«Таърихи Нишопур»-и Ҳокими Нишопурӣ

Тавре дар навиштаи пешин гуфта омад, таърихи маҳаллӣ яке аз бахшҳои муҳими таърихнигории миллӣ ба шумор омада, асосан шаҳру вилоятҳои муҳим соҳиби чунин таворих гаштаанд. Нишопур, ки яке аз муҳимтарин шаҳрҳои Хуросон ба шумор меояд, дар қарҳои IX-XI ба авҷи шукуфоӣ расида, дар бахши илмӣ ва фарҳангӣ бар соири шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр бартарӣ доштааст. Агар дар шаҳрҳои ин давра асосан намояндагони мазҳаби хос мактабу мадраса ва ҳавзаҳои илмӣ дошта бошанд, дар Нишопур пайравони ҳамаи мактабу равияҳои фиқҳӣ, каломӣ ва фалсафӣ ҳузури фаъол дошта, теъдоди мадрасаҳои он аз дигар шаҳрҳо бештар буд.Беҳуда нест, ки ба таърих ва зикри машоҳири ин шаҳр чандин китоб ихтисос дода шудааст, ки на ҳамаи он то ба рӯзгори мо расидааст.
Дар рӯзгори Тоҳириён шаҳри Нишопур пойтахти Хуросон мегардад ва давраи беҳтарини ин шаҳр низ ҳамин ҳамон маҳсуб мешавад. Сомониён низ ин шаҳрро меписандиданд ва сипаҳсолори ин дудмон дар ҳамин макон маъво гирифта буд. Яке аз муҳимтарин китобҳое ки ба таърихи маҳаллӣ бахшида шудааст, «Таърихи Нишопур» мебошад, ки ба қалами донишманди бузург ҳадис Абуабдуллоҳ Ҳокими Нишопурӣ (933-1014) бо забони арабӣ навишта шудааст. Ҳоким ба ҳайси қозӣ ва сафир низ адои вазифа карда, осори зиёде аз худ боқӣ гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо «Мустадрак ало-саҳеҳайн» буда, дар ҷаҳони ислом хеле машҳур аст.
Дар рӯйхати осори ин донишманди фарзона, ки ғолибан ба ҳадису фиқҳ ва улуми динӣ бахшида шудаанд, китоби «Таърихи Нишопур» низ дида мешавад. Муаллфони дигаре ҳам таҳти ҳамин унвон китобҳое ба таърихи Нишопур ихтисос додаанд, ки якеро Абулқосим Каъбии Балхӣ ва дигареро Аҳмади Ғозӣ навишта будаанд. Аз ин китобҳо низ ҷуз ном чизе боқӣ намондааст.
Ба андешаи донишмандон матни аслии китоби «Таърихи Нишопур» аз байн рафтааст. Аммо то асри XVII вуҷуд доштани онро Ҳоҷӣ Халифаи машҳур таъйид кардааст. Ҳатто номи китоб низ ба гунаи дигар буда, Абдулкарими Самъонӣ (1113-1167), ки наздик ба замони Ҳоким аст, номи китобро «Таърихи кабири Нишопур» зикр кардааст. Теъдоди ҷилдҳои асарро низ аз 12 то 14 номидаанд. Баъзе аз донишмандон дар давраҳои гуногун китоби мазкурро дар шакли фишурда (талхис) ироа кардаанд.
Таърихи Нишопур» дар миёни донишмандони гузашта хеле машҳур буда, аз матолибу муҳтавои асар онҳо ба таври фаровон истифода кардаанд. Муҳимтарин қисмати ин асар ахбори он дар бораи ҷуғрофия ва таърихи ин шаҳр мебошад. Китоб асосан ба таърихи замони исломии шаҳр ихтисос дода шуда, муаллифони тамоми китобҳои ба таърихи маҳаллӣ бахшидашуда аососан дунболи нишон додани ҳамин давра будаандю Зеро кушода шудани ҳар шаҳр ба дасти арабҳо аз муҳимтарин қисматҳои ингуна китобҳо ба шумор меомад. «Таърихи Нишопур» бо фасле дар бораи фазилатҳои Хуросон ва ба вижа Нишопур оғоз мешавад ва бо «Таърихи Систон» монандӣ дорад. Барои исботи ин фикри худ муаллиф аз қавли яке аз бузургони ислом навиштааст, ки «беҳтарини Хуросон Нишопур аст».
Барои нишон додани ҷойгоҳи Нишопур Ҳоким қадамҷойи саҳобаи пайғамбар будани онро низ илова мекунад. Сипас таъкид мекунад, ки «ҳар кадом аз саҳоба, ки ба Марв ё Ҳирот ё Балх ё Бухорову Самарқанд фурӯд омаданд, ба Нишопур омадаанд дар рафтану омадан, ё рафтанд ё омаданд». Сипас номи 46 саҳобаро ки Нишопурро дидаанд, бармешумурад. Инчунин номи беш аз ду ҳазору ҳафтсад афроди машҳур аз тобеин ва донишмандону фозилоне ки ба нияте Нишопурро дидаанд, тазаккур медиҳад. Қисмати дигар асар ҷараёни фатҳи он ба дасти лашкари араб аст. Аз матни китоб чунин бармеояд, ки Абдуллоҳи Омир ном лашкаркаши араб соли 643 онро тасарруф кардааст.
Дар ривояти дигар низ гуфта мешавад, ки шаҳр дар замони хилофати Усмон ибни Аффон ба дасти арабҳо гузаштааст. Кушодани ин шаҳр барои арабҳо аз он ҷо муҳим буд, ки шаҳрҳои атроф аз ҷумла, Тусу Абеварду Нисо тобеи он буда, бо суқути Нишопур ин шаҳрҳо низ ба дасти арабҳо мегузаштанд. Дар бораи равиши фатҳи ин шаҳр муаллиф навиштааст, ки «як моҳи тамом аз субҳ то шом ва аз аввали шом то бонги хурус овозаи хурушу ҷанг буд».
Дар китоби «Таърихи Нишопур» ишораи мухтасар ба собиқаи қабл аз исломии шаҳр низ мавҷуд буда, дар бораи гузару маҳаллаҳои шаҳр ахбори муфид оварда мешавад, ки хеле муҳиманд. Аз ҷумла, дар боби масҷид бино кардани Абумуслими Хуросонӣ бобе ҷудогона бахшида, таъкид мекунад ки ин масҷид «ҳазор сутун дошт .... ва ба Хуросон минбаре аҳсантар аз он минбар набуд, ки Абумуслим дар ин ҷомеъ ниҳода буд».
Аз рӯ йи як нусхаи қадимии барҷоймонад донишманди машҳури эронӣ Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ гунаи хеле мухтасари «Таърихи Нишопур»-ро нашр карда, сарсухани фишурда вале пурмаъние бар он афзудааст.
Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика