Қисми 2.Асри иттилооот: манфиат ва таҳдидҳо аз назари илми ҳуқуқ
1.Иттилоот ва намоҳои табиию ҳуқуқии он дар фазои ҳуқуқи миллӣ «Ҳеҷ як компютери муосир он чизеро ки худи ў иҷро менамояд фаҳм намекунад, мо инсонҳо низ дар бештари мавридҳо аснои иҷрои амалҳо моҳияти онҳоро дарк намекунем.» Марвин Минский «Инсон ақли сунъиро баровард, вале ҳанўз барои эҳсосоти сунъӣ ў қудрат надорад. Таҳияи зеҳни сунъӣ аз эҳсосоти сунъӣ саҳлтар шудааст, ин ҳолат далолат бар он дорад, ки эҳсосот ва узвҳои эҳсосотӣ ҳамчун маҳсули савқи табиӣ ҳодисаи мураккабтар ва олитар аз ақли эҷодгари мо менамояд. Ягона ва асоситарин ҳолате, ки ба зеҳни сунъӣ намерасад, ин худшиносӣ ва дарки манфиати худ аснои ҳалли масъалаҳо аст, ки ҳам ба эҳсосот ва ҳам ба идрок дар мувозона ва иртиботи устувор қарор дорад. Вуҷуди ин ҳолат дар воситаҳои рақамӣ инсонро ҳамчун ҳодисаи нолозим ба марг ва тамаддунро бо фоҷиаи ногузир таъмин мекард.» Қабл аз оне, ки ба моҳияти асри иттилоот аз назари ҳуқуқӣ наздик шавем моро зарур аст, ки тибқи қонуни нахустини мантиқӣ худи мафҳуми марказии ин даврон «иттилоотро» аз назари ҳуқуқӣ фаҳм намоем, паҳно ва таъиноти истифодаи онро дар ин рисола дуруст амиқ созем. Саволи марказии ин вазифа дар он ифода меёбад, ки зери вожаи «иттилоот» мо чи равандҳоеро дарк менамоем. Иттилоот ҳамчун ливои пешбарандаи тамаддуни муосир тайи сад соли охир бо вуҷуди нуқс ва иллатҳои касбкардааш дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инқилобҳои илмӣ – техникӣ дунёро идора мекунад ва ин симати ўро бузургони илм эҳсос карда роҷеъ ба нуфуз ва қудрати он асарҳо ҳам навиштаанд . Иттилоот тибқи андешаи онҳо неруи аслии ҳаракат, намои рушди ҷомеаи муосир аст, ки ба сони маҳаки асосии чархзанандаи тамаддун ҳама дастовардҳои навро на танҳо атрофи худ тобеъ менамояд, инчунин ба тавлиду рушди онҳо замина фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки нуктадонон ва мазмунбахшони муосири илми сиёсати ҷаҳонӣ андеша доранд, ки тақдири оянда аз иттилоот ва ақли сунъӣ сахт вобастагӣ дорад. А. Иттилоот қудрат ва қувват аст Имрўз ҷойи шубҳа нест, ки иттилоот ва доштани маълумот ин қувват ва то ҷое қудрат аст. Иттилоот неруи бузурги ҳастӣ аст, ки имкон дорад дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳатто муқовимату рақобатҳои иқтисодиву ҳарбӣ ғолибияти гуруҳи инсонҳои соҳибиттилоъро таъмин гардонад. Ба ёд оред ғолибияти Авраам Линколнро дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861- 1865 дар Амрико, ки чи тавр бо кашидани ҳазорҳо км. хатти алоқа ва огоҳона идора намудани раванди майдони ҷанг ғалабаи Шимолро бар Ҷануб таъмин намуд. Оянда насиби касест, ки иттилоъ дар дасти ўст, мегўянд муҳандисони улуми иҷтимоӣ . Ба қавли Мавлонои Балхии мо, ки ба дарки ин нукта 800 сол муқаддам аз аврупоиҳо расидааст: Иқтизои ҷон чу эй дил огаҳист, Ҳарки огаҳтар бувад ҷонаш қавист. Инсон дар тамоми таърихи мубориза барои ҳаёти арзандааш кўшиш мекард, ки ғояи баробариро ҳамчун унсури зояндаи адлу инсоф талқин намояд. Вале дар ҳаёти воқеӣ муҳаррики асли рушд вуҷуди нобаробарӣ ва мубориза барои баробаршуданҳо нақши бориз мебозид. Баробари пайдо шудани моликияти хусусӣ даҳҳо ҳазор сол қабл аз мову шумо унсури нобаробарӣ ҳамчун воситаи рушди зиндагии иҷтимоӣ тадриҷан зуҳур кард. Инқилоби аграрӣ ва муносибатҳои феодалӣ моликият ба заминро ҳамчун асос ва ҷавҳари нобаробарӣ рўи кор овард, сипас инқилобҳои буржуазӣ бо мошинаю мануфактураҳо ва заводу фабрикаҳо нобаробариро афзоиш дода, чархи таърихро ба пеш ба ҳаракат дароварда васати байни баробарию нобаробариро дар ҳадди эътидоли сармоядорону коргарон, гўё нигоҳ дошт. Акнун инқилоби биоинжинерӣ ва рушди ақли сунъӣ дар асри иттилоот ба назари Ю.Н. Харарӣ имкон дорад масофаи байни мардуми доро ва одамони лозим ва нолозимро ба маротиб ва ғайричашмдошт тавсеа бахшида, нуфузи нобаробариро ба таври ҳангуфт афзоиш диҳад. Мушкилии асосии аз иттилоот ва инқилобҳои биотехнологӣ рўхзананда он аст, ки раванди иттилоот ба мазмуни моликият ва арзиши иқтисодии тўдаи мардум тағйирпазириро зам намуда, қиммат ва манзалати халқро дар коркарди маҳсулоти зарурӣ камназар намуда, нобаробарии иқтисодиро ба нобаробарии биологӣ табдил доданашон имконпазир аст. Ба назари муҳаққиқони ояндабин агар дар гузаштаи дур сарвати асосӣ ва сармояи бузурги таснифкунандаи одамон ба дорою нодор ин замин буд ва неруҳои асосии сиёсӣ барои азхуд кардани заминҳои ҳосилхез мубориза мебурданд, дар асри нав ҷойи заминро техника ва воситаҳои истеҳсолот мошину заводҳо гирифтанд. Дар арси ХХ1 бошад, ҷойи машину заводҳоро иттилоот ва маълумот мегирад. Сиёсатмадорон ҷиҳати дар даст доштани иттилооти зарурӣ мубориза мебаранд. Иттилоот дар дасти касе бошад ояндаро ў муқаррар мекунад. Нозукии замони иттилоот низ он аст, ки агар муттаҳид шудани замин ва заводу фабрикаҳои олам ҳамчун сарвати асосии ҷаҳонӣ дар дасти теъдоди нисбатан хурди башар мушкилот дошт, акнун муттаҳид шудани сарвати нав – иттилоот дар дасти бениҳоят ками шахсон имконпазир аст. Ин ҳолат нобаробариро бениҳоят вазнин ва адлро зери фишори дастовардҳои биотехнологӣ бо услубҳои табиию биологӣ ба кастаю навъҳои нави гушношунид таснифбандӣ менамояд. Ширкатҳои бузурги рақамӣ бо пешниҳоди иттилооти бемаблағ таваҷҷуҳи моро ҷалб намуда, сипас онро ба бозори рекламаҳо ба фурўш мемонад. Вале бо вуҷуди он ҳадафи асли онҳо на дар гирифтани фоида аз ин фуруши таваҷҷуҳи мо аст, балки бештар аз он онҳо дар бораи мо бештар маълумот ҷамъ менамоянд ва моро истифодабарандагони торномаро мисли маҳсулот ҳарвақт хоҳанд идора мекунанд, мегўяд Ю.Н. Харарӣ. Яъне мо танҳо муштарии маблағсупор нестем, балки бештар аз он маҳсулоти истифодашавандаем. Маҳсулоте, ки тавассути воситаҳои равонӣ ва эҳсосотӣ дар зинаи интеллект ба ғуломӣ табдил меёбем. Ин навъи ғуломкунонии фикрӣ аз тобеияти ғуломии даврони ғуломдорӣ, деҳқонони крепостноии замони феодалӣ ва пролетарҳои беҳуқуқӣ ҷомеаи сармоядорӣ вазнинтару сангинтар аст. Зеро ин тобеият ва ғуломӣ бо мол ва сарват набуда, дар доираи меъёри қонун маҳдудшаванда нест, ки фикр ва ғурури инсонӣ дар қалби одамон муборизаро бо ин навъ беадолатӣ тавлид месозад. Тобеияти иттилоотӣ ин навъи ғуломии мафкуравӣ ва то ҷое биологӣ аст, ки дар тафаккури инсон бо унсурҳои эҳсосотӣ ворид шуда, то дарки ақл ва хирад сироят намуда, инсонро дар тафаккураш ғулом месозад ва ҳамагуна эътирозу муноқишаи фикриро бо ин ҳолат ботинан маҳв менамояд. Чунки вай бо эҳсосоту ақлаш ин шакли ғуломиро пазируфтааст. Ин навъи ғуломӣ ўро аз худ розӣ медорад, чунки калиди худшиносӣ ва барои ҳаққи худ мубориза бурдан дар вай ботинан иваз шудааст. Б. Иттилоот кўшиши эътиқодро иваз намудан дорад Инсон бо технологияи компютерӣ ба ҳадде наздик мешавад, ки бузургтарин неъмати худ иттилоотро роҷеъ ба худаш ва тамоми хостаю табиаташ, ки аз ҳарими ҳарами озодиҳои шахсиаш арчашма мегирад пешорўи ақли сунъии техноолгияҳои иттилоотӣ мегузорад. Ў









