешниҳод ва қабул гардида, иқдоми саривақтиву зарурӣ буда, ба ҳар як сокини мамлакат манфиати худро расонид. Дуруст будани иқдоми Сарвари давлатро далелҳои дар боло зикргардида тақвият мебахшанд. Агар кас нек бияндешад, дарк мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои тамоми халқу кишварро ҳимоя намуда, ба насли имрўза дарси илму адаб, ақлу амал, аҳду вафо, афву хирад, сабру саховат, шукру сипос, сарфаю сариштакориро омўзонид ва шароите ба вуҷуд овард, ки тафаккури нави миллӣ пайдо шавад. Ҳамин тариқ, иштирокчиёни конфронс дар ду бахш: бахши аввал дар бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа ва бахши дуюм дар бинои Маркази исломшиносӣ иштирок ва дар мавзуоти омодаи намудаи худ маърӯза намуданд. Дар фарҷом байни иштирокчиёни конфронс табодули афкор сурат гирифт. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Прокрутить вверх