Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест расман оғоз бахшиданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад. Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан аз гандуми навъҳои Хайпро ва Дурум истеҳсол шуда, дар омода кардани хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Корхона ҳамчунин дорои коргоҳи нави механикӣ мебошад, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худаш бунёд гардидааст. Коргоҳ барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, дар он корҳои омодасозии қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлкунӣ ва мисли инҳо анҷом дода мешаванд. Ба истифода додани коргоҳи механикӣ сифати хизматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти корхона мегардад. Технологияҳои муосири дар корхона насбшуда аз Швейтсария ворид гардида, нисбат ба дастгоҳҳои пешина 20 фоиз камтар неруи барқ сарф менамоянд. Дар идомаи боздид Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест боздид намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, ки дар корхонаҳои ҷамъияти мазкур истеҳсол мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ ва мисли инҳо пешниҳод гардиданд. Зимни боздид Пешвои миллат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ Анқо-инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвестро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати Фаровон бунёд карда шудааст мавриди истифода қарор доданд. Ин коргоҳи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ нишондиҳандаи муҳимми имкониятҳои он мебошад. Дар як шабонарӯз ин коргоҳ имкони коркарди то 200 тонна ашёи хомро дорад. Иқтидори солонаи он коркарди то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ се хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият намуда, равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва пешниҳоди маҳсулоти тайёр ба зарфҳо дар ҳамин маҷмӯи истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд. Дар маҷмӯъ, коргоҳи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвест дорои панҷ хатти истеҳсолӣ мебошад. Равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли маҳсулот бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои матлуб амалӣ мегардад. Маҳсулоти асосии коргоҳ равғани офтобпараст, пахта ва омехта мебошад. Маҳсулоти коргоҳ бо номи Равғани Анқо инвест ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, вобаста ба талаботи истеъмолкунандагон дар зарфҳои як, ду, се ва панҷлитрӣ банду баст мешавад. Бунёди коргоҳи нав ҳамзамон барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардааст. Дар давраи сохтмони иншоот 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардида буданд. Ҳоло дар коргоҳи равғанбарорӣ беш аз 20 нафар ба фаъолияти доимӣ ҷалб шудаанд. Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои коргоҳ имконияти васеъ намудани доираи фаъолияти истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ бештар мегардад. Тибқи имкониятҳои истеҳсолии коргоҳ, дар сурати фаъолияти пурраи иқтидорҳо, он метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин намояд. Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои назарраси коргоҳ дар самти рушди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ дарак медиҳад. Ашёи хоми коргоҳ асосан аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад. Ҳамин тариқ, як занҷираи муҳимми истеҳсолӣ аз воридоти ашёи хом то коркард, истеҳсол ва банду басти маҳсулоти тайёр дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

20 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят  самимӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷассуми ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик аз ин неъмати муқаддасу бузурги таърихист. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифзу таҳким ёфт, поя ва сарчашмаи давлатсозиву давлатдории навини миллӣ гардид ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати амну пешрафта ва ташаббускор эътироф шуд. Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ба сӯи ояндаи  неку боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ва фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол таҷассумгари садоқат, ибрози меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

МАҚОЛАҲО

ИСТИҚЛОЛ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ

Имсол шоҳиди баргузории бошукӯҳ ва беназири ҷашни бузурги Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон будем. Давлати миллии мо 35-сола шуд! Чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили арзандаи ин санаи таърихӣ аз чанд моҳ пеш оғоз гардида, дар рӯзи 9-ми сентябр ба авҷи худ расиданд. Тамоми нерӯву тавони сохторҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ба он равона гардида буд, ки ин ҷашни муборак дар сатҳи баланд, бо шукӯҳи хос ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ таҷлил карда шавад. Дар ҳақиқат ҳам чунин шуд. Ҷашни мубораки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд, бо шукӯҳи хос ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ таҷлил гардид. Дар тамоми гӯшаю канори кишвар фазои идона ҳукмфармо буд, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ, иҷтимоиву созандагӣ баргузор шуданд ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ин ҳама нишон дод, ки таҷлили солгарди Истиқлол танҳо як маросими тақвимӣ набуда, балки барои ҷомеа имкони бознигарӣ ба роҳи тайкардаи давлату миллат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси масъулият дар назди Ватан низ мебошад. Дар ин миён, сию панҷ соли истиқлол барои мардуми Тоҷикистон на танҳо давраи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ, балки давраи ташаккули муносибати нави ҷомеа ба арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ низ ба шумор меравад. Дар фазои сулҳу субот ва осоиши истиқлол эҳёи арзишҳои эътиқодии шаҳрвандон имкони рушди қонунӣ пайдо кард. Конститутсия озодии виҷдон ва таъмини шароити мусоид барои адои онҳоро ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд эътироф намуд. Дар даврони истиқлол барои ба роҳ мондани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, рушди маърифати динӣ, адои маросими ҳаҷу умра ва эҳёи як қатор арзишҳои фарҳангиву маънавии марбут ба дини ислом заминаҳои ҳуқуқию институтсионалӣ фароҳам оварда шуданд. Имрӯз арзишҳои ахлоқӣ бо эҳсоси шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ на дар шакли рақобат, балки дар роҳи таҳкими якдигар амал мекунанд. Барои шаҳрванд дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми ҳамватанон, саҳм гузоштан дар ободии кишвар, дастгирии ниёзмандон, ҳифзи мероси миллӣ ва тарбияи насли солим, ҳамзамон арзишҳои шаҳрвандӣ ва эътиқодӣ-ахлоқӣ мебошанд. Ин воқеиятро метавон аз яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол донист. Шаҳрванд метавонад узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамзамон пайрави аз арзишҳои динӣ-мазҳабӣ дошта бошад. Зеро дунявӣ будани давлат ба маънои маҳрум намудани шаҳрванд аз диндорӣ ё дур кардани арзишҳои ахлоқию маънавӣ аз ҳаёти шахсии ӯ нест. Баръакс, низоми дунявӣ имкон медиҳад, ки муносибати шаҳрванд ба дин бар асоси қонун озодона сурат гирад. Маҳз дар чунин фазо масъалаи масъулияти эътиқодӣ дар баробари ҷомеа ва давлат аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Аммо шояд дар нигоҳи аввал чунин намояд ва дар зеҳни баъзеҳо чунин пиндор ба вуҷуд ояд, ки ин ду воқеият – дунявӣ будани давлат ва диндор будани шаҳрвандон – дар ду сатҳи аз ҳам ҷудо қарор доранд: давлат қонун ва қарор қабул мекунад, шаҳрванд онро иҷро менамояд, дар ҳоле ки дин ба ҷанбаи ахлоқӣ маънавӣ шахсӣ тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, қонун, қарор ё иқдоми давлатӣ дар шуури як шаҳрванди новобаста аз эътиқод ҳамчун як меъёри ҳуқуқӣ ва ҳатмияти маъмурӣ қабул мегардад. Дар шароити давлати дунявӣ муносибати як фарди эътиқодманд ба қонун ва иқдомҳои давлат бояд танҳо ба иҷрои механикии талаботи ҳуқуқӣ ва маъмурӣ маҳдуд нашавад, балки шаҳрванд вазифаҳои шаҳрвандии худро бояд авлавият бахшад, чун масъалаи таъмини амнияти ҷомеа дар умум асос аст. Бинобар ин дар низоми давлати миллӣ ва дунявӣ метавон иқдомҳои давлатро тавре маънидод намуд, ки муносибати шаҳрвандӣ на мазмуни «итоати механикӣ», балки мазмуни «итоати маънодору маънавӣ» ва масъулиятшиносона гирад. Арзишҳое, ки давлат барои таъмини онҳо қонунгузорӣ ва сиёсати ҷамъиятиро ба роҳ мемонад, дар бисёр мавридҳо бо арзишҳои ахлоқие, ки дини ислом низ онҳоро эътироф ва таъкид мекунад, ҳамоҳанг мебошанд. Адолат, сулҳу субот, ваҳдату ҳамбастагии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, пешгирии зарар ва фасод, ободкорӣ ва созандагӣ, ғамхорӣ ба аҳли ҷомеа, рушди илму маориф, меҳнати ҳалол, пешрафти иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аз ҷумлаи чунин арзишҳои умумӣ мебошанд. Пас шаҳрванд бояд дарк кунад, ки риояи қонун ба ҳифзи ҷомеа, таъмини амният, субот, тартибот ва манфиати умум мусоидат мекунад (ва ин аҳдофу арзишҳои муҳими иҷтимоӣ дар таълимоти динӣ низ мавриди аҳаммият ва таъкид қарор гирифта, ҷанбаи ахлоқиву савобнокӣ доранд), муносибати ӯ аз «маҷбурият» ба «масъулият» табдил меёбад. Маҳз дар ҳамин нуқта, дин метавонад нақши муҳими пурмазмункунонӣ ва маънобахшӣ дошта бошад. Барои маънидодкунии масъулияти шаҳрвандӣ дар муносибат бо қонунҳо ва иқдомоти давлати дунявӣ зарур нест, ки ҳар як меъёри ҳуқуқӣ ё ҳар як қарори давлатӣ дар осори фиқҳӣ ҷустуҷӯ карда шавад. Зеро қисми зиёди масъалаҳои марбут ба давлатдорӣ, идораи корҳои умум, муносибатҳои иҷтимоӣ ва танзими ҳаёти шаҳрвандӣ ба шакли имрӯзаи худ дар давраи ташаккули фиқҳи классикӣ вуҷуд надоштанд. Аз ин рӯ, дар шароити муосир муҳимтар аз ҷустуҷӯи ҳамсонҳои бевоситаи таърихӣ дарки арзишҳо, ҳадафҳо ва принсипҳои умумие мебошад, ки метавонанд миёни низоми ҳуқуқии давлат ва ахлоқи исломӣ робитаи маънавӣ ба вуҷуд оваранд. Аз ин нуқтаи назар, бояд ба як воқеияти муҳим таваҷҷуҳ кард: қисми зиёди қонунҳо, қарорҳо ва иқдомоти давлати муосир барои таъмини арзишҳое равона мешаванд, ки худи онҳо дар таълимоти исломӣ низ дорои аҳаммияти баланданд. Адолат ва баробарӣ, сулҳу субот ва амният, ваҳдат ва ҳамбастагии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии зулм, зарар ва фасод, ҳифзи ҳаёт ва моликият, ғамхорӣ ба аҳли ҷомеа, дастгирии ниёзмандон, ободкорӣ ва созандагӣ, рушди илму маориф, ҳавасмандии меҳнату фаъолияти созанда, пешрафти иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳои умумӣ мебошанд. Қуръон низ ба адолат, ҳамкорӣ дар некӣ ва парҳезгорӣ ва ислоҳи муносибатҳои байни одамон таъкид мекунад. Масалан, дар Қуръон адолат ҳамчун арзиши мустақим таъкид шуда, ҳамкорӣ дар некӣ ва тақво тавсия гардидааст. Қонунҳои давлат, ки барои ҳифзи ҷони инсон, мол, ҳуқуқи шаҳрвандон, амният, тартибот, субот ва манфиати умум равона шудаанд, барои ҳамагон яксон аст. Масалан, қоидаҳои марбут ба бехатарии ҳаракат, ҳифзи моликият, ҳифзи муҳити зист, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи саломатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ пеш аз ҳама барои пешгирии зарар ва ҳифзи манфиати инсон ва ҷомеа хизмат мекунанд. Шаҳрвандон низ дар навбати худ новбаста аз эътиқод чунин қонунҳоро на танҳо аз тарси ҷазо риоя кунанд, балки онҳоро бо дарки масъулияти ахлоқии худ низ иҷро намояд: барои он ки ба ҷони дигарон зарар нарасонад, ҳуқуқи онҳоро поймол накунад, амнияти ҷомеаро халалдор насозад ва дар нигоҳ доштани тартибу оромӣ саҳм гузорад. Дар ин

МАҚОЛАҲО

Мақоми панду андарз дар «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ

Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро халқи тоҷику форс ва умуман мардуми олам ҳамчун муаллими ахлоқ, устоди панду андарз мешиносанд ва эътирофаш кардаанд. Албатта, чунин волоияту қадрдонӣ бесабаб нест. Гӯё малоик хоки ӯро бо панду андарз сиришта бошанд. Чун номи Саъдӣ шунида мешавад, асари гаронарзишаш «Гулистон» бо панду андарзҳои ҷолибаш пеши назар меояд. «Гулистон» хазинаи панд аст, ки инсонро дар тамоми нишебиҳои зиндагӣ роҳнамост. Ин шоҳасар бо панд оғоз ёфта, бо панд анҷом пазируфтааст. Ва он танҳо аз ҳамин нигоҳ инсонро роҳнамост. Аз ин боргоҳ ҳар фард ба қадри фаҳмиши хеш дурру гуҳар, зару зевар мегирад. Вале агар чун фард ба «Гулистон» ворид нагардад, чӣ донад, ки гулистон чӣ гуна гулҳои ранг ба рангу хушбӯй дорад. Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан, Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ. Вале ин сухан маънои онро надорад, ки ҳар вақт, ки хоҳӣ сухан гӯию, дар байни сухани гӯянда сухан орӣ. Ин амал аз рӯйи одоб нест. Вақте гӯянда суханашро тамом кард ва аҳли нишаст хомӯш монданд, он лаҳза бояд сухан бигӯйӣ. Ва ин рафтор яке аз шартҳои шоистаи адаб бошад. Чун дар тамоми асар сухан аз одобу ахлоқ аст, барои ҳар як хонанда ғизои таъсирбахше мебошад, ки дар тамоми умри хеш ба он суд меорад. Мо насиҳат ба ҷойи худ кардем, Рӯзгоре дар ин ба сар бурдем. Гар наояд ба гӯши рағбати кас, Бар расулон паём бошаду бас. Ҳамин тавр, Саъдӣ ба хонанда гӯшзад менамояд, ки ҳар дурру гуҳаре буд, нисорат кардам. Гоҳ дар насиҳат сухани талхат гуфтаму гоҳ сухани шаҳдрези бозарофат. Қабулашон фармо, биёмӯз ва дар зиндагият истифода бар, то ба мурод бирасӣ. Дигар аз рукнҳои сухан гуфтан, панду андарз додан бо мулоиматӣ, хушгуфторӣ ва билохира сухани лутфомез аст. Ба ҳамин тариқ, Шайх Саъдӣ одоби суҳбату таҳаммулро ба ҳар як шахси солимфикр зарур медонад. Зеро дар ҳалли бисёр масъалаҳо, байни ҷомеа силоҳ ҳамин аст ва сухани хубу лутфомез дар ҳар маврид тире ба нишон хоҳад буд. Саъдӣ ба ин масъала бештар аҳамият дода, ду боби «Гулистон» – бобҳои чор «Дар фавоиди хомӯшӣ» ва ҳашт «Дар одоби суҳбат» ба ҳамин мавзӯъ бахшидааст. Масъалаи муҳими дигар, ки дар ҳама давру замон зарӯр мебошад, ин таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Дар тарбият ва ба воя расондани он заҳмату талоши на як шахс, балки волидон, муаллимон ва муҳит муҳим мебошад. Ба ин хотир ҳикояе дар бораи омӯзгор меорем. Ҳикояҳо аз “Гулистон”: Муаллимеро дар диёри Мағриб дидам туршрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезкор, ки айши мусулмон ба дидани ӯ табаҳ гаштӣ ва хондани «Қуръон»-аш дили мардум сиёҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покиза ва духтароне ба дасти ҷафои ӯ гирифтор; на заҳраи ханда ва на ёрои гуфтор. Гаҳ орази симини якеро тапонча задию гоҳ соқи булурини дигареро шиканҷа кардӣ. Алқисса, шунидам, ки тарфе аз хабоиси нафси ӯ маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби ӯро ба муслиҳе бидоданд: порсову салим, некмарди ҳалим, ки сухан ҷуз ба ҳукми зарурат нагуфтӣ ва муҷиби озори кас бар забонаш нарафтӣ. Кӯдаконро ҳайбати устоди нахустин аз сар бирафт ва муаллими дуюминро ахлоқи малакӣ диданду як-як дев шуданд, бо эътимоди ҳилми ӯ тарки илм доданд. Ағлаби авқот ба бозича фароҳам нишастандӣ ва лавҳ дуруст нокарда, дар сари ҳам шикастандӣ: Устоди муаллим чу бувад беозор, Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор. Баъд аз ду ҳафта бар он масҷид гузар кардам ва муаллими аввалинро дидам, ки дилхуш карда буданд ва ба ҷойи хеш оварда. Инсоф биранҷидам ва лоҳавл (тавба кардам) гуфтам, ки дигарбора Иблисро муаллими малоика чаро карданд? Пирамарде зарифи ҷаҳондида гуфт: Подшоҳе писар ба мактаб дод, Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар: «Ҷаври устод беҳ, ки меҳри падар!» Аз мазмуни ҳикоя бармеояд, ки муаллими аввал зоҳири нохуб, амали номатлуб дошта, вале педагоги хуб будааст. Пеш аз ҳама, шогирдон аз устод тарсу ҳарос доштанд ва ба суханаш гӯш медоданду боадаб буданд ва вазифаро иҷро мекарданд, аммо муаллими дуюм, ки ҳалиму меҳрубон буд, шогирдон сухани устодро нашниданд ва ба корҳои беҳуда машғул шуданд. Чунин рафтори омӯзгор бачаҳоро ба кӯчаи сарбаста раҳнамо сохт. Боз волидайни шогирдон маҷбур шуданд, ки муаллими авваларо ба мактаб оранд. Ба воситаи ин ҳикоят Саъдӣ таъкид менамояд, ки интизом дар таълим суду самараи бештар дорад. Муаллим ҳам бояд босалобат ва сахтгир бошад, то ки кӯдакон дониш омӯзанд. Имрӯз ҳам андешаи Саъдӣ аҳамияти калони амалӣ дорад, имрӯз ҳам агар ба суханони устод шогирдон гӯш надиҳанду беҳурматӣ намоянд, дониши дуруст гирифта наметавонанд. Омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд синфро идора кунад, шогирдон интизом дошта бошанд ва ба сухани муаллим гӯш диҳанд. Вагарна саъю талоши омӯзгор беҳуда аст. “Адаб аз кӣ омухтӣ?” Луқмони Ҳакимро гуфтаанд: -Адаб аз кӣ омухтӣ? Гуфт: -Аз беадабон ҳар чӣ аз онҳо дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам. “Кам хӯрдан адаб acт” Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таом мехурд ва то саҳар хатме мекард. Соҳибдиле бишнид ва гуфт: -Агар ним ноне мехӯрду мехобид, бисёр аз ин фозилтар мебуд. Андарун аз таом холӣ дор, То дар ӯ нури маърифат бинӣ. “Хоркани ҳимматбаланд ва Ҳотами Той” Ҳотами Тойро гуфтанд: -Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон касеро дидаӣ ё шунидаӣ? Гуфт: -Бале, рӯзе ба амирони араб чиҳил шутур қурбон карда будам. Пас ба гушаи саҳро ба ҳоҷате бурун рафтам (барои коре ба саҳро баромадам). Хорканеро дидам, ки пуштае хор фароҳам оварда (ҷамъ кардааст). Гуфтамаш: -«Ба меҳмонии Ҳотам чаро намеравӣ, ки халқе бар симоти (дастархони) ӯ гирд омадаанд? Гуфт: Ҳар кӣ нон аз амали хеш хурад, миннати Ҳотами Той набарад. Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар (баландтар) дидам. “Ҷавони донишманд” Ҷавоне хирадманд аз фунуни фазоил хаззи вофир дошт ва табъи нофир (аз донишҳои гуногун маълумоти зиёд дошт ва аз бисёр гап задан нафрат мекард). Чандон, ки дар махофили донишманд нишастӣ (ҳар кадар дар мачлисҳои донишмандон менишаст) забон аз сухан бибастӣ (гaп намезад). Боре падараш гуфт: -Эй писар, ту низ он чӣ медонӣ, бигӯй! Гуфт: -Тарсам, ки бипурсандам аз он чӣ намедонам ва шармсорӣ барам (метарсам он чиро, ки намедонам пурсида шармандаам кунанд). Байт: Ногуфта надорад касе бо ту кор, Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр! “Овози нохуш” Яке дар масҷиди Санҷор барои савоб бонги намоз (азон) мегуфт, ба тарзе, ки шунавандагон аз ӯ нафрат мекарданд. Соҳиби масҷид амире буд

МАҚОЛАҲО

Фаҳми ҳуқуқ дар асл ҷиддӣ ва мураккаб аст

ТАҚРИЗ Ба асари доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор «Ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир» (Китоби 3). – Душанбе: «ЭР-граф», 2026. – 548 с. (Эҳдо ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон)   Дар шароити таҳаввулоти куллии иҷтимоӣ-сиёсӣ, рақамикунонӣ ва эҷоди низомҳои нав дар фазои илмӣ, таҳқиқи мукаммал ва ҳаматарафаи фалсафаи ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон ва ташаккули худшиносию ҳувияти миллӣ яке аз самтҳои калидии илми ҳуқуқшиносии муосир ба шумор меравад. Аз ин манзар, асари навбатии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор таҳти унвони «Ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир» (Китоби 3), ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, посухи саривақтӣ ва илман асоснок ба талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва фазои илмии минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Асар аз муқаддима («Чанд андеша дар ҳошияи фаҳми ҳуқуқ ва ҳуқуқи миллӣ»), се фасл ва ҳафт боби ягонаи дорои параграфҳои сершумори мантиқан пайваст иборат буда, ҷанбаҳои мухталифи онтологӣ, гносеологӣ ва аксиологии ҳуқуқро мавриди таҳлили амиқ қарор медиҳад. Муаллиф асарро бо суханони ҳикматомези «Авесто» – «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» ва андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд» оғоз мебахшад. Ин нишондиҳандаи он аст, ки пажуҳиши мазкур бар решаҳои амиқи таърихӣ ва мероси маънавиву ахлоқии халқи тоҷик асос ёфта, пайванди онро бо андешаҳои фалсафии ҷаҳонӣ (аз ҷумла Гегел ва Пифагор) равшан месозад.   Барои арзёбии асари бузургҳаҷм ва муҳимми Холиқзода А.Ғ., метавон аввал ба ду нуктае ишора намуд, ки китобро хос, муҳим ва хондани намудаанд. Якум, асар дорои равиши махсуси илмию методологии худ буда, сохтори он ба тарзи бисёр дақиқ ва бо пайвасту пайдарҳамии мантиқӣ чида шудааст. Муаллиф фалсафаи ҳуқуқ, ҳуқуқи миллӣ, табиати консептуалии ҳуқуқфаҳмӣ ва таносуби онро бо ҳуқуқи инсон фасл ба фасл бозкушоӣ карда, ҷараёну марҳалаҳои ташаккули фаҳмиши ҳуқуқиро дар шароити таҳаввулоти ҷомеаи муосир боз намудааст. Ин аст, ки бо тафовут аз аксари асарҳои дар ин мавзуъ дастрасшуда, китоби мазкур моҳияти ҷомеъ ва фарогир ёфта, тақрибан тамоми паҳлуҳои назариявӣ, фалсафӣ ва методологии ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсонро дар бар гирифтааст. Дуюм, гарчӣ муаллиф барои такмили андешаҳои худ аз доираи васеи адабиёти илмию фалсафӣ ва доктринаҳои муосир истифода кардааст, лек нуктаи дигари қувватдиҳандаи асар маҳз дар он аст, ки худи муаллиф ҳамчун пажуҳишгари амиқ ва шинос бо манзараи ҳуқуқии муосир, диду таҷрибаи назариявӣ ва амалии худро ба он афзуда, ба асар рӯҳ ва динамикаи хосса бахшидааст. Яъне, муаллиф таҳлили амиқи фалсафӣ ва таҷрибавии худро низ бар он афзудааст. Табиист, ки ин ҳолат аҳаммияту мустанадии асарро дучанд менамояд. Худи китоби «Ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди ҷомеаи муосир» аз баррасии амиқи яке аз масъалаҳои муҳиммтарини илмҳои фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ, яъне оламу фаҳмиши ҳуқуқ ва онтологияву гносеологияи он оғоз мегардад. Ин мавзӯъ дар пешгуфтор («Муқаддима ба китоби сеюм: Чанд андеша дар ҳошияи фаҳми ҳуқуқ ва ҳуқуқи миллӣ») ва боби якуми китоб («Ҳуқуқфаҳмӣ дар шароити муосир: ҳолат, мушкилот ва дурнамо») матраҳ шуда, муаллиф талош мекунад, ки нисбат ба ин саволи ҷовидонии илми ҳуқуқ назари худро баён созад ва онро исбот намояд. Бо ин мақсад, ӯ масъалаҳои тазодмандии ҳуқуқ, таносуби арзишҳои ҳуқуқӣ, назарияҳои позитивизми муосири ҳуқуқӣ, ҳуқуқи фитрӣ (табиӣ), консепсияи либертарӣ-ҳуқуқии академик В. Нерсесянс ва сотсиологияи ҳуқуқро ба таври васеъ баррасӣ менамояд. Дар қадами баъдӣ, муаллиф бо овардани мисолҳои мушаххас ва фаровон аз назарияву намудҳои ҳуқуқфаҳмӣ ва таносуби онҳо дар паҳнои тамаддуни Шарқу Ғарб, тезиси асосии худро ба пуррагӣ исбот менамояд. Ин усули коргирифтаи Холиқзода А.Ғ. имкон медиҳад, ки масъала ҳам аз ҷиҳати илмию назариявӣ исбот ёбад ва ҳам аз назари таҷрибаю амалӣ устувор карда шавад. Яъне, метавон гуфт, ки ҳар як боби рисола ба танҳоӣ як асари мустақили илмию таълимӣ мебошад, зеро бар хилофи асарҳои тавсифӣ ё нақлӣ, дар он мавзуи мавриди назар бо бунёди илмию назариявӣ устувор карда шудааст. Аҳаммияти фаслҳо ва бобҳои асосии китоб: Фасли I: Фалсафаи ҳуқуқ ва ҳуқуқи миллӣ (Бобҳои 1 ва 2): Муаллиф дар баробари аҳаммияти илмӣ ва сиёсӣ, аҳаммияти махсуси маълумотиву сарчашмавӣ пешниҳод мекунад. Таҳлили амиқи намудҳои ҳуқуқфаҳмӣ (§2.1–§2.8), аз ҷумла ҳуқуқи фитрӣ, позитивизм, сотсиологияи ҳуқуқ ва назарияи маърифати ҳуқуқ имкон медиҳад, ки мушкилоти мураккаби сайри таърихии фаҳмиши ҳуқуқ ба таври фаҳмо аён гардад. Ин фасл аз ду боби калон иборат буда, ба масъалаҳои бунёдии мафҳуми ҳуқуқ бахшида шудааст: Боби 1 («Ҳуқуқфаҳмӣ дар шароити муосир: ҳолат, мушкилот ва дурнамо»): Муаллиф сайри таърихии онтология ва гносеологияи ҳуқуқро омӯхта, мушкилоти муайян кардани ҳаҷму сохтори ҳуқуқ, қабати арзишҳои ҳуқуқӣ ва равишҳои математикиро дар фаҳми ҳуқуқ таҳлил менамояд. Боби 2 («Навъҳои ҳуқуқфаҳмӣ ва роҳи ноҳамвори онҳо ба олами ҳуқуқ»): Дар ин ҷо типология ва таносиби фаҳми ҳуқуқ дар шарқу ғарб баррасӣ мегардад. Таҳлили назарияҳои муосир — аз назарияи меъёрӣ (позитивизм), ҳуқуқи табиӣ (фитрӣ), консепсияи либертарӣ-ҳуқуқии академик В. Нерсесянс то назарияҳои сотсиологӣ бениҳоят дақиқ ва дақиқназарона сурат гирифтааст. Фасли II: Ҳуқуқи инсон ва таносуби он бо фалсафаи ҳуқуқ: Фасли мазкур масъалаи ҷои инсонро дар низоми фалсафию ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад (бобҳои 3, 4 ва 5): Боби сеюми китоб ба баррасии фалсафаи ҳуқуқи инсон, сохтор, мазмун ва ташаккули он дар фазои илми ҳуқуқ бахшида шудааст. Муаллиф нақши ҳуқуқи инсонро чун меҳвари асосии рушди ҷомеаи муосир ва шарти муҳимми таъмини адолати иҷтимоӣ ва қонуният нишон медиҳад. Боби 4 («Ҳуқуқи инсон ва ҳикматҳои он: хаёлпарастии охирини башар ё арзиши ногузир»): Оид ба амнияту озодиҳои иҷтимоӣ, тазодҳои ботинии инсон, беадолатӣ ва нақши адабиёт ҳамчун воситаи ислоҳи маънавию ҳуқуқии Ғарбу Шарқ баҳсҳои фарҳангшиносӣ ва ҳуқуқӣ сохта шудаанд. Боби 5 («Масоили ташаккули ҳуқуқи инсон дар масири таърих: нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди он»): Муаллиф ҷойи махсусро ба саҳми ниёгони тоҷик дар ташаккули арзишҳои ҳамҷаҳонии ҳуқуқи инсон медиҳад. Хусусан, таҳлили ҳаматарафаи «Эъломияи Куруши Кабир» (соли 539 қабл аз милод) ҳамчун нахустин санад дар таърихи башарият ҷолиби диққати фозилона ва фахри миллӣ мебошад. Фасли III. Ҳуқуқи миллӣ ва масъалаҳои ташаккули худшиносии миллӣ. Фасли охир (бобҳои 6 ва 7) нақши санадҳои асосӣ ва таърихро дар ҳаёти муосири давлатдорӣ нишон медиҳад: Боби 6 («Конститутсия ва масоили инъикоси худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити муосир»): Конститутсия ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, роҳҳои пешрафти давлатҳои ҷумҳуриявӣ ва ислоҳи низоми демократӣ таҳлил шудааст. Боби 7

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея нақши муколамаи фаъоли байнипарлумониро бисёр муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн фаъол намудани кори Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҳамчун абзори мусоидаткунанда зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, фаъолияти платформаи Нишасти раисони парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди муштараки мо ва таъмини суботи минтақавӣ равона шудаанд, муҳим арзёбӣ мекунад. Ҷонибҳо аз сатҳу ҳолати кунунии робитаҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба вусъати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея, ки 16 сентябр дар шаҳри Сеул баргузор гардид, барои густариши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Гуфта шуд, ки мусоидати парлумонҳо дар такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ аҳаммияти калон дорад. Масъалаҳои муҳимми ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, ичнунин робитаи кишварҳо дар чорчуби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо дар Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT)

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар қароргоҳи федератсия меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок самимона истиқбол гирифтанд. Қабл аз оғози чорабинӣ ба меҳмони олимақом – Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати муҳорибаи таэквондо намоиш дода шуд. Сипас, Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок қарори Шӯроро оид ба тақдими Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд. Дар маросими тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонида шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсия барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки таэквондо дар баробари як намуди машҳури варзиши олимпӣ буданаш, дар ҷавҳари худ фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо дар рушди минбаъдаи Федератсия ва ҳадафҳои наҷиби он хоҳони комёбиҳои рӯзафзун шуданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Корея ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд. “Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, – изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст. Маҳз ба  шарофати ҳамин мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мутафаккирони барҷастаеро эҳдо кардааст, ки осори онҳо дар тӯли асрҳои зиёд таконбахши пешрафти илму фарҳанги ҳам Шарқу ҳам Ғарб гардидааст. Гуфта шуд, ки ниёгони мо бо мероси адабиву фалсафӣ ва кашфиёти илмии худ дар самти илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ, нуҷум, табиатшиносӣ, тиб, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ ва меъморӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар кишвар андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар заминаи тадбирҳои дар ин самт амалишуда дар 35 соли истиқлол теъдоди мактабҳои олӣ дар кишвари мо аз 13 то ба 51 ва шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор  то ба 230 ҳазор нафар расидааст. Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки мо ҳамеша барои ҷавонон  ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ дар хориҷи кишвар шароиту имконоти зарурӣ муҳайё месозем. Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари дунё, ба шумули Ҷумҳурии Корея машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд. “Мо ҳавасманди идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари шумо, ҳамчунин, таҳкиму густариши табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳастем”, – иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба марҳалаҳои асосии рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва раванди густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкории судманди кишвари мо бо Ҷумҳурии Корея андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки кишварҳои моро анъанаҳои неки ҳамёрӣ, ки бар пояи усулҳои хайрхоҳӣ ба якдигар, ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод бунёд ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Соли оянда мо 35-солагии барқарории робитаҳои дипломатии кишварҳоямонро ҷашн мегирем. Дар ин зимн, нақши Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOIKA) дар тақвияту тавсеаи пайгиронаи равандҳои ҷории шарикии кишварҳоямон таъкид гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва тандурустиро аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номиданд. Таъкид гардид, ки мо ба тавсеаи ҳамкориҳоямон бо кишвари шумо дар соҳаи   таҳсилоти олӣ ва табодули академӣ аҳаммияти хос медиҳем. Зикр карда шуд, ки ҷониби Кореяи дӯст ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ва грантҳо ҷудо мекунад. Ҳоло дар  Ҷумҳурии Корея аз кишвари мо беш аз 350 нафар донишҷӯ, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея, таҳсил менамояд ва шумораи хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари дӯст сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Таъсиси  марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон ва роҳандозии робитаҳои мустақими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир дар ин самт арзёбӣ гардид. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони дар шароити муосир рақобатпазир пояҳои устувор мегузорад. Дар саҳни Донишгоҳи Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ ҷавонони хуштолеъи даврони истиқлол, ки дар донишгоҳҳои Корея таҳсили илм доранд, суҳбати самимӣ доир намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи самараноки имконияти илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва риояи одобу интизоми баланд ҳидоят намуданд.

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Корея, ҷаноби  ЛИ ҶЕ МЁН, Муҳтарам сарони давлатҳо, Муҳтарам намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, Дӯстони гиромӣ, Ҳамоиши имрӯза барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоидро фароҳам месозад. Шиори Ҳамоиши мо – «Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ» далели он аст, ки ояндаи устуворро метавон танҳо тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ таъмин намуд. Боиси қаноатмандист, ки қолаби  “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ҳоло ба майдони муҳими ҳамкорӣ табдил ёфтааст ва ҳадафҳои он ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳои мо мебошанд. Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш, Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар бист соли охир суръати  солонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст. Тайи солҳои охир мо барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогирро амалӣ намудем. Танҳо соли гузашта ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз панҷ миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд. Қонунгузории мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (ВТО) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад. Тоҷикистон дорои зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодир ва муҳим,  имкониятҳои назарраси сайёҳӣ ва нерӯи кории ҷавон мебошад. Бо дарназардошти зарфиятҳо ва имкониятҳои кишвари мо мехостам якчанд самти муҳимро барои ҳамкориҳои минбаъда пешниҳод намоям: 1. Энергияи “сабз”: Кишвари мо имрӯз, ба рушди энергияи барқароршаванда, бахусус обӣ, офтобӣ ва бодӣ афзалият медиҳад. Иқтидори гидроэнергетикии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт-соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки аз он ҳоло фақат шаш фоизаш истифода мешавад. 2. Истихроҷ ва коркарди маъданҳои стратегӣ: Тоҷикистон дорои захираҳои 10 намуди маъданҳои ниҳоят муҳим (критикӣ) ва нодир буда, дар ҳудуди кишвар дар маҷмӯъ зиёда аз 800 кон ва 70 намуди канданиҳои фоиданок муайян гардидаанд. Кишвари мо захираҳои назарраси сурма, нуқра, волфрам, сурб, руҳ, симоб, мис ва флюорит дорад, дар қаламрави он конҳои литий, ниобий ва тантал кашф гардидаанд. 3. Бахшҳои саноати аграрӣ ва кишоварзӣ: ин соҳаҳо дар ҳамаи кишварҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳаммияти калидӣ доранд. Дар ин самт мо ба таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикии содиротӣ манфиатдорем. 4. Соҳаи нассоҷӣ: таъсиси маҷмааҳои нассоҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр самти дигари муҳимми сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. 5. Нақлиёт ва иртибототи байниминтақавӣ: Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ алоқаманди дастрасии устувор ба долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва бандарҳои баҳрӣ мебошад. Дар ин замина мо ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои заминӣ ва оҳан пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. 6. Сайёҳӣ: Кишвари мо ба туфайли зарфиятҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, солимгардонӣ ва дигар самтҳои он имкониятҳои фаровон дорад. Дар марҳалаи кунунӣ талошҳои мо дар ин ҷода асосан ба рушди зерсохтори  соҳа равона гардидаанд. 7. Бахши бонкдорӣ ва молия: Ба мақсади рушди иқтисодӣ мо алоқамандии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои молия ва бонкдорӣ иброз менамоем. Дар ин самт тавсеаи ҳамкориҳоро ҷиҳати маблағгузориҳои хурд барои дастгирии бахши хусусӣ муҳим мешуморем. 8. Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ: Мо ба рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи муҳимми суръатбахшӣ ба рақамикунонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодӣ ва ноил шудан ба рушди устувор таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Маҳз ба ҳамин хотир, тайи солҳои охир, бо ташаббуси Тоҷикистон, дар мавзӯи зеҳни сунъӣ се қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милал қабул гардидааст. (Солҳои 2024-2026) Кишвари мо ба мақсади таъсиси “Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ” дар шаҳри Душанбе, ки бар асоси яке аз ин қатъномаҳо пешбинӣ шудааст, ҳамаи заминаҳои мусоидро фароҳам овардааст. Чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милал санаи 31 августро ҳамчун “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод” эълон кард. Дӯстони гиромӣ! Мо аз иштироки фаъоли кишвари дӯст дар татбиқи лоиҳаҳои марбута дар ҳама соҳаҳои зикргардида истиқбол менамоем. Бовар дорам, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт. Дар фарҷом, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати амалисозии мувофиқаҳои дар доираи нишастҳои имрӯза ҳосилшуда, ки дар шакли Баёнияи муштарак қабул мегарданд, иброз медорам. Бори дигар ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии  Корея барои танзими сатҳи баланди ҳамоишҳои таърихии мо дар шаҳри зебои Сеул ва меҳмоннавозии гарм самимона изҳори сипос менамоем. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Прокрутить вверх