Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Тоҷики мусулмон будан мояи ифтихору сарфарозист (андешаҳо дар ҳошияи гуфтори «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон»-и Пешвои миллат)

Омӯхтану донистани таърихи худ вазифаи ҳар як фарди бедордилу солимфикри ҷомеа аст, зеро бе донистани таърих миллати худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таҳаввулоту бархурдҳои сиёсию фарҳангии љаҳони имрўза нишон медиҳад, ки ҳаргуна таблиғотҳои қавмию мазҳабӣ боиси ноором гаштани халқияту миллатҳо гаштаистодааст. Дар чунин шароит ва вазъият миллати тољик то ба имрўз тавонистааст фарҳангу тамаддуни худро пос дорад ва арзишњои миллию диниро муқаддас шуморад. Новобаста аз вазъияти шадиди ҷаҳони имрӯз ва пиёда гаштани ҳаргуна ҳадафҳои муғризонаи абадқудратон, миллати тоҷик бо сарварии Пешвои сулҳофари худ зери парчами иттиҳоду сарҷамъӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро то ба арсаи ҷаҳонӣ расонидаанд, ки мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аст. Агар саҳифаҳои таърихи миллатро варақ гардонем, албатта возеҳу равшан мегардад, ки тоҷикон аз аввалин давраҳои пайдоиши худ ҳамчун халқ ё қавм ё миллат зери парчами ваҳдату якдилӣ дар эъмори ҷомеаи мутамаддини башар нақши бориз гузоштаанд. Имрӯз, бо хушнудӣ  метавон гуфт, ки тоҷикон аз саҳмдорони ҷомеаи башарианд, зеро Куруши Кабир дар таърих аз меъморони барҷастаи оламу одам ёд мешавад. Империяи абадқудрати Сосониён низ шоҳкориҳое дар бунёду созандагии ҷомеаи башарӣ аз худ ба ёдгор мондааст. Дар дарозои таърих, халқи тоҷик новобаста аз вазъу имконоти дошта ҳамеша Худои ягонаро парастиш мекарданд. Дар ҳамагуна шароит танҳо ба яктопарастӣ рӯй овардаанд. Ин аст, ки баъд аз интишори дини ислом дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр даъват ба парастиши Худои ягона барои халқи тоҷик мушкилие надошт, зеро тоҷикон худ яктопараст буданд ва ҳатто бисёре аз анъаноти неки ниёгони худро бо арзишҳои исломӣ омезиш доданд. Новобаста аз қабул ва пайравӣ кардан ба дини ислом тоҷикон ҳамчун қавм ё миллат боқӣ монданду то абад боқӣ хоҳанд монд. Ана ҳамин хусусияту вижагӣ, яъне «тоҷик будан» имрӯз мояи ифтихору сарфарозии ҳар яки мо гаштааст.   Маҳз, ана ҳамин далели радношуданӣ ҳаст, ки Пешвои хираддӯсту сулҳофари мо аз тоҷик будани худ ифтихор дорад, зеро на ҳамчун миллати араб пайрави дини ислом мекунанд, балки тоҷиканду пайравӣ ба дини яктопарастии ислом доранд. Агар ба густариши дини ислом ва нақши ин дин дар пешрафти тамаддуни башарӣ назар кунем, бе шак, равшан мегардад, ки аз пешсафону созандагони ин дин тоҷиктаборанд. Аз хизматҳои мондагори Салмони Форс, Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ ёдрас кардан кофист. Зеро, парчамбардорони дини ислом дар ҷаҳон маҳз ана ҳамин тоҷикон будаанд. Ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳеҷ гоҳ аз миллияти худ канор нарафтаанд, танҳо ба дини ислом рӯй овардаанду онро то ба қуллаҳои баланди шукуфоӣ расонидаанд. Ҷои ифтихор аст, ки то дунё боқист ин бузургони мо ҳамчун густаришдиҳандаи дини ислом бо номи миллати тоҷик ёд мешаванд. Ва агар, дар шароити сиёсии ҷаҳони имрӯза, ки бисёр муташаниҷ аст, ба шоҳкориҳо, созандагиҳо, хирадсолориҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар афканем, албатта, бе ҳеҷ гуна муҳобот метавон гуфт, ки дар таърихи давлатдории ҷаҳон шояд чунин шахс вуҷуд надошта бошад, зеро бо эҳёи арзишҳои миллат, бо гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ, бо зиндакуниҳои чеҳраҳои мондагор тавонист исбот кунад, ки мағз андар мағзи устухонаш эҳтирому қадршиносист, ки ин вижагӣ ҳам аз умқи  таълимоти динисту ҳам аз устухонбандии як инсони комил. Яке аз чунин шоҳкориҳое, ки дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин боқӣ хоҳад монд, ин соли 2009 эълон гаштани соли бузургдошти Имоми Аъзам аст. Маҳз, дар ҳошияи ҷашнвораи ин шахсияти бузурги таърихӣ чопи китобњои мазњабию аќидагии ниёгонамон рӯи кор баромад ва ҳам мардуми мусулмони кишвар ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мазњаби тањаммулпазири њанафї шиносоӣ пайдо намуданд. Аллакай, дар даҳаи дуюми истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат эҳё ва шинохти чеҳраҳои мондагор ва нашри осори пур аз ѓояњои инсондўстона ва ахлоқонаи онҳоро рӯи кор гирифтанд ва дар ин иқдоми наҷибонаи худ муваффақ ҳам шуданд. Аз чунин иқдомот чопи Ќуръони карим бо забони тољикї бо беш аз 300 њазор нусха ва тақсими ройгони он ба ҳар хонадон, чопи асарњои зиёди Имоми Аъзам, Имом Бухорї, Абўњакими Самарќандї, Бурњониддини Марѓилонї, Муњаммади Ѓаззолї, Носири Хусрав, Мавлоно Љалолиддини Балхї, Мир Сайид Алии Њамадонї ва дигар мутафаккирони тољик мебошад. Чоп ва ба ҳар хонадони тоҷик тақсим кардани китоби «Тоҷикон» -и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат маҳсуб мегардад. Ин тадбирҳо ба хотири ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва сатҳи маърифати илмии мардум аст, то ки насли ҷавон ба моҳияту маънои таъриху дину мазҳаб дуруст сарфаҳм раванд. Албатта, ин амалҳои неку созгори Пешвои миллат аз тоҷики мусулмон будан дарак медиҳад.     Вализода Одинашоҳ, сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии  «Маркази исломшиносӣ дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Президент, Хабарҳо

Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави давлатҳои хориҷӣ

11 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гуруҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд. Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Ҷитсзюн, Иттиҳоди Аврупо Радослав Дарски, Подшоҳии Дания Йеспер Вар, Ҷумҳурии Юнон хонум Екатерини Ксагорари, Ҷумҳурии Эстония Яаап Ора, Гурҷистон Давид Котария, Подшоҳии Ҳошимии Урдун Ҳамза ал Умарӣ, Буркина Фасо Аристид Рапугдондба Людовик, Ҷумҳурии Аргентина Себастян Саюс ва Ҷумҳурии Доминикан Алехандро Ариас Сарсуэла эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар таъкид доштанд, ки асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи давлати Тоҷикистонро усули    “дарҳои кушода” ташкил медиҳад. “Дар такя ба он мо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди фарогирро бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем”, – иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо, Подшоҳии Дания, Ҷумҳурии Юнон, Ҷумҳурии Эстония, Гурҷистон, Подшоҳии Ҳошимии Урдун, Буркина Фасо, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Доминикан андешаронӣ намуданд. Ба сафирони навтаъин муроҷиат намуда, Сарвари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои онҳоро бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳо самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард. Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба роҳбарони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд. 11.11.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

Баргузории ҷаласаи гуруҳӣ корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор

Санаи 10.11.2025 дар Маркази исломшиносӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои дин ва танзими ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Хадамоти гумрук ва Маркази исломӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, баргузор карда шуд.  

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд 240 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили нави истиқоматӣ таъмин шуданд. Тадбири муҳими иҷтимоӣ, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат амалӣ шуд, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ неруи тоза бахшид. Бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт бо тарҳи муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва 32 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ иборат аст. Хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагияшон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои масъулиятҳои касбиашон содиқона ва поквиҷдонона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд. Иншооти дуюми истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо риояи қоидаҳои меъмориву шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст, ки дар он барои зист ва истироҳати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шароити хуб фароҳам  шудааст. Бино аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъмини 128 корманди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо манзили нави зист пешбинӣ гардидааст. Дар доираи корҳои ободонӣ барои кӯдакон ва  калонсолон дар назди ин биноҳо айвону нишастгоҳҳо ва майдонҳои хурди бозӣ бунёд шудааст. Бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуд, аз 10 ошёна ва 80 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмониро дар ҳар се бинои нав дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандону мутахассисони Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд. Биноҳои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи якхела сохта шудаанд, дорои ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон мебошанд. Ҳамчунин биноҳои навсохти Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияҳои болозикр бо таваққуфгоҳ ва дастгоҳу таҷҳизоти лозимаи техникӣ таъмин буда, дар маҷмуъ дар онҳо барои пешбурди фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии иқдоми мазкурро натиҷаи фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод арзёбӣ карда, масъулони соҳаро барои дастгирӣ ва беҳсозии шароити кору зиндагии мутахассисони ҷавон вазифадор намуданд. 10.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ифтитоҳ намуданд. Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохурӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хизматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву санитарӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Бино бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ шароити хуби корӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат ҳайати шахсиро ба муносибати рӯзи касбиашон самимона табрик намуданд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба хизмати софдилона ба Ватан ва истифодаи самараноки шароиту имконоти фароҳамшуда ҳидоят карданд. Зимни боздид аз маркази нави инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки дар марказ  мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини разведкаи ҳавоиро омода месозанд. Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷмуи иншооти таъйиноти хизмативу маишӣ бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳа, омӯзиш ва омодасозии кадрҳои ҷавони самти технологияи рақамӣ дар муҳлати  5 моҳ сохта шудааст. Низоми муосири фаъолият дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони солҳои 2025-2030, «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» амалӣ шуда, ба тақвияти омодабошии ҷангии воҳидҳои таъйиноти махсус, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад. Дар идомаи боздид ба Роҳбари давлат фаъолияти мустақими мутамаркази навтаъсис дар нуқтаҳои дурдасти кишвар бо истифода аз технологияи нави инноватсионӣ намоиш дода шуд. Ҳоло бо ҳадафи рақамикунонӣ дар сохтори мазкур, татбиқи низоми ягонаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки якчанд намуди модулҳоро дар бар мегирад. Таъсиси замима-барономаи мобилии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз модулҳои низоми муосир аст, ки тавассути он, шаҳрвандони кишвар метавонанд маълумоти дурусту саривақтиро дастрас намоянд. Дар робита ба ин, соли 2025 дар сохтори Раёсати қушунҳои дохилӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус ва Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ шуъба ва бахшҳои технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуд. Дар марказ барои кормандону мутахассисони ҷавон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, ки бо таҷҳизоти лозима таъмин мебошад. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо шароити бинову иншооти дигари навсохт шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ барои пешбурди фаъолият ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамзамон бинои дуошёнаи маъмурӣ, бинои таълимӣ, бошишгоҳи нигоҳдории техника, истгоҳи мошинҳо, толори варзишӣ, ошхона, ҳаммоми замонавӣ, майдончаҳои футболи хурд ва валейбол, ҳавзи шиноварии тобистона, комплекси машқҳои атлетикӣ, бинои озмоишгоҳи махсус, майдони сафороӣ ва хатти монеаҳои махсус барои машқу тамрин бунёд шудааст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоту лавозимот ва инфрасохтори зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамаи бинову иншооти навсохти қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст аст. Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Сарвари давлат фаъолияти намунавии хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2025 муаррифӣ шуд. Тибқи иттилои масъулин соли 2025 аҳли заҳмати хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ тавонистаанд аз заминҳои корам ҳосили хуби меваю сабзавот ва ғалладона ба даст оранд.  Хоҷагӣ 370 гектар замини корам, 47 гектар боғу токзор ва 253 оилаи замбури асал дар ихтиёр дорад, ки ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полезӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он равона мегардад.  Дар хоҷагии ёрирасони Қушунҳои дохилӣ, ҳамзамон 835 сар чорвои калону майда ва 49 сар асп парвариш меёбанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои беҳсозии шароити кории хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бинову иншооти замонавӣ бунёд ва дар ин баробар пойгоҳи моддиву техникӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он пурқувват гардонида мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди боздид таъкид намуданд, ки пойдории сулҳу осоиш, суботи сиёсӣ, таъмини зиндагии ороми мардум ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар ба назар мерасад, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад. 10.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 1-и ноҳияи Сино суҳбат намуданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ мебошад. Он мувофиқи талаботи хизматӣ ва бо шароити мусоиди корӣ сохта шудааст. Маҷлисгоҳи васеи бино дорои 240 ҷойи нишаст буда, барои баргузорсозии ҷаласаҳои корӣ ва машғулиятҳои соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаҳо ва толорҳои таълимии бино бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Барои кормандон китобхонаи замонавӣ низ фаъолият мекунад. Ҳамчунин ҳангоми корҳои сохтмонӣ ба ободонии гирду атроф таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар саҳни бино майдони сафороӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд гардидааст. Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кормандон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, дониш ва малакаи худро баланд бардоранд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд. Бунёди чунин бинои замонавӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои худро боз ҳам беҳтар ва бо масъулияти баланд иҷро намоянд. Дар охир ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Сино як зумра нақлиёти нави хизматӣ супурда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон дастур доданд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоранд. 10.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ! Ҳамаи шумо, инчунин, собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсия самимона табрик мегӯям. Ҷашни касбии кормандони милитсия дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи беш аз се даҳсола дар ҷодаи пешрафту тараққиёт ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд. Кормандони милитсия, хусусан, дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддиву техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд. Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд. Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд. Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки барои таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус дода шавад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Кормандони милитсияи тоҷик бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромиву осоиштагии диёри азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон нафар сарсупурдагони роҳи истиқлолу озодӣ ба даст омадааст. Таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад. Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба давлату миллат, сарзамини муқаддас ва Ватани аҷдодӣ итминони комил дорам. Бовар дорам, ки шумо ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонед, вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худро минбаъд низ содиқонаву сарбаландона иҷро мекунед. Бори дигар тамоми кормандони милитсияи тоҷик ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям. Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан! 10.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар зиёфати корӣ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1)

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ  изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад.   Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ,  аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд. Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад. 06.11.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. Зимни баррасии робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон  зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъи ва технологияҳои муосир хеле зиёд аст. Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд. Табодули судбахши андеша, ҳамчунин, атрофи дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт. 07.11.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Хабарҳо

ТАҚРИЗ БА КИТОБИ ДУҶИЛДИ ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР ТАҲТИ УНВОНИ “ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ДЕМОКРАТӢ”

Китоби дуҷилди Абдураҳим Ғафор Холиқзода таҳти унвони “Давлати миллии демократӣ” яке аз пажӯҳишҳои муфассалу ҷиддии илмӣ дар соҳаи давлатшиносӣ ва назарияи ҳуқуқ дар Тоҷикистони муосир ба шумор меравад. Ин асар дар шаҳри Душанбе ба табъ расидааст. Ҷилди якум аз 3 фасл, 6 боб, 50 параграф, 428 саҳифа иборат буда, ҷилди дувум 5 фасл, 8 боб, 79 параграф ва 448 саҳифаро дар бар мегирад. Дар якҷояги ин асар фарогири 8 фасл, 14 боб, 129 параграф ва 876 саҳифа буда натиҷаи солҳои тӯлонии таҳқиқот, таҷрибаи илмӣ ва андешаҳои муаллиф дар мавриди ташаккули давлатдории миллӣ ва муносибати он бо демократия мебошад. Муаллиф, ки узви фаъоли ҷомеаи илмии кишвар ва аз чеҳраҳои шинохтаи илми ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ аст, бо ин асар кӯшиш намудааст то масъалаи давлат ва миллат, ҳокимият ва мардум, ҳуқуқ ва арзишҳои миллӣ, инчунин ҷаҳонишавӣ ва истиқлолиятро аз дидгоҳи илмӣ ва фалсафӣ баррасӣ намояд. Мақсади асосии ин китоб — муайян намудани асоси назариявӣ ва ҳуқуқии давлатдории миллӣ-демократӣ ва нишон додани роҳҳои мутобиқсозии он бо воқеияти ҷаҳони муосир мебошад. Холиқзода бар он аст, ки ҳар давлати миллӣ бояд на танҳо дорои унсурҳои ҳуқуқии муосир бошад, балки дар пояи фарҳанг, забон, худшиносии миллӣ ва анъанаҳои таърихӣ устувор гардад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва фишорҳои идеологӣ, ба андешаи муаллиф, эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ на танҳо як эҳсоси ифтихори фарҳангӣ, балки шарти сиёсии пойдории давлат аст. Ин нуқтаи назар, ки дар тамоми ду ҷилд бо далелҳо ва мисолҳо исбот мегардад, хати марказии китобро ташкил медиҳад. Холиқзода дар ҷилди якуми китоб пеш аз ҳама ба таҳлили мафҳумҳои калидӣ мепардозад. Ӯ мафҳуми “давлати миллӣ”-ро ҳамчун шакли сиёсиву ҳуқуқии ташаккули миллат мефаҳмонад, ки дар он ҳокимият ба воситаи волоияти қонун, забон ва фарҳанги умумимиллӣ амалӣ мегардад. Дар баробари ин, муаллиф таъкид мекунад, ки миллият на ба маънои нажодӣ ё қавмӣ, балки ба маънои ваҳдати маънавӣ ва ҳувиятӣ фаҳмида мешавад. Давлати миллӣ дар андешаи ӯ як сохтори ҳуқуқист, ки вазифаи асосиаш ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ дар доираи меъёрҳои демократӣ мебошад. Дар қисмати дигари таҳлил, муаллиф ба маънои “демократия” рӯ меорад. Ба гуфтаи Холиқзода, демократия набояд танҳо ба маънои интихобот ё тақсими ҳокимият фаҳмида шавад; он, пеш аз ҳама, фарҳанги сиёсӣ ва сатҳи баланди масъулияти шаҳрвандӣ аст. Давлати демократӣ бе арзишҳои миллӣ ва ахлоқии худ наметавонад пойдор бошад, зеро демократия танҳо дар ҷомеае муваффақ мешавад, ки мардум дар он дорои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бошанд. Аз ин ҷо муаллиф ба хулоса меояд, ки давлати миллӣ ва демократӣ ду сутуни ягонаи як сохтори муосир мебошанд — яке реша дар замини фарҳанг ва таърих дорад, дигаре рӯ ба сӯи озодӣ ва волоияти қонун. Дар ҷилди дуюм Холиқзода бештар ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва идоракунии сиёсӣ таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ меъёрҳои асосии давлати миллӣ-демократиро чунин мешуморад: 1. Соҳибихтиёрии давлат ва миллат; 2. Баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста ба миллат, дин ва нажод; 3. Волоияти қонун ва масъулияти мақомоти давлатӣ; 4. Ҳифзи арзишҳои фарҳангиву забонӣ ҳамчун пояи ваҳдати миллӣ; 5. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ. Ба андешаи муаллиф, давлати миллӣ танҳо дар сурате метавонад воқеан демократӣ бошад, ки қонун ва ҳуқуқ ба манфиати мардум хизмат кунад, на баръакс. Барои ин зарур аст, ки сохтори сиёсӣ ва маъмурии кишвар бар асоси масъулияти шаҳрвандӣ, шаффофият ва адолат амал намояд. Дар ин қисмат Холиқзода бо мисолҳои таърихӣ — аз таҷрибаи давлатдории тоҷикон дар даврони Сомониён то давраи муосир — нишон медиҳад, ки решаҳои давлатдории миллӣ дар фарҳанги тоҷик аз қадим ҷой доштааст. Ӯ бо такя ба осори фалсафӣ ва сиёсӣ (Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ ва дигарон) таъкид мекунад, ки дар анъанаи тоҷикон идоракунии одилона ва масъулиятпазирӣ ҳамеша арзиши марказӣ доштааст. Яке аз мавзӯъҳои муҳими китоб масъалаи таъсири ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои миллӣ мебошад. Муаллиф мепурсад: оё дар ҷаҳони муосир, ки арзишҳо ва меъёрҳои умумӣ (глобалӣ) боло мегиранд, давлатҳои миллӣ метавонанд истиқлол ва ҳувияти худро ҳифз кунанд? Ҷавоби Холиқзода мусбат аст, вале бо шарти он ки давлат сиёсати фарҳангии худро дар асоси миллатсозӣ, таҳкими забон ва худшиносии таърихӣ роҳандозӣ кунад. Ба андешаи ӯ, ҷаҳонишавӣ хатар нест, агар миллат тавонад худро ҳамчун субъекти мустақили сиёсӣ муаррифӣ кунад. Муаллиф як қатор омилҳои муҳими ҳифзи соҳибихтиёриро ном мебарад: · худшиносии миллӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунанда; · илму маорифи миллӣ ҳамчун пояи рушди фарҳангӣ; · сиёсати фарҳангии давлатӣ барои ҳифзи забон ва арзишҳои миллӣ; · ташаккули элитаи сиёсиву фарҳангии худшинос ва масъул. Дар ин бахш Холиқзода махсус ба нақши ҷавонон ва маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, демократияи воқеӣ аз тафаккури озоди шаҳрванд сар мешавад, ва ин тафаккур танҳо тавассути маорифи босифат ва ифтихори миллӣ ташаккул меёбад. Дар таҳлили сиёсати дохилӣ ва берунаи Тоҷикистон, муаллиф мавқеи кишварро ҳамчун намунаи давлатдории миллии муосир меорад, ки дар он арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои демократӣ талош доранд ҳамоҳанг гарданд. Ӯ бар ин назар аст, ки таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон баъди истиқлолияти давлатӣ (аз соли 1991 то имрӯз) нишон медиҳад, ки муттаҳид сохтани миллат дар асоси арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ имкони пойдории давлатро афзун кардааст. Дар баробари ин, муаллиф масъалаҳои ҳассос — монанди ноустувории сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлол, ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди оштии миллӣ —ро низ мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ӯ менависад, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ танҳо вақте пойдор мешавад, ки давлат ба шаҳрванд ҳамчун арзиши асосӣ назар кунад ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро таъмин созад. Ҳамчунин, Холиқзода зарурати мутобиқсозии қонунгузорӣ бо меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро таъкид намуда, мегӯяд, ки давлати демократӣ бояд ҳамзамон ҳомили хусусияти миллӣ бошад, то худшиносии таърихӣ аз байн наравад. Дар поёни асар, Холиқзода ба як қатор хулосаҳои муҳим меояд: Давлати миллӣ ва демократӣ ду мафҳуми зиддиҳам не, балки пуркунандаи якдигар мебошанд. Миллатсозӣ ва демократия бояд ба таври ҳамзамон рушд кунанд. Соҳибихтиёрии миллӣ танҳо дар сурате устувор аст, ки ҷомеа дорои фарҳанги сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад. Қонунгузорӣ бояд аз арзишҳои миллӣ илҳом гирад, то адолат воқеӣ гардад. Ҷаҳонишавӣ набояд сабаби аз даст рафтани ҳувияти миллӣ гардад, балки бояд имкони ҳамгироӣ ва муаррифии фарҳангии миллат бошад. Дар охири китоб, муаллиф тавсия медиҳад, ки барои таҳкими давлатдории миллӣ-демократӣ бояд се самти асосӣ татбиқ гардад: · тақвияти маориф ва илм, · ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ, · боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ ва шаффофияти ҳокимият. Китоби “Давлати миллии демократӣ” на танҳо як пажӯҳиши илмии назариявӣ,

Прокрутить вверх