«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». ДАР БОХТАР ТАҲТИ ИН УНВОН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» баргузор гардид.
 
Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон ба ифтихори 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Холиқзода Абдурраҳим Ғаффор ва дигар олимону муҳаққиқон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ иштирок карданд.
 
Дар Конференсияи мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ - муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғаффор низ иштирок намуда, дар  мавзӯи " Идеология ва ё мафкураи миллӣ ҳамчун василаи устувори муқовимат бо таҳдидҳои берунӣ"   маърӯза намуд.
 
Устод Холиқзода Абдураҳим иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо, ки давлатҳои бузург думболи манфиатҳои миллӣ бо роҳҳои мухталифи моддию маънавӣ ба паҳнои манфиатҳои кишварҳои рӯ ба рушд ва қафомонда ворид гашта, ба истиқлолияту ваҳдат  ва ягонагии охирӣ латма ворид менамоянд, коркарди воситаю усулҳои мухталифи ҳифзи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ногузир мегардад. Аз зумраи воситаҳои муосири ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ки имтиҳони таъхрихиро гузаштаасат, ин вуҷуди устувории худшиносии миллӣ ва мафкураи солими миллӣ маҳсуб мегардад. 
 
У ҳамчунин зикр намуд, ки  дар шароити  ноороми ҷаҳон маҳз мафкураи миллии мутобиқ ба талаботи арзишҳои умдаи ҳуқуқ ба дӯш гирифта метавонад. Аксари печидагиҳо ва муноқишаҳои моддию маънавии олам дар партави мафкураҳои давлатҳои бузургу муваффақ ба манфиати охириҳо сурат мегиранд ва давлатҳои ҷавону рӯ ба рушдро зарур аст, ки дар раванди давлатсозии худ мафкураи солими миллӣ, мафкураи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие дошта бошанд, ки дифоъ аз манофеи миллии онҳо намоянд.
 
Баргузории Конференсияи мазкур давоми мантиқии силсилаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни шукўҳманди истиқлоли Ватан мебошад.
 
Конференсия аз ҷиҳати мазмуну интихоби мавзўъ ниҳоят муҳиму арзишманд буда, таҳқиқу омӯзиши паҳлўҳои он барои аҳли илм, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қобили мулоҳиза ба ҳисоб меравад.
 
Аҳамияти мактабу таҷрибаи зикршуда то ҷоест, ки дастовардҳои даҳсолаи Истиқлолро ҷамъбаст намоем, яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ҳамчун давлат ва миллат маҳз ҳамин ташаккули мактаби давлатдории муосири миллӣ мебошад.
 
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир                                    Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика