Хабарҳо

Хабарҳо

ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи МД “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмию назариявӣ бахшида ба 34 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон баргузор карда шуд. Ҳамоишро директори Марказ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор ҳусни оғоз бахшида, оид ба муҳимтарин арзишҳои даврони истиқлол ва арҷгузорӣ ба ватану миллат ва ҳифзи Истиқлолият изҳори андеша карданд. Дар идома, муовини директори Марказ Ваҳобзода Абдураҳмон, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъана ва ҷашну маросим Одинашоҳ Вализода, сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши исломи муосир Салимов Наҷмиддин, сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Шарифова Санавбар, мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Холиқова Маҳфуза, Абдусаломов Мирзошариф ва дигарон суханронӣ ва ибрози назар карданд. Қобили зикр аст, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар замони нав аст. Маҳз истиқлолият ба мардуми мо имкон дод, ки соҳибихтиёрии давлатӣ ва сарнавишти миллии худро мустақилона муайян намуда, роҳу равиши рушди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавиро худ интихоб намояд. Яке аз муҳимтарин арзишҳое, ки истиқлолият таъмин кард, озодии эътиқод ва боварҳои мардум мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардид, озодии виҷдон ва озодии эътиқод ҳамчун ҳуқуқи асосии инсон ва шаҳрванд эътироф шудааст. Дар фарҷоми ҳамоиш аз тарафи директори Марказ ба ҳайати кормандон барои ҳавасмандӣ кӯмаки молиявии якдафъаина расонида шуд. Ҳамин тариқ, ҳамоиш бо табрикоти директори Марказ ва ҳайати кормандон анҷом ёфт. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

ТАҚДИМИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ – “ИФТИХОРНОМА” АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2-юми сентябри соли равон дар толори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода мукофоти давлатӣ – “Ифтихорнома” ба сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Марказ Наҷотзода Мутеъулло, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардиданд, супурда шуд. Роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти давлатиро ба Наҷотзода Мутеъулло табрику муборакбод гуфта, дар кору фаъолият ва тадқиқотҳои илмии соҳавии минбаъда муваффақиятҳои беназирро таманно доранд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2025-2026

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр! Хонандагони азиз! Ҳамасола 1-уми сентябр чун Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар қаламрави кишварамон ботантана таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва махсусан кӯдаконе, ки нахустинбор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд бо ин санаи муборак самимона табрику таҳният менамоям. Бояд қайд намоям, ки ҳамасола дар арафаи Соли нави хониш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Имсол чунин мулоқот санаи 30-юми август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлат таъкид намуданд, ки тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки соли нави таҳсил дар диёри маҳбуби мо бо Дарси сулҳ оғоз меёбад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир бо моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша ронем, ки дар ин бора Пешвои муаззами миллат дар мулоқот ба маврид қайд намуданд, ки “Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд. Ман ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва тамоми неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем”. Вобаста ба ин, насли наврас ва ҷавононро мо бояд дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандустӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем. Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё, сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа ба мактаб эътимод намуда, умедвор ҳастем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои нақши созандаву мондагор дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат бо масъулияти баланди касбӣ саҳм мегузоранд. Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона тадбирҳои муассир андешида, фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва эҳтироми либоси миллӣ тарбия намоем. Фарорасии оғози соли нави таҳсилро ба кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон, бахусус ба дӯстрӯяконе, ки ба синфи 1-ум қабул гардиданд ва кулли сокинони шарафманди Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ ва музаффариятҳои шоистаи таҳсилро таманно менамоям. Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборак, омўзгорону хонандагони азиз! Бо эҳтиром, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғаффор

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай

1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Чин дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Маркази байналмилалии Мэйтсзян Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифтанд ва сипас аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо ва барномаи консертӣ баргузор шуд. 31.08.2025 Чин

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд. 31.08.2025 Чин

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 31.08.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ АЗ ҶОНИБИ КАРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш бо як шукуҳи шаҳомати хоса баргузор мегардад. Ин ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф ба ҳамаи қишри ҷомеа як болидарӯҳӣ ва дар рушди соҳаи илму маориф дар ҷумҳурии азизамон як такконӣ ҷиддӣ мебахшад. Санаи 30 – юми августи соли 2025 дар толори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Марказ бо ҳисси баланду эҳтироми хоса тариқи телевизион пахши мустақим аз ҷараёни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон роҳандозӣ гардид дастаҷамъона тамошо намудаанд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНД

Санаи 29.08.2025 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар шаҳри Левакант бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол” баргузор гардид. Дар Конференсияи мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар кори Конференсия Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, инчунин намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Иштирокчиён вобаста ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи муосир, дастовардҳои бонувон дар замони Истиқлол, ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба тақвияти мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ маърӯза карданд. Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони Истиқлол занон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсат ва соҳибкорӣ саҳми назаррас доранд. Бояд гуфт, ки ҳадафи баргузории Конференсия – арҷгузорӣ ба мақоми зан дар ҷомеа, тақвияти нақши онҳо дар тамоми соҳаҳо ва ҳавасмандгардонии занону духтарон ба зиндагии шоиста ва фаъолиятҳои созанда мебошад. Инчунин даври вилоятии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фарзанд боғи падару модар”, “Ҳамсари беҳтарин” ва “Пӯхтупази таъомҳои миллӣ ва муосир” ҷамъбаст гардид. Ҳунарҳои миллӣ ва дастовардҳои бонувони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд, ки меҳмонон бо маҳсули ҳунар ва эҷодиёти занону духтарони ҳунарманд шинос шуданд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Президент, Хабарҳо

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар

28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд. Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки низомиёни кишвар имрӯз низ дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми басо муҳимму арзишманд гузошта истодаанд. Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон ҳамеша омода мебошанд. Таъкид гардид, ки фаъолияти пурсамар ва хизмати содиқонаи низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамеша қадрдонӣ мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз рӯи анъанаи нек ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида мешаванд. Роҳбари давлат хотирнишон намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат ба давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон, яъне хизмат ба модар буда, барои ҳар як ҷавонмард қарзи фарзандӣ ва дар айни замон шараф ва ифтихор аст. Зеро заҳмати созандаи мардум ба хотири рушди устувори давлат ва ободии Ватан, инчунин, зиндагии осудаву ороми ҳар як оила ва ҳар як фарди ҷомеа танҳо дар сурати барқарор будани амнияту субот ва низому тартибот имконпазир мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низомиён муроҷиат карда, онҳоро ба дӯст доштани миллат ва Ватани азизи худ ҳидоят намуданд. Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд. Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон ва дигар хизматчиёни низомӣ бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали хизмати шоиста, медали Шафқат ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи дараҷавии генерал-полковники адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-полковник, генерал-полковники гвардия, генерал-полковники милитсия, генерал-лейтенант, мушовири давлатии адлия дараҷаи 3, генерал-майори адлия, генерал-майор ва генерал-майори хадамоти гумрук, дода шуд. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад. Дар маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чор сарбози қаторӣ аз қушунҳои сарҳадӣ барои корнамоию шуҷоат дар ҳифзи сарҳади давлатӣ медалҳо тақдим намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҷоату матонат, садоқату масъулияти баланди сарбозони ҷавонро махсус таъкид намуданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд. Зимни суҳбати самимие, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳомиёни ҷавони Ватан доштанд, ба онҳо насиҳатҳои падарона карда, ҷавононро ба дӯст доштани Модар-Ватан ва ҳифзи содиқонаву поквиҷдодонаи муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуданд. Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд. Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ тамоми донишу малака ва таҷрибаву тавоноии худро барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар сафарбар месозанд. 28.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо бунёдгарони неругоҳи барқии обии Роғун

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо кормандони Неругоҳи обии Роғун ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои то имрӯз бадастомада нисбат ба боздиди соли гузашта беҳтар ва назаррас мебошанд. Оид ба аҳамияти иншооти муҳими соҳаи энергетика андешаронӣ намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки “бо бунёд ва пурра ба кор андохтани “Роғун” мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзаву ояндаро таъмин мекунем”. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ду агрегати аввалини неругоҳи Роғун аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки соли 2026 иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст ва бо амалӣ гардидани ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ боз ҳам афзоиш меёбад. Зимни таҳлили вазъи корҳои сохтмонӣ таъмин намудани суръату сифати корҳои сохтмони неругоҳ, инчунин, дар сатҳи баланд ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ тезонидани бунёди сарбанд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иқтидорҳои навбатии неругоҳ зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки аз оғози соли 2025 барои корҳои анҷомёфта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4,3 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст. Дар маҷмуъ, аз соли 2008 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Ҳоло дар иншооти неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 расонида шудааст. Аз ҷумла, тайи давраи солҳои 2024-2025 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизми нав ворид карда шуд. Барои вусъати корҳо ва иҷрои саривақтии нақшаи пешбинишудаи сохтмон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоишгар ва пудратчиёни бунёди неругоҳи барқии Роғунро вазифадор намуданд. Аз Ширкати Вибилд талаб карда шуд, ки бо баланд бардоштани сарбанд дар муҳлатҳои муқарраргардида обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли равон дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд. Ширкати Вибилд вазифадор гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ роҳандозӣ намояд, шумораи мошину механизмҳоро зиёд карда, захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин ва барои истифодаи самаранок аз хатти конвеерӣ тадбирҳои амалӣ андешад. Ширкати Тоҷикгидроэлектромонтаж супориш гирифт, ки нақби сохтмонии қабати чорумро бо тамоми иқтидори он то мавсими селобҳо, яъне на дертар аз моҳи апрели соли 2026 барои истифода омода намояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ширкатҳои пудратӣ дастур доданд, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолие, ки аз минтақаи зериобшаванда кӯчонида мешавад, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Таъкид гардид, ки Мудирияти минтақаи зериобшаванда то имрӯз 15 ҳазору 400 аъзои оилаҳои дар марҳалаи якум ва дуюми минтақаи зериобшаванда қарордоштаро аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун бо манзилҳои доимии зист ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудааст. Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки дар маҳалли сохтмони неругоҳ ва атрофи он ҳамзамон бунёди роҳу пулҳои мошингард идома дошта, ба масъалаи кашидани хатти оби нушокӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани иншооти фосилавӣ ва иқтидорҳои навбатии неругоҳи Роғун, инчунин, ҷалби маблағ дар назди вазорату идораҳои марбута, Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқии обии Роғун, Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқии обии Роғун, Муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқии обии Роғун ва ширкатҳои пудратӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳо дар Неругоҳи обии Роғун Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки корҳо дар ҳамаи самтҳо бо маром идома доранд. Изҳори бовару дилпурӣ намуданд, ки  ҳамаи супоришу тавсияҳои Пешвои миллат барои то моҳи августи соли 2027 расидан ба истиқлоли энергетикии кишвар  саривақт ва бо сифати баланд иҷро мешаванд. 27.08.2025 шаҳри Роғун

Прокрутить вверх