МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Риояи меъёрҳои Конститутсия – ҷавҳари маърифати ҳуқуқӣ

  Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳимми ҷомеа мебошад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардид, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҳадаф расидан дар рушду пешрафти давлату давлатдорӣ воситаи асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши муайянкунанда дорад ва муносибатҳои ҷамъиятиеро танзим менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлат, ҷомеа ва фард вобаста мебошанд. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар асари худ «Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ» ҳадаф аз қабули Конститутсияро муайян намудани хамирмояи мафкураи миллии давлати ҷавони тоҷикон дониста, таъкид медорад, ки ин санади таърихӣ дар паҳнои сиёсат ва ҳуқуқ бояд равшан, возеҳ, фаҳмо, бебаҳс ва мантиқӣ барои халқи худ ва мардуми ҷаҳон дар ояндаи наздику дур ҳамчун шоҳроҳи зиндагии халқ муаррифӣ гардад. Конститутсия дар қатори ҳама дастовардҳои дигари давлатсозиаш халогии қутбҳои мафкураи миллатро пурра ва паҳнои ваҳдати миллиро созгор намуда, таҳияи мафкураи солими давлатро дар паҳнои арзишҳои меҳварӣ ва усулӣ муайян намуд. Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон менамояд ва давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Моддаи 14 – и Конститутсияи Тоҷикистон бо тамоми ин ақидаю андеша ва меъёрҳо мутобиқат дорад, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми он гуфта мешавад: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Дар асоси талаботи моддаи мазкур бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардид. Ҷашну маросим омили муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ ва солимии ахлоқиву ҷисмонии мардум мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки омӯзишу риояи Қонуни мазкур тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст ва тавассути барномаҳои таълимиву истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ хонандагон низ аз урфу одатҳо огоҳ ҳастанд ва расму ойинҳоро риоя мекунанд. Конститутсия Тоҷикистонро ба сифати давлати иҷтимоӣ муайян намуда, онро барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи иҷтимоии ҳар фард масъул сохтааст. Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Бо назардошти ин ҳама гуфтаҳо ва дар асоси талаботи моддаи 10 Конститутсия давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.   Вализода Одинашоҳ, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии  «Маркази исломшиносӣ дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

МАҚОЛАҲО

“МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!”. Ва ё ҷойгоҳи ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон дар гуфтори Пешвои миллат

Дар ҷомеае, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги оламгир ва мардуми тамаддунсозу тамаддундор аст, шинохти шахсияти инсон аз ду унсури асосӣ таркиб меёбад: ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъати идеологияҳои бегона, дуруст муайян кардани ҷойгоҳи ин ду арзиш ва муътадил нигаҳ доштани ин ду пояи шинохти инсон барои ҳифзи ҳастии миллат зарурати таърихӣ аст. Тавре Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «миллате, ки гузаштаи худро намешиносад, оянда надорад!» — Вақт собит сохт, бесарусомонии аксар кишварҳои мусалмоннишин, ки дар айни замон дар онҳо нооромиҳо идома доранд, натиҷаи дар мухолифат ва ё дар афзалияти бепоя қарор додани дин бар арзишҳои дигари миллӣ аз ҷониби неруҳои дохилӣ ва ё хориҷӣ мебошад. Тавре аз таҷрибаи дигар кишварҳо мебинем, ҳар қуввае, ки бо истифода аз эътиқоди динии мардум (барои ҳар миллате, ки набошад) ва бо додани афзалият ба арзишҳои динӣ давлатсозӣ кард ё ҷомеаро хост бо истифода аз боварҳои динӣ идора кунад, дер ё зуд мувоҷеҳи мушкилӣ шуд. Зеро ҳеҷ вақт дин барои миллате, ки бахусус соҳибфарҳангу соҳибтамаддун бошад, омили иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ангезае барои давлатсозӣ набуд ва нахоҳад шуд. Ин омилро ҳатто дар кишварҳои арабӣ низ ба хубӣ дарк кардаанд. Аз ин рӯ, дар ин гуна шароит муайян кардани ҷойгоҳи ин ду унсур, яъне миллият ва диният ва дар як вақт дар мувозанати мавзун арҷ гузоштан ба ҳарду, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва динӣ шароит муҳайё кардан ва ҳардуро ҳифз намудан, бахусус дар шароити давлати демократӣ ва дунявии дорои табиати миллӣ кори басе мушкил, аммо зарурӣ ва муҳим аст. Таҳлилҳо гувоҳи он ҳастанд, ки ҳар миллате, ки тавонист ҳувияти миллии худро ҳифз намояд, онро тақвият бахшад ва исломро (ва ё ҳар дини дигарро) ҳамчун рукни миллӣ ба хотири рушди он истифода кунад, марҳила ба марҳила рушд кард ва саодатманд гашт. Аммо ҳар миллате, ки миллияти худро фидои дин кард, на аз миллат чизе монд ва на аз диёнати онҳо. Вақт собит собит сохт, ки зери шиори “уммат” ва ё “миллати мусалмон” муттаҳид сохтани халқият барои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шиоре беш нест ва танҳо ин гуна шиорпартоиҳо ғаразҳои сирф сиёсии онҳоро ҳадафи пиёдасозӣ қарор додааст. Агар ба маънии миллат аз нигоҳи сиёсӣ ва миллат аз нигоҳи ислом таваҷҷуҳ намоем, ду чизи ба ҳамдигар мутафовитро мебинем, аммо на равишҳои комилан ба ҳам мухолифро, зеро дар дохили ин дидгоҳҳо унсурҳои умумиятдоштаи дигаре низ ҳастанд. Яъне ин ду мафҳум ҳаргиз қатъиян мусалмонро дар пешорӯи интихоби яке қарор намедиҳанд. Масалан, миллат аз нигоҳи сиёсӣ дар худ асоси қавмӣ, нажодӣ, забонӣ, таърихӣ ва ҳудудӣ дошта, асоси онро унсурҳое, чун шаҳрвандӣ, хун, қавмият, сарзамин ё ҳудуди муайян ташкил медиҳад. Аммо, миллият аз нигоҳи ислом имон ба Худо, Паёмбар ва «Қуръон»-ро дар назар дошта, ченаки асосии он умумият ва муттаҳидии мардумро дар эътиқод ва амал ба корҳои хайр медонад. Яъне назари амиқ ба дохили ин равияҳои атрофи ваҳдат ва иттиҳоди мардум тарғибкунанда арзишу ғояҳои зиёди муттаҳидкунандаю умумиятдоштаро низ кашф менамояд, ки эътирофу созиши мавзуни онҳо дар ҷомеаҳои анъанавӣ имкон дорад ба манфиати ваҳдати миллӣ хизмат намоянд. Яъне дилхоҳ миллат метавонад, ки бе даст кашидан аз арзишҳои миллӣ мусалмон ва ҷузъи уммати Ислом бошад. Дар мухолифати сунъӣ қарор додани ин арзишҳо ва унсурҳои бунёдии миллат ва дин дар фазои мафкуравӣ бо мақсадҳои ғаразноку афзалиятхоҳӣ, то ба зинаи куфру ғайриилмӣ эълон кардани равишҳои ҳамдигар таҷрибаи тундгароёнаи ғайриилмию ғайридинӣ аст. Ё як бандаи боимон чӣ гуна метавонад ба иродаи Парвардигори якто, ки ӯро дар оилаи кадом як миллате ҳаст кардааст, эътирозу ношукрӣ намояд?! Чунончӣ, Худованд дар сураи Ҳуҷурот, ояти 13 мефармояд, ки «мо шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ба дурустӣ, ки гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо аст». Яъне, Худованд дар ин ояи Қуръон ҳам ба қавмият, яъне миллияти сиёсӣ ва ҳам парҳезгорӣ, яъне миллияти исломӣ ишорат кардааст. Дар сухани Пешвои муаззами миллат, ки зимни мулоқот бо ходимони дини мамлакат 9 майи соли 2024 баён намуданд ва бори дигар такроран дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд: «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» ҷаҳони меҳру муҳаббат ва садоқат ба миллати тоҷик бо ҳама арзишҳое, ки дорад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол нуҳуфта буд. Ин суханон хиради волою дурандешӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию динӣ будани Сарвари моро далолат мекунанд, ки дар пасманзари худ ҳадафҳои олии давлатсозиро бо рушди солими мафкураи миллию динӣ дороянд. Нахуст бояд гуфт, ки дар масири мураккабу пурпечутоби таърихи навини тоҷикон шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдат ва ба ҳамин васила, наҷотбахши миллат, муҳофизи истиқлолу озодӣ ва бунёдгузори давлатдории навин, инчунин тақвиятбахши худшиносии миллӣ ва динӣ зуҳур намуд. Бо дурандешӣ ва дарки амиқи руҳу равони миллат Сарвари давлат тавонистанд дар як замони пурфишор ва ҳассос ду рукни асосии ҳастии тоҷикон – миллият ва динро дар паҳлуи ҳам ва дар хизмати якдигар қарор диҳанд. Мардуми тоҷик танҳо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ вориди марҳилаи асосии худшиносии миллӣ шуд. То ин дам солҳои дарози ҳукмронии идеологияи коммунистӣ ва аз ин пеш дигар ғосибон боиси аз маърифати таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии худ дур шудани миллат гардида буд. Дар чунин шароит Пешвои миллат бо руҳияи ватандӯстона ва биниши таърихӣ ба саҳнаи сиёсат ворид гардиданд ва сухани «Ман ба шумо сулҳ меорам!»-ро сармашқи кор қарор дода, зери нидои «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» мардумро сарҷамъ намуданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ пайваста чунин таъкид менамуданд: «Бояд таърихи худро донист, бо гузашта фахр кард ва барои оянда аз он сабақ гирифт». Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳимоя шуд, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба таври оммавӣ ба нашр расид ва ба ҳар хонавода тақдим гардид, инчунин китобҳои муқаддаси “Авасто” ва “Қуръон” бо забони тоҷикӣ нашру паҳн шуданд. Ба ҳамин тартиб, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат китоби арзишманди миллии мо “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бо шумораи зиёд чоп ва ба наздикӣ дастраси ҳар сокини мамлакат мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҷашнвораҳои бузурги фарҳангӣ ба ифтихори бузургдошти Фирдавсӣ, Ибни Сино, Имоми Аъзам, Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразм ва ғайра баргузор карда шуданд. Инчунин шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаву маҳаллаҳо, муассисаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ номи ин шахсиятҳои

МАҚОЛАҲО

Роль ислама в укреплении толерантности и предотвращении религиозного радикализма

«Правовые и социальные основы противодействия проявлениям экстремизма и религиозного экстремизма в условиях формирования национальной и светской идеологии»     На протяжении всей истории человечества было много наций, которые внесли значительный вклад в развитие человеческой цивилизации и распространение гуманистических идей. Развитие общественной жизни в любой системе и структуре правления никогда не выходило за рамки гуманистических идей, и первичный гуманизм человеческого мышления лежит в основе других явлений. Человеческий опыт и история показали, что влияние религии и религиозных заповедей на жизнь людей очевидно, и даже в Коране, Библии, Талмуде и других источниках, наряду с религиозными условиями и правилами, также отражены общечеловеческие нормы. Эти нормы выражаются в разных формах. Например, во всех мировых религиях, в том числе в исламе, существует «золотое правило»: «Относись к другим так, как хочешь, чтобы относились к тебе». Практическая реализация этого правила является основой прав человека и исламской культуры прав человека и во многом влияет на поведение людей, позволяя удерживать их от нежелательных явлений, таких как экстремизм и терроризм. Сложившиеся в исламе представления о правах и свободах человека задают тенденции развития современной исламской юриспруденции, и формируют отношение общества к процессу обеспечения прав человека в исламе. В современном мире вклад ислама в развитие современной цивилизации оценивается главным образом сквозь призму его подхода к правам и свободам человека. Следует отметить, что современная концепция прав человека в контексте освещения мусульманского права находится на стадии формирования. В целях обеспечения соблюдения прав и свобод человека в мусульманских странах была принята «Каирская декларация прав человека в исламе». Данная Декларация была одобрена на Конференции министров иностранных дел стран-членов Организации «Исламская конференция» в Каире 5 августа 1990 года. Декларация состоит из 25 статей и охватывает вопросы прав человека в исламе. В статье 1 Декларации говорится, что все люди равны в отношении основ человеческого достоинства, обязанностей и ответственности без каких-либо различий по расе, цвету кожи, языку, месту проживания, полу, религиозным убеждениям, политической принадлежности, социальному статусу или другим критериям. Право на жизнь подчеркивается как божественный дар и гарантируется каждому человеку. Люди и государство должны охранять это право от любого посягательства на него и не допускать лишения жизни без правового основания. Из этого следует, что эта Декларация уважает права и свободы человека и защищает их в человеческих отношениях. Явления экстремизма и терроризма, которые угрожают жизни тысяч людей и наносят огромный ущерб, неприемлемы с точки зрения реализации настоящей Декларации, а наоборот, требует защиты прав и свобод каждого человека. Более того, изучение прав человека с исламской точки зрения может расширить взгляды ученых на его потенциал в регулировании общественных отношений и, в некоторой степени, обогатить идеологический потенциал в процессе предотвращения религиозного радикализма. Однако, относительно данной темы следует отметить, что мусульманское право очень разнообразно, так как в исламе существуют различные правовые школы. В IX-X веках, с развитием общественной жизни в исламском мире, формировалось мусульманское право, в которое также вошли правовые школы (мазхабы). Первоначально исламский шариат, который регулировал различные аспекты жизни мусульман, основывался на священном Коране и пророческих хадисах, но постепенно к этим источникам добавлялись тафсиры к Корану и хадисам, иджма, иджтихад, фетвы и кийас. Тафсиры, иджма, иджтихад, фетвы и кийас – это продукты интеллектуальной работы исламских ученых, которые различаются по ходу истории. После формирования четырех мазхабов в суннитском исламе, признанных мусульманско-правовыми школами, толкование шариата и правовых вопросов основывалось на них. Исламские ученые, жившие в разных частях света, полагались на Коран и хадисы для решения различных общественных проблем, принимая во внимание предписания конкретного мазхаба и местной культуры. Эта ситуация привела к тому, что один вопрос по-разному трактовался разными учеными, но все они доказали правильность своих выводов на основе Корана и хадисов, и мусульманско-правовых школ. С расширением сферы действия исламского права и столкновением с новыми правовыми отношениями, новыми обычаями и традициями, новыми интересами, о которых не было прямой ссылки на нормы шариата, исламские ученые начали обсуждать решение проблем. Здесь сказывается и вопрос о закрытии «ворот» иджтихада. По мнению некоторых ученых, в конце Х века после формирования мусульманско-правовых школ, «врата» самостоятельного суждения (иджтихада) закрылись, и дальнейшее заключения и иджтихад по вопросам были запрещены. Данный запрет в некоторой степени также предусматривался для предотвращения появления новых мазхабов, и любое нововведения считалось ересью (бидъат). С развитием общественной жизни, особенно с небывалым развитием науки и техники в XVIII-XX веках, этот вопрос возродился. Такое рациональное переосмысление решения правовых вопросов, хотя в какой-то мере решало новые проблемы и вопросы с исламской точки зрения, с другой стороны, в какой-то степени привело к новым конфликтам в исламе. В настоящее время, в исламском мире нет единой системы применения правовых норм в соответствии с требованиями всех течений и мазхабов, и в то же время отсутствует процедура принятия окончательного решения о действительности или недействительности той или иной нормы мусульманского права. В связи с этим, общие резолюции Исламской конференции и «Каирской декларации прав человека в исламе» от 1990 года приобрели декларативный характер в полном смысле этого слова и не смогли полностью предотвратить распространение экстремизма и терроризма в исламский мир. Однако, несмотря на разнообразие правовых школ в исламе, его положительные аспекты в развитии общественной жизни считаются очень достаточными, и их правильное использование имеет большое значение для построения толерантности в обществе и усиления идеологического противодействия последователям экстремистских движений. Возникновение мазхабов и правовых школ в исламском мире имеет положительные научные аспекты. С такими огромными политическими и социальными границами, также с обширной географической территорией, в которой входили разные народы и нации с различными традициями и обычаями, Ислам не мог бы развиваться без такого плюрализма и без выбора различных способов достижения своих первоначальных целей. Учитывая то, что четырнадцативековая история таджикского общества имеет отношение к исламу, изучение истории ислама и его правовых концепций играет ключевую роль в обеспечении идеологического противодействия религиозному радикализму. Ислам распространился на просторах этой земли на протяжении веков, и таджикский народ сыграл очень важную роль в формировании великой исламской культуры и цивилизации, и в ее превращение в одну из самых богатых цивилизаций в мире. В разные исторические периоды земля таджиков сталкивалась с такими трудностями в различных формах, которые удалось предотвратить в результате неутомимых усилий великих сыновей этого народа. С давних времен таджикский народ обладал высокой культурой взаимопонимания и не был склонен к экстремистским идеям. Эта особенность таджиков наблюдается как на доисламском, так и на исламском этапах истории нации. В истории арабских стран

МАҚОЛАҲО

МЕҲРГОН – МАВСИМИ ФАЙЗУ БАРАКАТ!

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи  ранҷи  кашидаи  деҳқонон аст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд.  Ин ҷашн рӯзи 16- и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои  таърихӣ  бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст.  Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадима гӯё Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тӯҳфаҳо тақдим менамуданд.  Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки  Меҳргони бузург меномиданд. Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврӯз хеле монандӣ дорад.  Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд. Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили  иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 августи соли 2009 таҳти №538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу  гоҳшуморӣ  марбут аст, бо дастури Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад. Ҳангоми таҷлили Меҳргон ҳамчун ойини анҷоми бобарори корҳои саҳроӣ ниёгони мо маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, фарорасии онро бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегирифтанд, аз натиҷаи заҳматашон хушҳолӣ менамуданд ва нияту орзу мекарданд, ки солҳои баъдӣ низ ҳосил фаровон шавад, то ки хони мардум пур аз файзу баракат бошад. Пирӯзии некӣ бар бадӣ, некандешиву накӯкорӣ, аз қалбҳо дур кардани кинаву кудурат ва муҳаббату эҳтиром ба ҳамдигар ҷанбаҳои маънавию ахлоқии ҷашни Меҳргон низ мебошанд. Ин арзишҳои баланди маънавии Меҳргон аз қадимулайём то ба имрӯз бо илм, адабиёт, фарҳанг ва рӯзгори мардуми мо пайванди ногусастанӣ доранд. Абӯрайҳони Берунӣ дар асори худ доир ба ҷашни Меҳргон маълумоти пурқимат дода, аз ҷумла бо овардани ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ғалабаи хайрро бар шарр таъкид намудааст. Шоирони бузурги тоҷик, аз қабили устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Низомӣ ва дигарон дар ашъори худ ҷанбаҳои пурҳикмату пурарзиши Меҳргонро тавсифу ситоиш намуда, бо самимияту қалби пок истиқбол гирифтани онро тарғиб кардаанд. Дар замони истиқлоли давлатӣ ин ойини бостонии мо дигарбора эҳё гардид ва тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷашни миллии мардуми кишварамон табдил ёфт. Ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад ва кишоварзони шарафманди мо якҷо бо мардуми мамлакат ин суннати фархундаи аҷдодиро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд. Қобили таъкид аст, ки кишоварзӣ барои мо соҳаи ҳаётан муҳим буда, ба туфайли заҳмати софдилонаи марди деҳқон имрӯз дар бозорҳои кишвар маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза фаровон мебошад. Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди саноат, махсусан, саноати сабуку хӯрокворӣ нақши басо арзишманд дорад. Маҳз бо заҳмати деҳқонони асилу соҳибтаҷрибаи кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол афзоиш ёфта, маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ба кишварҳои гуногун содирот мегардад. Донишмандони моро зарур аст, ки расму ойинҳои вобаста ба Меҳргонро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, арзишҳои маънавию иҷтимоии онро бо дарназардошти воқеъиятҳои замони нав ва шароити соҳибихтёрии давлати тоҷикон васеъ тарғиб намоянд. Ҷашни Меҳргон дар роҳи боз ҳам тавсеа пайдо кардани худогоҳиву худшиносии халқамон мусоидат карда, боиси вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиати зебои диёрамон мегардад. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузашта­гонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати  кишоварзон  замони  муносиб будааст, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавриди ҷашни Меҳргон гуфтааст: Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад. Аз ин рӯ, ҳоло айёми тирамоҳ, ҷашни Меҳргон ва вақти ғунучини ҳосил аст. Деҳқонон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ҳосили фаровон ба даст овардаанд. Дар ҳақиқат деҳқонон заҳмат мекашанд, то шароити зиндагии мардум беҳтар гардад, маҳз тавассути арақи ҷабини деҳқон одамон ризқу рӯзии худро пайдо намуда, аз анвои маҳсулот баҳраманд мешаванд. Тамоми ҳамватанонро ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, иқболу саодат ва дастурхони пурнозу неъмат орзу менамоям.   Абдураҳмон Ваҳобзода Муовини директори Маркази исломшиносӣ

МАҚОЛАҲО

ИНЪИКОСИ ТАНАЗЗУЛИ ШОҲАНШОҲИИ СОСОНИЁН ДАР “ШОҲНОМА” ВА ШИКВАҲОИ ФИРДАВСӢ АЗ ФУРУПОШИИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ЭРОНИЁН (ҚИСМИ 1).

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ниёкони мо ҳанӯз аз бомдоди таърих ба эҷоду ҷамъоварии осори гузаштагону донишҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, муҳимтарин ҳаводиси рӯзгорашонро дар шакли хаттию нақлӣ ба воситаи достонҳо, корномаҳо, размномаҳо ва андарзномаҳо ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос мегузоштанд. Истеъдод ва қобилияти баланди таърихнигорӣ ва достонофарии ниёкони мо дар сарчашмаҳои таърихӣ ба таври возеҳу шоиста инъикос ёфта, шоҳкориҳои онҳо дар шакли достоннигорӣ ҳанӯз аз замони Таҳмураси пешдодӣ шуруъ гардида, бузургтарин дастовардҳо ва шоҳкориҳои офаридаи худро дар шакли тостонҳову корномакҳо, сина ба сина, насл ба насл интиқол дода, то замони мо онҳоро натанҳо ҳамчун ганҷи бебаҳои таърихи миллати бузург ҳифз намуданд, балки ба меросбарони худ ҳамчун армуғони бузурги худшиносию худогоҳӣ ва намунаи волои андешаи меҳанпарастию ватандустӣ ба ёдгор монданд. Мутаассифона Искандари Мақдунӣ бар асари рашку ҳасуду кинаи деринаи таърихӣ ва бартариятҷӯии қавмияш дар баробари шикасти шоҳаншоҳии овозадори Ҳахоманишиҳо осори мактуби таърихию фарҳангӣ ва адабии форсии қадими ниёкони моро ғолибан аз байн бурд ба ҷуз сангнавиштаҳо, ки ҳамакнун шоҳиди феълии бузургию ҳашамати давлатдории миллии мо ҳастанд. Дар ин бора муаррихи бузурги араб ал-Ҷоҳиз (775-868) чунин менависад: «Эрониён ба воситаи майлу рағбати фаровоне, ки ба ҳифзи осор ва ахбор доштанд, вақоеи бузург ва корҳои азими худ ва ҳамчунин андарзҳои судманд ва умуреро, ки муҷиби шараф ва сарафрозии эшон мебуд, дар дили кӯҳ менигоштанд ва ё дар биноҳои баланд ва устувор ба ёдгор мегузоштанд. Ва бад-ин сон онҳоро аз хатари завол маҳфуз дошта, барои ҳамеша пойдор месохтанд». Ин осори гаронмоя аз катибаҳои “Ариярамна”, “Аршома”, “Маншури Куруши Кабир” “Багстан”, катибаи “Доро дар мавриди кандани Суетс”, катибаҳои “Нақши Рустам”, катибаи “Тахти Ҷамшед” ва дигарон иборат аст. Бо созмон ёфтани давлатҳои Юнонии Бохтар ва Кушониён ва хоссатан таъсис ёфтани шоҳаншоҳиҳои Ашкониёну Сосониён марҳилаи дигари давлатдорӣ ва худшиносии ниёгони мо оғоз гардид, ки ин марҳилаи таърихиро марҳилаи тақдирсоз дар таърихи аҳди бостони ниёкони тоҷикон шуморидан ба мавридан аст. Маҳз дар ин марҳила Ашкониён бо эҷод намудани хатти паҳлавӣ тавонистанд бузургтарин осори таърихии паҳлавонию қаҳрамонӣ, осори гаронбаҳои фарҳангию мазҳабӣ, бинокорию меъмории миллӣ ва осори адабию ойини рӯзгордории миллати тоҷикро бунёд гузоранд. Дар ин марҳилаи таърихӣ ҳофизаи таърихии ниёкони мо ҳифз гардида, бузургтарин осори хусусияти таърихию адабидоштаи “Бундаҳишн”, “Ривоёти паҳлавӣ”, “Ардавирознома”, “Аййоткории Ҷомосп”, “Аййоткории Зарирон”, “Дарахти Асурик”, “Достони Минуи хирад” ва осори зиёди дигар таълиф гардиданд. Сосониён ба иқдоми фарҳангии Ашкониён дар мавриди ҳифзи донишҳои таърихӣ ҳиммати бештар гумошта, асарҳои гаронбаҳои таърихӣ аз қибилӣ “Худойнома”, «Корномаи Ардашери Бобакон», «Корномаи Анӯшервон», «Тоҷнома», «Ойиннома», «Баҳори Чӯбиннома» асари ҷуғрофию омории «Шаҳристонҳои Эрон», асари тақвимию гоҳшумории «Гоҳнома» асарҳои фалсафии «Кеҳнома», «Ёдгори Зарирон», «Ихтиёрнома», «Калилак ва Димнак», «Динкард», асари ҳуқуқии «Модигони ҳазордастон», асарҳои адабию тарбиявии «Андарзи Хисрав», «Андарзи Озорбади Меҳроспандон», «Ёдгориҳои Ҷомосп», “Андарзи Хусрави Каводон”, “Андарзи пешиниён”, “Андарзи дастурон ва беҳдинон”, “Модигони Чатранҷ”, “Доруи хурсандӣ” ва осори зиёди дигареро тадвин ва таълиф намуданд, ки заминаи воқеъӣ ва сарчашмаҳои асосии таълифи асарҳои безаволу мондагори “Таърих”-и Табарӣ ва “Шоҳнома”-и Фирдвасӣ гардиданд. Хулосаи матлаб ин аст, ки дар таҳқиқоти арзишманди Маликушуарро Баҳор «Сабкшиносӣ» 93 адад китоби маълуму машҳур ва то ба имрӯз расидаи осори паҳлавӣ нишон дода шудааст, ки ин асарҳо аз тарафи мутарҷимон ба монанди Ибни Муқаффаъ, Навбахт, Мӯсо ва Юсуф, Алӣ ибни Зайд, Ҳасан ибни Саҳл, Қосими Исфаҳонӣ, Исои Курдӣ ва дигарон бо забони арабӣ тарҷума шуданд. Номи иддае аз асарҳои паҳлавие, ки ба арабӣ тарҷума шуданд дар асари Ибни Надим «Ал-Феҳрист» ёд мешавад, ки шумораи онҳо ба 305 адад мерасад. Пас, маълум мегардад, ки вазъи пуршукуҳи донишҳои таърихии ниёгони тоҷикон ҳанӯз аз дуртарин замонҳо ҷилвагар шуда, дар ибтидои асрҳои миёна, дар замони оғози марҳилаи нави таърихӣ ва кашмакашиҳои аҷнабиён, барои таълифи таърихномаҳои бузург заминаи бунёдӣ гузошта тавонистанд. Бо фурупошии шоҳаншоҳии Сосониён марҳилаи дигари давлатдорию ифтохороти миллии ниёгони мо аз байн рафт. Аъроби фотеҳ низ чун дигар аҷнабиён барои нобуд кардани гузаштаи пурифтихори мо камари ҳиммат баста, муҳимтарин осори таърихию фарҳангии ниёкони моро аз байн бурда, мехост барои гузаштагони мо дарси шуҷоъату ҷавонимардӣ биёмӯзад. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ сабаби ба зудӣ эҳё шудани таърихнигории миллиро дар ин давраи ҳассоси таърихӣ, муаррихи шаҳири тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ чунин шарҳ додааст: “Чун баъзе аз қабоили арабӣ ба ифтихороти мутаассибонаи худ оғоз ниҳоданд ва худро бар дигар мардумони тобеъаи худ бартар донистанд, донишмандони эронӣ бад-он шуданд, ки агар сухан аз ифтихороти гузаштаву бартарияти қавмист, пас онро дар гузаштаи эрониён бояд ҷуст ва ба ҳамин сабаб дар паи ошкор ва мунташир намудани гузаштаи пурифтихори худ шуданд”. Чун хонадони Сомониён ба қудрат расида, давлатдории миллии моро эҳё намуданд, аввалин амали худро дар раванди давлатсозӣ аз ташаккули тафаккури таърихии мардумони бумии Хуросони Бузург оғоз намуданд. Заҳамоти зиёди донишмандон ва муаррихони аҳди Сомониён чун Абӯлқосим Абдуллоҳ ибни Аҳмади Каъбии Балхӣ муаллифи «Мафохири Хуросон» , Абӯзайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ (850-934) муаллифи «Сувару-л-ақолим», Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ (869-942) муаллифи «Ал-булдон», Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Форисӣ маъруф ба Истахрӣ (849-957) муаллифи «Ал-масолику-л-мамолик», Абӯабдуллоҳ Ҳамза ибни Ҳасани Исфаҳонӣ маъруф ба Ҳамзаи Исфаҳонӣ (883-960-70) муаллифи «Девони Абӯнувос», «Китобу-л-амсол», «Китобу-т-танбеҳ», «Китобу-л-умам», Абдуллоҳи Хоразмӣ муаллифи «Мифтоҳу-л-улум», Абулмуайяди Балхӣ муаллифи «Аҷоибу-л-булдон» Абӯабдуллои Ҷайҳонӣ муаллифи «Китоб-ул-мамолик в-алмасолик», Абӯисҳоқи Собӣ муаллифи «Таърихи Оли Бувайҳ , Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (899-959) муаллифи “Таърихи Бухоро”, Абӯабдуллоҳ ибни Муҳаммад маъруф ба Ибни Мискавейҳ (932- 1030) муаллифи «Таҷорибу-л-умам ва авоқибу-л-ҳимам» (дар таърих), «Таҳзибу-л-ахлоқ», «Татҳиру-л-аъроқ» (дар дину фалсафа), «Ҳикмату-л-холида», Ҳаким Абӯлқосим Фирдавсии Тӯсӣ (934-1020) муаллифи асари безаволи “Шоҳнома” тавонистанд, ин миллати бузургро дар раванди ҳаводиси фалокатбори тираву тори асримиёнагӣ аз вартаи нестшавӣ наҷот бидиҳанд ва барои муаррихони муосир намунаи ибрат бошанд. Яке аз муаррихони бузурги замони растохези тоҷикон – Сомониён Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки осори безаволаш – “Шоҳнома” дар рушди тафаккури таърихии миллати тоҷик нақши муҳимм бозидааст. Ҳаким Абӯлқосим Мансур ибни Ҳасан ибни Исҳоқ Шарафшоҳи Тӯсӣ маъруф ба Фирдавсии Тӯсӣ (934 ё 940 – 1020-25) аз зумраи достонсароёни машҳури олам аст, ки дарозтарин достонҳои назмии қаҳрамонию паҳлавонӣ ва таърихии дунёро офаридааст. Дар аксар сарчашмаҳои таърихӣ аз Фирдавсӣ ҳамчун саромадони муаррихони порсигӯ ёд кардаанд, аз ҷумла Мирхонд дар «Равзату-с-сафо»-и хеш зикр менамояд, ки Фирдавсӣ бо «Шоҳнома»-и худ ҳуввияти аз байнрафтаи эрониёнро пас аз футуҳоти араб дубора зинда кард. Аҳаммияти таърихии “Шоҳнома” дар он аст, ки аз муҳиммтарин сарчашмаҳои таърихии ниёкони худ ба мисли сарчашмаҳои форсии қадиму катибаҳои ҳахоманишӣ ва паҳлавии форсии

МАҚОЛАҲО

ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ – ЗАМОНАТИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Миллати куҳанбунёди тоҷик дорои фарҳанги ғанӣ ва таърихи қадима мебошад. Дар тӯли асрҳо анъанаҳо, ҷашнҳо ва маросимҳои мардумӣ ҳамчун ҷузъи таркибии ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ ташаккул ёфтаанд. Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар шароити рушду таҳкими дастовардҳои Истиқлоли миллӣ ба ислоҳоти иҷтимоӣ ва танзими ҷашну маросим рӯ овард. Бо дарназардошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуногунии сатҳи зиндагии қишрҳои ҷомеа, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» (соли 2007) як иқдоми муҳими ислоҳотӣ гардид. Қонун мазкур бо ибтикори падарона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади паст кардани хароҷоти аз ҳад зиёди маъракаҳои ҷашну маросимҳо, таъмини баробарии иҷтимоӣ ва ҳамгироии аҳолӣ дар зери арзишҳои воқеии миллӣ қабул гардид. Дар ҷомеаҳои суннатӣ, ба мисли Тоҷикистон, ҷашну маросимҳо аз қадимулайём ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Аммо, бо гузашти вақт, хароҷоти аз ҳад зиёди ҷашну маросимҳо (туйҳои арӯсӣ, маъракаҳои азодорӣ, ҷашнҳои зодрӯз, хатнасур ва ғ.) ба як фишори сахти молиявӣ ба души шаҳрвандон табдил ёфт. Ҳолатҳое буд, ки: • Оилаҳо бар асари баргузории маъракаҳо қарздор мешуданд; • Оилаҳои ҷавон ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешуданд; • Дар ҷомеа фазои нобаробарӣ ва намоишкорӣ ташаккул меёфт. Ҳамин ҳолатҳо асоси иҷтимоии қабули қонуни танзим гардид. Қонун, пеш аз ҳама, заминаи ҳуқуқиро барои танзими одилонаи ҷашну маросим фароҳам овард. Қонуни мазкур на мақсади барҳамдиҳии анъанаҳои миллӣ, балки танзимкунандаи онҳо дар заминаи шароити муосир мебошад. Дар партави амали қонуни мазкур арзишҳои фарҳангии мардум бо риояи меъёрҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва адолати иҷтимоӣ ҳифз ва таҳким ёфта истодаанд. Бо ин роҳ: • Ҳама қишрҳои ҷомеа дар доираи қоидаҳои якхела амал мекунанд; • Фишори иқтисодӣ коҳиш ёфта, имкониятҳои баробар барои баргузории маъракаҳо ба вуҷуд омад; • Меъёрҳои ягона барои истифодаи вақти ҷудошуда, шумораи даъватшудагон ва рӯзҳои муайяни баргузории маъракаҳо пешбинӣ гардид. • Қонун ба коҳиш додани хароҷоти барзиёди маъракаороӣ мусоидат намуд; • Барои ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ шароити фарох пайдо гардид; • Ба амалҳои зоҳирпарастӣ ва фишори иқтисодӣ ба аҳолӣ сад гузошта шуд; • Ба таъмини баробарии иҷтимоӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба баргузории ҷашну маросимҳо қонун заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз ҳамин танзимкунӣ имконият дод, ки адолати иҷтимоӣ, яъне баробарии имкониятҳои якхелаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар миёни мардум таъмин гардад. Яке аз омилҳои муҳимми адолати иҷтимоӣ ин коҳиш додани фарқ байни табақаҳои доро ва камбизоат мебошад. Пештар маросимҳои бошукуҳ як воситаи намоишкорӣ ва афзоиши фарқияти синфӣ шуда буд. Қонуни танзим: • Амалҳои намоишкорӣ ва тақлидкориро маҳдуд кард; • Меъёрҳои умумиро ҷорӣ намуд, ки ба ҳама табақаҳо таъсири якхела дорад; • Рақобати бемавқеи иҷтимоиро дар ҷомеа коҳиш дод. Ин ҳама ба эҷоди муҳити баробар ва мутавозин дар ҷомеа мусоидат намуд. Таҳлилҳои солҳои баъд аз қабули қонун нишон медиҳанд, ки: • Хароҷоти миёнаи ҷашну маросимҳо аз 40 то 60% коҳиш ёфтааст; • Оилаҳои тоҷикистонӣ метавонанд захираҳои моливу пулии худро ба таҳсил, беҳсозии зиндагии оилавӣ ва манзил равона кунанд; • Муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа содатар ва самимитар гардиданд. Яъне, қонун на танҳо адолати иҷтимоиро таҳким бахшид, балки фарҳанги нави муносибатҳои иҷтимоиро низ ташаккул дод. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» намунаи равшани реформаи иҷтимоӣ мебошад, ки барои таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими муҳити баробар, паст кардани хароҷоти зиёдатӣ ва солимсгардонии фазои иҷтимоии ҷомеа мусоидат карда истодааст. Татбиқи пайгиронаи он кафолати он аст, ки арзишҳои фарҳангии миллӣ бо ниёзҳои воқеии ҷомеа мутобиқ гардида ва ҳамагон имкони зиндагии шоиста дошта бошанд. Қонуни мазкур як абзори муҳими сиёсати иҷтимоӣ буда, метавонад дар паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ нақши мусбат бозад. Бо танзими сарфу хароҷоти нолозим, имкониятҳои беҳтари зиндагӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд омада, муҳити иқтисодӣ устувортар мегардад. Он на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки воситаи тарбияи фарҳангӣ, маънавӣ ва иқтисодии ҷомеа мебошад. Қонун ба коҳиши фишорҳои иҷтимоӣ, рушди фарҳанги сарфакорӣ ва таҳкими ҳамбастагии миллӣ мусоидат кард. Бо нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба шароити имрӯза, ҷомеаи мо метавонад ба рушди устувор ва зиндагии шоиста ноил гардад. Мирзозода Азизуло Файз Мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Почему в арабском мире не развивается наука?

  Современный исламский мир перестал уделять внимание научной жизни. Сейчас исследователи «Золотого века» арабской истории пытаются акцентировать свое внимание на достижениях прошлых лет, чтобы улучшить взаимоотношения Запада и Востока. Уважение к научным достижениям арабского мира сопровождается обсуждением вопросов современных проблем региона. Сравнивая эпоху рассвета Арабского Халифата и современное состояние арабских стран, разница несоответствия уровней развития шокирует. Историк Бернард Льюис в своей книге «Что не так?» отмечает: «На протяжении многих столетий исламский мир занимал ведущие позиции в развитии цивилизации и в сфере достижений». Профессор истории в Университете Оклахомы Джамиль Раджеп говорит, что влияние исламского мира на Запад проявляется даже в привычных словах, таких как алгоритм, алхимия, зенит, кофе, лимон и т.д.» Однако сегодня дух науки в арабском мире напоминает пустыню. По статистическим наблюдениям пакистанского физика Первеза Амирали Худбхоя, мусульманские страны на тысячу человек имеют 9 ученых, инженеров и техников. В этих странах 1800 университетов, но только в 312 из них есть ученые, которые публикуют свои научные статьи. Из 50 наиболее активных в науке университетов, 26 находятся в Турции, 9 – в Иране, по 3 в Малайзии и Египте, 2 – в Пакистане, а в Уганде, ОАЭ, Саудовской Аравии, Ливане, Кувейте, Иордании и Азербайджане всего по одному. Из 1 миллиарда 600 миллионов мусульман в мире только двое ученых получили Нобелевскую премию в области науки (в 1979г по физике, в 1999 г. по химии). 46 мусульманских стран в совокупности составляют лишь 1% от научной литературы в мире. Испания и Индия делают намного больше вкладов в мировое развитие, чем все эти страны вместе взятые. Учитывая, что до XIII века арабы обладали передовыми научными знаниями, возникает вопрос, что пошло не так? Упадок не был резким, он шел постепенно в течение семи столетий. Не существует однозначного ответа на вопрос, как это произошло. Однако многие предполагают, что существенным фактором было геополитическое положение халифата. Еще в Х веке Аббасидское государство начинает распадаться, делиться на автономные районы, происходят частые восстания. Удар также был нанесен в 1258г. – монгольским нашествием, а в Испании – реконкистой (отвоевание земель у арабов). Следующую причину ученые видят в развитии различных исламских школ, что приводило к разногласиям. Например, для борьбы с мугтазилитами, начали закрывать медресе, что уже тормозило получение людьми новых знаний. В учебных заведениях оставляют лишь некоторые виды наук, необходимых для чтения Корана, понимания основ арабской грамматики, хадисов и принципов шариата. Исключили такие предметы как математика и естественные науки. Научные открытия арабов оставались не известными миру. Открытия западных ученых проходили незамеченными в исламском мире. В Европе на основе переводов арабов, усваивается изучение греческой философии, римского права. Это привело к созданию университетов и развитию науки. Наряду с работами Аристотеля, Евклида, Птолемея и Галена, на латинский язык переводятся труды Авиценны и Авэрроэса. А позднее труды арабских ученых были включены в официальную программу высших учебных заведений. Авторитарное правление в мусульманских регионах, недостаточное финансирования образования также повлияли на научную жизнь исламского мира. Существует и еще одна причина: мусульмане плохо знают свое прошлое, перестали интересоваться и гордиться достижениями своих предков. В связи с этим исследование арабской истории, а также восстановление и изучение рукописей, возможно, помогло бы арабам возродить интерес к развитию науки в современности. Гиллел Офек Переведено с The New Atlantis специально для ИА «Инфо-Ислам» Источник: ДУХОВНОЕ УПРАВЛЕНИЕ МУСУЛЬМАН РЕСПУБЛИКИ ТАТАРСТАН (info-islam.ru) 05 января 2012 года 14:37

МАҚОЛАҲО

Бахшида ба Рӯзи омӯзгор: “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф”

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аҳли илму маорифи мамлакат бо вуҷуди меҳнату заҳмати вазнин ва масъулияти азиме, ки ба дӯш доштанд, аз душвории рӯзгор, нобасомониҳои маишӣ ва камбудиҳои иҷтимоӣ азият мекашиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 1995 дар маҷлиси фаъолони маорифи ҷумҳурӣ таъкид доштанд, ки «То замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст» [1]. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат қарор дошта, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок медонад ва барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро меандешад. То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф сол ба сол афзуда, аз 260 миллион сомонии соли 2005 то 10,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Яъне дар 20 соли охир маблағгузории соҳа 42 баробар зиёд гардидааст. Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст [2]. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта (28-уми декабри соли 2024) маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маорифро 30 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчу­нин, стипендияҳоро аз 1-уми сентябри соли 2025 то 20 фоиз зиёд карданд [3]. Ҳамин тариқ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шудааст. Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид барои илмомӯзӣ фароҳам гаш­та, баргузории озмуну олимпиадаҳо озодона ба роҳ мон­да мешаванд. Сарвари давлат дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2019 ба хоти­ри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040- ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро ҳар сол мувофиқи мақсад шумурданд [4]. Президенти мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифти­хор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои но­дир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад. Мақсаду мароми Пешвои муаззами миллат аз амалӣ сохтану иқдомат дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Шоҳиди онем, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ афзуда, онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ таъмин карда шуданд, ки барои омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва муҳандисӣ: риёзиёт, физика ва химия ҷавобгӯ мебошанд. Дар чунин шароити муҳайёнамудаи Ҳукумат ҳар фар­ди ҷомеа, бахусус омӯзгорон зарур шумурданд, ки ба сифати таълим ва тарбия диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, мавқеъ ва рушди тафаккури хонандаро фароҳам намуда, роҳҳои андешидан ва омӯхтанро ба дигарон аз худ карданд. Омӯзгорон, ҳамчунин, хуб дарёфтанд, ки вазифаи онҳо интиқоли дониш, эҷоди тафаккури мантиқӣ ва парвариши шахсияти солим аст. Аҳли илм дарк карданд, ки муносибаташон ба кор ҷиддиву босифат бошад ва ба хонандагону донишҷӯён фикр кардан­ро дар заминаи ҳалли ҳар як масъала биёомӯзонанд. Дар ҳолати муҳайё кардани низоми аз ҷиҳати илмӣ асосноки ташкили фаъолияти фикрӣ, инсон ногузир одитарин ва тадриҷан мушкилтарин асрори фикр кардан ва таҳлили фикриро барои худ кашф мекунад. Адабиётҳо: Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, ҷилди1, Душанбе, «Ирфон», 2002, саҳ. 378. Рӯзномаи «Ҷумҳурият», 19 майи соли 2025, №98. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара, 17 майи соли 2025. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе, «Шарқи озод», 2025, саҳ. 19. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе, «Шарқи озод», 2019, саҳ. 24.   Вализода Одинашоҳ, номзади илмҳои педагогӣ сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

МАҚОЛАҲО

Ҷилваи дурахшони забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол

Забон унсури асосии фарҳанги ҳар миллат ба ҳисоб рафта, дар ташаккулу инкишофи он нақши муҳимро мебозад. Он василаи асосии касби маърифат буда, абзори муҳимтарини рушду нумуи худшиносии миллӣ ва бою ғанӣ гардидани олами маънавии ҳар фарди миллат шинохта мешавад.Донистани забони миллӣ одатан оғози маърифатнокии шахс ва ҳамзамон роҳи дурусттарин ва маҳсулноктарини омӯзиши забонҳои хориҷӣ арзёбӣ мегардад. Шоири маъруфи адабиёти классикии тоҷик Тошхӯҷа Асирӣ беҳуда нагуфтааст: Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забон осон гардад. Маҳз тавассути забон ҷаҳони маънавии шахсу сатҳи фарҳангнокии он ифшо мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва муассири забони миллиро дар рушду шукуфоии миллат ба хубӣ дарк намуда, барҳақ фармудаанд: «Забон хишти аввалини кохии миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад». Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Маҳз забон миллатро аз нестшавӣ нигоҳ дошта, барои бунёди давлати миллӣ заминаи ғоявиро муҳайё менамояд. Маҳз забон аст, ки дар доираи он тафаккури миллӣ шакл мегирад. Зебогию фасеҳии забон, бадеияту хушгувории он дар ҳар шакле набошад, дар тафаккур ифодаи воқеии худро меёбад. Забони зебою фарҳехта нишони тафаккури рушднамуда маҳсуб меёбад. Вақте дар бораи нақши барҷастаи забони миллӣ ва рушду нумуи он дар даврони Истиқлол ҳарф мезанем, пеши назари мо беихтиёр симои хирадмандонаи Пешвои миллат ҷилвагар мешавад. Воқеан ҳам ҳар фарди худшинос ва фарҳангдӯсти миллат бояд Худоро шукр гӯяд, ки барои онҳо сарвареро дар шахси Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонд, ки бо тамоми ҳастии хеш баҳри рушду такомули забони миллӣ талош меварзанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз тавассути сиёсати дурандешона ва фарҳангпешаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол мақоми воқеан ҳам созанда ва муассир касб намуду баҳри рушду камоли он чун дар замони Сомониён шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳар гоҳ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид забони ноби тоҷикӣ аз даҳони сарвари тамоми тоҷикони дунё, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад, тамоми вуҷуди шахсро як эҳсоси амиқи хурсандию сурур фаро мегирад. Забони тоҷикӣ чун дигар забонҳои дунё аз минбари бонуфуз садо медиҳаду бо фасоҳату зебогии худ пардаҳои фазоро аз ҳам меканад. Воқеан ҳам чунин лаҳзаҳо ҳолати хеле фараҳовару хушнудкунанда маҳсуб меёбанд. Қобили зикр аст, ки ҳар фарди таҳлилгару забоншинос ва миллатдӯст дарҳол дарк менамояд, ки маҳз замони Истиқлол замони ҷилваи дурахшони забони тоҷикӣ гардидааст. Истиқлол ҳамчун падидаи фармомӯшнашавандаи таърихӣ ва тақдирсози миллат дар баробари музаффариятҳои азим дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ҳамчунин дар ҳаёти фарҳангии миллат, махсусан дар боло рафтани нақшу мақоми забони миллӣ низ нақши муассир ва таконбахш гузошт. Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳру муҳаббати ҳар фарди миллат ба забон ва таъриху фарҳанги хеш даҳчанд афзуд. Имрӯз, вақте суханварии хонандагони хурдсолро ба забони ноби тоҷикӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мушоҳида менамоем, тамоми вуҷудамонро ғайричашмдошт як ҳолати хурсандибахш фаро мегирад. Забони тоҷикӣ чӣ қадар забони ширину гуворост! Бояд эътироф намуд, ки чунин як меҳру муҳаббати самимӣ ба забони миллӣ маҳз дар даврони Истиқлол ва маҳз тавассути сиёсати фарҳангпешаи Пешвои миллат ба мо даст дод. Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва меҳру муҳаббати содиқона ва самимии Пешвои миллат сабаб гардид, ки имрӯз дар тамоми донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ба забони ноби тоҷикӣ дарс гуфта мешавад. Ба таври муқоиса дар замони шуравӣ фарзанди тоҷик фанҳои мазкурро ба забони бегона аз худ мекард. Ё имрӯз мебинем, ки чӣ қадар маҷаллаҳои илмӣ дар дилхоҳ соҳаи илм ба забони тоҷикӣ нашр мешаваду онҳо мавриди мутолиаи умум мегарданд. Бешак чунин ҳолатҳои фарқкунанда ва муассир дар пешрафт ва рушди забони тоҷикӣ дар муқоиса бо замони шуравӣ хеле зиёданд ва аҳли илму фарҳангро ҳоҷат ба баёни муфассал нест. Истиқлол ба таври воқеӣ шароите гардид, ки ба шарофати он забони миллии тоҷикӣ бори дигар имкон пайдо намуд, ки худро дар баҳри беканори ҳамкории фарҳангу тамаддунҳои мухталиф ва рақобатҳои гуногунпояи забонҳои гуногун худро санҷад. Чуноне ки воқеияти имрӯза бозгуст, забони тоҷикӣ имрӯз аз байни мавҷҳои пурталотуми баҳри рақобати забонҳои мухталиф сарбаландона қадам зида, ҳар чӣ бештар мавқеи устуворро касб карда истодаасту фазои таъсири худро тавсеа бахшида истодааст. Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ дар як муддати кӯтоҳ ба шарофати сиёсати хирадмандони Пешвои миллат аз озмоиши ҷиддии рӯзгори пурталотуми ҷомеаи имрӯза сарбаландона гузашт. Фарзандони баномуси миллат бори дигар собит намуданд, ки забони миллии онҳо забони илму сиёсат буд, ҳаст ва мемонад. Фарзандони баномуси миллат ба забони миллӣ асарҳои илмии худро таълиф намуда, дар инкишофи забон пайваста саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Фазои нави сиёсии ҷомеаи башарӣ ва рушди бемайлони улуми дақиқ аз забони миллӣ ва соҳибони он тақозо менамояд, ки ба шароити нави рушд ҳамеша ҷавобгӯ буда, баҳри мақоми сазовор дар байни забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ саъй намоянд. Таҳлилу омӯзишҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки барои рушди забон ба ғайр аз сиёсати миллатдӯстонаи сарвари кишвару шароити созандаи Истиқлол боз масъулиятшиносиии фарзандони баномуси миллат низ хеле муҳим ва зарур мебошад. Эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди тақдири миллат, дар назди фарҳанги бою ғании гузашта, дар назди руҳи бузургони илму фарҳанги миллӣ ҳар шахси забондӯстро водор менамояд, ки дар баробари омӯзиши забонҳои ғайр нисбат ба забони миллӣ бетараф набошад. Дар баробари забонҳои ғайр посу гиромӣ доштани забони миллӣ нишонаи асосии меҳру муҳаббат ба забони миллӣ маҳсуб меёбад. Абдухалилзода К.А. Муовини директори Маркази исломшиносӣ

МАҚОЛАҲО

Ҳофизи Шерозӣ ва осори гаронарзиши ӯ

Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1325 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ӯ аз падар ятим монда, бо модараш умр ба сар мебарад. Шоири машҳур ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба таҳсилу илмомӯзи шавқу рағбати зиёд дошт, вале мутаасифона дар мактабҳои он замон танҳо нафарони пулдор метавонистанд таҳсил намоянду халос. Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, Шамсуддини хурдсол барои таҳсил намудан дар мактаб саъй мекунад ва ба нонпазхона ба кор оғоз мекунад то музде ба даст орад. Ӯ баъд аз музд гирифтан онро ба се қисм ҷудо мекунад: як қисм барои модараш, як қисм барои таҳсилаш ва қисми дигар барои худаш. Дар як вақт ҳам кору меҳнат ва ҳам таҳсилу илмомӯзи барояш мушкил буда, ба ин ҳама сабру таҳаммулро пеша мекунад. Дар як мудати кӯтоҳ ӯ аз ҳаммактабони худ пеш гузашта ба шеърнависӣ оғоз мекунад ва Қуръонро низ аз ёд мекунад ва ба ин хотир ба ӯ лақаби “Ҳофиз” додаанд. Ҳофизи Шерозӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик буда, на танҳо миёни миллати худ, балки миёни халқҳои ҷаҳон шуҳрат ёфтааст. Осори адабии шоир хеле бою рангоранг буда, асари машҳури ӯ “Девони Ҳофиз” мебошад, ки аз ғазалҳо, қасидаҳо ва рубоиёту қитъаҳо иборат мебошад. Дар ашъори Ҳофиз бештар мавзӯҳои фалсафию ахлоқӣ, ишқи илоҳӣ ва заминӣ, зебогии табиату ҳаёт, нақди риёкорь ва зоҳирпарастӣ дида мешавад. Ҳифзи ватану дӯст доштани он дар ашъори Ҳофиз мавқеъи марказӣ дошта, инро дар мисоли ғазали худи шоир, ки муҳаббати худро нисбат ба хоки диёраш хеле самимӣ ба қалам додаст метавон дарёфт: Хушо Шерозу вазъи бемисолаш, Худовандо нигаҳ дор аз заволаш. Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ, Ки умри Хизр мебахшад зулолаш. Саросар тамоми эҷодиёти Хоҷа Ҳофизро панду андарзҳо ғояҳои адлу инсоф, меҳнати ҳалол кардан, меҳру муҳаббат доштан, сабру наҳаммул намудан фаро мегирад, чунончӣ: Панди ҳаким маҳзи савоб асту айни хайр, Фархунда он касе, ки ба самъи ризо кушид. Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир, Ҳар он чи носиҳи мушфиқ бигӯядат бипазир. Аз гуфтаҳои боло чунин бар меояд, ки инсон ҳамеша ба панду андарз ниёз дорад. Фархундаву хушбахт он аст, ки панду андарзро шунаваду писандад ва дар ҳаёти ҳарӯзаи хеш аз он истифода намояд. Дар замони зиндагии Ҳофиз вазъи иҷтимоии атроф он қадар хуб набуд. Бисёр нафарони бехирад худро суфию оқил шумурда, ба мардумфиребӣ ва риёкорӣ даст мезаданд. Ҳофиз аз чунин вазъ маъюсу ғамгин гардида, андешаи худро чунин баён мекунад. Ҳофизо май хӯру риндӣ куну хуш бош вале, Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро. Шоири машҳуру маъруф Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо эҷодиёти пурмазмунаш дар фарҳангу таммадуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб гаштааст. Осори ӯ бо забонҳои дигар низ тарҷума шудааст. Шоирону мутафаккирони Ғарб аз эҷодиёти ӯ илҳом гирифта, бисёр васфаш кардаанд. Аз ҷумла донишманди машҳури олмонӣ Гёте таҳти таъсири илҳомбахши “Девон”-и Ҳофиз маҷмӯаи ашъори худро бо номи “Девони ғарбӣ” эҷод кардааст. Шеъру ғазалҳои эҷоднамудаи Ҳофизи Шерозӣ ҳодисаву воқеаҳои пурпечутоби замонашро ба таври бадеӣ инъикос намуда, ҳамчун маводи тарбиявӣ дар тарбияи насли имрӯзу фардо бисёр арзишманд мебошанд. Девони Ҳофиз дар хонадони ҳар як мардуми форсу тоҷик ҳамчун як китоби муқаддас ҷой доштааст ва дорад. Шеъру ғазалҳои Ҳофиз имрӯз низ дар байни мардумони форсизабон, аз ҷумла тоҷикон хеле маъмул буда, кулли мардуми донишманду оддӣ, зиёию руҳонӣ ва олимону унвонҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд. Шоири маъруфу шинохта соли 1390 дар шаҳри Шероз аз дунё мегузарад ва оромгоҳаш дар он ҷо мебошад, ки мардуми ҷаҳон аз он зиёрат намуда номи неку осори гаронарзишаш ҳамеша зинда хоҳад монд. Шарифова Санавбар сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Прокрутить вверх