Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Гулчине аз андешаҳои коршиносони соҳаи танзими ҷашну маросим

Роҳнамо барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои зиёди илмиро тавассути мақолаҳои таҳлилӣ ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, Маркази исломшиносӣ санаи 18-уми июни соли 2025 бахшида ба солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Қонуни танзим – воситаи ислоҳи тафаккури ҷомеа» дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баргузор кард. Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдор ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва баромад карданд. Маркази исломшиносӣ маводҳои конференсияро дар шакли китобча зери унвони «Қонуни танзим – воситаи ислоҳи тафаккури ҷомеа» рӯйи чоп оварда, мақолаҳои илмию тадқиқотии баромадкунандагонро пешкаши хонандагон гардонидааст, ки барои мутахассисону муҳаққиқони соҳа аҳамияти илмию назариявӣ дорад. Зарур мешуморем, ки гулчини таҳлилҳои илмӣ, фикру андеша ва пешниҳодҳои дар маҷмӯа ҷамъовардашударо вобаста ба татбиқи Қонуни миллӣ пешниҳоди хонанда гардонем. Директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи хеш зери унвони «Назари такрорӣ ва далелҳои тоза роҷеъ ба табиати ҳуқуқии Қонуни миллӣ» бо назардошти гуногунии назарҳо нисбат ба истифодаи истилоҳи «Қонуни миллӣ» назари худ ва олимони дигарро дар 15 зербоб бо далелҳо пешкаш гардонида, бардоштани хулосаи ниҳоиро, албатта, ба иродаи хонанда вогузор намудааст. Ӯ таъкид менамояд, ки «Муайян намудани табиати миллии як санади қонунгузорӣ ҳамчун феномени дохилии низоми ҳуқуқӣ барои дарки падидаи ҳуқуқи миллӣ на ҳамчун истилоҳи шаклӣ, балки бештар аз он ҳамчун сохтори ботинӣ ва табиии ҳуқуқӣ имкони фарохтарро доро аст. Фаҳми табиати миллияти як санади қонунгузорӣ ҳамчун усули вижаи дарки падидаи умумии ҳуқуқ хизмат менамояд. Таҷрибаи қабул ва амали Қонуни танзими ҷашну маросим гувоҳи он аст, ки ин қонун дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон воқеан қонуни табиати миллӣ доштааст. Қонуни мазкур ҳамчун низоми меъёрҳои вижа барои ислоҳи вазъи ҳуқуқии хоси кишвар, ки аз табиати зиндагии миллат ба миён омадааст, қабул шудааст». Муаллиф дар муайян кардани истилоҳи «қонуни миллӣ» даъват ба он дорад, ки аввал паҳнои дарки вожаи миллатро барои худ аниқ созем ва сипас иддао намоем, ки қонуни миллии мо ба кадоме аз ин вожаҳо часпон аст. Агар қонуни миллӣ ба халқи кишвар тааллуқ дорад, пас вай ҳамчун қонуни миллӣ ба маънои васеъ ҳамчун қонуни давлати муайян, ифодагари қонунҳои ватанист. Агар ба халқ ва миллати таҳҷоии дорои забон ва ё дини муайян вобастагӣ дошта бошад, пас қонуни миллӣ ба маънои маҳдуд фаҳмида мешавад. Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳмон Ваҳобзода таъкид бар он доранд, ки дар нахустин солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари дигар самтҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи анъанаҳои неки гузаштагон, тамйизи маросимҳои асил аз хурофот ва дар доираи манфиати умум ба танзим даровардани расму оинҳо кӯшишҳои судмандеро ба харҷ дод. Дарки ин нукта муҳим аст, ки ба танзим даровардани шеваи баргузории ид ва дастархонороӣ ҳаргиз маънои маҳдудияти баргузории идро надорад. Зеро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар иду ҷашнҳои миллӣ ба идҳои марбут ба фарҳанги исломӣ арҷ ва эҳтироми хосса мегузорад ва идҳои Рамазон ва Қурбон низ дар радифи ҷашнҳои муҳими милливу давлатӣ ҳамчун рӯзи истироҳатӣ пазируфта шудааст. Муовини директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Абдухалилзода омили муҳим ва натиҷабахш дар таъмини Қонуни танзимро дар ташаккули тафаккури сармоядорӣ нишон додааст. Ӯ менависад, ки имрӯз дар кишвар фардеро наметавон ёфт, ки аз қабули Қонуни мазкур норозӣ бошад. Аммо бояд эътироф намуд, ки мутаассифона, имрӯз талаботҳои Қонуни мазкур на ҳама вақт ва на аз тарафи ҳама пурра риоя мегардад. Дар мақолаи хеш, мушкилиҳои асосиро дар самти мазкур бо далелҳои амиқ таҳлил намудааст. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шаҳбоз Шосаидзода бар он назар аст, ки дар таърихи ҳар як миллат анъана ва воқеаҳое ҳастанд, ки дар роҳи ҳаёт ва инкишофи минбаъдаи ин ё он миллат омили ҳалкунандаю тақдирсоз дошта, бо гузашти солҳо аҳаммият ва мақомашон бештар аён мегардад. Бинобар ин, меросбари онро зарур аст, ки онро ҳамчун манбаи худшиносӣ ва бедор намудани ҳувияти миллӣ барои насли имрӯза ва ояндааш истифода барад. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷамшед Ҷамшедзода вобаста ба қабули Қонуни танзим ёдовар мешавад, ки «Тибқи муқаррароти Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат маҳсуб ёфта, дорои ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ мебошад. Бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузории худ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол ба парлумони кишвар қонунҳои зиёде, хусусан қонунҳои хусусияти миллидошта пешниҳод гардида, қабул шудаанд. Онҳо дар марҳалаи навини таърихӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои геосиёсию идеологии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва ниёзҳои ҳаётан муҳимми миллӣ қабул гардида, барои таҳкими самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, рушди бемайлони давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи устувори ҳуқуқӣ гузоштаанд». Судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Давлатзода таъкид дорад, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмон ҳифз намуда, риояи онҳоро кафолат додааст. Дар шароити озоди давлати демократӣ мардуми мусулмони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои нодиру созандаи таълимот ва анъанаву маросими динӣ, махсусан, тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон ва дигар суннатҳои некро густариш дода, анъанаву маросими эътиқодии худро бо дигар анвоъи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду ободии Ватан ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик, тавъам созанд. Устоди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мурод Ҳайдарзода андешаҳои худро ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муҳиммияти онро бо 10 омил пешниҳод кардааст. Сардори шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Зиёвуддин Шоев нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ низ хеле бузург ва назаррас ҳисобидааст. Ӯ таъкид дорад, ки Қонуни мазкур ба таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ тавассути пешгирии низоъҳо ва

Президент

Машварати корӣ

1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд. Тибқи гузориши масъулин, давоми ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дод, ки дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуда, ба масъулин дастур доданд, ки доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд. 01.12.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Табрикоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ 2026

Ҳамкорони гиромӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон! Бо камоли эҳтирому сарафрозӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ – 2026 самимона табрику муборакбод мегӯям. Фардо Соли нави мелодӣ 2026 –ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандагиву ободкорӣ таҳти Сарварии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегирем. Бигзор, Соли нави мелодӣ-2026 барои ҳар як хонаводаи мову шумо соли комёбиҳои дурахшон, соли амалӣ шудани орзуву ормонҳо гардад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бо фарорасии Соли нав, яъне соли идомабахши корҳои созандагиву ободкорӣ табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоми шумо тансиҳативу рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу менамоем. Бигзор, ҳар субҳи бомдод зиндагиатон бо табассум оғоз гардад, ҳар рӯз пирӯзиҳои нав ва ҳар шом бо пайвандону наздикон лаҳзаҳои гармро ба армуғон оварад. Дар Соли нави мелодӣ ба шумо сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем. Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамкорони гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон! Бо камоли эҳтиром, Холиқзода Абдураҳим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ТОҶИКИЯТ (МУЛОҚОТИ ОМӮЗАНДА БО ДОНИШҶӮЁНИ СОҲАИ ТИБ)

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва шуъбаи тарбия санаи 29-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ-профилактикии Донишгоҳ дарс -лексия баргузор гардид. Дарс –лексия бо ҷалби коршинос- сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Қодирӣ доир шуд. Мавзуи асосии дарс ба масъалаҳои ҳуввияти миллӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динии тоҷикон бахшида шуда, сиёсатшинос А. Қодирӣ дар ҳошияи суханони Пешвои муаззами миллат “Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон” баромад намуда, роҷеъ ба аҳаммияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар рушди ҷомеа ва таҳкими суботу ваҳдат сухан ронданд. Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, шинохти решаҳои таърихиву фарҳангӣ ва огоҳӣ аз принсипҳои динии тоҷикон барои ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон дорои аҳаммияти бузург аст. Яке аз масъалаҳои муҳокимашуда ифтихор аз тоҷикият буд. Ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки ифтихор аз миллат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ на танҳо як ҳиссиёт, балки омили муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Дар анҷом донишҷӯён саволҳои худро пешниҳод намуда, суҳбати судманд ва равшангарона сурат гирифт. Мулоқот бо хулосаи омӯзанда ва тавсияҳои устод Абдуллоҳ Қодирӣ оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии солим ҷамъбаст шуд. Бознашр: сомонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Президент

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам ҷаноби Раис, Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар  асари сухтори шадид дар яке аз маҷмааҳои истиқоматии шаҳри Ҳонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андӯҳи инҷониб гардид. Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Чин ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам». 28.11.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ШАҲРИ ГУЛИСТОН: МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР БО ФАЪОЛОН ВА НАМОЯНДАГОНИ КАСБУ КОРҲОИ ГУНОГУН

Санаи 27-уми ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои ҲХДТ дар ш.Гулистон мулоқоти судманд, дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид. Нахуст, муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ташрифи меҳмононро ба шаҳри Гулистон хайра мақдам гуфта, ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф иброз дошт, ки вазъи печидаи ҷаҳонӣ муосир, манфиатхоҳии абарқудратҳо тақозо менамояд, ки ҳар сокини кишвар, махсусан ҷавонону аҳли зиё дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд. Дар идомаи вохӯрӣ муовини прокурори шаҳр Малика Мухадиярова ба сухан баромада қайд намуд, ки ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо дар бештар маврид ба тафаккуру андешаи ҷавонон таъсиргузор аст ва ин қишри ҷомеа бояд пайваста омӯзанд то фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд ва дар пешбурди корҳо якҷоя ҷиҳати ободонии маҳалли худ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва бахшҳои алоҳидаи ҳудуди шаҳр ҷоннок карда шавад. Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода моҳияти шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, бартариятҳои давлати дунявӣ ва арзишҳои милливу динӣ ба иштирокчиён маълумот дод. Ӯ доштани андешаву тафаккури миллӣ, хиради аҷдодӣ ва донишҳои муосири диниву сиёсиро барои ҷавонон аз василаҳои муҳим арзёбӣ намуд. Устод Холиқзода Абдураҳим дар идомаи суханронӣ илова намуд, ки ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии аҳли башар мебошад. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст ва бояд дастаҷамъона ба ин падидаҳои номатлуб бо хирад ва ақли солим мубориза бурд то Истиқлоли кишвар ва арзишҳои милливу динӣ ҳифз гардад. Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, аз роҳбарият даъват ба амал оварда шуд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳо бештар ба роҳ монда шаванд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси дишносӣ

Президент

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар заминаи  шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромарзии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зоҳир гардид. Зарурати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои башарӣ таъкид гардид. Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт. 27.11.2025 Қирғизистон

Президент

Иштирок ва суханронӣ дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

27 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои муҳайёсозии шароити хуби ҳамоиш арзи сипос намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Зимнан зикр гардид, ки СААД дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад. “Тоҷикистон, ки дар сафи пеши самти ҷанубии мудофиаи дастҷамъӣ қарор дорад, ба талошҳо барои тақвияти субот ва таъмини амният дар минтақаи масъулияти Созмон дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ дорад”, – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати Тоҷикистон авзои байналмилалиро “мураккабу душвор пешгӯишаванда” арзёбӣ намуда, аз тадбирҳои муштараки рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла санадҳои барои қабул пешниҳодшуда, пуштибонӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Тоҷикистон қабули Нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030-ро дастгирӣ менамояд. Қабули қарор дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030 низ аз ҷониби Сарвари давлати мо дастгирӣ ёфт. Зимнан дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ миёни СААД ва Маркази зиддимухаддаротии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе таъсис меёбад, ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки татбиқи самарабахши он таъмин хоҳад шуд. Президенти кишвари мо аҳамияти таъсиси Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СААД дар Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳори бовар намуданд, ки ин масъала аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ хоҳад ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар ин робита Сарвари давлати мо бо ёдоварӣ аз истифодаи фазои маҷозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби сохторҳои террористию ифротӣ,  бар зарурати табодули маълумоти фаврӣ ва идораи ин хатарҳо бо технологияҳои нави рақамӣ таъкид намуданд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки қарорҳои дар ин ҳамоиш қабулшаванда ба таҳким ва рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳои аъзои созмон мусоидати фаъол хоҳад намуд. Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД як зумра санадҳои нави муҳим ба имзо расид. 27.11.2025 Қирғизистон

Хабарҳо

Суханронии намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, равобити адабӣ ва тарҷума дар замони муосир».

27-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, АДАБИЁТШИНОСӢ, РАВОБИТИ АДАБӢ ВА ТАРҶУМА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР» баргузор гардид. Дар кори конференсия муҳаққиқону донишмандон ва мутахассисони соҳа аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни баргузории конференсия Шарифамо Одинаева – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Забони тоҷикӣ – забони сулҳу арзишҳои волои инсонӣ” суханронӣ намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Иштирок ва суханронии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим дар семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм: заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ”.

Санаи 27-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун, сархатибони масҷиди ҷомеъи шаҳри Хуҷанд, семинари илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо экстремизм:заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодӣ” бо раисони маҳалла, масъули кор бо занон, ҷавонон, нозирони минтақавӣ, сархатибон, омӯзгорону донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Семинарро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки барои ҳар як сокини шаҳри Хуҷанд барои мубориза бурдан бо амалҳои номатлуб аз ҷумла бо ифротгароӣ ва терроризм, ки таҳдиди воқеӣ ба осоиштагӣ ва бехатарии миллӣ аст ҳарруза саҳми худро мегузоранд ва дар якҷоягӣ барои решакан намудани ин амалҳои номатлуб чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар идомаи семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим зимни суханронии худ моҳияти шиори “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”, пешгирии ҳаҷи умраи такрорӣ, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, андешаронӣ намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад. Ин падидаҳо боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли онҳо ба арзишҳои бегона гаштааст. Аз сабаби он, ки ифротгароӣ ва терроризм барои амнияти миллии ҳар як кишвар таҳдиди воқеӣ ба ҳисоб меравад, зарурати назорат ва пешгирии паҳншавии рӯҳияи ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ, балки вазифаи тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ (маориф, муассисаҳои хусусӣ, санъат, варзиш, сиёсати ҷавонон ва ғ.), тамоми аҳли ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд аст. Дар идома ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Назарзода Парвиз иброз намуд, ки ҷомеаи муосир равандҳои геополитикӣ ва бо шиддат тағйир ёфтани авзои ҷаҳон, ба амал омадани даргириҳо ва таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву радикалӣ ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро ҳифз намоем ва баҳри дифои марзу буми Ватани азизамон омодаи хизмат бошем! Ҳамзамон, муовини Раиси Шулои уламои Тоҷикистон Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода баромад намуда, ба ҳозирин дар мавриди тарзи либоспӯшӣ аз нигоҳи шариат, намуди зоҳирии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз паҳншавии фарҳанги бегона ҳарф зада, иштирокдорони мулоқотро барои таҳкими ваҳдати мазҳабӣ ва таҳаммулпазирии динӣ даъват намуданд. Дар охир Ҷалолзода Хайёмиддин мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғаффуров ба иштирокдорон ва барои ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Прокрутить вверх