Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, то таҷлили ҷашн сохтмону ба истифода супоридани боз 38 иншоот бояд таъмин карда шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои сокинон дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ёдовар шуда, саҳми сохтмончиёнро дар ин кори муҳим арзанда номиданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастигирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бобати пешрафту тараққиёти ноҳияи Ванҷ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 311 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо 391 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Лоиҳаҳои зикршуда асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиро дар ноҳия таҳлил намуда, барои минбаъд ҳам идома додани тадбирҳои созанда дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, ба роҳбарони вилоят ва ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки то солгарди 35-уми истиқлол масъалаи бунёди корхонаҳои саноатиро таъмин намоянд ва барои баланд бардоштани самаранокии таъминоти истифодабарандагон бо неруи барқ ва устувории низом дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои масъул барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили маркази замонавии нигоҳдориву банду басти маҳсулот чораҷӯйӣ намоянд ва ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф чораҳои амалӣ андешанд. Супоришҳои дигар ҳамчунин барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити муассисаҳои соҳа, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва тармими иншооти тандурустӣ дода шуд. Аз вазъи зудтағйирёбандаи имрӯзаи ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор намуданд, ки мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намоянд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки фаъолон ба анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ роҳи мошингарди деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ навсозӣ ва асфалтпуш карда шавад. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Парки саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Парки саноатӣ дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли макарон ва бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ дидан карда, бо ҷараёни кор дар ин хати истеҳсолӣ шинос шуданд. Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар он техникаю технологияҳои насли нав васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, неруи барқро кам истифода мекунанд. Дар коргоҳи коркарди равғани чормағз ва меваи хушк низ истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ шуда, дар он 6 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Коргарон пеш аз оғози фаъолият аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Сехҳои истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ, қисми дигари Парки саноатиро ташкил медиҳад, ки дар он мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид, аз корҳои сомонёфта ва ташкили чунин корхонаҳо изҳори қаноат карда, ба масъулин барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Баробари ба фаъолият пардохтани Парки саноатӣ дар маҷмуъ 36 сокини маҳалӣ бо кор таъмин мешаванд. Қобил ба зикр аст, ки ноҳияи Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи назаррас дорад. Ашёи хоми дар корхонаҳои Парки саноатӣ мавриди коркард қароргирифта, аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ дастрас карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамчунин маҳсулоти Парки саноатӣ ба хориҷа низ содирот карда шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои ҳамоҳангӣ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, ин амалро намунаи ибрат арзёбӣ карданд. Дар навбати худ, масъулини Парки саноатӣ ба Сарвари давлат барои дастгирии бахши хусусӣ ва таъмини имконоти хуби фаъолият миннатдорӣ намуданд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд. Иншооти варзишӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он инфрасохтор барои ба машқу тамрин фаро гирифтани дӯстдорони варзиш муҳайё гардидааст. Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 615 метри мураббаъро ташкил дода, аз толори асосӣ, тенниси рӯи миз, ҳуҷраҳои маъмурият, ивази либос ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Иқдоми бунёди иншооти варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ идомаи мантиқии сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон мешавад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бобати рушди соҳаи варзиш ва амалинамоии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт дар дигар минтақаҳои дурдасти ноҳия бунёди иншооти варзишӣ дар назар дошта шуда, ҳоло кор дар ин самт идома дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани иншооти соҳавиро дар таъмини инфрасохтор ва мукаммалсозии он муфид арзёбӣ намуданд. Бояд гуфт, ки саҳми варзишгарони ноҳия дар рушди соҳа ва муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назррас аст. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо варзишгарон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Паҳлавонони ноҳия дар навбати худ ба Пешвои миллат барои таъмини имконоти хуби машқу тамрин изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки ба василаи иштирок дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии давлат ва рушди варзиш дар кишвар ҳиссаи муносиби худро хоҳанд гузошт. Ҳоло дар ноҳияи Ванҷ беш аз 40 иншоот, аз ҷумла толорҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш ҷалб шудаанд. Ҳамасола варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан бармегарданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст. Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад. Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст. Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст. Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд. Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд. Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии “Мармар Стоун” дар ноҳияи Ванҷ

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун”-ро ба истифода доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатти истеҳсолӣ ва имкониятҳои корхонаи истеҳсоли калсит шинос шуда, бо кормандон суҳбати самимӣ доир намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли калсит имконият дорад, дар як сол 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият менамояд. Он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз он омода мегардад, бунёд ёфтааст. Тибқи озмоишҳои гузаронидашуда ин ашёи хоми маҳаллӣ сифати баланд дошта, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар корхона партовҳои санги мармари коркардшуда низ истифода мегардад, яъне раванди истеҳсолот дар ин ҷо бе партов ба роҳ монда шудааст, ки яке аз бартариятҳои ин коргоҳ дониста мешавад. Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалсит истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосир дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсити аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ дар ин ҷо соҳиби ҷои кори доимӣ шудаанд. Микрокалсит дар саноат ба таври васеъ ба кор бурда шуда, дар истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳ, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзгор, техникаи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ истифода мегардад. Аз ҷумла, бо истифодаи хокаи калсит дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ, хамираи дандоншӯӣ, қоғаз ва рангу бори хона истеҳсол карда мешавад. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти мазкур дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ серхаридор аст. Корхонаи навбунёд барои пурра қонеъ сохтани талаботи саноати Тоҷикистон бо микрокалсити гуногунҳаҷм имкон дорад. Дар ин баробар, истеҳсоли маҳсулоти корхонаи мазкур ивазкунандаи воридот буда, дар бозор рақобатпазир аст. Дар заминаи захираи маҳсулоти корхонаи нав масъулин кӯшиш доранд, ки дар марҳилаи дуюм истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатиро ба роҳ монанд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо амалӣ гардидани ҳадафи мазкур шумораи умумии кормандони корхона аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ зиёд карда шуда, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолгардида бо истифода аз озмоишгоҳи муосире, ки дар назди корхона таъсис дода шудааст, аз санҷиш гузаронида, бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба харидорон пешниҳод карда мешавад. Корхона дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба истифодаву коркарди захираҳои ғании табиии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои роҳандозии содироти маҳсулоти он ба дигар кишварҳо, таъмини пурраи эҳтиёҷоти соҳаи саноати кишвар бо микрокалсит ва ба роҳ мондани содироти он дастуру тавсияҳои муфид доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати корхонаи истеҳсоли калсит коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороиширо мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти ниҳоӣ дидан намуданд. Бунёди корхонаҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, ба истифода додани он ба рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки бунёди чунин корхонаҳо дар кишвар таҷрибаи нав набуда, аз лиҳози масоҳат ва иқтидори истеҳсолӣ калонтарин коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ дониста мешаванд. Ҳоло бо назардошти фаъолияти ҳамаи коргоҳҳо беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, дар оянда бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот теъдоди коргарон зиёд карда мешавад. Коркарди ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он, дар ҳамаи бахшҳои соҳаи саноат, аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Бо инобати ин, ашёи хом ба корхонаҳои истеҳсолии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун” аз захираҳои табиии Тоҷикистон таъмин шуда, баъди коркарди пурра ба мизоҷон дастрас мегардад. Яъне бо рӯи даст гирифтани чунин иқдом, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунони босуръати кишвар ва иҷрои бандҳои Стратегияи рушди соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қадамҳои устувору босамар гузошта мешавад. Коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ бо таҷҳизоти насли нави рақамӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ ва ё ба истилоҳ мозайка дар коргоҳҳо 10 ҳазор метри мукааб ва коркарди сангҳои мармар бошад, 160 ҳазор метри мукаабро дар як сол ташкил хоҳад дод. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои ширкати “Мармар Стоун” ҳамчун пойгоҳи истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда пешбинӣ гардида, барои қонеъсозии талаботи дохила низ нақши муассир дорад. Қаблан санги истихроҷшуда аз ноҳияи Ванҷ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе коркард ва бо харҷи зиёд барои коркард ба дигар корхонаҳои кишвар интиқол ёфта, сипас маҳсулоти тайёр ба хориҷ ва ба мизоҷони ватанӣ дастрас мешуд. Баробари ба фаъолият пардохтани корхонаҳои мазкур кор дар ин самт осон гардида, маҳсулоти тайёр бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон карда мешавад. Барои ташкили инфрасохтори зарурӣ ва фароҳам овардани шароити кор аз ҷониби маъмурияти ин коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳи мошингарди кони Поймазор, аз роҳи асосӣ то деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ва ба кони Даштак ҳамвор, васеъ ва барқарор карда шуда, роҳҳо то мавзеи корхона комилан навсозӣ шудааст. Бобати таъмин бо неруи барқ то мавзеи корхона дар маҷмуъ дар масофаи 27 км хатти неруи барқ бо иқтидори 35 киловатт (кВт) кашида шудааст, ки дар баробари корхона, инчунин сокинони 4 деҳаи ноҳияи Ванҷ тавассути он бо барқ таъмин мешаванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҷмааи корхонаҳои ширкати “Мармар Стоун” ба иқдоми ташаббускорон барои ҳамоҳангӣ ва иҷрои ҳадафҳои кишвар дар самти рушди соҳаи саноат, изҳори миннатдорӣ карда, истифодаи захираҳои дохилӣ – ашёи хоми мавҷударо дар ин замина ба манфиати кор арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ давра ба давра талаботи дохилиро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтарсозии сатҳи некуаҳволии мардум ҳиссагузорӣ намоянд. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти тайёри коргоҳҳо дидан намуданд. Дар коргоҳҳои Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун” беш аз 20 намуди сангҳои табиӣ коркард шуда, маҳсулоти баландсифат истеҳсол мегардад. Лавҳаҳои мармарӣ, сангҳои хорои андозаашон гуногун, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, панҷараҳои зина, зертахтаҳои тиреза, сутунҳо, армуғон ва дигар лавозимоти ороишӣ аз санг, номгӯи маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳоро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ бо санъати волои миллӣ омода карда шудааст. Сарвари давлат ба сифати маҳсулот ва тарҳу ҳаккокии онҳо баҳои баланд дода, ба масъулин баҳри зиёд намудани иқтидори истеҳсолии коргоҳҳо дастуру тавсияҳо доданд. Дар навбати худ масъулин ба Пешвои миллат муҳтарам

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахуст роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд. Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат иборат мебошад ва дар маҷмуъ 16 километрро ташкил медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст. Қисмҳои роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин тибқи талабот чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии мардум мусоидат менамояд. Бо супориши Роҳбари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 километр роҳҳои дохилии ноҳияи Ванҷ низ навсозӣ хоҳад шуд. Роҳи марказии ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма аҳаммияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад. Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида, мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад. Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Без рубрики

Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Меҳмони олиқадрро дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳия сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол намуданд. Бояд гуфт, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ 140 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора, то имрӯз 90 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар самти муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардонидани вазъи кору хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум нақши муҳим мегузоранд. 25.06.2025 ноҳияи Ванҷ

Хабарҳо

Семинари илмӣ дар мавзуи «Ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд»

Санаи 23-юми июни соли 2025 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд» баргузор гардид. Дар кори семинар директори Марказ, муовинон ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд. Нахуст директори Маркази исломшиносӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода қайд намуданд, ки мардуми Тоҷикистон дар арафаи 28-умин солагрди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор доранд. Маҳз ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи мазкур миллати тоҷик ба ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагӣ ва оромию осудагии имрӯзаи ватани маҳбубамон зафарёб гардид. Воқеан, ваҳдат сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳои миллат аст. Дар идомаи кори семинар сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Марказ, номзади илмҳои педагогӣ Одинашоҳ Вализода баромад намуда, ёдовар шуданд, ки роҳи сулҳ роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо намунаи тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт. Саъю талоши шабонарӯзии Сарвари ҷавони мамлакат ба хотири сулҳу ризоияти миллӣ, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ва бо роҳи ғайринизомӣ, яъне музокироти сиёсӣ хомӯш кардани оташи ҷанги дохилӣ барои насли имрӯза як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи таърихӣ ва нотакрори давлату давлатдорӣ гардид, ки имрӯз ҷавонон аз он таҷрибаи пурарзиши фарҳанги сулҳро омӯхта ва онро бо ҷону тан ҳифз карда истодаанд. Дар фарҷом кормандони Марказ андешаҳои худро баён намуда, изҳор доштанд, ки ватандориро чун зеботарин ибодат пазироӣ намоем. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Муҳаммад Ал-Аттия

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро баланд арзёбӣ намуда, аз муҳтавои робитаҳо дар сатҳу зинаҳои гуногун, ба хусус дар сатҳи олӣ, изҳори қаноат намуданд. Муҳаммад Ал-Аттия, пеш аз ҳама, салому дуруди Амири Давлати Қатарро ба Сарвари давлати Тоҷикистон ироа намуда, аз имкони дидор ва баррасии роҳҳои тавсиаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш изҳори хушҳолӣ намуд. Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо,  кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф ва истифодаи зеҳни сунъӣ низ аз роҳҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар номида шуд. Доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавию ҷаҳонӣ ҳам табодули андеша сурат гирифт. 23.06.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ

Барои дарки моҳияти созандагии Ваҳдати миллӣ моро зарур аст эътироф намоем, ки фазои имрўзаи сулҳу оромӣ дар фазои кишвар, пайваста рух додани маъракаю чорабиниҳои мухталифи хурсандибахши мардум дар саросари кишвар, фаровонии бозору мағозаҳо аз молҳои гуногуни ниёзи мардум, пур гардидани на танҳо роҳҳои автомобилгарди шаҳр, балки кўчаю тангкўчаҳо дарманотиқи дурдасти кишвар аз мошинҳои гуногунтамғаи ҳозиразамон маҳсули Ваҳдати миллӣ мебошанд. Ваҳдати миллист, ки иқтисодиёти кишвар бомаром ҳар сол 7-8 дар сад пешрафт карда истодааст. Ваҳдати миллист, ки сатҳи накўаҳводии мардум пайваста беҳ гардида, давр байни қисмате аз аҳолӣ фарбеҳшавӣ ҳамчун нишонаи фаровонию серию пурӣ раванди маъмулӣ гардида, дар байни дигар қишрҳои аҳолӣ низ интишор ёфта истодааст. Ваҳдати миллист, ки имрўз варзишгарони кишвар дар соҳаҳои мухталифи варзиш парчами давлатро баланд бардошта, миллатро ҳамчун умумияти этникии тамаддунпарвару фарҳангсоз муаррифӣ карда истодаанд. Ахиран, Ваҳдати миллӣ ба миллати тоҷик муҳимтарин ва пурқиматтарин арзиши сиёсӣ – истиқлоли давлатиро эҳдо намуд. Аз ин нуқтаи назар, муносибати байни Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатии кишвар муносибати байни сабабу натиҷа мебошад ва нақши тақдирсози Ваҳдати миллиро амалан таъкид менамояд. Албатта, ҳамаи он падидаҳои хурсандибахше, ки зикр гардиданду бояд муҷиби шукргузории аҳли ҷомеа бошанд, бидуни муттаҳидӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рух намедоданд. Маҳз ҳамин муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва сафарбар намудани тамоми нерў баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Президенти кишвар ҷомеаи моро ба чунин рўзҳои саид ва фараҳбахш – оромию осудагӣ дар фазои сиёсии кишвар ва серию пурӣ дар ҳар хонадони кишвар оварда расонидааст. Вақте дар бораи аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ сухан меронем, пеши назари мо беихтиёр ҳамон кўшишу талошҳои қишри хиёнатпешаи миллат дар солҳои ҷанги таҳмилӣ ҷилвагар мешавад, ки бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои сиёҳи худу хоҷагони хориҷияшон қариб буд кишварро пора-пора намоянд. Бузургон мегўянд, ки «шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст». Ҳамчунин мо медонем, ки миллати курд баъд аз парокандашавии худ то ҳол имкон надорад, ки боз бо ҳам омада, худро ҳамчун як умумияти сиёсӣ муаррифӣ намояд. Аз ин рў, хушбахтии беканори халқи тоҷик аст, ки мардуми кишвар дар солҳои ҷанги таҳмилӣ дар атрофи нерўҳои созанда ва миллатдўсти кишвар ҷамъ омаданду миллатро аз парокандагӣ ҳифз намуданд ва ба ин рўзҳои саид расиданд. Қобили зикр аст, ки ҳаводиси сиёҳи гузашта, агарчанде, паси сар гаштанд, ҳамзамон як мактаби омўзишие гардиданд, ки аз онҳо бояд хулосаи зарурӣ баровард ва барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳамеша бояд омода буд. Аввалин сабақи хотирмони он ҳаводиси сиёҳ дар он ифода меёбад, ки барои шахс ё қишри хиёнатпеша на таъриху фарҳанг ва на имрўзу ояндаи миллат ҳеҷ арзише надоштааст. Дар рагу пайванди қишри зикршуда аз номуси худшиносию ватандорӣ асаре ба мушоҳида намерасад. Аз ин рў, чунин қишр ба сабаби ҷаҳолат арзишҳои миллии худро ба осонӣ қурбони арзишҳои бегона мегардонад. Дар пешорўи таҷлили солгарди Ваҳдати миллӣ бо дарки амиқи аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ мехоҳем қайд намоем, ки дар ҷомеа имрўз раванду ҳодисаҳое аз худ дарак дода истодаанд, ки аҳамияти бузурги Ваҳдати миллиро барои ҳар фарди худшинос ва меҳанпараст садчанд зиёд мегардонанд. Аз нигоҳи мо ба ҷумлаи чунин раванду ҳаводиси таҳрикдиҳанда дохил мешаванд: – нерў гирифтани раванди ҷаҳонишавии фарогир; -тезутунд гардидани муносибатҳои байналмилалӣ ва дар заминаи он сурат гирифтани тақсимоти нави ҷаҳон; -идома ёфтани таъсири нерўҳои ифротии динӣ ба зеҳни насли ҷавон; -дар ҷомеа якбора ба маротиб зиёд гардидани раванди дингароӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ онро наметавон раванди мусбат номид (дар ин замина набояд аз мадди назар дур сохт, ки дар ҷомеаи мо чанде пеш дар тўли ҳафтод сол идеологияи дунявӣ ҳукмрон буд, аммо ғайричашмдошт дини дар камин ноайён хобида, чун шери гурусна зуд сари худро баланд кард ва ҷомеаро дар як муддати кўтоҳ зери таъсири афкори номатлуби худ дароварда, оқибатуламр яке аз сабабҳои ҷанги бародаркуш гардида буд.); – дар ҷомеа имрўз насли ҷавоне ба воя расида истодааст, ки зеҳни он моҳият ва зарурати Ваҳдати миллиро ба сабаби ноогоҳӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилӣ дуруст ва амиқ дарк наменамояд. Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, махсусан ҳаводиси сиёсии даҳсолаҳои охир дар манотиқи мухталифи дунё ҳар як фарди миллатдўсту меҳанпарвари кишварро воҷиб мегардад, ки зимни фаъолияти тарғиботӣ доир ба аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ ба самтҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд: – Сухани Пешвои муаззами миллат: «Мо аслиҳаи ядроӣ надорем, лекин Ваҳдати миллӣ дорем, ки аз он ҳам нерумандтар аст» ро – дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври равшан бояд шарҳу эзоҳ дод; – Сиёсати муқаддам будани арзишҳои миллӣ, махсусан Ваҳдати миллиро дар муқоиса бо дигар анвои арзишҳо, ҳатто арзишҳои илмию динӣ пайваста бояд ҷорӣ кард; – Барои даст ёфтан ба Ваҳдати комили миллӣ авло будани манофеи миллиро аз манофеи шахсию гурўҳӣ пайваста дар зеҳни аҳли ҷомеа ҷой намуд; – Ба насли ҷавони ба воярасидаистода аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллиро пайваста бо мисолҳои мушаххаси таърихӣ бояд шарҳ дод то дар зеҳнашон эҳсоси баланди худшиносию меҳанпарварӣ ба таври устувор ташаккул ёбад. Абдухалилзода К.А. Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Прокрутить вверх