Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиевро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он фаъолияти 5 шуъба ва дармонгоҳ ба роҳ монда шудааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав бори аввал дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд фаъолияти ҷарроҳихона, ҳуҷраи эҳё, наҷот ва беҳискунӣ ба роҳ монда шуд. Ворид намудани зиёда аз 40 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти нав барои ташхису табобат имкониятҳоро барои хизматрасонӣ ба нафарони гирифтори диабети қанд, бемориҳои ҷоғар, ғадуди зери меъда, бенаслӣ, норасоии ғизо, фарбеҳӣ, диабети ғайриқандӣ ва дигар намуди бемориҳо ба талабот мутобиқ гардонид. Инчунин, дар марказ 4 шуъбаи нав – қабул, ҷарроҳӣ, бемориҳои ҷоғар ва кӯдакона таъсис дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини марбутаи соҳа ва табибонро барои истифодаи босамар аз шароити замонавии мавҷуда ва хизматрасонии сатҳи баланд вазифадор намуданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шумораи катҳо аз 80 ба 200 расид. Барои ташкили корҳои омӯзишӣ, дарсҳои амалии донишҷӯён ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун толору ҳуҷраҳои таълимӣ мутобиқ ба тарҳи муосир мавриди истифода қарор гирифтааст, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва беҳтар шудани сифати таълим мусоидат мекунад. Дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд шабакаи ягонаи оксигендиҳӣ мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин шуда, технологияи ҳаводиҳанда фаъол аст. Иншооти нави тандурустӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд барои ташхису табобат мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст. Саҳни бино чароғон ва сабзпӯш гардонида шудааст. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд

18 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ифтитоҳи бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст, оғоз гардид. Бинои нави Маркази саратоншиносӣ, ки аз 6 ошёна иборат аст, дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 200 кати табобатӣ сохта шуда, аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат, камназир аст. Бунёди бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, иҷрои корҳоро бештар аз 200 бинокор ба ӯҳда дошт. Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти марказ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин бино 43 ҳуҷраи табобатӣ, 3 амалиётхона бо маҷмӯи дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ, таҳлилгоҳи клиникавӣ, биохимиявӣ, морфологӣ, имунаферментӣ, ҳуҷраи тадқиқоти ултрасадо ва ташхиси эндоскопӣ мавҷуд буда, дар 5 шуъбаи амалкунанда боз 60 мутахассиси соҳаи тандурустӣ, хоса табибони саратоншинос, ба кор ҷалб гардидаанд. Барои пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои саратон ба маблағи бештар аз 7 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, харидорӣ шудааст. Табибон бо истифода аз ин дастгоҳҳо имкон доранд, ки саривақт ташхис гузаронида, бемориро дар марҳилаҳои ибтидоӣ муайян намоянд ва ба табобати беморони гирифтори саратон сари вақт камар банданд. Ҳамзамон, ин раванд барои татбиқи барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррас мегузорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саросари дунё гирифторӣ ба бемориҳои саратон зиёд шудааст. Дар бинои нав қабул, ташхис ва табобати беморон бо низоми мутамаркази электронӣ сурат мегирад. Ин низоми кор ба сарфа кардани вақти беморон ва ҳам табибону дигар кормандон мусоидат менамояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва табибони марказ дастур доданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва дар беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Зимни муаррифии шароиту имкониятҳои фароҳамшуда таъкид гардид, ки давоми солҳои охир 18 табиби Маркази саратоншиносии вилояти Суғд малакаи касбии худро дар муассисаҳои тандурустии сатҳи ҷаҳонии хориҷи кишвар сайқал дода, имрӯзҳо дар самти ташхис ва табобати беморон аз роҳу усулҳои муосир кор мегиранд. Дар натиҷаи омӯзишҳои пайвастаи табибон 26 намуди амалиёти ҷадиди ҷарроҳӣ, 12 намуди усули муолиҷаи кимиёвӣ бо нақшаҳои нав ва иловатан 18 намуди таҳлили гуногун роҳандозӣ гардид. Ҳамзамон табибони марказ бо мутахассисони варзида ва профессорони соҳаи тандурустии Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар кишварҳои дунё дар самти ташхис ва муолиҷаи бемориҳои саратон ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд. Амалӣ намудани чунин тадбирҳои муҳим, ба монанди бозомӯзии кормандон ва муҷаҳҳазсозӣ бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ боис ба он гардид, ки рафтани беморон барои ташхусу табобати бемориҳои саратон ба хориҷи кишвар коҳиш ёбад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини соҳа ва ба табибон дастур доданд, ки барои пешгирии бемориҳои саратон дар миёни аҳолӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, ҳамеша тарзи ҳаёти солимро тарғиб намоянд. Дар бинои нави марказ барои гузаронидани маслиҳату машварат ва ҷаласаю дигар чорабиниҳои соҳавӣ толори барҳаво бо фарогирии 100 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки иншооти кӯҳнаи марказ ҳануз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 130 кати табобатӣ дорад. Акнун бо бунёди бинои нави марказ шумораи катҳои табобатӣ дар маҷмуъ ба 330 расид. Дар фасли зимистон бинои иловагӣ ва иншооти ёрирасони он пурра тариқи маркази ягона бо гармӣ таъмин карда мешавад. Саҳни ҳавлии бино бо сифати баланд ободу зебо ва дилрабо гардидааст. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Маврид ба таъкид аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ  бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун  ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад. 18.11.2025 шаҳри Хуҷанд

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

16 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии гарм ва ташкили вохӯрӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Илҳом Алиевро ба муносибати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва мавқеи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад. “Дар ин зимн муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким меёбанд ва мо тамосҳои худро бо шарикони хориҷӣ фаъолона пеш мебарем”, изҳор доштанд дар робита ба ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати мо натиҷаҳои дар гузашта бадастомадаро заминаи мусоид барои густариши маҷмӯи ҳамкории судманд арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси принсипҳои шарикии  баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки минтақаи мо бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад. Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мувофиқаҳои бадастомада, ки дар Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ “Осиёи Марказӣ-2040” инъикос ёфтааст, заминаи мустаҳкам барои расидан ба ин аҳдоф фароҳам меоранд. Оид ба аҳамияти қабули Консепсияи таъмини амният, субот ва рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки ин санад барои таъмини амну субот, тақвияти  робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаи мо нигаронида шудаанд, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҳамчунин, изҳор гардид, ки ин тамоюли созанда ба мо имкон медиҳад, ки иқтидори минтақаи худро ба манфиати наслҳои оянда самаранок истифода намоем. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиро заминаи устувори оянда номида, зарур шумурданд, ки иқтисоди минтақавӣ тавассути ҳамкорӣ ва навовариҳо густариш дода шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои муштараки созанда зарур аст. Дар ин робита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад. Истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа зарур шумурда шуд. Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ба андешаи Сарвари давлати мо вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд. Бо истифода аз фурсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, изҳори сипос намуданд. Илова бар ин, гуфта шуд, ки таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷорати электронӣ, ки имрӯз ба нерӯи пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфтааст, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Таъкид гардид, ки татбиқи ин ташаббус на танҳо ҳамгироии иқтисодиро тақвият медиҳад, балки ба афзоиши фаъолияти тиҷоратӣ ва гуногунсозии ҷараёнҳои тиҷорат дар минтақа мусоидат хоҳад кард. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ доштани амнияти минтақавии устуворро яке аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ номиданд, зеро таҳдидҳои терроризм, экстремизм, идеологияи тундгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори сохторҳо ва идораҳои дахлдор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Рушди мунтазами ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии касбии кадрҳо ва коршиносон барои бахши амният яке аз унсурҳои муҳими муқовимати муносиб бо таҳдидҳои нав номида шуд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо назардошти афзоиши таҳдидҳои киберӣ, тақвияти чораҳои муштарак бо истифода аз технологияҳои пешрафта зарур аст. Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои бо мундариҷаи нав ғанӣ сохтани равандҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати рушди ҳамкорӣ дар ин самт, пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Марказӣ як маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузург барои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани обурую нуфзи минтақа аз мероси ғании фарҳангию таърихӣ бояд васеъ истифода намоем. Масъалаи экологӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд, зеро тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва хокборишҳои тӯлонӣ ба амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд. Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шукуфоии ояндаи Осиёи Марказӣ ба ҳамкории зич вобаста мебошад, ки пеш аз ҳама ба беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон равона шудааст. Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Изҳороти муштарак ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расид. Дар фароварди ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз номи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд. 16.11.2025 Узбекистон

Президент, Хабарҳо

Боздид аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошкент

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳо аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ – Ҳирот тарҳрезӣ шудааст. Масоҳати замини марказ зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар чор тарафи бино дарвозаҳо бо баландии 34 метр сохта шудааст ва дар марказ гунбази 65-метра қомат афрохтааст. Ба меҳмонони олиқадр дар бораи сохтори ин марказ маълумот пешкаш гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ аз шуъбаҳои тадқиқотӣ, феҳристи миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст. Галереяи намоишгоҳ бо ашё ва осори таърихӣ аз давраҳои гуногуни таърих ва китобхонаи калон бо 100 ҳазор дастнавис аз имконоти дигари марказ мебошад. Дар марказ ба меҳмонони олимақом дар бораи саҳми донишмандони бузурги сарзамини Мовароуннаҳри бостон дар рушди тамаддуни башарӣ, ба монанди Имом Бухорӣ, Имом Термизӣ, Ҳаким Термизӣ, Баҳовуддини Нақшбанд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки озмуни ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс, санъати тасвирӣ, мӯд ва тарроҳӣ, илму маориф ва технологияи рақамӣ гузаронида мешавад. Ба ғолибон дар ҳар як номина муҷассама, диплом ва ҷоизаи пулии яквақта дода мешавад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим Давлат Сафар  – муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон дар номинаи Мероси фарҳангӣ соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид. 15.11.2025 Узбекистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва истиқболи гарм изҳори сипос намуданд. Аз рушди мунтазами муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ ва рушди робитаҳо дар самти технологияҳои инноватсионӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо ёдоварӣ аз афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 440 миллион доллари амрикоӣ расидааст, таъкид гардид, ки имконияти кофӣ барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод мавҷуд аст. Таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ва самараи назарраси он таъкид гардид. Робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва башарӣ дорои мавқеи хос дар муносибатҳои ду кишвар дониста шуд. Таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштараки кишварҳо бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Ҳамчунин, оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт. 15.11.2025 Узбекистон  

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд-Ҳумо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд. 15.11.2025 Узбекистон

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. 15.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи вазири рушдииқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Завқизода З.А. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Завқизода Завқӣ Амин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1083 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америкаозод намудани Ҳамрализода Ф.М. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка озод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1084 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрияозод намудани Қаландар И. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Қаландар Идибек бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руминия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Венгрия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Норвегия ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналхалқӣ озод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1085 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсияозод намудани Убайдулло Ҷ.М. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия озод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1086 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи вазири рушдииқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Абдураҳмонзода А.С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1087 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америкатаъин намудани Завқизода З.А. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Завқизода Завқӣ Амин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1088 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австриятаъин намудани Ҷобир Манучеҳр Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Ҷобир Манучеҳр Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1089 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсиятаъин намудани Ҳомидзода Ҷ.Т. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Ҳомидзода Ҷамшед Тағай Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1090 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италиятаъин намудани Убайдулло Ҷ.М. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия таъин карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе14 ноябри соли 2025№1091 https://khovar.tj/…/farmon-oi-prezidenti-um-urii-to…/

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқзода Завқӣ – аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки дорои собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид. Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезонидани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд. Супоришҳои дахлдор, ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои номбурда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, дода шуд. 14.11.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх