Имя автора: pressa

Хабарҳо

Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод

Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар мавзуъҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ… аз 28 декабри соли 2024”, “Татбиқи ” Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025″, “Мубориза бо эктремизм ва терроризм”, “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ”, ” Худшиноси миллӣ”, “Занону бонувон сипаре барои пешгирӣ аз бегонапарастӣ”, “Хатари тафаккури ифротгароӣ барои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва ҷойгоҳи фарҳангу забони тоҷикӣ дар тамаддуни башарӣ”, “Суистифодаи воситаҳои технологӣ ва рақамии иттилоотӣ дар олами муосир ва таъсири манфии он дар рушди мафкураи динӣ”, ” Конститутсия – заминаи ҳуқуқии давлатдорӣ дар даврони Истиқлолият”, ” Пошхӯрии оилаҳо”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2030″ ва ” Муқовимати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, динӣ ва равонӣ ба мафкураи ифротгароӣ ба терроризми динӣ”. 28.10. 2025 н. Тоҷикобод

МАҚОЛАҲО

“МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!”. Ва ё ҷойгоҳи ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон дар гуфтори Пешвои миллат

Дар ҷомеае, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги оламгир ва мардуми тамаддунсозу тамаддундор аст, шинохти шахсияти инсон аз ду унсури асосӣ таркиб меёбад: ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъати идеологияҳои бегона, дуруст муайян кардани ҷойгоҳи ин ду арзиш ва муътадил нигаҳ доштани ин ду пояи шинохти инсон барои ҳифзи ҳастии миллат зарурати таърихӣ аст. Тавре Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «миллате, ки гузаштаи худро намешиносад, оянда надорад!» — Вақт собит сохт, бесарусомонии аксар кишварҳои мусалмоннишин, ки дар айни замон дар онҳо нооромиҳо идома доранд, натиҷаи дар мухолифат ва ё дар афзалияти бепоя қарор додани дин бар арзишҳои дигари миллӣ аз ҷониби неруҳои дохилӣ ва ё хориҷӣ мебошад. Тавре аз таҷрибаи дигар кишварҳо мебинем, ҳар қуввае, ки бо истифода аз эътиқоди динии мардум (барои ҳар миллате, ки набошад) ва бо додани афзалият ба арзишҳои динӣ давлатсозӣ кард ё ҷомеаро хост бо истифода аз боварҳои динӣ идора кунад, дер ё зуд мувоҷеҳи мушкилӣ шуд. Зеро ҳеҷ вақт дин барои миллате, ки бахусус соҳибфарҳангу соҳибтамаддун бошад, омили иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ангезае барои давлатсозӣ набуд ва нахоҳад шуд. Ин омилро ҳатто дар кишварҳои арабӣ низ ба хубӣ дарк кардаанд. Аз ин рӯ, дар ин гуна шароит муайян кардани ҷойгоҳи ин ду унсур, яъне миллият ва диният ва дар як вақт дар мувозанати мавзун арҷ гузоштан ба ҳарду, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва динӣ шароит муҳайё кардан ва ҳардуро ҳифз намудан, бахусус дар шароити давлати демократӣ ва дунявии дорои табиати миллӣ кори басе мушкил, аммо зарурӣ ва муҳим аст. Таҳлилҳо гувоҳи он ҳастанд, ки ҳар миллате, ки тавонист ҳувияти миллии худро ҳифз намояд, онро тақвият бахшад ва исломро (ва ё ҳар дини дигарро) ҳамчун рукни миллӣ ба хотири рушди он истифода кунад, марҳила ба марҳила рушд кард ва саодатманд гашт. Аммо ҳар миллате, ки миллияти худро фидои дин кард, на аз миллат чизе монд ва на аз диёнати онҳо. Вақт собит собит сохт, ки зери шиори “уммат” ва ё “миллати мусалмон” муттаҳид сохтани халқият барои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шиоре беш нест ва танҳо ин гуна шиорпартоиҳо ғаразҳои сирф сиёсии онҳоро ҳадафи пиёдасозӣ қарор додааст. Агар ба маънии миллат аз нигоҳи сиёсӣ ва миллат аз нигоҳи ислом таваҷҷуҳ намоем, ду чизи ба ҳамдигар мутафовитро мебинем, аммо на равишҳои комилан ба ҳам мухолифро, зеро дар дохили ин дидгоҳҳо унсурҳои умумиятдоштаи дигаре низ ҳастанд. Яъне ин ду мафҳум ҳаргиз қатъиян мусалмонро дар пешорӯи интихоби яке қарор намедиҳанд. Масалан, миллат аз нигоҳи сиёсӣ дар худ асоси қавмӣ, нажодӣ, забонӣ, таърихӣ ва ҳудудӣ дошта, асоси онро унсурҳое, чун шаҳрвандӣ, хун, қавмият, сарзамин ё ҳудуди муайян ташкил медиҳад. Аммо, миллият аз нигоҳи ислом имон ба Худо, Паёмбар ва «Қуръон»-ро дар назар дошта, ченаки асосии он умумият ва муттаҳидии мардумро дар эътиқод ва амал ба корҳои хайр медонад. Яъне назари амиқ ба дохили ин равияҳои атрофи ваҳдат ва иттиҳоди мардум тарғибкунанда арзишу ғояҳои зиёди муттаҳидкунандаю умумиятдоштаро низ кашф менамояд, ки эътирофу созиши мавзуни онҳо дар ҷомеаҳои анъанавӣ имкон дорад ба манфиати ваҳдати миллӣ хизмат намоянд. Яъне дилхоҳ миллат метавонад, ки бе даст кашидан аз арзишҳои миллӣ мусалмон ва ҷузъи уммати Ислом бошад. Дар мухолифати сунъӣ қарор додани ин арзишҳо ва унсурҳои бунёдии миллат ва дин дар фазои мафкуравӣ бо мақсадҳои ғаразноку афзалиятхоҳӣ, то ба зинаи куфру ғайриилмӣ эълон кардани равишҳои ҳамдигар таҷрибаи тундгароёнаи ғайриилмию ғайридинӣ аст. Ё як бандаи боимон чӣ гуна метавонад ба иродаи Парвардигори якто, ки ӯро дар оилаи кадом як миллате ҳаст кардааст, эътирозу ношукрӣ намояд?! Чунончӣ, Худованд дар сураи Ҳуҷурот, ояти 13 мефармояд, ки «мо шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ба дурустӣ, ки гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо аст». Яъне, Худованд дар ин ояи Қуръон ҳам ба қавмият, яъне миллияти сиёсӣ ва ҳам парҳезгорӣ, яъне миллияти исломӣ ишорат кардааст. Дар сухани Пешвои муаззами миллат, ки зимни мулоқот бо ходимони дини мамлакат 9 майи соли 2024 баён намуданд ва бори дигар такроран дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд: «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» ҷаҳони меҳру муҳаббат ва садоқат ба миллати тоҷик бо ҳама арзишҳое, ки дорад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол нуҳуфта буд. Ин суханон хиради волою дурандешӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию динӣ будани Сарвари моро далолат мекунанд, ки дар пасманзари худ ҳадафҳои олии давлатсозиро бо рушди солими мафкураи миллию динӣ дороянд. Нахуст бояд гуфт, ки дар масири мураккабу пурпечутоби таърихи навини тоҷикон шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдат ва ба ҳамин васила, наҷотбахши миллат, муҳофизи истиқлолу озодӣ ва бунёдгузори давлатдории навин, инчунин тақвиятбахши худшиносии миллӣ ва динӣ зуҳур намуд. Бо дурандешӣ ва дарки амиқи руҳу равони миллат Сарвари давлат тавонистанд дар як замони пурфишор ва ҳассос ду рукни асосии ҳастии тоҷикон – миллият ва динро дар паҳлуи ҳам ва дар хизмати якдигар қарор диҳанд. Мардуми тоҷик танҳо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ вориди марҳилаи асосии худшиносии миллӣ шуд. То ин дам солҳои дарози ҳукмронии идеологияи коммунистӣ ва аз ин пеш дигар ғосибон боиси аз маърифати таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии худ дур шудани миллат гардида буд. Дар чунин шароит Пешвои миллат бо руҳияи ватандӯстона ва биниши таърихӣ ба саҳнаи сиёсат ворид гардиданд ва сухани «Ман ба шумо сулҳ меорам!»-ро сармашқи кор қарор дода, зери нидои «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» мардумро сарҷамъ намуданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ пайваста чунин таъкид менамуданд: «Бояд таърихи худро донист, бо гузашта фахр кард ва барои оянда аз он сабақ гирифт». Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳимоя шуд, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба таври оммавӣ ба нашр расид ва ба ҳар хонавода тақдим гардид, инчунин китобҳои муқаддаси “Авасто” ва “Қуръон” бо забони тоҷикӣ нашру паҳн шуданд. Ба ҳамин тартиб, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат китоби арзишманди миллии мо “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бо шумораи зиёд чоп ва ба наздикӣ дастраси ҳар сокини мамлакат мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҷашнвораҳои бузурги фарҳангӣ ба ифтихори бузургдошти Фирдавсӣ, Ибни Сино, Имоми Аъзам, Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразм ва ғайра баргузор карда шуданд. Инчунин шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаву маҳаллаҳо, муассисаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ номи ин шахсиятҳои

МАҚОЛАҲО

Роль ислама в укреплении толерантности и предотвращении религиозного радикализма

«Правовые и социальные основы противодействия проявлениям экстремизма и религиозного экстремизма в условиях формирования национальной и светской идеологии»     На протяжении всей истории человечества было много наций, которые внесли значительный вклад в развитие человеческой цивилизации и распространение гуманистических идей. Развитие общественной жизни в любой системе и структуре правления никогда не выходило за рамки гуманистических идей, и первичный гуманизм человеческого мышления лежит в основе других явлений. Человеческий опыт и история показали, что влияние религии и религиозных заповедей на жизнь людей очевидно, и даже в Коране, Библии, Талмуде и других источниках, наряду с религиозными условиями и правилами, также отражены общечеловеческие нормы. Эти нормы выражаются в разных формах. Например, во всех мировых религиях, в том числе в исламе, существует «золотое правило»: «Относись к другим так, как хочешь, чтобы относились к тебе». Практическая реализация этого правила является основой прав человека и исламской культуры прав человека и во многом влияет на поведение людей, позволяя удерживать их от нежелательных явлений, таких как экстремизм и терроризм. Сложившиеся в исламе представления о правах и свободах человека задают тенденции развития современной исламской юриспруденции, и формируют отношение общества к процессу обеспечения прав человека в исламе. В современном мире вклад ислама в развитие современной цивилизации оценивается главным образом сквозь призму его подхода к правам и свободам человека. Следует отметить, что современная концепция прав человека в контексте освещения мусульманского права находится на стадии формирования. В целях обеспечения соблюдения прав и свобод человека в мусульманских странах была принята «Каирская декларация прав человека в исламе». Данная Декларация была одобрена на Конференции министров иностранных дел стран-членов Организации «Исламская конференция» в Каире 5 августа 1990 года. Декларация состоит из 25 статей и охватывает вопросы прав человека в исламе. В статье 1 Декларации говорится, что все люди равны в отношении основ человеческого достоинства, обязанностей и ответственности без каких-либо различий по расе, цвету кожи, языку, месту проживания, полу, религиозным убеждениям, политической принадлежности, социальному статусу или другим критериям. Право на жизнь подчеркивается как божественный дар и гарантируется каждому человеку. Люди и государство должны охранять это право от любого посягательства на него и не допускать лишения жизни без правового основания. Из этого следует, что эта Декларация уважает права и свободы человека и защищает их в человеческих отношениях. Явления экстремизма и терроризма, которые угрожают жизни тысяч людей и наносят огромный ущерб, неприемлемы с точки зрения реализации настоящей Декларации, а наоборот, требует защиты прав и свобод каждого человека. Более того, изучение прав человека с исламской точки зрения может расширить взгляды ученых на его потенциал в регулировании общественных отношений и, в некоторой степени, обогатить идеологический потенциал в процессе предотвращения религиозного радикализма. Однако, относительно данной темы следует отметить, что мусульманское право очень разнообразно, так как в исламе существуют различные правовые школы. В IX-X веках, с развитием общественной жизни в исламском мире, формировалось мусульманское право, в которое также вошли правовые школы (мазхабы). Первоначально исламский шариат, который регулировал различные аспекты жизни мусульман, основывался на священном Коране и пророческих хадисах, но постепенно к этим источникам добавлялись тафсиры к Корану и хадисам, иджма, иджтихад, фетвы и кийас. Тафсиры, иджма, иджтихад, фетвы и кийас – это продукты интеллектуальной работы исламских ученых, которые различаются по ходу истории. После формирования четырех мазхабов в суннитском исламе, признанных мусульманско-правовыми школами, толкование шариата и правовых вопросов основывалось на них. Исламские ученые, жившие в разных частях света, полагались на Коран и хадисы для решения различных общественных проблем, принимая во внимание предписания конкретного мазхаба и местной культуры. Эта ситуация привела к тому, что один вопрос по-разному трактовался разными учеными, но все они доказали правильность своих выводов на основе Корана и хадисов, и мусульманско-правовых школ. С расширением сферы действия исламского права и столкновением с новыми правовыми отношениями, новыми обычаями и традициями, новыми интересами, о которых не было прямой ссылки на нормы шариата, исламские ученые начали обсуждать решение проблем. Здесь сказывается и вопрос о закрытии «ворот» иджтихада. По мнению некоторых ученых, в конце Х века после формирования мусульманско-правовых школ, «врата» самостоятельного суждения (иджтихада) закрылись, и дальнейшее заключения и иджтихад по вопросам были запрещены. Данный запрет в некоторой степени также предусматривался для предотвращения появления новых мазхабов, и любое нововведения считалось ересью (бидъат). С развитием общественной жизни, особенно с небывалым развитием науки и техники в XVIII-XX веках, этот вопрос возродился. Такое рациональное переосмысление решения правовых вопросов, хотя в какой-то мере решало новые проблемы и вопросы с исламской точки зрения, с другой стороны, в какой-то степени привело к новым конфликтам в исламе. В настоящее время, в исламском мире нет единой системы применения правовых норм в соответствии с требованиями всех течений и мазхабов, и в то же время отсутствует процедура принятия окончательного решения о действительности или недействительности той или иной нормы мусульманского права. В связи с этим, общие резолюции Исламской конференции и «Каирской декларации прав человека в исламе» от 1990 года приобрели декларативный характер в полном смысле этого слова и не смогли полностью предотвратить распространение экстремизма и терроризма в исламский мир. Однако, несмотря на разнообразие правовых школ в исламе, его положительные аспекты в развитии общественной жизни считаются очень достаточными, и их правильное использование имеет большое значение для построения толерантности в обществе и усиления идеологического противодействия последователям экстремистских движений. Возникновение мазхабов и правовых школ в исламском мире имеет положительные научные аспекты. С такими огромными политическими и социальными границами, также с обширной географической территорией, в которой входили разные народы и нации с различными традициями и обычаями, Ислам не мог бы развиваться без такого плюрализма и без выбора различных способов достижения своих первоначальных целей. Учитывая то, что четырнадцативековая история таджикского общества имеет отношение к исламу, изучение истории ислама и его правовых концепций играет ключевую роль в обеспечении идеологического противодействия религиозному радикализму. Ислам распространился на просторах этой земли на протяжении веков, и таджикский народ сыграл очень важную роль в формировании великой исламской культуры и цивилизации, и в ее превращение в одну из самых богатых цивилизаций в мире. В разные исторические периоды земля таджиков сталкивалась с такими трудностями в различных формах, которые удалось предотвратить в результате неутомимых усилий великих сыновей этого народа. С давних времен таджикский народ обладал высокой культурой взаимопонимания и не был склонен к экстремистским идеям. Эта особенность таджиков наблюдается как на доисламском, так и на исламском этапах истории нации. В истории арабских стран

МАҚОЛАҲО

МЕҲРГОН – МАВСИМИ ФАЙЗУ БАРАКАТ!

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи  ранҷи  кашидаи  деҳқонон аст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд.  Ин ҷашн рӯзи 16- и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои  таърихӣ  бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст.  Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадима гӯё Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тӯҳфаҳо тақдим менамуданд.  Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки  Меҳргони бузург меномиданд. Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврӯз хеле монандӣ дорад.  Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд. Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили  иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 августи соли 2009 таҳти №538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу  гоҳшуморӣ  марбут аст, бо дастури Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад. Ҳангоми таҷлили Меҳргон ҳамчун ойини анҷоми бобарори корҳои саҳроӣ ниёгони мо маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, фарорасии онро бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегирифтанд, аз натиҷаи заҳматашон хушҳолӣ менамуданд ва нияту орзу мекарданд, ки солҳои баъдӣ низ ҳосил фаровон шавад, то ки хони мардум пур аз файзу баракат бошад. Пирӯзии некӣ бар бадӣ, некандешиву накӯкорӣ, аз қалбҳо дур кардани кинаву кудурат ва муҳаббату эҳтиром ба ҳамдигар ҷанбаҳои маънавию ахлоқии ҷашни Меҳргон низ мебошанд. Ин арзишҳои баланди маънавии Меҳргон аз қадимулайём то ба имрӯз бо илм, адабиёт, фарҳанг ва рӯзгори мардуми мо пайванди ногусастанӣ доранд. Абӯрайҳони Берунӣ дар асори худ доир ба ҷашни Меҳргон маълумоти пурқимат дода, аз ҷумла бо овардани ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ғалабаи хайрро бар шарр таъкид намудааст. Шоирони бузурги тоҷик, аз қабили устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Низомӣ ва дигарон дар ашъори худ ҷанбаҳои пурҳикмату пурарзиши Меҳргонро тавсифу ситоиш намуда, бо самимияту қалби пок истиқбол гирифтани онро тарғиб кардаанд. Дар замони истиқлоли давлатӣ ин ойини бостонии мо дигарбора эҳё гардид ва тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷашни миллии мардуми кишварамон табдил ёфт. Ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад ва кишоварзони шарафманди мо якҷо бо мардуми мамлакат ин суннати фархундаи аҷдодиро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд. Қобили таъкид аст, ки кишоварзӣ барои мо соҳаи ҳаётан муҳим буда, ба туфайли заҳмати софдилонаи марди деҳқон имрӯз дар бозорҳои кишвар маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза фаровон мебошад. Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди саноат, махсусан, саноати сабуку хӯрокворӣ нақши басо арзишманд дорад. Маҳз бо заҳмати деҳқонони асилу соҳибтаҷрибаи кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол афзоиш ёфта, маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ба кишварҳои гуногун содирот мегардад. Донишмандони моро зарур аст, ки расму ойинҳои вобаста ба Меҳргонро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, арзишҳои маънавию иҷтимоии онро бо дарназардошти воқеъиятҳои замони нав ва шароити соҳибихтёрии давлати тоҷикон васеъ тарғиб намоянд. Ҷашни Меҳргон дар роҳи боз ҳам тавсеа пайдо кардани худогоҳиву худшиносии халқамон мусоидат карда, боиси вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиати зебои диёрамон мегардад. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузашта­гонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати  кишоварзон  замони  муносиб будааст, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавриди ҷашни Меҳргон гуфтааст: Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад. Аз ин рӯ, ҳоло айёми тирамоҳ, ҷашни Меҳргон ва вақти ғунучини ҳосил аст. Деҳқонон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ҳосили фаровон ба даст овардаанд. Дар ҳақиқат деҳқонон заҳмат мекашанд, то шароити зиндагии мардум беҳтар гардад, маҳз тавассути арақи ҷабини деҳқон одамон ризқу рӯзии худро пайдо намуда, аз анвои маҳсулот баҳраманд мешаванд. Тамоми ҳамватанонро ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, иқболу саодат ва дастурхони пурнозу неъмат орзу менамоям.   Абдураҳмон Ваҳобзода Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии давлатҳои иштирокдори ИДМ

21 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози  прокуророни генералӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шуро дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арафаи 30-солагии таъсиси он аҳамияти хоса дорад. Бо ишора ба нақши муҳими прокуратураҳо дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфта шуд, ки дар давоми се даҳсола кишварҳои Иттиҳод низоми боэътимоди ҳамкориро барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ бунёд кардаанд. Сарвари давлат аз натиҷаҳои мусбати ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ ва Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки зимни ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо Барномаи сесолаи ҳамкории кишварҳои иштирокдор оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028 қабул гардид, ки татбиқи он ба таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа мусоидат менамояд. Дар ин зимн нақши калидии мақомоти прокуратура дар таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, экстремизм ва терроризм таъкид карда шуд. Дар идома иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори фаъоли талошҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо мебошад. Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳама гуна зуҳуроти таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ ишора карда шуд. Дар ин замина  иброз гардид, ки ҷонибҳоро зарур  аст, то дар самти муқовимат ба ҷинояткории киберӣ, минҷумла истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз технолгияҳои муосир ва зеҳнӣ сунъӣ барои роҳандозии ҳадафҳои ҷиноятии худ чораҳои муштараки ҳамоҳангшуда андешида, мавриди татбиқ қарор диҳанд. Дар фарҷом изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералӣ ба тавсеаи ҳамкории судманд ва мубодилаи самараноки таҷриба мусоидат менамояд. 21.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи шаҳраки нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе

20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд. Бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта шуд, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба наздики 1200 кас хоҳад расид, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд. Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст. Санги асоси ин 3 корхона ва шаҳраки саноатӣ низ, ки дар муҳлати начандон зиёд ба кор омода шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд. Се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд. Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод. Аз 3 корхонаи фаъолшуда якумаш бо ду хатти технологию истеҳсолӣ барои тавлиди сафолаку кошинҳо  ва серанит омода шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам ба содирот нигаронида мебошад. Иқтидори истеҳсоли сафолаку кошин ва серанит дар корхона дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 3 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ серанит мебошад. Тавре зикр гардид, ҳоло ҳамасола беш аз 10 миллион метри мураббаъ сафолаку кошин ва серанит ба Тоҷикистон аз беруни кишвар ворид мешавад ва акнун зиёда аз 65 дар сади  талаботи кишвар ба ин маҳсулот дар ҳамин як корхона қонеъ карда мешавад. Дар корхонаи сафолаку кошин ва серанит, ки маҳсулоташ бо тарҳу намои гуногун ва нақшу нигори миллию ҷаҳонӣ ороиш дода мешавад, аз 11 намуд ашёи хом истифода мегардад, ки ҳама аз дохили кишвар бо харҷи нисбатан кам дастрас мешавад ва ин омил боиси коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулот ва арзон шудани нархи он дар бозор мегардад. Корхонаи мазкур бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизот ва техникаи муосири истеҳсолии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгуй маҷаҳҳаз гардонида шуда, дар тамоми хатти истеҳсолот технологияи муосири рақамӣ истифода мешавад. Арзиши сохтмону омодасозии танҳо ҳамин корхона 500 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корхона ташхисгоҳи худро дорад, ки дар он, аз ҷумла 40 зану духтар бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта сифати ҳам ашёи хом ва ҳам маҳсулоти тайёр ва мутобиқати онро ба талаботи стандартӣ санҷиш мекунанд. Дар ин ташхисгоҳ, ҳамчунин, имкон аст, ки тамоми маъданҳои кӯҳии дигар низ санҷида шаванд. Корхонаи дуюм, ки ба кор дароварда шуд, ба истеҳсоли хишти сабук (газоблок) нигаронда шуда, бо харҷи 150 миллион сомонӣ омода шудааст. Хишти сабуки  корхона пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, аз хишти маъмулӣ се маротиба сабуктар аст ва ҳамчунин, садо ва гармию сардиро намегузаронад. Ба сифати ашёи хом дар истеҳсоли хишти сабук асосан оҳак истифода мешавад. Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ ворид гардида, маҳсулоташ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй аст. Ин намуд хишти сабук низ ивазкунандаи воридот аст ва оянда ба содирот ҳам равона хоҳад шуд. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона баробар ба 250 ҳазор метри мукааб хишти сабук аст, ки беш аз 30% талаботи шаҳри Душанберо қонеъ менамояд. Хишти сабуки ин корхона дар оташ намесӯзад, гармию хунукиро намегузаронад ва арзиши аслиаш паст ва  нархи фурушаш ҳам нисбатан арзону дастрас аст. Корхонаи сеюм, ки дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд ёфтааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Корхона бо харҷи 100 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он 80 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад. Истеҳсоли оҳак ба таври экологӣ ва безарар ба роҳ монда шуда, он дар корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла дар бахши металлургия ва ҳам дар истеҳсоли хишти сабуки сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Маҳсулоти ҳарсе корхонаи фаъолшуда ивазкунандаи воридот, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ ва ҳам нисбат ба нархҳои имрӯзаи бозор арзон аст. Аз ин хотир, соҳибкорону истифодабарандагони маҳсулот метавонанд ба ин ширкатҳои ватанӣ муроҷиат намоянд. Пас аз ба кор даровардани 3 корхона ва шиносоӣ бо маҳсулоти онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 корхонаи дигари саноатии ҶДММ Кристалл Грин Гласс  санги асос гузоштанд, ки ҳарсе бо техникаю таҷҳизот ва технологияҳои муосир ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ машғул хоҳанд шуд. Сохтмони  ин 3 корхона дар муҳлати якуним сол ба анҷом бояд расад. Ҳарсе корхона, ки  яке барои истеҳсолу ғанигардонии квартс, дувумӣ шишаҳои панелӣ ва сеюмаш барои тавлиди зарфҳои шишагӣ пешбинӣ шудаанд, як силсилаи ба ҳам алоқамандро ташкил медиҳанд, зеро аз маҳсулоти ҳамдигар дар раванди истеҳсолӣ истифода мекунанд. Корхонаҳо басо калонҳаҷм хоҳанд буд, зеро онҳо бо харҷи наздики 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ омода хоҳанд шуд. Барои бунёди корхонаи квартс 150 миллион сомонӣ, корхонаи панелҳои шишагӣ 650 миллион сомонӣ ва корхонаи зарфҳои шишагӣ 380 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд, ки ҳама маблағҳои соҳибкорони ватанӣ аст. Ҷойи зикри хос аст, ки корхонаи истеҳсол ва ғанигардонии квартс, ки маҳсулоташ дар бахшҳои гуногуни истеҳсолию технологӣ истифода хоҳад шуд, бори нахуст дар Тоҷикистон бунёд меёбад. Ин корхона боиси воридшавии кишвар ба марҳилаи сифат нави технологӣ хоҳад шуд, зеро квартси ғанигардондашуда дар истеҳсоли намудҳои гуногуни шиша, сафол, олоти барқӣ ва электронию оптикӣ, линзаҳои баландсифат, генераторҳои ултрасадо, таҷҳизоти соҳаи алоқа ва ҳам дар бахши заргарӣ истифода мешавад. Рӯйпӯшҳои квартсӣ, ҳамчунин барои муҳофизати ранги мошинҳо аз таъсири офтоб ва сардию намӣ муфид аст. Иқтидори корхона барои истеҳсоли 130 ҳазор тонна  квартс пешбинӣ шудааст. Корхонаи дувум барои истеҳсоли панелҳои шишагӣ пешбинӣ шудааст, ки бо маблағи 650 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он 10 миллион метри мураббаъ шиша бо қутру андозаҳои гуногун мебошад. Панелҳои шишагии ин корхона аз квартси ғанигардондашудаи корхонаи ҳамсояаш истеҳсол

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон, ки чун арзиши бузурги маънавӣ аз гузаштагони некномамон ба мо мерос мондааст, самимона табрик мегӯям. Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии    мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад. Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад. Ҷашни Меҳргон чун дигар ҷашнҳои миллии мо асосҳои муътамади нуҷумӣ дорад. Гузаштагони хирадманди мо тибқи тақвими бостонӣ ва дар асоси илми нуҷум санаи понздаҳуми меҳрмоҳро рӯзи меҳр меномиданд ва ҷашни Меҳргонро дар ҳамин рӯз таҷлил мекарданд. Тайи ҳазорсолаҳо арзишҳои ин ойини мардумӣ дар тамаддуни тоҷикон решаҳои амиқ давонда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангиву фалсафӣ гирифта, дар адабиёти оламшумули тоҷик васеъ инъикосу тавсиф шудааст. Ҷашни шоҳону хусравон будани Меҳргонро ҳанӯз дар асри даҳи мелодӣ қофиласолори шеъри Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зебо сурудааст: Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад. Заминаи ривоятии пайдоиши ҷашни Меҳргон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст ва шоир ин падидаро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун нисбат медиҳад: Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор, Надонист ҷуз хештан шаҳрёр, Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ, Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ. Ҷавҳари ахлоқии Меҳргонро дар мисоли ғалабаи Фаридун бар Заҳҳоки золим пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва дӯстӣ бар душманӣ ташкил медиҳад. Яъне фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад. Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки соли ҷорӣ бо дастури Роҳбари давлат «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба нашр расида, ҳоло ба ҳар як хонаводаи кишвар ба таври ройгон тақсим шуда истодааст. Мақсад аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи таърихи бостонӣ, худшиносии миллӣ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи ватандӯстиву хештаншиносии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Хонандаи ин шоҳасар бо мутолиаи он дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашнҳои миллии бостонӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти амиқ пайдо карда, аҳаммияти бузурги онҳоро дар таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дарк менамоянд. Азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд. Ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳё кардану густариш бахшидани онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад. Дар робита ба ин, кишоварзон ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, хусусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гардида истодаанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо, махсусан, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем. Бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостониямон ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлат ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем. Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар як хонадони кишвар рӯзгори осуда, файзу баракати меҳргонӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзу менамоям. Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз! 19.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории  “Душанбе Инвест – 2025” Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд. Ба амалишавии 42 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз тавсеаи ҳамкории амалии доираҳои соҳибкории ду ҷониб истиқбол карда шуд. Ҷалби маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзноки фондҳо ва муассисаҳои молиявии Қатар барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика ба мақсад мувофиқ шумурда шуд. Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” байни ду кишвари дӯст аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд. Ба масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ низ таваҷҷуҳ карда шуд. Барои роҳандозӣ ва омӯзиши таҷрибаи Қатар оид ба низоми бонкдории исломӣ изҳори омодагӣ карда шуд. Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ раванди рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Аз фаъолияти Фонди саудии рушд дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд. Ҷонибҳо барои рушди робитаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ алоқамандии худро иброз доштанд. Ба ҷоннок кардани фаъолияти василаҳои дуҷонибаи густариши ҳамкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷалби сармояи саудӣ барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурда шуд. Роҳандозии хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе намунаи хуби ҳамкории кишварҳо номида шуд. Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизода

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот аз рафти густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардид, ки бо саъю талоши бештари ҷонибҳо ин раванд дар оянда  низ самаранок идома хоҳад ёфт. Натиҷаҳои боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистону Эрон, гуфтушунидҳо ва тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, инчунин санадҳои нави имзошуда барои рушди минбаъдаи муносибатҳо муҳим арзёбӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба таъкид намуда, аз тамоюли рӯ ба афзоиши табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки дар соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар тақрибан ба 380 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид ва изҳори бовар карда шуд, ки ин рақам дар наздиктарин фурсат ба 500 миллион доллар ва аз он бештар низ хоҳад расид. Дар ин робита тақвияти кори абзорҳои дуҷонибаи рушди ҳамкорӣ зарур дониста шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории судманд миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх