Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Ман ифтихор дорам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!(Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат)

  Авлавият додан ба тоҷик будан қабл аз диндорӣ, ин муқобили ҳам гузоштани ин ду арзиши муқаддас нест! Мутаассифона, баъзеҳо ифтихор аз тоҷик буданро чунин мефаҳманд, ки гӯё дар ин маврид мақоми дин паст зада мешавад. Чунин нест! Якум, халқи тоҷик аз қадим соҳиби тамаддун ва фарҳанг буда, диндор ва яктопараст буд. Замоне, ки дигар халқиятҳо шакли зиндагонии қабилавӣ доштанд, Куруши кабир давлати мутамаддин бунёд сохта буд. Тоҷикон ҳамеша пайравӣ ба дин доштанд ва ба шаклҳои ба худ хос Худоро мепарастиданд. Вақте дини ислом ба сарзамини Мовароуннаҳр ворид шуд, дар пасманзари воқеаҳои гуногуни таърихӣ аз қабили истилои араб, дини исломро қабул карданд. Дуюм, ҳар шахс метавонад дини худро иваз кунад. Масалан, аз дини ислом рӯй тобад (риддат кунад) ва дини дигареро пайравӣ кунад ё ба ягон дин бовар надошта бошад. Аммо оё инсон метавонад миллати худро иваз кунад? Ҳаргиз не, зеро ин кор ғайриимкон аст. Агар масалан дар шиноснома миллаташро тағйир диҳад ҳам, ҳамонон тоҷик боқӣ мемонад. Сеюм, ифтихор аз миллати худ дар дини ислом манъ нагардидааст. Баръакс, Қуръони карим ба миллатҳо арҷ гузошта, мефармояд Худованд одамонро ба қабилаву миллатҳо қисмат кардааст. Дар ин замина, ҳамаи халқиятҳое, ки ифтихори миллӣ доранд ва масъаларо дуруст дарк кардаанд, арзишҳои миллиро бо арзишҳои динӣ тавъам намуда, ба ин васила ҳам мардумро муттаҳид месозанд ва ҳам роҳи низоъро пеш мегиранд ва барои пешрафту тараққии давлат замина мегузоранд. Аз ин рӯ, ифтихор доштан ба миллати худ ва ҳамзамон арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ин муқобилгузории миллат ва дин нест. Масалан, Имоми Аъзам ҷиҳати арҷ гузоштан ба урфу одат ва анъанаҳои миллии халқиятҳои ҷаҳон фатвои таърихии худро содир намуданд, ки барои мусулмониро қабул кардани миллионҳо роҳ кушод. Фатво чунин аст, ки ҳар урфу одат ва анъанаҳои миллатҳо, ки ба таълимоти дини ислом мухолифат надошта бошад, қобили қабул аст. То он замон, баъзе мутаассибон арзишҳои миллиро бидъат унвон намуда, мехостанд танҳо миллати араб ҳукмрон бошад. Бубинед, дар ин ҷо маҳз бартарияти миллати араб арзёбӣ шудааст. Яъне, ҳанӯз аз ибтидои ислом миллат дар ҷои аввал қарор мегирифт. Дар замони муосир ҳам аксари мутаассибон миллатро нодида гирифта, урфу одат, анъанаҳо ва идҳои миллӣ аз қабили Иди Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон, Сада ва амсоли инҳоро бидъат пиндошта, машруъияти онҳоро қабул надоранд. Ҳол он, ки Имом Абӯҳанифа ва баъдан дигар имомони аҳли суннат ҷоиз будани онҳоро эътироф намудаанд. Масъалаи дигаре, ки дар ин маврид бояд зикр шавад, паст будани ҳисси ифтихори миллии баъзе шаҳрвандон аст. Мисолҳо: аз ибтидои ислом то имрӯз баъзе миллатҳо тавассути дин арзишҳои миллии худро паҳн мекарданд ва мекунанд. Ҳатто ташкилотҳои муосири экстремистӣ ва террористӣ ба як миллат авлавият медиҳанд ва ба ҳамон забон муколама мекунанд. Агар фарз кунем, ки яке аз ташкилотҳои террористӣ муваффақ шавад, ҳатман дар ҳамон минтақа забони арабӣ ҷорӣ карда мешавад (манзури муаллиф паст задани ягон миллате набуда, дар мақола намунаҳо барои мисол оварда шудаанд А.В.). Яъне, дар маҷмуъ ҳадафи ниҳоӣ ва пардапӯшонаи дилхоҳ ташкилотҳои экстремистӣ ё террористӣ кӯшишҳо барои интишор ва паҳн намудани арзишҳои миллӣ аст. Дар муқобили ин, ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик агар ба созмонҳои террористӣ пайванданд, ҳатман муқобили миллати худ таҳдид мекунанд. Масалан, ҳамагон шоҳид буданд, ки Абӯдовудҳо ва Абӯиброҳимҳои террористи тоҷиктабор аз Сурияву Ироқ истода, ба Ватани худ таҳдид мекарданд. Ҳол он, ки дигар террористон миллату ватани худро дар мадди аввал мегузоштанд. Бинобар ин, баланд бардоштани ифтихори миллӣ барои мо ҳатмист! Ифтихор бо тоҷик будан ба мо чӣ медиҳад (1) ва оё танҳо ба забон овардани ин сухан кофӣ аст ё не (2)? Ифтихор бо тоҷик будан моро муттаҳид месозад (1), меҳри мардумро ба Ватан меафзояд (2), ҳисси миллиро баланд мебарад (3), монеъи ифротгароиву терроризм мешавад (4), ба пешрафту тараққиёти кишвар мусоидат менамояд (5) ва аз ҳама муҳим, ифтихор ба тоҷик будан кафолати бақои давлат ва миллат аст (6)! Агар таълимоти гузаштагони худро таҳлил кунем, ҳама аз тоҷик будани худ фахр доштанд. Ифтихор аз тоҷикият дар осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва садҳо нобиғаҳои миллати тоҷик баръало баён гардидааст. Имрӯз барои таҳкими танинандози «Ман тоҷикам ва бо он ифтихор мекунам» моро лозим аст ҳидоятҳои Пешврои муаззами миллатро ба ҷону дил қабул намуда, баҳри амалисозии онҳо кӯшиш кунем, заҳмат кашем, Ватанро обод кунем, фарзандонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ба воя расонем. Танҳо иттиҳоду ҳамбастагӣ кафили пешрафту тараққии Тоҷикистон ва таҳкими амнияти диёрамон аст! Аз ин рӯ, ман бо ифтихор такрор мекунам: Ман тоҷикам, баъд мусулмон! Абдураҳмон Ваҳобзода, Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям. Шашуми ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул карданд, ки имрӯз ба ин санаи воқеан таърихӣ 31 сол пур мешавад. Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад. Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бо интихоби ин роҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пайвастанд ва барои ояндаи дурахшони худ таҳкурсии устувор гузоштанд. Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд. Дар Конститутсия таъмин намудани истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат муқаррар гардид. Дар ин санади бунёдӣ, ҳамчунин, мақсаду вазифаҳо, асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар, ташкил ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ муайян гардиданд. Тибқи Конститутсия давлати соҳибистиқлоли мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва мақсади он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад. Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид. Дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот, инчунин, қабул ва амалӣ намудани консепсияҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳимму арзишманди таърихӣ ноил гардидем. Тоҷикистони мо тибқи Конститутсия узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши назаррас мегузорад. Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, муҳити зист ва нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирӣ ёфтаанд. Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон намоям: ба ҳамаи мо зарур аст, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот дар кишварамон ҳамеша саъю талош намоем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ба қадри неъмати бузурги зиндагиамон – озодиву истиқлол расем ва тамоми имконияту неруи худро барои рушди давлати соҳибихтиёрамон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созем. Дар ин раванд, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия ҳамчун бахтнома, санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат муносибат намояд, ба он эҳтиром гузорад ва моҳияту аҳаммияти онро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад. Вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки меъёрҳои Конститутсияро аз худ намояд ва дар асоси ин санади муқаддаси миллат дар ҷодаи роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлати озоду соҳибистиқлоли хеш боз ҳам бештар кӯшиш намояд. Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, муттаҳидиву сарҷамъӣ, риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳо зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои оянда як мулки орому осуда ва давлату ҷомеаи пешрафтаро мерос гузорем. Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубамон устувории сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям. Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз! 06.11.2025

МАҚОЛАҲО

Андешаҳо перомуни суханони Пешвои миллат: “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!”

Таърих баёнгари ҳамагуна воқеоту ҳодисот ва дигаргуниҳои ҷомеа аст. Маҳз, бо омӯзиш ва шинохти таърих ва тамаддун метавон ба гузаштаи инсоният ошноӣ пайдо кард. Ҷаҳони имрӯз, ки ҳамагӣ дар талоши азхудкардану қудрати тавони худро нишон додан аст, миллати тоҷик чун ҳарвақта дар талоши сулҳи сартосарӣ ва инсонмеҳварии миллатҳост. Чун ҷомеаи имрӯз дар давраи бисёр ҳассос ва ташвишовар қарор дорад, бояд донист, ки чӣ касем ва ба кадом самт равонем? Ба ҷомеаи имрӯзаи ҳам тоҷик ва ҳам ғайри тоҷик маълум аст, ки миллати тоҷик мусулмонанд ва пайравӣ ба арзишҳои дини ислом доранд. Ин албатта, ба эътиқоду бовариҳои мардуми тоҷик нисбат мегирад ва ҳаргиз миллатро аз тоҷик будан канор намемонад. Сабаби эътиқоду дилбастагии мардуми мутамаддину адолатдӯсти тоҷик ба дини мубини ислом, ба арзишҳо ва ормонҳои аслии инсонӣ ҳамоҳанг ва мувофиқ будани таълимоти худошиносӣ, инсоншиносӣ ва ҷомеашиносии исломӣ мебошад. Барои мисол, дар бисёр оятҳои Қуръон, гоҳ ба таври мустақим ва гоҳе ба таври ғайримустақим эҳтироми миллатҳо, зарурати татбиқ ва риояи эҳтироми адолати иҷтимоӣ, ки яке аз арзишҳои бунёдии фарҳанги тоисломии тоҷикон мебошанд, таъкид карда шудааст. Чунончӣ, дар ояти 118 сураи Ҳуд ёдрас шудааст: “Ва агар Парвардигори ту мехост, албатта, мардумро як миллат мегардонид. Ва (лекин) ҳамеша мухталиф бошанд”. Аз ин ояти карима метавон хулоса кард, ки интихоби дин дар дасти инсон аст, вале интихоби миллат берун аз иродаи инсон аст. Ва ё дар ояти 13 сураи Ҳуҷурот Худованд мефармояд: «Мо шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ба дурустӣ, ки гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо аст». Аз фармудаҳои Худованд дар Қуръони карим ва таълимоти исломӣ маълум аст, ки дини мубораки ислом инсониятро ҳамеша ба ростӣ, парҳезгорӣ, адолатпарварӣ, осоиштагӣ, инсондӯстӣ, эҳсонкорӣ даъват мекунад. Дар китоби муқаддаси Қуръон, сураи Ҳуд, ояти 117 Худованд фармудааст, ки: “Ва Парвардигори ту ҳаргиз он нест, ки аҳли деҳаеро бо ситам ҳалок кунад ва ҳол он ки мардуми он некӯкор бошанд”. Тафсири ин ояти карима дар китоби “Тафсири Осонбаён” чунин омадааст: “Аллоҳ Таъоло дар ин оят ба Пайғамбари Худ (с) гуфтааст, ки Парвардигори ту ҳаргиз шаҳре ё деҳотеро, ки мардуми онҳо ислоҳкор бошанд ва таҳти фармон ва қонуни Илоҳӣ зиндагонӣ кунанд, бо ситам ва офатҳо ҳалок намекунад. Инчунин, ҳатто агар аҳли деҳаҳо дар қонуни илоҳӣ дар шак бошанд ё мушрик бошанд, лекин бо адлу инсоф бо якдигар рафтор кунанд, Худованд онҳоро на зулм мекунад ва на ба ҳодисаҳои ногаҳонӣ ҳалокашон месозад…”. Аз ин тафсир возеҳу равшан мегардад, ки Худованд инсонро на ба сабаби куфру ширк, балки ба сабаби зулму адоват ҳалок месозад. Сухани ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб аст, ки “Мулк бо куфр боқӣ мемонад, вале бо зулм боқӣ нахоҳад монд”. Ва ё ҷои дигар: “Худованд давлати адолатпарварро пирӯз мегардонад, агарчӣ дар он куфр бошад, вале давлати зулмпарварро боқӣ намегузорад, агарчӣ муъмин бошанд”. Ва мазмуну маъонии адолатхоҳонаву таҳаммулмеҳваронаи ин таълимоти исломиро нахустин шуда, на арабҳо, балки маҳз фарзандони нобиғаи халқи тоҷик, мисли Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит (муассиси мазҳаби таҳаммулмеҳвари ҳанафӣ, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар пайравони худро дорад), Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (ҷамъоваранда, муназзим ва шореҳи маъруфтарин маҷмӯаи аҳодиси Паёмбар (с)), Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (нахустин муфассири Куръон), Имом Абӯисо ат-Тирмизӣ, Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва ғ. кашф карда, дар асарҳои оламшумули худ холисона шарҳу тавзеҳ дода, бо ин тартиб дар рушди илм ва фарҳанги исломию умумибашарӣ хидматҳои шоёне кардаанд. Имрӯз мо аз он ифтихор мекунем, ки ин абармардони илму фарҳанги исломӣ тоҷиктаборанд. Ин ниёгони бузурги мо, ки дорои тафаккури таҳлилӣ ва зиракии маънавӣ буданд, ҳамоҳангии таълимоти исломиро бо суннатҳои милли фарҳангии хеш амиқ дарк намуда, бо ин равиш арзишҳои миллӣ ва диниро бо ҳам пайвастанд. Ин ҳамбастагӣ сабаб шуд, ки мазмунҳои инсондӯстонаи исломӣ дар шеъру ҳикмат, осори пурғановати адабиёти классикии тоҷику форс инъикос ёфтаанд ва дар тӯли садсолаҳо то имрӯз ҳамчун воситаи таълиму тарбия дар такмили ахлоқу маънавиёти мардум ва танзими зиндагии рӯзмарраи онҳо нақши муассиреро иҷро карда истодаанд. Миллати тоҷик на танҳо баъд аз қабули дини ислом ба ингуна таълимоти инсонмеҳваронаю башардӯстона даст ёфтаанд, балки пеш аз ислом низ бунёдкору созанда, сулҳофару адолатпарвар буданд. Таълимоти ахлоқии дини зардуштӣ – дини ниёгони тоисломии мардуми тоҷик “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” имрӯз низ арзишу аҳаммияти амалии худро на танҳо маҳфуз доштааст, балки аҳаммияти фаромиллӣ касб намудааст. Ин шиор аз сиришти неки миллати тоҷик хабар медиҳад. Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки миллати тоҷик аз қадим ҳамчун миллат арзи ҳастӣ доранд ва дар майдони таъриху сиёсат ҳамчун миллат ва ё қавми тоҷик онҳоро шинохтаанд, на ҳамчун зардуштӣ ва ё мусулмон. Зеро, ҳар миллате, ҳар қавме дар дарозои таърих дину ойини худро вобаста ба бардошту боварҳои худ тағйир додаанд. Дар ин радиф, тоҷикон низ истисно нестанд. Албатта, бардошт аз ин гуфта ба доираи фаҳму дарки ҳар шахс вобаста аст, вале бояд донист, ки қабул кардан ва ё накардани ҳар динеро вобаста ба эътиқод метавон тағйир дод, вале миллиятро ба ҳеч ваҷҳ наметавон тағйир дод. Имрӯзҳо мо худ шоҳидем, ки гирифтани шаҳрвандии дилхоҳ давлат бо риояи ҳатмии қонунгузории он имконпазир аст, вале ҳамчун миллати ҳамон давлати шаҳрвандидошта эътироф нахоҳем шуд. Бинобар ин, ба гуфтори “аввал тоҷикам, баъд мусулмон” набояд ба маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро фаҳмид, балки бояд донист, ки ин гуфтор ба маънои будану ҳастан ва боқӣ мондани тоҷик ҳамчун миллат дар ҷомеаи башарист. Бе шак, ин масъала дар таълимоти дини ислом борҳо ёдрас гардидааст ва дар сухани ҳакимонаи «Ҳар кас, ки худро шинохт, Парвардигори худро шинохт» ба таври равшан инъикос ёфтааст. Бояд зикр кард, ки ҳастии миллати тоҷик на танҳо дар дину ойин доштан асоснок мегардад, балки дар доштани таърих, фарҳанг, забон пояҳои худро устувор гардонидааст. Таълимот, таълифот, таъкидоти бузургону нобиғагони ниёгонамон баёнгари ин андешаҳост. Берун аз гуфторҳои динӣ, манзумаи шоир ва нависандаи тоҷику форс Манучеҳриро метавон ёдрас кард, ки асли масъала аст: Хурсанд ба неку бади худ бояд буд, Андозашиноси ҳадди худ бояд буд. Аввал сабақи ту абҷад омад, яъне, Бар сирати аб ва ҷадди худ бояд буд. Новобаста аз вазъу шароити таърихӣ бузургони мо аз Рӯдакӣ то Айнӣ тавонистанд нақши мондагори худро дар рушд ва ташаккули фарҳанги исломӣ гузоранд, ки албатта дар саҳфаҳои таърих на ҳамчун мусулмон, балки ҳамчун тоҷик бо ифтихор ёд мегарданд. Инчунин, таърих

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар карданд. 05.11.2025 Қатар

МАҚОЛАҲО

Бегонапараст, бингар, ки бегона туро кӣ мешиносад!

(Дар ҳошияи ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъд мусулмон») Имрӯзҳо дар фазои маънавии ҷомеа перомуни ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъд мусулмон» андешаҳои гуногун сурат гирифта истодаанд. Бояд эътироф намуд, ки ҳикмати баённамудаи Пешвои миллат воқеан ҳам маънои амиқ ва васеъ дошта, шарҳталаб мебошад, зеро мардуми кишвар аксаран тоҷик буда, ҳамзамон мусулмон мебошанд. Аз ин рӯ, муайян намудани мавқеи дақиқ зимни арҷгузорӣ ба ду навъи умумияти иҷтимоӣ – миллӣ ва динӣ ва вобаста ба ин, роҳ надодан ба бегонапарастию бемавқеӣ дар шоҳроҳи интихоби арзишҳои муқаддамтар, авлотар, муқаддастар, тақдирсозтар барои ҳар фарди ҷомеа хеле муҳим мебошад. Бояд таъкид намуд, ки дар шароити муборизаҳои геосиёсии абарқудратҳо барои тавсеа бахшидан ба нуфузи минтақавию ҷаҳонии худ ва зимни ин сиёсат истифода шудани дин ва қишри дингарои ҷомеа, ва ҳамзамон нерӯ гирифтани раванди дингароӣ дар кишвари тоза истиқлоли мо муҳимияти мавзӯи мазкур даҳчанд меафзояд. Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар фаҳмиши дурусту шарҳи дақиқи ҳикмати баённамудаи Пешвои фарҳангдӯсти миллат фикру андешаҳои гуногун садо медиҳанд. Баъзе шахсиятҳо дар зери таъсири ҷаҳонбинии ирратсионалии худ зимни маънидод намудани ҳикмати зикршуда аз хати росту равшан баромада, ба таҳрифи маъно роҳ медиҳанд. Масъулияти касбӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди тақдири ояндаи миллат моро водор намуд, ки дар ҳудуди дониш ва қудрати худ бо изҳори узр барои иштибоҳ андешаҳои худро перомуни ҳикмати хеле муфид ва саривақтии Пешвои миллат иброз намоем. Аз нигоҳи ин ҷониб барои фаҳмиши дурусти маънои нуҳуфта ҳикмати баёншударо мо бояд мавриди таҳлили луғавӣ қарор диҳем. Дар ҷумлаи «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон» маънои мавриди таваҷҷуҳ тавассути вожаи «аввал» оғоз мегардад. Вожаи мазкур арабӣ буда, ба муқаддам, яъне нахустин будани будани чизе, ҳодисае, ҳолате ва ё раванде ишора менамояд. Ин маънои онро дорад, ки ҳодисаю равандҳое дар муқоиса бо чизи дигар, ҳодисаи дигар, раванди дигар, ҳолати дигар бидуни он, ки дар ҳастии онҳо шак оварда шавад ё ҳастии онҳо инкор карда шавад, бартарият доранд, мақоми нисбатан болотарро соҳибанд, дар ҳолати интихоб онҳо соҳибимтиёзанд, гузароянд. Вожаи «аввал» зимни ифода бо рақам бо шумораи «як» ифода карда мешавад, ки он аз шумораҳои «ду», «се», «чор» ва амсоли онҳо муқаддамтар буда, зимни ҳисоб ва тартиб нахустгом аст. Муродифи вожаи «аввал» дар забони тоҷикӣ вожаи «нахуст», «нахустин» аст, ки маънои «муқаддам будан, дар оғоз ё ибтидои чизе, ҳолате, раванде қарор доштан»-ро ифода менамояд. Аз ин нигоҳ, ҷумлаи «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон» бидуни инкори мансубияти динӣ бартарият, афзалияти мансубияти этникиро ифода менамояд. Ба қавли дигар, аз ҷумлаи мазкур бояд чунин бардошт намуд, ки агар барои ман арзишҳои динӣ муҳим ва муқаддас мебошанд, пас арзишҳои миллӣ муҳимтар ва муқаддастар мебошанд. Агар матлабро соддатар баён намоем, пас, зимни муайян намудани таносуб байни ду навъи арзишҳои баёнгардида ақрабаки тарозу ба сӯйи арзишҳои миллӣ майл менамоянд. Бояд эътироф намуд, ки ҳикмати баённамудаи Пешвои миллат дар муқаддам доштани арзишҳои миллӣ бар арзишҳои динӣ асоси таърихӣ дошта бо зарурат ва ногузирияш дар воқеияти иҷтимоии имрӯза собит мегардад. Асоси таърихии ҳикмати баёнгардида дар он ифода меёбад, ки соҳибони аслии дин муқаддам будани арзишҳои миллиро дар муқоиса бо арзишҳои динӣ дар тули таърих борҳо ба маъраз гузоштаанд ва имрӯз низ гузошта истодаанд. Ба таври мисол, Қуръон борҳо бо навъҳои гуногун маҳз дар заминаи дин ва фармудаҳои Қуръон муттаҳид гардидани мусулмонон ва дар заминаи мансубияти динӣ бародар ва баробарҳуқуқ будани мусулмононро таъкид намудааст. Аз ҷумла: «Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд…» (Ҳуҷурот, 49:10); «Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст» (Ҳуҷурот, 49:13); «Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед» (Оли Имрон, 3:103) ва ғайра. Аз мундариҷаи оятҳои овардашуда баробарию бародарии мусулмонон дар заминаи умумияти динӣ бараъло таъкид мегардад. Аммо чун ба таърихи рушди ислом таваҷҷуҳ менамоем, ба осонӣ пайхас менамоем, ки барои соҳибони аслии дин ҳамеша арзишҳои миллӣ бар арзишҳои динӣ муқаддам буданд ва дар бисёр ҳолатҳо фармудаҳои динӣ аз ҷониби соҳибони аслии дин ба хотири пайгирии ҳадаф дунявӣ дар ҳошия қарор мегирифтанд. Суханро дароз накарда, ин ҷо чанд иқтибосро аз ду китоби муътабар доир ба таърихи ислом пешкаши хонанда намуда, мехоҳем, ки хонанда худ ҳам ба мазмуну талаботи оятҳо ва ҳам ба аъмоли пешвоёни ҷомеаи исломӣ тааммул намояд: 1. «Симои дигаре аз низоми уммавӣ ихтисос додани мазоё (имтиёз) ба аъроб буд, ба истиноди ин амр, ки аъроб қавӣ ҳастанд, ки Худой ононро интихоб карда, ва пайғамбарӣ аз миёни эшон баргузида аст то авомири ӯро ба забони арабӣ ба ҳамагон таблиғ кунад» (Таърихи ислом, Пажӯҳиши донишгоҳи Кембриҷ. Тарҷимаи Аҳмади Ором, Теҳрон, 1382, саҳ. 125). 2.«Нахустин фотеҳон парвои он надоштанд, ки мардуми сарзаминҳои мусаххаршударо ба дини ислом дароваранд» (Таърихи ислом, ҳамон ҷо, саҳ. 140-141). 3.«Абдулмалик дар таърихи тамаддуни ислом номи неке дорад, чи ки то замони ӯ дафотири исломӣ ба хат ва забони мардумони маҳаллӣ навишта мешуд, масалан мисриҳо ба қибтӣ, шомиҳо ба юнонӣ ва ироқиҳо ба форсӣ дафтарҳои давлатиро менигоштанд ва табъан мутасаддиёни дафотир ҳам мардумони маҳалӣ, яъне масеҳиёни Шом, ва қибтиёни Миср ва ирониёни Ироқ буданд. Абдулмалик ин расмро барандохт ва дафотири давлатиро аз забонҳои мухталиф ба арабӣ баргардонид ва онро ба дасти аъроб супурд ва бо ин иқдом забони арабиро забони расмии давлатӣ қарор дод ва табъан аҳолии кишварҳои исломӣ забони худро фаромӯш карда арабӣ омӯхтанд ва забони арабӣ, ки забони дин буд, забони давлат ҳам шуд ва рафта-рафта мусулмонон арабмаоб шуда нажод ва миллати худро аз даст доданд ва ҷузъи гурӯҳи аъроб даромаданд» ( Ҷ.Зайдон, Таърихи тамаддуни ислом, Теҳрон, 1382, саҳ. 66). 4.«Ҳамон тавр, ки қурайш бар соири қабилаҳо муқаддам буд, араб бар тамоми милали мусулмон ва ғайримусулмон, ки дар кишварҳои исломӣ мезистанд, бартарӣ дошт…Ва паямбар фармудааст, ки ҳар кӣ арабро душман бидорад, Худо душмани ӯст» (Ҷурҷӣ Зайдон, саҳ. 696). 5.«Арабҳо ин ҳарфҳоро (ҳарфҳои Ибни Муқаффаъро, ки арабҳоро бузург меҳисобид ва хирадмандтарин мардуми рӯйи замин мешуморид – А.К.), мешуниданд ва худро болотар аз дигарон мепиндоштанд ва ба хусус бар миллатҳои мусулмон (ғайриараб) мубоҳот мекарданд ва ононро маволӣ мехонданд… Арабҳо аз иқтидо (дар намоз) ба маволӣ икроҳ доштанд ва агар ҳам пушти сари онон намоз мехонданд, мегуфтанд барои фурутанӣ нисбат ба Худо чунин мекунем.

МАҚОЛАҲО

Нақши фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ИМОМ БУХОРӢ дар рушди фарҳанги исломӣ

Таърих дар гузашти айём исбот кардааст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик шахсиятҳои маъруфро ба майдони илму адаб овардааст, ки онҳо дар рушди илм ва фарҳанги умумибашарӣ хидматҳои шоёне кардаанд. Мо тоҷикон бо олимони милат: ба монанди Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит, Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, Имом Абӯисо ат-Тирмизӣ, Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва ғайраҳо, ки қуллаҳои баланди фарҳанги исломро тай кардаанд, ифтихор дорем. Имом Бухорӣ 11 шавволи соли 194 ҳиҷрии қамарӣ мувофиқ ба 21 июли 810 милодӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Агар зиндагонии ӯро аз овони кӯдакӣ мавриди таҳқиқ қарор диҳем, басо ҳайратангез аст. Ӯ аз синни даҳсолагӣ ба ҳифзи исноди аҳодиси набавӣ пардохтааст, то ҷое, ки устодаш ба раъйи ӯ руҷӯъ мекард. Имом Бухорӣ дар назди уламои бузурги Бухоро ба монанди Муҳаммад ибни Юсуфи Байкандӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмади Маснавӣ ва бисёри дигарон дарс омӯхтааст. Худи ӯ менависад, «Вақте ба сини 16 солагӣ расидам, китобҳои Ибни Муборак ва Вақеъро аз бар кардам ва ба каломи асҳоби раъй сарфаҳм рафтам. Баъди он ҳамроҳи модару бародарам ба сафари ҳаҷ баромадам». Баъд аз адои маносики ҳаҷ модару бародараш ба ватан баргаштанд ва худи ӯ барои давом додани таҳсили илм дар он ҷо боқӣ монд. Ӯ дар Макка дар назди бузргтарин донишмандони илми ҳадис чун Имом Абулвалид Аҳмад ибни Муҳаммади Арзақӣ, Абдуллоҳ ибни Язид, Исмоил ибни Солим ас-Соиғ, Аллома Алҳумайдӣ ва дигар ҳофизони ҳадис ба омӯзиш шурӯъ намуда, аз онҳо дар ин бахш ҳар он чӣ медонистанд, аз худ кардааст. Вай дар Макка ба тарҳрезии китоби “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” оғоз кардааст. Аллома Ҷалолуддин ас-Суютӣ сабаби онро дар китобаш «Тадриб ар-ровӣ» аз Иброҳим ибни Маъқили Насафӣ ривоят кардааст, ки рӯзе мо дар назди устодамон Имом Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, ки лақаби “Амир-ул-муъминин фӣ-л-ҳадис”-ро соҳиб шуда буд, нишаста будем, ӯ бо таассуф гуфт: “Кош китоби мухтасаре аз саҳеҳи суннати Пайғамбари Худо (с) ҷамъ мекардед”. Ин сухан дар қалби Имом Бухорӣ таъсир карда, ӯ барои иҷрои ин амал тасмим гирифт. Ҳамчунин аз худи Имом Бухорӣ ривоят аст, ки Пайғамбари Худоро (с) дар хоб дидам, ки ман дар рӯбарӯяш рост истодаам ва дар дастам бодбезак аст ва бо он ӯро ҳимоя мекунам. Пас аз муаббирон дар бобати хобам пурсидам. Гуфтанд: “Ту Ӯро аз кизбу дурӯғ ҳимоят хоҳӣ кард”. Сипас, ин амр маро барои ҷамъоварии китоби “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” водор гардонид, ки онро дар муддати 16 сол таълиф намудам. Баъд аз он дар синни 18-солагӣ ба Мадина раҳсипор шуда, дар назди Иброҳим ибни ал-Мунзир, Мутарраф ибни Абдуллоҳ, Иброҳим ибни Ҳамза, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Алувайсӣ ва дигарон илмашро такмил дода, дар ҳамин ҷо китоби “Таърихи кабир”-ро, ки иборат аст аз тароҷуми риҷоли ҳадис аз даврони саҳобагон, то замони Имом Бухорӣ ва баёни илали ҳадис ва ҷарҳу таъдил, таълиф кардааст. Имом Бухорӣ дар ин китобаш доир ба зиндагӣ ва тарҷумаи ҳоли чил ҳазор ровӣ ва шахсиятҳои машҳур маълумот додааст. Ҳангоме, ки Имом Исҳоқ ибни Роҳавайҳ ин китобро мебинад, бисёр хурсанд мешавад ва онро ба назди Амир Абдуллоҳ ибни Тоҳири Хуросонӣ бурда, аз ҳайрати шадид мегуяд: “Оё барои ту сеҳрро нишон бидиҳам”. Имом Бухорӣ пас аз як соли иқомат дар Мадина ба ҷониби Басра сафар мекунад, то ҳадисҳоеро, ки дар ин шаҳр назди муҳаддисон вуҷуд дошт, ҳифз намояд. Дар ин роҳ, ҳама ранҷу машаққатҳоро таҳаммул мекард. Ӯ дар Басра мардумро дар ҳаёҷон овард. Мардум дар атрофаш ҷамъ шуда, аз ӯ ҳадис гӯш мекарданд. Баъди чанд муддате вориди шаҳри Бағдод гардид. Дар он ҷо аз як имтиҳони басо сангин, ки донишмандони он ҷо ташкил карда буданд, сарбаландона мегузарад, ки боиси таваҷҷуҳ ва ҳайрати мардум мегардад. Чи тавре, ки худи Имом Бухорӣ мегӯяд, вай ҳангоме, ки ба Бағдод меояд, муҳаддисон барои озмудани дараҷаи дониши вай сад ҳадисро ба даҳ нафар толибилм бо матну исноди омехта меомӯзанд. Ҳар толибилм аз Бухорӣ дар бораи дурустӣ ё нодурустии даҳ ҳадис суол мекунад, аммо дар посух ҷавоби «لاأعرفه» «намешиносам»-ро мешунавад. Ҳангоме, ки суолкунандагон аз пурсиш фориғ мешаванд, имом Бухорӣ ҳар як матну ҳадиси омехтаро бо матну исноди аслиаш ба онҳо ривоят мекунад. Аллома Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар ин маврид гуфтааст: «Шигифтӣ ва тааҷҷуб дар он аст, ки бо як бор шунидан дар як маҷлис Имом Бухорӣ сад ҳадисро аз бар намуд ва онро дар посухи онҳо такрор намуд. Аҳли Бағдод бо ин амали Имом Бухорӣ аз ҳофизи ҳадис буданаш иқрор мекунанд. Дар он ҷо бо Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал яке аз пешвоёни фиқҳии мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат аз наздик шинос мешавад. Сипас Имом Бухорӣ ба сарзамини Шом ва Миср сафар карда, дар назди олимони бузурги ин минтақа, аз ҷумла Усмон ас-Соиғ, Саъд ибни Абумарям, Абдуллоҳ ибни Букайр, Аҳмад ибни Шабиб ва Асбағ ибни ал-Фараҷ ба омӯзиши илмҳо ба хусус илми ҳадис машғул мегардад. Читавре ки худи ӯ мегӯяд, «Ман бо беш аз ҳазор нафар аз мардуми Ҳиҷоз, Ироқ, Шом ва Миср мулоқот кардаам. Ду маротиба бо шайхони Шом ва Ҷазира, чаҳор маротиба бо аҳли Басра, шаш сол бо шайхони Ҳиҷоз дидор ва мулоқот кардаам, адади дафъаҳоеро, ки ҳамроҳ бо муҳаддисони Хуросон вориди Куфа ва Бағдод шудаам намедонам. Зиёда аз ҳазор шайх ҳадис навиштаам, аз ҳар як нафари онҳо даҳ ҳазор ҳадис навиштаам. Ҳадисе дар назди ман вуҷуд надорад, ки санадашро зикр накарда бошам. Вай мегӯяд: Ҳар ҳадисеро, ки аз саҳобагон ва тобеин ривоят кардаам, замон ва макони таваллуд ва вафоти аксарашонро медонам. Имом Бухорӣ аз худ осори гаронбаҳо ва ганҷинаҳои бузурге ба ёдгор гузоштааст. Тибқи ақидаи муҳаққиқони осори Имом Бухорӣ миқдори онҳо ба сӣ адад мерасад, ки қисме аз онҳо то баҳол боқӣ намондааст. Имом Бухорӣ таълифот ва осорашро дар марҳилаҳои гуногуни зиндагии худ навиштааст, ки онҳо аз нигоҳи мазмун, мундариҷа ва моҳияти хеш гуногун буда, ҳар кадом мавқеъ ва манзалати хоссае доро мебошанд. Сарфи назар аз он ки ин осори номбурда дар бахши илми ҳадис ва таърихи он таълиф ёфтаанд, лекин дар онҳо бисёр масъалаҳои фиқҳӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва эътиқодӣ инъикоси хешро ёфтаанд. Дар осори номбурда доир ба масъалаҳои ҳадисҳои саҳеҳ, ҳасан ва заиф, тарҷумаи ҳоли муҳаддисон, ради рофизиён, мӯътазилия, қадария, ҷаҳмия, муаттила, мурҷиия, каломи Худованд ва ғайри махлуқ будани Қуръон, ровиёни ҳадис ва рад намудани ривоёти ровиён ва ғайраҳо матраҳ кардааст. Дар байни таълифоти Имом Бухорӣ “ал-Ҷомеъ-ус-саҳеҳ” бузургтарин асар буда, барои рушду такомули

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Давлати Қатар

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд. Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. 03.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва  Хадамоти алоқа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Зимнан сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд. Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъин гардиданд. Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Аваз бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод ва аз мақомоти Прокуратура хориҷ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ таъиншуда таъкид намуданд, ки вазифаи асосии онҳо, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва  омода намудани мутахассисони варзидаву забондон мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд. 03.11.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Миллат – заминаи таъсиси давлатдории миллист.

Аз рӯйи мазмун агар ба мафҳуми истилоҳи миллӣ ё давлати миллӣ, ваҳдати миллӣ ё истиқлолияти миллӣ диққат диҳем, аз ҷониби коршиносон дар чандин шакл шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Вале маънои мушаххаси ин «тавсифи он нисбат ба қавм ё миллати муайян тааллуқ доштани маҳсули таърихиву фарҳангии тамаддуни он миллат аст». Баррасии таҳлили масъала аз диди ҷомеашиносон ба маврид буда, ба мақсад наздиктар аст, зеро ташаккули миллат ба раванди рушди ҷомеа пайвандӣ дошта, ҳамчун як ҷузъи ташкилдиҳандаи низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар доираи илмҳои ҷомеашиносӣ таҳқиқ мегардад. Аз нигоҳи ҷомеашиносон андешаи миллӣ – ҳамчун истилоҳи фалсафӣ моҳият ва таъйиноти зиндагӣ ва фаъолияти умумиятҳои миллӣ – этникиро дар марҳалаи муайян, пайванди таърихии гузашта бо даврони муосир, ташаккули ҷаҳонбинӣ, таҳкими устувории арзишҳо дар рушди ҷомеа, муайян намудани мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ҷомеа дар бар мегирад. Барои ҳамин дар ҳар давру замон новобаста аз низоми сиёсӣ, мавҷудияти истиқлоли сиёсӣ андешаи миллӣ ҳамчун роҳнамо барои ҳар қавму миллат барои расидан ба ҳадафҳояш хизмат кардааст. Чандин марҳилаҳои таърихӣ миллат истиқлолияти сиёсӣ надошт, вале андешаи миллӣ ҳамчун роҳнамо дар умқи миллат боқӣ монд ва мардумро аз мансубияташ ба миллати муайян ҳифз мекард. Таърих гувоҳ аст, ки бархе аз миллатҳое, ки аҳамияти андешаи миллиро дарк карда натавонистанд ё нисбати ташаккули шуури миллӣ беэътиноӣ зоҳир карданд на фақат давлати аҷдодиро аз даст доданд, балки ҳамчун миллат аз саҳнаи таърих беному нишон рафтанд. Бинобар ин, зарурати воқеии ташаккули андешаи миллӣ ҳамчун асоси пояи давлати миллӣ ба миён омаадааст. Андешаи миллиро дар ҷамбасти арзишҳои миллӣ ва динӣ ташаккул бояд дод, зеро фарҳанги миллати тоҷик аз арзишҳои даврони ориёӣ, давраи пазируфтани дини ислом ва марҳилаи омезиши он бо фарҳанги миллӣ ва давраи муосири миллатсозӣ иборат аст. Дар давраи таърихӣ, арзишҳои миллӣ бо арзишҳои эътиқодӣ пайванд хўрда, ҷудо кардан ё нодида гирифтани яке аз дигар дар раванди давлатдории миллӣ низ хато аст. Зеро дар ин сурат зери нишони низоми бединӣ қарор гирифтан, метавонад қуввањои нави муҳофизони динро алайҳи давлат ба ҳам орад. Чунин таҷрибаи талхро давлати Шӯравӣ аз сар гузаронд. Падидаи нав дар заминаи чизи кӯҳна пайдо мешавад ва рушд меёбад, вале то чӣ қадар ба манфиати миллат судманд будани онро раванди ташаккули давлатдорӣ ва рушди иҷтимоӣ -сиёсии ҷомеа муайян мекунад. Зеро то чӣ андоза институтҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфта бошанд, равиши ҷомеа ҳамон қадар судманд мегардад. Дар ин раванд, ҳар кас як ҷузъи миллат будани худро дарк мекунад ва ягонагии миллатро дар пиёда кардани сиёсати давлати миллӣ вазифаи худ мешуморад, барои тақвияти шуури миллӣ, худшиносӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ кӯшиш мекунад. Давлати миллӣ низ дар раванди рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва сиёсӣ самтҳоеро пеш мегирад, ки манфиати ин миллатро ҳифз мекунанд. Аз ҳамин рӯ, сиёсати миллӣ низ дар таҷриба мувофиқи санадҳои ҳуқуқии тасдиқнамуда ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳо байни гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, диққати аввалиндараҷа медиҳал. Таҷрибаи муосири ҳамзистии мусолиматомез бо кишварҳои ҳамсоя собит намуд, ки ба даст овардани ин ҳадаф, яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати давладорӣ мебошад. Ҳеҷ имкон надорад, ки давлат берун аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастӣ намояд. Аз ин рӯ, ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам амалӣ, дар сиёсати давлат бояд сиёсати ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба назар гирифта шавад, то ки минбаъд дар татбиқи он бо назардошти манфиатҳои худ амал намояд. Дар сурати набудани ҳамдигарфаҳмӣ, мушкилоти нав метавонад эҷод шавад, зеро мавҷуд будани амнияти минтақа барои амалӣ намудани ҳадафҳои иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо заминаи мусоид омода мекунад. Ба таври дигар гӯем, ягон омил набояд манбаи низоъи мантақавӣ гардад. Мутаассифона, таъмини амният низ на ҳама вақт ба манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ аст ва ба таври сунъӣ сохтани низоъҳо низ дар таҷрибаи ҷаҳони муосир як падидаи муқаррарӣ шудааст. Давлати миллӣ мувозинати байни миллатҳо ва пайравони адёни гуногунро дар доираи қонун таъмин менамояд, таҷрибаи беҳтарини ҳамзистии байни онҳоро таҳким мебахшад. Дар ин маврид масоили манфиати миллат ва нуктаҳои асосии он: умумияти миллӣ; омилҳои тафриқаандозӣ; бархўрди манфиатҳо ва андешаҳоро таҳқиқ кардан зарур мегардад. Дар таҷрибаи давлатдории муосир муайян гардидааст, ки баъзан масоилеро дар сиёсати хориҷӣ, дар мадди аввал қарор медиҳанд, ки шояд онҳо дар ҳамон шароит дар чунин сатҳ муфид ё зарурӣ набошанд. Бинобар ин, дар сиёсати давлати миллӣ масъалаҳои стратегӣ, ки манфиати умумимиллӣ доранд, бояд дар мадди аввал қарор гиранд. Стратегияи сиёсати миллӣ дар асоси талаботи консепсияи сиёсати миллӣ, ки сиёсати давлати миллиро баррасӣ мекунад, боназардошти хусусиятҳои кишвар, вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад. Татбиқи амалии он вақте сурат мегирад, ки агар воқеъияти илмӣ дошта, манфиатҳои умумимиллиро дарбар гирад. Ҳеҷ ягон сиёсате, ки решаи амиқ дар ташаккули фарҳанги миллӣ надошта бошад, барои рушди устувори миллат натиҷае нахоҳад дод. Аз ин бармеояд, ки қонунгузории давлати миллӣ, пеш аз ҳама масъалаҳои нозуки ҷомеаро, ки зарурат ба танзими ҳуқуқӣ доранд, тарҳрезӣ ва амалӣ менамояд. Дар ин маврид, яъне дар доираи низоми ҳуқуқӣ, таъмини рушди институтҳои иҷтимоӣ имконпазир ва ба зиндагии воқеӣ метавонад кўмак намояд, ки намунаи он танзими баргузории анъанаву маросими миллӣ дар кишвар мебошад. Бинобар ин, барои таҳкими давлатдории миллӣ ва татбиқи амалии сиёсати миллӣ хуб мешуд, ки ҳалли масъалаҳои зерин дар мадди аввал қарор гиранд: – шароити хуб барои татбиқи қонун ва меёрҳои ҳуқуқӣ; – комил намудани механизми иҷрои қонун; – ташаккули тафаккури давлатдории миллӣ ва муттаҳид намудани ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони руҳоният ва ғайра; – дастрас ва ҷавобгў будани низоми таълимӣ дар мактабҳои миёна, касбӣ ва олӣ ҳамчун ҳолоти нигоҳдоранда ва ташаккулдиҳандаи идеяи давлати миллӣ; – масоили эътиқодӣ, таъмини озодии виҷдон ва таҳаммулпазирии динӣ. Дар кишварҳои бо аксарияти аҳолиашон мусулмон нақши омили динӣ дар таъмини амният ва оромии ҷомеа калон буда, айни замон масоили эътиқодӣ аз раванди муосир дар канора набуда, дар сурати дуруст танзим намудани он метавонад омили созанда бошад ва дар сурати баръакс, агар тарғиби ғояҳои эътиқодӣ ба дасти бегонагон ё гурӯҳҳои тундгароӣ афтад, метавонад ба омили сӯзанда табдил ёбад. Таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ дар ҷомеа ҷиҳати тезу тунд кардани муносибатҳои миёни мардум аз рўйи муносибатҳояшон ба дин ба назар мерасанд. Зеро дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ имконият медиҳад, ки мардум на танҳо бо маводи хусусияти динидошта бевосита шинос мешавад, балки он андешаҳоро ҳамчун ҳақиқати динӣ қабул мекунанд ва ба дигарон

МАҚОЛАҲО

“Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат)

Дар шароити муосири авҷгирии бархӯрди манфиатҳои геополотикии давлатҳои абарқудрат ва ҳассосу муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷаҳон, амният ва рушди ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллии ҷаҳон, якпорчагӣ ва ваҳдати миллии онҳо аз бисёр ҷиҳат бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, донишу таҷриба, ахлоқу маънавиёт ва сифатҳои шахсии роҳбарони онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин мавқеъи назар, гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дорои мазмуни амиқи фалсафӣ-таърихӣ ва арзишу аҳамияти баланди сиёсӣ мебошад. Ин гуфтори пурҳикмат ба ҳеҷ ваҷҳ маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро надорад, балки як шарт ё талаботи воқеӣ ва муҳими сиёсию ахлоқии идоракунии муваффақона ва одилонаи давлати миллию демократӣ маҳсуб мешавад. Ҳар як фард ва ҷомеа ба ғайр аз ниёзҳо ва манфиатҳои динию маънавӣ, боз доираи ниҳоят васеи талаботҳои моддию дунявиро дорад, ки онҳоро на аз роҳи ибодату ниёиши дарунӣ, балки танҳо аз роҳи меҳнат, амалия ва фаъолияти ҷисмонию фикрӣ, тавассути ҳамкории судманд бо дигар афрод ва ҷомеаҳо қонеъ карда метавонад. Ҷомеаи миллии тоҷик низ аз ин қоида берун нест. Барои миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ва аҷдодони тоисломиаш (суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, тахориҳо ва халқиятҳои дигари эронизабони Осиёи Марказӣ) диндорӣ танҳо як рукни ҳаёт ва фарҳанги миллӣ буд ва мебошад. Ба ҷуз аз ниёишу ибодат ва суннату маросими динӣ-исломӣ, тоҷикон соҳиби фарҳанги басо пурғановати моддию дунявӣ низ мебошанд ва дар таъсиси аввалин давлатҳои мутамаддину пешоҳанги бостонӣ (Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳайтолиён ва ғ.), ободонии ҷаҳон, рушди ҳаёт ва фарҳанги моддии башарият саҳми бузург гузоштаанд. Миллати тоҷик дар симои аҷдодони таърихиаш қабл аз зуҳури дини мубини ислом вуҷуд дошт. Ҳамаи ин халқиятҳо пайрави дини зардуштӣ буданд ва пас аз густариши дини ислом, ба шарофати фаъолияти давлатсозию миллатсозии Сомониён ва сулолаҳои дигари ҳокимони маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муоширати миллӣ ташаккул ёфтани забони форсӣ-тоҷикӣ ва як қатор омилҳои дигари фарҳангӣ як миллати воҳиди бодиёнатро ташаккул доданд. Ҳарчанде ки тоҷикон мисли халқҳои дигари ғайриараби мусалмон, аз дини ниёгон даст кашида дини навро қабул карданд, вале дин ҳамчун як шакли ҷаҳонбинӣ ва унсури бунёдии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллии онҳо маҳфуз монд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки дину эътиқоди исломӣ (дар шакли мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ) дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати фарҳангии миллатсози Сомониён дар ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон нақши хеле муҳим ва судмандро иҷро кардааст, ҳамон тавре ки дар даврони бостон дини зардуштӣ ин ин хидматро барои аҷдодони қадимаи мардуми тоҷик анҷом дода буд. Аз ин нуқтаи назар, “аввал тоҷик ва баъд мусалмон будан” маънои мусулмониро ҳамчун як навъи диндорӣ, ҳамчун як ҷузъи таркибӣ ва тағйирпазир ба низоми арзишҳои нисбатан устувору бунёдии миллии тоҷикон ҳамгун ва ҳамоҳанг сохтанро дорад. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ як давлат ё ҷомеаи муосири миллӣ, хоҳ демократӣ бошад, хоҳ теократӣ, аз нуқтаи назари этникӣ ва динӣ-мазҳабӣ яклухт нест, балки то ин ё он дараҷа полиэтникӣ ва поликонфессионалӣ мебошад, яъне як иттиҳоди сиёсие аст, ки халқиятҳо ва афроди пайрави дину мазҳабҳои гуногунро муттаҳид мекунад. Мисол, дар Конститутсияи ИМА вожаи “миллат” истифода нагардидааст, вале вожаи “мардум” (the People) ба кор бурда шудааст, ки ҳамаи шаҳрвандони ИМА-ро, новобаста аз мансубияти этникию динии онҳо, ифода мекунад. Яъне мафҳуми “миллат” ё “мардум” баёнгари ҳувияти сиёсии одамон аст, на ҳувияти этникии онҳо. Аз нуқтаи назари ҷомеашиносӣ «миллат» як ҷомеаи таърихан ташаккулёфта ва устувори одамон аст, ки бо забони умумии муошират, ҳудуд ва макону фазои ягонаи сукунат, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва ҳувияти муштарак муттаҳид шудаанд. Ин истилоҳ ду маънои асосӣ дорад: аз нигоҳи фарҳангӣ – ҷомеаи этникии дорои хусусиятҳои муштарак ва аз нигоҳи сиёсӣ – иттиҳоди сиёсии шаҳрвандони як давлати мушаххас. Дар давраи пас аз зуҳури ислом, тоҷикон аввалин бор маҳз дар замони Сомониён ба ин комёбӣ даст ёфта, ҳамчун миллат ташаккул ёфта буданд. Пас аз фурӯпошии давлати Сомониён, чунин имконият дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омад. Ҳарчанде ки ҳаёт ва фарҳанги динии тоҷикон дар замони шӯравӣ бо маҳдудятҳо дучор шуд, вале фарҳанги моддию дунявии мардуми мо, иқтисод, илму маориф, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мо як давраи тиллоии эҳё ва рушду гулгулшукуфоии худро паси сар кард. Ин дастовардҳои замони шӯравӣ аз оғози давраи сохибихтиёрӣ то имрӯз барои рушди босуботи ҷамъиятиву иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун як заминаи муҳим хизмат карда истодаанд. Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, Шаҳраки тиббӣ, таваллудхонаҳои рақами 1,2 ва 3 ва садҳо биноҳои таълимию истиқоматӣ танҳо дар ҳудуди пойтахти кишвар – як қисми андаке аз он дастовардҳои замони шӯравӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ истифода бурдани вожаи “миллати тоҷик” ба маънои ҳувияти сиёсии тоҷикон дар масири таърих дар мавридҳое дуруст аст, ки агар тоҷикон соҳиби давлати озоди миллии худ бошанд, аз ҷумла дар мавриди наслҳои имрӯзаи бахтёру саодатманд, яъне мову шумо –хонандагони арҷманд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллии худ ҳастем. Дар давраҳои бедавлатӣ бошад, масалан, пас аз Сомониён то замони шӯравӣ, мафҳуми миллатро дар нисбати мардуми тоҷик танҳо барои ифодаи умумияти этникӣ, на сиёсӣ истифода бурдан, мантиқан дуруст аст. (давом дорад) Шоев Зиёвиддин Сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокрутить вверх