Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайданварзода Раҳмоналӣ Сайданвар ва Иброҳимзода Муҳаббат Мирзовалӣ муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд. Аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассусу варзида сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии кумита, ҳамчунин сардорони  раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва вилоятҳои Суғду Хатлон таъин карда шуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба тақвияти омодагии доимии касбӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиию техногенӣ ва бартарафсозии пайомадҳои онҳо, омодасозии босифати кадрҳо ва ҷузъу томҳои наҷотдиҳӣ, баланд бардоштани тайёрии қисмҳои низомии соҳа, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаю таҷҳизоти дахлдор, омӯзиши забонҳои байналмилалию технологияҳои муосир ва ҳамчунин, доир ба тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан ва мардуми кишвар, ҳидоят намуданд.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз хоҷагии деҳқонии боғи Сомони шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Ҳоло дар хоҷагӣ майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар буда, ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷараён дорад. Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад. Шумораи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии боғи Сомон зиёда аз 1100 кас буда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 4 ҳазор сокин ба кори мавсимӣ даъват мешаванд. Ҳоло дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 барқарорсозии 50 гектар боғи куҳнаи ангури хоҷагии деҳқонии боғи Сомон ҷараён дорад. Бо ин мақсад ҷиҳати васеъ кардани имкониятҳои содиротӣ асосан ангури навъҳои шоҳона, президент, аватар ва кардинал шинонида мешавад, ки дар бозорҳои байналмилалӣ талабгорони зиёд доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, риояи нозукиҳои парвариш, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва афзунсозии имкониятҳои содиротӣ ҷалб карданд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо дастгирию таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар майдони 2 ҳазору 730 гектар токзори нав бунёд гардидааст, ки дар онҳо асосан навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд. Имсол токпарварони шаҳр аз майдони 3 ҳазору 970 гектар ҳосили ангур ҷамъоварӣ мекунанд. Аз ин майдонҳои васеъ бо истифода аз фаровонии ҳосил дар сардхонаи хоҷагии деҳқонии боғи Сомон то давраи сардиҳо 3 ҳазор тонна маҳсулот барои дар фаслҳои зимистону баҳори солҳои 2026-2027 ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардан, захира мешавад. Танҳо давоми бештар аз 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода 33 сардхонаи нав бунёд гардида, теъдоди онҳо ба 83 адад расонда шуд ва ҳоло барои захира кардани 26 ҳазору 470 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам омодааст. Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар, таҳкими ҳамкорӣ миёни илму истеҳсолот, мукаммалшавии таҷрибаи меҳнаткашон, муосиргардонии раванди кишту парвариши зироат боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гардид. Танҳо дар 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати муосиргардонии раванди истеҳсолот дар майдони 67,4 гектар гармхона бунёд гардида, имрӯз майдони умумии онҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 84 гектар расидааст. Ҳоло дар 4 фасли сол раванди кишту парвариши сабзавот таъмин аст, ки натиҷаҳо дар ин самт ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва қонеъгардонии талаботи бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои зимистону баҳор мусоидат кардааст. Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати содироти маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ дар анбору сардхонаҳо, дар як сол аз замин гирифтани 3 -4 ҳосил ба масъулину кишоварзони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дастуру ҳидоятҳо доданд. Пешниҳоди маҳсулот дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо таҷассумгари меҳнатдӯстии сокинони ин диёри зархез ва фаровонии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ буда, амалишавии намунавии ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияти ғизоӣ собит мекунад.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи 30 иншоот тариқи фосилавӣ ва муаррифии лоиҳаи бунёди 1 иншоот дар шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Умари Хайём оғоз бахшиданд. Дар корхонаи Амиго истеҳсоли пахтаи минералӣ, ки барои нагузаронидани гармиву хунукӣ, истифода мешавад, ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 40 ҳазор тонна мерасад. Дар ин ҷо барои 50 сокини маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Умеди Сафияро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи навтаъсис бо истифода аз технологияи муосири дӯзандагӣ ба истеҳсоли 10 намуд либоси мактабӣ машғул буда, барои 30 кас ҷойи нави корӣ фароҳам овардааст. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Муҳаммадзоҳид мебошад. Корхона дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 2 миллиону 600 ҳазор дона хишти аълосифат мерасад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 25 мутахассиси маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти дигаре, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар деҳоти Работ мебошад. Сардхона бо иқтидори нигоҳдории 5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар нигоҳдории маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин муассисаи томактабии хусусии Афсона ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Кӯдакистон аз 6 синфхона, 6 ҳуҷраи хобу истироҳат, 3 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва толори варзишии муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот дорои шароити муосир буда, барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Муассисаи томактабии хусусии IDT KIDS International низ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода сохта шуда, шароити фароҳамгардида дар он ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Иншоот барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст. Дар 12 синфхонаи кӯдакистон тамоми лавозимоти зарурӣ муҳайё гардида, шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода низ муассисаи томактабии хусусии Донояк ифтитоҳ гардид, ки дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Кӯдакистон бо тарҳи зебо ва шароити муосир сохта шуда, дар 4 синфхонаи муҷаҳҳази он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 120 кӯдак мавҷуд аст. Ҳамзамон бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури Истиқлол ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бинои боғча барои тарбияи зиёда аз 110 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъмории миллӣ мутобиқ ба шавқу завқи кӯдакон бунёд гардида, бо тамоми шароиту лавозимоти зарурӣ, мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон таъмин мебошад. Дар деҳаи Нақшбандони деҳоти 10-солагии Истиқлол низ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Марҷона ифтитоҳ ёфт. Ин муассисаи томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани зиёда аз  200 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Бино дорои 14 ҳуҷраи барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон аст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғчаи мазкур 22 мутахассиси маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бинои нави Маркази ҷавонон ва мактаби варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот аз се ошёна иборат буда, дорои 20 ҳуҷраи корӣ ва 6 толори варзишӣ мебошад. Дар иншооти мазкур 30 мураббӣ фаъолият карда, ба зиёда аз 800 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш тамрин медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатиро дар деҳоти 10-солагии Истиқлолият ифтитоҳ намуданд. Қасри фарҳанг дорои 230 ҷойи нишаст буда, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ ва адабӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар саҳни Қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ низ бунёд шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 35 метр насб гардида, атрофи он бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ зебу зинат дода шудааст. Боғи фарҳангию фароғатӣ бошад, бо тарҳи зебо ва муҳити дилнишин бунёд гардидааст. Ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Исмоили Сомонии деҳоти 10-солагии Истиқлол пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Мактаб баъд аз 30 соли фаъолият, ки ба таъмир ниёз пайдо карда буд, баъди азнавсозӣ барои 1700 хонанда дар ду баст имкони таҳсилро фароҳам овардааст. Яке аз иқдомҳои муҳим дар доираи навсозии муассиса бунёди 12 манзили истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон мебошад. Иншооти дигаре, ки тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, бинои ҷамоати деҳоти Сешанбе мебошад. Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Маҷмааи хизматрасонии сайёҳӣ ва хоҷагии моҳипарварии Аҳмад-гулмоҳӣ низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Масоҳати умумии маҷмаа 12,7 гектарро фаро гирифта, дар 3,7 гектари он пойгоҳи сайёҳӣ ташкил карда шудааст. Иншоот бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ин минтақа сохта шуда, аз 2 меҳмонхонаи замонавӣ бо 8 ҳуҷра, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 ифтитоҳ гардид. Бино аз ду ошёна ва 26 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 барои 1200 хонанда пешбинӣ шуда, дорои синфхонаҳои фаннӣ, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат мебошад. Ҳоло дар муассисаи мазкур ба 1070 хонанда 70 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дар деҳаи Асбоби деҳоти Работ низ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 66 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави мактаб дорои 24 синфхона буда, барои 1150 хонанда пешбинӣ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 115-ро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави соҳаи маориф дар деҳаи Нурафшон аз 32 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, озмоишгоҳ ва китобхона иборат буда, дар он мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1150 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар деҳаи 1

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 дар шаҳри Турсунзода

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар бунёд ёфта, барои 1920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур дорои 41 синфхона буда, аз ин шумора 21-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии лингофонӣ, биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳи таълимӣ ва толори маҷлис бо 144 ҷойи нишаст аст. Дар иншооти таълимӣ маркази инкишофи кӯдак барои қабули 60 наврас низ фаъолият мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва омӯзгорон даъват намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос намоянд. Баробари ифтитоҳи муассисаи таълимии муосир 45 мутахассиси соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода ба кор ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 44 омӯзгорро занону духтарон ташкил медиҳанд. Мактаб аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Расул Усмонзода бунёд гардида, туҳфаи арзишманд ба таълимгирандагон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати гарму самимӣ омӯзгоронро ба рушди илмҳои муосир, истифодаи самараноки техника ва технологияҳои нав, инчунин омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд. Дар ҳамин ҷо, ба масъулини ҷумҳуриявию шаҳрӣ оид ба соҳаи маориф дастур доданд, ки бо назардошти вуҷуди аҳолии узбекзабон дар шаҳри Турсунзода дар ин ҷо муассисаҳои таълимии узбекӣ ҳам бунёд намуда, бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ бо забони модариашон таъмин намоянд. Дар шафати бинои муассисаи навбунёд майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ низ омода шудааст. Саҳни муассиса пурра сабзкорию чароғон ва роҳравҳои он сафолакпӯш ардида, ба як макони зебо мубаддал шудааст. Хонандагони деҳоти атроф қаблан дар бинои солҳои пеш бунёдгардида таълиму тарбия мегирифтанд. Ба иттилои масъулин, ҳоло дар шаҳри Турсунзода 132 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 78 ҳазору 863 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар доираи сазовор истиқбол намудан аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду ба истифода додани 24 муассисаи соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 19 бинои таълимӣ бо 8 ҳазору 185 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ва ба истифода додани корхонаи Ноқили Турсунзода

14 август  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар масоҳати 14000 метри мураббаъ ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600  тоннаро ташкил медиҳад. Зимнан иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи навтаъсиси ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 30 ва дар маҷмуъ 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, дар он 5 хатти истеҳсолӣ мавҷуд мебошад. Ин ноқилҳо дар шабакаҳои барқии дохили биноҳо истифода мешаванд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар ин ҷо кор дар се баст сурат мегирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва коҳиши воридот баҳои баланд доданд. Дар оғози боздид иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни умумумиллӣ 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 530 иншооти нав сохта ба истифода дода шуд. Ин шумора аз нақшаи тасдиқгардида хело зиёд аст, зеро онро бунёди 460 иншоотро дар назар дошт. Дар ҳамаи иншоот дар маҷмуъ зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст. Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш карда шуд.

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо раиси ноҳияи Дарвоз

Субҳи 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси  ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Аснои суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи модари ҷавон Ятимзода Жасмина ҳамдардӣ баён намуда, барои расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд. Иттилоъ дода шуд, ки Ятимзода Жасмина 13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст. Вобаста ба ҳолати рухдода сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз намудаанд.

МАҚОЛАҲО

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»: таҳлили фалсафӣ – таърихӣ

Он масъалаи сулҳро аз доираи муносибатҳои байнидавлатӣ берун бурда, ба сатҳи масъулияти умумии инсоният мебарорад. Аҳамияти таърихии ин ташаббус дар чанд самт зоҳир мегардад: – якум, он таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистонро ба таҷрибаи байналмилалӣ пайваст менамояд. -дуюм, он аҳамияти пешгирии низоъҳоро бештар аз бартарафсозии оқибатҳои онҳо таъкид мекунад. -сеюм, он насли ҷавонро ҳамчун субъекти асосии ояндаи сулҳ муайян мекунад. -чорум, он робитаи байни сулҳ, рушди устувор ва ахлоқи инсонро нишон медиҳад. Аз нуқтаи назари улуми иҷтимоӣ бошад, чунин ташаббусҳо нишонаи тағйирёбии тафаккури башар мебошанд. Инсоният тадриҷан аз андешаи ҳалли масъалаҳо тавассути қувва ба андешаи ҳамкорӣ ва муколама мегузарад. Метавон гуфт, ки сулҳ ҳамчун арзиши ҳаётӣ дар ҳар давру замон масъалаи меҳварӣ дар ҷомеа аст ва мемонад. Асри XXI дар баробари пешрафти бузурги илмиву технологӣ, давраи пайдоиши таҳдидҳои нав мебошад. Гарчанде рушди технология имкониятҳои бесобиқа барои ҳамкории байни инсонҳо фароҳам овардааст, дар ҷаҳон ҳанӯз низоъҳои сиёсӣ, бархӯрдҳои фарҳангӣ, ифротгароӣ, терроризм ва мушкилоти иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Дар чунин шароит, масъалаи ҳифз ва таҳкими сулҳ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, гузариш аз «фарҳанги ҷанг» ба «фарҳанги сулҳ» яке аз равандҳои муҳимтарини таҷрибаи муосир мебошад. Сулҳи асри XXI бояд дорои хусусиятҳои нав бошад. Он бояд на танҳо ба набудани ҷанг, балки ба мавҷудияти шароити муносиб барои зиндагии шоистаи инсон асос ёбад. Яъне, сулҳ бо мафҳумҳои адолат, рушди устувор, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамкории байналмилалӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» маҳз чунин фаҳмиши васеи сулҳро ифода мекунад. Он таъкид менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои ташаккули муҳити осоишта на танҳо имрӯз, балки барои ояндаи башарият низ масъулият дошта бошад. Аммо, дар мавриди ҷавонон ва ҳифзи сулҳ барои оянда ҳаминро метавон гуфт, ки дар масъалаи таҳкими сулҳ нақши ҷавонон хеле муҳим мебошад. Ҷавонон насли ояндасоз буда, ҷаҳонбинии онҳо ба самти рушди ҷомеа таъсири мустақим мерасонад. Агар дар байни ҷавонон фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ташаккул ёбад, заминаи сулҳи устувор мустаҳкам мегардад. Аз дидгоҳи таърих, ҳар як насл на танҳо қабулкунандаи мероси гузашта, балки офарандаи таърихи оянда мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ вазифаи муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин самт маориф нақши калидӣ дорад. Омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафа ва арзишҳои ахлоқӣ метавонад ба ҷавонон имконият диҳад, ки сабабҳои пайдоиши низоъҳоро дарк намуда, роҳҳои осоиштаи ҳалли масъалаҳоро интихоб намоянд. Дар анъанаи исломӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ донишомӯзӣ, ахлоқи нек, эҳтироми калонсолон ва ғамхорӣ нисбат ба ҷомеа аз арзишҳои муҳими инсонӣ мебошанд, ва арзишҳои исломӣ бо принсипҳои муосири сулҳсозӣ мувофиқат доранд. Арзиши дигар муколама мебошад. Таърихи тамаддуни исломӣ нишон медиҳад, ки дар давраҳои гуногун робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни намояндагони тамаддунҳои гуногун вуҷуд доштанд. Ин таҷриба аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи фарҳангиро нишон медиҳад. Ҳамчунин мафҳуми бахшиш ва оштӣ дар таълимоти исломӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҷомеае, ки метавонад байни аъзои худ сулҳу оштиро таъмин намояд, барои рушди устувор имкониятҳои бештар дорад. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ дар замони муосир метавонад аз ҳамкории байни арзишҳои маънавии динӣ ва принсипҳои ҳуқуқии байналмилалӣ манфиат гирад. Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷониби кишварҳо дастгирӣ ёфт. Он нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки таҷрибаи таърихии мубориза барои сулҳро доранд, метавонанд дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонии сулҳ саҳми арзанда гузоранд. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон собит менамояд, ки ҳалли низоъҳо танҳо тавассути қувва имконнопазир аст. Роҳи асосӣ гуфтушунид, эътимодсозӣ ва дарки манфиатҳои умумӣ мебошад. Дар оянда низ масъалаҳои зерин аз ҷумла, рушди фарҳанги муколама байни миллатҳо ва тамаддунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пешгирии ифротгароӣ тавассути таълиму тарбия, ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ инсонпарварӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Дар ин раванд, таҷрибаи Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи муҳим барои омӯзиши равандҳои сулҳсозӣ хизмат намояд. Дар охир чунин хулоса бояд кард, ки қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, фалсафӣ ва маънавӣ мебошад. Бори дигар ёдовар кардан ба маврид аст, ки ин ташаббус масъалаи сулҳро аз доираи муносибатҳои байнидавлатӣ берун бурда, онро ҳамчун масъулияти умумии инсоният пешниҳод менамояд. Инсон аз дарки оқибатҳои ҷанг ва низоъҳо бояд ба фарҳанги ҳамкорӣ, таҳаммул ва муколама гузарад. Сулҳ барои наслҳои оянда танҳо ҳадафи сиёсӣ нест, балки вазифаи ахлоқӣ ва таърихии тамоми инсоният мебошад. Ҳамин тавр, ҳифзи сулҳ ин ҳифзи худи ояндаи башарият аст. Ҷомеае, ки сулҳро ҳамчун арзиши олӣ қабул мекунад, имкони бештар дорад, ки ба рушди устувор, пешрафти маънавӣ ва ҳамзистии созанда ноил гардад. Рӯйхати адабиёти истифодашуда Қуръони карим. Кант И. «Сулҳи абадӣ». Асарҳои фалсафӣ оид ба фалсафаи таърих ва рушди ҷомеа. Ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанги сулҳ ва амнияти байналмилалӣ. Санадҳо ва маводи марбут ба таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон. Асарҳои муҳаққиқони исломшинос оид ба мафҳумҳои сулҳ, адолат ва ахлоқ дар ислом. Маводи илмӣ оид ба нақши дин ва фарҳанг дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ. Исоев Н.сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Ислоҳот дар Арабистони Саудӣ: заминаҳо ва омилҳои иҷтимоӣ

Тайи даҳсолаи охир баъди ба сари ҳукумати кишвари Арабистони Саудӣ омадани Шоҳзода Муҳаммад бини Салмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди тағиротҳои куллӣ дар умури давлатдории ин кишвар гардида истодаанд. Шоҳзода тавонист низомеро, ки даҳсолаҳо дар Арабистони Саудӣ ҳукмронӣ менамуд ва ҳама сохторҳо: – сиёсат, иқтисод, маориф, додгоҳҳо, фарҳанг, иҷтимоиёт, мақоми занон ва ҳатто мавъизаҳои динӣ таҳти қудрати он қарор дошт, тағйир диҳад. Умури асосӣ ва муҳиме, ки дар ин давра Валиаҳд анҷом дод, бешубҳа аз сари қудрат дур сохтани рӯҳониёни ваҳҳобимаоб маҳсуб меёбад. Мавсуф моҳи октябри соли 2017 эъломияеро интишор намуд, ки дар он бозгашти Арабистони Саудиро ба “исломи мӯътадил ва боз будани кишвар барои ҳама динҳо” эълом намуд. Сараввал ҷомеаи ҷаҳонӣ ин падидаро танҳо як изҳорот қабул намуданд. Аммо бо гузашти вақти муайян собит гардид, ки ин на танҳо як изҳороти сиёсӣ балки як барномаи хеле мушаххаси ояндаи ин кишвар будааст. Баъди пахши ин баёния пеш аз ҳама, ӯ пулиси диниро аз қудратҳои қаблии дар даст доштааш маҳрум сохт. То ин давра, афсарони ин сохтор аз ҳуқуқҳои зиёде бархурдор буданд. Онҳо салоҳияти онро доштанд, ки дилхоҳ шахсро дар хиёбону бозорҳо боздошта, пурсупос кунанд, либоси занонро тафтиш кунанд, суҳбати мардон ва занони номаҳрамро назорату пешгирӣ кунанд, фурўшандаҳои мағозаҳоро маҷбур созанд, ки вақти намоз дари дукон ё мағозаи худро баста ба намоз раванд, яъне ба ҳаёти шахсии шаҳрванд дахолат мекарданд. Акнун дар тибқи дастури Муҳаммад бини Салмон, ваколатҳои бисёре аз ин сохторҳо гирифта шуд, ба таври назаррас ҳуқуқи онҳо маҳдуд карда шуда, қисме аз ин идораҳо пурра барҳам дода шуданд. Яъне низоме, ки ҳуқуқи муайян кардани раванди зиндагӣ дар ҷомеа дошт, аз бурда шуд. Илова бар ин бисёр, маҳдудиятҳое, ки даҳсолаҳо тағйирнопазир ҳисобида мешуданд, аз байн рафтанд. Аз ҷумла, ҳуқуқи занон васеъ карда шуда, ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки ба корҳои писанди худ машғул шаванд ва минбаъд занони болиғ метавонанд бе иҷозати парастори худ шиноснома гирифта ба дохил ё хориҷи кишвар ба сафар бароянд. Ҳуқуқҳои онҳо дар робита ба кор, бақайдгирии таваллуд ва баъзе масъалаҳои оилавӣ васеъ карда шуданд. Айни замон занон ба таври назаррас бештар дар муассисаҳои давлатӣ, тиҷорат, тиб, ҳавонавардӣ ва бахши хизматрасонӣ кору фаъолият карда истодаанд. Дар саросари кишвар маъмурияти намоиши кинофильмҳо, консертҳо, фестивалҳо ва чорабиниҳои фароғатию оммавӣ ба кор оғоз намуданд. Аз ин ба баъд мардону занон дар якҷоягӣ метавонанд дар фазои озод дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ ширкат дошта бошанд. Дар пойтахти кишвар шаҳри Риёз ҳамасола даҳҳо чорабиниҳои сатҳи гуногун доир мегардад, аз ҷумла намоишҳои байналмилалии мӯд, консертҳо ва намоиши асарҳои рассомон доир карда шуданд, ки ҳамагӣ даҳ сол пеш ин кор тасаввурнашаванда буд. Мавриди таъкид аст, ки муҳимтарин таҳаввулотҳо натанҳо дар хиёбону кучаҳо рух медиҳанд. Валиҳад тадриҷан сохтори давлатро такмилу тағйир дода истодааст. Аз нигоҳи таърихӣ, қудрати сулолаи Оли Сауд бо авлоди паёмбар Муҳаммад ибни Ваҳҳоб такя мекарданд ва монархия давлатро идора менамуд, дар ҳоле ки ниҳодҳои динӣ таъсир ва нуфузи бузурге ба соҳаҳои маориф, фарҳанг, додгоҳҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ доштанд. Акнун ин иттифоқ дигар дар шакли қаблии худ вуҷуд надорад. Рӯҳониён, ки сохти идораи давлат дар дасти онҳо буд, таҳти назорати давлат қарор гирифтаанд. Имомҳо, хатибон, қозиҳо ва кормандони мақомоти динӣ дигар наметавонанд мустақилона самти кишварро муайян кунанд; онҳо вазифадоранд хатти муайянкардаи монархияи навро, ки Валиаҳд намояндагӣ мекунад, пайравӣ кунанд. Ҳарчанд дар як давраи кутоҳ татбиқи ҳамаи дастурот ғайриимкон аст ва мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, аммо асос ҳамин, ки самти равиши давлат муайян аст. Давлат намехоҳад ҳамон идеологияеро, ки даҳсолаҳо тавассути мактабҳо тарғиб ва амалӣ мешуд ва як тафаккури шахшудаи таассубгароиро ташаккул медод, идома ёбад. Зеро он ба ҷуз қафомндагӣ чизе ба мардум надод. Ҳатто таъйини муфтии нави кишвар дар соли 2025 рамзӣ гардид. Бори аввал ин вазифаро шахси берун аз аҳли авлоди мустақими Муҳаммад ал-Ваҳҳоб ишғол намуд. Боиси тазаккур аст, ки муфтии навтаъин ҳам як шахсияти хеле мулоҳизакор боқӣ мемонад. Ӯ ба аксарият, ки ҷонибдори равияи ҷараёни ваҳобия мебошанд, набарди ошкоро оғоз накард, балки тадриҷан тавозуни қудратро дар дохили низом тағйир дода, рӯҳониёни андешаи ваҳобия доштаро аз қудрати воқеӣ маҳрум карда истодааст. Дар ҷомеаи суннатӣ якхела ислоҳоти иҷтимоиро амалӣ кардан ғайриимкон аст. Дар баъзе соҳаҳо тағйироти босуръат ба амал меоянд ва мақомот ба таври возеҳ ақибнишинӣ мекунанд ё дар баъзе самтҳо эҳтиёткорона амал мекунанд. Масалан, то ҳол машрубот барои аксарияти кулли аҳолӣ мамнӯъ боқӣ мемонад, аммо соли 2024, аввалин мағозаи назоратшавандаи фурўши машрубот барои шаҳрвандони ғайримусалмон дар маҳаллаи дипломатии шаҳри Риёз кушода шуд. Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти кишвар шаҳри Риёз сухан аз сохтани калисо ва ибодатгоҳи масеҳӣ меравад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ дар гузориши соли 2026-и худ, Арабистони Саудиро дар байни кишварҳое, ки озодии диниро шадидан поймол мекунанд, ҷой додааст, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин таъкидҳо, нуктаи асосиро наметавон инкор кард: Муҳаммад бини Салмон кореро анҷом додааст, ки қариб ҳеҷ як ҳокими Саудӣ пеш аз ӯ ба ин кор ҷуръат накарда буд. Ӯ қадам ба қадам низоми қаблиро, ки дар он рӯҳониёни ултраконсервативӣ қудрати ташаккули ҳаёти тамоми кишварро доштанд, аз байн бурда истодааст. Аён аст, ки ӯ исломро барҳам доданӣ нест ва динро аз давлат бо роҳи Ғарбӣ ҷудо накардааст ва ҳеҷ сабабе барои ин вуҷуд надорад. Аммо ӯ кори дигареро анҷом дода истодааст: динро аз манбаи мустақили қудрат ба абзори тобеи давлат табдил медиҳад. Ва маҳз аз ҳамин сабаб тағйирот барои наслҳои нави саудиён тадриҷан ва ноайён ба амал меоянд. Дар чунин ҷомеаи амиқан динӣ ва консервативӣ, як таҳаввулоти ногаҳонӣ дар сиёсати анъанавӣ метавонист боиси низоъҳои бузурги дохилӣ гардад. Аммо Муҳаммад бини Салмон роҳи дигареро пеш гирифт яъне, аввал ӯ рӯҳониёни собиқро аз қудрат маҳрум намуд, сипас ҳаёти ҳаррӯзаро тағйир дода, сипас бо ҳамин васила соҳаи маориф, қонунгузорӣ, рисолату ҳуввияти таърихии миллат ва худи дурнамои ояндаи кишварро тағйир дода истодааст. Ҳануз аз як даҳсола сипарӣ нашуда бошад, ҳам симои маънавии Арабистони Саудӣ аллакай комилан дигар хел ба назар мерасад. Занон дар баробари мардон ба корҳои писандидаи худ машғуланд, одамон озодона ба кино, театр, музей, боғҳои фароғатӣ ва консертҳо мераванд, сайёҳони хориҷӣ ба кишвар меоянд ва аз ҷойҳои таърихӣ дидан мекунанд. Мусаллам аст, ки ин кишвар ҳанӯз давлати дунявӣ нест, аммо аниқ Арабистони Саудии қадимаи ваҳҳобӣ ҳам нест. Инро бояд эътироф намуд, ки кишваре, ки

МАҚОЛАҲО

Ислоҳоти динӣ ё манъи фаъолияти Ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ, ки дар олами ислом ва мусулмонони ҷаҳон ҳамчун гаҳвораи тамаддуни дини ислом шинохта шудааст айни ҳол дар ҳолати аз сар гузаронидани тағйироти ҷиддӣ ё ислоҳоти динӣ қарор дорад. Хеле ҷолиб аст ки ташаббускори ин иқдом худи Шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон мебошад. Дар маҷму ислоҳоте, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Шоҳзодаи валиаҳд амалӣ карда мешаванд, бештари соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ фарҳангӣ ва сиёсӣ-диниро фаро мегиранд. Тафсири арзишҳои исломӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти Муҳаммад бин Салмон як масъалаи мураккаб ва бисёрҷониба буда, ҳам дастгирӣ ва ҳам интиқодро ба худ ҷалб мекунад. Ҳанӯз соли 2016 дар Арабистони Саудӣ як барномаи пурсарусадо бо нми “Диди 2030”(«Видение 2030».) муаррифӣ гардид ки ба таҷдиди ҷомеаи Арабистони Саудӣ равона шуда буд. Албатта ташаббускори ин барнома ки ислоҳоти куллии ҷомеи арабиро тақозо мекард, шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, ки амалан кишварро идора мекард, буданд. Яъне пас аз 80-соли таъсиси давлат, Арабистони Саудӣ асосан ба тағйири идеология даст зад, ки амалан мазмуни ба охир расидани ҳукмронии ваҳҳобияро дошт. Ҳамин тавр Шоҳзода дар моҳи марти соли 2022 дар шарҳи ислоҳоти дар кишвар амалишаванда чунин таъкид намуд: “Мо ба таълимоти воқеии ислом, ба тарзи ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва чор халифаи ростқавл, ба ҷомеаи кушода ва осоишта бармегардем.” Муҳаммад бин Салмон дар бораи гузаштаи кишвараш ва зарари қарори сиёсии такя ба Ваҳҳобияро ба Арабистони Саудӣ эътироф мекунад. “Дар солҳои 1950 ва 1970, “Мо замони хеле душвор доштем.” Мо як лоиҳаи пан-арабӣ, инчунин дигар лоиҳаҳои сотсиалистӣ ва коммунистӣ доштем – дар баробари дигар лоиҳаҳо дар минтақа. Дар он вақт, ба бисёр гурӯҳҳои экстремистӣ имкон дода шуд, ки ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ ворид шаванд ва ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва дастгоҳи маъмурӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин боис шуд, ки оқибатҳои даҳшатнок ба амал оянд ва мо шоҳиди онҳо шудем”, – иқрор шуд ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш. Ба гуфтаи ӯ, худи Арабистони Саудӣ қурбонии радикалҳо ва “ҳадафи асосии лоиҳаҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон” шуда буд. Ислоҳоте, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии шоҳзодаи валиаҳд амалӣ карда шуданд, ба бисёр соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва динӣ дахл доранд. Аз ҷумла дар доираи ин ислоҳот дар робита бо арзишҳои исломӣ: Суст кардани меъёрҳои иҷтимоӣ, ба монанди такмили ҳуқуқи занон барои иҷозат додан ба ронандагӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ва сабук кардани низоми васоят аксар вақт ҳамчун қадаме ба сӯи додани шаъну шарафи бештар ва имкониятҳо ба занон, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили кушодани кинотеатрҳо, баргузории консертҳо ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ ҳамчун кӯшиши гуногунрангтар ва гуворотар кардани ҳаёти мусулмонони ин кишвар ки бо принсипҳои исломии адолат ва баробарӣ дар назди Худо мувофиқ аст, тафсир карда мешаванд. Тағйироти иқтисодӣ, ки ба коҳиш додани вобастагӣ аз нафт ва рушди дигар бахшҳо, аз қабили таъмини некӯаҳволӣ ва ояндаи наслҳо, ҳамчун принсипи муҳими исломии ғамхорӣ ба наздикон ва ҷомеа равона шудааст. Ҷалби сармоягузорӣ бошад ба кушодани кишвар ба сармоягузории хориҷӣ ва сайёҳӣ ҳамчун роҳи беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ дида мешавад, ки инчунин бо идеяи ғамхорӣ ба некӯаҳволии мардум мувофиқ аст. Вале масъале, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд, ислоҳоти динӣ мебошад, ки барои ватани бумии ислом албатта боиси нигаронӣ мебошад. Стратегияи нави роҳбарияти кишвар ин аз нав дида баромадани асосҳои ҳувияти миллӣ мебошад, ки таъкидро аз тамаркузи танҳо динӣ ба омезиши давлатдорӣ, миллатгароӣ, пешрафти иқтисодӣ ва муосирсозӣ интиқол медиҳад. Пас бешубҳа дар ин ислоҳот симбиози таърихие, ки байни сулолаи ҳукмрони Оли Сауд ва ҷунбиши динии ваҳҳобӣ, ки ҳамчун сутуни қонуният ва суботи иҷтимоӣ хидмат мекард, мавриди тағйирот қарор мегирад. Муҳаммад бин Салмон борҳо дар бораи талош барои “Исломи мӯътадил”-и озод аз экстремизм сухан гуфтааст. Ин ҳамчун бозгашт ба принсипҳои аслӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳофаринии ислом, рад кардани тафсирҳои тундравона, ки ба зӯроварӣ ва таҳаммулнопазирӣ оварда расонидаанд, тафсир карда мешавад. Албатта худи ин принсип ба идеологияи ваҳобия аллакай мухолиф мебошад. Ҳачунин дар ислоҳоти динии Муҳаммад бин Салмон кушиш барои “Исломи мӯътадил”-и озод аз экстремизм ба назар мерасад. Аз ҷумла маҳдуд кардани таъсири пулиси динӣ, заиф кардани қудрати пулиси динӣ ва маҳдуд кардани таъсири руҳониёни тундрави динӣ аз ҳамин қабиланд. Ин ҳамчун кӯшиши озод кардани ҷомеа аз догматизм ва имкон додани тафсири васеътари матнҳои динӣ тафсир карда мешавад. Бо вуҷуди ҳамин ин ташаббуси ислоҳотхоҳонаи Муҳаммад бин Салмон тарафдорону мунаққидони худро дорад. Тарафдорони ислоҳот онҳоро ҳамчун як таҳаввулоти пешрафта, ки бо рӯҳияи замон ва арзишҳои аслии исломии адолат, раҳмат ва ғамхорӣ ба некӯаҳволӣ мувофиқ аст, мебинанд. Ба ақидаи ин коршиносон ислоҳот барои муосирсозии кишвар ва беҳтар кардани зиндагии шаҳрвандон равона шудаанд ва дар айни замон ба асосҳои ахлоқии ислом такя мекунанд. Мунаққидон бошанд, ба риёкорӣ ишора намуда, изҳор медоранд, ки ислоҳот ба ҷои либерализатсияи воқеӣ, барои тақвияти қудрати сулолаи Оли Сауд ва қонунӣ кардани монархия хизмат мекунанд. Баъзеи онҳо ҳатто таъкид мекунанд, ки ислоҳот боиси аз меъёрҳои анъанавии исломӣ дур шудани мардум ва коста шудани ҳувияти динӣ мегардад. Албатта ислоҳоти пешгирифтаи Муҳаммад бин Салмон кӯшише барои тағйир додани Арабистони Саудӣ ва ба талаботи иҷтимоии ҷомеаи асри ХХ! ҷавобгу намудани он аст. Ин шояд ҷанбаи калидӣ бошад. Муҳаммад бин Салмон борҳо хоҳиши худро барои дур шудан аз тафсирҳои тундрав ва радикалии ислом, ки ба назари ӯ боиси ифротгароӣ ва хушунат шудаанд, баён кардааст. Ҳадаф аз ин ислоҳоти динӣ бозгашт ба модели исломи таҳаммулпазир, кушода ва осоишта аст, ки онро исломи аслӣ меҳисобад. Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳромбеков Д.А.

МАҚОЛАҲО

ИСЛОҲОТ РОҲИ ЯГОНАИ РУШДИ ҶОМЕА АСТ

Ҳар як ҷомеа, фарҳанг, дин новобаста аз моҳияту мазмун ё сохтор дар ҳар давру замон ислоҳотро дар шаклҳои гуногун аз сар гузаронданд. Ислом ҳам дар баробари дигар динҳо ислоҳоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, ки самтҳои хеле гуногун доранд. Ислоҳоти модернистӣ ва рационалистӣ як ҷараёни пуриқтидор дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷаҳони ислом буда, намудҳои гуногуни “ислоҳот” бо роҳҳои гуногун ҳамкории доимии мактабҳои исломиро роҳандозӣ мекард. Ислоҳоти муосир дар соҳаи ҷамъиятӣ имконпазир ва ҳам хеле зарур аст. Аммо, барои баъзе гуруҳҳои таассубгарои динӣ ин раванд писанд нест. Масалан, ваҳҳобиён, мисли католикҳои асримиёнагӣ ислоҳотро дар ҳаёти динӣ намепазируфтанд ва бозгашт ба иҷрои бечуну чарои Навиштаҳои Муқаддас талаб мекарданд. Барои гуруҳҳои бунёдгарои исломӣ ҳукм кардан ба “фосид” ва бидъаткор дар нисбати эхтироми авлиёҳо, зиёрати қабрҳо, таълимоти тасаввуф ва инчунин расму оинҳо ва мазҳабу фирқаҳои дигар як падидаи муқарраӣ аст. Барои ин гуруҳҳо муҳим нест, ки аз ин ислоҳот мусулмонон чӣ ба даст меоранд. Барои онҳо басанда аст, ки ислоҳот ба тафаккур ва ҷаҳонбинӣ, назарҳои иҷтимоӣ ва равонии онҳо мувофиқат намекунанд. Пас ҷомеаи мусулмонӣ набояд ислоҳот кунад ва пеш равад. Агар нигоҳ кунем, ислоҳоти протестантӣ ҳам дар аввал дар шакли пурра либералӣ набуд. Баъзе унсурҳои “фундаментализм” дошт, ки баъдан дар шаклҳои нав дар ҷомеаи исломӣ ҳам мавриди амал қарор гирифтанд. Мазҳаби католикӣ, ки бар асоси салоҳияти калисо ва иерархия асос ёфта буд, ба ислоҳоти ҷиддӣ рӯ наовард то ҳол чунин сохтори қабулшудаи асрҳои пешин идома дорад. Худоро тавассути расму оинҳо ва маросимҳое, ки коҳинон анҷом медоданд, парастиш мекунанд ва мешиноснад. Наҷот танҳо тавассути итоат ба онҳо имконпазир ҳисобида мешуд.1. .https://www.opendemocracy.net/…/sam…/islamic-reformation Муҳаққиқ Эрнест Геллнер, муддати тӯлонӣ шабоҳат ва фарқияти байни протестантизм ва исломи ортодоксро таҳқиқ намуда, изҳор дошт, ки ислоҳот метавонад дар шакли нав онҳоро муаррифӣ намояд. Ин олим симметрияи оинагиро байни ду соҳили баҳри Миёназамин пешниҳод кардааст: Аврупои масеҳӣ калисои муташаккил бо зангӯлаҳо ва шамъҳо, маросимҳои мураккаб, иерархияи пурғавғо, дуои доимии роҳибон, дар ҳоле ки чунин навиштаҷоти сахтгирона бо ислоҳоти протестантҳои мухолиф буд. Дар тарафи дигари баҳр исломи ортодоксӣ, сахтгирона бо навиштаҷоти мустанад ва афкори ғайримаъмулӣ буд. Дар тӯли таърихи аксари кишварҳои исломӣ, марказу ташкилотҳои гуногуни тарғиботӣ вуҷуд доштанд. Муҳим аст, ки инҳо намунаҳои созмони иҷтимоиро ташкил медоданд, ки бар болои ҷомеа ҳукмрон буданд. Дар чунин ҳолат, сатҳи тафаккури динӣ байни ҷамоатҳои динӣ ва минтақаҳои деҳотӣ ё қабилавӣ ва миллӣ куллан аз ҳам фарқ мекард. Агар дар Африқои Шимолӣ Миср, Ироқ ва Сурия сулолаҳои суфиён ҳамчун миёнарав пеши роҳи низоъҳои байниқабилавӣ ва диниро мегирифтанд, дар баъзе қисматҳои дигар масалан, дар Арабистони Саудӣ мубаллиғони ваҳҳобӣ кушиш мекарданд, ки тамоми ин мактабу мазоҳиби диниро решакан кунанд. Зеро сарвати назаррас дар шакли вақфҳо ба дасташон буд ва пешвоёни онҳо бо қудратҳо робитаҳои назаррас доштанд. Ин баъзан эътирозҳои уламоро ба вуҷуд меовард, ки дар байни онҳо машҳуртаринаш Ибни Таймия (1263-1328) буд. Ӯ рақобати сахте бо муаллимони тасаввуф дошт, зиёрати равзаи Паёмбар ва авлиёро ва бахусус маросимҳои зикрро куллан ба бидъат маҳкум мекард. Ӯ боварӣ дошт, ки ҳамаи ин ширк, яъне ворид кардани худоёни дигар ба Худои ягона аст. Муқовимати Ибни Таймия бо суфиён як қатор мушкилотҳои навро вориди ҳаёти динии кишварҳои мусулмонӣ кард. Парадоксӣ аст, ки қабри худи ӯ ба макони ибодати салафиҳои муосир табдил ёфт. Таълимоти Ибни Таймия қисми таъсирбахштарини таълимоти илоҳиётӣ ва ҳуқуқии давлати муосири Саудӣ ва рӯҳониёни Саудиро ташкил медиҳанд. Чунин ҳамлаҳои рӯҳониёни қатъӣ ба ҳаракатҳои мазҳабӣ ва суфӣ дар таърихи мусалмонон давра ба давра такрор мешаванд. Сарнавишти чунин воизон аз тавозуни қудрат ва сарпарастии эҳтимолии афроди бонуфуз вобаста аст. Аммо, ҷомеа ҳамеша дар зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад, бо гузашти вақт падидаҳои нав пайдо мешаванд. Дар чунин маврид ҷомеа ба ислоҳот ночор рӯ меорад. Агар аз доираи таассуби динӣ берун набарояд, аз дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва илму технология ақиб мемонад. Пас дар кадом шакле набошад, ислоҳот зарурати айнӣ дар кишварҳои мусулмоннишин аст. Ислоҳот ин тасдиқи андешаҳои нав дар муқобили ортодоксии лафзӣ ва амалӣ, аммо дар заминаи комилан дигар аст. Ва ин як падидаи даврӣ аст. Навовариҳо дар таълимот ва қонун қисми модернизатсияи сиёсӣ ва фарҳангӣ буданд, ки ҳадафи он мутобиқ кардани ислом бо ҷомеа, фарҳанг ва сиёсати муосир буд. Намунаи амалии ислоҳоти муосир ин ислоҳоти давлати Туркия буд. Қонуни давлат ба таври расмӣ қабул ва татбиқ мешавад, қонуни шаҳрвандӣ, ва қавонини иҷтимоӣ ба расмият дароварда шуд, ки меъёрҳои шариатро низ дар мавриди зарурат дар бар мегирифт, Инчунин ислоҳотхоҳони дигар, мухолифони гегемонияи қудратҳои авкирупоӣ дар ҷаҳони ислом буданд ва мисли миллатгароёни дунявӣ, наҷоти мардуми исломиро ба ҳамон тарзе медиданд, ки Аврупо бартарии худро ба даст овард, илми табиӣ, рационализм, ислоҳоти иқтисодӣ ва низомӣ ва ташкили оқилонаи давлат ва ҷомеа. Онҳо изҳор доштанд, ки ҳамаи ин бо ислом комилан мувофиқ аст, на бо исломи фасодзадаи чунон ки онҳо медиданд, балки бо исломи аслии Паёмбар. Онҳо мафҳуми модернистиро бо исломи аслӣ як хонданд. Дин дар аслаш аз илм ва дониш ҳимоят мекунад. Аммо ва аз байн бурдани “қафомондагӣ” ва фасоди ахлоқӣ маънавӣ ва фарҳангие, ки дар натиҷаи садсолаҳо нодуруст шакл гирифтааст, кори осон нест. Вобаста ба вазъи кунунӣ яке аз кишварҳои меҳварии минтақа Аарабистони Саудӣ низ рӯ ба ислоҳот оварда, расман таъкид намудааст, ки аз таълимоти ваҳҳобияи таассубгаро канорагирӣ мекунад. Шояд ин дарки воқеъияти зиндагӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Зеро ягон кишвар аз раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳо дар канора буда наметавонад. Технологияяи муосир ҷаҳони гуногунро бо ҳам пайвастааст, ки омезиши арзишҳо як падидаи доимӣ шуда истодааст. Агар пештар ҷараёни ваҳҳобия дар бораи ислоҳот шунидан намехост, имрӯз ба ҷуз ислоҳот роҳи дигар пешбурди давлатдориро пайдо накард. Ишораҳои Шоҳи Арабиситони Саудӣ дар бораи ислоҳот дар самти муносибати давлат ба дин, таъмини ҳамзистии арзишҳо ва фарҳангҳо, рушди сайёҳӣ, тағйири низоми таълим дар мактабҳо, боздиди иштироки занон дар ҳаёти ҷомеа бори дигар исбот намуд, ки ислоҳот на танҳо дар кишварҳои мусулмоннишин имконпазир аст ва зиёда аз ин ислоҳот роҳи ягонаи рушд ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми мусулмон аст. Котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М. А.

Прокрутить вверх