Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ бо мақсади омӯзиши сарчашмаҳо ва осори хаттии исломӣ ҳамчун қисми таркибии фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, таъсиси хазинаи маводи динӣ-мазҳабӣ ҷиҳати таъмини иттилооти зарурӣ, таҳия ва нашри осори динию фалсафӣ ва фиқҳии ниёгон дар назди Марказ таъсис дода шудааст.
Аз ин ҷиҳат, Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Марказ барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти илмию таҳқиқотии худ иқдомҳои зеринро дар афзалияти кории худ қарор додааст:
- Таҳлилу омӯзиши сарчашмаҳо ва осори хаттии исломӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ ва истифодаи арзишҳои илмии онҳо ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ;
- Дар маркази барномаҳои таҳқиқотии Шӯъба қарор додани баррасии маъхазҳои боэътимоди исломӣ, хусусан адабиёти мазҳаби ҳанафӣ ва осори динии шахсиятҳои ҳавзаи фарҳангии ниёгон;
- Ҷустуҷӯ ва дарёфти маъхазҳои дақиқ ва саҳеҳи динӣ, хусусан марбут ба мазҳаби ҳанафӣ, дар сатҳи талаботи имрӯзаи ҷомеа муаррифӣ намудани он ва ҳамчунин тавсифи мухтасари маъхазҳои фиқҳӣ ва каломии мазҳаби ҳанафӣ ва барои чоп омода намудани онҳо;
- Анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар асоси омӯзиши маъхазҳо доир ба ҷанбаҳои оштипазирӣ, муросогарӣ, ҳамзистии осоиштаи мардум ва таҳаммулгароӣ.