Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳаммияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки 16-уми декабри соли 2025 Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Ҳидоят ва роҳнамоии Сарвари давлат мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар ироа гардида, ҳамагон аз Паём бархӯрдор гаштанд. Зеро Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва роҳнамои ҳаёту фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Яке аз аломату рамзҳои муҳими низоми давлатдории муосири мо ин ироа шудани Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро Паёмҳои солонаи роҳбари давлат барои низоми сиёсӣ ва идории давлат аҳамияти хосаи рамзӣ ва амалӣ доранд. Бинобар ин, Паём мавриди таваҷҷуҳи васеи доираҳои сиёсию иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифта, паҳлуҳои гуногуни он мавзӯи таҳлилу тафсир қарор мегиранд. Воқеан, Паёми Сарвари давлат як дарси худшиносӣ барои ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад. Зеро ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як роҳнамои мукаммал барои имрӯз ва ояндаи дурахшони кишвар аст. Он на танҳо вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоиро муайян мекунад, балки рӯҳияи миллии моро тақвият бахшида, роҳи моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва демократӣ равшан месозад. Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳамияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва фарогир аст, зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад. Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳамияти таърихии он: Паёми Пешвои миллат на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки сарчашмаи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ мебошад. Дар он ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад: худшиносии миллӣ: таъкид бар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ҳифзи забони модарӣ ва таърихи пурифтихори халқи тоҷик, тарбияи ватандӯстӣ: ҳидоят кардани ҷавонон ба роҳи илмомӯзӣ, эҳтироми волидайн ва садоқат ба Ватан, ахлоқи ҳамида: мубориза бар зидди хурофот ва бегонапарастӣ, ки барои солимии маънавии ҷомеа муҳим аст. Ҷанбаҳои сиёсии Паём: аз нигоҳи сиёсӣ, Паём барномаи мукаммали фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ба ҳисоб меравад. Аввал, суботи сиёсӣ, яъне таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир. Дуввум, ислоҳоти ҳуқуқӣ, яъне такмили қонунгузорӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун. Президенти кишвар дар Паёми худ ба масъалаҳои хурофоту ҷаҳолат, тарғиби илмоўзӣ, қадрдонии таърихии миллат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Ин мавзӯъ яке аз меҳварҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад, зеро маҳз омезиши илм ва ифтихори миллӣ метавонад ҷомеаро аз чанголи хурофот раҳо кунад. Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки хурофот ва таассуби динӣ монеаи асосии пешрафти ҷомеа ва хатар ба амнияти миллӣ мебошанд, ҷаҳолат ва нодонӣ боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дин бояд аз сиёсат ҷудо бошад ва барои тақвияти ахлоқи ҷомеа хизмат кунад, на барои тафриқаандозӣ. Аз ин хотир, моро лозим аст, ба маънавияти аслӣ ва илмомӯзӣ таваҷҷуҳ намоем. Яке аз нуқтаҳои муҳими Паём ин таҳкими ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ мебошад. Президенти кишвар бо ифтихор аз гузаштаи дури тоҷикон, аз ҷумла таърихи шашҳазорсола ва фарҳанги бостонии ориёӣ ёд карданд, то рӯҳияи ватандӯстиро дар зеҳни мардум бедор созанд. Ташаббуси туҳфа кардани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома»-и безавол ва тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, ки дар Паём садо дод, маҳз барои шинохти асли ориёӣ ва мубориза бо бегонапарастӣ буд. Дар партави суханони Пешвои миллат мо бояд дарк кунем, ки илм ҷомеаро аз хурофот пок мекунад, ифтихори ориёӣ заминаи маънавии ваҳдатро месозад, танҳо шахси босавод ва худшинос метавонад Ватанро аз таҳдидҳои муосир ҳифз кунад. Нуктаи дигар: Агар мо пешрафту тараққиёти кишварро ба назар гирем, ки аз Паёми соли 2024 маншаъ гирифтаанд, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ амалӣ гаштаанд. Боре ба дастовардҳои даврони истиқлол таваҷчуҳ кунем. Магар ин кори саҳлу осон аст? Дар як муддати кўтоҳ кишвари ҷангзада ва ақибмондаро обод карда, ҳазорон иншооти замонавӣ бунёд намуда, тамоми соҳаҳои давлатдориро дар сатҳи баланд қарор дода, ба як давлати рў ба тараққӣ табдил додан, ба ақл намеғунҷад. Имрӯз ба шарофати кўшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат мо дар як давлати ободу ором зиндагонии осоишта дорем. Пас, ба ҳамаи ин шукрона кардан шарт аст. Чунонки Роҳбари давлат таъкид доштанд: “Ҳар касе, ки ба қадри ин давлати обод намерасад, мусулмон нест!” Муовини директори Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода А

Президент, Хабарҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд. Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Он ҳам боиси ифтихор аст, ки ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамватанони азиз! Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт. Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030-ро таъмин намоянд. Ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем. Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад. Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Вакилони муҳтарам! Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд. Дар ин раванд, Хадамоти алоқа вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Зарур аст, ки ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадоранд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад,

Хабарҳо

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз бо мақсади тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 16.12.2025 соати 10:00 оғоз гардид бо иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо симои идона ва ҳисси баланди масъулият Паёми Пешвои миллатро бо мароқ тамошо доранд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОЗОДИИ АҚИДА, ВИҶДОН ВА ДИН ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар зери мафҳуми ҷавобгарӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин таҳти маҷбурияти давлатӣ иҷро намудани ҷазои ҳуқуқиро мефаҳманд. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин ду намуд мешавад: 1. Ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин; 2. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин. Дар моддаи 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин омадааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., № 1497)» [3]. Моддаи 86-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31.12.2008 с. қабул карда шудааст, аз 01.04.2009 с. мавриди амал қарор дода шудааст) чунин муқаррар кардааст: «1. Барои монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ, аз ҷумла қабул намудани дин ва ё ақидаҳои динӣ ё дигар ақидаҳо ё рад намудани қабули онҳо, аъзо шудан ба иттиҳодияҳои динӣ ё баромадан аз узвияти онҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051). 2. Барои таҳқири ҳиссиёти динии шаҳрвандон ё хароб намудани ашё, нишона ва аломатҳои рамзӣ, ки мутобиқи эътиқоди онҳо мавриди парастиш мебошанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051), ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051) [1]. Моддаи 157-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21.05.1998 с. қабул карда шудааст, аз 01.09.1998 с. мавриди амал қарор дода шудааст) монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ ном дошта, дар он чунин муқаррар шудааст: «Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳукуқи шаҳрвандон таҷовуз нанамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472), бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422)» [2, с. 105]. Адабиёти истифодашуда: 1. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455 // Сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – https://mmk.tj 2. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: КВД «Қонуният»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матбааи «Истиқлол-2019» чоп шудааст, 2024. – 320 с. 3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, № 489 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., № 1497. Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

“Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат)

Дар шароити муосири авҷгирии бархӯрди манфиатҳои геополотикии давлатҳои абарқудрат ва ҳассосу муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷаҳон, амният ва рушди ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллии ҷаҳон, якпорчагӣ ва ваҳдати миллии онҳо аз бисёр ҷиҳат бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, донишу таҷриба, ахлоқу маънавиёт ва сифатҳои шахсии роҳбарони онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин мавқеъи назар, гуфтори Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дорои мазмуни амиқи фалсафӣ-таърихӣ ва арзишу аҳамияти баланди сиёсӣ мебошад. Ин гуфтори пурҳикмат ба ҳеҷ ваҷҳ маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро надорад, балки як шарт ё талаботи воқеӣ ва муҳими сиёсию ахлоқии идоракунии муваффақона ва одилонаи давлати миллию демократӣ маҳсуб мешавад. Ҳар як фард ва ҷомеа ба ғайр аз ниёзҳо ва манфиатҳои динию маънавӣ, боз доираи ниҳоят васеи талаботҳои моддию дунявиро дорад, ки онҳоро на аз роҳи ибодату ниёиши дарунӣ, балки танҳо аз роҳи меҳнат, амалия ва фаъолияти ҷисмонию фикрӣ, тавассути ҳамкории судманд бо дигар афрод ва ҷомеаҳо қонеъ карда метавонад. Ҷомеаи миллии тоҷик низ аз ин қоида берун нест. Барои миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ва аҷдодони тоисломиаш (суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, тахориҳо ва халқиятҳои дигари эронизабони Осиёи Марказӣ) диндорӣ танҳо як рукни ҳаёт ва фарҳанги миллӣ буд ва мебошад. Ба ҷуз аз ниёишу ибодат ва суннату маросими динӣ-исломӣ, тоҷикон соҳиби фарҳанги басо пурғановати моддию дунявӣ низ мебошанд ва дар таъсиси аввалин давлатҳои мутамаддину пешоҳанги бостонӣ (Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳайтолиён ва ғ.), ободонии ҷаҳон, рушди ҳаёт ва фарҳанги моддии башарият саҳми бузург гузоштаанд. Миллати тоҷик дар симои аҷдодони таърихиаш қабл аз зуҳури дини мубини ислом вуҷуд дошт. Ҳамаи ин халқиятҳо пайрави дини зардуштӣ буданд ва пас аз густариши дини ислом, ба шарофати фаъолияти давлатсозию миллатсозии Сомониён ва сулолаҳои дигари ҳокимони маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муоширати миллӣ ташаккул ёфтани забони форсӣ-тоҷикӣ ва як қатор омилҳои дигари фарҳангӣ як миллати воҳиди бодиёнатро ташаккул доданд. Ҳарчанде ки тоҷикон мисли халқҳои дигари ғайриараби мусулмон, аз дини ниёгон даст кашида дини навро қабул карданд, вале дин ҳамчун як шакли ҷаҳонбинӣ ва унсури бунёдии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллии онҳо маҳфуз монд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки дину эътиқоди исломӣ (дар шакли мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ) дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати фарҳангии миллатсози Сомониён дар ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон нақши хеле муҳим ва судмандро иҷро кардааст, ҳамон тавре ки дар даврони бостон дини зардуштӣ ин ин хидматро барои аҷдодони қадимаи мардуми тоҷик анҷом дода буд. Аз ин нуқтаи назар, “аввал тоҷик ва баъд мусулмон будан” маънои мусулмониро ҳамчун як навъи диндорӣ, ҳамчун як ҷузъи таркибӣ ва тағйирпазир ба низоми арзишҳои нисбатан устувору бунёдии миллии тоҷикон ҳамгун ва ҳамоҳанг сохтанро дорад. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ як давлат ё ҷомеаи муосири миллӣ, хоҳ демократӣ бошад, хоҳ теократӣ, аз нуқтаи назари этникӣ ва динӣ-мазҳабӣ яклухт нест, балки то ин ё он дараҷа полиэтникӣ ва поликонфессионалӣ мебошад, яъне як иттиҳоди сиёсие аст, ки халқиятҳо ва афроди пайрави дину мазҳабҳои гуногунро муттаҳид мекунад. Мисол, дар Конститутсияи ИМА вожаи “миллат” истифода нагардидааст, вале вожаи “мардум” (the People) ба кор бурда шудааст, ки ҳувияту умумият ва ваҳдати сиёсии ҳамаи шаҳрвандони ИМА-ро, новобаста аз мансубияти этникию динии онҳо, ифода мекунад. Яъне мафҳуми “миллат” ё “мардум” баёнгари ҳувияти сиёсии одамон аст, на ҳувияти этникии онҳо. Аз нуқтаи назари ҷомеашиносӣ «миллат» як ҷомеаи таърихан ташаккулёфта ва устувори одамон аст, ки бо забони умумии муошират, ҳудуд ва макону фазои ягонаи сукунат, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва ҳувияти муштарак муттаҳид шудаанд. Ин истилоҳ ду маънои асосӣ дорад: аз нигоҳи фарҳангӣ – ҷомеаи этникии дорои хусусиятҳои муштарак ва аз нигоҳи сиёсӣ – иттиҳоди сиёсии шаҳрвандони як давлати мушаххас. Дар давраи пас аз зуҳури ислом, тоҷикон аввалин бор маҳз дар замони Сомониён ба ин комёбӣ даст ёфта, ҳамчун миллат ташаккул ёфта буданд. Пас аз фурӯпошии давлати Сомониён, чунин имконият дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омад. Ҳарчанде ки ҳаёт ва фарҳанги динии тоҷикон дар замони шӯравӣ бо маҳдудятҳо дучор шуд, вале фарҳанги моддию дунявии мардуми мо, иқтисод, илму маориф, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мо як давраи тиллоии эҳё ва рушду гулгулшукуфоии худро паси сар кард. Ин дастовардҳои замони шӯравӣ аз оғози давраи сохибихтиёрӣ то имрӯз барои рушди босуботи ҷамъиятиву иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун як заминаи муҳим хизмат карда истодаанд. Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, Шаҳраки тиббӣ, таваллудхонаҳои рақами 1,2 ва 3 ва садҳо биноҳои таълимию истиқоматӣ танҳо дар ҳудуди пойтахти кишвар – як қисми андаке аз он дастовардҳои замони шӯравӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ истифода бурдани вожаи “миллати тоҷик” ба маънои ҳувияти сиёсии тоҷикон дар масири таърих дар мавридҳое дуруст аст, ки агар тоҷикон соҳиби давлати озоди миллии худ бошанд, аз ҷумла дар мавриди наслҳои имрӯзаи бахтёру саодатманд, яъне мову шумо –хонандагони арҷманд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллии худ ҳастем. Дар давраҳои бедавлатӣ бошад, масалан, пас аз Сомониён то замони шӯравӣ, мафҳуми миллатро дар нисбати мардуми тоҷик танҳо барои ифодаи умумияти этникӣ, на сиёсӣ истифода бурдан, мантиқан дуруст аст. “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат) Қисми 2.(қисми 1 – 30.10.2025 нашр шудааст ) Ҳангоми таҳлили таносуби байни мафҳумҳои “миллат”, “халқ” (мардум, қавм, этнос) ва “дин” (диёнат) хоҳу нохоҳ ин масъала ба миён меояд, ки кадоме аз ин мафҳумҳо нисбат ба дигарашон қадимитар мебошанд. Равшан кардани ин масъала барои боз ҳам хубтар дарк кардани мазмуни фалсафии гуфтори Пешвои миллат “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” мусоидат мекунад. Тибқи мазмуни таълимоти қуръонӣ, ва умуман, ҳамаи китобҳои осмонӣ, Худованд аввал қавму қабилаҳоро офаридааст, баъд барои ҳар қавму қабила тавассути паёмбарон каломи худро расонида, онҳоро ба ибодат ва иҷрои дастуроти Худ фаро хондааст. Яъне аввал қавму қабилаҳо, халқҳо офарида шудаанд ва танҳо пас аз ин, дин ва дастуроти илоҳӣ барои зиндагии худро дуруст ба роҳ мондани ҳар кадоми онҳо нозил шудаанд. Аз мазмуни ин таълимоти қуръонӣ хулосаи дурусти мантиқӣ ҳосил мешавад, ки миллатҳо нисбат ба динҳо таърихи қадимитар доранд. На танҳо мардуми ориёитабор ва халқҳои дигари ғайриараб, балки худи қавму қабилаҳои арабнажод низ қабл аз зуҳури дини мубини ислом ҳамчун гурӯҳҳои этникӣ ташаккул ёфта, ҳар кадом ин ё он дин ё низоми эътиқодоти тоисломиро пайравӣ мекарданд. Аз нуқтаи назари илмӣ низ, инсонҳо, қавму қабилаҳо нисбат ба динҳо қадимтаранд, зеро динҳо ҳамчун

Президент, Хабарҳо

Иштирок ва суханронӣ дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар Ашхобод

12 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози сухан Сарвари давлати мо ба роҳбарияти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои роҳандозии ин ҳамоиши байналмилалии муҳим арзи сипос намуда, мардуми Туркманистонро бо 30-солагии бетарафии доимии кишвар табрику таҳниат гуфтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз рӯбарӯшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рақобати печидаи геосиёсӣ ва заиф шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки болоравии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир боиси коҳиши суръати пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мегардад. Таъкид гардид, ки “сулҳ ва эътимод дар пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ, коҳиш додани таҳдиду хатарҳо, муҳайёсозии шароити муносиб барои ҳамкорӣ ва рушди устувор дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳимтарин мебозанд”. Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу эътимод имкон медиҳанд, ки мушкилоти печидаи ҷаҳони имрӯза дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак ҳалли худро пайдо намоянд. Дар ин робита таъкид гардид, ки паёмадҳои нохуши хатарҳои экологӣ, ба мисли тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, олудашавии муҳити зист ва дигар мушкилот низ тадбирҳои муштараку ҳамбастаи ҷомеаи ҷаҳониро талаб менамояд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз равандҳои ҷаҳонии Душанбе доир ба об ва муқовимат ба терроризм ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ пайваста саҳми муносиби худро мегузорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон аз ҳамаи ташаббусҳо доир ба таҳкими сулҳу амонӣ дар ҷаҳон пайваста пуштибонӣ менамояд”. Дар ин робита аз пешниҳоди порсолаи Тоҷикистон ба СММ доир ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ дар ҷаҳон барои наслҳои оянда” бори дигар ёдоварӣ карда шуд. Дар хулосаи сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “тантанаи сулҳ”-ро “гарави таъмини адолат, баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” номида, изҳор доштанд, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин арзиши воло бояд бо такя ба эътимод, гуфтугӯ ва ҳамкорӣ муносибати эҳтиёткорона дошта бошад”. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон минбаъд низ омода аст, бо истифода аз анъанаҳои мақбули дипломатӣ, гуфтугӯи васеи созанда ва дигар воситаҳои сулҳомез дар таъмини амну субот ва рушди устувор саҳми намоёни худро гузорад. 12.12.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Вохӯрӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд. Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад. Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо зоҳир гардид. Алоқамандии ҳарду кишвар ба густариши робитаҳои фарҳангию  башарӣ таъкид гардид. Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди назари ҷонибҳо қарор доштанд. 11.12.2025 Туркманистон

Президент

Оғози сафари корӣ ба Туркманистон

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд. Дар саҳн ва толори фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок менамоянд. 11.12.2025 Туркманистон

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Туркманистон

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба Туркманистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 11.12.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Ҳуқуқҳои ҳар инсон арзиши олӣ дорад! (Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон)

Ҳуқуқи инсон яке аз беназиртарин арзишҳои ҷомеаи муосир буда, дар ташаккул, пешрафт ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ нақши калидӣ мебозад. Ҳуқуқи инсон мафҳуми хеле мураккабу гуногунҷабҳа буда, ба он қоидаи ягона ва тафсири якмаъноӣ додан душвор аст ва дар ин ҷода таълифоти олимони Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши бисёр муҳим доранд. Олимон ҳамчун таҳлилгарон, муаллифони назарияҳои ҳуқуқӣ, ташаббускорони ислоҳоти ҳуқуқӣ ва омӯзгорони насли нав – дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас доранд. Барои ноил шудан ба чунин дастовард онҳо асосҳои илмии ҳуқуқи инсонро таҳия карданд, қонунгузориро такмил доданд, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намуданд, меъёрҳои фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардоштанд, механизмҳои амалӣ ва судиро таҳлилу хулосабардорӣ намуда, онҳоро такмил доданд, барои ҳалли мушкилот роҳҳои илмӣ пешниҳодҳо карданд ва дар маҷмуъ, фаъолияти онҳо заминаи муҳимми давлатдории ҳуқуқбунёд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Раҳимзода Маҳмад Забир – доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мақолаи худ, “Илми ҳуқуқшиносии тоҷик: ташаккул, ҳолат ва проблемаҳо” қайд менамояд, ки “Таъсири муҳимро дар қабул ва мунтазам инкишоф ёфтани илмӣ ҳуқуқшиносии тоҷик анъана ва мактабҳои илмие гузоштанд, ки дар илми ҳуқуқшиносии академикӣ ва донишкадаҳо ба вуҷуд омадаанд. Осорҳои маълум ва арзишноки олимони ҳуқуқшиносӣ солҳои то замони истиқлолият ва баъди ба даст овардани онро мушаххас номбар накарда, қайд менамоям ки саҳми олимони ҳуқуқшиноси тоҷик, академикҳои АМИТ Раҷабов С. А., Тоҳиров Ф. Т. ва Маҳмудзода М. А., узвҳои вобастаи АМИТ Усмонов О.У., Раҳимзода М.З. ва Насриддинзода Э.С., профессорон Холиқзода А. Ғ., Явич Л. С., Коретский В. И., Мелкумов В. Г., Муллоев М. М., Ойгензихт В. А., Яковлева Е. М., Менглиев Ш. М., Ҷалилов Ҷ. Р., Ҷабборов Р. Ҷ., Тағойназаров Ш. Т., Имомов А.И., Шарофзода Р. Ш., Маҷидзода Ҷ. З., Ализода З., Бобоҷонзода И. Ҳ., Буризода Э., Ғаюрзода Ш.К., Ғафурзода А. Д., Муртазозода Ҷ. С., Искандаров З., Диноршоев А. М., Сангинзод Д.Ш., Шарипов Т. Ш., Меликов У. А., Сафарзода А. И., ва дигарон дар бораи таърих ва назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, назорати пракурорӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ асоси фундаменталии таҳқиқотҳоро дар барқарор намудани низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он хело калон мебошад”. Лозим ба қайд аст, ки калонтарин боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – боби дуюм, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” унвон гирифтааст, аз 34 модда иборат буда, ба самти ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Мувофиқи моддаи 14-и Конститутсия: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар Конститутсия ва қонунгузории миллии худ кафолат додааст. Барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар баробари қонунгузории миллӣ, инчунин, санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, ки онро Созмони Милали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 қабул намудааст, амал менамоянд. Маҳз тибқи ҳамин сарчашма 10 декабр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мегардад, на танҳо хотиррасонии рӯйдоди таърихист, балки ҳамчун як меҳвари рушди давлатӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аҳаммияти таърихӣ-илмӣ дорад. Эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) мустаҳкам шудааст, имрӯз ба меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва низоми ҳуқуқии миллӣ табдил ёфтааст. Ин ҳамон воқеиятест, ки дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ғояи инсондӯстӣ дар Паёми худ таъкид намуданд, ки «Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад». Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият пайваста саъй дорад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олии конститутсионӣ тақвият бахшад. Ин раванд дар сиёсати давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос ёфтааст. Муҳаққиқи ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар монография худ “Назаре ба асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон” қайд менамоянд, ки “Арзише, ки аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ва шинохти ақл ҳамчун нерӯи пешбарандаи таърих то имрўз аҳамияти худро гум накарда, маънии ҳастӣ ва риштаи инкишофи ҷамъияти инсониро дар атрофи хеш муттаҳид намуда, ҳамагуна қонуният, мақсад, вазифа ва кашишҳои иҷтимоиро тадриҷан тобеи хеш гардонида, гарав ва кафолати сулҳ, ваҳдат ва хушбахтии ояндаи халқу миллатҳо баромад намуданро бар дўш гирифта тавонистааст, ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон аст”. Аз ин гуфтаҳо чунин бар меояд, ки ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон арзиши аслии ҷомеа буда, аз аввали таърих вуҷуд дошта, аҳаммияти илмӣ дорад, пояи ҳамоҳангии ҷомеа мебошад, ки ҳамаи қонуниятҳо, вазифаҳо ва фаъолияти иҷтимоиро дар атрофи худ муттаҳид кардааст. Дар ниҳоят, Рӯзи ҳуқуқи инсон моро водор месозад, ки бояд донем то Тоҷикистони азизи мо имконияти амалӣ шудани ҳаммаи ҳуқуқҳоро фароҳам меоварад. Дар ин марҳилаи басо таърихӣ ва муҳим мо бояд аз гузаштагони таърихӣ ва муосири халқи тоҷик ки онҳо шоистаи ифтихорӣ миллӣ ва барои баланд бардоштани ҳисси ватандустиву ватандории мо ҷавонон эҷод кардаанд, арҷгузор бошем. Ин ҳамон рӯз аст, ки арзиши олӣ ва кафолати зиндагии шосита ва арзанда (м.5-и Конститутсия) эътироф шуда, зери мафҳуми “ҲУҚУҚИ ИНСОН” навишта шудааст ва бо меъёрҳои Конститутсия ҳифз шудааст, ки барои ҳар як шахс ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозист. Дар умум, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон рӯзи ҳар фарди ҷомеа аст, зеро инсон аз бошарофаттарин ва боарзиштарин мавҷудот шинохта шудааст. Маҳз ин вижагиҳои фарқкунандаи инсон аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзи махсусеро ба Рӯзи ҳуқуқи инсон рабт додааст. Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон мубораку фархунда бошад! Сӯҳроб Ҷалолов – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ, магистранти курси 2-и АИДНП ҶТ

Прокрутить вверх