Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат мебошад. Дар бинои нави раёсати маорифи ноҳия барои фаъолияти самараноки кормандон тамоми шароити зарурӣ ва имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Муҳити мусоиди корӣ, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва фароҳам будани шароити зарурӣ барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандони соҳа заминаи мусоид мегузорад. Бунёди чунин иншооти замонавӣ нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва омӯзгорон буда, ба таҳкими инфрасохтори соҳа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави раёсати маориф, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем. Ли Сян дар навбати худ изҳор доштанд, Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки муштарак кумаки худро дареғ намедорад. Зимни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла гардиши савдо, ки дар моҳҳои январ-августи соли равон ҳаҷми он ба зиёда аз 2,5 миллиард доллар расидааст, баррасӣ шуд. Татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки барои ҳарду ҷониб судбахш  дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, инфрасохтор ва кишоварзӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Баҳрабардорӣ аз технологияҳои муосир, бо шумули зеҳни сунъӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омодасозии кадрҳо ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, атрофи доираи васеи мавзӯъҳои рӯзномаи  шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин сурат гирифт. Дар рафти суҳбат Пешвои миллат ва Сарвазири Шурои давлатии Чин масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни пурарзиши бостониамон – Меҳргон самимона шодбош мегӯям. Ҷашни Меҳргон бар асоси қонунҳои табиат ва фаслҳои сол ташаккул ёфтааст, вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткорӣ ба вуҷуд омадааст ва дар фасли тирамоҳи заррин ва мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил карда мешавад. Яъне ниёгони мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл Меҳргонро ҳамчун ойини фаровонии ҳосил ва осоиши рӯзгор ҷашн мегирифтанд. Меҳргон дар тӯли таърихи деринаи худ дар ҳаёти мардуми мо ҳамчун рамзи бедорӣ, фарҳангсолорӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати кишоварзон, истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат, шукронаи файзу баракати фасли тирамоҳ ва ойини дӯстиву муҳаббат дар байни одамон устувору побарҷо буд. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Меҳргон дар кишвари мо ҳамчун ҷашни қадимаи миллати тамаддунсози тоҷик ва мероси гаронбаҳои ниёгонамон ҳамасола дар айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон таҷлил мегардад. Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҷлили Меҳргон ҳамчун ёдгори пурқимат аз фарҳанги ғаниву бостонии ниёгон ба рукни худшиносии фарҳангӣ ва эҳёи анъанаҳои таърихии мардуми мо табдил ёфтааст. Мехоҳам ёдовар шавам, ки ба шарофати ҷашнҳои миллии бостониамон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада мо тавонистем тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибфарҳанг, дорои тамаддуни қадима ва анъанаҳои нодири мардумӣ муаррифӣ кунем. Маҳз бо омӯхтан ва аз худ кардани мероси гаронмояи гузаштагонамон мо тавонистем симои фарҳангии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз намоем, истифодаи расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамонро дар тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии мардумамон, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба таври бесобиқа вусъат бахшем. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки ойинҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргонро ба ҳаёти имрӯза пайванди бештар дода, ба омили пешрафти фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди иқтисоди миллӣ табдил диҳем. Аз ин лиҳоз, дар арафаи баргузории ин ҷашн анъанаҳои арзишманди деҳқонону кишоварзон, фарҳанги кишоварзӣ, маҳсулоти тозаи экологӣ, ғизои солим ҳамчун шарти асосии нигоҳдошти саломатии инсон, нақши кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастовардҳои илми кишоварзии ватанӣ бояд бо тарзу услуби хоси замонавӣ рӯнамоӣ карда шаванд. Дар марҳилаи имрӯзаи давлатдории тоҷикон ҷашни Меҳргон бояд ба рамзи қадршиносии неъматҳои табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди истеҳсолоти босифати ватанӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави кишоварзӣ ва технологияҳои ҳозиразамон табдил дода шавад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷараёни баргузории ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Меҳргон минбаъд бояд тавассути расонаҳои хабарии электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаклҳои ҷолибу таъсирбахш инъикос гардад. Дар ин замина, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои мо метавонанд ба майдони муколамаи байнифарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги қадимаи тоҷикон ва тақвияти робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар табдил ёбанд. Эътимоди комил дорам, ки мардуми заҳматқарину соҳибфарҳанги тоҷик минбаъд низ анъанаҳои арзишманди ниёгонро бо мазмуну муҳтавои созанда ғанӣ гардонида, аз имкониятҳои мавҷуда барои муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ самаранок истифода мекунанд. Зеро ҷашни Меҳргон сарчашмаи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ мебошад. Аз ин рӯ, мову шумо ин ҷашни миллиро тавре бояд ташкил ва баргузор намоем, ки дар тарбияи худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон нақши назаррас гузорад. Бори дигар ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ фарорасии ҷашни таърихиву фарҳангиамон – Меҳргонро муборакбод мегӯям. Ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осудаҳолӣ, иқболи нек ва баракати рӯзгор орзумандам. Ҷашни бостонии ориёӣ – Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ

Муҳтарам ҷаноби Сарвазир Никол Воваевич Пашинян, Муҳтарам Дабири кули Созмони Милал ҷаноби Антониу Гутерриш, Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Муҳтарам роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ин Саммит ва фароҳам овардани имконияти баррасии яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намоям. Ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиат аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушди устувор ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд мо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор, ташаккули заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешем. То имрӯз дар Тоҷикистон 25 қонун ва як қатор санадҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040 қабул гардидаанд. Стратегияи мазкур дар асоси ҳадафҳои Барномаи қолабии ҷаҳонии Кунмин-Монреал оид ба гуногунии биологӣ таҷдид  гардидааст. Он вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки минбаъдаро бо дарназардошти ниёзҳо ва имкониятҳои кишвар муайян менамояд. Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст, ки дар миёни онҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ҳозирини муҳтарам, Мавқеи нодири ҷуғрофӣ ва гуногунии табиию иқлимии Тоҷикистон, ки  93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо мурури замон ба ташаккули экосистемаҳои гуногун ва беназир мусоидат намудааст. Тоҷикистон барои ҳифзи намудҳои нодири флора ва фауна, ки зери хатари нобудшавӣ қарор гирифтаанд таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Барои мисол, дар давоми даҳ соли охир саршумори бузи пармашох (морхур) чор баробар, гӯсфанди кӯҳии Марко Поло (архар) ва бабри барфӣ якуним баробар  афзоиш ёфтааст. Дар баробари тадбирҳои миллӣ, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи намудҳои нодир аҳаммияти махсус медиҳад. Бо ташаббуси кишвари мо  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 майро Рӯзи байналмилалии морхур эълон намуд, ки ба нигоҳдорӣ ва афзоиши намудҳои нодири ҳайвонот ва беҳбуди муҳити зисти онҳо нигаронида шудааст. Дар ин раванд, ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодие, ки ба ҳифзи табиат мусоидат мекунанд, аҳаммияти хос дорад. Аз ин рӯ, мо рушди сайёҳии экологиро яке аз самтҳои муассири ҳамгироии ҳифзи табиат бо рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо медонем. Муҳтарам ҷаноби Раис, Ҳифзи гуногунии биологӣ раванди доимӣ  буда, ҳанӯз ҳам дар ин масир мушкилоти  муайян вуҷуд доранд. Ин амр аз ҳамаи мо андешидани тадбирҳои муштаракро тақозо менамояд. Дар ин росто, такмили мониторинг ва баҳисобгирии саршумори намудҳои нодир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд. Идомаи корҳои кабудизоркунӣ ва беҳтар намудани низоми мудирияти партовҳо, бахусус дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди саноати  “сабз” ва шаҳрсозӣ низ ҳамчун вазифаи муҳим боқӣ мемонанд. Қобили зикр аст, ки фишор ба экосистемаҳо танҳо аз омилҳои дохилӣ сарчашма намегирад. Тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити табиӣ, истифодаи ғайриоқилонаи замин ва дигар омилҳои фаъолияти инсон ба экосистемаҳо ва гуногунии биологӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Мо ҳамасола шоҳиди пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолиҳо, хокборишот, обхезиҳо ва селу ярч мегардем. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатарҳои онро ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати дарозмуддати рушди устувор арзёбӣ менамояд. Барои мо ҳифзи гуногунии биологӣ бо ҳифзи захираҳои об, бахусус пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар ин замина, зарурати ҳамоҳангии  талошҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим ва гуногунии биологӣ аҳаммияти беш аз пеш касб менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир, дар тӯли беш аз 25 соли охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал дастгирӣ ёфтаанд, саҳм  гузоштааст. Ин ташаббусҳо барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонии марбут ба об, аз ҷумла дар доираи Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, мусоидат кардаанд. Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба платформаи муҳимми муколамаи сиёсӣ, рушди шарикӣ, таҳия ва татбиқи иқдомҳои муштарак ва омодагӣ ба конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об  табдил ёфтаанд. Дар соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милал доир мегардад. Дар ин Конфронс арзёбии ниҳоии фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” анҷом ёфта, марҳалаи нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об муайян хоҳад  шуд. Яке аз мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии ин ҳамоиш баррасии масъалаҳои муҳитизистӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ хоҳад буд. Итминон дорем, ки санади ниҳоии Конфронс таҳти унвони “Чорчӯби оби Душанбе” дар ҳалли масъалаҳои марбут ба гуногунии биологӣ низ саҳми арзанда хоҳад гузошт. Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш, Дар сарзамини мо пиряхҳо, қабати барф ва дигар унсурҳои криосфера ҷузъи ҷудонашавандаи низоми табиии ташаккули захираҳои об ва нигоҳдории тавозуни экосистемаҳо мебошанд. Имрӯз обшавии босуръати пиряхҳо ба яке аз нишонаҳои возеҳи тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст. Барои Тоҷикистон, ки тайи даҳсолаҳои охир беш аз ҳазору сесад пиряхро аз даст додааст, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши криосфера на танҳо масъалаи миллӣ, балки глобалӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин радиф, бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кард. Қадами муҳимми дигари ин раванд эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034 гардид, ки бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Фаронса роҳандозӣ шуд. Ҳозирини гиромӣ, Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз мо бояд аз марҳалаи эътирофи мушкилот ба марҳалаи амалҳои муштарак ва натиҷаҳои мушаххас гузарем. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳифзи гуногунии биологӣ танҳо дар сурати таъмини пайванд миёни иродаи сиёсӣ, донишҳои илмӣ, имкониятҳои молиявию технологӣ, мониторинги муассир ва ҳамкории байналмилалӣ натиҷа хоҳад дод. Умед дорем, ки Саммити имрӯза ба таҳкими ҳамкориҳои  байналмилалӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар масоили муҳитизистӣ такони нав хоҳад бахшид. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Хабарҳо

ДАРСИ СИЁСӢ ДАР ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 – уми октябри соли 2026 дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Хатарҳои муосири терроризм ва экстремизм ба амнияти миллии Чумҳурии Тоҷикистон ва таҳлилу баррасии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” баргузор гардид. Дар дарс Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавзуи “Хатарҳои муосири терроризм ва экстремизм ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлилу баррасии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд. Дар фарҷом байни ҳайати шахсии ҚС КДАМ табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Ҳақиқати динро донистан хоҳед, ба таърихи он рӯ биёред!

Чун яке аз таҳқиқгарони масоили фалсафии дин, дунявият ва умуман, масоили мубрами рушди ҷомеа ин ҷониб ҳанӯз бар он ақидаи худ устуворам, ки ислом дини дунявист. Баҳри мутмаин гардонидани хонанда бар ҳақиқати ин андешаи худ ҳамеша талош менамоям, ки ҳар чӣ бештар далел дошта бошам. Зимни яке аз ҷустуҷӯъҳо ман бо мақолаи Зиёуддин Сардор, донишманди маъруфи бритониёвии покистонитабор зери унвони “Дар ҷустуҷӯи исломи дунявӣ” (Searching for secular islam. Сарчашма: http://newhumanist. org.uk/798/searching-for-secular-islam) дучор шудам. Сардор ёдрас менамояд, ки дар 20-солагияш ба дунявият нафрат доштааст. Ӯ дар солҳои 70-уми қарни гузашта котиби кулли Иттиҳоди Ҷомеаҳои Исломии Донишҷӯён (FOSIS) будааст. Чун дигар аъзоёни FOSIS ба ӯ ташкилотҳои “Бародарони мусулмон”-и Миср ва “Ҷамоати исломии Покистон” сахт таъсир расонида будаанд. Тибқи эътирофи худи Сардор ташкилотҳои мазкур як рисолати одиро пайваста пайгирӣ мекардаанд: Ислом хуб аст, вале дунявият бад. Ҳамин тавр, иқрор мекунад Сардор, ӯ, чун дигар аъзоёни ҳаракати исломӣ, дар бораи дунявият ва ислом чун ду барзагови бадхашме, ки бо якдигар доимо дар ҳолати низоъ ҳастанд, андеша мерондааст. Сардор дар идома таъкид менамояд, ки баъд аз он ки ӯ ба омӯзиши таърихи ислом пардохтааст, фаҳмидааст, ки вазъият на чуноне аст, ки онро муаррифӣ менамоянд. Дунявияте, ки Сардор бо он огоҳ гардидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ислом бегона набудааст. Он дар таърихи ислом на танҳо ҷойгоҳи муҳим доштааст, балки дар ташаккули афкори классикии исломӣ нақши ҷузъи ҷудонашавандаро бозидааст. Аз чунин андешаҳои хулосавии Зиёуддин Сардор чанд бардошти муҳим ҳосил мегардад: 1.Надоштани маълумоти дуруст ё доштани маълумоти сатҳӣ дар бораи дин, таърихи он, дунявият ҳамчун мафҳум ва ҳамчун принсипи зиндагӣ, қонунҳои рушди ҷомеа, ногузирии пешрафти ҷомеа, зарурати тағйири талаботу манфиат ва арзишҳои дунявии ҷомеа инсонро дар интихоби арзишҳо метавонанд ба гумроҳӣ баранд. Ин ҷо таҷрибаи Зиёуддин Сардор ба таври равшан собит менамояд, ки маҳз надоштани огоҳии комил аз падидаҳои мазкур ӯро зери таъсири ташкилотҳои ифротии гумроҳкунанда гузоштааст. Маҳз ба хотири дарёфти ҳақиқат доир ба дин ва раванду падидаҳои бо дин алоқаманд ӯ ба таърихи дин рӯ меорад ва аз он барои худ ҷавоби қаноаткунанда пайдо менамояд. 2.Ташкилотҳои ифротии зикршуда ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ба онҳо монанд ҳадафмандона мардумро нодуруст маълумот медодаанд. Яъне, онҳо воқеиятро на он тавре ки ҳаст, балки тибқи ҳадафҳои нопоки худ ва хоҷагони пасипардагияшон ба мардум муаррифӣ намуда, бо таҳрифи моҳияти дунявият ва ислом мардумро гумроҳ месохтаанд. 3.Таърих кашшофи воқеии асрори ҷомеа аст. Дар таърих ҳама чиз ҳақиқати худро меёбад. Ҳар он ҷизе, ки берун аз таърих аст, имкони таҳриф шудан дорад. Воқеияти таърихӣ бошад, бо далелҳои сершумори раднашаванда собит мегарданд. Пас, таърих сарчашмаест, ки метавон бидуни дудилагӣ ба он эътимод намуд. Ба таърих рӯ овардани шахсияти донишманд ва ташкилотчии маъруф бесабаб нест. Вай хостааст, ки пардаро аз таълимоти нодуруст ва пурасрори эҷодшуда бардорад. Чӣ хеле ки баъдан хоҳем дид, огоҳии дуруст аз таърих нигоҳи донишмандро пурра дигаргун намудааст. Пас, барои дуруст муайян намудани роҳи оянда бояд на таърихи сохташуда, балки ба таърихи воқеӣ рӯ овард ва аз он бардошти дуруст ҳосил намуд. 4.Дар муайян намудани таносуби дин, махсусан, дини ислом ва дунявият доштани маълумоти дуруст доир ба дунявият ҳатмист. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на танҳо мардуми одӣ, балки донишмандони дорои ҷаҳонбинии илмӣ ба сабаби маҳдудӣ ё яксамтии маълумот дар бораи дунявият на ҳамеша маълумоти сареҳ доранд. Маҳдудии мазкур онҳоро ба муқобилгузории дин ва дунявият меорад. Ҳам таърихи воқеии дини ислом ва ҳам воқеияти иҷтимоӣ-фарҳангии мусулмонон дар шароити имрӯза нодурустии мавқеи онҳоро бо далелҳои айёнӣ собит менамояд. Ҳангоме, ки як донишманд доир ба дунявият ва раванду падидаҳои дунявӣ маълумоти дақиқ надорад, пас, дар бораи мавқеъ ва нигоҳи мардуми оддӣ дар ин самт ҳоҷати гап ҳам нест. Аз ин рӯ, доштани маълумоти муътамад ва асоснок доир ба дунявият имкон медиҳад, ки таносуби ду падидаи мазкур, яъне ислому дунявият дуруст баҳогузорӣ карда шавад. 5.Ба ислом бегона набудани дунявият. Вақте Зиёуддин Сардор “дунявият ба ислом бегона нест” мегӯяд, манзури ӯ на исломи назариявии аз тарафи имомҳои мухталиф бо шаклу анвои гуногун эҷодшуда, балки исломи амалии дар таърихи ислом аллакай воқеиятдошта аст. Огоҳӣ бо исломи мазкур, яъне исломи воқеӣ Сардорро мутмаин сохтааст эътироф намояд, ки дунявият ба ислом бегона нест. Исломи назариявии аз тарафи имомҳои мухталиф бо фаҳмишу тафсирҳои субъективӣ орогардида эҳтимол аст, ки ягон вақт ба воқеият табдил меёбанд. Пас, барои маълумоти дуруст доир ба ислом бояд ба таърих рӯ оварду аз исломи воқеии аллакай дар ҳаёт татбиқшуда бардошти дуруст намуд. 6.Ҷузъи ҷудонашавандаи афкори классикии исломӣ будани дунявият. Агарчанде Зиёуддин Сардор андешаи мазкури худро шарҳ надодааст, лекин худи андешаи мазкур дорои аҳамияти бузурги методологӣ дар шинохти ислом маҳсуб меёбад. Ҳангоме болои андешаи мазкур тааққул намудем, пеши назари мо афкори кимиёшиносии Ҷобир ибни Ҳайён (721-815) бо устодонаш дар илми кимиё Имом Ҷаъфари Содиқ (700-765) ва шоҳзодаи умавиҳо Холид Ибни Язид (668-704), ки аввалин кимиёшинос дар олами ислом зикр мешавад, ҷилвагар гардид. Чун жарфтар болои андешаи баёнгардида тааммул менамоем, пеши назари мо ҳамчунин афкори дунёмеҳвари Ибн-ал-Ҳайсам бо асарҳои мумтозаш дар соҳаҳои математика, физика, механика ва оптика, андешаҳои ақлгароёнаи муътазилиҳо, таълимоти Ибни Сино доир ба тиб ва қадим будани олам, таълимоти Абубакри Розӣ доир ба тиб ва аз заррачаҳо тавлид шудани олам, ашъори ҳаётдӯстонаи Умари Хайём, афкори озодандешонаи Ҷалолуддини Балхӣ доир ба таносуби ҳувияти инсон ва Худо ва амсоли инҳо падид меоянд. Ин ҷо бояд махсус таъкид намуд, ки вақте дар ҳар доирае дар бораи дастоварди ислом сухан оғоз мегардад, дилхоҳ домулло на муллоҳои мутаассиби худ, балки номи бузургони ёдрасшударо ҳамчун маҳсули дини ислом қайд менамояд. Пас, вақте дар бораи ислом ҳамчун қутбнамои зиндагӣ сухан меронем, бояд самти фаъолияти чунин бузургони соҳаи илм, ки боиси сарбаландии тамоми мусулмонон буда, таълимоташон мавриди баҳрабардории тамоми аҳли башар мебошанд, ба сифати қутбнамо пазируфта шавад. 7. Бардошти охирини мо аз андешаи фавқуззикри Зиёуддин Сардор дар он ифода меёбад, ки вақте шахси дар муҳити бритонӣ ба воярасида то рӯоварияш ба таърих гумроҳ шудааст, дар хусуси гумроҳшавии мардуми одӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Яъне, таълиму тадриси анъанавии дин бидуни шак дар худ имкони тавлиди тасаввуроти нодурустро доир ба дин нуҳуфтаасту он ба ислоҳ ниёз дорад. Хулоса, чуноне аз таҷрибаи амалии Зиёуддин Сардор бармеояд, баҳри ба даст овардани маълумоти дуруст доир ба дин ба таърихи он рӯ овардан аз манфиат холӣ нест. Маълумоти саҳеҳи таърихӣ доир ба

МАҚОЛАҲО

Худшиносиро тарбия бояд кард (Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон   Мафҳуми худшиносӣ муътабар аст. Худшиносӣ яке аз аввалин ҷузъҳои худогоҳӣ аст, модарзод нест, онро бояд тарбия кард. Илмҳои гуногун ба таҳлилу таҳқиқи худшиносӣ машғуланд. Худшиносӣ равандест, ки дар он шахс хусусиятҳои руҳӣ ва ҷисмонии худ – шахсият, қобилият, манфиатҳо, арзишҳо ва ангезаҳои худро меомӯзад ва дарк мекунад. Ин як амали давомдорест, ки аз кӯдакӣ оғоз ёфта, тамоми умр давом мекунад. Албатта, худшиносӣ аз ҷузъҳое чун: худогоҳӣ – фаҳмиши фаврии афкор, эҳсосот ва нишон додани аксуламалҳо, дарки арзишҳо ва боварҳо – огоҳӣ аз принсипҳои бунёдие, ки ба ҳаёти инсон маъно мебахшанд, санҷиши неру ва заъифиҳо – қабули воқеии қобилиятҳо ва маҳдудиятҳои инфиродӣ иборат мебошад. Бо дар бар гирифтани чунин ҷузъҳои худшиносӣ шахс метавонад аз мансубияти худ ба миллат, таърих, фарҳанг, забон, мерос ва ғайра огоҳ гардад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносиро қутбнамо ҳисобида, пайваста таъкиди онро доранд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Сарвари давлат дар суханронии худ 8-уми сентябри соли 2008 бахшида ба 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯйи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад. Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад». Дар ҳақиқат, худшиносӣ бояд аз илм раҳнамоӣ бинад ва бунёди он бар назария ва воқеият, бар илму амал ҷиддӣ бошад. Аз таъкидҳо хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин хулосаи ақл аст.  Ҳамин гуна мавқеъгирӣ ва хулосабарориро дар файласуфони гузашта низ дидан мумкин аст. Аз ҷумла, файласуфи чинӣ Конфутсий (551-479 то милод)  таъкид ба он дорад, ки барои худшиносӣ инсон бояд ба таҷрибаи наслҳои пешин такя кунад, анъана, расму ойин ва китобҳоро омӯзад. Файласуфи олмонӣ Карл Маркс (1818-1883) низ гуфтааст: худшиносӣ на танҳо муколамаи дохилӣ, балки фаъолона ва бошуурона ворид шудан ба ҳаёти иҷтимоӣ, раванди меҳнат ва тағйир додани ҷаҳон аст. Аз олимони ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар асари худ «Давлати миллии демократӣ» андешаҳои ҷолиберо пешниҳод кардааст. Ӯ таъкид намудааст, ки «воқеан инсон барои он, ки худро шиносад, ҷаҳонро шиносад, мазмуни зиндагии худро дарк намояд, ӯ дар танҳоӣ дар ибтидо силсилаи пайдоиши худро мекобад. Ин падидаи даврамонанд ӯро ба масири таърих то Бобои Одам мебарад. Бузургии динҳои ҷаҳонӣ маҳз дар он аст, ки онҳо ин умумияти Ҳақро дар пайвастагӣ эътироф намуда, баромади умумии инсонро ва нуқтаи ибтидоӣ аз он Ақли кулл, воҷиб донистаанд». Профессор А.Холиқзода навиштаҳои олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳониро роҷеъ ба масъалаи худшиносӣ (самоидентификация, самопознания) таҳлили амиқ намуда, изҳори назар менамояд, ки ҳуқуқи инсонро имрӯз иддае чун «дини муосири шаҳрвандӣ» эътироф кардаанд, ки асосҳо дорад. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки инсон ҳамчун махлуқи олӣ имкони шинохти яклухти омилҳои худшиносиро дорад, фақат онро тарбият ва ташаккул дода, ба онҳо бештар диққат додан лозим аст. То он замоне, ки омилҳои худшиносӣ куллан бо роҳҳои мухталиф бо сарҳадҳои устувор таъсири худро ба инсоният мерасонанд, то он рӯзгор муаммоҳои инсоният, чун: ҷангу хушунат, нобаробарию зулм боқӣ хоҳад монд. Инчунин, ҳуқуқшиноси варзида Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи «Соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлоли миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо: ҷустуҷӯи кафолатҳои маънавӣ ва ҳуқуқӣ» таъкид менамояд, ки «худшиносиву худогоҳӣ танҳо бо забондониву донишмандии хушку холии бо манфиати миллат амалан васлнабуда, роҳи илҳомоварии маънавию илмии худро ба манфиати соҳибихтиёрии миллӣ, дар олами ноором пайдо карда наметавонад… Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат худшиносию худогоҳии миллӣ ба нуктаҳои муҳимму бунёдии навъҳои худшиносии ахлоқӣ (нашри осори ахлоқии ниёгон), худшиносии эътиқодӣ (эҳёи мазҳаби ҳанафӣ ва ақидаи мотурудия), худшиносии этникӣ (мақоми махсус додан ба забони модарӣ ва тоҷикият), худшиносии фарҳангӣ (қадршиносии фарҳанги миллӣ), худшиносии иқтисодӣ (таҳияи қонуни миллии танзими ҷашну маросим ва тарғиби усули зиндагии сарфакорона), худшиносии ҳуқуқӣ (бо эълон намудани соли маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон) ва худшиносии сиёсӣ (бо интихоби низоми шоистасолорӣ ва демократия) васл дар ҳаёти мафкуравӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан рӯнамо шуд». Бо таъкиди профессор Ҷумъахон Алимӣ, «худшиносӣ танҳо вақте рух медиҳад, ки ягонагии комили ақл, ҷисм ва руҳ вуҷуд дорад, биноан, шумо бояд бо тарафи равонии худ робитаи қавӣ барқарор кунед, донистани тавозуни руҳ хеле муҳим аст, ин фаҳмиши воқеии ниёзҳо ва хоҳишҳои руҳи шумо ва гузоштани онҳо аз бадани шумост». Худшиносии инсон, маданияти маънавии ӯ, ахлоқу одобаш асрҳо ба дин алоқа дошт. Дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад. Давлат ва Ҳукумат барои худшиносии миллӣ ба таҷрибаи таърихии худ ва дигарон такя карда, ҳамеша сабақҳои таърихи миллати худ ва дигаронро пеши назар дорад.  Ба таърих пайвастани миллат аз роҳҳои гуногун даст медиҳад. Яке аз ин роҳҳо бузургдошти чеҳраҳои таърихии миллат ва таҷлили рӯйдодҳои таърихист. Ҳадафи аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба бузургдошти нобиғаҳои илму фарҳанги халқи тоҷик, аз ҷумла 2700-солагии китоби муқаддаси «Авесто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 950-солагии Муҳаммади Ғазолӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ аз он иборат аст, ки дар шуури наврасону ҷавонон тарбия кардани худшиносӣ ва эҳсоси ифтихор аз гузаштагон бошад. Бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин чопи осори зиёди ахлоқиву илмии шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ агар, аз як тараф, ба хотири ҳифзи мероси гузаштагон бошад, аз тарафи дигар, ба хотири худшиносии миллӣ мебошад. Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурӣ «халқи мо ба китоб ва сухани китобӣ бовар дошт, ҳама зиндагиашро аз рӯйи китоб тартиб медод, шинохти моҳияти худ, шинохти мавқеи худ дар дунё, ҷаҳонбинии ӯ бо ёрии китоб сурат

Президент, Хабарҳо

Оғози бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Бегоҳии 9 октябр пас аз бозгашт аз Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд. Иқтидори терминали муосир баробар ба хизматрасонии 8,5 миллион мусофир дар як сол мебошад. Муҳлати сохтмони бино якуним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд мегардад. Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои накуи меҳмоннавозии тоҷикона мебошад. Аснои шиносоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда бунёду ба истифода дода шавад.

Президент, Хабарҳо

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар Туркманистон

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили ин нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба  талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд. Сипас, Раҳбари давлати мо ҷаласаи кунунии Шурои сарони давлатҳоро, ки дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад, басо рамзӣ номида, таъкид доштанд, ки роҳи тайшуда дар ин солҳо аҳаммияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъкид намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминаи боэътимоди ҳуқуқие, ки барои густариши рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба гузошта шудааст, ёдрас шуда, бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ИДМ ба шароити тағйирёбанда мутобиқ мешавад ва ҳамкорӣ дар доираи он бо назардошти воқеиятҳои нав таҳким меёбад. Дар ин робита, аҳамияти рушди ҳамкории технологӣ, навовариҳо, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди “сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи неруи барқароршаванда таъкид гардид. Рушди пайвастаи робитаҳои нақлиётӣ, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва ҳамчунин, тақвияти ҳамёрии амниятӣ муҳим дониста шуд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2027-2036 Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, изҳор доштанд, ки мо якҷоя бо СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ нақша дорем моҳи июни соли 2027 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро барои оғози расмии Даҳсола баргузор намоем. Дар ин робита Пешвои миллат таъкид доштанд, ки иштироки фаъоли кишварҳои ИДМ дар ин чорабинӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, бешубҳа, боз як нишонаи ҳамбастагии муштараки кишварҳои иштирокдори Иттиҳод хоҳад буд. Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо бо пуштибонӣ аз қарорҳои дар ин ҷаласа қабулшаванда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон пайваста аз идомаи ҳамкории созандаи бисёрҷониба дар доираи ИДМ пуштибонӣ мекунад.

Хабарҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа дар Маркази исломшиносӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, прфессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо ва кормандони Марказ иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа ҳисоботи муфассал оид ба натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Зимни баррасии ҳисобот фаъолияти шуъбаҳо, дастовардҳои бадастомада ва масъалаҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои дар назди кормандон гузошташуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар идомаи ҷаласа директори Марказ бо таҳлили масъалаҳои мавҷуда ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, ба баланд бардоштани сатҳи илмӣ ва сифати мақолаҳои илмӣ, ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта дар маводи таҳқиқотӣ, инчунин такмили барномаҳои кории инфиродии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои хизматӣ, риояи талаботи илмӣ дар таҳияи мақолаю маводи таҳқиқотӣ ва тақвияти масъулияти ҳар як корманд омили муҳимми баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Марказ ба шумор меравад. Дар фарҷоми ҷаласа барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани сифати фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таъмини иҷрои босифати нақшаҳои корӣ ба масъулон дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх