Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Мақоми таҳаммулпазирӣ дар андешаи мутафаккирони муосир

Назарияи таҳаммул ё таҳаммулпазирӣ дар осори донишмандони муосир яке аз мавзӯъҳои муҳими фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар замони муосир аҳамияти бузург пайдо кардааст. Ин назария нисбат ба ақидаҳо, эътиқодҳо, фарҳангҳо ва зиндагии дигарон дахл дорад ва бар пояи арзишҳои ҳамзистӣ, озодии фикр ва эҳтиром ба дигарон бунёд ёфтааст. Дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст, таҳаммулпазирӣ барои нигоҳ доштани субот ва рушди ҳамзистии фарҳангҳо хеле муҳим аст. Таҳаммул ба паст кардани сатҳи ихтилофҳо, нажодпарастӣ ва гуногунандешӣ мусоидат менамояд. Олимони муосири тоҷик, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар осори таърихӣ ва адабиашон масъалаи таҳаммулро бо назардошти шароити замон таҳлил кардаанд. Садриддин айнӣ яке аз олимони машҳури муосири тоҷик мебошад. Макоми таҳаммулпазирӣ дар осори ӯ ҷойгоҳи хос дорад ва дар баробари мубориза бар зидди зулму ҷаҳолат, арзишҳои инсонпарварӣ, баробарӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд. Дар осори Айнӣ таҳаммулпазирӣ на танҳо як арзиши ахлоқӣ, балки як унсурӣ зарурии рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Садриддин Айнӣ ҳамчун нависандаи замони бедории миллӣ, ҳамеша бар зидди тафриқаи миллӣ ва мазҳабӣ сухан мегӯяд. Дар асарҳои ӯ, повестҳои «Одина», «Марги судхӯр», «Дохунда», «Ғуломон» паёмҳои баробарӣ ва эҳтиром ба ҳама инсонҳо ба таври равшан ифода ёфтааст. Дар осори Айнӣ, таҳаммулпазирӣ бо маърифат ва дониш ҳамзист аст. Қаҳрамононаш аксаран аз роҳи таҳсил ва дониш ба ҳақиқат мерасанд. Барои ҳамин, ӯ таҳаммулпазириро ҳамчун як хислати шахси донишманд ва бедор тасвир мекунад. Олим бо осори худ на танҳо адолат ва озодиро таблиғ кардааст, балки таҳаммулпазириро низ ҳамчун арзиши муҳими инсонӣ тарғиб намудааст. Ӯ бо эҷодиёти худ заминаи ғоявӣ-тарбиявӣ барои як ҷомеаи таҳаммулгаро ва фарҳангпарвар гузоштааст. Бобоҷон Ғафуров таърихнигори барҷастаи тоҷик буда, назарияи таҳаммулпазирӣ дар осораш яке аз мавзӯъҳои муҳими андешаи иҷтимоӣ ва фарҳангии ӯ ба шумор меравад. Гарчанде, ки ӯ асосан ба таърихнигории илмӣ машғул буд, вале дар таҳлили масоили таърихии мардуми тоҷик ба масъалаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистии осоишта ва эҳтироми арзишҳои дигар миллату мазҳабҳо таъқид мекунад ва таҳаммулпазириро низ ҳамчун рукни таърихии тамаддуни тоҷикон мешуморад. Бобоҷон Ғафуров дар асари маъруфи худ «Тоҷикон» таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҳамчун таърихи як халқе нишон медиҳад, ки ҳамеша дар муҳити фарҳангҳои гуногун зиндагӣ кардааст. Ӯ таъқид мекунад, ки тоҷикон дар саросари таърихи худ ба миллатҳо ва халқиятҳои дигар ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ доштанд, ки ин ҳам як шакли таҳаммулпазирӣ аст. Олими таърихшинос иброз менамояд, ки бузургии як миллат дар фарҳангу дониш ва саҳмаш дар тамаддуни ҷаҳонӣ аст, на дар бартарии нажодию қавмӣ. Инчунин, Бобоҷон Ғафуров таърихи ҳамзистии тоҷиконро бо халқҳои гуногун дар замони Сомониён, Ғуриён ва Темуриён намунаи равшани таҳаммулпазирӣ мешуморад. Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири сулҳпарвар дар асри ХХ ҳамеша барои ҳамзистии осоишта ва баробарии халқҳо сухан гуфтааст. Таҳаммулпазирӣ дар андешаи шоир мавқеъи марказӣ дорад. Мирзо Турсунзода яке аз абарқаҳрамонони фарҳанги тоҷик ва арбоби маъруфи ҷамъиятӣ ва сиёсии замони худ ва имрӯзу оянда шинохта шудааст. Гарчанде, ки ӯ бештар ҳамчун шоир ва сиёсатмадори давраи Шӯравӣ шинохта шудааст, дар осори ӯ ғояҳои таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ миёни халқҳо ва эҳтиром гузоштан ба таври густурда инъикос ёфтааст. Нуқтаҳои асосии назарияи таҳаммулпазирӣ дар андешаи Мирзо Турсунзода «Дӯстии халқҳо» мебошад. Ӯ яке аз таблиғгарони асосии ваҳдат ва дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар шеърҳояш ҳамеша ба иттиҳодии миллатҳо даъват мекард ва ҳамдигарфаҳмиро дар заминаи арзишҳои умумиинсонӣ тарғиб менамуд. Миллатгароиро ҳамчун омили ҷудоӣ ва ихтилоф қабул мекард ва дар шеъру мақолаҳояш мардумро ба таҳаммул, эҳтироми фарҳангу расму оинҳои дигарон даъват менамуд. Мавзӯи инсонпарварӣ ва меҳру муҳаббат ба башарият дар маркази таваҷҷуҳи ӯ қарор дошт. Турсунзода дӯст доштани инсонро новобаста аз миллат, забон ва нажод, ҳамчун меҳвари ахлоқи инсонӣ медонист. Ӯ фарҳангро воситаи муҳими ба ҳам овардани мардумон медонист. Аз назари ӯ, адабиёт ва санъат бояд барои тарбияи рӯҳӣ таҳаммулпазир ва башардӯстона хидмат кунанд. Хулоса тараннуми дӯстӣ ва тарғиби таҳаммулпазирӣ имрӯз яке аз мавзӯҳои марказии адабиёти муосири илмӣ ва бадеии тоҷик маҳсуб мешавад. Шарифова Санавбар – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

МАҚОЛАҲО

СИЛСИЛАИ ОСОРИ НИЁГОН БАХШИДА БА 1155 СОЛАГИИ АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ

Андешаҳои Абумансури Мотуридӣ дар мавриди далели ҳадаси аъён Шайх Абумансур (раҳ.) гуфт: Далел бар ҳадаси аъён шаҳодати се ваҷҳе, ест, ки мо аз онҳо ба ҳайси роҳҳои донистани ашё ёд кардем. Аммо хабар ҳамоне аст, ки аз Худои Бузург собит шуда, ба ваҷҳе ки башар аз [овардани] далеле монанди он барои касе оҷиз бошад. Ҳамоно,Ӯ хабар дода, ки Ӯ «Офаринандаи ҳар чиз аст» [Зумар, 62] ва «Офаринандаи осмонҳову замин аст» [Бақара, 117; Анъом, 101] ва ин ки мар Ӯрост подшоҳии ҳар он чи дар онҳост. Мо ногузирии ба хабар муътақид шуданро баён карда будем. Касе аз зиндагон барои худ иддиои қидам накарда ё ба маъное, ки ба қидами ӯ далолат намояд, ишора накардааст, балки агар гуфта ҳам бошад, пас худ ногузир дурӯғ буданашро донистааст. Ҳамчунин ҳар касе, ки ба зеҳнаш расид, бо он ки ӯро дар хурдӣ дида бошад, аз оғозаш низ ёд карда шавад. Аз ин рӯ, қавл ба ҳадаси зиндагон лозим меояд. Чун мурдагон зери тадбири зиндагон қарор доранд, пас онҳоро ба ҳадас ҳаққи бештар бошад. Ва тавфиқдиҳанда Худост. Илми ҳис он аст, ки ҳар айне аз аъён иҳоташуда ба зарурати бунёдёфта бар ниёз эҳсос шавад. Ва қидам шарти ғино бувад, зеро бо қадим буданаш аз ғайри худ бениёз аст, дар ҳоле ки зарурат ва ҳоҷат ба ғайри худ ниёз доранд, аз ин рӯ, ҳадаси онҳо лозим меояд. Ҳамчунин ҳар чизе, ки аз оғози ҳолаш огоҳ набошад, аз ислоҳи он чи аз ӯ фосид шавад, оҷиз меояд, дар ҳоле, ки ӯ мавсуф ба камол дар қувват ва илм бошад, агар зинда бувад. Вале агар мурда бошад, ҳукми зинда ба вай ҷорӣ шавад. Ба субут расида, ки ҳеч кадоми ин ду набошад, магар ба ғайраш. Чун ғайр собит шуд, ҳадас лозим ояд, чаро ки қидам кавнро барои ғайраш манъ мекунад. Ҳамчунин ҳар маҳсусе аз иҷтимоъи табиатҳои мухталифа ва зидди ҳамдигар, ки худ ба худ танофур ва табоъуд доранд, холӣ набошад ва иҷтимоъи онҳо бо ғайрашон собит шудааст. Пас, дар ин ҳадаси он бувад. Ва тавфиқдиҳанда Худост. Ҳамчунин ҷаҳонро бахшҳо ва пораҳо бошад ва бештари пораҳояш аз он огоҳ созанд, ки ҷаҳон пайдо шуда пас аз он ки набуда. Ва [аз ин] намои он ва бузургии он низ огоҳ созанд. Пас, ин дар ҳамаи он лозим ояд, чунки иҷтимоъи бахшҳои мутаноҳӣ номутаноҳӣ нашавад. Ҳамчунин аз он пок ва палид, хурд ва бузург, зебо ва зишт, нур ва зулмат аст, ки ин худ нишонаҳои тағйир ва завол бувад. Ва дар тағйир ва завол фано ва ҳалок бошад, зеро маълум аст, ки иҷтимоъ таъкид мекунад, қавӣ мегардонад, бузург месозад ва далелаш нашар ва ин аст, ки агар аз ҳам ҷудо шаванд, он ботил гардад. Пас, собит шуд, ки ин нишонаи фано аст. Ва он чиро эҳтимоли фано бошад, буданаш ба худии хеш раво набувад. Ҳамчунин эҳтимоли ибтидо лозим меояд. Сухани касеро, ки гӯяд: «Аз дидаҳо ғоиб шавад, вале фонӣ нагардад», маъное набошад, чунки ҷаҳон бо дида дониста шавад, на бо далоил. Ва бо ин [сухан] иддиои қидам карда шавад. Ин бо он чи мо аз сустии он баён кардем, зоил гардад. Миёни зиндагие, ки фано ёбад ва зоти он фарқе вуҷуд надорад. Ва ҳеч тавоноие нест, магар ба Худо. Роҳи илми истидлол ҳам бар ҳамин бувад. Бо он ки ҷисм аз ҳаракат ва сукун ҷудонопазир бувад ва ин дуро иҷтимоъ набошад, аз ҷумлаи вақтҳояш нисфи ҳаракат ва нисфи сукун сипарӣ шавад ва ҳар он чиро, ки нисф аст, поёнпазир бошад. Азбаски ин ду дар қидам ба ҳам наоянд, ҳадаси яке аз ду ваҷҳ лозим гардад ва бинобар бутлони дар азал муҳдас будани он дар [ваҷҳи] дигар лозим гардад. Ва дар ин ногузир ҳадас бошад. Ҳамчунин ҳар ҷисме аз сукуни доим ва ё аз ҳаракати доим ҷудо набошад ё ин ду ва он чи аз ин ду бар он аст ва бо он анҷомад, мусаххари он ва баҳри манфиатҳои ғайраш бошад. Ва агар ин васфи ҷавҳарҳои ҷаҳон бошад, ки мар онҳоро сифати ҳаёт набошад, пас собит гардад, ки онҳо муҳдасанд, зеро на ҳамчун оне бошанд, ки ба худии худ бувад, балки зери тасхиру тазлил ва истифода дар ниёзҳои дигаре бошанд. Ва чун ин дар асли ҷавҳарҳо ва зиндагоне собит шавад, ки дар он қарор доранду мо ба он иқрор мекунем ва аз он сӯд ба даст меорем ва онҳоро, ки бар ниёзҳову сӯдҳо сиришта шудаанд, ба ин ҳаққи бештар бошад. Ва тавфиқдиҳанда Худост. Далели дигар, ҷаҳон холӣ аз он нест, ки қадим бошад, бинобар он аҳволе, ки мар онрост аз иҷтимоъ ва тафарруқ, ҳаракат ва сукун, нопок ва пок, хуб ва зишт, бешӣ ва камӣ. Ва ин ҳама ҳаводис ба ҳис ва ақланд, чунки иҷтимоъи ду зид раво набошад. Пас таоқуб собит шавад, ки дар он ҳадас бошад. Ва ҳамаи ҳаводис зери кавн бошанд, баъди он ки набошанд. Ҳамчунин аст он чи ки аз он ҷудо набошад ва аз он пешӣ нагирифта бошад, ё иншое аз асли на бо ин сифат бошад, ё ба сӯи вай интиқол карда бошад, бинобар эътирози вай дар ин. Пас агар чунин бошад, собит шавад, ки ин ҷаҳон ҳодис аст ва қавли касе, ки ҳудусро инкор намояд, ботил гардад. Вале агар на чунин бошад ва агар аввал муншӣ барои он бошад, пас ин қавли мост, ки ӯ Борӣ аст, аммо ӯро «ҳаюло» хондаанд. Вале агар ин бар интиқол ба сӯи ӯ бошад, пас аввалӣ рафтаву ин дигаре гашта бошад. Ва ин муҳдас бувад, чунки вай дигар он аввал набошад. Ва аввал муҳдас аст, чунки он ҳангоми интиқол ба дуввумӣ ҳалок шуд, бо он ки чизе аз чизе набошад, то ин ки дар он зиндонӣ бошад ва сипас зоҳир шавад, ё дар он муҳдас бошаду сипас зода шавад ва берун ояд, ё аввалӣ талаф шаваду дуввумӣ ҳаст шавад. Пас, аввалӣ ҳамчун фарзанд ва чизи ниҳода дар ованд бошад. Ва муҳол бувад ҳастшавии азъофи чизе, ки дар он аст, дар чизе, ки вай дар он аст. Аз ин рӯ, қавл ба ҳастшавии инсон аз нутфа ва дарахт дар дона ботил гардад. Ҳамчунин аст ҳар он ки қоил ба бурузи билқувва аст, бо он ки дар ин иҷоби ҳадаси зоташ бошад, чаро ки қувват бар он дигареро бувад, чун вай

МАҚОЛАҲО

КАФОЛАТҲОИ ОЗОДИИ АҚИДА, ВИҶДОН ВА ДИН ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ

Озодии ақида, виҷдон ва дин дар ду сатҳ кафолат дода шудааст. Якум, дар сатҳи байналмилалӣ, дар санадҳои ҳуқуқии меъёрии байналмилалӣ. Дуюм, дар сатҳи дохилидавлатӣ (миллӣ), дар қонунгузориҳои давлатҳои алоҳида, яъне дар қонунгузориҳои миллӣ. Озодии ақида, виҷдон ва дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатнок гардида, танзими ҳуқуқии худро ёфтааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии ақида, виҷдон ва дин чунин аст: 1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6.11.1994 с.); 2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз 26.03.2009 с.); 3. Дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба озодии ақида, виҷдон ва дин ба танзим дароварда, кафолатнок намудаанд; 4. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро оид ба озодии ақида, виҷдон ва дин эътироф кардааст; 5. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ оид ба озодии ақида, виҷдон ва дин. Дар моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии ақида, виҷдон ва дин чунин кафолатнок гардидааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд» [3, с. 8]. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳидае қабул карда шудааст, ки ба ҳар як инсон ва шаҳрванд озодии ақида, виҷдон ва динро кафолат дода, масъалаҳое, ки дар ҷамъият вобаста ба озодии ақида, виҷдон ва эътиқоди динӣ бавуҷуд меоянд, ба танзим медарорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, № 489 қабул карда шуда, то имрӯз ба он ду маротиба – бо Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 с., № 739 ва бо Қонуни ҶТ аз 02.01.2018, № 1497 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз 26.03.2009 с., № 489) аз муқаддима, 8 боб ва 36 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба танзим дароварда, ба ҳар як инсон ва шаҳрванд озодии виҷдон ва эътиқоди диниро кафолат медиҳад [4]. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳое низ қабул карда шудаанд, ки озодии ақида, виҷдон ва динро кафолат додаанд. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31.12.2008 с. қабул карда шудааст, аз 01.04.2009 с. мавриди амал қарор дода шудааст) дар моддаи 86-и худ ҳуқуқ ба озодии эътиқоди диниро кафолат дода, чунин муқаррар намудааст: «1. Барои монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ, аз ҷумла қабул намудани дин ва ё ақидаҳои динӣ ё дигар ақидаҳо ё рад намудани қабули онҳо, аъзо шудан ба иттиҳодияҳои динӣ ё баромадан аз узвияти онҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051). 2. Барои таҳқири ҳиссиёти динии шаҳрвандон ё хароб намудани ашё, нишона ва аломатҳои рамзӣ, ки мутобиқи эътиқоди онҳо мавриди парастиш мебошанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051), ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051) [2]. Моддаи 157-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21.05.1998 с. қабул карда шудааст, аз 01.09.1998 с. мавриди амал қарор дода шудааст) монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ ном дошта, чунин муқаррар кардааст: «Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳукуқи шаҳрвандон таҷовуз нанамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472), бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422)» [1, с. 105]. Ҳамин тариқ, озодии ақида, виҷдон ва дин яке аз ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд буда, дар қонунгузории миллӣ кафолат дода шудааст. Давлат озодии ақида, виҷдон ва динро эътироф, риоя ва ҳифз намуда, тамоми тадбирҳоро дар самти таъмини озодии ақида, виҷдон ва дин андешида истодааст. Адабиёти истифодашуда: 1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: КВД «Қонуният»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матбааи «Истиқлол-2019» чоп шудааст, 2024. – 320 с. 2. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455 // Сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – https://mmk.tj 3. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе, 2016. – 64 с. 4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, № 489 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1497. Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

РӮДАКИ ДАР ОСОРИ МУҲАҚҚИҚОНИ АРАБ

Рӯзгор ва осори сардафтари адабиёти форсу точик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дер боз аз тарафи адабиётшиносону шарқшиносони кишварҳои гуногун омӯхта мешавад. Ҳаёт ва эчодиёти устод Рӯдакиро натанҳо дар Ирону Афғонистон, Ҳинду Покистон, Инглистону Фаронса, Олмону Итолиё ва ғайра меомӯзанд, балки дар доираҳои илмию адабии мамлакатҳои араб низ ба он таваҷҷӯҳи махсусе зоҳир менамоянд. Мутаассифона, солҳои пешин ба сабаби кам будани донандагони забони арабӣ ва дастнорас будани аксари таълифоте, ки дар кишварҳои араб оид ба адабиёти мо, алалхусус адабиёти замони Рӯдакӣ, ба табъ мерасид, бештари адабиётшиносон ва хонандагони тоҷик аз нуқтаи назару ақоид ва дастоварду бозёфтҳои муҳаққиқони араб бебаҳра мемонданд. Бояд эътироф кард, ки масъалаи омӯзиши адабиёти форсу тоҷик, алалхусус осори устод Рӯдакӣ, аз мадди назари муҳаққиқони араб тамоман берун намондааст. Нахустин иқдоми некро дар ин бобат устоди арабшиносии тоҷик шодравон Ҳасан Иброҳим ан-Наққош гузошта буд. Ў аз фаъолияти олими ироқӣ Ҳусайн Алӣ Маҳфуз мақолае таҳти унвони «Паҳнкунандаи шӯҳрати Рӯдакӣ дар Шарқи Араб» ба табъ расонида, дар он хизмати Ҳусайн Али Маҳфузро дар кори тадқиқ ва нашри осори суханварони бузурги форсу точик, аз ҷумла Рӯдакӣ, ҳамаҷониба мавриди баҳс қарор додааст. Дар тӯли даҳсолаҳои охир дар кишварҳои араб як чунбишу майле ба омӯзиши забони форсӣ ва нашри осори намояндагони нахустдараҷаи тамаддуни форсу тоҷик ба амал омад ва боиси афзоиши адади тарҷумаҳову тадқиқоти илмию оммавӣ гардид. Дар ибтидои ин ҷунбиши фарҳангӣ зарурати ташкил додани бахшҳои забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳҳои мамолики араб ба миён омад ва аввалини онҳо факултаи забонҳои шарқ дар Донишгоҳи Қоҳира буд, ки соли 1944 таъсис ёфта, шӯъбаи забон ва адабиёти форсӣ низ дошт, ки камина ҳангоми дар донишгоҳи номбурда таҳсил кардан инро бо чашми сар мушоҳида кардам. Минбаъд ҳамин гуна шӯъбаҳо дар донишкадаҳои як қатор давлатҳои дигари араб ба монанди Сурия, Лубнон, Мағриб, Ироқ, Кувайт ва ғайра таъсис гардиданд. Ба ғайр аз ин доираҳои ҳукуматию маъмурии баъзе давлатҳои араб дастаҳоеро чавонон аз ба донишкадаҳои Ирон ва мамолики Аврупо баҳри омӯхтани забону адабиёти форсӣ иъзом карданд. Аз байни ин чавонон ба мурури замон мутахассисони соҳаи забон, адабиётшиносон, мутарчимон ба камол расиданд, ки тамоми фаъолияти эҷодиашонро ба тарғибу ташвиқи осори адабию илмии асримиёнагии форсу тоҷик дар сарзамини Шарқи Араб бахшиданд. Дар аксари китобу мақолаҳои адабиётшиносони муо- сири араб мақоми Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсу точик, дар офариниш ё инкишофи жанрҳову намунаҳои гуногуни адабӣ таъкид шудааст. Масалан, муҳаққиқи тазкираи «Харидат ал-қаср ва ҷаридат ал-аср»-и Имодуддин ал-Исфаҳонӣ, олими ироқӣ Муҳаммад Баҳҷат ал- Асарӣ дар ҳошияи яке аз ҷилдҳои он, ки дар бораи ҳаёт, эҷодиёт ва намунаҳои осори шуарои ироқӣ дар асри ХІІ баҳс мекунад, «дубайт»-ро барои хонандагони араб тавзиҳ дода таъкид менамояд, ки вазни ин навъи шеър ба авзони араб дохил набуда, ибтикороти сухансароёни форс мебошад ва аз миёни онон нахустин ин вазнро дар шеъри форсӣ Рӯдакӣ ба кор бурдааст. Аз ин лиҳоз дар мавзӯи муносибати устод Рӯдакӣ бо адабиёти араб як ҷанбае вучуд дорад, ки таваҷҷӯҳи баъзе аз муҳаққиқони арабро ба худ ҷалб наму- дааст. Он ҳам бошад қаробати мазмун ва оҳангу васоили тасвир миёни қасидаҳои хамрияи Абунувос ва дигар шои- рони асрҳои миёнаи араб ва қасидаи «Модари май»- и Рӯдакӣ ва ҳатто баъзе абёти дар васфи маю майгусорӣ гуфтаи онҳост. Дар тадқиқи ин ҷанба пеш аз ҳама саҳми адабиётши- носи мисрӣ, донандаи хуби робитаҳои адабии араб ва форсу точик Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол шоёни таҳсин аст. Бояд гуфт, ки ба қалами ў якчанд асари илмии ба таърихи ин робитаҳо бахшида тааллуқ дорад. Аз ҷумла маҷмӯае, ки худи ў зери унвони «Мунтахаби шеъри форсӣ» тартиб додааст, мухтасари тарчумаи ҳол ва намунаҳои ашъори қариб си шоири форсу тоҷик ва дар навбати аввал Рӯдакиро дар бар мегирад. Ба мақсади хабардор сохтани хонандаи араб аз маз- мун ва ғояву бадеиёти шеъри форсу точик М. Г. Ҳилол намунаҳоро ба забони арабӣ тарҷумаи озод кардааст. Аз ашьори Рӯдакӣ дар ин маҷмӯа ҳаждаҳ намуна (аз чумла қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ» ва «Модари май» пурра) бо шарҳу тавзеҳоти лозима ба чоп расидааст. Муҳаққиқ баъзе байтҳои Рӯдакиро бо байтҳои шоири араб аз Андалусия Иб- ни Зайдун (1003-1071) аз ҳайси мавзӯъ ва тарзи баёну ифода муқоиса намуда миёни онҳо ҳамоҳангие дидааст, ки нисбати қасидаи «Модари май» ў чунин ишора мекунад, ки Рӯдакӣ дар эҷоди он аз офаридаҳои Абунувос оид ба тавлиди май илҳом гирифтааст. Бинобар ин М. Г. Ҳилол хонандаро ба мақолаи махсусе ки бевосита ба муқоисаи хамриёти Абуну- вос ва Рӯдакӣ бахшидааст ва он моҳи июли соли 1962 дар маҷаллаи мисрии «ал-Котиб» интишор ёфтааст, ҳавола месозад. Хулоса. Боиси мамнуният ва сипас он аст, ки онҳо бо ин заҳамоти содиқонаи худ робитаи ногусастании фарҳангу адабиёти форсу точик ва арабро ва уму- ман ҳамбастагии фарҳангу адаби исломиро дар мисоли ме- роси устод Рӯдакӣ ба оламиён нишон додаанд. АДАБИЁТ 1. Абдулмунъим, Муҳаммад Нуриддин. Диросот фи-ш- шеър ал-форсӣ ҳатто-л-қарн ал-хомис ал-ҳиҷрӣ. Ал- Қоҳира, 1976. 2. Аззом, Абдулваҳҳоб. ал-Луға ал-форсия фи-л-Ҳинд. – ал-Қоҳира, 1947. 3. Алтунҷӣ, Муҳаммад. ал-Маҷмуъа ал-форсия. Димашқ. Ат-Табъа ас-салиса, 1389/1969. 4. Алтунчи, Муҳаммад. Ҳавла-л-адаб фи-л-аср ас- салчуқӣ. Ат-Табъат ал-ула. Бенғозӣ: Мактабат Курина, 1974 (c. 112-113) 5. Бадави, Амин Абдулмачид. ал-Қисса фи-л-адаб ал- форсӣ. ал-Қоҳира, 1964. 6. Баккор, Юсуф Хусейн. Адаби форсӣ дар кишварҳои араб // Сухан. Давраи бисту саввум. Теҳрон, соли 1353, шумораҳои 7. Баккор, Юсуф Хусейн. Шуаро фурс фи-л-адаб ал- арабӣ. / Нашриёти Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исло- мии Машҳад. Шумораи 2. Баҳори 1351 шамси. 8.Тоҷиддин Мардонӣ – М-85 Рӯдакӣ ва адабиёти араб.-Душанбе: “Ирфон”, 2010,-128 саҳ. Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Умедҷон

МАҚОЛАҲО

ТАҲАВВУЛИ ҲУҚУҚ ВА ШАХСИЯТИ ЗАН ДАР ИСЛОМ

Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳ намудан лозим аст, ин аст, ки оё мактаби ислом мақоми зан ва мардро баробар медонад? Аз дидгоҳи ислом манзалати зан ва мард ба унвони як «инсон» дар пешгоҳи Худованд баробар аст. Барои тасдиқи ин фикр ба нахустин ояти сураи «Нисо» ишора мекунем: «Эй мардум! Аз Парвардигоратон бипарҳезед! Ҳамоне ки шуморо аз як нафси воҳида (яъне, аз як ҷон) офарид ва ҷуфти онро аз ҳамон (нафси воҳида) халқ кард. Ва аз он ду мардон ва занони фаровоне мунташир сохт…» [4, 4:1]. Тавре ки аз мазмуни ояти зикршуда ҳувайдост, маншаи пайдоиши инсон, ҳам мард ва ҳам зан, ҳақиқате ба унвони «нафси воҳида», ки ҳамон «рӯҳи қудсӣ» мебошад, дониста шуда, ҳеҷ тафовут ё фарқияте миёни мард ва зан ба унвони як инсон вуҷуд надорад. Бинобар ин, рӯҳи мард ва зан дар пешгоҳи Худованд аз манзалати яксон ё баробар бархурдор ҳастанд ва баробарии онҳо дар мақоми хилқат ё ин ки аз ҷиҳати маншаи пайдоиш мавриди таъкиди Қуръон қарор дорад. Нуқтаи муҳиме, ки ин ҷо тавзеҳ додани онро ҷоиз мешуморем, ин аст, ки тафовутҳои ҷисмонии зан ва мард танҳо ба хотири ин аст, ки занҳо ва мардҳо мукаммали якдигар ҳастанд ва бар ин асос ҳар як аз онон дорои камолоти хоси худ мебошанд, вале дар инсоният ва камолоти инсонӣ бо ҳам баробаранд. Бинобар ин тафовутҳои ҷисмонии миёни мард ва зан далеле барои бартарии якеи онҳо бар дигаре аз онҳо нест. Масъалаи дигари мавриди таваҷҷуҳ дар таълимоти ислом мавзуи баробарии ҳамаи инсонҳо дар пешгоҳи Худо мебошад. Худованд дар Қуръон ҳамаи мардон ва занонро ба унвони «инсон» мухотаб қарор дода, мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед! Ҳаройина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст; Худо Донои Хабардор аст” [4, 49:13]. Бар асоси ин ояти шарифа, ҳамаи инсонҳо, чӣ мард бошанд ва чӣ зан, чӣ сиёҳ бошанд ва чӣ сафед, дар назди Худованд баробар ҳастанд. Танҳо меъёре, ки муҷиби бартарӣ ва афзалии мақоми як инсон нисбат бар дигар инсон дар пешгоҳи Худованд мегардад, порсоӣ ва парҳезкорӣ мебошад. Ин ҷо саволе бармеояд: чаро Қуръон мардонро ба унвони «қаввомун» номидааст? Оё ин унвони мардон далели бартарии онҳо бар занон нест? Ба манзури посух ба ин пурсишҳо, матни оятеро меорем, ки дар он мардон «қаввомун» тавсиф шудаанд ва тарҷумаю шарҳи он оятро аз назари таҳлил гузаронидан мумкин аст. Худованд мефармояд: “Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додааст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корсози тасаллутёфта шудаанд. Пас, занони некӯкор фармонбардоранд ва дар ғайбат (-и шавҳар) нигоҳдорандаи чизеанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст” [4, 4:33]. Барои тавзеҳи мафҳуми воқии ин оят, ба маънои луғавии калимаи «қаввомун» таваҷҷӯҳ намуданро лозим медонем. Маънои калимаи арабии «қаввом» чунин аст: касе, ки татбиқ ё пойдории амре бар ӯ эътимод карда мешавад. Дар луғатҳои тафсирии забони арабӣ маънои калимаи «қаввом»-ро «ал-мутакаффил би-л-амр» (дар коре тасаллутдошта) навиштаанд. Яъне, ал-мутакаффил би-л-амр – касест, ки масъул ё ӯҳдарои коре мебошад. Аз сабаби он, ки вазифаи таъмини маош ва пуштибонии моддиву молии хонавода, аз назари ислом, бар уҳдаи мардон мебошад, Худованд дар ин ояти шарифа аз Қуръон мардонро ба унвони пуштибонҳои занон, ки масъулияти таъмини хазинаи зиндагии аъзои хонаводаро ба уҳда доранд, муаррифӣ кардааст. Бинобар ин, ояти мазкур ба маънои фазилат ва бартарӣ додан ба мардон дар муқобили занон нест, балки баёни як вазифаро барои мардон дар баробари хонавода дар бар дорад. Пас аз исботи баробарии мақом ва манзалати мард ва зан дар пешгоҳи Худованд аз дидгоҳи дини мубини ислом, зарур аст, ба саволҳои дигаре, ки дар ин замина матраҳ мешаванд, монанди масъалати мероси зан ва мард, муқаррароти издивоҷ, теъдоди ҳамсарон, ҳаққи талоқ ва амсоли он аз дидгоҳҳои таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ посух дода шавад. Ниҳоят, барои дарки дурусти назари мунсифона ва эҳтиромонаи ислом ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои занон, саҳми зан ва мард аз меросро ба ҳайси намуна дар асоси баъзе санадҳои ҳуқуқи исломӣ муқоиса кардан бамаврид мебошад. Ҳуқуқи мерос дар ислом маҷмӯае аз қонунҳо ва муқарраротеро дар бар мегирад, ки муҳаққиқ бидуни шиносоии амиқ бо онҳо, дар бораи моҳият ва мазмуни ҳуқуқи мероси исломӣ ба таври саҳеҳ қазоват карда наметавонад. Таҳлили амиқи масъалаи ирс дар санадҳои гуногуни ҳуқуқи исломӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам, дар бархе санадҳои ҳуқуқи исломӣ саҳми мард ду баробари зан мебошад, вале дар баъзе санадҳои дигар саҳми зан чанд баробари мард будааст. Инчунин санадҳое низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо саҳми баробари мард ва зан дар мерос эълом шудааст. Паёмбари ислом замоне ба танзими масъалаи мерос ва таъмини шароити ҳуқуқӣ ҷиҳати ноил шудани занон ба ҳуқуқи мерос камари ҳиммат баст, ки мардуми нимҷазираи Арабистон ҳуқуқи занон ба меросро ба расмият намешинохтанд. Ҳатто занон дар бисёр сарзаминҳои дигар, ба монанди Эрон дар замони ҳукмронии Сосониён, аз мерос маҳрум буданд. Олими маъруфи эронӣ Саид Нафисӣ дар китоби «Таърихи иҷтимоии Эрон» дар ин хусус менависад: «Духтаре ки шавҳар мекард, дигар аз падар ё кафили худ ирс намебурд ва дар интихоби шавҳар ҳеҷ гуна ҳаққе барои ӯ қоил набуданд» [5, 65]. Акнун барои тавзеҳи бештари низоми мерос дар ҳуқуқи исломӣ, баъзе ҷанбаҳои ин низомро аз назари таҳлил мегузаронем. Бояд эътироф намуд, ки низоми мероси исломӣ низоми табақотии «хешовандмеҳвар» мебошад. Бар асоси қонунҳо ва муқаррароти меросӣ дар шариати исломӣ касоне, ки ба воситаи хешовандӣ мерос мебаранд, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якум – падар, модар ва фарзандони майит мебошанд ва дар сурати набудани фарзандон – наберагон, дар сурати надоштани фарзанд ё набера – аберагон ва бо ҳамин усул ҳарчи шаҷараи хешовандии майит дарозтар бошад, ҳамон аз авлодаш ҳуқуқи меросро ноил мешавад, ки бо ӯ наздиктар аст. Баъд аз падару модар ва авлоди майит, ягона шахсе, ки ҳуқуқи меросро соҳиб мешавад, ҳамсари майит мебошад, он ҳам агар шарту талаботи дар санадҳои шаръӣ таъйиншударо риоя карда бошад. Гурӯҳи дуюм – падаркалонҳо (бобою момои падарӣ) ва модарбузургҳо (бобою момои модарӣ) ва бародарону хоҳарони майит, дар сурати набудани хоҳару бародар – авлоди онҳо – мебошанд. Гурӯҳи сеюм – аммаю амак ва тағою холаи майит, дар сурати набудани онҳо – авлоди онҳо мебошанд. Мероси гурӯҳи якум. Барои дарки

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ “МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ” БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

16-уми апрели соли 2025 Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Абдураҳим Холиқзода, дар ҳузури намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ Икромов Манучеҳр ва намояндагони Марказ, сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт. Дар раванди мулоқот, ки дар фазои озод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз муносибати имрӯзаи миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва зикр карданд, ки дар натиҷаи муносибаи дӯстонаи ду кишвар муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвари бо ҳам дӯст, дар минбаъда низ таҳким меёбанд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ  

Хабарҳо

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

  Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 10-уми апрели соли 2025 ду вохӯрӣ бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзуи «Бегонапарастӣ ва майл ба он – омили манфӣ ва зараррасон ба иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ» баргузор гардид. Қисми якуми вохӯрӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ гузаронда шуд. Ҷаласаро раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматулло ҳусни ифтитоҳ бахшид. Тибқи барнома дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ -Рудобаи Мукаррам, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон – Давлат Сафар, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чаманоро Одиназода, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар доираи мавзуи пешниҳодгардида андешаҳои худро иброз доштанд. Аз ҷумла, профессор Абдураҳим Холиқзода таъкид доштанд, ки тамоми донишмандону бузургони миллати тоҷик, аз қабили устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусраву Абӯали ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддин Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд. Бинобар ин, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд. Ҳамчунин, аҳли маҷлисро ба масъалаи пойдории оилаҳои ҷавон, омода намудани фарзандон ба зиндагии мустақилона, хубу аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ даъват кард. Дар қисмати дуюми вохӯрӣ дар деҳаи Чоргултеппаи ноҳия баргузор шуд, номзади илмҳои педагогӣ  – Вализода Одинашоҳ баромад намуда, дар бораи моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин татбиқи онҳоро дар амал бо далелҳои дақиқу оммафаҳм ба саҳми иштирокчиён расонид. Таъкид доштанд, ки бояд омили маънавии рушди ҷомеа аз дигар омилҳо бартарӣ дошта бошад, зеро барои расидан ба ҳаёти маънавӣ заминаи моддиву техникӣ, иқтисоди пешрафта, фарҳанги баланди сиёсӣ ва дониши мукаммали кишвардорӣ лозим аст ва ҳар яки моро водор месозад, ки барои татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат бошем. Дар қисмати охири мулоқотҳо дар доираи мавзуъ саволу ҷавоб баргузор гардид ва иштироккунандагон пешниҳод доштанд, ки чунин мулоқотҳо пайваста баргузор карда шавад.        ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ СЕМОҲАИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 7-уми апрел ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025-и Марказ, ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа Директори Марказ Холиқзода Абдураҳим, муовинон, сардорони шуъба ва дигар кормандони Марказ иштирок намуданд. Нахуст, оид ба ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти Марказ ҳисобот аз ҷониби муовини директор – Ваҳобзода Абдураҳмон ба таври муфассал шунида шуд. Ишора гардид, ки Марказ ҳамчун ниҳоди илмӣ-таҳқиқотӣ соли ҷорӣ тибқи 17 адад нақшаҳои илмии корӣ ва 1 адад Барномаи илмии соҳавӣ, инчунин дар доираи мавзӯи «Таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва вазъи геополитикӣ ба ташаккули тафаккури динӣ дар давлатҳои миллӣ-дунявӣ: вазъ ва дурнамо дар Тоҷикистон» фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ин давра, ҳайати илмии Марказ тибқи Нақшаҳои корӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма, нашри мақолаҳо дар сомонаҳои интернетӣ, гузоришҳои таҳлилӣ, суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва баромадҳо дар телевизион ва радиои кишвар корҳои мушаххасро ба анҷом расонида, ҳамчунин кормандони Марказ ҷиҳати омода намудани 2 монографияи илмӣ ва тарҷумаи 1 китоби илмӣ-фалсафии мутафаккири барҷастаи тоҷик Абумансури Мотурудӣ тайи давраи ҳисоботӣ машғули кор буданд. Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025, №АП-713 ҷашнвораи 1155-солагии олими бузурги тоҷик Абумансури Мотурудӣ дар нимаи дуюми моҳи майи соли 2025 дар назар аст. Бахшида ба солгарди Абумансури Мотурудӣ китоби “Тавҳид”-и ин мутафаккири бузург ва асосгузори мактаби каломӣ аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва тақдими иштирокчиён мегардад. Таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода нишондиҳандаи фаъолияти корӣ сол аз сол ба маротиб беҳтар шуда истодааст. Таҳлили фаъолияти корӣ аз соли 2021 инҷониб собит намуд, ки теъдоди мақолаҳои илмиву оммавӣ, мулоқоту вохӯриҳо, таҳия ва нашри монографияҳо рӯ ба афзоиш буда, хусусан сатҳу сифати кор беҳтар гаштааст. Директори Марказ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025 – ро натиҷагирӣ карда, ҷиҳати боз ҳам рушди бештари соҳа, фаъолияти илмии самаранок ва иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатӣ ба кормандон дастуру супоришҳо доданд.   ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ  

Хабарҳо

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

18-уми марти соли 2025 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки А. Холиқзода – Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвиз Дамдорзода – намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматулло Давлатзода – муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, бо сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занону ҷавонон, собиқадорон, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин ва аҳолӣ, вохӯрӣ доир гардид. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода оғоз гардид. Муовини раиси ноҳия меҳмононро хайрамақдам гуфта, мавзӯи вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дод. Сипас, Парвиз Дамдорзода – намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои “Муҳтавои Паёми Пешвои миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила”, баромад намуд. Дар идома, Холиқзода Абдураҳим – Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аввал ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуд, сипас дар бораи хатарнокии терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар бораи додани фитри рӯза ба ятимону ниёзмандон, маъюбон, паст кардани нарху наво дар бозорҳои ноҳия дар арафаи иди Фитр ба иштирокдорон маънидод намуд. Қайд карда шуд, ки ҳар нафаре, ки аз оромиву сарсабзии ин сарзамин, амнияту сулҳ, ваҳдату ягонагӣ ношукрӣ дорад, инсони комил буда наметавонад. Донистани фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромӣ доштани онҳо, муттаҳид будан, шукргузорӣ кардан аз миллату давлати обод, рисолати ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон бояд фирефтаи дасисаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нашаванд ва дар фазои сулҳу субот зиндагиву фаъолият кунанд. Чорабинӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, иштирокдорон аз рафти баргузории он қаноатманд гардиданд.

Хабарҳо

Мулоқоти судманд бо сокинони шаҳри Турсунзода

13-уми марти соли равон дар шаҳри Турсунзода мулоқот бо мудиру сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳотӣ, фаъолони ҷомеа, имомхатибони масҷидҳои марказӣ, ҷомеи имомони панҷвақтаи шаҳри Турсунзода, дар мавзӯи “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 баён доштанд, баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро Остоназода Саидамин Ҳазрат, муовини раиси ноҳияи шаҳри Турсунзода, оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас, Холиқзода Абдураҳим Ғафор – Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 баён намуд ва масъалаҳои муҳимми тарбияи ҳуқуқию ахлоқӣ ва маънавии шаҳрвандон баромад намуд. Дар идомаи баромади хеш, Абдураҳим Холиқзода қайд намуд, ки имрӯз мо бо шукӯҳ ва сарфарозӣ аз сулҳ ва амнияти кишвар шукр мекунем, бештари эътиборро ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва мубориза ҷиҳати пешгирӣ аз зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшем, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ даъват намоем. Ҳамзамон, Назариён Мансур Ниёзӣ – сармутахассиси раёсати ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” баромад намуд. Дар охири чорабинӣ бо аҳли нишаст сӯҳбати озод гузаронида шуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх