Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Ҷаноби Олӣ, Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин кард. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям”. 12.06.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ХУШХАБАР!

 Одинаева Шарифамо Назримадовна – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Андешаҳои забоншиносии форсӣ-тоҷикӣ дар фарҳанги “Анҷуманорои Носирӣ” ва муқоисаи онҳо бо “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ””, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хоҷаев Давлатбек барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд. Раёсат ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаева Шарифаморо барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳо таманно менамоянд.

Хабарҳо

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ”

12- уми июни соли 2025 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ” бо иштироки олимон ва коршиносон баргузор гардид. Дар ҳамоиш директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иштирок ва дар мавзуи “Андеша перомуни се омили муҳаррики Ваҳдати миллӣ” суханронӣ намуд. Директори Марказ ёдовар шуданд, ки “То расидан ба ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат то расидан ба Ваҳдати миллӣ ором набуд. Дар ҳақиқат қаҳрамон буд, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон буд. Худованд, табиат, замона ва таърих дер ҳам бошад садои дили ин миллати азияткашидаро шунида, ба ӯ фарзанди асили бардорандаи бори таърих ва замонаро дода буд”. Дар фарҷом байни иштирокчиёни ҳамоиш табодули афкор сурат гирифта, бо супоридани туҳфаҳо ба итмом расид. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ

11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазъи кунунӣ дар ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба ҳифзи амну субот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ, таҳкими интизому риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии босифати кадрҳои ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 11.06.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Табақабандии илмҳо аз нигоҳи Имом Ғаззолӣ Дар табақабандии илмҳо, Имоми Ғаззолӣ илмро ба ду бахш (илми муомала ва илми мукошафа) ҷудо карда, илми муомаларо марбут ба инсонҳои муқаррарӣ ва илми мукошафаро марбут ба анбиё медонад. Илми муомала низ дар навбати худ ба ду бахш (ил¬ми зоҳир ва илми ботин) ҷудо мешавад. Илми зоҳир илми амалҳои бадани инсон буда, ё ибодат аст, ё одат. Илми ботин илмест, ки марбут ба амалҳои дил бу¬да, мамдӯҳ (ситуда) ё мазмум (накӯҳида) аст. Таба¬қа¬бан¬дии илмҳо аз нигоҳи Ғаззолӣ ба меъёрҳои ахлоқӣ (хубу бад) ва мактабӣ (ҳақ¬қу ботил) асос ёфтааст. Мутобиқи табақабандии Ғаззолӣ илм¬ҳое, ки шаръӣ нестанд, ба се гурӯҳ: ситуда, накӯҳида ва мубоҳ (раво) ҷудо мешаванд. Мутафаккир ба гурӯҳи илм¬ҳои накӯҳида сеҳр, ҷоду, тилисмот, шаъбада, фиреб¬га¬рӣ ва ба илмҳои мубоҳ таърих ва шеърро дохил кардааст. Илмҳои шаръӣ ду қисманд: хуб ва бад. Илмҳои хуб ба чаҳор навъ ҷудо мешаванд: усул (Қуръон, суннат, иҷмоъи уммат ва осори саҳоба, қиёс), фурӯъ (фиқҳ, илми аҳволи дил ва ахлоқи хуб), муқаддамот (илми наҳв ва луғат) ва мутаммимот (илми таҷвид, қироат, усули фиқҳ, илми риҷол). Ғаззолӣ дар табақабандии илмҳо фалсафаро ҳамчун илм нишон надода, таъкид мекунад, ки он илми ҷудогона не, балки маҷмӯи ҷузвҳои чаҳоргона (ҳандаса ва ҳисоб, ман¬тиқ, илоҳиёт, табииёт) аст. Ӯ фалсафа ва динро бо ҳам ба¬ро¬бар надониста, балки фалсафа (хусусан маш¬шоия)-ро як навъ гумроҳии фикрӣ хондааст. Аз ин рӯ, манзур аз «фал¬сафаи Ғаззолӣ» услуби исботи ақоиди дин, ахлоқ ва ҷо¬меаи исломӣ, фалсафаи илоҳиёт аст. Ғаззолӣ аз рӯи эътиқоди худ сун¬нии шофеимазҳаб, ашъаримаром мебошад. Ӯ мутакаллимест, ки дини ислом ва мазҳаби ашъариро ба пояи баланди ҳикмату фалсафа расондааст. Ғаззолӣ сис¬темаи фиқҳи имом Шофеиро бо ғояҳои тасаввуф, равияи муътадили та¬сав¬вуфиро ба фиқҳ алоқаманд сохтааст. Ғаззолӣ дар аввали умраш каломро илми ягона ва асосӣ дар фаҳми маъ¬ни¬ҳо¬ву дарки моҳияти таълими дин медонист. Баъди он ки Ғаззолӣ фалсафаро хеле амиқ омӯхт, ба радди ақидаҳои файласуфон пар¬дохт. Мутафаккир маҷмӯи масъалаҳои фалсафаро дар бист масъала гирд оварда, мавриди муҳокима қарор дод ва ба чунин хулоса омад, ки аксари онҳо мухолифи ақи¬даи ислом, алалхусус ақи¬даи аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Ғаззолӣ дар 17 масъала, аз қабили эътиқоди фалосифа бар он ки илми нуҷум аз ғайб мутталеъ аст, нуфус (ҷон¬ҳо)-и инсонӣ баъд аз адам (нестӣ) мустаҳал мешаванд, ақидаи файласуфонро бидъат шумурд. Ғаззолӣ ақидаи файласуфонро дар мавриди се масъала куфр мешумурд. Яке қавли файласуфони машшоъ бар қидами олам, дигар он ки Аллоҳ куллиётро медонад, на ҷузъиётро ва ниҳоят, қавли онҳо дар бораи ҳашри арвоҳ бе аҷсод, яъне инкори маоди ҷисмонӣ. Аз нигоҳи Ғаззолӣ, илми калом ҷузъе аз фалсафа буда, бояд танҳо барои рад кардани шакку шубҳа ва гумон, ҳимоя аз ақидаҳо ва фурӯ нишондани шиддати беэътиборӣ ва но¬писандӣ, инчунин нигаҳдории қалбҳои оммаҳои мардум ба кор бурда шавад. Ғаззолӣ илми каломро чунин таъриф кардааст: «Илми калом дар зот ва сифоти қадим ва сифоти ақлии Борӣ таъоло ва дар аҳволи анбиё ва аимма (имомон) ва дар мавту ҳаёт ва қиёмат ва баъсу ҳашр ва ҳисобу руъяти Худо аст». Ғаззолӣ мутакаллимонро ба посбонҳо монанд кардааст, ки агар дуздон набошанд, зарурат ва ҳоҷат ба посбонон низ намемонад. Ҳамчунин агар бидъатгузорон ва шаккушубҳадорон намешуданд, барои мутакаллимон низ дар ҷомеаи мусулмонон ҷой пайдо намешуд. Дар низоми табақабандии илмҳо Ғаззолӣ ба илми фиқҳ мавқеи поинро муносиб дониста, онро илми дунявӣ мешуморад ва дар канори илмҳое чун тиб ва ситорашиносӣ қарор медиҳад, танҳо бо ин тафовут, ки фиқҳ, аввалан, хусусияти шаръӣ дорад, сониян, бар хилофи илми тиб, ки фақат барои беморон зарур аст, ба он тамоми равандагони роҳи охират эҳтиёҷ доранд ва солисан, илмест, ки ба илми роҳи охират қаробат дорад. Ғаззолӣ бар ҳамаи риштаҳои маорифи исломӣ иҳота дошт ва уламову донишмандону адибони на танҳо замони зиндагии мутафаккир, балки асрҳои баъд низ дар зери нуфузи фикрии ӯ қарор гирифта, ҳамагон пойбанду шефтаи осору каломаш гаштаанд. Ҳамин нубуғи фикриву илмии Ғаззолӣ аст, ки ӯ ба ҳайси яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷаҳони ислом ва муҷаддид (эҳёгар)-и дини ислом дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ шинохта шудааст. Фаридуддини Аттор дар васфи Ғаззолӣ гуфтааст: Садре, ки зи илми олами аллом аст, Дар кулли ҷаҳон ягонаи айём аст. Кони гуҳари олами ҷон Ғаззолӣ, Дарёи улум, Ҳуҷҷатулислом аст. Дар таҳияи ин мақола аз Википедия истифода шудааст. Адабиёт 1. Ғаззолӣ / С. Аҳмадов, С. Маҳмадуллоҳ. // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5. 2. Муҳаммад Ғаззолӣ. Кимиёи саодат, Тош., 1890; 3. Али-заде А. Газали Мухаммад (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007. 4.Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011. 5. Архив Интернета — 1996. — С. 23—25. 6.Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804 7. AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1991. — Vol. 2. — P. 1038. Абдуллоҳи Қодирӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

САҲМИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲУ СУБОТИ КОМИЛ

10 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи “Ваҳдати миллӣ “ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявии “Хонишҳои академии ҳуқуқӣ” – дар мавзуи “Илми ҳуқуқшиносӣ: таърих, масоили мубрам ва дурнамои рушд” ва фаъолияти илмии академик Фозил Тоҳиров баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, доир ба моҳияти баргузории конфронси мазкур суханронӣ намуд. Дар идомаи кори конфронс директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим дар бораи Академик Тоҳир Фозилов асосгузори мактаби таърихи ҳуқуқ дар Тоҷикистон баромад намуд. Мавсуф аз ташкилкунандагони конфронс изҳори миннатдорӣ ва сипос баён намуда, доир ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил дар кишвар, ва доир ба фаъолияти илмии академик Тоҳир Фозилов суханронӣ намуданд. Сипас, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки ҳамаи мо имрӯз аз соҳибистиқлолии давлати худ ва Ваҳдати миллии дар он ҳукмрон шукрона мекунем. Ин пеш аз ҳама, шукрона аз шахсиятест, ки барои таъмини соҳибистиқлолию Ваҳдати миллӣ талошҳои беназир кардаанд. Таъкид гардид, ки инҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мураккабиҳои он даврон нигоҳ накарда, омили асосии бартарафсозии ин мушкилотро муайн намуда, борҳо қайд кардаанд, ки танҳо таъмини ваҳдати миллӣ калиди асосии ҳалли онҳо мебошад: «таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад». Гуфта шуд, ки дар муҳлати начандон тулонӣ бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар шароити ниҳоят душвори сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба ҷанги таҳмилӣ хотима дода шуда, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва маҳалҳои зисташон баргаштанд ва сулҳу субот устувор гардида, масъалаҳои душвортарини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳаллу фасли худро ёфтанд. Зикр шуд, ки дар мисоли сулҳи тоҷикон, ҳалли масъалаҳои сиёсию низомӣ ва ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи нодирро аз бар намуд. Хушбахтона, миллати тоҷик дар мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин Сарвари оқилу хирадмандро, ки ҳадафи асосиаш таъмини Ваҳдати миллӣ буд, пайдо намуд. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ба хиради азалии мардуми тоҷик ва тоҷикистониён такя намуда, дар таъмини Ваҳдати миллӣ комёб гарданд. Ин аст, ки пайваста таъкид менамоянд, ки “майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву руҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам”. Дар идома олимону муҳаққиқони самти ҳуқуқшиносӣ доир ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил дар кишвар, ва доир ба фаъолияти илмии академик Тоҳир Фозилов суханронӣ намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

АҲАМИЯТИ ТАРҶУМАИ «КИТОБИ ТАВҲИД»-И АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ ДАР ШАРОИТИ ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ ВА ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК Эҳёи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба шумор меравад. Дар ин замина, бозгашт ба мероси илмию динӣ ва маънавии ниёгон, хусусан мероси мутафаккирони барҷастаи тамаддуни исломӣ, ҷойгоҳи муҳимеро ишғол мекунад. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста Абумансури Мотуридӣ буда, осори ӯ, аз ҷумла китоби маъруфи “Китоби Тавҳид”, ба унвони намунаи олии тафаккури каломӣ ва фалсафии исломӣ арзишманд мебошад. Тарҷума ва таҳқиқи ин осор имрӯз дар шароити густариши андешаҳои бегона ва хатарҳои ифротгароӣ аҳамияти махсус касб кардааст. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгари таъриху тамаддуни бузурги халқи тоҷик дар осори таърихии хеш вобаста ба фарҳанги миллӣ, махсусан анъанаҳои мардумӣ ва раванди ташаккулёбии он дар асоси мадракҳои муътамади таърихӣ маълумотҳои пурарзишеро пешниҳоди хонанда намудааст. Ӯ зарурияти омӯзиши таърихи фарҳанги миллиро бо хусусиятҳои хосаш нишон дода, қайд менамояд, ки “Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмуи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмӯъ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад”. Абумансури Мотуридӣ яке аз бузургтарин мутакаллимон ва мутафаккирони исломӣ маҳсуб меёбад, ки мактаби каломии ӯ дар паҳнои ҷаҳони ислом, бахусус дар байни мардумони Осиёи Марказӣ, нуфузи васеъ пайдо кардааст. “Китоби Тавҳид” муҳимтарин асари ӯ буда, дар он асосҳои эътиқодии ислом бо услуби мантиқӣ ва бо истифодаи далелҳои ақлӣ баррасӣ шудаанд. Ин китоб на фақат ҳамчун манбаи каломӣ, балки ҳамчун намунаи фалсафаи исломӣ, ки дар он ақлу мантиқ дар баробари нақл мақоми баланд доранд, шинохта мешавад. Мутафаккирону донишмандони муосир, аз ҷумла файласуфон, осебшиносон ва ҳатто сиёсатмадорон оид ба арзиш ва аҳамияти илмию фалсафӣ доштани осори Мотуридӣ, хоссатан китоби Тавҳиди ӯ иброз андеша намудаанд. Тавре дар саҳифаи аввали тарҷумаи китоби мазкур аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шудааст: “Таълимоти Мотуридӣ беш аз 1100 сол инҷониб мардумро муттаҳид сохта, заминаи мусоиди ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазириро фароҳам овардааст. Ин таълимот ба таҳкими арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуда, дар муқовимат бо ифротгароӣ ва тундгароӣ нақши муассир дорад.” Ҳамчуноне, ки дар қисмати тавзеҳоти тарҷумаи китоби мазкур оварда шудааст, нусхаи мазкур интиқодӣ аст. Зеро вақти кутоҳ ва ҷалби забондонҳо бо ҷаҳонбиниҳои гуногун аз муассисаҳои илмии ватанӣ ҷиҳати иҷрои кор, сабки бе ин ҳам вазнини асримиёнагии муаллифро боз ҳам вазнинтар кард. Мазмун ва муҳтавои истилоҳоти илмҳои фалсафӣ, илоҳиётшиносӣ, мантиқ, алгебра ва дигар, ки дар сарҳади фаҳми тафовути олами аъроз ва Ҳастии абадӣ сурат гирифта, ба решаҳои табиати амалҳои инсонӣ ва аҳкоми ахлоқӣ дар ҳолати метафизикӣ рафта мерасид, дониши баланди соҳавӣ ва фаросоҳавиро тақозо дошт. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. таъкид медорад, ки дарёфти чунин мутахассисон ва ҷалби эшон дар кори тарҷумаи китоби «Тавҳид» аз чанд ҷиҳат мушкил буд. Бо вуҷуди ин ҳама, Маркази исломшиносӣ бо ҳидояти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии роҳбарияти муассисаҳои илмии ватанӣ чанд нафар аз донандагони забони арабиро дар кори тарҷумаи он ҷалб намуд. Ба устодон фаҳмонида шуд, ки то имрӯз дар тамоми ҳудуди форсизабонон нусхаи тоҷикӣ ва форсии китоби ин абармарди илму ақида вуҷуд надорад. Асарҳои ӯ ба забонҳои туркӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва ғ. тарҷума шудаанд, вале мо меросбарони бевоситаи забонию фарҳангӣ ва ақидаи ӯ то ба ҳанӯз ягон асари ӯро ба забони модарии тоҷикӣ тарҷума накардаем. Ин лаҳза Шуморо даъват кардем, ки сари ин масъала сӯҳбат намоем ва Марказ ният дорад дар арафаи ҷашни 1155 солагии Абумансури Мотуридӣ китоби «Тавҳид»-и ӯро бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр намояд. Мутарҷимони Маҳмадуллоев Саидбек – Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»; Назариев Рамазон, Махшулов Маҳмадсалом – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; Ҳомидов Абдулвоҳид, Шарипов Исломиддин, Пиров Мирзомиддин, Холов Аълохуҷа – Донишкадаи исломии Тоҷикистон; Саломов Аскар, Латифӣ Маҳмудҷон – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Хоҷамирзода Муслиҳиддин, Қаландаров Бурҳониддин – Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Абдусаломов Мирзошариф ва дигар олимон аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулияти том бидуни ҳеҷ як дастгирии моддӣ, танҳо бо дарки масъулияти илмӣ ва ватандорӣ ба таклифи роҳбарияти Маркази исломшиносӣ розӣ шуда, даст ба ин кори вазнин заданд. Инак, нусхаи интиқодии он дар дасти хонандагон аст. Бо дарназардошти мазмун ва муҳтавои асар, сабки нигориш, тарзи баён, истифодаи қонунияти илмҳои мантиқ, ҳуқуқ, забони асримиёнагии арабии илмӣ ва ғ.ҳ. тарҷумаи асар ва истилоҳоти он мушкилиҳои муайянро пешорӯи мо овард. Тафовути матни арабӣ аз русӣ низ мушкилиҳои иловагиро барои тарҷумонон зам кард. Ба хотири камтар роҳ додан ба нофаҳмиҳо ва иштибоҳот нусхаи тарҷумакардаи олимони муҳтарамро бо тарзи ивазнамоӣ ба дигар тарҷумонҳо дар дохили гурӯҳи корӣ супурда шуд. Фикру ақидаҳоро роҷеъ ба мазмуни матни тарҷумаи якдигар устодон аз ҳамдигар гирифта, такроран сари муқоисаи матнҳои тарҷумашуда бо матни арабӣ машғул шуданд. Аз Академияи миллии илмҳо ду нафар олимони бо забони русӣ сару кор дошта, низ ҷиҳати муқоисаи матни русӣ бо матни арабӣ ва тоҷикӣ ҷалб гардиданд. Бо кӯмаки таҳриргарони «Нашриёти Ирфон» ва устодони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон матни тоҷикии тарҷумашуда аз назар гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин ҳама, хониши такрор ба такрори матни тарҷумашуда, гувоҳи он буд, ки ҳанӯз дар матн мушкилиҳои назарраси маъноӣ, забонӣ ва имлоӣ вуҷуд доранд. Гузашта аз он, тарҷумаи комили чунин як китоби илмӣ ва ақидавие, ки тамоми назару ғояҳои илмии фалсафаи Юнону Рим ва Ҳинди бостонро дар осиёби илми исломӣ дар самти худошиносӣ муттаҳид карда, бо далелу бурҳонҳои қавии мантиқӣ ва дигар илмҳои дақиқу иҷтимоӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами илмӣ ва ақидавӣ баёни назар намудааст, дар чунин як муҳлати кутоҳ ғайриимкон буд. Равшан аст, ки хеҷ як тарҷумаи китоб қиммати асли онро дода наметавонад, ин қонуният бо дарназардошти мушкилиҳои илмӣ ва соҳавии китоби мазкур дар ҳар як саҳифа ва ҷумлаҳои тарҷумашуда сахт эҳсос мегардад. Аз ин хотир, бо қарори дастаҷамъона гурӯҳи корӣ ба хулоса омад, ки нашри мазкурро ҳамчун нашри интиқодӣ ба тасвиб

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 50 кишвар ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд ва ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд. Ба андешаи Роҳбари давлати мо гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба уқёнусҳо алоқаманд набошад ҳам,  дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим нақши калидӣ дорад. Гуфта шуд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе”, дар давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ва  молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ба ҳам меоранд. Вобаста ба мушкилоти дигари сайёра – обшавии пиряхҳо андешаронӣ намуда, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза ба шумор мераванд, дар нигаҳдории экосистемаи глобалӣ нақши муҳим мебозанд. “Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст”, таъкид намуданд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зикр гардид, ки тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милал, ҳамзамон, 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад ва Тоҷикистон рӯзҳои 29-31 майи соли равон мизбони ҳамоиши аввалини байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо шуд. Президенти кишвар изҳор доштанд, ки чорабинии мазкур ба як платформаи муҳим барои баррасии тадбирҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо табдил ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи уқёнус ва захираҳои обро вазифаи тамоми кишварҳои ҷаҳон номида, изҳор доштанд, ки танҳо тавассути андешидани тадбирҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ амалӣ шуда метавонад. Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои ҳифзи экосистемаҳои соҳилӣ ва баҳрӣ ва минтақаҳои ташаккули манбаъҳои оби тоза теъдоди фондҳои глобалӣ ва ҳаҷми маблағгузориҳо афзун карда шаванд. Изҳори умед карда шуд, ки чорабинии имрӯза барои татбиқи уҳдадориҳои нав дар самти ҳифзи уқёнус ва мавҷудоти зериобӣ заминаи пойдору устувор хоҳад гузошт. 09.06.2025 Франсия

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид. Дар оғози суҳбат Эммануэл Макрон ба Президенти кишвари мо барои қабули даъват ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии Нитса арзи сипос намуда, нақши пешвоии Тоҷикистонро дар умури ҷаҳонии обу иқлим махсус таъкид карданд. Президенти Фаронса, ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистонро бо баргузории бомуваффақияти нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе табрику таҳният гуфтанд. Дар идома ҷонибҳо ба рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва технология, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву башарӣ, илму маориф ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд. Тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ унсури муҳими муносибатҳо номида шуд. Аз раванди рушдёбандаи шарикии кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони Милал, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамкорӣ дар масоили тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои таъсири он ба муҳити зист, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ”, солҳои 2025-2034 аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд. Мавқеи наздик ва ҳамсони кишварҳо оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, бахусус мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид гардид. Дар фароварди суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд. 09.06.2025 Франсия

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Ҳун Манет

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Камбоҷа баррасӣ гардид. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз 30 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳор доштанд, ки мо ҷонибдори тақвият бахшидани онҳо ҳастем. Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва бахши фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Роҳандозӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумонӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Дар чаҳорчуби робитаҳо дар созмонҳои байналмилалӣ аз дастгирии ташаббусҳои якдигар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таҳкими ҳамкорӣ дар масоили пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва таъмини устувории муҳити зист аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Дар фароварди суҳбат аз Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа даъват карда шуд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд. 09.06.2025 Франсия

Прокрутить вверх