Имя автора: pressa

МАҚОЛАҲО

Салафия как направление противостоящее ханафии и другим исламским теологическим школам и направлениям

Ин чӣ шӯру мубтало, ё раб, макун, Мазҳабам бахшу даҳмазҳаб макун. Мавлонои Румӣ Что за смута, о Господи, не поступай ты так, Дай мне один мазхаб, не сделай меня десятимазхабником. Джалаледдин Руми Как известно, сущность салафии (араб. -‎‎«предки, предшествен ники») обычно трактуется как направление в исламе, ориентированное на образ жизни и веру ранней мусульманской общины, квалифицируя как бидъа все позднейшие нововведения в указанных сферах. Салафия также в интерпретации некоторых исследователей означает «понимание религии в том виде, в котором её понимал Пророк и его сподвижники», «возвращениек Корану и сунне»в комментировании шариатских положений. По этой причине в западной научной литературе для характеристики идеологии салафитов вполне справедливо используются термины «традиционализм», «фундаментализм» или «возрожденчество». К салафитам причисляются, в частности, основоположник религиозно-богословской школы или мазхаба шафиия – аш-Шафии, основоположник религиозно-богословской школы или мазхаба ханбалия – Ибн Ханбал, известный мусульманский богослов Ибн Таймия, идеологи экстремистского движения «Братья-мусульмане» и др. Своей основной задачей салафиты считают никак необоснованную исламским вероучением борьбу за очищение ислама от различных чуждых, с их точки зрения, ему примесей, основанных на культурных, этнических или каких-то других особенностях тех или иных мусульманских народов. Именно по этой причине салафия не только отличается от ханафии, но и противостоит ей, ибо в ней применяется принцип «урф» – опора на традиции и обычаи мусульманских народов. В главном принципе учения самой салафии содержится внутреннее противоречие, ибо ее представители, как было уже отмечено, квалифицируют как бидъа все позднейшие нововведения в учении ислама. Если глубже вникнуть в эту проблему, то салафия сама является величайшей бидъой, ибо появившись только в XVIII-XIX вв. ее сторонники допускают нововведение путем введения нового принципа в виде отрицания учения своих салафов – предшественников в развитии учения ислама, в том числе ханафитских богословов, которые представляют опыт, накопленный в течение более одиннадцати веков истории данной религии. Другими словами, если опираться на идеи известного персоязычного пакистанского мыслителя Мухаммада Икбала, который еще в начале ХХ в. утверждал, что любая идеология, основанная на «ло» – «нет», на отрицание всегда несостоятельна, то салафия, которая говорит «нет» многовековому опыту всех мусульманских теологов, в целом является необоснованным религиозным учением. Говоря об отрицании нововведений со стороны салафитов, уместно также отметить содержание известного хадиса кудси, в котором отмечено, что в начале каждого столетия придет тот, кто обновить вам вашу религию – хадис, который признан многими исламскими мыслителями, в том числе Абухамидом Мухаммадом Газали. Здесь также уместно провести параллель с тем, что в начале нового тысячелетия таджикский народ под руководством главы своего государства вспоминая свои корни в лице Имама Аъзама и его мазхаба ханафии, и проведя крупное мероприятие международного масштаба в честь юбилея этого великого богослова, тем самым обновил свою религию и приспособил ее к нуждам современного мира. В других принципиальных основах учения салафитов также можно выявить противоречия не только с учением ханафии, но и с исламской религией в целом. Например, салафиты утверждают запретность паломничества к могилам святых или близких, ибо они рассматривают это как поклонение мертвым. Однако этот принцип они доводят до абсурда и отрицают даже уход за могилой родителей и близких или совершение мольбы – дуо в их адрес. Это же противоречит, как было уже сказано, не только принципам ханафии, но и общечеловеческим гуманистическим, этическим, морально-нравственным устоям. Как известно еще Абу Бакр ас-Сиддик по этому поводу говорил: «Если брат обращается с мольбой за своего брата, которого он любит ради Аллаха, свят Он и велик, и эта мольба принимается». Наряду с принципами ханафии, салафиты отвергают и методы символико-аллегорической трактовки Корана, поэтому они также противостоят суфизму и исмаилизму, ибо в этих двух известных в исламе направлениях, символы и внутреннее содержание исламских принципов являются важнее внешней их оболочки. Точно также салафиты выступают против шиитов. Наглядным свидетельством этому являются слова одного из так называемых их «ученых» – Мухаммада ибн Ибрагима Али Шейха, который в отношении шиитов из Бахрейна утверждал, что «они слишком низкие, чтобы зарезанные ими животные были дозволенными». Противостояние салафии ханафитскому богословию с одной стороны, и шиитскому направлению, исмаилизму и суфизму, с другой стороны, воочию показывает внутреннюю, конфликтную природу этого движения, которое внешне выглядит мирным учением, проповедующим, что «любое политическое разделение исламской общины или гражданская война должны рассматриваться как раскольничество, нарушение исламского единства». Основные же принципы салафии утверждают обратное – распространение идеологии салафии способствует разделению и противостоянию различных исламских учений и направлений, многочисленность которых было предугадано еще пророком Мухаммадом в его словах о разделении его уммы после смерти пророка на семидесяти трех течений в исламской религии, среди которых не отдается предпочтение ни одной школе. Салафиты же вполне необоснованно и вопреки духу исламского вероучения признают свою исключительность. Следует также отметить, что главными учеными для салафитов считаются улемы XVIII-XIX вв. Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб, Хусейн ибн Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб, Ибрахим ибн Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб, Абдуллах ибн Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб, Али ибн Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб и др. Этот неполный список салафитских улемов воочию показывает, что салафия в принципе является ваххабизмом, т.е. мусульманским фундаментализмом, опирающийся на идеологию одного клана воинствующих богословов. В последующих периодах, т.е. в XX-XXI вв. главными улемами и идеологами салафии стали Абдуррахман ибн Насир ас-Саади – известный саудовский толкователь Корана и правовед, Мухаммад ибн Ибрахим Аль аш-Шейх – первый Верховный муфтий Саудовской Аравии, Абдуль-Азиз ибн Баз – Верховный муфтий Саудовской Аравии, преемник Мухаммада ибн Ибрахима, Абдуль-Азиз ибн Абдуллах Аль аш-Шейх – Верховный муфтий Саудовской Аравии, преемник Ибн База, Мухаммад ибн Салих аль-Усаймин – известный правовед-факих из Саудовской Аравии и др. По этому перечню видно, что салафия выражает идеологию определенных кругов только мусульман одной страны, даже не весь арсенал арабских государств, а тем более – всех мусульманских народов мира. Салафия, как было показано выше, отрицает новшества введенными, в том числе мазхабом Имама Аъзама. Она внешне отрицает как бы и всевозможные новшества, привнесённые в мусульманский мир с Запада. Однако это в принципе является иллюзией, ибо данное движение всесторонне поддерживается западными политиками. Ведь не секрет, что движение ваххабизм, по единодушному утверждению специалистов этой сферы, было создано британскими спецслужбами. В качестве примера поддержки этого движения извне также можно привести реакцию западных стран на запрет салафии в Таджикистане, отраженные в словах известного политика Фелис Гаэр в ее реакции на запрет движения “Салафия” в январе 2010 года Верховным судом Таджикистана как опасного явления для национальной безопасности страны и на принятие таджикским парламентом

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 гузориши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати кишвар барои ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил мебошад. Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур бунёди 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки сохторҳои марбута барои амалисозии нақшаи амали Барнома тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол ба Ҳукумати кишвар оид ба рафти амалишавии он маълумот пешниҳод намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба низоми электронии идораи соҳа ва таълиму тарбия тезонда шуда, ҳарчи зудтар ин тарзи корбарӣ роҳандозӣ гардад. Таъкид гардид, ки татбиқи барномаи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамаи соҳаҳо ҳарчи зудтар ва бо самар таъмин карда шавад. Дар кори маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва фаъолият барои омӯзгорон ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар баҳри онҳо мебошад. Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бошад, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва ҳамгунасозии меъёрҳои пешбининамудаи онҳо аст. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва дар бораи Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029 баррасӣ шуда, аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид. Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсили солҳои 2025-2026 ва вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд. 31.07.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

ҶАНБАҲОИ КАЛОМИИ «КИТОБ АТ-ТАВҲИД»-И АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ УСУЛИ ЭЪТИҚОДИИ АҲЛИ СУННАТ ВА ҶАМОАТ

Абумансур Муҳаммад ибн Муҳаммад ибн Маҳмуд ал-Мотуридӣ (вафот: 333 ҳ.қ. / 944 м.) яке аз бузургтарин мутакаллимон ва фақеҳони асри сегонаи ҳиҷрӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи тафаккури исломӣ нақши барҷастае гузоштааст. Зодгоҳи ӯ Мотурид, яке аз маҳаллаҳои қадимаи Самарқанд мебошад. Дар муҳити зодааш, ки маркази муҳими илмӣ ва мазҳабии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, уламои зиёде парвариш ёфта буданд ва равишҳои гуногуни фикрӣ, аз ҷумла ҳанафия, муътазила, шиъа ва ақидаҳои ғайрисуннӣ миёни донишмандон ва омма дар гардиш буданд. Мотуридӣ дар чунин муҳити пурњаяљон ва изтиробангез ба камол расид ва дар мактаби фикрии Абуҳанифа, ки бар мантиқ ва истифодаи ақл дар шарҳу тафсири матнҳои динӣ таъкид дошт, таълим гирифт. Ӯ шогирди мустақими Абубакр ал-Ҷурҷонӣ ва Муҳаммад ибни Муқотил Аррозӣ ва дигар уламо буд, ки силсилаи илмии онҳо ба Имом Абуҳанифа мерасад. Бо такя ба ин анъанаи илмии ҳанафия, Мотуридӣ мактаби мустақили каломии худро ба вуҷуд овард, ки баъдан бо номи мактаби Мотуридия машҳур гашт. Замони Мотуридӣ, яъне садаи сеюми ҳиҷрӣ, яке аз муҳимтарин давраҳо дар ташаккули мактабҳои каломӣ ва густариши баҳсҳои эътиқодӣ буд. Ин давра ба замони давлатдории Сомониён рост меояд, ки аз як сӯ пуштибони илму фарҳанг буданд ва аз сӯйи дигар, ба таъмини суботи мазҳабӣ ва рушди тафаккури аҳли суннат ва ҷамоат таваҷҷуҳ доштанд. Дар ҳамин давра, муътазилиён бо такя ба мансабҳои давлатӣ дар хилофати Аббосиён дар Бағдод нуфузи қавӣ доштанд ва бо услуби фалсафӣ ба тафсири ақидаи исломӣ мепардохтанд. Дар муқобили онҳо, аҳли ҳадис ва ашъариён ба таври ҷиддӣ мавқеъ гирифта, равишҳои дигареро пеш гирифтанд. Мотуридӣ дар чунин муҳити пурбаҳси каломӣ, бо такя ба усули мазҳаби ҳанафӣ, талош кард ақидаи аҳли суннатро аз диди ақлӣ ва мантиқӣ ҳимоя намояд. Вай, дар муқоиса бо мактаби муътазила, ки ба ифроти ақлгароӣ моил буданд ва мактаби ашъария, ки нақлро бар ақл тарҷеҳ медоданд, роҳи миёнаро баргузид. Аз назари ӯ, ақл воситаи муҳим барои фаҳми дин аст, вале бояд дар чорчӯби Қуръон ва суннат истифода шавад. Ин равиши мутавозин ба Мотуридӣ имкон дод, ки мактаби мустақили каломӣ таъсис диҳад ва дар миёни равияҳои замони худ ҷойгоҳи хос пайдо кунад. Абусансури Мотуридӣ натанҳо як мутакаллим буд, балки фақеҳ, муҳаддис, ва муфассир низ буд, ки дар тамоми илмҳои исломӣ дониши фарох дошт. Агарчи шумораи асарҳои боқимондааш маҳдуд аст, машҳуртарини онҳо «Китоб ат-Тавҳид» ва тафсири «Таъвилоту аҳли-с-суннат» мебошад, ки таъсири афкори ӯ дар тамоми таърихи баъдии мактаби ҳанафия эҳсос мешавад. Пас аз ӯ, бузургони каломии ҳанафӣ мисли Абулмуин ан-Насафӣ, Наҷмиддин ан-Насафӣ ва дигарон фикри ӯро шарҳ ва густариш додаанд. Нақши Мотуридӣ дар таърихи ақидаи исломӣ то имрӯз маҳфуз мондааст. Ӯ бо мувозинати амиқи байни ақл ва нақл, моделеро барои фаҳми имон ва ақида пешниҳод кардааст, ки то имрӯз дар сарзаминҳои васеъ, ба вижа дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Ҳинду Покистон, Туркия ва минтақаи Балқон мавриди қабул ва пайравӣ гардидааст. «Китоб ат-Тавҳид» ягона асари маъруфи Абумансури Мотуридист, ки дар соҳаи калом то замони мо расидааст. Агарчи дар муқоиса бо асарҳои баъдии каломӣ матни он мухтасартар аст, аммо аз лиҳози тарзи истидлол, интихоби мавзуъҳо ва низоми фикрӣ намунаи барҷастаи ақидаи муътадили аҳли суннат ва ҷамоат маҳсуб мешавад. Асар бо услуби далелпарварӣ ва мантиқнигорӣ таҳия шудааст. Мотуридӣ дар он бештар аз ақл ва қиёс истифода мекунад, ҳарчанд манбаъҳои нақлӣ низ аз Қуръон ва ҳадис ҷойгоҳи муҳим доранд. Хусусияти аслии услуби ӯ дар ин аст, ки ӯ масъалаҳоро бо саволу ҷавоб, ҳамроҳ бо нақли шубҳаҳо ва радди онҳо баён мекунад, як равиши илмии беназир, ки ҷанбаи диалогӣ (ҳиворӣ, муколамавӣ) дорад ва хонандаро ба андеша ва тафаккур кардан водор месозад. Мотуридӣ дар муқаддимаи китоб таъкид мекунад, ки ба ҳимояи ақидаи дурусти исломӣ дар баробари аҳли илҳод, муътазила (инкоркунандагони сифоти Худо) ва дигар фирқaҳои ботил машғул аст. Ӯ бо низоми қавии далелҳо ақлро ба сифати василаи муҳими шинохти Худованди таборак ва таъоло ва таъйини ҳақиқат муаррифӣ мекунад. Мавзуи меҳварии «Китобу-т-тавҳид» масъалаҳои эътиқодиро дар бар мегирад. Тавре ки аз номи китоб пайдост, ҳимоя ва тавзеҳи тавҳид (яъне ягонагии Худованд) ҳадафи аслии муаллиф аст. Мотуридӣ тавҳидро на танҳо ба маънои инкори ширк, балки ба маънои амиқтари фаҳми сифоти Худованди таъоло мефаҳмондааст. Ӯ исбот мекунад, ки Худованди таъоло дорои сифатҳои зотӣ ва феълӣ мебошад, вале ин сифот на ҷузъи зоти Ӯянд ва на хориҷ аз зоти Ӯянд, балки «ғайруҳу, ло ҳува» мебошанд. Мотуридӣ дар масъалаи сифоти Худованд бар хилофи ақидаи муътазилиҳо меистад, ки онҳо вуҷуди сифоти мустақилро рад мекарданд. Ба гуфтаи Мотуридӣ, Худованди Таъоло, Доно, Қодир, Зинда ва Соҳибирода аст ва ин сифатҳо абадӣ ва азалӣ мебошанд. Мотуридӣ дар масъалаи сифоти илоҳӣ ба як тафсири каломӣ рӯ меоварад, ки на ба ташбеҳ (монанд донистани чизе ба Худованд) меанҷомад ва на ба таътил (инкори сифот), балки роҳи миёна ва муътадилро интихоб мекунад. Яке аз мавзуъҳои асосии «Китоб ат-Тавҳид» баҳси ақл ва нақл аст. Ӯ дар ин асараш чунин мегуяд: «إن العلم بالله وبأمره عرض لا يدرك إلا بالاستدلال» «Маърифати Худованди таъоло ва фармонҳои Ӯ, як арзишест, ки фақат бо андеша ва истидлол ба даст меояд» саҳ: 137. Мотуридӣ ақлро ба унвони василаи аввалияи шинохти Худованди таъоло муаррифӣ мекунад ва исбот менамояд, ки инсон бо ақлаш ҳатто пеш аз ирсоли пайғамбарон метавонад ба вуҷуд ва ягонагии Худованди таъоло пай бибарад. Аммо барои фаҳми шариат ва мукаммал шудани ақидаи дуруст, фиристодани пайғамбарон зарурист. Дар ин дидгоҳ, Абумансури Мотуридӣ мавқеи мутавозин ва миёнаро ихтиёр мекунад, ки ҳам аз равиши ашъариён фарқ дорад ва ҳам аз назари муътазилиён. Ӯ бар хилофи ашъариён, ки нақлро бар ақл тарҷеҳ медиҳанд, ва муътазилиён, ки ақлро дар тамоми масоили динӣ мустақил ва кофӣ меҳисобанд, бар он назар аст, ки ақл василаи муҳим ва зарурии дарки маорифи динӣ мебошад, аммо на ягона манбаи маърифати дин. Ба таъбири дигар, Мотуридӣ миёни нақл ва ақл тавозуни методологӣ ба вуҷуд оварда, нақш ва аҳаммияти ҳар кадомро дар доираи муносиби он таъйин мекунад. Аз мавзуъҳои печидаи каломӣ, ки Мотуридӣ ба таври муфассал онро баррасӣ мекунад, масъалаи тақдир ва иродаи инсон аст. Ӯ кӯшиш мекунад миёни қудрати мутлақи илоҳӣ ва озодии инсон робитаи мутавозинро нишон диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Худованди таъоло офарандаи аъмоли инсон аст, вале инсон касби ихтиёрӣ дорад, яъне инсон аъмолро ихтиёр мекунад ва бо ҳамин ҷавобгар аст. Ин назари «касб», ки баъдан аз ҷониби

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчӣ

30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Аз раванди вусъати робитаҳои барои ҳарду ҷониб судманд, аз ҷумла дар партави татбиқи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, изҳори қаноат карда шуд. Масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд. Алоқамандии ҳарду ҷониб ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт. 30.07.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ҚАТЪНОМАИ СММ ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ

(Дар ҳошияи қабули лоиҳаи қатънома зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар Созмони Милали Муттаҳид) Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) қабул гардид. 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми навоварона ва дурбинона баҳогузорӣ шуда, аҳаммияти истифодаи технологияҳои муосирро дар самти таъмини рушди устувор, амнияти иттилоотӣ ва пешбурди илмӣ-техникӣ таъкид менамояд. Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд. Қатъномаи мазкур нишонгари мавқеи устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва саҳми фаъолонааш дар ташаккули ояндаи рақамии башарият мебошад. Ин иқдом боз як шаҳодати дигарест аз сиёсатҳои хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҷомеаи пешрафта ва рақамӣ. Абдуллоҳи Қодирӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд. Натиҷаҳои самараноки сафарҳои давлатии чанде пеши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, Сарони давлатҳо муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро   таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт. 29.07.2025 Қирғизистон

Президент, Хабарҳо

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 28 июли соли 2025 №420 ш. Душанбе Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 000 000 (понздаҳ миллион) сомонӣ барои ташкили 200 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда шавад, аз ҷумла: – 25 грант ба андозаи 110 000 (як саду даҳ ҳазор) сомонӣ; – 25 грант ба андозаи 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ; – 25 грант ба андозаи 90 000 (навад ҳазор) сомонӣ; – 25 грант ба андозаи 80 000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ; – 25 грант ба андозаи 70 000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ; – 25 грант ба андозаи 60 000 (шаст ҳазор) сомонӣ; – 25 грант ба андозаи 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ; – 25 грант ба андозаи 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ. 2. Аз шумораи умумии грантҳо 10 дарсад барои лоиҳаҳои вобаста ба иқлим ҷудо карда шавад. 3. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад). 4. Роҳбарии умумӣ ва назорати рафти амалигардонии лоиҳаҳои грантӣ ба зиммаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад. 5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда, дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои заруриро барои солҳои 2026-2030 пешбинӣ намояд. 6. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд. 7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, №5 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021–2025» аз эътибор соқит дониста шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон       Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «28» июли соли 2025, №420 тасдиқ шудаанд Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 1. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 (минбаъд – Қоидаҳо) бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт таҳия гардида, тартиби таъсиси комиссияи грантӣ ва ваколатҳои он, ҷудо намудани грант, тартиби қабул ва баррасии дархост, муҳлат ва назорати амалигардонии лоиҳаҳои грантиро муқаррар менамояд.   2. МАҚСАДИ ҶУДО НАМУДАНИ ГРАНТҲО 2. Мақсади асосии ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 (минбаъд – грантҳо) фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон, ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. 3. Грантҳо ба занони соҳибкоре, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи онҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ буда, ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷойҳои кории нав, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон ва вобаста ба иқлим нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешаванд. 4. Грантҳо ба рушди низоми соҳибкории инноватсионӣ ва оғози соҳибкорӣ (стартапҳо) мусоидат менамоянд.   3. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ КОМИССИЯИ ГРАНТӢ 5. Бо мақсади амалигардонии фаъолият оид ба дастгирии грантӣ, дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита) бо фармоиши раиси Кумита комиссияи грантӣ оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон      (минбаъд – Комиссияи грантӣ) таъсис дода мешавад. 6. Комиссияи грантӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои рушди маҳал, андоз ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода мешавад. Комиссияи грантӣ ба фаъолияти худ метавонад коршиносони мустақилро ҷалб намояд. 7. Раиси Кумита ба фаъолияти Комиссияи грантӣ роҳбарӣ мекунад. 8. Комиссияи грантӣ ба муддати як сол таъсис дода мешавад. 9. Фаъолияти Комиссияи грантӣ мутобиқи Қоидаҳои мазкур танзим карда мешавад. 10. Комиссияи грантӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад: – лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшударо баррасӣ мекунад; – вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо квотаҳо ҷудо менамояд (бо қарори Комиссияи грантӣ дар шакли протоколи ҷаласаи Комиссияи грантӣ); – рӯйхати захиравии довталабони грантҳоро муайян менамояд; – ғолибони озмунро муайян мекунад; – дар ҳолатҳои аз грант даст кашидани соҳибкор ба довталаби дигар додани маблағи грантро тибқи рӯйхати захиравӣ муайян мекунад. 11. Ҳангоми баррасии лоиҳаҳои грантӣ ба лоиҳаҳои занон аз табақаҳои осебпазири аҳолӣ, занони дорои имконияташон маҳдуд (онҳое, ки аз уҳдаи татбиқи лоиҳа мебароянд) ё барои таъмини шуғлнокии чунин занон равонашуда, занони кӯдаки маъюбдошта, заноне, ки соҳибкориро (стартап) оғоз менамоянд, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди соҳаи касбу ҳунарҳои миллӣ афзалият дода мешавад. 12. Грантгирандагон дар асоси озмун аз тарафи Комиссияи грантӣ муайян карда мешаванд. 13. Лоиҳаҳои грантӣ, ки ба нақшаи воқеӣ ва корҳои банақшагирифташуда, ки бо дархост ба Комиссияи грантӣ пешниҳод шудаанд, баъд аз хулосаи Комиссияи грантӣ маблағгузорӣ мегарданд. 14. Байни Кумита, грантгиранда ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба маҳалли зист ва фаъолияти грантгиранда, ки лоиҳааш дар озмун ғолиб омадааст, шартномаи сеҷониба оид ба амалигардонии лоиҳаи грантӣ ба имзо расонида мешавад, ки дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд. 15. Грантгирандагоне, ки грант гирифтаанд, агар маблағи грантии гирифтаашонро мақсаднок истифода намуда, ба ҳадафҳои дар лоиҳа нишондодаашон расида бошанд, баъди 5 соли гирифтани грант ҳуқуқи аз нав дар озмун барои гирифтани гранти президентӣ иштирок карданро пайдо мекунанд. Дар ин ҳолат ба грантгирандагоне, ки дар давоми фаъолияти соҳибкориашон на кам аз 20 нафар занону духтаронро ба касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ ҷалб кардаанд, бартарӣ дода мешавад. 16. Заноне, ки қарзи бонкӣ доранд ё қаблан аз суратҳисобҳои дигар грант гирифтаанду онро мақсаднок истифода накардаанд, ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро надоранд. 17. Ба грантгирандагоне, ки соҳибкориро (стартап) оғоз менамоянд, то 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ дода мешавад ва онҳо бояд на кам аз 3

МАҚОЛАҲО

Заминаҳои зуҳури ғояҳои ҳаракатҳои ифротӣ дар фазои динии кишварҳои шарқӣ ва воситаҳои мафкуравии муқовимат бо он дар Тоҷикистон. Ҷамоати Ансоруллоҳ

  Равияи ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ё «Ансоруллоҳ» соли 2011 дар Афғонистон аз ҷониби яке аз мухолифони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ( Radio Azattyq (Радиои «Озодӣ», 30.07.2021).  «Ҷамоат» калимаи арабии «جماعة‎» буда, маънои «иттиҳод, ташкилот, иттифоқ»-ро дошта (Х.К.Баранов. Арабско-русский словарь. Москва,1977), мафҳуми «иттиҳоди гурўҳи мусулмонон бо мақсади омўзиши якҷоягии дини ислом, адо намудани воҷиботи динӣ, кумаки якдигар ва мубодилаи афкор»-ро ифода менамояд. «Ҷамоат» теъдоди мухталифи диндорони дар як масҷиди муайян барои адои намоз ҷамъшударо метавонад муттаҳид намояд. Роҳбарияти «Ҷамоат»-ро имоми масҷид ба уҳда дорад. Ибораи «Ансоруллоҳ» (أنصار الله‎ ) низ арабӣ буда, он аз калимаҳои «Ансор» ва «Аллоҳ» иборат аст. Калимаи «Ансор» шакли ҷамъи калимаи «Носир» буда, маънои «ҳаводор, пайрав, тарафдор, ёрдамчӣ…»-ро ифода мекунад (Шарбатов. Арабско- русский словарь. Москва, 1977). Калимаи «Ансор» дар фарҳанги «Ар-роид» чунин шарҳ дода шудааст: «Аҳли Мадина, ки Пайғамбари ислом ва ёрони Вай аз аҳли Маккаро ёрӣ карданд» (Ҷуброн Масъуд. Фарҳанги алифбоиӣ арабӣ –форсии  Ар-роид. Машҳад, 1380 ҳ.қ.) Аз соли 2006 то 2015 роҳбарии ташкилоти террористии мазкурро зодаи Тоҷикистон – Амриддин Табаров ва аз соли 2015 то ба имрўз роҳбарии онро Муҳаммад Шарипов ба уҳда дорад. Аз рўзҳои аввали пайдоиши хеш роҳбарони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» муносиботи душманонаи хешро нисбати Тоҷикистон оғоз кардаанд. Дар ин маврид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми сентябри соли 2023 дар панҷумин мулоқоти машваратии президентҳои ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ дар ш.Душанбе иброз намуданд: «Солҳои охир мо бо кушишҳои воридшавӣ ва убури ғайриқонунии убури сарҳади давлатӣ, аз ҷониби гурўҳҳои террорристии мухталиф, рў ба рў шудаем.  Чанде пеш ду кўшиши убури марз аз ҷониби силоҳбадастон пешгирӣ гардид. Онҳо мақсади анҷом додани амалиёти террористиро дар пойтахт ва дигар манотиқи кишварро доштанд». Ниҳоди қудратии масъули ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҳануз 5 сентябри соли 2023 хабар дода буд, ки 3 нафар аъзои ташкилоти байналхалқии террористӣ шаби 29-ум ба 30-юми моҳи август ғайриқонунӣ хатти марзи байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақаи ҳамсарҳад бо деҳаи Кеврони самти ноҳияи Дарвоз убур намуданд. 26 апрел бошад, Маркази алоқа бо ҷомеаи КАМ ҶТ аз несту нобудсозии 2 нафар аъзои «Ансоруллоҳ» ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ хабар дода буд. Ногуфта намонад, ки «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ягона ташкилоти террористиест, ки аъзоёни он аз шаҳрвандони фирории Тоҷикистон иборатанд, ки аз аввалин рўзҳои таъсисёбии хеш зери роҳбарии «Толибон» ҷангидаанд. Ҳаракати «Толибон» баъди ба даст гирифтани зимоми давлатдории дуюмбораи Афғонистон, моҳи августи соли 2021 ба силоҳбадастони «Ансоруллоҳ» масъулияти ҳимояи яке аз минтақаҳои марзи байни Афғонистону Тоҷикистонро супоридаанд. Каме пештар, моҳи июни соли соли 2021, вақте ки «Толибон» гузаргоҳи назоратии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар Бадахшон зери назорат гирифтанд, насби парчами «Толибон»-ро дар ин мавқеъ ба яке аз силоҳбадастони тоҷиктабор Маҳдӣ Арсалон супориш доданд. Маҳдӣ Арсалон ин исми мустаори Муҳаммад Шарипов мебошад. Ў зодаи деҳаи Шербегиёни ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 29 сол дорад. Ҳукумати «Толибон» ба гурўҳи Муҳаммад Шарифов масъулияти назорати 5 ноҳияи Бадахшони Афғонистон (Куфоб, Хвахан, Маймай, Нусай ва Шикай)-ро вогузоштааст. Дар Афғонистон Арсалон ва дигар размандагони тоҷик ҳамчун «толибони тоҷик» маъруфанд. Дар асли ҳол онҳо аъзоёни равияи ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мебошанд. Аъзоёни ин равияи ифротгаро бо сарварии Муҳаммад Шарипов якҷоя бо «толибон» чандин маротиба дар задухўрдҳои сарҳадӣ бо марзбонони тоҷикистонӣ иштирок намудаанд (1.Радио «Озодӣ», Фарангиз Наҷибулло, 30.07.2021, 13:33. 2.Sweet, Julia (2022). “Jamaat Ansarullah (JA) Commander, Mahdi Arsalan, Ready To Invade the Shamsiddin Shokhin District (Shuroabad) in Khatlon region of Tajikistan – 06 October 2021”. TRAC. Retrieved 2023-02-14). Ногуфта намонад, ки ҳар як фаъолияти ифротгароёнаи аъзоёни равияи мазкур аз масъулони ниҳодҳои қудратии тоҷикистонӣ пўшида нест. Бисёр аъзоёни ин равия дар ҷангҳои дохилии Афғонистон ва ё задухўрдҳо, ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба ҳалокат расидаанд ва ё асир гардидаанд. Охирон кўшиши убури марзи Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти террористӣ аз ҷониби гурўҳи сенафараи мусаллаҳонаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ, низ ба бод рафта, роҳбарияти «Толибон», минҷумла сухангўи «Толибон» Забиҳулло Муҷоҳид, аз маълумот доштан ва алоқа доштан бо «Ҷамоати Ансоруллоҳ», дар сафҳои гуруҳҳои ҷангҷуи ифротии Афғонистон иштирок намудани тоҷикистониҳо, инчунин таҳдид накардан ба кишварҳои ҳамсарҳади хеш ва иҷозат надодан ба ҳуҷуми ягон гуруҳи мустақар дар Афғонистон даъво мекунанд, аммо ин ҳама ботил аст. Зеро «Ҷамоати Ансоруллоҳ» бо дигар равияҳои ифротгарою ҷангҷуи Афғонистону Покистон, «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Алқоида», «ДИИШ» ва ғайра алоқаи зич дошта, тамоми фаъолияти хешро зери сарпарастии роҳбарияти «Толибон» анҷом медиҳанд. Гарчанд роҳбарияти «Толибон» даъво доранд, ки иҷозат намедиҳанд заминҳои Афғонистон барои амалиёти низомии зидди кишварҳои ҳамсоя истифода шавад, вале ҳақиқат ҳол дигар аст. Гуруҳи ҳарбии «Ансоруллоҳ»-и шиъаҳои зайдӣ (шиъаҳои зайдӣ яке аз шохаҳои муътадили мазҳаби ташайюъ буда, асосгузори он Зайд ибни Алӣ (набераи Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб)  дар асри 8-уми милодӣ мебошад. Ин шоха ба асосҳои мазҳаби ҳанафӣ қаробат дорад-Большая советская энциклопедия. Москва, 1978) дар Яман низ фаъолият дорад. Онҳо соли 2004 бар зидди ҳукумати Яман ошуби ҳарбӣ барпо намуда, қисмате аз заминҳои қисмати ҷанубии Яманро зери тасарруфи хеш дароварданд. Онҳо дар инқилоби соли 2011 низ ширкат варзиданд, ки дар натиҷаи он президенти Яман Али Абдулло Солиҳ ба истеъфо рафт ва 4 декабри соли 2017 ба қатл расонида шуд. Соли 2015, баъди ба даст гирифтани пойтахти Яман- Санъо ва ташкили Шўрои инқилобӣ, роҳбари Шўро Муҳаммад Алӣ Алҳусӣ интиҳоб гардид. Аз ин сабаб дар ВАО (васоити  ахбори омма) истилоҳи «яманиҳои ҳусӣ» ва ё «ҳусиҳо» истифода мешавад. (Густерин П. Йемен в переходный период. На пути к миру или распаду? — Саарбрюккен, 2014. — ISBN 978-3-659-28300-0).   Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари  шуъбаи пажўҳиши исломи муосир      

МАҚОЛАҲО

Дар пайи ҳаёти ҷовидон

Аз китоби Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз “Маснавии маънавӣ” Марде ҳаким бо забони рамзу истиора ба дӯстони худ гуфт:- Дар Ҳиндустон дарахтест, ки ҳар кас аз меваи он бихӯрад, на пир мешавад  ва на мемирад. Ин сухан ба гӯши подшоҳ мерасад ва сахт шефтаи он дарахт мегардад. Аз ин рӯ, қосиде[1] ба сӯи Ҳиндустон мефиристад, то ҳар гуна, киҳаст, он дарахтро биёбад. Қосидсолҳо дар он сарзамин ҷустуҷӯ мекунад ва нишони он дарахтро аз ҳар касе мепурсад, аммо ҳамагон ӯро масхара мекунанд ва мегӯянд, чунин дарахте вуҷуд надорад: Шаҳр- шаҳр аз баҳри ин матлуб гашт, Не ҷазира монду не кӯҳу на дашт. Ҳар киро пурсид, кардашт ришханд, К-ин кӣ ҷӯяд? Ҷуз магар маҷнуни банд. Муддатҳо гузашт ва шоҳ мураттаб барои ӯ пул мефиристод, то ба ҷустуҷӯ идома диҳад, аммо ӯ ҳарчи бештар ҷустуҷӯ мекард, камтар ба натиҷа мерасад. Саранҷом, азми бозгашт кард: Пас саёҳат кард он ҷо солҳо, Мефиристодаш шаҳаншаҳ молҳо. Чун басе дид андар он ӯурбат таъаб,[2] Оҷиз омад охируламр аз талаб. Кард азми бозгаштан сӯйи шоҳ, Ашк мебориду мебурид роҳ. Дар яке аз манозили роҳ фурӯд омад, то каме истироҳат кунад. Ногаҳон бо олиме раббонӣ рӯ ба рӯ шуд. Достони худро барои ӯ бозмегӯяд, то гиреҳ аз кораш бикшояд. Он олим пас аз шунидани суханони ӯ мегӯяд: -Эй содадил, он дарахт дарахте нест, ки дар саҳрову биёбон ва боғу бӯстон бошад, балки мақсуд аз он дарахт дарахти илму маърифати аст. Шайх хандиду бигуфташ:- Эй салим! Ин дарахти илм бошад дар Алим, Бас баланду бас шигарфу бас басит,[3] Оби ҳайвоне зи дарёи муҳит. Ин гавҳарро номҳои гуногуне аст, гоҳе ба он дарахт мегӯянд, гоҳе офтоб, гоҳе дарё ва гоҳе абр ва ҳазорон хосият дорад, ки яке аз онҳо умри ҷовидон аст: Гаҳ дарахташ ном шуд, гоҳ офтоб, Гоҳ баҳраш ном гашту гаҳ саҳоб. Он яке, к-аш сад ҳазор осор хост, Камтарин осори ӯ умри боқист. Ту аз ин рӯ гумроҳ шудӣ ва ба натиҷа нарасидӣ, ки дар пайи ному сурат рафтӣ ва аз ҳақиқату маънӣ бозмондӣ. Гарчанде ҳадафи мутафаккир аз ин ривоят дониши динист, чун ӯ дар асри миёна зиндаги карда буд, аз ин ривоят бо назардошти хусусиятҳои рушди имрӯзаи ҷомеа бардошти дурбинона ва оқилона бояд ҳосил намуд. Дар фазои пурталотуми рақобатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ рӯ ба улуми табиатшиносӣ овардан василаи беҳтарини таъмини умри ҷовидона барои миллат буда, кафили амну осоиш ва хушбахтии воқеӣ барои фарзандони он мебошад.   Гирдоваранда: Исоев Н.сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

25 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва дигар сохторҳо таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Ба вазифаҳои муовини якум ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  муовини вазири адлия, муовини вазири кишоварзӣ, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун», муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида таъин гардиданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, истифодаи босамару беталафи обу неруи барқ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навтарини илму техника ва зеҳни сунъӣ дар идораи корҳо ҳидоят намуданд. Дастур дода шуд, ки дар тарбияи кадрҳои ҷавон ба омӯзиши амиқи технологияи навтарин, рақамисозӣ, забонҳои муоширати байналмилалӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад. Бо назардошти авзои пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муомилаю муошират манфиати давлати соҳибистиқлол ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад. 25.07.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх