Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия - кафили таъмини таҳаммулпазирии динӣ ва рушди давлатдории миллӣ»

 

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи банди 8 Нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 04 ноябри соли 2021 дар ҳамоҳангӣ бо солгарди қабули Конститутсия дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия - кафили таъмини таҳаммулпазирии динӣ ва рушди давлатдории миллӣ» баргузор намуд.

Конфернсияро директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бисту ҳафт сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид. Баъди расидани Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ қувваҳои манфиатҷӯи дохилию хориҷӣ бо сарпарастии душманони миллат тавонистанд кишвари тозаистиқлолро ба гирдоби даргириҳои дохилӣ кашанд. Воқеан дар ин давраи вазнин ва тақдирсоз маҳз ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҷавонаш Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки қувваҳои солими ҷамъиятро муттаҳид намуда, раванди давлатсозию ташаккули миллати сиёсиро бо қабули ҳуҷҷати тақдирсоз Конститутсия роҳандозӣ намояд. Маҳз Конститутсия гаҳвораи рушди бонизоми давлати миллии мо, гарави ҳуқуқу озодиҳо, ганҷинаи хайри ҷамъият ва шоҳроҳи рушду саодати халқҳои Тоҷикистон аст, қайд гардид дар маърӯза.

Дар конфронс намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Одинашо-мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳи намуданд. Вализода Одинашо низ аз заҳматҳои созандаи Пешвои миллат, сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Конститутсия ва нақши он дар таъсиси давлатдории тоҷикон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ суханронӣ кард.

Инчунин дар рафти кори конференсия Раиси Кумиати дин, танзими анъана ва ҷащну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Мазкур қайд намуд, ки дар таърихи бисёрасраи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар Конститутсия эълон карда шуд, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Фазои дунявияти Конститутсия ба мо имкони зиндагии осоиштаро фароҳам меорад.

Инчунин тибқи барномаи конференсия намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, ҲХДТ суханронӣ намуда, ҷанбаҳои мухталифи мавзӯи конференсияро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода, ба қисмате аз масъалаҳои гуногуни конститутсионӣ равшанӣ андохтанд.

Дар рафти кори конференсия роҳбарони ташкилотҳои динӣ; Шӯрои уламои Маркази исломӣ,  Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо, Калисои Новоапостолии ш. Душанбе, ҷамъияти Баҳоиёни ш. Душанбе, Епархияи православии Рус дар ш. Душанбе, ҷамъияти Инҷилиёни ҶТ,  ҷамоаи динии Душанбегии «Шинохти Кришна» иштирок ва суханронӣ карданд. Дар рафти суханрониҳояшон аксарият аз риояи ҳатмии талаботи Конститутсия ва қонунҳои дигари амалкунандаи соҳавӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки маҳз дар партави Конститутсия онҳо фаъолияти озодона бурда истодаанд.

Ҳайати иштироккунандагони конференсияи мазкур дар ҷамъбаст изҳори миннатдорӣ аз ташкили конфронси мазкур намуда, нақши онро дар гуфтугӯ ва муколамаи дину давлат дар шароити ноороми ҷаҳони муосир муҳим ва саривақтӣ донистанд. 

Конфронс бо ризоияти том ба хулоса омад, ки иттиҳодияҳои динии кишвар дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динии муқарраркардаи он қотеона саҳмгузорӣ намуда, муаррифии арзандаи сиёсати давлатро дар самти дин миёни пайравони худ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ менамоянд.

 

Яндекс.Метрика