АЛОМАТҲОИ ҒОЯҲОИ ИФРОТГАРОӢ ДАР БЕТАРТИБИҲОИ ҚАЗОҚИСТОН

Дар таҷрибаи инсоният новобаста аз қудсият доштани дин онро гурӯҳҳои манфиатҷӯ ҳамеша ба хотири ҳифзи манфиатҳои худ суистифода мекарданд ва ин манфиатҷӯиҳои худро дар зери шиори ҳифзи арзишҳои динӣ ва таъмини амнияти диндорон амалӣ мекунанд. Дар айни замон дар кишварҳои мусулмоннишин яке аз масъалаҳои муосири нигаронкунанда пурзур гардидани фаъолияти таблиғотии ҳаракатҳои тундгароӣ мебошад, ки ғояҳои онҳо ҳамчун ҳақиқати мутлақи дин ба тафаккури ҷомеа, махсусан, ҷавонон роҳ ёфта, рафтору андешаҳои онҳоро тағйир дода, метавонанд аз низоми давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ, мероси ниёгон, анъанаву маросимҳои динӣ ва миллӣ душмантарошӣ кунанд.

Мутаассифона, имрӯз дар он вазъе, ки Қазоқистон  қарор дорад, дар баробари дигар омилҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ, таъсири ин гуна зуҳурот, махсусан ифротгароӣ ва шаклҳои гуногуни он дар канор намондааст. Аз гузоришҳои таҳлилии коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ бармеояд, ки анҷом додани  ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи эътирозгароёни тундгаро ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона алайҳи низоми сиёсӣ  як амали тасодуфӣ набуда, ҷиҳати таъсиси чунин гурӯҳҳо ва мусаллаҳ намудани онҳо ба идеяҳои тундгаро чандин вақт корҳо бурда шудаанд.

Қабл аз ҳама бояд таъкид намуд, ки таъсиси гурӯҳҳои тундгароӣ динӣ дар минтақа таҷрибаи исломи бумӣ набуда, ин таҷриба аз кишварҳои дигар вориди ин мантиқа гардид ва фаъолияти минбаъадаи онҳо бо соҳибони беруниаш пайванди бевосита дорад. Зеро  таҷрибаи сиёсисозии дин ва истифодаи он дар бозиҳои сиёсӣ яке аз роҳҳои низоъандозӣ ва таъмини сиёсати мустамликадорӣ буд. 

Имрӯз истиқлолияти кишварҳои минтақа ба манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ нест. Аз ин рӯ, эҳтимоли  хатари ҷиддии суистифода аз омили динӣ барои таъмини манофеи  абарқудратҳо вуҷуд дорад ва ин наметавонад ниҳодҳои давлатии масъулро фориғбол кунад. 

Қазоқистон яке аз кишварҳои бонуфузи мантиқа буда, сатҳи иқтисодӣ- иҷтимоии он дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ яке аз кимшварҳои пешрафта аст. Дар баробари ин раванди худшиносии милли мардуми қазоқ дар як раванди мӯътадил сурат нагирифта, дар зери таъсири чандин омилҳои дигар низ қарор гирифта буд. Яке аз ин омилҳои худшиносии мардум  андешаҳои тундагароӣ динӣ гардиданд. Зеро мардуми бумӣ таълимоти динӣ надоштанд ва он чизе, ки аз мубаллиғони гурӯҳҳои тундагаро шунидан ҳамчун ҳақиқат қабул карданд. Илова бар ин, дар дохили кишвар низ гурӯҳҳои зиёди таблиғот мебурданд, ки ҳамзистию таҳаммулпазирии ҷомеаро халалдор месоханд. Тафриқаандозӣ аз рӯи мансубияти миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва динӣ метавонад давлатро фалаҷ кунад ва пайванди ҷомеаро аз байн барад. Хусусан муносибати ваҳшиёна нисбат ба кормандони мақомоти давлатӣ, иншоотҳои давлатӣ ва моликияти шаҳрвандон собит намуд, ки онҳое, ки ба ин корҳо даст заданд барои онҳо арзишҳои миллӣ ва динӣ, бақои давлат ва оромии мардум арзише надоранд ва онҳо танҳо дар пайи амали намудани ҳадафҳои худашон мебошанд.

Барои пешгирии чунин падидаҳои номатлуб набояд бетарафӣ кард, зеро ин бесарусомонӣ танҳо ба манфиати дузду ғоратгар буда, мардуми оддӣ танҳо моликияти худро аз даст медиҳанд ва ё дар ниҳоят ҷони худро аз даст медиҳанд. Бинобар ин пешгирии чунин падидаҳои номатлуб танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ аъзоёни ташкилотҳои мантиқавӣ набуда, ин пеш аз ҳама вазифаи шаҳрвандӣ ва имонии ҳар шаҳрванди Қазоқистон мебошад. Дар чунин вазъ бетарафӣ ин баробар ба хиёнат аст.

АНВАРЗОДА М.

Яндекс.Метрика