Аз таърихи ҳамзистии адёну мазоҳиб дар Осиёи Марказӣ

Ҷаҳони ноороми имрӯза ва равандҳои хатарзое чун ифротгароиву терроризм башариятро беш аз ҳар вақти дигар ба андешаву тааммул водор сохтааст. Зеро агар ба ин дардҳои ҷомеа ва равнадҳои носолиму сӯзанда даво бахшида нашавад, метавонад дар дарозмуддат тамоми тамаддуни ҷаҳониро нобуд созад. Бесабаб нест, ки ҳар рӯз дар гӯшаву канори олам садҳо конференсияву ҳамоиш ва мизи гирду вохурӣ барпо мешавад, ки ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо ҷустани роҳи наҷот ва сомон бахшидан ба рӯзгори ошуфтаи аҳли ҷаҳон аст. Дар воқеъ, ҳамзистии дину мазҳабҳои мухталиф замонати аслии истиқрори субот дар ҷомеа ба шумор меравад.   

Дар қатори дигар дарсҳое, ки барои башар дар роҳи эҷоди ҷомеаи таҳаммулгаро метавонад муфид бошад, сабақи таърих аст, ки баъзан онро нодида меангорем ё ба боди фаромӯши месупорем. Сабақи таърих ба ғайр аз додани иттилооти муфиду зарурӣ ва дарси худогоҳӣ моро аз сарнавишти қавму миллатҳое, ки бар асари риоят накардани асли ҳамзистии мусолиматомез ба сарошеби суқут расиданд огоҳ месозад ва моро ҳушдор медиҳад, ки луқмонвор аз беадабони таърих сабақ омӯзему роҳи растагориро дунбол кунем.

Минтақаи Осиёи Марказӣ дар радифи сарзаминҳое чун Ҳинд, Чин, Байнаннаҳрайн ва Миср аз марказҳои тамаддуни башар ба шумор рафта, ҳамеша шоҳиди ҳузури андешаҳои гуногун ва дину ойинҳои бешумор будааст. Нигоҳе ба таърихи ҳузури ин ақоид имрӯз моро ба кор меояд. Сайри иҷмолии таърихи Осиёи Марказӣ, ки тоҷикон қадимтарин сокинони онанд, ҳаводиси зиёдеро дар хотираи мо зинда мекунад, ки ҳамагӣ омӯзандаанду дилнишин. Сабақ омӯхтани мо аз фарозу нишеби ҳамгироӣ ва гоҳе ситезу пархошгарӣ бар сари эътиқод метавонад заминае барои эҷоди фазои муносиби ҳамзистии андешаву ақидаҳои гуногун бошад. 

Зуҳури Зардушт, ки мардумонро ба парастиши Худои ягона даъват мекард, яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи тоҷикон аст. Зеро бар хилофи андешаи роиҷ, ки дар миёни авом машҳур аст, ин паёбари ростиву озодагӣ мардумонро ба дини тавҳидӣ даъват кардааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ, ки бозгукунандаи боварҳову андешаҳо, ойинҳо ва фарҳанги ориёиҳо аз рӯзгорҳои нахустин то замони тозиши бодиянишинони араб аст, ин иддаои моро тақвият мебахшад. Ҳакими Тусӣ аз забони Зардушт, чунин мегӯяд:

Ба шоҳи каён гуфт пайғамбарам,

Сӯйи ту хирад раҳнамун оварам.

Ҷаҳонофарин гуфт бипзир дин,

Нигаҳ кун бад-ин осмону замин.

Ки бехоку обаш баровардаам,

Нигаҳ кун бад-ӯ т-ош чун парвардаам.

Дар ин ҷо чаҳор нукта шоёни тазаккур аст:

- якум, он ки Зардушт дар Эрон наметавонад, дини яккахудоиро тарвиҷ диҳад, ба шарқ, яъне сарзамини Осиёи Марказӣ меояд ва шоҳи Ховарон Виштасп дини ӯро пазируфта, густариш медҳиад. 

- дувум, меҳвари дини Маздоясно ё зардуштӣ, тавре зикр шуд, хираду хирадгароӣ дар ойини ӯст. Ҳодисае ки севу ним чаҳор ҳазор сол муқаддам ба вуқуъ пайвааста, имрӯз ҳам ниёзи ҷаҳон ва аз ҷумла ҷомеаи мост. Бар хилофи тақлидҳои кӯр-кӯронаву боварҳои гумроҳкунанда, ки иддае мехоҳанд ҷомеаро ба сӯйи он бикашонанд.

- савумин нуктаи муҳим он аст, ки дар ҷараёни тарвиҷи дини худ Зардушт мардумонро ба шинохти олами атроф ва тааққулу тафаккур (нигаҳ кун бад-ин осмону замин) даъват мекунад;

чаҳорумин панди ин воқеа он аст, ки дини худро Зардушт бе зӯроварӣ ва бо такя бар як фармонравои заковатманду боҳуш паҳн мекунад. 

Яке аз давраҳои таърихии сарзамини мо ба ҳазорсолаи аввали то милоди Исои Масеҳ ва агар дақиқтар гӯем замони салтанати Ҳахоманишҳо ба шумор меояд. Дар асре, ки фиръавнҳои Мисрӣ мардуми ғайри қибтиро сар мебуриданд ва бобулиҳо намегузоштанд, ки мардумон ғайр аз маъбуди эшон Мардукро ситоиш кунанд, мардуми ориёӣ ба навъи башар ва тамаддун ҷаҳон Куруш ҳадя кард, ки бо нашри устувона ё маншуре дар 45 сатр нахустин бор дар таърихи башар эълом дошт, ки ҳамаи инсонҳо сарфи назар аз нажоду забону ойин баробаранд ва ҳар кас метавонад он худоеро ки бовар дорад бипарастад. Матни ин маншурро ҳам Куруш на ба забони худ, балки ба замони қавмҳои зердаст яъне бобулиҳо навишт. Дар банди дувуми ин маншур чунин омадааст: дину ойин ва русуми миллатҳое, ки ман подшоҳи онҳо ҳастам, муҳтарам хоҳам шумурд ва нахоҳам гузошт ки ҳокимону зердастони ман дину ойину русуми миллатҳое ки ман подшоҳи онҳо ҳастам ё миллатҳои дигарро мавриди таҳқир қарор диҳанд ё ба онҳо тавҳин намоянд. Агар баъзе подшоҳонро танҳо аҳли дарбору ҳамтаборони ӯ ситоиш кунанд, Куруши Кабирро китоби Тавроти мансуб ба қавми яҳуд наҷотбахши Худо Яҳве меноманд. Бобулиён ӯро фиристодаи худо Мардук ва юнониён бузургтарин марди таърих номидаанд. Ҳарчанд Куруш худро парастандаи Аҳурамаздо номида, ба ин ойин пойбандӣ дошт, аммо касеро иҷборан ба ин дин фаро намехонад. Дарсе, ки мо бояд аз рафтори Куруш – ин ниёи арҷмандамон бигирем, он аст, ки ба пайравони ҳамаи дину ойинҳо бояд дасти дӯстӣ доду дарахти адовату душманиро барканд. Аммо ин сирати некӯи Курушро на ҳамаи пайвандони ӯ ба ҷо оварданд ва баъзе аз шоҳону вазирон ва риҷоли дарборӣ ӯ бар хилофи ҷадди худ амал карда, ба таъқиби намояндагони дину ойинҳои бегона пардохтанд, ки паёмадҳои ногувор дошт.

Искандар, ки таърихи садсолаи Осиёи Марказӣ бо корномаи ӯву ворисонаш қарин аст, яке аз шоҳони бадноми таърих аст. Зеро ӯ буд, ки дастур дод, китоби муқаддаси зардуштиён ба оташ кашида шавад ва ҷуз худоёну илоҳаҳои юнонӣ парастиши нагардад. Забону хатти юнониро аз тамоми забонҳои маҳаллии Осиёи Марказӣ бартар дониста, ҳаққи мардумро нодида гирифт. Ҳосили ин гуна сиёсатҳои нодурусти Искандар буд, ки ӯро аҷдоди мо Гаҷастак номиданд, ки муқобили хуҷаста буда, маънои малъуну раҷимро дорад. Сиёсатмадорони имрӯзу фардои ҷаҳон бояд ин нуктаро дар ёд дошта бошанд, ки фарҷоми касоне, ки бо ойину эътиқоди мардум бозӣ мекунанд, ҷуз русвоиву бадномӣ чизи дигаре нест.

Давраи ҳукумати Сосониён, ки қисми зиёди Осиёи Марказӣ дар таркиби Сосониён қарор дошт, яке аз марҳилаҳоест, ки масъалаи ҳамзистии дину мазҳабҳо борҳо халалдор гашта, ҷомеаи кишварро ба вокунишҳои ҷиддӣ дучор кард. Агар хоҳем, ки ин ноҳамҳангиҳову бесуботиро решаёбӣ кунем, ба ин натиҷа мерасем, ки давлатмардони сосонӣ нахустин бор кеши зардуштиро ба ҳайси ойини расмӣ ё давлатӣ эътироф карда, ҷойгоҳи коҳинони ин динро зиёд карданд. Давлатӣ шудани ойин зардуштӣ муҷиби он шуд, ки пайравони дину эътиқодҳои дигар, аз ҷумла масеҳӣ, ки дар Руми шарқиву ғарбӣ аз асри чоруми милодӣ дини давлатӣ эълон гашта буд, мавриди таъқибу озор ва ҳатто шиканҷа қарор гиранд. Сиёсӣ шудани масъалаи дин дар ду кишвари рақиб Сосониёну Рум сабабгори он шуд, ки ҳар ду кишвар мазҳабҳои мухолифи якдигарро пуштибонӣ кунанд. Аз ҷумла, Сосониён ҳамаи масеҳиёни яъқубиро, ки дар Рум мазҳаби мамнуъ буд, пуштибонӣ мекарданд. Рум низ оташафрӯзи низоъҳои мазҳабӣ дар қаламрави Сосониён буд. Офати дигаре ки домангири силсилаи сосонӣ ва мардуми он рӯзгор гардид, он буд, дахолати мубадон ё ҳамон рӯҳониёни зардуштӣ дар умури сиёсӣ вазъи иҷтимоии кишварро ноором сохт. Мубадони зардуштӣ ҳатто даст ба табаддулот зада, муҷиби барканории шоҳаншоҳ мегаштанд. Тавре маълум аст, дар асрҳои миёна ин табақа миёни мардум таъсир гузошта, метавонист мардумро муқобили ҳукумат низ равона кунад. Аз ҷумла, яке аз шоҳони некноми сосонӣ Яздигурди аввалро, ки сиёсати мусолиматомези диниро пеша карда, имкон дод, ақалиятҳои динии қаламрави Сосониён бо оромиш ва хотири осуда маносики динии худро анҷом диҳанд, ба бединӣ айбдор карданд. Дар ҳоле ки сиёсати санҷидаву дурандешонаи Яздигурди аввал имкон дод, ки нахустин бор миёни Рум ва Сосониён сулҳи пойдор устувор гардад ва мардумони ду кишвар дар амнияту осудагӣ ба сар баранд. Мубадон ин шоҳаншоҳро бадном карда, ӯро Яздигурди базаҳкор ё гунаҳкор эълон доштанд. Ҳатто марги ин шоҳи адолатпешаро низ мубадон ҳамчун интиқоми Худо қаламдод кардаанд. Чунин сиёсатҳои ноҷои мубадон сабаб шуд, ки дар замони Сосониён ду ҷунбиши азими иҷтимоӣ сар занад, ки яке бо номи Монӣ ва дигаре бо номи Маздак маъруфанд. Ин ду қиёми иҷтимоӣ вазъи кишвар ва мардуми онро садсолаҳо ноором сохт. Яке аз сабабҳои бе ҷанг таслим шудани мардуми Эрон дар баробари арабҳо ки ойини нав – Исломро оварда буданд, маҳз чунин сиёсатҳои нодурусти динии Сосониён будааст. 

Бар хилофи қаламрави Эрон мубадони зардуштӣ дар Осиёи Миёна ба умури сиёсӣ камтар дахолат мекарданд. Яке аз тафовутҳои аслии зардуштияи Осиёи Марказӣ аз Эрон низ ҳамин асл буд, ки дар давраҳои баъд аз исломӣ низ намудор гардид. Рӯҳияи таҳаммулпазирии Осиёи Марказиро дар мисоли дигар низ метавон баръало мушоҳида кард. Ҳамзамон бо ойин зардуштӣ, ки аксарияти мардум ба он бовар доштанд, дар асрҳои 3-6 милодӣ дини буддоӣ низ дар ин сарзамин паҳн мегардад, ки пайдо шудани садҳо муҷассамаҳои бешумори Буддо, аз ҷумла муҷассамаи 12 метраи он дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон гувоҳи ин иддаост. Сайёҳи маъруфи хитоӣ Сюан Сзя низ менависад, ки ӯ дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва Балху Чоч садҳо маъбуди буддоӣ ва ҳазорон роҳиби буддоиро дидааст. Таъкиди ин ҷаҳонгард бар ҳамзистии пайравони ойинҳои зардуштӣ, буддоӣ ва масеҳӣ низ аз дигар нуктаҳои ҷолиб мебошад. Ин равиши писандида таъсири босазо дар таърихи давраи исломии Осиёи Марказӣ гузошт.        

Яке аз шиорҳои ҷовидонии ислом, ки бештари мутафаккирон онро таъкид мекунанд, ояи ло икроҳа фи-д-дин ё дар кори дин ҳеч иҷборе вуҷуд надорад, ба шумор меравад. Ё ин ояи лакум динукум валия дин – дини Шумо моли худатон асту дини ман аз они худам. Дигар дастури Қуръон баробар шумурдани ҳамаи пайғамбарон аст, ки тамоми роҳҳоро барои бартариҷӯӣ мебандад. Аммо дар сарчашмаҳои исломӣ ба садҳо маврид бармехурем, ки фотеҳони араб, ки худ ситамгар буданд, ин дастури диниро нодида гирифта, гоҳе мардумро маҷбуран ба дини нав фаро мехонданд. Ин шеваи нописанд сабаб шуд, ки раванди гаравидани тоҷикон ба ислом дусад сол тӯл кашад. Баръакси хулафои умавию аббосӣ силсилаҳои тоҷикии бармакӣ, тоҳирӣ, саффорӣ ва алалхусус сомонӣ дар густариши ислом хидмат карда, дар айни ҳол нисбати пайравони дигар ойинҳо аз ҷумла, ҷамоаи зардуштӣ, яҳудӣ ва масеҳӣ бо мудоро муносибат мекардаанд. Дар Самарқанд, Хоразм, Чоч ва ғайра пайравони ин динҳо озодона фаъолият мекарданд. Дар ин бораи ҷуғрофидони машҳури араб Ибни Ҳавқал ба тафсил сухан рондааст. 

Дар қаламрави Сомониён, дар давраи шукуфоийи ин давлат, яъне нимаи аввали асри Х мо шоҳиди ҳузури ҳамаи фирқаву мактабҳои исломӣ мебошем. Амирони сомонӣ, аз ҷумла Исмоил бо вуҷуди он ки худ пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд, вале бо олимону донишмандони шофеъӣ ва зоҳирӣ дар камоли муҳаббату эҳтиром муносибат мекарданд. Дар ин давра, Сомониён нисбат ба пайравони мазҳаби исмоилия низ хуб бархурд мекарданд. 

Аммо боз ҳам тобиши сиёсӣ гирифтани дину мазҳаб ҷозибаи онро коста, ҳам ҳукумати марказӣ, ҳам фирқаҳои мухолиф даст ба тадбирҳои қатъӣ ва гоҳе ифротӣ мезананд, ки аз чунин тасмимгириҳо қабл аз ҳама, мардуми оддӣ зиён мебинанд. Авлавият додан танҳо ба як мазҳаб, дар сиёсати расмии Сомониён чандон натиҷаи матлуб намедиҳад. Таъсиси хилофати Фотимиён ва фиристода шудани доиёни фотимӣ ба қаламрави Осиёи Марказӣ сабабгори хароб шудани ҷавви фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа мегардад. Дар нимаи дувуми асри Х сиёсатҳои нодурусти динӣ, дахолати баъзе рӯҳониён дар корҳои идорӣ сабаб мешавад, ки робита на танҳо бо дину ойинҳои ғайримусулмонӣ ва фирқаҳои ғайрисуннӣ, балки миёни пайравони мактабу равияҳои суннӣ низ хароб мегардад. Хусусан низоъ миёни пайравони ҳанафия ва шофеия, ки онҳоро фариқайн низ меномиданд, меафзояд. Сайёҳи араб, Мақдисӣ, ки худ ҳанафимазҳаб буд, дар охири асри Х бо ташвишу изтироб менависад, ки ягон шаҳре дар Осиёи Марказӣ надидам, ки дар он пайравони ҳанафия ва шофеия бо ҳам дар низоъу кашокаш набошанд. Чунин нобасомониҳову ошуфтагиҳо даст ба дасти ҳам доданд, ки ҳукумати Сомониён фурӯ пошид ва қудрат ба дасти навмусулмонони мутассиб афтод.   

 Асрҳои 11-13 дар минтақаи Осиёи Марказиро муаррихону адабиётшиносон даврони пирӯзии таассубу хурофот номидаанд. Тамоми зардуштиёну масеҳиёни Осиёи Марказӣ ё маҷбуран мусулмон шуданд ва ё тарки ватан карданд. Пас аз ин давра сарчашмаҳои хаттӣ дигар дар Осиёи Марказӣ ҳеч хабаре аз масеҳиёну зардуштиён намедиҳанд. Аз вижагиҳои ин замон он аст, ки таҳаммулнопазирӣ ба як воқеият табдил меёбад. Султони ҷавру ситам Маҳмуди ғазнавӣ ҳазорон пайрави мазҳаби исмоилияро ба қатл расонда, лашкаркашиҳои ғоратгаронаи худ ба Ҳиндустонро зери шиори ғазоват пинҳон медорад. Ҳазорон бегуноҳ кушта ҳазорони дигар ба ғуломӣ фурӯхта мешаванд. Чунонки Фирдавӣ ин сиёсатҳои ӯро худ дарк карда мегӯяд:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранд пеш.

Озодандеши дигар, шоири тавонои тоҷик Носири Хусрав низ сиёсати мазҳабии Маҳмудро ин тавр накӯҳиш мекунад:

Он к-ӯ ба ҳиндувон шуд, яъне ки ғозиям,

Аз баҳри бардагон, на зи баҳри ғазо шудаст.

Таҷрибаи таърих собит месозад, ки вақте дар кишвар ё ҷомеае фазои таҳаммулнопазирӣ ҳукмрон мегардад, он фарогир шуда, ба як дин ё мазҳаби хосс маҳдуд намешавад. Агар ба як калом хоҳем ки ин манзараи асрҳои 11-13 Осиёи Марказиро баён кунем, метавонем бигӯем, ки пирӯзии таассуб на танҳо нисбат ба ғайримусулмонон, балки нисбат ба пайравони мазҳабҳои исломӣ, аз ҷумла суннимазҳабҳо низ амалӣ мегашт. Дар дарбори Ғазнавиёну Салҷуқиён донишмандон (!)-и ҳанафӣ ва шофеъӣ борҳо ба ҷони ҳам афтода, шогирдону муридони худро ба доираи ин ҷангҳо мекашиданд. Ба навиштаи Ибни Асир ва Ёқути Ҳамавӣ ҳанафиёну шофеиён масҷиду мадрасаҳои якдигарро ба оташ мекашиданд. Ёқути Ҳамавӣ ҷуғрофидони маъруф менависад, ки «ҳар замоне ки яке аз фирқаҳо (шофеъӣ ё ҳанафӣ) қудрат меёфт ба ғорати маҳаллоти дигар мепардохт, онро оташ мезаду нобуд месохт». Ҳазорон олимону донишмандон маҷбур мешуданд, тарки ватан кунанд. Сулолаи вазирони Оли Хуҷанд, ки шофеимазҳаб буданд, зери фишори ҳанафиён маҷбур шуданд аз Осиёи Марказӣ ба Эрон паноҳ баранд. Абулҳасан ибни Қубайс ном олими ҳанафии Осиёи Марказӣ, ки дар замони Қарохониён зиндагӣ мекард, гуфта буд, ки агар ман ҳоким мебудам, дастур медодам ки аз пайравони мазҳаби шофеӣ ҷизя ситонда шавад. Баръакс, Низомулмулки вазир, ки шофеимазҳаб буд, пас аз қудрат ёфтан тамоми вазифаҳои давлатӣ ва маснади қазову муфтиётро ба шофеиён мебахшад, ки ин ҳодиса низ таъсир номатлуб дар ҷомеа мегузорад.

Асрҳои 12-13 дар муносибатҳои байналмиллалӣ як ҳодисаи ногувори дигар дар заминаи зиддиятҳои эътиқодӣ иттифоқ меафтод, ки он бо номи ҷангҳои салибӣ машҳур аст. Дар ин ҷангҳо, ки дусад сол идома ёфт, миллионҳо инсон талаф шуд, ки дар қатори он ҳазорон сокини Осиёи Марказӣ низ буданд. Таассуби динӣ то ҷое боло гирифт, ки барои иштирок дар ҷангҳои салибӣ руҳониёни масеҳӣ кӯдакони ноболиғро ҷалб карданд. Даҳҳо ҳазор кӯдакони то 12 сола дар ин ҷангҳо кушта ё асир гаштанд.Амалҳое, ки мутассифона мо низ дар фаъолияти ДОИШ чанд сол қабл мушоҳида кардем. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои  худ таъкид карданд, ки терроризм ватану миллат надорад. Абурайҳони Берунӣ ҳазор сол муқаддам фармуда буд, ки «таассуб гӯшҳои шунаворо кар ва чашмҳои биноро кӯр мекунад». Ин сухани ҳакимонаи ин донишмандро мо дар сарнавишти минтақа борҳо шоҳид гардидаем. 

Зиддияти ду фирқаи суннимаҳзаби шофеӣ ва ҳанафӣ ҳатто дар замони ҳуҷуми муғулҳо низ идома дошт. Ин даврае буд, ки низоъу нафрат дар заминаи дину мазҳаб ба авҷи худ расид. Тавре аз баъзе ҳуҷҷатҳои аз бойгонии Ватикан маркази ҷаҳони масеҳиёни католик дарёфтшуда бармеояд, масеҳиён барои зарба задан ба мусулмонон, ба хони муғул муроҷиат мекунанд. Муаррихи бузурги тоҷик Рашидуддини Фазлуллоҳ менависад, ки дар аҳди муғулҳо намояндагони динҳои ба ҳам хешу наздики иброҳимӣ – яҳудият, масеҳият ва ислом бо муғулҳои бутпараст забон як карда, барои куштаву нобуд кардани якдигар чораҷӯӣ мекарданд. Агар пайғамбари ислом Иброҳиму Мусову Исоро бародарони хеш донад, бубинед надоштани басирати кофӣ пайравони ин ойинҳоро ба куҷо мекашонад.    

Ин панди ҷовидонаи Носири Хусрав низ имрӯз аз ҳар вақти дигаре бештар моро ба кор меояд: 

Фахри ту чист бингар бар тарсо.

Аз сар ҳавас бурун куну савдоро.

Ту муъмину гирифта Муҳаммадро,

Ӯ кофиру гирифта Масеҳоро.

Эшон паямбарону рафиқонанд.

Душман чийӣ ба беҳуда тарсоро.

Яке аз сиёҳтарин давраҳои таърихи мо замони ҷангҳои сунниву шиа маҳсуб мегардад. Ин ҷанг бо таҳрики шайхҳои муттаассиби фирқаи суфияву руҳониёни ҳамтирози эшон ва ҷинояткории силсилаҳои қизилбошу шайбонӣ сурат пазируфт, аммо бештарин зарбаро тоҷикон диданду намояндагони илму фарҳанги он қурбон гардиданд. Ҳазорон нафар танҳо ба хотири суннӣ ё шиа будан кушта, ҳазорони дигар фирор карданд. Таассуб ҳатто ба мурдаҳо низ раҳм накард, муттаассибон қабри Ҷомиро дар Ҳирот хароб намуданд, бо дастури шоҳ Исмоил устухонҳои шайхи донишмандеро аз қабр берун оварда сӯхтанд.

Вопасин низои шиаву суннӣ дар Бухор, ки дар ибтидои асри 20 иттифоқ афтод, натиҷаи иғво ва дасисаҳои чанд мансабталош будааст. Аз ин низоъ танҳо бегонагон манфиат бурда, садҳо хонавода азодор шуданд. Шоҳиди ин воқеа устод Айнӣ бо дард навиштаанд, ки то сар задани ин низоъ пайравони ду фирқа бародарвор зиндагӣ мекарданд. 

Таассуб, ки дар тамоми тули таърих чун заҳрпече вуҷуд дошта, баҳри ҷомеаи инсонӣ мушкилофаринӣ мекард, ҳеҷ гоҳ аз миён нарафтааст. Яке аз донишмандони бузург мефармояд, ки «ман дар аъмолу рафтори ҷаҳониён назар дӯхтам, ҳеҷ касро наёфтам, ки бидуни иллат дар бораи чизе таассуб варзад, ҷуз бо далеле ки бо он ноогоҳонро бифиребад ва ё бурҳоне оварад, ки дар ақли аблаҳон нуфуз кунад» .Ба тамоми мутаассибон новобаста аз эътиқоди онҳо ин умумият хос аст, ки талқин мекунанд: «бояд мисли мо зиндагӣ намоӣ ё бияндешӣ». Дар ғайри ин сурат таъқиби гурӯҳҳои алоҳидаву ашхоси дигарандеш ва нафрат ба онон оғоз мегардад. 

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар як гуфтори зебое таассубро, натиҷаи надоштани тафаккуру дар марҳилаи ибтидоии ташаккул қарор доштани соҳиби он дониста, онро чунин  мекӯбад:

Хушкмағзиву таассуб хомӣ аст.

То ҷанинӣ, кор-т хуношомӣ аст.

Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки дар тамоми марҳилаҳои гузариш ва нобасомонӣ, ки ҳосили нотавонии қудратҳои сиёсист, навмедиву парешонӣ ҷомеаро фаро мегирад. Дар чунин шароит дин ва омили динӣ дар ҷомеъа фаъолу чашмрас мегардад ва дин дар ин вазъ ягона умеду мутакои мардумон қарор мегирад. Аммо гурӯҳҳои манфиатҷӯи дар камин нишаста боварҳои мазҳабиро ба суди хеш истифода менамоянд, ки дар натиҷа эътиқоди мардум нисбат ба дин коҳиш меёбад. Таърихан мушоҳида мешавад, ки зуҳуроти таассуб беш аз ҳама бо дин алоқаманд мегардад. Оммаро бо шиори динӣ фиреб додану таассуб ангехтан ҳодисаи нав нест ва дар тӯли таърих борҳо такрор шудааст.

Ҳосили ҳамаи таассубҳои таърихӣ аз байн рафтани хирадгароӣ, афтодан ба ифроту тафрит, баҳсҳову пархошҳои хонаводагии падару писар, пошидани ҳамбастагӣ дар ҷомеъа, парҳез аз гуфтугӯ, ҳиҷрати нухбагони фарҳангӣ ва ба ихтиёри бегонагону кавданҳо супоридани зимоми умур аст. Оре, танҳо нобихрадонанд, ки аз ҷавлони таассуб суд меҷуянд ва бар дӯши мардумон савор мешаванд ва бар афранги хирадмандии мо метозанд. Пас бикӯшем то таассуб наварзему аз ин нанг бипарҳезем!

Ҳамин тавр, аз он чӣ гуфта шуд, метавон ба натиҷаҳои зерин расид:

1. Масъалаи ҳамзистии мусолиматомези пайравони дину мазҳабҳои гуногун, ки таърихи Осиёи Марказӣ борҳо шоҳиди он будааст, ба унвони як таҷрибаи таърихӣ метавонад аз лиҳози назарӣ ва стратегӣ ҷиҳати коҳиши ҳаҷми мушкилоти фикрӣ ва тафриқаҳои мавҷуд дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва тақвияти руҳияи мусолиматомез мусоидат кунад.   

2. Давлатмардони муқтадир ҳамеша бо поягузории як давлати муқтадиру тавоно тавонистаанд фаъолияти дину мазҳабҳои гуногунро ба танзим оварда, амнияту осоиши мардумро таъмин ва ...

3. Таҷрибаи ҷаҳони муосир собит месозад, ки танҳо дар сояи давлати дунявӣ ва демократӣ метавон ҳамзистии мусолиматомези ҳамаи ойину андешаҳоро ба роҳ монд. Мо тоҷикистониён чунин низоми давлатдориро пеша кардем ва умедворам дар ояндаи наздик мо шоҳиди бештари як ҷомеаи комилан озоду адолатпарвар хоҳем гардид.    

Сайфуллоҳ Муллоҷон – сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика