МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Аҳли таассубу бидъатро мебояд тарки ҷаҳолат намоянд!

Бо омад-омади ҷашнҳои моҳият ва таъиноти дунявидошта торҳои асаби аҳли таассубу бидъат нороҳат шудан мегиранд. Сабаби нороҳатии қишри мазкур дар он аст, ки онҳо чунин ҷашнҳоро қадаме барои маҳдудсозии фазои ҷилваи манофеи динӣ-дунявии худ арзёбӣ менамоянд. Бинобар ин, онҳо дар мубориза бар зидди чунин ҷашнҳо аз ягон навъ дурӯғ ва буҳтон ҳазар наменамоянд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки қишри номбурда худро ҳомии дин вонамуд мекунанд, лекин зимни ҳифзи манофеи динӣ-дунявии худ аз чунин гуноҳи фавқулкабира – бар Худо барбастани дурӯғ ҳам иҷтиноб намеварзанд. Яке аз чунин ашхосе, ки дар як дурӯғаш эҳтимол чил дурӯғ ҷой дошта бошад, парчамбардори таассубу бидъати ҷомеаи имрӯзаи мусулмонон Суҳроби Одилиён аст. Зимни посух ба пурсиши хабарнигори ҳамсони худ доир ба ҷашни мавлуд ё Соли нав оятеро ба асос мегирад, ки ҳам шахси аз дин огоҳ ва ҳам ноогоҳ беихтиёр гиребон мегиранд. Ӯ посухи худро ба пурсиши хабарнигор бо чунин дурӯғ оғоз мекунад, ки дар Қуръон ҳама чиз оварда шудааст. Аз ӯ пурсида мешавад, ки магар дар Қуръон доир ба телефонҳои мобилии гуногунтамғаи имрӯза, мошинҳои сабукрави бо сӯзишворӣ ва бесӯзишворӣ ҳаракаткунанда, ҳавопаймоҳои садршинишину бесадрнишин ва ҳазорҳо дигар анвои техникаю технологияи муосири бо миллионҳо кашфиётҳои зимни истеҳсоли онҳо истифодашуда маълумоте дода шудааст? Ҷойи шаке нест, ки ашёи зикршуда маҳсули пешрафти илмӣ-техникии садаҳои XX-XXI мебошанду Қуръон дар бораи онҳо чизе нагуфтааст, аз ин рӯ, дар он сукут мушоҳида мешавад. Суҳроби Одилиёнро барои чунин сухани беасос ва подарҳавояш бояд ба маънии ояти 10 аз сураи “Бақара” “Эшонрост азоби дарднок, ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд” ва ояти 21 аз сураи “Анъом” “Ва кист ситамгортар аз касе, ки ба Худо дурӯғро барбандад, ё оёти Ӯро ба дурӯғ нисбат кунад? Ба дурустӣ, ки ситамкорон растагор намешаванд” таваҷҷуҳ кунаду каме андеша намояд, ки магар оятҳои зикршуда ба гуфтори ӯ тааллуқ надоранд? Суҳроби Одилиён барои дурӯғи худро рост нишон додан ояти 72 аз сураи “Фурқон”-ро ҳамчун далел зикр менамояд. Ояти мазкур чунин аст: “Ва ононад, ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд; ва чун бар беҳудае бигузаранд, ба равиши бузургон бигузаранд”. Агар ба мазмуни оят назар андозем, мебинем, ки ояти мазкур хурдтарин рабте ба таҷлили Соли нав надорад. Аммо Суҳроби Одилиён ба таври исканапайванд дар байни оят ва таҷлили Соли нав рабте дидааст. Барои он ки чун номбурда ҳарза нагӯем, ба тафсири ояти мазкур рӯ овардем. Ибни Касир, ки яке яке муътабартарин муфассирони Қуръон эътироф шудааст, зимни тафсири ояти мазкур тамоми шарҳҳои то он замон пайдошударо зикр намудааст, ки ин ҷо мо ба хотири огоҳии воқеъбинона онҳоро меорем: 1. Яке аз сифатҳои бандагон ин аст, ки дар дурӯғ шоҳид намегарданд. 2) Баъзеҳо мегӯянд, ки сухан дар хусуси ширк ва парастиши бутҳо меравад. 3)Дигарон мегӯянд, ки сухан дар хусуси дурӯғ, бешарафӣ, куфр ва сухани беҳуда меравад. 4)Муҳаммад ибн ал-Ҳанафия гуфтааст: “Ин сухани беҳуда ва сурудхонӣ аст. 5)Дигарон, чун Ибн Сирин, Заҳҳок ва ғайра гуфтааанд, ки сухан дар бораи таҷлили идҳои мушрикон меравад. 6) Амр ибн Қайс гуфтааст, ки ин ба ҷамоаҳои бероҳа тааллуқ дорад. 7) Малик ибн Зуҳрӣ гуфтааст, ки ин нӯшидани шароб аст. Муъминон намехоҳанд ва дар чунин ҷойҳо иштирок намекунанд. Андешае ҳаст, ки дар сухани Аллоҳ “Ло яшҳадуна зура” – Ва онҳое, ки шоҳидони дурӯғ намебошанд – сухан дар хусуси шаҳодати барқасдонаи дурӯғ бар зидди дигарон баён шуда аст. Ибни Касир бо такя ба маълумоти ду Саҳеҳ менависад, ки пайғамбар се маротиба гуфтааст: Оё ба шумо нагӯям, ки ба гуноҳҳои вазнинтарин чӣ мутааллиқ аст? Ва гуфтааст: Ин ширк ба Аллоҳ ва беэҳтиромӣ ба волидон мебошад. Баъд пайғамбар аз ҳолати нимхоб хеста нишастааст ва гуфтааст: “Ин дар ҳақиқат дурӯғ ва шаҳодати бардурӯғ аст” (Бухорӣ, 2654, Муслим, 87). Ибни Касир менависад, ки аз зерматн дурусттараш бояд чунин бардошт ҳосил шавад: Ло яшҳадуна зура – Ва онҳоне, ки шоҳидони дурӯғ намебошанд, яъне сухан дар хусуси ҳузур дар ҷойҳои номатлуб аст. Ва чун аз назди сухани беҳуда мегузаранд, сарбаландона мегузаранд, яъне онҳо дар ҷомеаҳои нолозим ширкат намеварзанд ва агар аз назди онҳо гузаштанд, худро доғдор намесозанд. Акнун ин ҷо саволе пеши назар меояд, ки Қуръонро Суҳроби Одилиён хубтар медонад ё Ибни Касир? Суҳроби Одилиён зимни бардошти худ аз ояти мазкура ва далелҳои худ исканапайванди ифротиҳоро, ки дар он мантиқе мушоҳида намешавад, истифода кардааст, дар ҳолате, ки Ибни Касир ҳамчун донишманди огоҳ тамоми андешаҳои то он замон маъмулро оварда, баъдан таъкид менамояд, ки аз зерматн бояд чунин маъно, яъне “Шоҳидони дурӯғ намебошанд” бардошт гардад, ки ин андеша ба таҷлили Соли нав ҳеҷ рабте надорад. Суҳроби Одилиён ба хотири тақвият бахшидани андешаи беасоси худ дар бораи таҷлили Соли нав ё мавлуд боз ҳадиси “Ман ташаббаҳа биқавмин фаҳува минҳум” (Ҳар касе худро ба қавме монанд созад, вай аз ҷумлаи онҳост”- ро истифода мебарад. Дар робита ба ҳукми ҳадиси мазкур аз Суҳроби Одилиён пурсида мешавад, ки агар шахсе ду ё се рӯз ҷашнеро таҷлил намояд, вай ба қавми соҳибҷашн монанд мегардад? Сониян, агар худи Суҳроби Одилиён ҳамон тоқии сарашро, ки ба тоҷик ё узбек будани ӯ ишора менамояд, як тараф гузорад, бо дарназардошти муҳите, ки ӯ суҳбат дорад, вай ба кӣ монанд хоҳад буд? Магар мусумонони аввал чунин либос ва муҳити суҳбату фаъолият доштанд? Оё худи ӯ бо либосаш ва муҳиту тарзи зисташ аллакай ба ғайримусулмонҳо монанд нашудааст? Аз Суҳроби Одилиён ҳамчунин пурсида мешавад, ки ӯ байни мавлуд ва Соли нав тафовуте мебинад ё на? Агар, на, пас, ба маълумоти ӯ мерасонем, ки мардуми мо на мавлуди Исои Масеҳро, балки оғози соли тақвимии навро таҷлил менамоянд. Ба қавли дигар, бо оғози Соли нав кӯдаки шашсола ҳафтсола мешавад, шахси 49-сола 50-сола мешавад, муассиса ё корҳона фаъолияти яксолаи кории худро ҷамъбаст намуда, барои фаъолияташ дар соли оянда нақша мекашад. Мардуми мусулмон маҳз ҳамин гардиши назаррасро дар ҳаёт ва фаъолияти яксолаи хеш ҷашн мегиранд, на мавлуди Исои Масеҳро. Агар бовар надорад, равад, дилҳоҳ мусулмони тоҷикро пурсад, ки оё ӯ мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегирад ё соли навро. Дар диншиносӣ бахше бо номи “Падидашиносии дин” мавҷуд аст, ки он ҳадафнокиро “intentionality»-ро мавзуи таҳқиқи хеш қарор медиҳад. Дар зеҳни ҳеҷ яке аз ҷашнгирандагони Соли нав ҳадафи таҷлили соли таваллуди Исои Масеҳ мавҷуд нест, агарчанде онҳо то андозае мувофиқ омадаанд, ки ин мавзуи баҳси дигар аст. Ахиран, чун Қуръон дар бораи таҷлили Соли нав сукут ихтиёр намудааст, пас, ҷашни

МАҚОЛАҲО

Занону бонувон – ҳомиёни фарҳанги миллӣ (дар ҳошияи Паёми Роҳбари давлат)

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад, ки масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта, аз дастоварду муваффақиятҳо, аз норасоиву камбудиҳо ва аз барномаҳову нақшаҳои дар пешистода сухан меравад. Дар асл, агар ба ҷавҳари Паёмҳои Пешвои миллат назар кунем, онҳо унсури муҳимми ташаккулдиҳандаи ҳам фарҳанги миллиянду ҳам фарҳанги сиёсӣ. Бинобар ин, метавон гуфт, ки Паёмҳои Пешвои миллат сиришти фитрӣ ва ҳувияти тарихию фарҳангии миллатро ҳифз карда, дар ташаккули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши бориз мегузоранд. Паёми имсола, ки 16-уми декабр ироа гашт, дар он Пешвои миллат дар мавриди рушди тамоми соҳаҳои кишвар сухан ронда, мисли ҳарвақта, масъалаи занону бонувон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор гирифт. Дар ин маврид, Роҳбари давлат иброз доштанд, ки “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”. Ҳамзамон, масъалаи асосӣ ва калидие, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, нигаронӣ аз пайравии кӯр-кӯрона ва тақлид ба урфу одати бегона буд, ки боиси аз байн рафтани суннату анъанаҳои милливу маҳаллии мо мегарданд. Зеро нақши занон дар ҳифз ва тарғиби фарҳанги миллӣ, аз ҷумла пӯшидани либоси миллӣ муҳим ва таъсиргузор аст. Дар воқеъ, занону бонувон нигоҳдорандаи асосии суннатҳо, расму ойинҳо ва посдорандаи фарҳанги миллӣ мебошанд. Либоси миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Аҳаммият ва таъсиргузори пӯшидани либоси миллӣ пеш аз ҳама, дар тарбияи насли наврас, ки аз оила оғоз меёбад, дида мешавад. Маҳз модарон эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллиро ба фарзандон меомӯзонанд. Аҳаммияти дигари ҳифзи фарҳанги миллӣ дар нигоҳдоштани анъанаҳо дида мешавад, зеро бештари анъанаҳо, аз ҷумла, тарҳи либосҳои миллиро занону бонувон аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Тарҳи либоси миллӣ албатта, қисми муҳимми фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Ҷанбаи дигари муҳим будани пӯшидани либоси миллӣ дар эҳё ва ҳифзи фарҳанги миллӣ дида мешавад. Бо тарҳи наву замонавӣ омода намудани либоси миллӣ ҳам мояи ҷалби ҷавонон ба фарҳанги либоспӯшӣ асту ҳам яке аз унсурҳои ҳифзи ҳувияти миллӣ. Инчунин, бо истеҳсол ва тарҳи замонавии либосҳои миллӣ занону бонувони мо дар рушди ҳунарҳои мардумӣ, иқтисоди оила, муаррифии фарҳанги миллӣ дар дохил ва хоириҷи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Фарҳанги либоспӯшӣ на танҳо анъанаи гузашта, балки ниёзи имрӯзу фардои миллат аст, зеро либоси миллӣ таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои миллиро таҷассум мекунад. Дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ либоси миллӣ василаи муҳимми ҳифзи ҳувияти миллист. Он яке аз анъанаҳои ниёконамон буда, гузашта, имрӯз ва фардоро бо ҳам мепайвандад. Пӯшидани либоси миллӣ эҳтиром ба мероси ниёкон ва идомаи анъанаҳо буда, ҳисси ифтихор, худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар байни ҷавонон тақвият мебахшад. Либоси миллии тоҷикӣ – мероси зиндаи миллат ва симои зани тоҷик аст. Имрӯз, ки мо дар шароити гуногунрангии фарҳангӣ қарор дорем, бояд гуфт, ки ин раванд ба либоспӯшии занону бонувони мо ҳам ҷанбаи мусбат дораду ҳам ҷанбаи манфӣ. Ҷанбаи мусбати он дар муаррифии унсурҳои фарҳанги миллӣ, ба хусус, фарҳанги либоспӯшӣ, тарҳи ҷолибу замонавии он, завқ ва ҷаҳонбинии занону бонувони тоҷик ифода меёбад. Ҷанбаи манфии он пеш аз ҳама дар коста шудани ахлоқи ҷавонон, дар тақлиди кӯр-кӯрона ба мӯди хориҷӣ, ки метавонад боиси аз байн рафтани либоси миллӣ шавад, дар коҳиш ёфтани фарқияти фарҳангҳо ва ғ. дида мешавад. Агар аз тарафи занону бонувон риояи либоспӯшии миллӣ ҳифз гардад, ҷаҳонишавӣ метавонад имконият гардад, на хатар. Агар ба меҳвари суханони Пешвои миллат диққат карда шавад, зани тоҷик ҳамчун посдори фарҳанг, забон ва либоси миллӣ муаррифӣ мегардад, зеро ҳифзи либоси миллӣ танҳо масъалаи зоҳирӣ нест, балки вазифаи муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки нақши асосии онро занону бонувон иҷро мекунанд. Дар либоси миллӣ на танҳо завқи зебоипарастӣ, балки ахлоқ, иффат, хоксорӣ ва арзишҳои маънавии зани тоҷик ифода меёбад. Занону бонувон бо пӯшидани либоси тоҷикӣ метавонанд завқи эстетикии ҷавононро ташаккул диҳанд ва ҳисси худогоҳии онҳоро қавӣ созанд. Либоси зебои тоҷикӣ дар симои бонувон паёми равшан ба насли ҷавон аст. Инчунин, бояд қайд кард, ки оила мактаби аввалини фарҳанг аст, зеро маҳз оила аввалин муҳити тарбия ва омӯзиш мебошад ва дар ташаккули фарҳанги либоспӯшӣ нақши калидӣ дорад. Падару модар дар риояи фарҳанги либоспӯшӣ нақши асосиро мебозанд, зеро рафтору кирдори онҳо ба таври табиӣ ба фарзандон мегузарад. Донишҳо, расму ойинҳо аз падару модар ба фарзандон интиқол меёбанд. Ин вижагии оила, ба хусус модарон аст, ки Пешвои миллат дар Паёмашон қайд карданд, ки “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои бостонии мардуми тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”. Дар умум, занону бонувон дар риояи пӯшидани либоси миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши калидӣ доранд, зеро либоси миллии тоҷикӣ ба таври амиқ ахлоқ, иффат, эҳтиром ба арзишҳои суннатӣ, ҳувияти миллӣ ва таърихии моро инъикос намуда, рамзи пайванди гузашта, имрӯза ва оянда буда, оинаи таърих, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллати тоҷик аст. Одинаева Ш. – н.и.ф., сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

МАҚОЛАҲО

ТАВСИФИ МУХТАСАРИ УМУМИИ ПАЁМҲОИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ҲАМЧУН УНСУРИ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ФАРҲАНГИ СИЁСИИ МУОСИРИ ТОҶИКОН

Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон унсури муҳиму ташаккулдиҳандаи фарҳанги сиёсии муосири тоҷикон мебошанд. Роҳбари давлат ҳамчун муҳимтарин субъекти ҳокимияти сиёсӣ ва иҷроия, тавассути паёмҳо, суханронӣ ва дастурҳои худ қарорҳои калидӣ қабул мекунад, эътиқоду боварҳо, арзишҳо, афзалиятҳо ва интизориҳои ҷомеаро мустақиман ташаккул медиҳад, самт ва меъёрҳои онро муқаррар мекунад. Ин паёмҳо на танҳо сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунанд, балки ҳувияти миллӣ ва дурнамои фарҳангии кишварро низ инъикос мекунанд, фарҳанги миллиро тақвият мебахшанд. Паёмҳои Роҳбари давлат ҳамчун пули муоширатӣ хизмат мекунанд. Дар онҳо Роҳбари давлат стратегия, арзишҳо ва ҳадафҳоро баён мекунад, шуури ҷамъиятиро ташаккул медиҳад, ҳувияти миллиро тақвият мебахшад, мафкураи солими миллиро (масалан, тавассути таъкид ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф, таҳким ва тавсеаи мақом ва нақши занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, риояи фарҳанг ва одобу либоси миллӣ) интиқол медиҳад, роҳнамоиҳои ахлоқиро муқаррар мекунад ва шаҳрвандонро барои дастгирии сиёсат ҳавасманд карда, бо ин васила қонунияти ҳукумат ва суботи давлатро тақвият медиҳад. Паёмҳои Роҳбари давлат ҳамчун унсури фарҳанги сиёсӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд: -вазифаи иттилоотӣ ва стратегӣ: мақсад ва вазифаҳои ояндаи наздику дур, соҳаҳои афзалиятноки рушд (маориф, илм, соҳаи иҷтимоӣ ва ғайра), нақшаҳо ва дастовардҳоро муаррифӣ мекунанд; – вазифаи идеологӣ ва арзишӣ: арзишҳои калидии ҷомеа, аз қабили ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳо, сарфакорӣ, нақши оила ва занон ва муқовимат ба фарҳанги бегонаро ташаккул медиҳанд ё тасдиқ мекунанд; -вазифаи сафарбаркунӣ: мардумро ба ҳамкорӣ ва дастгирии сиёсати давлатӣ даъват мекунанд ва ягонагиро тақвият медиҳанд. – вазифаи рамзӣ: ҳамчун маросим амал мекунанд ва ягонагии ҳукумат ва мардум, инчунин қонунияти роҳбарӣ ва идоракунии давлатро таъкид мекунанд. – вазифаи таълимӣ: тавассути роҳнамоӣ ва ҳидояти ҷавонон ба ҳифзу эҳтиром ва риояи анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, онҳо ҷавононро тарбия мекунанд ва дар онҳо хислатҳои шаҳрвандиро инкишоф медиҳанд. Ин хусусиятҳои фарҳангӣ-сиёсии паёмҳои Роҳбари давлат чунин зоҳир мешаванд: -тавассути таъкид ба рушди худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва меҳнати бунёдкорона: дар онҳо таъкид карда мешавад, ки рушди босуботи ҷамъиятию иқтисодии кишвар ва афзоиши сатҳи некӯаҳволии мардум бо рушди худшиносию ифтихори миллӣ, фаъолияту меҳнати созандаю бунёдкоронаи шаҳрвандон вобаста аст; – тавассути таъкиди нақши занон: дар онҳо аҳамияти саҳми занон дар маориф ва идоракунӣ, даъват ба ҳифзи фарҳанги миллӣ ва муқовимат ба таъсири фарҳанги бегона таъкид карда мешавад; – тавассути таъкид ба рушди муттасилонаи соҳаи илму маориф ҳамчун пояи рушди босуботи давлат ва ҷомеаи озоди миллию демократӣ; – тавассути таъкид ба ҳифз ва интиқоли анъанаҳо: даъват ба риояи расму оинҳои миллӣ, сарфакорӣ ва пӯшидани либоси миллӣ ва ғ. Ҳамин тариқ, паёмҳои Роҳбари давлат на танҳо изҳорот, балки амали фарҳангӣ мебошанд, онҳо симои давлат, арзишҳои он ва ояндаеро ташаккул медиҳанд, ки дар он мардум худро ҳамчун як узви фаъолу комилҳуқуқи як ҷомеаи ягона мебинанд ва мешиносанд. Аҳамияти паёмҳои Роҳбари давлат дар чӣ ифода меёбад? – дар таъсири созанда ба афкори ҷамъиятӣ: Роҳбари давлат сухангӯи асосӣ ва рамзи соҳибихтиёрӣ аст, аз ин рӯ паёмҳои Роҳбари давлат зуд дар тамоми ҷомеа паҳн мешаванд ва ба афкори ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд; -дар муқаррар кардани афзалиятҳо: паёмҳои Роҳбари давлат маҷмӯи масъалаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиеро ошкор мекунанд, ки ҳукуматро нигарон мекунанд, муқаррар мекунанд, ки барои ҳалли муваффақонаи онҳо чӣ гуна маблағҳо ва захираҳои буҷавӣ тақсим карда мешаванд; – дар ташаккули баҳсу муколамаи миллӣ: услуби суханронии Роҳбари давлат ба намунаи баҳсу муколамаи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар кишвар табдил меёбад; – таъсир ба ташаккул ва рушди ҳувият ва арзишҳои миллӣ: паёмҳои Роҳбари давлат ба ҳувияти миллӣ, эътиқодҳои динӣ ва арзишҳои ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд, онҳоро тақвият медиҳанд. Инчунин, паёмҳои Роҳбари давлат қисмати муҳими макросиёсат мебошанд: бисёре аз қарорҳои сиёсӣ бо паёмҳо ва фармонҳои Роҳбари давлат оғоз мешаванд, ки ин аз мақом ва нақши калидии паёмҳои Роҳбари давлат дар ташаккули шуур ва фарҳанги сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар як аз паёмҳои анъанавии Роҳбари давлат на танҳо изҳорот, балки “амали сиёсӣ” мебошанд, ки фарҳанги сиёсиро эҷод ва инъикос мекунанд. Чӣ гуна паёмҳои Роҳбари давлат ба ташаккули фарҳанги сиёсӣ таъсир мерасонанд? – паёмҳои Роҳбари давлат ормонҳои миллиро эҳё ва таҷассум мекунанд, арзишҳои муштаракро тақвият медиҳанд, ватандӯстӣ ва муттаҳидиро нерӯ ва субот мебахшанд ва дар онҳо арзишҳои асосии сиёсӣ (ба монанди демократия, баробарӣ, масъулият), ки фарҳанги сиёсии миллатро муайян мекунанд, ифода меёбанд; – онҳо ҳадафҳои миллиро (ба монанди суботи иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф) муайян мекунанд ва вазифаҳои дар пешистодаи шаҳрвандон ва давлатро муқаррар мекунанд; – бо шарҳ додани мушкилот ва нақшаҳои оянда, паёмҳои Роҳбари давлат ба шаҳрвандон дар пайваст шудан бо ҳукумати худ ва дарки вазифаи шаҳрвандии худ кӯмак мекунанд; – интиқоли мунтазами чунин паёмҳо ба маросиме табдил меёбад, ки он минбаъд дар ҳаёти сиёсӣ ва хотираи коллективии миллат реша мекунад. Хулоса, паёмҳои Роҳбари давлат як воситаи пуриқтидори муошират мебошанд, ки давлат ва шаҳрвандонро бо ҳам мепайванданд. Онҳо қисми муҳиму ташаккулдиҳандаи фарҳанги сиёсӣ мебошанд, зеро шахсияти миллиро ташаккул медиҳанд, арзишҳои асосӣ (ҳуқуқу озодӣ, вазифаю масъулиятҳо)-и давлат ва шаҳрвандонро муаррифӣ мекунанд, афзалиятҳои сиёсати дохилию хориҷиро муқаррар мекунанд, миллатро муттаҳид мекунанд, давлат ва шаҳрвандонро ба дарки дурусту амиқи мақсад ва вазифаҳои ояндаашон роҳнамоӣ мекунанд ва дар ин самт ҳамчун як воситаи пуриқтидори рамзӣ ва амалӣ хизмат мерасонанд. Шоев Зиёвиддин, номзади илмҳои фалсафа, сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

МАҚОЛАҲО

КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Коррупсия чист? Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”. Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди муназзами ҷомеа ва давлатро халалдор месозад. Аз ҳама бештар, ин падида ба рушди институтҳои итисодӣ — рушди ҷомеа, суботи сиёсати итисодӣ ва иҷтимоии кишвар — таъсири манфии амиқ мерасонад. Ин падида ба пояҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва дар маҷмуъ ба рушди давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид карда, эътимод ва боварии байни шаҳрвандон ва давлатро коста мегардонад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад». Зеро агар аз коррупсия як гурӯҳи хурди ҷомеа манфиатдор бошанд, вале таъсири манфии он ба тамоми мардум ва давлат мерасад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”. Дар ин асос ба хулоса омадан мумкин аст: Коррупсия – яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушду пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Коррупсия чунин оқибатҳои номатлуби иҷтимоиро ба вуҷуд меорад: -васеъ гаштани доираи иқтисоди пинҳонӣ, ки ба кам шудани андоз ва заиф гардидани буҷаи давлатӣ боис мегардад; -хароб гаштани рақобати солим дар бозор; -ғайрисамаранок истифода гардидани буҷаи давлатӣ; -фазои сармоягузорӣ хароб мегардад; -намояндагони фасодзадаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мустаҳкамшавии гурӯҳҳои ҷиноятӣ мусоидат мекунанд; -ҳуқуқ ҳамчун воситаи зӯроварӣ истифода мешавад; -шиддати иҷтимоӣ боло меравад ва ба устувории иҷтимоӣ ва сиёсӣ хатарҳо эҷод менамояд; -мансабдорон ва дигар мақомоти давлатӣ на ба манфиати шаҳрвандон, балки барои таъмини ҳокимияти гурӯҳи ҳукумрон хизмат мекунанд; -боварӣ ба ҳокимият ва мансабдорони давлатӣ поён меравад, аҳолӣ аз ҳокимият бегона мегарданд; -обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ поён меравад; – нигилизми ҳуқуқӣ меафзояд, арзишҳои демократӣ моҳияти худро дар чашми аҳолӣ гум мекунанд. Хулоса, мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим мебошад. Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ — аз сиёсат ва қонунгузорӣ то фарҳанг ва технология — роҳандозӣ шавад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамоҳангсозии тадбирҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими қонун ва бедории иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги воло метавонем бо коррупсия самаранок мубориза барем ва рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намоем. Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Ташаккули шахсияти худшиноси аслан миллӣ бояд идома дода шавад! (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Дар Паёми имсола баъд аз зикри дастовардҳои назаррас ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам сиёсати дохилии кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври барҷаста ва равшану фаҳмо ташаккули шахсияти худшиносӣ аслан миллиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли таълиму тарбия ба қалам доданд. Барои расидан ба ин ҳадафи оқилона ва дурандешона Президенти кишвар таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба тамаддуни бою пурғановат ва башардӯстонаи мардуми ориёӣ ҷалб намуда, бори дигар дили саршор аз меҳру муҳаббати худро ба фарҳанги созандаи аҷдодон ба маъраз гузоштанд. Бо мақсади он ки ҳар мутаассиби каҷфаҳм ин ташаббуси бузург ва хотирмони Пешвои миллатро нодуруст нафаҳмад ё дар шарҳи он ба таҳриф роҳ надиҳад, Пешвои миллат чун шахсияти баруманду худшиноси миллӣ ва аз нозукиҳои падидаи дину диндорӣ огоҳ доир ба вижагиҳои эътиқоди мардум сухан ронда, хеле дуруст ва воқеан ҳам асоснок қайд намуданд, ки мусулмонии моро ҳеҷ кас аз дасти мо гирифта наметавонад. Яъне, мусулмонии мо аз они худи мост. Имрӯз дар кишвар бо ин мақсад тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Ҳар касе хоҳад, ки ба ҳаҷ равад, намоз гузорад, рӯза гирад ё таҳсили дин намояд, барои иҷрои ин амалҳо дар кишвар ягон мушкил вуҷуд надорад. Яъне, дар кишвар озодии эътиқод пурра мавҷуд аст. Аммо ҷомеаро бо масҷиду эътиқод пеш бурда намешавад. Аз ин суханони илман асоснок ва ҳакимонаи Пешвои муаззами миллат чунин бардошти дуруст ҳосил мегардад, ки дину диндорӣ ё фаъолияти мусулмонӣ имкон доранд, ки ба ҳар шахс зимни тоату ибодаташ танҳо дилашро ором намояду рӯҳашро таскин бахшад ва назди Худованд эҳсоси сабукию адокунии қарзу масъулияти диниро ато намояд. Аммо аз раванди мазкур руҳу равони танҳо шахс – ибодаткунанда баҳра мебарад. Бо чунин амал ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаро пеш бурдан маҳол аст. Чун ҷомеа аз шахсиятҳои сершумори мухталифҳадаф ва гуногунфарҳанг бунёд меёбад, зарур аст, ки шахсиятҳо аз лиҳози илму маърифат ҳамқадами замон буда, аз лиҳози ахлоқ нексиришт ва масъулиятшинос бошанд. Ташаккули чунин шахсияти ҳаматарафа пешрафта ва худогоҳ ҳеҷ гоҳ муқобили дину диндории аҳли ҷомеа нест. Ташаккули шахсияти миллатдӯсту меҳанпарвар ва аз лиҳози илму ахлоқ ҳамқадами замон самти худро дораду иҷрои вазифаҳои эътиқодӣ самти худро. Дар робита ба вижагиҳои эътиқод Қуръон мефармояд: “Ҳар киро Худо роҳ намояд, ҳамон роҳёбанда аст; ва касонеро, ки гумроҳ созад, пас ҳамонҳо зиёнкоронанд” (Аъроф, 7:178). Аз маънои ояти мазкур чунин маъно низ бардошт мегардад, ки роҳнамоӣ дар дасти Худо аст. Ӯ имкон ва қудрати кофӣ дорад, ки ҳатто шахсияти эътиқодиро аз дарёфти роҳи дуруст маҳрум намуда, ба ҷумлаи зиёнкорон ворид кунад ва ҳамчунин дар дасти Ӯст, ки шахсияти ѓайриэътиқодиро роҳнамою такягоҳ бошад. Аз ин нуқтаи назар, маҳсули фаъолияти эътиқодӣ маҳдуд аст ва он низ аз иродаи Худованд вобаста аст. Ҳамин тариқ, фаъолияти эътиқодӣ танҳо ба руҳу равони фарди алоҳида нафъ мебахшад, дар ҳолате, ки рӯоварӣ ба илму маърифати муосир, ба таври илова, имкон дорад, ки зиндагии ҳазорон нафарро аз душворӣ раҳонида, сабукӣ бахшад ва ахлоқи поку сиришти наку ба дили миллионҳо нафар хурсандию нишот ато намояд. Яъне, таҳсили илму маърифати муосир ва тарбияи ахлоқи наку нури хуршедие бар болои нури пешина хоҳад буд. Пешвои муаззами миллат ба ташаккули шахсияти солим ва созанда дахл намуда, хеле ба маврид ва дуруст ёдовар шуданд, ки Худои Таоло вақте моро офарид, ба мо ақл дод, дасту по дод. Барои чӣ? Барои он, ки мо бо истифода аз ақл ва дасту пойи хеш ба кори созандагию ободонӣ машѓул бошем, зиндагии худро пайваста таѓйир дода, тадриҷан ҷомеаи худро обод намоем. Дар ҳақиқати гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат ягон ҷойи шак нест. Дар робита ба ин матлаб ҳадиси пайѓамбар низ мефармояд, ки бузургтарин ва азизтарин чизе, ки Худованд офарида аст, ақл аст. Ба шарофати ақл шахс метавонад ба бузургӣ расад ва ё метавонад хору залил бошад. Пас, ақлро ба роҳбарӣ гирифтан ягона роҳи дуруст ва муътамад ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам ҷамъиятии одамон маҳсуб меёбад. Танҳо истифодаи ҳадафмандонаи ақл чун василаи ягона дурусти дарёфти дониши воқеию олати самарабахши ҳалли мушкилоти иҷтимоию табиию равонӣ имкон дорад, ки ҳар фарди ҷомеаро дар алоҳидагӣ ва тамоми ҷомеаро дар умум ба қуллаҳои умед бурда расонад. Роҳандозии ҳадафҳои волои таъйиншуда аҳли ҷомеаро водор менамояд, ки ба илму маърифати ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон бори дигар ёдовар шуданд, ки аз лаҳзаи ба сари роҳбарӣ омаданашон ҳамеша илму маорифро соҳаи афзалиятнок ва тақдирсоз қарор додаанд. Имрӯз зарур аст, ки ба насли нав илму маърифати муосир таълим дода шавад. Бояд кӯшиш намуд, ки дастовардҳои имрӯзаи илму маърифати башарӣ, пеш аз ҳама, зеҳни сунъӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ васеъ роҳандозӣ карда шаванд. Масъалаи дигаре, ки мо рӯёрӯи он истодаем, дар ташаккули шахсиятҳои созандаи ҷомеа ба таври васеъ истифода бурдан аз фарҳанги бою созандаи ниёгони гузаштаи мо мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дини ислом ҳамагӣ якуним ҳазор сол пеш пайдо шудааст, аммо Наврӯз таърихи зиёда аз шаш ҳазорсола дорад. Вижагии хоси Наврӯз дар он ифода меёбад, ки вай бо дин ҳеҷ рабте надорад, аммо дар табиати худ як фарҳанги бойи созанда, умумибашарӣ ва фарогирро нуҳуфтааст. Наврӯз бояд боиси фараҳмандию ифтихори ҳар тоҷик бошад. Танҳо номи ин ҷашни фархундапай аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тоҷикон чӣ фарҳанги созандае доштаанд. Боиси сарафрозист, ки ҳатто пешвоёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ин ҷашнро бо номи зебои тоҷикияш ба забон меоранд. Суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз Наврӯз бештар мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифт? Ин ҷо набояд ҷойи шак бошад, ки маҳз созандаю башардӯстонаи Наврӯз боис шудааст, ки он, аз як тараф, барои Пешвои миллат мавриди иҳтимоми махсус қарор гираду, аз тарафи дигар, ҷомеаи башариро водор намояд, ки онро чун унсури фарҳанги умумибашарӣ бипазирад. Чунин вижагиҳои волои наврӯзӣ, ба мисли меҳнати бунёдкорона, тозагию ободонӣ, кушодани дастурхони идона барои ҳар фард новобаста аз мансубияти этникию динӣ, хурсандию нишот ва баҳрабарӣ аз неъматҳои моддию маънавӣ чун ҳадафи зиндагӣ, ташкили маросимҳои варзишӣ байни қавму халқиятҳои гуногунмазҳабу гуногунзабон ва ѓайра, ки хусусияти башардӯстона дошта, дар замири қалби ҳар фарди ҳаётдӯсти ҷомеа новобаста аз мансубияти этникию эътиқодӣ амиқ реша давондааст, тамоми миллатҳоро водор сохтааст, ки онро бипазиранд ва сониян, саъй намоянд, ки онро чун унсури фарҳангии хеш муаррифӣ намоянд. Пешвои муаззами миллат аз мақоми Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ гардидани он ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки

МАҚОЛАҲО

Бардоштҳои маънавӣ, сиёсӣ ва таърихӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 декабри соли 2025)

Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 садо дод, бо дарназардошти таҳлили рушди даҳсолаи фазои иқтисодӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, мақом ва тамоюли рушди вазифавии ниҳодҳои давлатиро вобаста ба манфиатҳои миллату давлат барои соли 2026 ва солҳои оянда муқаррар ва муайян кард. Паём бо факту рақамҳо нишон дод, ки чи тавр давлати Тоҷикистон бо вуҷуди ҳама мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ, дохилию хориҷӣ зина ба зина ба самти пеш, дар шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ ҳаракат карда, иқтисоди миллиро ҳамчун машинаи бузурги таъминоти моддии худкифои халқ ташаккул дода, асолат, ҳувият ва рисолати таърихии давлатдории миллатро бо масъулияти таърихии бунёди ҷомеаи адолатнок тадриҷан ба самти саодати халқи Тоҷикистон рушд дода истодааст. Дар марҳалаи кунунии рушди давлатдории халқи тоҷик Президенти мамалакат самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар ислоҳи маънавии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди ҷиддии соҳаи илму маориф, ташаккули мафкураи солими миллии ҷавонону бонувон маҳсуб дониста, мубориза бар зидди хурофот ва таассуби динӣ, бедории миллӣ ва ҳушёрии фикрӣ ва илмиро гарави наҷоти миллати соҳибдавлат эълон намуданд. Дар самти иқтисодӣ идомаи рушди саноатикунонии босуръат, рақамикунонии иқтисодиётро вазифагузорӣ карда, ҳифзи рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар умум суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз нигоҳ доштанашро масъалагузорӣ намуданд. Ҳамчнунин, дар Паём ҷиҳати сафарбарии самараноки фаъолияти мақомоти давлат бо мақсади ба итмом расонидани ҳадафҳои марказии Тоҷикистони соҳибистиқлол-таъмини амният ва истиқлолияти комили озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Афзалияти сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф Дар самти ислоҳоти маънавии ҷомеа нуктаи калидӣ ва асосӣ ин эълони қатъии афзалияти сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф буд. Пешвои миллат садоқат ва боварии худро ба неруи илму маърифат қатъиян таъкид намуда, онро ҳамчун воситаи асосии ҳастии арзандаи миллат ва давлат эълон намуданд.“Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.” Дастгирии давлатии соҳаи маориф дар соли 2026 ба маблағи 14 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки он нисбат ба соли гузашта 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд карда шудааст. Роҳбари давлат дар паёмашон ба падару модарон, омӯзгорон ва ба кулли шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, таъкид намуданд, дар масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.” Роҳбари давлат консепсияи машҳури дар паёми соли 2021 эълоншударо, ки «Маориф пояи миллат аст» расман бо факту рақам собит намуда, “ояндаи давлату миллатро дар умум ба сатҳу сифати маориф” васл намуданд. Ташаккули худшиносии миллӣ Дигар аз нуктаҳои муҳимми паёми имсола дар қатори ҳама дастовардҳои бузургу таърихии иқтисодию иҷтимоияш ин таваҷҷуҳ ба ислоҳоти ногузири фазои маънавии кишвар, ташаккули ҳувият ва худшиносии миллӣ буд. Мо хуб медонем, ки дар шароити муосири рушди давлатҳои миллӣ вазифаи ҳимояи маънавии давлатҳо зери фишори таҳдиду хатарҳо ба вазифаи мубрами ҷомеаҳои давлатдор табдил ёфтааст. Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир, таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳусну қубҳи арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо, ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо зери хатару таҳдидҳо мондааст. Ҷаҳонишавӣ дар заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо, ба фарҳанг ва анъанаҳои миллиямон, ба сару либосамон, урфу одатамон ва забонамон фишор меорад. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз табдил меёбад. А. Ҳифзи унсурҳои миллӣ Пешвои миллат ба маврид таъкид намуданд, ки бегонапарастӣ аввал “сару либосамонро, баъд забон ва сипас истиқлоли миллиамонро зери хатар мегузорад.” Маҳз ба ҳамин хотир ба модарону хоҳарон тавсия дода, умедворӣ намуданд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо (яъне занону бонувони мамалакат А.Х.) дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.” Ин даъват даъвати одӣ не, балки иҷрои рисолати таърихии миллат аст, ки як рункни муҳиммаш ба дасти зан – модари тоҷик афтидааст. Зан – модари тоҷик дар лаҳзаҳои вазнини бедавлатӣ, дар шароитҳои мушкили таърихӣ, дар ѓарибиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун аз сарзаминҳои аҷдодӣ тайи тақрибан ҳазор сол на танҳо қаҳрамонҳо, абармардони илму фанро тавлиду тарбия карда, ба осиёби илми ҷаҳонӣ об рехта, ба бедавлатон далатдорӣ, ба бефарҳангон фарҳанг ва безабонон забон омўхт, инчунин онҳо сару либоси миллӣ ва забони модариро дар ҳалқаи оила то даргоҳҳои олии сиёсӣ ҳамчун забони илм, тарбия ва ахлоқи баланд ҳифз карданд ва бар дигарон намуна буданд. Вале имрўз чӣ шудааст, ки дар шароити давлати озод, демократӣ, ҳуқукбунёду дунявӣ занону бонувони мо муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ – либоси миллиро ҳифз карда наметавонанд? Ин даъвати Пешвои миллат даъвати сиёсӣ, ахлоқӣ ва миллатсозӣ аст. Фаҳм ва дарки дурусти он рисолати зани давлатдор ва ватаншинос аст. Модар на танҳо фарзандро, балки вай миллатро низ тарбият мекунад. Дигар ин ки имрўз сару либос ин танҳо рамзи фарҳанг не, балки иттилоот аст, иттилооти сиёсӣ, рамзи мафкура ва тамоюли тафаккури халқ аст. Ин аст, ки вай, яъне сару либос чун воситаи таъсиррасонӣ ва фишороварӣ, мақсаднок дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо истифода мешавад. Дар ҷараёни манфиатхоҳии кишварҳои бузург ва алангаи ночаспониҳои фарҳангӣ забон, илм, санъат, тарзи ҳаёти иҷтимоӣ, сарулибос, симои зоҳирӣ ва ботинии миллати мо ҳамчун унсурҳои фарҳанги миллӣ, миллати эҷодгар таҳти зарбаи устувори маънавӣ қарор мегирад. Сиёсӣ сохтани эътиқод ва боварии мардум оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга дод. Бегона кардани сару либос ва хароб кардани решаҳои фарҳангии миллат ҷанги мафкуравии миллати муосирро бедор карда олами ботинии миллати соҳибдавлатро хароб мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир муроҷиати Президент ин муроҷиати таърихӣ ва ҳидояти тақдирсоз аст, ки ҳар зан – бонуи Тоҷикистон бояд ба

МАҚОЛАҲО

Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳаммияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки 16-уми декабри соли 2025 Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Ҳидоят ва роҳнамоии Сарвари давлат мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар ироа гардида, ҳамагон аз Паём бархӯрдор гаштанд. Зеро Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва роҳнамои ҳаёту фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Яке аз аломату рамзҳои муҳими низоми давлатдории муосири мо ин ироа шудани Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро Паёмҳои солонаи роҳбари давлат барои низоми сиёсӣ ва идории давлат аҳамияти хосаи рамзӣ ва амалӣ доранд. Бинобар ин, Паём мавриди таваҷҷуҳи васеи доираҳои сиёсию иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифта, паҳлуҳои гуногуни он мавзӯи таҳлилу тафсир қарор мегиранд. Воқеан, Паёми Сарвари давлат як дарси худшиносӣ барои ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад. Зеро ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як роҳнамои мукаммал барои имрӯз ва ояндаи дурахшони кишвар аст. Он на танҳо вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоиро муайян мекунад, балки рӯҳияи миллии моро тақвият бахшида, роҳи моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва демократӣ равшан месозад. Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳамияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва фарогир аст, зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад. Ҷанбаҳои маънавӣ, сиёсӣ ва аҳамияти таърихии он: Паёми Пешвои миллат на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки сарчашмаи арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ мебошад. Дар он ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад: худшиносии миллӣ: таъкид бар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ҳифзи забони модарӣ ва таърихи пурифтихори халқи тоҷик, тарбияи ватандӯстӣ: ҳидоят кардани ҷавонон ба роҳи илмомӯзӣ, эҳтироми волидайн ва садоқат ба Ватан, ахлоқи ҳамида: мубориза бар зидди хурофот ва бегонапарастӣ, ки барои солимии маънавии ҷомеа муҳим аст. Ҷанбаҳои сиёсии Паём: аз нигоҳи сиёсӣ, Паём барномаи мукаммали фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ба ҳисоб меравад. Аввал, суботи сиёсӣ, яъне таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир. Дуввум, ислоҳоти ҳуқуқӣ, яъне такмили қонунгузорӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун. Президенти кишвар дар Паёми худ ба масъалаҳои хурофоту ҷаҳолат, тарғиби илмоўзӣ, қадрдонии таърихии миллат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Ин мавзӯъ яке аз меҳварҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад, зеро маҳз омезиши илм ва ифтихори миллӣ метавонад ҷомеаро аз чанголи хурофот раҳо кунад. Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки хурофот ва таассуби динӣ монеаи асосии пешрафти ҷомеа ва хатар ба амнияти миллӣ мебошанд, ҷаҳолат ва нодонӣ боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дин бояд аз сиёсат ҷудо бошад ва барои тақвияти ахлоқи ҷомеа хизмат кунад, на барои тафриқаандозӣ. Аз ин хотир, моро лозим аст, ба маънавияти аслӣ ва илмомӯзӣ таваҷҷуҳ намоем. Яке аз нуқтаҳои муҳими Паём ин таҳкими ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ мебошад. Президенти кишвар бо ифтихор аз гузаштаи дури тоҷикон, аз ҷумла таърихи шашҳазорсола ва фарҳанги бостонии ориёӣ ёд карданд, то рӯҳияи ватандӯстиро дар зеҳни мардум бедор созанд. Ташаббуси туҳфа кардани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома»-и безавол ва тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, ки дар Паём садо дод, маҳз барои шинохти асли ориёӣ ва мубориза бо бегонапарастӣ буд. Дар партави суханони Пешвои миллат мо бояд дарк кунем, ки илм ҷомеаро аз хурофот пок мекунад, ифтихори ориёӣ заминаи маънавии ваҳдатро месозад, танҳо шахси босавод ва худшинос метавонад Ватанро аз таҳдидҳои муосир ҳифз кунад. Нуктаи дигар: Агар мо пешрафту тараққиёти кишварро ба назар гирем, ки аз Паёми соли 2024 маншаъ гирифтаанд, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ амалӣ гаштаанд. Боре ба дастовардҳои даврони истиқлол таваҷчуҳ кунем. Магар ин кори саҳлу осон аст? Дар як муддати кўтоҳ кишвари ҷангзада ва ақибмондаро обод карда, ҳазорон иншооти замонавӣ бунёд намуда, тамоми соҳаҳои давлатдориро дар сатҳи баланд қарор дода, ба як давлати рў ба тараққӣ табдил додан, ба ақл намеғунҷад. Имрӯз ба шарофати кўшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат мо дар як давлати ободу ором зиндагонии осоишта дорем. Пас, ба ҳамаи ин шукрона кардан шарт аст. Чунонки Роҳбари давлат таъкид доштанд: “Ҳар касе, ки ба қадри ин давлати обод намерасад, мусулмон нест!” Муовини директори Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода А

МАҚОЛАҲО

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОЗОДИИ АҚИДА, ВИҶДОН ВА ДИН ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар зери мафҳуми ҷавобгарӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин таҳти маҷбурияти давлатӣ иҷро намудани ҷазои ҳуқуқиро мефаҳманд. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин ду намуд мешавад: 1. Ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин; 2. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани озодии ақида, виҷдон ва дин. Дар моддаи 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин омадааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., № 1497)» [3]. Моддаи 86-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31.12.2008 с. қабул карда шудааст, аз 01.04.2009 с. мавриди амал қарор дода шудааст) чунин муқаррар кардааст: «1. Барои монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ, аз ҷумла қабул намудани дин ва ё ақидаҳои динӣ ё дигар ақидаҳо ё рад намудани қабули онҳо, аъзо шудан ба иттиҳодияҳои динӣ ё баромадан аз узвияти онҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051). 2. Барои таҳқири ҳиссиёти динии шаҳрвандон ё хароб намудани ашё, нишона ва аломатҳои рамзӣ, ки мутобиқи эътиқоди онҳо мавриди парастиш мебошанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051), ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051) [1]. Моддаи 157-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21.05.1998 с. қабул карда шудааст, аз 01.09.1998 с. мавриди амал қарор дода шудааст) монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ ном дошта, дар он чунин муқаррар шудааст: «Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳукуқи шаҳрвандон таҷовуз нанамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472), бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422)» [2, с. 105]. Адабиёти истифодашуда: 1. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455 // Сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – https://mmk.tj 2. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: КВД «Қонуният»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матбааи «Истиқлол-2019» чоп шудааст, 2024. – 320 с. 3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, № 489 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., № 1497. Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

“Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат)

Дар шароити муосири авҷгирии бархӯрди манфиатҳои геополотикии давлатҳои абарқудрат ва ҳассосу муташанниҷ шудани вазъи сиёсии ҷаҳон, амният ва рушди ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллии ҷаҳон, якпорчагӣ ва ваҳдати миллии онҳо аз бисёр ҷиҳат бо сатҳи ҷаҳонбинӣ, донишу таҷриба, ахлоқу маънавиёт ва сифатҳои шахсии роҳбарони онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин мавқеъи назар, гуфтори Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” дорои мазмуни амиқи фалсафӣ-таърихӣ ва арзишу аҳамияти баланди сиёсӣ мебошад. Ин гуфтори пурҳикмат ба ҳеҷ ваҷҳ маънои бартарӣ додан ба миллият нисбат ба дину эътиқодро надорад, балки як шарт ё талаботи воқеӣ ва муҳими сиёсию ахлоқии идоракунии муваффақона ва одилонаи давлати миллию демократӣ маҳсуб мешавад. Ҳар як фард ва ҷомеа ба ғайр аз ниёзҳо ва манфиатҳои динию маънавӣ, боз доираи ниҳоят васеи талаботҳои моддию дунявиро дорад, ки онҳоро на аз роҳи ибодату ниёиши дарунӣ, балки танҳо аз роҳи меҳнат, амалия ва фаъолияти ҷисмонию фикрӣ, тавассути ҳамкории судманд бо дигар афрод ва ҷомеаҳо қонеъ карда метавонад. Ҷомеаи миллии тоҷик низ аз ин қоида берун нест. Барои миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ва аҷдодони тоисломиаш (суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, тахориҳо ва халқиятҳои дигари эронизабони Осиёи Марказӣ) диндорӣ танҳо як рукни ҳаёт ва фарҳанги миллӣ буд ва мебошад. Ба ҷуз аз ниёишу ибодат ва суннату маросими динӣ-исломӣ, тоҷикон соҳиби фарҳанги басо пурғановати моддию дунявӣ низ мебошанд ва дар таъсиси аввалин давлатҳои мутамаддину пешоҳанги бостонӣ (Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳайтолиён ва ғ.), ободонии ҷаҳон, рушди ҳаёт ва фарҳанги моддии башарият саҳми бузург гузоштаанд. Миллати тоҷик дар симои аҷдодони таърихиаш қабл аз зуҳури дини мубини ислом вуҷуд дошт. Ҳамаи ин халқиятҳо пайрави дини зардуштӣ буданд ва пас аз густариши дини ислом, ба шарофати фаъолияти давлатсозию миллатсозии Сомониён ва сулолаҳои дигари ҳокимони маҳаллӣ, ҳамчун воситаи муоширати миллӣ ташаккул ёфтани забони форсӣ-тоҷикӣ ва як қатор омилҳои дигари фарҳангӣ як миллати воҳиди бодиёнатро ташаккул доданд. Ҳарчанде ки тоҷикон мисли халқҳои дигари ғайриараби мусулмон, аз дини ниёгон даст кашида дини навро қабул карданд, вале дин ҳамчун як шакли ҷаҳонбинӣ ва унсури бунёдии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллии онҳо маҳфуз монд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки дину эътиқоди исломӣ (дар шакли мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ) дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати фарҳангии миллатсози Сомониён дар ташаккул ва рушди ҳувияти миллии тоҷикон нақши хеле муҳим ва судмандро иҷро кардааст, ҳамон тавре ки дар даврони бостон дини зардуштӣ ин ин хидматро барои аҷдодони қадимаи мардуми тоҷик анҷом дода буд. Аз ин нуқтаи назар, “аввал тоҷик ва баъд мусулмон будан” маънои мусулмониро ҳамчун як навъи диндорӣ, ҳамчун як ҷузъи таркибӣ ва тағйирпазир ба низоми арзишҳои нисбатан устувору бунёдии миллии тоҷикон ҳамгун ва ҳамоҳанг сохтанро дорад. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ як давлат ё ҷомеаи муосири миллӣ, хоҳ демократӣ бошад, хоҳ теократӣ, аз нуқтаи назари этникӣ ва динӣ-мазҳабӣ яклухт нест, балки то ин ё он дараҷа полиэтникӣ ва поликонфессионалӣ мебошад, яъне як иттиҳоди сиёсие аст, ки халқиятҳо ва афроди пайрави дину мазҳабҳои гуногунро муттаҳид мекунад. Мисол, дар Конститутсияи ИМА вожаи “миллат” истифода нагардидааст, вале вожаи “мардум” (the People) ба кор бурда шудааст, ки ҳувияту умумият ва ваҳдати сиёсии ҳамаи шаҳрвандони ИМА-ро, новобаста аз мансубияти этникию динии онҳо, ифода мекунад. Яъне мафҳуми “миллат” ё “мардум” баёнгари ҳувияти сиёсии одамон аст, на ҳувияти этникии онҳо. Аз нуқтаи назари ҷомеашиносӣ «миллат» як ҷомеаи таърихан ташаккулёфта ва устувори одамон аст, ки бо забони умумии муошират, ҳудуд ва макону фазои ягонаи сукунат, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва ҳувияти муштарак муттаҳид шудаанд. Ин истилоҳ ду маънои асосӣ дорад: аз нигоҳи фарҳангӣ – ҷомеаи этникии дорои хусусиятҳои муштарак ва аз нигоҳи сиёсӣ – иттиҳоди сиёсии шаҳрвандони як давлати мушаххас. Дар давраи пас аз зуҳури ислом, тоҷикон аввалин бор маҳз дар замони Сомониён ба ин комёбӣ даст ёфта, ҳамчун миллат ташаккул ёфта буданд. Пас аз фурӯпошии давлати Сомониён, чунин имконият дар замони шӯравӣ ба вуҷуд омад. Ҳарчанде ки ҳаёт ва фарҳанги динии тоҷикон дар замони шӯравӣ бо маҳдудятҳо дучор шуд, вале фарҳанги моддию дунявии мардуми мо, иқтисод, илму маориф, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мо як давраи тиллоии эҳё ва рушду гулгулшукуфоии худро паси сар кард. Ин дастовардҳои замони шӯравӣ аз оғози давраи сохибихтиёрӣ то имрӯз барои рушди босуботи ҷамъиятиву иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун як заминаи муҳим хизмат карда истодаанд. Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, Шаҳраки тиббӣ, таваллудхонаҳои рақами 1,2 ва 3 ва садҳо биноҳои таълимию истиқоматӣ танҳо дар ҳудуди пойтахти кишвар – як қисми андаке аз он дастовардҳои замони шӯравӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ истифода бурдани вожаи “миллати тоҷик” ба маънои ҳувияти сиёсии тоҷикон дар масири таърих дар мавридҳое дуруст аст, ки агар тоҷикон соҳиби давлати озоди миллии худ бошанд, аз ҷумла дар мавриди наслҳои имрӯзаи бахтёру саодатманд, яъне мову шумо –хонандагони арҷманд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллии худ ҳастем. Дар давраҳои бедавлатӣ бошад, масалан, пас аз Сомониён то замони шӯравӣ, мафҳуми миллатро дар нисбати мардуми тоҷик танҳо барои ифодаи умумияти этникӣ, на сиёсӣ истифода бурдан, мантиқан дуруст аст. “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон!” (шарҳи фалсафӣ-таърихии мазмун ва аҳамияти сиёсии гуфтори Пешвои миллат) Қисми 2.(қисми 1 – 30.10.2025 нашр шудааст ) Ҳангоми таҳлили таносуби байни мафҳумҳои “миллат”, “халқ” (мардум, қавм, этнос) ва “дин” (диёнат) хоҳу нохоҳ ин масъала ба миён меояд, ки кадоме аз ин мафҳумҳо нисбат ба дигарашон қадимитар мебошанд. Равшан кардани ин масъала барои боз ҳам хубтар дарк кардани мазмуни фалсафии гуфтори Пешвои миллат “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон” мусоидат мекунад. Тибқи мазмуни таълимоти қуръонӣ, ва умуман, ҳамаи китобҳои осмонӣ, Худованд аввал қавму қабилаҳоро офаридааст, баъд барои ҳар қавму қабила тавассути паёмбарон каломи худро расонида, онҳоро ба ибодат ва иҷрои дастуроти Худ фаро хондааст. Яъне аввал қавму қабилаҳо, халқҳо офарида шудаанд ва танҳо пас аз ин, дин ва дастуроти илоҳӣ барои зиндагии худро дуруст ба роҳ мондани ҳар кадоми онҳо нозил шудаанд. Аз мазмуни ин таълимоти қуръонӣ хулосаи дурусти мантиқӣ ҳосил мешавад, ки миллатҳо нисбат ба динҳо таърихи қадимитар доранд. На танҳо мардуми ориёитабор ва халқҳои дигари ғайриараб, балки худи қавму қабилаҳои арабнажод низ қабл аз зуҳури дини мубини ислом ҳамчун гурӯҳҳои этникӣ ташаккул ёфта, ҳар кадом ин ё он дин ё низоми эътиқодоти тоисломиро пайравӣ мекарданд. Аз нуқтаи назари илмӣ низ, инсонҳо, қавму қабилаҳо нисбат ба динҳо қадимтаранд, зеро динҳо ҳамчун

МАҚОЛАҲО

Ҳуқуқҳои ҳар инсон арзиши олӣ дорад! (Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон)

Ҳуқуқи инсон яке аз беназиртарин арзишҳои ҷомеаи муосир буда, дар ташаккул, пешрафт ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ нақши калидӣ мебозад. Ҳуқуқи инсон мафҳуми хеле мураккабу гуногунҷабҳа буда, ба он қоидаи ягона ва тафсири якмаъноӣ додан душвор аст ва дар ин ҷода таълифоти олимони Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши бисёр муҳим доранд. Олимон ҳамчун таҳлилгарон, муаллифони назарияҳои ҳуқуқӣ, ташаббускорони ислоҳоти ҳуқуқӣ ва омӯзгорони насли нав – дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас доранд. Барои ноил шудан ба чунин дастовард онҳо асосҳои илмии ҳуқуқи инсонро таҳия карданд, қонунгузориро такмил доданд, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намуданд, меъёрҳои фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардоштанд, механизмҳои амалӣ ва судиро таҳлилу хулосабардорӣ намуда, онҳоро такмил доданд, барои ҳалли мушкилот роҳҳои илмӣ пешниҳодҳо карданд ва дар маҷмуъ, фаъолияти онҳо заминаи муҳимми давлатдории ҳуқуқбунёд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Раҳимзода Маҳмад Забир – доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мақолаи худ, “Илми ҳуқуқшиносии тоҷик: ташаккул, ҳолат ва проблемаҳо” қайд менамояд, ки “Таъсири муҳимро дар қабул ва мунтазам инкишоф ёфтани илмӣ ҳуқуқшиносии тоҷик анъана ва мактабҳои илмие гузоштанд, ки дар илми ҳуқуқшиносии академикӣ ва донишкадаҳо ба вуҷуд омадаанд. Осорҳои маълум ва арзишноки олимони ҳуқуқшиносӣ солҳои то замони истиқлолият ва баъди ба даст овардани онро мушаххас номбар накарда, қайд менамоям ки саҳми олимони ҳуқуқшиноси тоҷик, академикҳои АМИТ Раҷабов С. А., Тоҳиров Ф. Т. ва Маҳмудзода М. А., узвҳои вобастаи АМИТ Усмонов О.У., Раҳимзода М.З. ва Насриддинзода Э.С., профессорон Холиқзода А. Ғ., Явич Л. С., Коретский В. И., Мелкумов В. Г., Муллоев М. М., Ойгензихт В. А., Яковлева Е. М., Менглиев Ш. М., Ҷалилов Ҷ. Р., Ҷабборов Р. Ҷ., Тағойназаров Ш. Т., Имомов А.И., Шарофзода Р. Ш., Маҷидзода Ҷ. З., Ализода З., Бобоҷонзода И. Ҳ., Буризода Э., Ғаюрзода Ш.К., Ғафурзода А. Д., Муртазозода Ҷ. С., Искандаров З., Диноршоев А. М., Сангинзод Д.Ш., Шарипов Т. Ш., Меликов У. А., Сафарзода А. И., ва дигарон дар бораи таърих ва назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, назорати пракурорӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ асоси фундаменталии таҳқиқотҳоро дар барқарор намудани низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он хело калон мебошад”. Лозим ба қайд аст, ки калонтарин боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – боби дуюм, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” унвон гирифтааст, аз 34 модда иборат буда, ба самти ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Мувофиқи моддаи 14-и Конститутсия: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар Конститутсия ва қонунгузории миллии худ кафолат додааст. Барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар баробари қонунгузории миллӣ, инчунин, санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, ки онро Созмони Милали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 қабул намудааст, амал менамоянд. Маҳз тибқи ҳамин сарчашма 10 декабр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мегардад, на танҳо хотиррасонии рӯйдоди таърихист, балки ҳамчун як меҳвари рушди давлатӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аҳаммияти таърихӣ-илмӣ дорад. Эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) мустаҳкам шудааст, имрӯз ба меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва низоми ҳуқуқии миллӣ табдил ёфтааст. Ин ҳамон воқеиятест, ки дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ғояи инсондӯстӣ дар Паёми худ таъкид намуданд, ки «Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад». Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият пайваста саъй дорад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олии конститутсионӣ тақвият бахшад. Ин раванд дар сиёсати давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос ёфтааст. Муҳаққиқи ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар монография худ “Назаре ба асрори ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон” қайд менамоянд, ки “Арзише, ки аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ва шинохти ақл ҳамчун нерӯи пешбарандаи таърих то имрўз аҳамияти худро гум накарда, маънии ҳастӣ ва риштаи инкишофи ҷамъияти инсониро дар атрофи хеш муттаҳид намуда, ҳамагуна қонуният, мақсад, вазифа ва кашишҳои иҷтимоиро тадриҷан тобеи хеш гардонида, гарав ва кафолати сулҳ, ваҳдат ва хушбахтии ояндаи халқу миллатҳо баромад намуданро бар дўш гирифта тавонистааст, ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон аст”. Аз ин гуфтаҳо чунин бар меояд, ки ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон арзиши аслии ҷомеа буда, аз аввали таърих вуҷуд дошта, аҳаммияти илмӣ дорад, пояи ҳамоҳангии ҷомеа мебошад, ки ҳамаи қонуниятҳо, вазифаҳо ва фаъолияти иҷтимоиро дар атрофи худ муттаҳид кардааст. Дар ниҳоят, Рӯзи ҳуқуқи инсон моро водор месозад, ки бояд донем то Тоҷикистони азизи мо имконияти амалӣ шудани ҳаммаи ҳуқуқҳоро фароҳам меоварад. Дар ин марҳилаи басо таърихӣ ва муҳим мо бояд аз гузаштагони таърихӣ ва муосири халқи тоҷик ки онҳо шоистаи ифтихорӣ миллӣ ва барои баланд бардоштани ҳисси ватандустиву ватандории мо ҷавонон эҷод кардаанд, арҷгузор бошем. Ин ҳамон рӯз аст, ки арзиши олӣ ва кафолати зиндагии шосита ва арзанда (м.5-и Конститутсия) эътироф шуда, зери мафҳуми “ҲУҚУҚИ ИНСОН” навишта шудааст ва бо меъёрҳои Конститутсия ҳифз шудааст, ки барои ҳар як шахс ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозист. Дар умум, Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон рӯзи ҳар фарди ҷомеа аст, зеро инсон аз бошарофаттарин ва боарзиштарин мавҷудот шинохта шудааст. Маҳз ин вижагиҳои фарқкунандаи инсон аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзи махсусеро ба Рӯзи ҳуқуқи инсон рабт додааст. Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон мубораку фархунда бошад! Сӯҳроб Ҷалолов – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ, магистранти курси 2-и АИДНП ҶТ

Прокрутить вверх